10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 12

Муноқишаи гурӯҳии хонандагони ду мактаб дар Душанбе

0

Дар шаҳри Душанбе миёни хонандагони ду муассисаи таълимӣ занозанӣ рух додааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса рӯзи 13-уми январ байни хонандагони мактабҳои рақами 123 ва 129 сар задааст. Ҳарду мактаб дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгиранд.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, муноқиша пас аз анҷоми дарсҳо сар зада, сабаби он баҳс бар сари хариди кабӯтар будааст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни занозанӣ бархе аз наврасон аз корд истифода кардаанд.

Дар натиҷа, як хонандаи мактаби рақами 129 ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шудааст. Мудири ин мактаб дар суҳбат гуфтааст, ки аҳволи хонандаи захмдор хуб аст ва ҷароҳати ӯ вазнин нест.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки пас аз ин ҳодиса ҳадди ақал як хонанда боздошт шуда, чанд нафари дигар барои бозпурсӣ даъват гардидаанд.

То ин лаҳза Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва дигар мақомот расман дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Ин бори аввал нест, ки байни наврасон дар мактабҳои миёна занозании шадид рух медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо ин даргириҳои гурӯҳӣ ба марг ё захмӣ шудани иштирокдорон меанҷомад.

Ба назари бархе ҷомеашиносон, сар задани муноқишаҳои сахт байни ҷавонон ба омилҳои гуногун рабт дорад, вале аз ҳама муҳимаш метавонад набудани падарҳо дар хонаҳо ба сабаби муҳоҷират, тамошо ва бозиҳои интернетии дорои хусусияти қатлу куштор ва инчунин камранг шудани таълимоти динӣ ҷавонон имрӯзаро ба ин ҳад оварда расондааст.

Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба СММ шикоят бурдааст

0

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Илҳомҷон Ёқубов дар муроҷиати худ ба ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуқуқҳои асосии ӯ, инчунин падару модар ва хоҳарашро поймол кардаанд ва умедвор аст, ки Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ барои барқарории адолат ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, моҳи декабри соли 2023 Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Ёқубов, модар, падараш Дадоҷон Ёқубов ва хоҳараш Мунира Ҷӯраеваро дар ғайбашон, вале дар шоҳидии амаку чаҳор ҳамсоя ба тундгароии исломӣ гунаҳкор дониста, аз 5 то ба 14 соли зиндон маҳкум ва хонаҳояшонро ба нафъи давлат мусодира карда буд.

Аммо Ёқубов дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки ин додгоҳ парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳоро бе огоҳии расмӣ ва бе ҳузурашон ё намояндаи ҳуқуқияшон баррасӣ кардааст, ки нақзи ҷиддии ҳуқуқи ӯ ва аъзои хонаводааш мебошад.

Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ки пас аз қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аз болои ҳукм шикоят бурдааст, вале додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳеч дархосташ барои муҳокимаи одилона ҷавоб надоданд ва ӯ маҷбур шуд ба ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.

Дар муроҷиатномааш ба СММ Илҳомҷон Ёқубов гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон хонаводаи ӯро аз ҳуқуқи мурофиаи одилона, иштирок дар муҳокимаҳои додгоҳӣ ва баробарӣ дар назди қонун маҳрум карда, ғайриқонунӣ ба ҳаёти хусусӣ ва дахлнопазирии манзили онҳо дахолат шудааст.

Посухи расмии Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ ба муроҷиати ин фаъоли сиёсӣ ва назари мақомоти Тоҷикистон дар ин бора то ҳол дастрас нест.

Аммо дар гузашта ниҳодҳои марбут ба СММ чандин шикоят алайҳи Тоҷикистонро баррасӣ карда, ба ҳукумат тавсия дода буданд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро барқарор, зиндониёни сиёсиро озод ва ба ҷабрдидагон ҷуброн пардозад, вале мақомоти Тоҷикистон тавсияи СММ-ро ҳамеша нодида гирифтааст.

Рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад

0

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 16-17-уми январ дар бештари ноҳияҳои кишвар тағйирёбии ногаҳонии боду ҳаво пешгӯӣ мешавад ва ҳарорат як бора то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Тибқи иттилои агентӣ, рӯзи 15-уми январ дар аксар минтақаҳои кишвар бориши борон пешгӯӣ мешавад, ки дар охири рӯз ба барфи тар табдил меёбад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ асосан бориши барф интизор аст.

Дар рӯзи 17-уми январ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ бориши барфи тар ва дар дигар ноҳияҳо барфи бошиддат пешгӯӣ шудааст.

Ҳамзамон, рӯзи 16-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе–Чанок (километрҳои 51–74 ва 80–81) ва минтақаҳои тармафароӣ Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб эҳтимоли сар задани тарма вуҷуд дорад.

Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинон ва ронандагон тавсия додааст, ки бо эҳтиёт рафтор кунанд ва аз сафарҳои номуқаррарӣ ва ҳаракат дар минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ намоянд.

Дар Русия навраси тоҷик бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ба зиндон маҳкум шуд

0

Як навраси 17-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми савганд ёд кардан барои шомил шудан ба гурӯҳи ДИИШ дар Маскав боздошт ва барои панҷ солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Бино ба иттилои расонаи русии ТАСС, Додгоҳи ҳарбии ноҳияи дувуми ғарбии Русия ин ҳукмро эълон кардааст, аммо рӯзи эълони ҳукм маълум нест. Ба иттилои манбаи ТАСС, ин наврас “ба гурӯҳи террористии ДОИШ савганд ёд карда ва дар канали худ дар шабакаи Telegram даъватҳои ошкоро ба фаъолияти террористӣ нашр намудааст.”

Додгоҳ бар иловаи ҳукми зиндон нисбати ин навҷавони тоҷик, инчунин то се сол аз ҳаққи доштани телефони мобилӣ ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет манъ карда кардааст. Телефони мобилии ӯ, ки дар ҷараёни тафтиш мусодира гардида буд, ба фоидаи давлат гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, ин ҷавон ҳангми мурофиа дар додгоҳ пурра ба гуноҳи худ эътироф кардааст. Ба иттилои манбаъ, “Дар сухани охирин айбдоршаванда изҳор доштааст, ки “хатои бузург содир кардааст” ва ваъда додааст, ки дигар чунин корро такрор намекунад.”

Бар асоси иттилои расонаҳои русӣ, падари ин ҷавони тоҷик низ дар додгоҳ ҳузур доштааст. Ӯ зимни мурофиа гуфтааст, ки аз қасди писараш барои рафтан ба Афғонистон сахт ба ҳайрат афтода буд ва аз додгоҳ хостааст, ки нисбат ба фарзандаш сахтгирӣ накунад.

Трамп: Эрон эътирозгаронро эъдом намекунад

0
PALM BEACH, FLORIDA - DECEMBER 16: U.S. President-elect Donald Trump speaks at a news conference at Trump's Mar-a-Lago resort on December 16, 2024 in Palm Beach, Florida. In a news conference that went over an hour, Trump announced that SoftBank will invest over $100 billion in projects in the United States including 100,000 artificial intelligence related jobs and then took questions on Syria, Israel, Ukraine, the economy, cabinet picks, and many other topics. (Photo by Andrew Harnik/Getty Images)

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, авассути манобеи амрикоӣ ва байналмилалӣ маълумот дарёфт карда, ки ҳукумати Эрон қасди эъдоми эътирозгаронро надорад.

Бар асоси иттилои шабакаи “NBC News”, Трамп мегӯяд, ИМА вазъи дохилии Эронро пайваста ва бо диққати ҷиддӣ назорат мекунад. Ӯ ҳушдор додааст, ки дар сурати азсаргирии куштор ё эъдомҳои эътирозгарон, Вашингтон омода аст чораҳои шадид, аз ҷумла ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Теҳронро роҳандозӣ кунад. Раисҷумҳури ИМА куштани эътирозгаронро шадидан маҳкум намуда, чунин амалҳоро ғайриқобили қабул арзёбӣ кардааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки қаблан созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз эҳтимоли иҷрои ҳукми қатли як эътирозгари 26-сола дар рӯзи 14-уми январ хабар дода буданд. Аммо баъдан мақомоти Эрон расман изҳор доштанд, ки дар ҳоли ҳозир нақшаи эъдом вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои хабаргузории “Reuters” иттилоъ медиҳанд, ки маъмурияти ИМА роҳҳои гуногуни фишор ба ҳукумати Эронро баррасӣ дорад. Ҳамчунин хабарҳо нишон медиҳанд, ки ИМА барои омодагӣ ба эҳтимоли тағйир ё шиддат ёфтани вазъ, берун кашидани қисми нерӯҳои худ аз минтақаи Ховари Миёнаро оғоз намудааст.

Вазъи Эрон ва муносибати қудратҳои ҷаҳонӣ нисбат ба рӯйдодҳои дохилии ин кишвар ҳамчунон дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад.

Марги як гумонбар пас аз шиканҷа дар идораи пулиси Душанбе

0

Мақсудҷон Саидови 36-сола, ки рӯзи 8-уми январ аз ҷониби кормандони Шeъбаи дувуми корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт дар Кӯлоб боздошт ва ба идораи милисаи Душанбе оварда шуда буд, ба таври мармуз ҷон додааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки Мақсудҷонро пас аз даргузашташ саросемавор аз Душанбе ба Кӯлоб бурда, бо осори шиканҷа дар баданаш ва ангуштони сӯхтаи пою дасташ, рӯзи 12-уми январ ба хок супурдаанд.

Гуфта мешавад, Саидов бо гумони фурӯши маводи мухаддири навъи “кристал” боздошт шуда будааст. Ва ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки Раёсати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки хилофи муқаррарот, кормандони милисаи ноҳияи Сино бе огоҳии онҳо дар шаҳр амалиёт анҷом додаанд ва онҳо ҳеч чизе дар ин бора намедонанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол марги Мақсудҷон Саидовро шарҳ надода, дар бораи бе огоҳӣ гузарондани амалиёт аз ҷониби кормандони милисаи Душанбе дар Кӯлоб низ чизе нагуфтаанд.

Аммо Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз идораи пулиси ноҳияи Сино навишта, ки додситонӣ марги ин сокини Кӯлобро ҳамчун марг бар асари шиканҷа таҳқиқ мекунад ва ду нафаре, ки дар боздошти ӯ нақш доштанд, бозпурсӣ мешаванд ва бо дастрас кардани натиҷаҳои ташхис шояд тасмим гиранд, ки айб эълон шавад ё на.

Гуфта мешавад, Мақсудҷон ягона нафаре нест, ки пас аз боздошт аз шиканҷаи кормандои мақомоти қудратии кишвар дар идораҳои пулису амният ва боздоштгоҳ ҷон медиҳад. Пештар дар моҳи январи соли 2023 Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини дигари шаҳри Кӯлоб пас аз шиканҷа дар идораи милиса фавтида буд. Ин ҳодиса боиси эътирози сокинони шаҳри Кӯлоб гашт ва мақомот маҷбур шуданд, се афсари пулисро боздошт ва барои 14 солӣ равонаи зиндон кунанад.

Боздошти гумонбари қатли Муҳаммадалӣ Саъдуллоев

0

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Сулаймон Одинаев, сокини 19-солаи шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми қатли размикори ҷавон Муҳаммадалӣ Саъдуллоев боздошт кард.

Гуфта мешавад, Одинаев ҳамчунин ба захмӣ кардани ду ҷавони дигар бо корд гумонбар буда, нисбаташ бо иттиҳоми “Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад” ва “авбошӣ” парванда боз шудааст ва дар сурати исбот шудани иттиҳомот ба Сулаймон аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари худи ин ҷавони 19-сола ба иттиҳомоти мақомот дастрас нест, аммо як хешаш бо номи Фариза ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки гӯё Муҳаммадалӣ бо дӯстонаш Сулаймон Одинаевро азият додааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки “худро бо корд муҳофизат кунад”. Пайвандони варзишгари кушташуда ин гуфтаҳоро рад карда, иддао кардаанд, ки ӯ як ҷавони беозор буд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 11-уми январ дар шаҳри Кӯлоб кордкашӣ ва занозании гурӯҳие рух дод, ки дар натиҷаи он размикори ҷавон Муҳаммад Саъдуллоев кушта ва ду тани дигар, яке аз шикам ва дигаре аз даст захм бардошта, дар бемористон қарор доранд.

Чун мақомоти расмии кишвар то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, фарзияҳои сабаби сарзадани ин занозании маргбор гуногунанд.

Пештар Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ Саъдуллоев бо тасдиқи ин ҳодиса ба расонаҳо гуфта буд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ сар задааст.

Аммо дертар Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз мақомоти тафтишотӣ ва сокинони маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб навиштааст, ки баҳс аз “як телефони мобилӣ сар шудааст”. Ба иддаои онҳо, гӯиё Муҳаммадалӣ Саъдуллоев телефони мобилии Сулаймон Одинаевро барои ба ҷое занг задан гирифта, бозпас надодааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки занозанӣ дар Маркази бозиҳои компютерӣ оғоз нашуда, балки яке аз ҷавонон пас аз оғози кашмакаш ба ин марказ паноҳ бурдааст ва муноқиша онҷо идома кардааст.

Дар навори дурбинҳои назоратӣ ҳам дида мешавад, ки як нафар талош дорад, вориди Маркази бозиҳои компютерӣ шавад, вале каси дигаре ӯро бо мушту лагад мезанаду шаш нафар вориди марказ мешаванд ва яке зоҳиран бо корд ба се нафар ҳамла мекунад, ки яке аз онҳо Муҳаммадалӣ будааст.

Ба нақли шоҳидон, пас аз ҳамла Муҳаммадалӣ қалбашро бо дасташ медорад ва аз бинои марказ берун шуда, тақрибан дусад метр поинтар меравад ва баъдан аз пой меафтад ва ӯро ба беморхона мебаранд, вале ӯ онҷо ҷон медиҳад.

Гуфта мешавад, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар риштаи муҳорибаҳои омехта тамрин мекард ва яке аз ҷавонони умедбахши варзиши тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ се маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, аз ҷумла қаҳрамони соли 2024 дар ин ришта буд. Дар соли 2025 дар корномаи варзишии худ 8 ғалаба дар рақобатҳои касбӣ сабт карда буд. Инчунин ӯ барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ Муҳорибаҳои омехта ба шаҳри Абудабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуда, дар он мусобиқа сазовори ҷои аввал гардида буд.

Боздошти ҷавоне бо силоҳи сард. Чаро ҷавонон бадахлоқ шудаанд?

0

Маъмурони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 14-уми январ як ҷавони 21-солаи сокини пойтахтро бо иттиҳоми бо худ гардондани корд дастгир карданд.

Мақомот аз боздоштшуда Оев Бахтиёр ном бурдааст. Гуфта мешавад, зимни кофтуков аз номбурда як корд ва 22 донаи беҳушкунандаи дорои хусусияти нашъадор, маъруф ба “Лирика” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар ҷараёни санҷиш муайян шудааст, ки Оев Бахтиёр қаблан барои содир намудани ҷинояти авбошӣ зиндонӣ шудааст. Ӯ баъд аз озодӣ боз “ба истеъмоли мунтазами воситаҳои гуногуни нашъадор машғул буда, бо истифода аз силоҳи сард тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекардааст.”

Нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи қарори додгоҳ ба ӯ ҷазо дар шакли 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст.

Пулиси пойтахт иттилоъ медиҳад, ки дар доираи амалиёти шартии “Корд” чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, рейдҳо ва санҷишҳои пешгирикунанда дар самти ошкор ва пешгирии истифодаи силоҳи сард тақвият дода шудаанд. Мақомот аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки бо эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар пешгирии чунин ҳолатҳо саҳм гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки шаби 10 ба 11-уми январи соли 2026 варзишгари ҷавони тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, 19-сола, дар ҷараёни як муноқиша дар яке аз марказҳои бозиҳои компютерӣ бар асари зарбаи корд ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар ҷомеа вокуниши густарда ба бор оварда, боиси нигаронии ҷиддӣ аз вазъи ахлоқӣ ва рафтори ҷавонон гардидааст.

Ба бовари коршиносон, чандин омил ба бадшавии вазъи ахлоқӣ ва рӯй овардани ҷавонон ба ҷиноят ва истеъмоли маводи нашъадор мусоидат мекунад.

Яке аз сабабҳои асосӣ, ба гуфтаи онҳо, камранг шудани нақши падарон дар тарбияи фарзандон мебошад. Дар ҷомеаи имрӯза, бинобар муҳоҷирати кории аксари падарон ба хориҷ аз кишвар, бисёре аз кӯдакон аз назорат ва роҳнамоии мустақими падарон маҳрум мемонанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки гарчанде модарон нақши муҳим доранд, вале тарбияи комили фарзандон дар танҳоӣ барои онҳо кори осон нест.

Омили дигар дур мондани ҷавонон аз омӯзишҳои динӣ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти он ки беш аз 90 дарсади аҳолии кишвар мусалмонанд, таълимоти динӣ метавонад дар тарбияти ахлоқӣ ва рафтори солими ҷавонон нақши муассир дошта бошад. Дар ислом истифодаи зӯровари масрафи маводи масткунанда мамнуъ гуноҳ шуморида мешавад, ки ин худ метавонад омили боздоранда бошад.

Коршиносон ҳамчунин сифати пасти таълим дар мактабҳо, сарфи беҳудаи вақти ҷавонон дар бозиҳои электронии дорои унсурҳои зӯроварӣ ва дурии падарон ба сабаби муҳоҷирати кориро аз сабабҳои аслии бадахлоқии ҷавонон медонанд.

Бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон: лимит аз байн меравад?

0

Дар вилояти Суғд ва Хатлони Тоҷикистон барои бори аввал ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидорӣ 500 МВт сохта мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, 13-уми январи соли 2026 байни ҳукумат ва ҶДММ “Аён Энерҷӣ” созишномаи сармоягузорӣ барои сохтмони ду нерӯгоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт ба имзо расид. Мақомот ин иқдомро оғози марҳалаи нав дар рушди энергетикаи “сабз” ва таҳкими истиқлолияти энергетикӣ арзёбӣ мекунад.

Гуфта мешавад, мувофиқи созишнома ду нерӯгоҳ, ки яке дар ноҳияи Ашт ва дигарӣ дар ноҳияи Ҷайҳун сохта мешавад ва ҳар кадом 250 МВт нерӯи барқ аз офтоб истеҳсол мекунанд. Ин нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон аст, ки нерӯгоҳи барқии офтобӣ бо чунин иқтидор иҷро мешавад.

Тибқи созишнома, сармоягузор уҳдадор шудааст, ки корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани ҳар ду нерӯгоҳи офтобиро то поёни соли 2026 ба анҷом расонад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар доираи ин лоиҳа 250 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи мақомот, нерӯгоҳҳои офтобӣ ба таҳкими истиқлолияти энергетикии кишвар, коҳиши норасоии мавсимии нерӯи барқ, бахусус дар фасли зимистон, сабук гардидани сарбории низоми энергетикӣ ва таъмини устувори аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бо нерӯи барқ кумак мекунанд.

Аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон то ҳол таҷрибаи амалии татбиқи лоиҳаҳои бузурги нерӯи офтобиро надорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки энергетикаи кишвар то ҳанӯз ба барқи обӣ вобастагии сахт дорад.

Яке аз нуқтаҳои баҳсбарангези ин лоиҳа уҳдадории сармоягузор барои анҷоми пурраи корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳо дар давоми танҳо як сол — то поёни соли 2026 мебошад. Бо дарназардошти таҷрибаи қаблии кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, ки аксаран бо таъхир, болоравии арзиш ва номуайяниҳои молиявӣ рӯ ба рӯ шудаанд, иҷрои чунин муҳлати кӯтоҳ шубҳаовар арзёбӣ мегардад.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, барои нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 500 МВт ва он ҳам бо маблағи 250 миллион доллар эҳтимол метавонад кам бошад. Вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ҷузъиёти манбаъҳои маблағгузории чунин лоиҳаҳоро намегӯянд, коршиносон тахмин мезананд, ки шояд замонатҳои давлатие дар миён бошад, чун мақомот ҷузъиёти ин лоиҳа, аз ҷумла тартиби хариди нерӯи барқро то ҳол ба таври ошкор ба ҷомеа пешниҳод накардаанд.

Оғози ин лоиҳа дар ҳолест, ки ҳамасола дар кишвар норасоии нерӯи барқ ба шиддат эҳсос мешавад ва мақомот пайвста сабаби бебарқиро ба камобӣ дар обанборҳо рабт медиҳанд. Таҳлилгарон мепурсанд, ки бо тавлиди ин миқдор нерӯи барқи офтобӣ оё таъсире дар маҳдудияти барқ мегзорад ё на? То ҳанӯз маълум нест ин лоиҳа дар самти таъмини барқ ба аҳолӣ то куҷо муваффақ мешавад.

Гуфтугӯҳои Тоҷикистону Олмон оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба

0

Намояндагони Тоҷикистон ва Олмон 13-уми январи соли 2026 дар пойтахти Олмон, шаҳри Берлин даври навбатии гуфтугӯҳои сиёсиро баргузор карданд.

Дидори навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Олмон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Никлас Вагнер баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни ин мулоқот ҳолати кунунии равобити ду кишвар ва роҳҳои тавсеаи он дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин назарҳои худро дар бораи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангии бештар дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иброз доштанд.

Дар ин сафар, Фаррух Ҳамрализода ҳамчунин бо Михаэл Ҳармс, мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон, мулоқот анҷом додааст. Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, рушди саноат ва кишоварзӣ, истифодаи имкониятҳои гидроэнергетикӣ, пешбурди сайёҳӣ ва ташкили чорабиниҳои муштарак дар Душанбе ва Берлин баррасӣ шуданд.

Дар ҳоле сухан аз рушди ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии байни Тоҷикистон ва Олмон меравад, ки аксар мухолифони режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон паноҳанда шудаанд. Назари мунтақидони ҳукумат ҳам ин аст, ки мақомоти тоҷик бо таҳкими ҳамкориҳояш бо кишварҳои аврупоӣ бештар талош мекунанд, ки кишварҳои мизбонро қонеъ созанд ва мухолифони худро ба кишвар бозпас гардонанд.