9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 124

3 шарти русҳо ба муҳоҷирони зиндонӣ

0

Мақомоти Русия садҳо зиндонии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро маҷбур мекунанд, то ба ҷанг алайҳи Украина бираванд.

Садҳо нафар аз муҳоҷирони Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар маҳбасҳои Русия ҳастанд, ба идораи «Настоящее время» хабар доданд, ки мақомоти Русия онҳоро маҷбур мекунанд, то ба ҷанг бар зидди Украина бираванд.

Ба қавли манбаъ, дар номае, ки ҳудуди 400 нафар аз муҳоҷирони зиндонӣ ба унвони ин расона фиристодаанд, гуфта мешвад, ки мақомоти Русия барои озодии онҳо се шарт гузоштаанд:

1. Талаби шаҳрвандии Русия карда, аз шаҳрвандии кишвари худашон (Тоҷикистон ва Узбекистон) даст бикашанд, то фиристодани онҳо ба ҷанг осонтар шавад.

2. Тибқи имзои қарордод ба ҷанги Русия алайҳи Украина бираванд.

3. Дар сурати қабул накардани ду шарти аввал бояд ба утоқҳои ҷаримавӣ (штрафной изолятор) фиристода шаванд.

Пеш аз ин дар соли 2023 низ хабар дода мешуд, ки мақомоти Русия борҳо “рейд”-ҳои оммавӣ ташкил карда, даҳҳо муҳоҷирро боздошт карда, барои имзои қарордодҳои маҷбурӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурдаанд.

Инчунин ба муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, пешниҳод мекарданд, ки барои ба даст овардани шарҳрвандии Русия нахуст бо мақомоти Русия қарордоҳои ҳарбӣ имзо карда, ба ҷанг раванд ва дар муддати кӯтоҳ шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Моҳи июни соли 2024, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия хабар дода буд, ки дар Русия зиёда аз 30 ҳазор хориҷиреро ошкор карданд, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, вале барои сабти ному насаби худ ба коммисариатҳои ҳарбӣ муроҷиат накардаанд. Ва баъдан мақомот 10 ҳазори онҳоро барои кандани хандақҳо ба минтақаи «СВО» фиристод.

Русия дар соҳаи муҳоҷирати корӣ назоратро сахттар мекунад

0

Русия нисбат ба муҳоҷироне, ки ихроҷ шудаанд, вале дубора бо тағйири ному насаб ба ин кишвар сафар мекунанд, ҷазоҳои сангинтаре ҷорӣ мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 15-уми октябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки муҳоҷирони корие, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, вале дубора қасди сафари ба ин кишварро доранд, пеш аз сафар бояд бо онҳо тамос бигиранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як матлаб ба шаҳрвандони кишвар чунин тавсия кардааст: “Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия бояд корти муҳоҷиратро (ба таври худкор ё дастӣ) бо забони русӣ ё бо ҳарфҳои лотинӣ мувофиқи маълумоти дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пур кунад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдадории бақайдгирӣ дар маҳали будубош дар муҳлати 15 рӯз аз рӯзи убури Сарҳади давлатии ФР барои бақайдгирии муҳоҷират дар маҳали будубош, корти муҳоҷират ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти онҳо озод карда мешаванд.”

Ба гуфаи вазорат, “Муҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Русия ҳангоми омӯзиш дар асоси ариза дар ҳар шакл ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хатми таълим дар қаламрави Федератсияи Россия тамдид карда мешавад.”

Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки мақомоти Русия ҳудуди 5 ҳазор нафарро дар гузашта аз Русия ихроҷ шуда буданд, вале бо тағйири ному насаб дубора ба ин кишвар баргаштаанд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва марзбонони ин кишвар ошкор ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ содир шудааст.

Инчунин тибқи ин муқаррароти қонунҳои нав муҳоҷирони корӣ, “муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, дар маҷмуъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад.”

Аз 1-уми декбари соли 2024 Вазорати корҳои дохилии Русия дар фурӯдгоҳҳои шаҳри Маскав ва нуқтаҳои автомобилии гузаргоҳи “Маштаково” дар вилояти Оренбург барои муайян кардани шахсияти биометрии шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми вуруд ба Федератсияи Русия бунгоҳҳои муаянеро ба роҳ мемонад.

Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои зиёде, ки алайҳи Русия ҷорӣ шудааст, ин кишвар рӯз ба рӯз ба буҳронҳои ҷадиде ҳам рӯбарӯ мешавад. Ичунин мақомоти он щар сол қоидаҳои буду боши муҳоҷиронро сахттар карда, нархи иҷозатномаи кориро ҳам қиматтар мекунанд. Ин ҳама боис шудааст, ки хеле аз муҳоҷирони корӣ барои кор ва таъмини шароити беҳтар ба кишварҳои дигар сафар кунанд.

Нишасти фаврӣ нерӯҳои зудамали СПАД дар Тоҷикистон

0

Аз рӯзи 14-ум то 16-уми октябри соли ҷорӣ дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон нишасти фаврии нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор шуд.

Тавре дафтари матбуоти СПАД хабар медиҳад, дар ин нишаст намояндагони вазоратҳои дифои кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва як гурӯҳ аз афсарони Ситоди муштараки СПАД ширкат карданд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин ҳамоиши фаврӣ “таҳияи равишҳои ягона барои ташкили кори ҳайати оперативии мақомоти фармондеҳӣ ва назоратии Нерӯҳои зудамали дастаҷамъии Осиёи Марказӣ дар ҷараёни омодагӣ ба амалиёти ҷангӣ, такмили маҳорати нерӯҳо ва ҳамоҳангсозии фармондеҳӣ мебошад.”

Мавзуи нишасти мазкур “Асосҳои омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби Қувваҳои зудамали Дастаҷамъии Осиёи Марказӣ барои аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави яке аз кишвари узви СПАД ворид мешаванд”, будааст.

Ба иттилои манбаъ, қарор аст рӯзҳои 17-ум то 21-уми моҳи ҷорӣ машқҳои низомии муштараки нерӯҳои СПАД бо номи “Рубеж-2024” дар “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон баргузор шавад.

Чандест дар нишастҳои нерӯҳои низомии СПАД ба бештар кардани тамринҳои низомӣ ва омодагии ҳолати ҷангӣ ишора мешавад. Ва инчунин таъкид мегардад, ки ба нерӯҳои зудамали ин созмон “таҳлили чолишҳо ва таҳдидҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавсияҳои амалӣ дар бораи ташкил ва баргузории амалиёти ҷангӣ, омодасозии нерӯҳо барои ҷанги электронӣ, ошноӣ бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва муқовимат бо онҳо дар шароити ҷангӣ” ва ғайра омӯзиш дода мешавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, пас аз омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон ва афзоиши гурӯҳҳои норозӣ аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ раҳбарони ин кишварҳоро водор сохта, ки бо як пуштибони қавитаре гирди ҳам ҷамъ биёянд, то битавонанд умри ҳукуматдории худро дарозтар кунанд. Ва ҳар хаӣаре, ки бақои ҳукумати онҳоро таҳдид кунад, аз ин нерӯҳо истифода баранд, ҳамон гуна ки соли 2022 дар Қазоқистон бар зидди эътирозҳои мардумӣ истифода карданд.

Талаби озодии маҳбусони сиёсӣ аз ҷониби як созмони мухолифи режими Раҳмонов

0

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар муроҷиате аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва қатъи саркӯбҳо дар Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон фишор оранд.

Дар ин муроҷиатнома, ки Шарофиддин Гадоев, раиси ҷунбиш онро нашр кардааст, аз ҳукуматҳои ИМА, Бритониё, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ даъват шудааст, ки барои озодии фаврӣ ва бечунучарои тамоми маҳбусони сиёсӣ, инчунин хотима бахшидан ба таъқиби рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолон дар Тоҷикистон талош кунанд.

Шарофиддин Гадоев бори дигар аз ҳукумати ин кишварҳо хостааст, аз ташаббусе, ки барои муколамаи сулҳомез ва созанда байни мухолифини тоҷик ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифта шудааст, дастгирӣ кунанд.

Пешниҳоди муколамаи мухолифон ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ӯ рӯзи 1-уми октябри соли ҷорӣ дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон садо дода буд.

Ба боварии Гадоев, дар пасманзари буҳрони сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башарӣ, ки метавонад дар Тоҷикистон шиддат ёбад ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирад, иштироки фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз нооромӣ ва таъмини субот дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа хоҳад дошт.

Аммо боз дар муроҷиати ин созмони мухолифи Раҳмонов, гуфта мешавад, ки роҳҳои осоишта барои ҳалли буҳрон тавассути муколама амалан дигар вуҷуд надоранд ва бисёр шаҳрвандон ба имконияти тағйироти демократӣ дар Тоҷикистон боварии худро аз даст додаанд ва ин боиси хатарҳои ҷиддии бесуботӣ дар минтақа мегардад ва метавонад ба пайомадҳои пешгӯинашаванда оварда расонад.

“Тоҷикистон, ки дар як буҳрони амиқи иқтисодӣ ва сиёсӣ қарор дорад, дар сурати ба зудӣ андешида нашудани чораҳои рафъи муноқиша, ба таҳкими ҳаракатҳои ифротгароӣ ва муҳоҷирати оммавии мардум дучор мешавад. Таназзули иқтисодӣ ва саркӯбҳои сиёсӣ барои радикализатсия заминаи мусоид фароҳам меорад, ки метавонад на танҳо кишвар, балки минтақаро низ ноором созад” – омадааст дар Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон.

Ҷунбиш ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда, ки ба режими имрӯзаи Тоҷикистон барои баргузории интихоботи озоду одилона бо ширкати тамоми нерӯҳои сиёсӣ фишор оваранд.

Дар баробари ҷонибдорӣ аз муколамаи мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, ҷунбиш аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ даъват мекунад, ки дар бораи ҷиноятҳои ин режим, аз қабили қатли ом ва шиканҷа тафтишот оғоз кунанд ва Эмомалӣ Раҳмону атрофиёнашро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ин бори аввал нест, ки як созмони мухолиф талаби озоди маҳбусони сиёсӣ ва қатъи саркӯбҳо дар Тоҷикистонро мекунад, аммо ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин талабу дархостҳоро нодида гирифта, то ҳанӯз ба саркӯбҳо идома медиҳад.

Тоҷикистон талош дорад сармояи Кувайтро дар иқтисоди кишвар ҷалб кунад

0

Тоҷикистон талош дорад, ки бархе созмонҳои молии давлати Кувайт дар иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, ки Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт 15-уми октябр бо ҳадафи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ бо Валид Шимлон ал-Баҳар, мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, иштироки Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳимми кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.

Пеш аз ин рӯзномаи электронии ал-Бурсаи Кувайт иттилоъ дода буд, ки ҷониби Тоҷикитсон ва Кувайт дар дидорҳои қаблии худ “роҳҳои таҳкими ҳамкории муштараки ду кишвар ва сармоягузории хориҷӣ, ки рушди ду кишварро дастгирӣ мекунад, баррасӣ шуд.”

Ба гуфтаи бархе шахсони огоҳ, сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт ба хотири ихтисос додани баъзе пулҳо ба тарҳҳои иқтисодӣ дар зодгоҳаш ноҳияи Айнӣ ба сӯиистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Вале бо вуҷуди ин, вай яке аз фаъолони дипломатии Тоҷикистон дар байни дигар сафирҳои кишвар аст, ки барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон талошҳои зиёдеро анҷом медиҳад.

Созишномаи кумаки 15 миллионии БОР ба Тоҷикистон имзо шуд

0

Рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиёӣ созишномаи грантӣ барои маблағгузории чанд лоиҳа ба имзо расид.

Тавре расонаҳои давлатии Тоҷикистон хабар медиҳанд, созишномаро Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Рушди Осиёӣ хонум Шенни Кемпбал ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, БРО бо имзои ин созишнома барои анҷоми лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ – маблағгузории иловагӣ” 15 миллион доллари амрикоӣ дар шакли грант ба Тоҷикистон кумак мекунад мекунад.

Дар хабар таъкид мешавад, ки маблағҳои иловагии ҷалбшаванда дар “сохтмони 22 километр хатҳои нави интиқоли барқи 500-киловолта байни зеристгоҳҳои «Сирдарёи Нав»-и Ҷумҳурии Узбекистон ва «Суғд»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони ду хати нави 500-киловолта дар ҳарду зеристгоҳ” ва инчунин афзудани кормандони техникӣ, бахусус донишҷӯдухтарони коллеҷҳои техникии Тоҷикистон масраф мешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки БРО 8-уми октябри соли ҷорӣ аз тасвиб шудани маблағгузории иловагии грантии 15 миллион доллар барои Тоҷикистон хабар дода буд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз соли 1998 ба БРО пайваст. Аз он замон то кунун ин бонк ба Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун зиёда аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ кумак кардааст, ки аз ин миқдор 2,1 миллиардаш кумаки грантӣ будаанд.

Ба назари таҳлилгарон, мақомоти Тоҷикистон барои гирифтани чунин грантҳои бузург дар аввал ҷойҳои масрафшавии онро гузориш медиҳанд, аммо пас аз гирифтани маблағ дар куҷо харҷ шудани онро касе намедонад. Ва ҳечгоҳ мақомдорони Тоҷикистон барои мардуми кишвар гузориш намедиҳанд, ки чунин маблағҳои ҳангуфт куҷо мешаванд.

Толибон зомини амнияти Раҳмонов дар Бадахшон

0

Сафари кории раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба охир расид.

Дар ин сафари корӣ, ки рӯзҳои 12-14-уми октябр сурат гирифт, Раҳмон ба сохтмони чанд иншоот оғоз бахшиду якчанд иншооти дигаро боз кард ва бо сокинону фаъолон ва мақомдорони ВМКБ мулоқот кард.

Дар мулоқотҳо Эмомалӣ Раҳмон аз мубориза бо ифротгароӣ, сатҳи ҷиноят ва соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа гуфту мисли ҳамеша оморҳои иқтисодии имрӯзаро бо оморҳои 20-30 соли гузаштаи кишвар муқоиса кард.

Аз ҷумла, Раҳмонов иддао кард, ки дар даврони истиқлолият зиёда аз 37 ҳазор хонаводаи ин минтақа қитъаҳои замин гирифтаанд, ки ин се маротиба зиёдтар аз замони то соли 1991 мебошад.

Инчунин ӯ дар мулоқот бо сокинони Бадахшон ба рушди истеҳсоли саноатӣ ишора намуда, ки дар ҳудуди ВМКБ беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ сохта шудааст, ки аз онҳо 56 корхона танҳо дар ду соли охир фаъол шудаанд. Илова бар ин, Раҳмонов иддао кард, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 номгӯй дар соли 1991 то ба зиёда аз 60 номгӯй дар солҳои охир расидааст.

Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки дар соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 215 миллион сомонӣ расид, ки ин 3,5 баробар бештар аз соли 1993 мебошад. Аммо, Раҳмон гуфт, ки сарфи назар аз афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷми истеҳсолот, иқтидори саноатии минтақа ҳанӯз ҳам пурра истифода намешавад. Ӯ ҳукумати кишвар ва вазоратҳоро барои фаъолсозии корҳо дар самти истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, ки ВМКБ аз онҳо бой аст, дастур додааст.

Раҳмонов ҳамчунин аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа эрод гириф ва ба мақомоти маҳаллӣ супориш додааст, ки барномаи нави рушди сайёҳиро таҳия намоянд. Ба гуфтаи ӯ дар соли 2023 аз Бадахшон танҳо 50 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан кардааст, ки ин хеле камтар аз интизориҳост.

Дар суҳбатҳояш бо сокинони ВМКД Раҳмонов аз кам шудани сатҳи ҷиноят дар ин вилоят гуфта, ҳамзамон аз “ҳамроҳшавии баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла ҷавонон ва содиршавии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, бахусус аз ҷониби сокинони ноҳияи Ванҷ” изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ҳоло даҳҳо нафари онҳо барои содир намудани ин ҷиноятҳо дар кофтуков қарор доранд.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба ВМКБ сурат мегирад, ки мақомот бо дастури ӯ ва бо баҳонаи мубориза бо терроризму экстремизм дар солҳои 2021-2022 даҳҳо сокини бегуноҳи ин минтақаро ба қатл расонда, чандин фаъол, рӯзноманигор, ҳуқуқдон ва раҳбарони мардумии Бадахшонро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда буданд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ бо шарти наовардани номаш ба Azda.tv гуфт, ки мақомот пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ бо ҳукумати Толибон гуфтугӯ анҷом дода, иҷозаи мустақар шудани яке аз муовинони Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ ва 50 нерӯи вежаро дар ҳудуди Афғонистон (минтақае, ки бо ВМКБ ҳаммарз аст) барои таъмини амнияти раисҷумҳури Тоҷикистон гирифтаанд ва ин нерӯҳо то ба охир расидани сафари кории ӯ онҷо мустақар будаанд.

Додугирифти Ҳукумати Тоҷикистон бо Толибон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои ҷаҳонӣ аз хатари Толибон мегӯяду аз онҳо интиқод мекунад ва хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон аст. Ва аз сӯи дигар мақомоти Толибон ҳам пас аз 20 соли мубориза ва берун кардани нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Афғонистон ба як нерӯи хориҷӣ иҷозаи мувақаттан мустақар шуданро, медиҳанд, ки ба гуфтаи коршиносон баёнгари муносибатҳои хуби амниятии Тоҷикистону Толибон аст.

То ҳол ин хабарро мақомоти Тоҷикистону Толибон расман шарҳ надодаанд.

Таъсиси 33 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ

0

Тоҷикистон дар манотиқи душворгузари кӯҳистонии марз бо Афғонистон 33 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ таъсис додааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Дастгоҳи Президент, 14-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, ки назорат дар марз бо Афғонистон бояд пурзӯртар карда шавад.

Ба қавли манбаъ, Президенти Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ ва дигар мавзеъҳои ба мушкилӣ назоратшаванда гуфт, “вақтҳои охир иловатан 33 дидбонгоҳи сарҳадӣ таъсис дода шуд, ки боиси беҳтар шудани назорат гардид.”

Инчунин вай таъкид кардааст, ки то имрӯз зиёда аз 30 километр хатти сарҳади давлатӣ бо симтӯру симхор ва камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардида, то охири соли равон ин кор то беш аз 50 километр хоҳад расид.

Ба назари бархе таҳлилгарон, ду чизе, ки Эмомалӣ Раҳмонро бисёртар нигарон кардааст, яке гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи кормандони давлатӣ ва дигаре бо вуҷуди саркӯбҳои шадид ва қатли оммҳо дар солҳои гузашта, ҳанӯз сатҳи бедорӣ дар байни мардуми вилоят нисбат ба бархе минтақаҳои дигар зиёдтар ба назар мерасад, ки ӯро хеле нигарон кардааст ва дар ин мавридҳо бо нороҳатии бештар суҳбат мекунад.

Гуфта мешавад, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 12-уми октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, имрӯз ба поён расид. Вай дар рафти ин сафари худ то ҳадде, ки тавонист дастовардҳои ҳукумати 33-солаашро таърифу тавсиф карду аз сӯи дигар болои мардум ва сокинони ин вилоят миннат карда, аз ҷумла гуфт, ки дар ин муддат истеҳсоли шир дар сатҳи ин вилоят 2 баробар зиёд шудааст.

Беш аз 70 кушта ва захмӣ дар ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ” ба пойгоҳи низомии Исроил

0

Шоми дирӯз дар пайи ҳамлаи паҳподии “Ҳизбуллоҳ” ба ошхонаи сарбозони пойгоҳи низомии Гулонӣ дар шимоли Исроил 4 сарбози исроилӣ кушта, дасти кам 67 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии 9 сарбози захмишуда бисёр вахим аст. Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, ин пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Бинёмино, шимоли Исроил ва тақрибан 65 километр дуртар аз марзи Лубонон воқеъ аст.

Артиши Исроил мегӯяд, сомонаҳои падофанди ҳавоии ин кишвар натавонистанд паҳподи “Ҳизбуллоҳ”-ро шиносоӣ ва раҳгирӣ кунанд. Ва тахмин зада мешавад, ки шояд ба сабаби парвози пасти ин паҳпод шиносоӣ нашудааст. Аммо паҳпод, ки бо худ то 40 кило маводи таркандаро мебардошт, пеш аз мунфаҷир шудан, мушакеро ба сӯи ҳадаф партоб карда буд.

Расонаҳои Исроил мегӯянд, ҳамлаи паҳподии “Ҳизбуллоҳ” ҳамаро ғофилгир кард ва дар замони ҳамла ҳатто ҳеч занги хатаре дар минтақа фаъол нашуда буд.

Ҳамчунин артиши Исроил ин ҳамла паҳподиро яке аз маргбортарин ҳамлаҳо аз оғози ҷанг то кунун донистааст.

Пас аз чанд соати ин ҳамла артиши Исроил ба як бемористон ва як урдугоҳи паноҳандагон дар Ғазза ҳамали шадидеро анҷом дод, ки то кунун 3 нафар ҷон бохта, даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Ҳамла боиси оташ гирифтани хаймаҳо ва тамоми ашёи паноҳандагон шудааст.

Дар ин авохир Исроил ҳамалоти худро ҳам ба Лубнон ва ҳам ба Ғазза ва ҳатто ба марзҳои Сурия шиддат бахшидааст.

Таҳдид ба журналистон: “Бегоҳӣ дар кӯчаҳо эҳтиёт шаванд!”

0

Хабаргузории “Азия-Плюс” аз таҳдиди муовини мудири литсейи рақами 5-и Душанбе ба кормандонаш шикоят кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 11-уми окятбри соли 2024 Файзалӣ Содиқов, муовини мудири литсейи рақами 5-и шаҳри Душанбе баъди нашри як мақолаи интиқодӣ ба дафтари “Азия-Плюс” рафта, кормандони онро таҳдид кардааст.

Ба қавли манбаъ, Файзалӣ Сиддиқов дар раъси як гурӯҳи тақрибан 20-нафарӣ иборат аз волидайни хонандаҳо ба идораи дафтари “Азия-Плюс” рафта, бо лаҳни тунд талаб намудааст, ки мақола аз саҳфаҳои ин расона бардошта шавад, вале вақте ҷавоби рад гирифтааст, кормандонро таҳдид кардааст, ки “бегоҳӣ дар кӯчаҳо эҳтиёт шаванд.”

Ин баҳс аз шикояти як сокини шаҳри Душанбе сар зад, ки гуфта буд, мактаб маблағ барои дарсҳои нододаи фарзандашро талаб кардааст. “Азия-Плюс” ибрози нигаронӣ кардааст, ки амнияти кормандонаш дар хатар аст. То ҳол ҷониби литсей ва Раёсати корҳои дохилӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Дар шароити кунунии Тоҷикистон таҳдид ба журналистон, блогерҳо ва ҳама касоне, ки метавонанд аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз озору азияти мардум тавассути мақомот ва дигар кормандони давлатӣ ва дарду ранҷи сокинон гап бизананд, хеле маъмулӣ шудааст.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон борҳо эълон кардаанд, ки ҳамагуна пулситониҳои ғайриқонунӣ аз ҷайби хонандаҳо хилофи қонунгузорӣ ва ҷурм дониста мешавад, вале масъулин бо сабаби кам будани маоши кормандони муассисаҳои идорӣ роҳҳои дигареро пеш гирифтаанд. Дар хеле аз мактабҳои кишвар бо баҳонаи таъмиру харидани пардаву таҷҳизоти гармидиҳӣ ва ба ном дарсҳои иловагӣ аз ҷайби мардум пул меситонанд, ки ин чизҳо мардумро асабонӣ ва нороҳат кардааст.