20.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 11

Ҳамкории Тоҷикистону Бритонё барои манобеи зарурӣ

0

Ҳукумати Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкории манобеи зарурӣ бо Бритонёро тасдиқ кардааст. Дар ин бора 4-уми марти соли ҷорӣ расонаи “Times of Central Asia” дар истинод ба “Азия-Плус” хабар додааст.

Ин тафоҳумномаро, ки Эмомалӣ Раҳмон 23-уми феврали имсол имзо карда буд, қарор аст тавассути Вазорати саноат ва техналогияҳои нав ва Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Бритонё ниҳоӣ карда шавад.

Гуфта мешавд, тибқи ин тафоҳумномa Бритонё дар истихроҷ ва таъмини занҷираи маводҳои минералӣ, ки мураккаб аз тилло, алумин, унсурҳои мухталифи камёби замин ва ғайра аст, ҳамкорӣ карда, баъзе маъданҳоро дар ихтиёри худ хоҳад дошт.

Таҳлилгарон мегӯянд, Бритонё ба дунболи он аст, ки занҷираи таъмини манобеи заруриро аз инҳисори Чин бароварад ва саҳми худро дар бозори манобеъ бештар кунад.

Ҳамчунин монанди бештари кишварҳои пешрафта ва қудратманд таваҷҷуҳи Бритонё ба Осиёи Марказӣ бештар шуда, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои ин кишвар низ дар минтақаи афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳоло ба дунболи ҷалби бештари сармояи хориҷӣ аст. Ба гуфтаи мунтақидон, Тоҷикистон, ки кишвари фасодзада аст, мақомдорони тоҷик маъмулан аз чунин роҳҳо суди ҳангуфте насибашон мешавад, вале манофеи миллӣ барояшон чандон арзише надорад. Аз ин рӯ, талош мешавад, ки кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Бритонёро барои сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои бузурги кишвар шавқманд кунанд.

Муҳоҷирро барои истифода набурдан аз WhatsApp ва YouTube ба Русия роҳ надоданд

0

Мақомоти Русия ба садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Жуковский иҷозаи вуруд ба Маскавро надоданд.

Як муҳоҷири тоҷик рӯзи чоршанбе ба Azda.tv хабар дод, ки рӯзи 1-уми март тавассути ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Душанбе ба Маскав парвоз кардааст, аммо дар фурудгоҳи Жуковский ба ӯ ва ҳудуди 60 зодаи дигари Тоҷикистон иҷозаи ворид шудан ба Маскавро надодаанд.

Ба гуфтаи ин муҳоҷир, худи ҳамон рӯз 50 муҳоҷири дигари тоҷик низ, ки бо ҳавопаймои шикарти “Somon Air” ба Русия омада буданд, бо ин ҳолат рӯ ба рӯ шудаанд.

Ҳамсуҳбати Azda.tv мегӯяд, ки дар фурудгоҳ шаҳрвандони дигари Тоҷикистон низ ҳузур доштанд, ки қаблан боздошт шудаанд. Баъзе аз онҳо билети бозгаштро мустақилона харидорӣ карда буданд, аммо, ба гуфтаи ӯ, ба онҳо иттилоъ дода шудааст, ки фиристодани онҳо аз ҷониби ниҳодҳои марбута ташкил карда мешавад ва бинобар ин билетҳои харидашудаи онҳа ба қавле сӯхтааст.

Қисме аз шаҳрвандон аз як то ду рӯз дар минтақаи транзитии фурудгоҳ нигоҳ дошта шуда, баъдан бо парвозҳои бозгашт ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Мақомоти Русия сабаби роҳ надодани муҳоҷирони тоҷикро ба Маскав нагуфтаанд, аммо телефонҳои онҳоро гирифта, мавриди санҷиш қарор додаанд.

Зимни санҷишҳо, ба гуфтаи манбаъ, ба муҳоҷирон саволҳое дода мешуданд, ки, ба назари онҳо, ба ҳадафи сафар иртиботи мустақим надоштанд. Аз ҷумла, аз онҳо пурсида мешуд, ки чаро паёмрасони WhatsApp кор намекунад, чаро телефони нав доранд ва чаро дар YouTube дар бораи ҷанги Русия ва Украина тамошо намекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки “YouTube” ва паёмрасони “WhatsApp” дар Русия маҳдуд карда шудаанд.

Манбаъ таъкид мекунад, ки ба мушоҳидаи ӯ чунин тадбирҳо маҳз нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешуданд. Вале зодагони Узбекикстон ё дигар кишварҳо бидуни тафтиши иловагӣ ба хоки Русия роҳ дода мешуданд.

То ҳол сабаби асосии роҳ надодани зодагони Тоҷикистон ба Русия маълум нест. Аммо пас аз ҳодисаи хунини “Крокус”, ки гумонбаронаш зодагони Тоҷикистон гуфта мешаванд, вазъи муҳоҷирони кишвар дар Русия душвор шудааст.

Аз оғози ҷанги муштараки Амрико ва Исроил бар зидди Эрон панҷ рӯз мегузарад

0

Бо ворид шудани рӯзи панҷуми ҷанги муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ҳамчнон ҳуҷумҳо аз ҳарду тарафи ҷанг раду бадал мешаванд.

Бино ба гузориши расона, ҳамлаҳои Амрико ва Исроил субҳи 4-уми март ба чандин шаҳри Эрон идома доранд. Артиши Исроил эълом кард, ки даҳҳо маркази фармондеҳии низомӣ, амнияти дохилӣ ва раҳбарияти нерӯҳои Басиҷи Эронро мавриди ҳамла қарор додааст.

Ҳамчунин имрӯз, Йисроэл Катс, вазири дифои Исроил таҳдид карда, ки ҳар фармондеҳе, ки аз ҷониби низоми Эрон таъйин мешавад, ҳадафи мустақими мо қарор хоҳад гирифт. Ӯ мегӯяд, ҳадаф қарор додани раҳбарони Эрон бахше аз аҳдофи амалиётии Исроил аст.

Раиси Ситоди муштараки Нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Дон Кейн имрӯз дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки Амрико амалиёташро ба умқи Эрон ташдид мебахшем. Ӯ гуфт, “то кунун 2 ҳазор ҳуҷум анҷом додем ва 20 киштии эрониро мунҳадим кардем ва акнун ҳуҷумҳои баъдӣ болои низоми мушакии Эрон нигаронида мешавад”.

Ин мақоми низомии Амрико афзуд, ки дар ҳамлаҳои худ ба Эрон зерсохторҳо ва маконҳои умумиро ҳадаф қарор намедиҳанд. Аммо дар робита ба ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба мактаби духтарона дар Эрон, ки онҷо низомие набуд, гуфт, ки онро “таҳқиқ мекунем”.

Дар ҳамин ҳол нерӯҳои эронӣ низ бо мавҷҳои пайдарпайи мушакҳо нуқтаҳои гуногуни шаҳри Телавив ва шимоли Исроилро ҳадаф қарор доданд.

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки Тангаи Ҳурмузро, ки дар даромадгоҳи Халиҷи Форс ҷойгир аст ва барои тиҷорати ҷаҳонии нефт аҳамияти ҳаётӣ дорад, бастааст ва бар он тасаллути комил дорад.

Ҳамчунин Эрон гузриш дод, ки дар мавҷи 17-уми ҳамлаҳо беш аз 40 мушак ба ҳадафҳои амрикоӣ ва исроилӣ дар минтақа ҳамла кардааст.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон кард, ки Эрон ба сӯи ин кишвар беш аз ҳазор мушаку паҳпод фиристодааст, ки аксари кулли онҳоро раҳгирӣ кардаанд.

Дар байни ин даргириҳо мақомоти лубнонӣ низ аз ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар гузориш медиҳанд. Гуфта мешавад, Исроил дар Лубнон чандин ҳамлаи ҳавоӣ, аз ҷумла дар ҷануб ва шарқи ин кишвар анҷом додааст. Артиши Исроил аз сокинони манотиқи ҷануби Лубнон хостааст, ки қисмати ҷануби рӯди Литониро тарк карда, ба шимоли он кӯч банданд.

Расонаҳои лубнонӣ аз мақомоти амниятии ин кишвар навиштанд, ки нерӯҳои исроилӣ вориди хоки Лубнон шуда, ба чанд деҳаи марзӣ ҳамла карданд ва то ду километрии он дарун даромадаанд. Аммо задухӯрде бо нерӯҳои Ҳизбуллоҳ сурат нагирифтааст.

Ҳабси пешакии се иштирокчии занозании гурӯҳӣ дар Варшава

0

Додгоҳи ноҳияи Воляи шаҳри Варшаваи Лаҳистон се иштирокчии занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар назди яке аз нуқтаҳои сӯзишвориро барои семоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Додрас ҳукмкро 3-уми марти соли ҷорӣ содир карда, ин се зодаи Тоҷикистон то 29-уми майи соли 2026 дар ҳабс нигаҳ дошта мешаванд ва дар мурофиаҳои баъдӣ муайян хоҳад шуд, ки онҳоро зиндонӣ хоҳанд кард ё на.

Ному насаби ҳарсе боздоштшуда дар дасти Azda.tv ҳаст, аммо ба хотири халал нарасондан ба тафтишот ва ҳамчунин эҳтимоли вуҷуди фишору бозпурсии наздикони онҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот, номҳо маҳфуз нигаҳ дошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ, дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Воляи шаҳри Варшава муноқишаи ду гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик рух дод, ки дар натиҷа як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо осеби вазнини зарбаи мағзӣ ба бемористон интиқол дода шуда, се нафари аз 25 то 36-соларо пулис боздошт кард, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои лаҳистонӣ нахустин навор аз ҷойи ҳодиса нашр гардида, ки дида мешавад дар назди як нуқтаи сӯзишворӣ чанд муҳоҷири тоҷик ҷамъ омадаанд, ки эҳтимолан ба кори таксӣ машғуланд ва нафаре бо сару рӯйи пур аз хун дар замин хобидааст.

Шахсе, ки наворбардорӣ мекунад, ба самти чанд тани дигар ишора карда, онҳоро “террористон” меномад ва мегӯяд, ки “Худо хоҳад ҳамаашон Тоҷикистон мераванд.” Ва як тани дар навор будаҳо мегӯяд, “мо террорист нестем”. Дар ҳамин ҳолат нафаре бо чӯбдасте ба наворбардор ҳамла мекунаду тирезаҳои мошини “Лексус”-ро зада мешиканад. Ҳамлавар ҳамчун ба сӯйи наворбардор мегӯяд, ки боз моро “угрожать мекунӣ?”. Ин наворбардор ба тарафи нафари дар заминхобида мераваду нишон медиҳад, ки “Умарро онҳо задаанд”.

Чанд муҳоҷири тоҷик бо шарти наовардани номашон ба Azda.tv гуфтанд, ки сабаби асосии занозанӣ даҳ ҳазор долларест, ки Умар (нафари ҷароҳатбардошта) барои таҳияи виза ва раводиди корӣ аз як муҳоҷири тоҷик гирифта, вале на корро иҷро кардааст ва на пулро баргардонидааст.

Як рӯз пеш аз ҳодиса, Умар (ному насаби аслияш Умедҷон Раҷабов) бо ду қарздиҳанда вохӯрда, маслиҳат карданд, ки ӯ мошинашро то баргардонидани қарз ҳамчун гарав мемонад. Аммо ду нафар омада, ки яке аз онҳо номаш Нуруллои Ҳасан аст, худро кормандони пулиси Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо ду мошини “Лексус” роҳро бастанд ва қарздиҳандагонро ба куштор, ихроҷ ва интиқом гирифтан аз оилаҳояшон пас аз бозгашт ба Тоҷикистон таҳдид ва латтукӯб карданд. Дар аснои ин ҳодиса дар дохили мошин кӯдаки хурдсоле низ ҳузур доштааст.

Дар наворҳое, ки ба дасти Azda.tv расидааст, шунида мешавад, ки ин ду нафар худро кормандони мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ карда, қарздиҳандаҳоро таҳдид мекунанд ва мегӯянд, ки “пулатонро аз ВКД-и Тоҷикистон мегиред”.

Ба гуфтаи манобеи Azda.tv, пас аз ин ҳодиса ҳарду гурӯҳ пароканда мешаванд ва қарздиҳандаҳо мегӯянд, ки агар пулро барнагардонанд, ба пулиси Лаҳистон шикоят мебаранд ва бо шунидани ин гап Умар онҳоро шаби 27 ба 28-уми феврал бо ваъдаи баргардондани қарз ба яке аз нуқтаҳои сӯзишворӣ даъват мекунад. Аммо вақте ин се нафаре, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, ба ҷойи таъйиншуда мераванд, ҳудуди 15 нафар – ба иддаои манбаъ, ҳамаи онҳо зодагони Тоҷикистон буданд – онҳоро мунтазир будаанд.

Пас аз ин баҳси лафзӣ миёни гурӯҳҳо сар мезанад ва ба занозанӣ мепечад ва пас аз задани Умар қисме аз онҳо фирор мекунанд ва он ду нафаре, ки худро корманди ВКД-и Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, шуруъ мекунанд ба сабт кардани ин ҳодиса. Ва ин навор, ки аз охири занозанӣ гирифта шудааст, дақиқ фаҳмида намешавад, ки сабаби аслии он чист.

Бояд гуфт, чанде аз муҳоҷирони тоҷики муқими Лаҳистон ба Azda.tv гуфтанд, ки ин Умар — нафаре, ки қарздор гуфта мешавад — бо дигарон ҳам ҳамин муносибатро мекунад. Яъне, аз мардум қарз мегирад, вале онро барнамегардонад. Ва бо ин дӯстони кормандони ВКД-аш, ки номи якеаш Нуруллоҳи Ҳасан ҳаст, муҳоҷирони тоҷикро метарсонад ва онҳоро ба мухолифи ҳукумат будану террорист будан муттаҳам мекунад. Ба иддаои муҳоҷирон қарзи Умар (Умедҷон Раҷабов) аз мардум ба беш аз 100 ҳазор доллар расидааст.

Ҳамчунин як нафари дигар гуфт, ки Умар аз ҳафт нафари дигар, ки миёни онҳо як зани ҳомиладор будааст, бо ваъдаи омода намудани визаи Лаҳистон ҳудуди 22 ҳазор доллар гирифта будааст, вале на корро иҷро кардааст ва на пулро баргардондааст. Ва вақте онҳо пули худро талаб кардаанд, бо тарс додан аз ВКД-и Тоҷикистон таҳдидашон кардааст.

Як муҳоҷир дигар, ки дар Лаҳистон қарор дорад, дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки Умар, Нуруллоҳи Ҳасан ва як нафари дигар, ки ҳарсе мошини “Лексус”-и сиёҳ доранд, дар миёни муҳоҷирони корӣ (асосан таксиронҳо) ва ҷойҳое, ки онҳо ҷамъ мешаванд, мисли масҷид ва чойхонаҳо, мегарданд. Онҳо худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муаррифӣ карда, онро ҳамчун фишор болои муҳоҷирон истифода мекардаанд.

То кунун ба Azda.tv муяссар нашудааст, ки иртибот доштани ин афродро ба ягон сохтори қудратии Тоҷикистон расман муайян кунад.

Ҳамчунин бо гузашти 3 рӯз аз ҳодисаи занозании муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон сафорати Тоҷикистон дар Олмон то ҳол дар ин бора вокунише накардааст ва мақомоти кишвар ҳам то ҳол вобаста ба иддаои муаррифии ин афрод ҳамчун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи изҳороти расмӣ нашр накардаанд. 

Кумитаи тафтишотии Русия роҳҳои бекор кардани шаҳрвандиро меҷӯяд

0

Александр Бастрикин, ки ҳамчун як мақомдори муҳоҷирбадбин ном баровардааст, пешниҳод дорад, ки рӯйхати асосҳои бекор намудани шаҳрвандии Русия барои зодагони кишварҳои хориҷӣ, васеъ карда шавад.

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин дар ҷаласаи ҷамъбастии ниҳоди зери роҳбарияш гуфта, ки ба ин рӯйхат содир намудани ҳар гуна ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини қасдан содиршуда, дохил карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, шахсоне, ки шаҳрвандиро гирифтаанд ва чунин ҷиноят содир мекунанд, “пайванди ҳуқуқию сиёсиро бо давлат аз даст медиҳанд”. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки нигоҳ доштани шаҳрвандӣ дар чунин ҳолатҳо метавонад ба эътимоди ҷомеа ба ниҳоди шаҳрвандидиҳӣ таъсир расонад.

Бастрикин ҳамчунин иддао карда, ки дар соли 2025 шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон 7 дарсад афзоиш ёфта, ба 41 ҳазору 103 ҳолат расидааст. Ба гуфтаи ӯ, раванди муҳоҷират бояд таҳти назорати қатъии давлат қарор гирад, то манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон ҳифз карда шаванд.

Бояд гуфт ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар баробари тамоми ҷиноятҳое, ки дар Русия содир шудаанд, ночиз буда танҳо соли 2024 дар тамоми қаламрави ин кишвар беш аз 1,77 миллион ҷиноят содир шуда будааст.

Пешниҳоди ин мақомдори рус ҳам дар ҳолест, ки раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин гуфта буд, ки соли 2025 шаҳрвандии зиёда аз 1 ҳазору 300 нафар дар Русия бекор карда шуда буд.

Дар Русия дар баробари васеъ кардани асосҳои бекор кардани шаҳрвандӣ, мақомдорон талош доранд гирифтани шаҳрвандӣ, иқома ва иқомаи доимро барои зодагони кишварҳои хориҷӣ сахттар кунанд.

Ҳукумат лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки мавҷудияти ҳар гуна доғи судии бекорнашуда ё нобардошташуда сабаб барои рад кардани дархост гардад ва ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки ҳангоми пешниҳоди ариза барои гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ё доимӣ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд маълумотнома дар бораи мавҷудият ё набудани доғи судӣ пешниҳод намоянд. Ин талабот ба кӯдакони то 14-сола дахл надорад.

Барои шаҳрвандони Украина меъёри алоҳида пешбинӣ шуда, дар давоми ду сол пас аз эътибор пайдо кардани қонун, онҳо аз пешниҳоди маълумот дар бораи доғи судӣ озод мешаванд.

Боздошти як мақоми баланди ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Як мақомдори баланди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳи як ҳамкораш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуданд.

Дар ин бора рӯзи 3-юми марти соли ҷорӣ Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод. Бар асоси маълумоти тафтишотии ин ниҳод, Саидзода Ҷ.С., навбатдори калони оперативии шуъбаи назорати таҳлилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ёрдамчии ҳамин шуъба Раҳмонзода А.У. даст ба ҷинояти қаллобӣ задаанд.

Гуфта мешавад, Саидзода ва Раҳмонзода моҳи июни соли 2025 “бо роҳи фиреб” аз шаҳрванд Ч.Г.А. “бо боҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш Ч.Э.Х., ки дар истеҳсолоти муфаттишони РВКД дар вилояти Хатлон қарор дошт, маблағи 30 000 сомониро талаб намуда, дар якчанд ҳолат ин миқдор маблағро гирифтанд.”

Агентии зидди фасод таъкид карда, ки Саидзода ва Раҳмонзода баъди гирифтани маблағ ваъдаи худро, ки мебоист парвандаи Ч.Э.Х.-ро қатъ кунанд, анҷом надодаанд ва маблағи 30 000 сомониро байни худ тақсим карда, онро ба манфиати худ харҷ намудаанд.

Дар робита ба ин ҳолат, Агентии зидди фасод нисбати Саидзода Ҷ.С. ва Раҳмонзода А.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Ба иттилои ин ниҳод, аллакай таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ нисбати гумонбарон поён ёфта, онро барои эълони ҳукми ниҳоӣ ба додгоҳ фиристоданд.

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

0

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.

Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон, ки 86 сол син дошт, ҳамроҳ бо писар, духтар, домод, набера ва арӯсаш дар ин ҳамла кушта шудааст. Хабари кушта шудани раҳбари Инқилоби исломии Эронро барои аввалин бор дар рӯзи якуми март “Ройтерз”, харбаргузории Англия бо истинод ба як манбаи баландмақоми исроилӣ мунташир ва чанде баъд мақомоти эронӣ низ онро таъйид карданд. 

Ин дар ҳолест, ки қабл аз ҳамлаи мушакӣ болои Эрон гуфта мешуд, даври ахири гуфтугӯҳои ғайримустақими Амрико ва Эрон дар ҷиҳати азсаргирии музокироти Теҳрону Вашингтон ва соири кишварҳои ғарбӣ дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишвар ба сурати мусбат ба поён расидааст. 

Аммо 28-уми феврал мушакҳои амрикоӣ манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳронро ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил аз тарафи аввалӣ “Хашми ҳамосӣ” ва аз тарафи дувумӣ “Шери яҳудо” унвон шудааст. 

Дар рӯзи аввали ҳамла болои Эрон теъдоди афроди кушташуда 201 ва захмӣ 747 нафар эълон шуд. Алии Шамхонӣ, раиси Шӯрои дифоъ, Абдулраҳими Мусавӣ, сарлашкари нерӯи размии артиш, Азизи Носирзода, вазири дифоъ ва пуштибонии артиш, Муҳаммади Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар зумраи афсарони баландмақоми эроние гуфта мешаванд, ки дар ин ҳамла кушта шудаанд. 

Дар рӯзи шанбе, пас аз оғози ҳамлаҳои Исроилу Амрико болои Эрон ҳамлаи мушакии ҷавобии Теҳрон болои пойгоҳҳои низомии Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар Ховари Миёна, ҳамчунин Исроил шуруъ шуд. Ба иттилои канали телеграмии “Белорусский силовик”, тайи 24 соати гузашта Эрон сохторҳои мухталифе дар 15 кишвари Ховари Миёна, ба мисли Исроил, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувейт, Урдун, Ироқ, Баҳрайн, Умон, Сурия ва Қибрисро мавриди ҳамлаи низомӣ қарор додааст. Ба иттилои манбаъ, дар Кувейт пойгоҳи низомии Итолиё, дар Имороти Муттаҳимаи Арабӣ пойгоҳи низомии Фаронса ва дар Қибрис пойгоҳи низомии Бритониёи Кабир мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Бо ин ҳол, дар рӯзи шанбеи 28-уми феврал Донал Трамп, раисҷумҳури Амрико аз Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ даъват кард, то силоҳ ба замин бигузоранд ва таслим шаванд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо роҳи афв аз тариқи силоҳ ба замин гузоштани онҳост, вагарна кушта мешаванд. Аммо сухангӯи Фармондеҳии марказии артиши Эрон Иброҳими Зулфиқорӣ ба раисҷумҳури Амрико ба ин тарз посух гуфт: “Трампи қиморбоз, ту тавонистӣ ин ҷангро шуруъ кунӣ, аммо оне, ки инро хотима медиҳад, мо хоҳем буд”. 

Ба ҳамин тартиб партоби мушакҳо аз ҳар ду тараф идома дорад, аммо дар доираҳои таҳлилӣ аз пинҳонкории Амрико ва Исроил дар мавриди талафоти инсонӣ гуфта мешавад. Фармондеҳии марказии Амрико субҳи рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар се нафар аз низомиёни амрикоӣ кушта ва панҷ нафари дигар захм бардоштаанд. Аммо дар ин хабари кӯтоҳ ҳамчунин гуфта мешавад, “вазъ дар ҳоли тағйир аст ва мо ба хотири эҳтиром ба хонаводаҳо аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунем”. 

Бо ин ҳол, Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар зимни таъйиди аъзои чиҳилрӯза бинобар кушта шудани Сайидалии Хоманаӣ дар як гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Алҷазира” гуфтааст, тайи як-ду рӯз Эрон метавонад раҳбари ҷадидро интихоб кунад, дар ҳоле иқдомоти расмӣ дар ин хусус аллакай оғоз шудаанд. Ӯ гуфтааст, Шӯрои гузор таъсис шудааст.

Бар асоси моддаи 111-и Қонуни Асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, вазъи феълии ин кишвар тақозо мекунад, Шӯрои муваққати сенафарӣ то интихоби раҳбари ҷадид вазоифи ӯро ба зимма дошта бошанд. Феълан ин шӯро Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳур, Ғуломҳусейн Муҳисини Эжаӣ, раиси қувваи қазоия ва Алиризо Аърофӣ фақеҳи шиие аз Шӯрои нигаҳбонро шомил мешавад. То ҳол ду ҷаласаи ин шӯро баргузор шудааст.

Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ки иборат аз 88 рӯҳонист, раҳбари Инқилоби исломии Эронро интихоб мекунад. Аъзои худи ин маҷлис дар ҳашт сол як бор интихоб мешавад. Интихоби раҳбар, бар асоси қонун, бояд бар пояи рақобати номзадҳо ба ин мақом сурат бигирад ва Шӯрои нигаҳбон онро таъйид кунад. Феълан расонаҳо ҳадс мезананд, ки эҳтимол яке аз миёни Муҷтабо Хоманаӣ, Алиризо Аърофӣ, Муҳаммадмаҳдии Мирбоқирӣ, Ғуломҳусейн Муҳсини Эжаӣ ва Ҳасани Хумайнӣ  ба унвони раҳбари инқилоб интихоб шавад.

Бояд гуфт, аввалин интихоби раҳбари Инқилоби Исломӣ дар соли 1979 ва дувуми он дар соли 1989 баргузор шудааст. Дар интихоби аввалӣ Рӯҳуллоҳи Хумайнӣ ва дар дувумӣ Сайидалии Хоманаӣ ҳамчун раҳбари Инқилоби Исломии Эрон баргузида шудааст.   

Суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар Кувайт

0

Вазорати дифои Кувайт рӯзи душанбе аз суқути чанд ҳавопаймои ҷангии F-15E Амрико дар хоки ин кишвар хабар дод. Вале маълум нест, шумори дақиқи ҳавопаймоҳо чандто аст.

Мақомоти кувайтӣ гуфтаанд, ки халабонҳои ҷангандаҳои амрикоӣ солиманд, вале сабаби суқуқти онҳоро нагуфтаанд. Танҳо гуфта мешавад, ки барои фаҳмидани сабаби суқуқти ҷангандаҳо таҳқиқот оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол ниҳоди Фармондеҳии марказии Амрико дар шабакаи Х суқути ҷангандаҳои ҳарбии F-15E-ро таъйид карда, шумори онҳоро сето гуфт. Ин ниҳод сабаби суқуқти ҷангандаҳоро “дар пайи оташи худӣ” унвон кардааст.

“Якуми март тарқрибан соати 11-и шаби ба вақти шарқи Амрико се ҷангандаи F-15E Strike Eagles марбути артиши Амрико, ки дар ҳимоят аз амалиёти “Epic Fury” парвоз мекарданд, бар фарози Кувайт дар пайи як ҳодисаи зоҳиран ношӣ аз оташи худӣ суқут карданд.”, омадааст дар хабари Фармондеҳии марказии Амрико.

Ин ниҳоди амрикоӣ мегӯяд, дар ҷараёни ҳамлаҳои Эрон бо мушакҳои баллестикӣ ва паҳподҳо ба пойгоҳҳои Амрико дар Кувайт, ин ҷангандаҳои нерӯҳои ҳавоии Амрико ба иштибоҳ тавассути падофанди ҳавоии Кувайт ҳадаф қарор гирифтанд.

Аммо Вазорати дифои Эрон мегӯяд, суқути ҷангандаҳои амрикоӣ дар Кувайт кори дасти онҳо буд. Хабаргузориҳои эронӣ ба нақл аз Вазорати дифои ин кишвар навиштанд, ки Эрон бо сарнагун кардани ҷангандаҳои амрикоӣ дар Кувайт “шоҳкорӣ” кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бори охир 27 сол пеш дар ҷанги Косова як ҳавопаймои ҷангии Амрико F-117 тавассути Югославия сарнагун шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Амрико ва Исроил дар як амалиёти муштарак субҳи 28-уми феврали соли ҷорӣ ба Эрон ҳамла карданд. Бо гузашти чанд соат аз оғози ҳамла Доналд Трамп аз кушта шудани раҳбари инқилоби Эрон Алӣ Хоманаӣ хабар дод. Аммо пас аз 4 соати эълони Трамп, мақомоти Эрон ҳам расман кушта шудани Хоманаиро эълон карданд.

То кунун ҳамлаҳои тарафҳо идома дорад. Эрон дар умум аз кушта шудани 555 нафар ва даҳҳо захмии дигар хабар дод. Ҳамзамон Амрико кушта шудани 4 сарбозашро эълон кард хамиёнро 5 нафар гуфт. Исроил омори дақиқе ироа накардааст, аммо расонаҳо дасти кам аз кушта шудани 10-12 нафар иттилоъ медиҳанд.

Изи ВКД-и Тоҷикистон дар занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Варшава

0

Дар пайи як занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон се зодаи Тоҷикистон боздошт гардида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст.

Шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ, дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Воляи шаҳри Варшава муноқишаи ду гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик рух дод, ки дар натиҷа як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо осеби вазнини шикастани сар ба бемористон интиқол дода шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса пулиси Варшава амалиёти фаврӣ гузаронда, се нафари аз 25 то 36-соларо боздошт кард, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Пулиси ноҳияи Воляи Варшава мегӯяд, дар доираи амалиёт инчунин воситаи нақлиёте, ки гумонбарон аз он истифода мекарданд ва ашёе, ки бо он ҷароҳати вазнин расонида шудааст, мусодира гардидааст ва тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои лаҳистонӣ нахустин навор аз ҷойи ҳодиса нашр гардида, ки дида мешавад дар назди як нуқтаи сӯзишворӣ чанд муҳоҷири тоҷик ҷамъ омадаанд, ки эҳтимолан ба кори таксӣ машғуланд ва нафаре бо сару рӯйи пур аз хун дар замин хобидааст.

Шахсе, ки наворбардорӣ мекунад, ба самти чанд тани дигар ишора карда, онҳоро “террористон” меномад ва мегӯяд, ки “Худо хоҳад ҳамаашон Тоҷикистон мераванд. Ва як тани дар навор будаҳо мегӯяд мо террорист нестем. Дар ҳамин ҳолат нафаре бо чӯбдасте ба наворбардор ҳамла мекунаду тирезаҳои мошини тамғаи “Лексус”-ро зада мешиканад. Ҳамлавар ҳамчун ба сӯйи наворбардор мегӯяд, ки боз моро “угрожать мекунӣ”. Ин наворбардор ба тарафи нафари дар заминхобида мераваду мегӯяд Умарро кӣ задааст.

Дар ин навор сабаби муноқиша фаҳмида намешавад, аммо баъдан маълум шуд, ки ин навори нашршуда оғози воқеии муноқиша набудааст.

Ба ихтиёри Azda.tv чанд паёмак ва ду навори дигар расид, ки ба эҳтимоли зиёд лаҳзаҳои воқеии муноқишаро инъикос мекунанд.

Дар яке аз паёмакҳо навишта шудааст, ки як рӯз пеш аз ҳодиса, Умар (эҳтимолан нафари бо сару рӯйи пур аз хун дар замин хобида), ки беш аз 10 000 доллар қарздор будааст, бо ду қарздиҳанда вохӯрда, маслиҳат карданд, ки ӯ мошинашро то баргардонидани қарз ҳамчун гарав мемонад.

Аммо ду нафар омада худро кормандони пулиси Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо ду мошини “Лексус” роҳро бастанд ва қарздиҳандагонро ба куштор, депортатсия ва интиқом гирифтан аз оилаҳояшон пас аз бозгашт ба Тоҷикистон таҳдид ва латтукӯб карданд. Дар аснои ин ҳодиса дар дохили мошин кӯдаки хурдсоле низ ҳузур доштааст.

(Дар аксҳо афроде, ки худро кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд)

“Сипас, пулисҳои қалбакӣ ва Умар қарздиҳандагонро гӯё барои баррасии баргардонидани пул ба нуқтаи сӯзишворӣ даъват карданд ва дар он ҷо бо истифода аз газ дубора ҳуҷум карданд. Дар охири ҳодиса пулисҳои қалбакӣ ин ҳолатро ба навор гирифтанд. Дар наворҳо наворбардор ва шахсе, ки дар паҳлӯи Умари хобида истодааст, дида мешаванд — инҳо ҳамон пулисҳои қалбакӣ мебошанд” – гуфта мешавад дар ин паёмак.

Дар наворҳои нашршуда низ шунида мешавад, ки ду нафар худро кормандони мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ карда, қарздиҳандаҳоро таҳдид мекунанд ва мегӯянд, ки “пулатонро аз ВКД-и Тоҷикистон мегиред”.

Як манбаъ бидуни зикри ном ба Azda tv гуфт, ки “Ин Умар — нафаре, ки қарздор гуфта мешавад — бо дигарон ҳам ҳамин муносибатро мекунад. Яъне, аз мардум қарз мегирад, вале онро ба барнамегардонад. Ва бо ин дӯстони кормандони ВКД-аш муҳоҷирони тоҷикро метарсонад ва онҳоро ба мухолифи ҳукумат будану террорист будан муттаҳам мекунад.”

То кунун маълумоти расмӣ ва пурра тасдиқшуда дар бораи ангеза ва ҷузъиёти ҳодиса, инчунин назари боздоштшудагон ва нафаре, ки дар бемористон аст, дастрас нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва ё мақомоти кишвар ҳам то ҳол вобаста ба иддаои муаррифии афрод ҳамчун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон изҳороти расмӣ нашр накардаанд. Ҳамчунин ин афрод ба ягон сохтори қудратии Тоҷикистон иртибот доранд ё на маълум нест.

Azda.tv қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати дастрас шудани маълумоти нав ё шарҳи расмии мақомоти дахлдор, онро мунташир хоҳад кард.

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

0

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар паёми видеоие субҳи имрӯз расман хабар дод, ки “Амрико амалиёти бузурги низомии худро алайҳи Эрон оғоз кард“.

Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар осмони Эрон мушакҳо ва таркишҳои бузург дар манотиқи гуногун мушоҳида мешавад. Ҳамзамон хабаргузории “Форс” ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Арабиро таъйид кард.

Шабакаи “12”-и Исроил хабар дод, ки мушакҳои Эрон аллакай ба чанд бино дар шимоли Исроил исобат карда, зарарҳои зиёде расонданд. Артиши Исроил ба шаҳрвнадонаш ҳушдор дода, ки ба паноҳгоҳҳо паноҳ баранд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои эронӣ низ гузориш доданд, ки садои таркишҳои сахтеро дар шаҳрҳои Шероз, Теҳрон ва дигар шаҳрҳо шунидаанд.

Расонаҳои имротӣ низ гузориш доданд, ки мушакҳои эронӣ ба он кишвар партоб шудааст ва бар асари суқути пораҳои як мушаки пешгиришуда як нафар дар Абузабӣ кушта шудааст.

Вазорати хориҷии Эрон дар гузорише гуфт, ки ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла, Қатар, Баҳрайн ва Иморот, ки аз хоки онҳо алайҳи Эрон ҳуҷум сурат мегирад, ҳаққи қонунии мост, ки онҳоро мавриди ҳамлаҳои худ қарор диҳем.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки гуфтушунидҳо бо ҳайати эронӣ идома дошт ва мебоист рӯзи душанбе ҳайатҳои фаннии Амрико ва Эрон дар шаҳри Венаи Австрия музокираро идома диҳанд.

Вале Трамп мегӯяд, Эрон нахост сатҳи ғанисозии урониюмашро ба сифр бирасонад. Ӯ чанде пеш шаҳрвандони зиёди худро кушт. Ва ин кишвар ҳамеша дар пайи куштан аст. Трамп иддао кард, ки кишвари Эрон бузургтарин пуштибони терроризм дар ҷаҳон аст.

Иддаое, ки Эрон ҳамеша онро рад кардааст ва раисҷумҳури ин кишвар ду рӯзи қабл эълон кард, ки мо қасди сохтани силоҳи ҳастаиро надорем, зеро онро раҳбарияти олии кишвар, Алӣ Хоманаӣ ҳаром эълон кардааст. Бо ин дастур мо агар бихоҳем ҳам ба он даст ёфта наметавонем.