24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 13

Муҳоҷиронро дар Русия маҳдудиятҳои нав ва пардохтҳои иловагӣ интизор аст

0

Думаи давлатии Русия қонуни наверо баррасӣ мекунад, ки шароити будубош талаботи иловагиро нисбат ба муҳоҷирони корӣ пешбинӣ мекунад.

Гуфта мешавад, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин тарҳи тағйирот ба қонуни федералии “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия”-ро барои баррасӣ пешниҳод кардааст.

Ин лоиҳа ба Кумитаи корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатӣ ирсол гардида, Володин дар шарҳи он гуфтааст, ки такмили сиёсати муҳоҷират яке аз масъалаҳои калидӣ дар рӯзномаи парлумон боқӣ мемонад.

Тибқи ин тарҳи қонун, муҳоҷирони корӣ бояд андозро дар шакли пардохти пешакӣ на танҳо барои худ, балки барои ҳамаи аъзои оилаашон, ки дар Русия таҳти таъминоташ қарор доранд, пардохт намоянд.

Ҳамзамон, муҳлати будубоши муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ дар қаламрави Русия ба муҳлати кории ӯ вобаста хоҳад буд.

Ҳамчунин лоиҳаи қонун пешбинӣ мекунад, ки фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба синни 18 расидаанд, дар сурати надоштани дигар асосҳои қонунии иқомат, бояд дар давоми 30 рӯз қаламрави Русияро тарк намоянд, новобаста аз он ки волидонашон кор мекунанд ё не.

Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки патент ё иҷозатномаи кор барои шаҳрванди хориҷӣ дар ҳолати набудани маълумот дар бораи даромади ӯ ё агар даромад аз ҳадди ақали зиндагӣ бо дарназардошти коэффисиенти минтақавӣ барои худи муҳоҷир ва ҳар як узви оилааш камтар бошад, бекор карда шавад.

Тибқи ин тағйирот агар муҳоҷир дар давоми як соли навбатӣ камтар аз даҳ моҳ фаъолияти шуғлӣ дошта бошад, ба ӯ иҷозати иқомати муваққатӣ ва иҷозати иқомати доимӣ дода намешавад ва ё иҷозаи мавҷуда бекор карда мешавад.

Ба гуфтаи Володин, иқтисоди Русия ҳавасманд нест, ки муҳоҷирони корӣ аз кумакҳои иҷтимоӣ вобаста бошанд. Ӯ таъкид кард, ки сатҳи даромад ва таъминоти муҳоҷирон бояд ба ҳаҷми хизматрасониҳо ва имкониятҳое, ки дар кишвар аз онҳо истифода мебаранд, мувофиқат кунад.

Раиси Думаи давлатӣ мегӯяд, тадбирҳои пешниҳодшуда имкон медиҳанд назорат аз болои даромади шаҳрвандони хориҷӣ ва қонуниятии будубоши онҳо пурзӯр гардида, инчунин сарборӣ ба инфрасохтори иҷтимоӣ коҳиш дода шавад.

Боздоштҳои густарда дар Қубодиён

0

Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 20 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро бо гумони пайравӣ аз “Салафия” боздошт кардаанд.

Боздоштҳо дар як ҳафтаи охир аз ҷониби маъмурони милисаи Қубодиён ва шаҳри Бохтар сурат гирифтаанд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда, ки чанд сокини ҷамоати Вопканд боздошт ва бархе раҳо шудаанд ва ҳудуди 10-12 кас феълан дар боздошт ҳастанд.

Ҳамчунин як вакили мудофеъ, ки волидони боздоштшудаҳо барои ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ муроҷиат кардаанд, ба ин расона гуфта, ки “шумораи боздоштшудаҳо аз 20 нафар бештар аст ва ҷустуҷӯ идома дорад”. Ӯ афзуд, баъзе аз боздоштшудаҳо ба “ташкили фаъолияти созмони ифротгаро” гумонбар шуда, бархеи дигар барои ширкат дар ҷанги Сурия муттаҳам будаанд ва баъзеашон аз муҳоҷират аз Русия баргаштаанд.

“Онҳо гуё дар маъракаҳо ба зидди Иди Наврӯз ва Иди Сада ташвиқ карда, афрӯхтани оташро макруҳ донистаанд,” – гуфтааст ин вакили дифоъ.

То ҳол шумораи дақиқи афроди боздоштшуда ва назари онҳо ва пайвандонашон дар ин маврид дастрас нест.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон соле чанд маротиба даст ба боздоштҳои гурӯҳи мезананд. Бори охир соли гузашта мақомот даҳҳо сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанберо бо иттиҳомоти ифротгароӣ боздошту зиндонӣ карданд. Аммо наздикони боздоштшудаҳо иттиҳомоти мақомотро сохта номида буданд.

Боздошти судя бо иттиҳоми гирифтани пора

0

Додрас (судя)-и Додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуд.

Тавре Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Самандари Қ. аз 4 марти соли 2025 то индам дар вазифаи додраси Додгоҳи ноҳияи мазкур фаъолият менамуд, тафтишот муайян кард, ки номбурда ҳангоми фаъолияти корӣ даст ба ҷинояти порагирӣ задааст.

Бар асоси иттилои Агентии зидди фасод, Самандари Қ. моҳи октябри соли 2025 зимни муҳокимаи додгоҳии парвандаи ҷиноятӣ нисбати айбдоршаванда Н.Д.С. “аз номбурда барои таъини ҷазои нисбатан сабук маблағи 75000 сомониро ба сифати пора талаб карда, худи ҳамон вақт маблағи 50000 сомониро дар утоқи кориаш гирифт.”

Гуфта мешавад, Самандари Қ. маблағи боқимондаи 25000 сомониро тахминан охирҳои моҳи октябри соли 2025 аз айбдоршаванда Н.Д.С. дар утоқи кориаш гирифтааст. Номбурда дар лаҳзаи гирифтани ин маблағ дар утоқи корияш аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд.

Бино ба иттилои Агентии зидди фасод, нисбати Самандари Қ. аз ҷониби ин ниҳод бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд ва аллакай таҳқиқи парванда ба поён расида, барои эълони ҳукм он ба додгоҳ фиристода шудааст.

То ҳанӯз назари худи додрас ва вакили дифоъ ё наздиконаш дастрас нест. Аммо моддаи ҷиноятие, ки бар зидди ӯ эълон шудааст, дар ҳоли тасдиқи айбдорӣ ӯро аз 5 то 10 соли зиндон бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян аз 3 то 5 сол ва инчунин мусодираи амволаш таҳдид мекунад.

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони баландпоя дар Тоҷикистон даст ба ришва ва порагирӣ мезананд. Агентии зидди фасод 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ аз боздошти 21 мансабдоре хабар дод, ки дар соли 2025 даст ба амалҳои коррупсионӣ ва дуздии амволи давлатӣ задаанд.

Омори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баёнгари он аст, ки сатҳи фасод дар кишвар то рафт афзоиш меёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Transparency International “Индекси дарки фасод”-ро барои соли 2025 нашр кард, ки Тоҷикистон бо гирифтани 19 хол аз 100 дар миёни 182 кишвари ҷаҳон дар ҷои 166-ум қарор гирифт.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришва дар Тоҷикистон ниҳодина шудааст. Аз як сӯ агар маоши пасту шароити душвор аксари мақомдорони тоҷикро ба чунин кор маҷбур созад, аз сӯи дигар назорати начандон қавӣ ва олуда будани худи нозирони фасод ба ришва дигаронро водор месозад, ки даст порагирӣ ва ришва бизананд.

Фарзандони муҳоҷирон пас аз 18-солагӣ бояд ё кор кунанд ё Русияро тарк кунанд

0

Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ пешниҳод кардааст, ки тартиби будубоши фарзандони муҳоҷиронро дар ин кишвар тағйир медиҳад.

Тибқи ин тарҳи қонуни нав, пас аз расидан ба синни 18-солагӣ фарзанди муҳоҷири корӣ бояд ё патенти мустақил барои кор дарёфт кунад ва ё дар давоми 30 рӯз қаламрави Русияро тарк намояд.

Ҳамчунин дар ин тарҳи қонун шартҳои нави будубоши ноболиғон пешбинӣ шуда, фарзанди муҳоҷир то расидан ба синни балоғат метавонад дар Русия танҳо дар доираи муҳлати амали патенти падар ё модараш зиндагӣ кунад.

Ҳамзамон тибқи қонунҳои пешниҳодшуда, пардохти пешакии ҳатмии андоз аз даромади шахсони воқеӣ на танҳо барои худи корманд, балки барои ҳар як фарзанд низ талаб карда мешавад. Ба ин тартиб, будубоши аъзои оила бевосита ба андоз ва мақоми ҳуқуқии муҳоҷири корӣ вобаста мегардад.

Пешниҳоди маҳдудиятҳои нав барои фарзандони муҳоҷирон дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Русия, то аввали соли 2026 шумораи фарзандони муҳоҷирон дар кишвар 25 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин коҳиш ба сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ рабт дода мешавад.

Илова бар ин, меъёрҳое дар Русия ба кор даромадаанд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти маорифро вазифадор мекунанд дар бораи фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз ба қайд гирифтан то натиҷаҳои санҷиши забони русӣ мубодилаи маълумот анҷом диҳанд.

Роҳандозии аввалин қатори боркашонӣ байни Чину Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, аз 17-уми феврали соли ҷорӣ аввалин қатори контейнерии озмоишӣ дар хатсайри Чин—Тоҷикистон ба ҳаракат даромад.

Гуфта мешавад, ширкати муштараки “UTK International Logistics Co. Ltd”, ки дар Чин бо иштироки ҶДММ “Узтемирйулконтейнер” таъсис ёфтааст, аввалин қатораи контейнерии озмоиширо муваффақона аз Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод.

Бар асоси гузориши нашршуда, қаторе, ки дар хатсайри Чин—Тоҷикистон ба корҳои лагистикӣ ва интиқоли молҳои мавриди ниёзи мардум машғул мешавад, “аз 8 контейнери чилфутӣ (1 фут баробари 0,3 метр) иборат аст”.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки қатори мазкур “аз истгоҳи Ланчжоу, музофоти Гансуи Чин ҳаракат намуда, тавассути  хатсайри “Чин –  Қирғизистон – Узбекистон – Тоҷикистон” то ба истгоҳи роҳи оҳани “Душанбе-2”-и Тоҷикистон мерасад. Ва истгҳои “Душанбе-2” охирин истгоҳи ин хатсайр мебошад, ки дарозии умумии он зиёда аз 3 500 километр гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 31-уми марти соли 2025 зимни мулоқоти раҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд, созишномаҳо дар мавриди таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва рушди робитаҳо ба имзо расида буданд, ки лоиҳаи мазкур шомили он созишномаҳо буд.

Музокироти Амрико ва Эрон чӣ натиҷа медиҳад, ҷанг ё сулҳ?

0

Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи ҳассос қарор доранд.

Баъд аз ду даври гуфтушунидҳо дар Уммон ва Женева, ҳарду тараф аз пешрафтҳои маҳдуд хабар доданд, аммо масъалаҳои калидӣ ва ҳассос то занӯз ҳал нашудаанд. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба расонаҳо гуфт, ки барои Эрон 10 то 15 рӯз муҳлат дода, то ба созиши “ҳақиқӣ” бирасанд. Трамп гуфт, Эрон бояд хостаи Амрико дар бораи барномаи ҳастаӣ, мушакҳои баллистикӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои минтақаӣро қабул кунад, дар акси ҳол “ҳодисаҳои бад” метавонад рух диҳад.

Ин ҳушдорҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки нерӯҳои низомии ИМА дар Ховари Миёна ба ҳадди аксари худ аз замони ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 расидаанд. То кунун садҳо ҳавопаймои ҷангӣ, киштиҳои низомӣ ва сарбозони зиёди худро дар атрофи Эрон мустақар кардааст.

Гуфтушунидҳои охирин дар Женева, 17-уми феврал бо ҳузури намояндагони ҳарду кишвар ва миёнҷиҳои уммонӣ баргузор шуд. Вазири умури хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ гуфт, ки ҳарду тараф дар бораи “усулҳои роҳнамо” ба тавофуқ расидаанд ва Эрон тарҳи муфассалро дар ду ҳафтаи оянда пешниҳод хоҳад кард. Аммо мақомоти ИМА, аз ҷумла ноиби президенти Ҷей Ди Ванс, гуфтанд, ки Эрон ҳанӯз “хатҳои сурх”-и ИМА-ро эътироф накардааст ва пешрафтҳо маҳдуданд.

Ба назари коршиносон, ин гуфтушунидҳо чандон натиҷаи воқеӣ ва малмус надоранд ва танҳо вақти ҳамла ва оғози ҷангро ба қафо меандозад. Худи намояндагони Эрон ҳам қаблан ошкор гуфта буданд, ки ба ин гуфтушунидҳо бовар надоранд, зеро Амрико на гуфтушунид, балки шартгузорӣ мекунад.

Гуфта мешавад, Амрико дар ин музокирот аз Эрон мехоҳад фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро ба ҳадди сифр бирасонад, қувваи мушакҳои баллистикиашро камтар кунад ва инчунин аз ҳимояти гурӯҳҳои мусаллаҳи минтақаӣ даст бикашад ва ҳеҷ гоҳ набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад. Трамп ба расонаҳо таъкид мекунад, ки агар гуфтушунидҳо ноком шавад, ИМА метавонад ҳамлаҳои ҳавоии худро ба зидди Эрон ҳафтаҳо давом диҳад. Мақомоти ИМА мегӯянд, ки Эрон бояд “хеле оқилона” амал кунад ва созишро қабул кунад, дар акси ҳол ҳамлаҳо барои фишор ба Теҳрон баррасӣ мешавад.

Аммо мақомоти Эрон мегӯянд, омодаанд дар бораи барномаи ҳастаӣ гуфтушунид кунад, аммо ҳаққи ғанисозии ураниумро барои ҳадафҳои осоишта нигоҳ медорад ва инчунин барҳам задан ё тахфифи таҳримҳоро талаб доранд. Теҳрон мегӯяд, ки мушакҳои баллистикӣ ва ҳимоят аз ҳампаймонҳои минтақаӣ (мисли Ҳизбуллоҳ ва Ҳусӣҳо) “хатти сурх” аст ва ҳеҷ гуна гуфтушунидро қабул намекунад. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳушдор додааст, ки ҳар гуна ҳамлаи ИМА ба Эрон бо ҳамлаҳои сахт ба нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа посух дода мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати ноком шудани гуфтушунидҳо имкони ҳамлаи Амрико ба Эрон хеле зиёд аст. Пика Васс коршиноси Маркази амнияти навин мегӯяд, ки ҳамла метавонад ҳафтаҳо давом кунад ва таъсисоти ҳастаӣ, мушакӣ ва раҳбарони Эрон дар мадди аввали ҳадафҳои ҳамлаи Амрико қарор хоҳанд гирифт. Аммо хатари ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ба пойгоҳҳои ИМА ва Исроил вуҷуд дорад. Худи Амрико низ мегӯяд, ки эҳтимоли тағйири низом дар Эрон камтар аст, аммо ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ ва низомӣ, аз ҷумла ба пойгоҳҳои Сипоҳи посдорони инқилоб ва нерӯҳои Басиҷ хеле қавӣ аст.

Дидору гуфтугӯҳои ҳайати ПМТ бо мақомоти расмии Литва

0

Ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни як сафарии кории серӯза дар шаҳри Вилнюси Литва бо мақомоти расмӣ, расонаҳо ва тоҷикони ин кишвар дидор доштанд.

Дар ҷараёни сафар, ҳайати ПМТ дар ҳамоиши байналмилалии Free Russia Forum, ки дар он масъалаҳои марбут ба демократия, ҳуқуқи инсон ва равандҳои сиёсӣ дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, иштирок намудаанд.

Ҳамзамон ҳайати ПМТ дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва парлумони Литва бо чанде аз масъулон мулоқот анҷом дода, масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд.

Илова бар ин Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ ба чанд расонаи литвонӣ мусоҳиба додааст ва ҳайат бо намояндагони диаспораи тоҷик дар Литва низ мулоқоти ҷудогона доштааст.

Шавкати Муҳаммад, сухангӯи ПМТ дар саҳфаи фейсбукиаш навишта, ки ин мулоқотҳо ба таҳкими муколамаҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи тоҷикони бурунмарзӣ равона шуда буданд.

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Microsoft ва Google дар самти ИИ 

0

Дар ҷарёни иҷлосияи AI IMPACT SUMMIT / 2026 дар Ҳиндустон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндагони ширкатҳои “Google DeapMind” ва “Microsoft” дар самти зеҳни сунъӣ дидор кард.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар 20-уми феврали соли ҷорӣ дар ин бора гузориш дода аст. Гуфта мешавад, зимни ин дидорҳо Оуэн Лартер роҳбари бахши ҳамкорӣ бо кишварҳо аз ширкати “Google DeepMind” ва Наташа Крэмптон ноиби президент-роҳбари самти зеҳни сунъии масъули ширкати Microsoft омодагии ин ширкатҳоро барои васеътар кардани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз доштаанд.

Дар раванди дидори Шералӣ Кабир бо Оуэн Лартер аз Google Deep mind зикр шуда, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав кори такмили SoroLLM — модели забонии миллӣ барои забони тоҷикӣ, ки аз ҷониби мутахассисони тоҷик таҳия шудааст — идома дорад. Ин раванд бо истифода аз модели пешрафтаи Gemma аз Google DeepMind амалӣ мегардад.

Гуфта мешавад, модели асосии SoroLLM аллакай дар доираи ташаббуси миллӣ «Лоиҳаи Соро» дар 100 муассисаи таълимии кишвар ҷорӣ карда шудааст.

Шералӣ Кабир дар бораи лоиҳаи махсуси минтақаи зеҳни сунъӣ “Area Al” иттилоъ дода, ки дар доираи он ширкатҳои пешбари соҳаи зеҳни сунъӣ метавонанд таҳия ва содироти ҳалли муосири ИИ-ро аз Ҷумҳурии Точикистон дар асоси механизми «кумдони ИИ» (Al Sandbox) ба роҳ монанд. Ширкатҳои байналмилалии Perplexity, Cerebras, Supermicro ва Yotta айни ҳол узви Консорсиуми Area Al мебошанд.

Ҳамчунин дар нишасти вазири тоҷик бо Наташа Крэмптон аз Microsoft масоили гуногун, аз ҷумла татбиқи инфрасохтори абрии гипермасштабшаванда ва таъсиси марказҳои маълумотӣ барои ҳисоббарориҳои зеҳни сунъӣ дар асоси платформаи Azure дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар доираи татбиқи принсипҳои зеҳни сунъии масъул дар лоиҳаи махсуси Area Al ва амали намудани барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ пардохта шуд.

Боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия боздошт шуд

0

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии “Гурӯҳи 24”, рӯзи 19-уми феврали соли 2026, соати тақрибан 21:00, як гурӯҳ намояндагони мақомоти қудратии Туркия ба манзили Зайд Бобоев дар Чанаккале рафта, ӯро ба самти номаълум бурдаанд.

Ин Ҳаракати сиёсӣ ҳамчунин навишта, ки тафсилоти иловагиро пас аз дақиқ намудани маълумот нашр хоҳад кард.

Гуфта мешавад, боздошти ин узви “Гурӯҳи 24” дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ дорои иқомати муваққатии кишвари Туркия буда, аз соли 2016 дар Туркия ба унвони паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ дорад ва номаш аз соли 2018 дар дафтари Комисарияти Олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон, ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ сабт гаштааст.

Зайд Бобоев дар гузашта низ аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт гардида буд. Аз ҷумла, ба ин фаъоли сиёсӣ рӯзи 23-уми январи соли 2023 боздошт ва ба маркази истирдоди интиқол ёфта буд. 

Ҳамчунин мақомоти Туркия бори аввал Бобоевро бо дархости режими Раҳмонов моҳи августи соли 2024 боздошт намуда, беш аз 2 моҳ дар маркази истирдодии шаҳри Чанакалле нигоҳ дошта буданд. 

Ёдовар мешавем, ки Суҳроби Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” 10-уми марти соли 2024 ва Насим Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов дар он ба қатл расида буд, беному нишон гашта буданд. 

Дертар Додситонии кулли Тоҷикистон дар Душанбе будани онҳоро тасдиқ кард ва моҳи октябри соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон Насимҷон Шариповро ба 20 ва Суҳроби Зафарро ба 30 соли зиндон маҳкум кард.

Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон

0

Як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дастгир ва бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ шуд.

Мақомоти марзбонии Лаҳистон мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои назоратӣ дар шаҳри Варшава, кормандони Straż Graniczna (Хадамоти Марзбонӣ) як шаҳрвнади 51-солаи Тоҷикистонро ба сабаби ғайриқонунӣ дар қаламрави Лаҳистон иқомат доштанаш ихроҷ карданд.

Тибқи гузориш, зимни санҷиши асноди будубош маълум гардида, ки муҳлати шиносномаи биометрии боздоштшуда кайҳо ба охир расидааст. Ҳамчунин ӯ раводидҳои навъи D-и Руминия ва Маҷористонро пешниҳод кардааст, ки муҳлати эътибори онҳо низ гузаштааст.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон мегӯяд, ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки соли гузашта мақомоти ин кишвар барояш қарори уҳдадории бозгашт бо манъи яксолаи вуруд ба минтақаи Шенгенро содир карда будаанд, вале ӯ онро иҷро накарда, дар Лаҳистон боқӣ мондааст.

Ҳамзамон ин ниҳод азфуда, ки ҳнгоми тафтиши аз ӯ силоҳи пневматикӣ низ пайдо шуд, ки он мусодира гардида, ба мақомот барои ташхиси минбаъда фиристода шудааст.

Марзбонӣ мегӯяд, барои иҷрои қарори ихроҷи иҷбории ин шаҳрванди Тоҷикистон аллакай субҳи рӯзи 18-уми феврал ӯро тариқи ҳавопаймо аз Фурудгоҳи Шопен-и шаҳри Варшава ихроҷ карданд. Аммо гуфта нашудааст, ки ӯро ба куҷо ихроҷ кардаанд.