Хона блог саҳифа 125

Сокинони Ғазза: “Қиёматро бо чашми сар дидем”

0

Бархе аз сокинони Ғазза ба расонаҳо гуфтаанд, аз шиддати бомборонҳои Исроил чунон вазъият ҳавлнок шуд, ки гумон кардем қиёмат барпо шудааст.

Ҳамчунин яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Ғазза дар шабакаи Х навишта, ки “Мо дар Хон-Юнус давоми беш аз ним соат аз даҳшатҳои рӯзи қиёматро ба тамоми маъно таҷриба кардем. Тамоми анвоъи ҳавопаймоҳо ва бомборонҳои сахттарин вуҷуд дошт.”

Сокинони Ғазза дар ҳоле аз вазъияти тарсноки ин борика нақл кардаанд, ки Исроил давоми ду-се рӯзи гузашта, бахусус сухбҳи рӯзи душанбе шаҳри Хон-Юнуси Ғаззаро мавриди ҳамлаи ҳавоии шадиде қарор дода, беш аз 30 нуқоти онро ба шиддат бомборон кард.

Дар пайи ин ҳамлаҳои сахт наздики 150 зану кӯдаки бегуноҳи аҳолии ин борика кушта шуда, захмиёни зиёде ба бемористонҳои аз фаъолият бозмонда муроҷиат кардаанд.

Ҳамчунин расонаҳои исроилӣ аз мақомҳои низомии ин кишвар хабар медиҳанд, ки артиш амалиёти шадидро барои озодии гаравгонҳо оғоз карда, ҳатто бо либосҳои занона дар байни аҳолии Хон-Юнус ворид шуданд, аммо натиҷа надод.

Манбаъ гуфта, ки нерӯҳои исроилӣ мехостанд бо анҷоми ин амалиёт яке аз фармондеҳони гурӯҳи Қассом – шохаи низомии ҲАМОС-ро боздошт кунанд ва гаравгонҳоро озод созанд, аммо ҳангоми амалиёт маълум шуда, ки онҷо на фармодеҳи ҲАМОС вуҷуд дошта ва на гаравгоне.

Гуфта мешавад, ки имрӯз мақомҳои артиши Исроил фаромни кӯчондани иҷбории мардуми Хон-Юнусро содир кардаанд. Ҳоло нерӯҳои артиш аҳолиро маҷбур доранд, ин минтақаро тарк кунанд.

Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, рӯзҳои ахир артиши ин кишвар амалиёти махсусеро дар Ғазза роҳандозӣ кардааст. Хусусан ин амалиёт пас аз сафари Трамп ба кишварҳои арабӣ ва гуфтушунидҳо дар мавриди созиши Исроил бо ҲАМОС афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши шабакаи 12-и Исроил, музокироте, ки пас аз сафари Трамп дар Доҳаи Қатар барои расидан ба оташбас ва озодсозии гаравгонон оғоз шуда буд, ба бунбасти комил расидааст. Яке аз мақоми расмии исроилӣ дар суҳбат бо ин расона изҳор дошта, ки “музокирот ба бунбаст расидааст. Исроил омода нест ҳеч замонате барои поён додани ҷанг ба ҲАМОС бидиҳад. Аммо ҲАМОС ба масъалаи поён додани ҷанг ва хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза пофишорӣ дорад.”

Ин изҳорот дар ҳолест, ки фишорҳои байналмилалӣ барои расидан ба тавофуқ ва қатъи даргириҳо дар Ғазза ҳамчунон идома дорад. Дар паҳлуи ин талошҳо, нигарониҳо дар бораи буҳрони инсонӣ дар Ғазза низ ба таври шадид афзоиш ёфтааст.

Ба назари коршиносон, ба бунбаст рӯбарӯ шудани музокирот раванди миёнҷигариеро, ки бо пуштибонии Миср, Қатар ва Иёлоти Муттаҳида пайгирӣ мешавад, норӯшан карда, эҳтимоли расидан ба оташбас ва тавофуқи қатъи фаврии ҷангро коҳиш додааст.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати беҳдошти Ғазза зимни эълони имрӯзааш гуфт, давоми 24 соати гузашта дар пайи бомборонҳои шадиди Исроил 148 нафар кушта шуда, беш аз 200 каси дигар захмӣ шудааст. Ба гуфтаи ин ниҳод ҷасадҳое зери овораҳо вуҷуд дорад, ки омори дақиқи он маълум нест.

Ба гузориши ин ниҳод, аз оғози ҳамлаҳои бераҳмонаи Исроил ба Ғазза то имрӯз 53 ҳазору 339 нафар кушта шудаанд, ки беш аз 70% онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Инчунин то ин муддат омори захмиён марзи 121 ҳазорро гузаштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ, дар Ғазза қариб ки дигар беморхонае барои табобати захмиёну беморон вуҷуд надорад.

Истирдоди зодагони Язгулом аз Русия ва боздошти онҳо дар Тоҷикистон

0

Пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, номи боздоштшудаҳо дар рӯйхати ҷустуҷӯи мақомоти тоҷик қарор доштааст ва ҳангоми пардохти ҳаққи патент дар Идораи патентдиҳии шаҳри Маскав дастгир шудаанд.

Мақомоти тоҷик ҳоло онҳоро дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе нигаҳ медорад ва пайвандонашон ба онҳо либосу ғизо бурдаанд, аммо то ҳол иҷозати мулоқот бо наздиконашонро нагирифтаанд.

Ба гуфтаи наздиконашон, боздоштшудаҳо сокинони деҳаи Будуни ҷамоати Язгулом буда, барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон дар Русия кор мекардаанд.

То ҳол мақомот дар мавриди боздошт ва истирдоди ин чаҳор сокини Язгуломро чизе нагуфтаанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти кишвар зодагони Язгуломро ба таври гурӯҳи боздошт мекунанд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ, мақомоти Тоҷикистон беш аз 20 сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо, ки бештарашон хешу табори ҳам будаанд боздошт карда, танҳо як нафарашонро озод кардаанд

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки онҳо, “барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон омодагӣ медиданд”, вале наздикони боздоштшудаҳо ин иттиҳомро рад кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби боздошти сокинони маҳаллаи “Дарвоз”-ро шарҳ надодаанд.

Пештар аз ин низ дар моҳи майи соли 2024 Azda.tv аз амалиёти вежаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар водии Язгуломи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боздошти беш аз 20 сокини ҳамин водӣ хабар дода буд.

Пас аз муддате хомушӣ Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи 2024 ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки мақомот 27 нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд ва 4 нафари дигарро дар берун аз кишвар меҷӯянд.

Вале моҳи декабри соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро бо иттиҳоми фаъолияти ифротгароӣ аз 2 то 23 сол маҳкум ба ҳабс кард. Назари худи маҳкумшудаҳо то ҳол дастрас нест.

Дар Душанбе шавҳар зани худро бо корд зад

0

Бо сабаби даргирии хонаводагӣ як мард дар Душанбе ҳамсари худро бо чанд зарби корд захмӣ кардааст.

Кормандони шуъбаи корҳои дохилии No2-и ШВКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокини 31-солаи пойтахт Бобомуродов Бобоҷонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти хусусияти авбошӣ дастгир намуданд.

Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар доданд. Тибқи иттилои тафтишот, Бобомуродов 15-уми марти соли равон ҳангоми дар манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Ҷавлибой бо ҳамсараш, сокини 38-солаи Душанбе Бобомуродова М., муноқишаи оилавӣ карда, ҳангоми муноқиша занро латтукӯб намуда, ба қисматҳои гуногуни баданаш чанд корд задааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Гумонбаршуда боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, нисбати марди боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомот гуфтаанд, барои муайян кардани тамоми ҳолатҳои ҳодиса кор бурда истодаанд.

Муноқишаи хонаводагӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуҳои доғ боқӣ монда, занҳои зиёде аз ин мавзуъ ба ниҳодҳои дахлдор шикоят мекунанд. Равоншиносон яке аз сабабҳои сар задани муноқишаи оилавиро фишорҳои равонӣ ношӣ аз вазъи иқтисодии хонавадаҳо ва камсаводиии шаҳрвандон медонанд.

СММ хостори озодии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

0

Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигор ва модари зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро талаб кард.

14-уми майи соли ҷорӣ, СММ иттилоияеро нашр кард, ки дар он Гузоришгари вежаи СММ дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи инсон Мэри Лолор аз маҳкум шудани рӯзноманигор, ҳомии ҳуқуқи занон ва модари ду кӯдаки хурсол Рухшона Ҳакимова ба зиндон, изҳори нигаронӣ намудааст.

Хонум Лолор аз мақомоти Тоҷикистон озод намудани фаврии Ҳакимова ва таъмини бознигарии одилонаи парвандаи ӯро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ талаб кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 5-уми феврали соли 2025 Додгоҳи олӣ дар мурофиае пушти дарҳои баста Рухшона Ҳакимоваи 31-соларо бо иттиҳоми сохтаи хиёнат ба давлат ба ҳашт соли зиндон маҳкум карда буд.

Дар иттилоияи СММ омадааст, ки на худи Рухшона ва на вакили дифоъ моҳҳо дар бораи мазмуни парванда огоҳ набуда, ба ҳуҷҷатҳои он дастрасӣ надоштанд ва вакили дифоъ наметавонист бо ӯ пас аз мурофиа мулоқот кунад, ё ҳатто нусхаи ҳукмро бигирад.

То ҳол маълум нест, мақомот чаро ин рӯзноманигорро бо ин иттиҳомоти сангин гунаҳкор кардаанд. Аммо як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дода, гуфтааст, ки “баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд”. Аммо гуфта мешавад, ки саволҳои ӯ умумӣ буда, ба маълумоти махфӣ дахл надоштанд.

Хонум Лолор мегӯяд, ки муҳокимаи Рухшона Ҳакимова эҳтимолан аз меъёрҳои адолати байналмилалӣ фарсахҳо дур буд ва ин нигаронии ҷиддиро ба миён меорад, ки ӯ на барои кирдори ҷиноӣ, балки барои фаъолияти қонунии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ҳадаф қарор гирифтааст.

Инчунин гуфта мешавад, додгоҳ пас аз шикояти кассатсионӣ низ ҳукмро бетағйир боқӣ монда, аз иваз кардани ҳукми зиндон ба ҷазои алтернативӣ худдорӣ намудааст. Ин ҳукми сангин дар ҳолест, ки Ҳакимова модари ду кӯдаки хурдсол — як духтари дуюнимсола ва писари нӯҳмоҳа аст. Ғайр аз ин, қарор содир шудааст, ки тамоми амволи ӯ мусодира гардад, ки оилаи ӯро ба вазъи молиявии ногувор дучор кардааст.

Лолор ҷудо кардани ӯро аз кӯдаконаш аламовар ва манъи мулоқот бо ӯро тасаввурнопазир номидааст. Ба гуфат ӯ, чунин муносибат метавонад модарон ва занони дигарро аз фаъолияти рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқӣ боздорад.

Дар охири ин иттилоия гуфта шудааст, ки Гузоришгари вежаи СММ дар робита ба ин масъала бо ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот қарор дорад.

Бояд гуфт, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии Рухшона Ҳакимова ва дигар маҳбусони сиёсиро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида гирифта, саркӯби дигарандешонро дар кишвар бештар дорад.

Меҳмони набераи Президентро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд

0

Мақомоти Русия блогери озаритабори 30-сола Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов)-ро барои шустушӯи пул ва напардохтани андоз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ додаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, Ҳасанов аз соли 2019 то 2021 аз пардохти андоз ба маблағи беш аз 170 миллион рубл саркашӣ карда, танҳо 20 миллион рубли онро тавассути як қатор амалиётҳои молиявӣ қонунӣ гардонда, баъдан Русияро тарк кардааст. Ҳоло макони будубошаш дақиқ нест.

Аммо худи Ҳусейн Ҳасанов дар шабакаҳои иҷтимоии гуфтааст, ки ҳама андозро ҳанӯз соли гузашта супоридааст ва ҳуқуқшиносони ӯ барои ҳалли ин қазия кор бурда истодаанд.

Гуфта мешавад, Ҳусейн Ҳасанов блогери озаритабор буда, дар Русия ба дунё омадааст. Ӯ дар саҳфаи инстаграмаш беш аз 30 миллион дунболкунанда дошта, бо наворҳояш ва баргузор намудани лотореяҳо бештар миёни мардум шинохта шудааст.

Ин блогер моҳи апрели соли 2023 бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи раисҷумҳури кишвар ва раиси Федератсияи ҷудо ба Тоҷикистон омадааст. Ӯро дар Тоҷикистон дар сатҳи як президент пешвоз гирифтанд, ки вокуниши корбарон ва мардумро ба бор оварда буд.

Мукофотпулӣ барои ёфтани муҳоҷирони “ғайриқонунӣ”

0

Думаи давлатии Русия барои шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирони “қонуншикан” хабар медиҳанд, мукофотпулӣ муайян мекунад.

Ин пешниҳод аз ҷониби вакилон аз ҳизби “Одамони нав” ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст. Вакилон дар ин тарҳ пешниҳод кардаанд, ба шаҳрвандоне, ки дар бораи вайронкуниҳои қонунгузории муҳоҷират аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти дахлдор хабар медиҳанд, мукофотпулӣ ҷорӣ карда шавад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, муаллифони ин ташаббус Владислав Даванков, Ярослав Самилин ва Владимир Плякин буда, тарҳ ба Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколстсев фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, барои гирифтани ин мукофотпулӣ, маълумоти пешниҳодшуда бояд далелҳои қавӣ дошта бошад ва дар сурати тасдиқи он шаҳрванд метавонад барои ҳар як муҳоҷири “ғайриқонунӣ”-и хабар кардааш, мукофот гирад.

Инчунин вакилон пешниҳод кардаанд, ки ҷаримаҳо барои вайронкунандагони қоидаҳои муҳоҷират сахттар карда шаванд.

Аз ҷумла, барои ҳолатҳое, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ қарор дар бораи ихроҷи маъмурӣ қабул мешавад, ҳаҷми ҷарима бояд аз 2–7 ҳазор то 100 ҳазор рубли русӣ баланд бардошта шавад ва илова бар ин, ҳама амволи муҳоҷир, аз ҷумла маблағҳои пулии ӯ, бояд ба фоидаи давлат мусодира карда шаванд.

Вакилон гуфтаанд, ки бояд нисфи даромади ба дастомада аз ҷарима ва мусодира бояд ба он шаҳрванд дода шавад, ки муроҷиати ӯ сабаби боздошт ва ихроҷи муҳоҷири ғайриқонунӣ гардидааст.

Ба андешаи вакилон, ҳавасмандии молиявӣ шаҳрвандонро водор месозад, ки фаъолона дар бораи ҳолатҳои будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.

Пештар аз ин низ вакил Сергей Каргинов пешниҳод карда буд, ки барои маълумот дар бораи зисти ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ 100 ҳазор рубл ба “хабаркаш” пардохт карда шавад.

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи муҳоҷират, агар ин қонун қабул шавад, бо умеди дарёфти мукофот эҳтимоли зиёд шудани шикоятҳои бардурӯғ аз болои муҳоҷирон вуҷуд дорад, ки ин корро дар байни ҷомеаи Русия бегонаситезиро шиддат мебахшад.

Ҳатто бе қабули ин қонун ҳам дар аксар минтақаҳои Русия гурӯҳҳои бо рӯҳияи радикалӣ ба мисли ҳаракати миллатгароёи “Русская община” фаъол гаштаанд. Онҳо рейдҳои ба ном “гаштҳои шаҳрвандӣ” гузаронда, ҳуҷҷатҳоро асосан аз рӯйи намуди зоҳирӣ санҷида, нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус зодагони Осиёи Марказӣ бадрафторӣ мекунанд ва наворҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Қабули қонуни мазкур метавонад ба чунин амалҳо ҳукми қонуният бахшад.

Шикояти як модари тоҷик аз корманди тоҷике дар Фурӯдгоҳи Жуковский

0

Як зани тоҷик бо нашри навори видеоие аз рафтори як корманди Фурӯдгоҳи Жуковскийи шаҳри Маскав, ки зоҳиран ӯ ҳам тоҷик будааст, изҳори норозигӣ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо қасд доштанд 4 кило борро ба таври ройгон тавассути як ҳамватани дигар фиристанд, аммо ин корманди фурӯдгоҳ бо вуҷуди ҳамзабон ва ҳаммиллат будан, ба ин кор иҷозат надод ва баръакс, талаб кардааст, ки барои интиқоли бор маблағ пардохт шавад.

Ин навор вокуниши зиёди корбаронро дар фазои маҷозӣ ба бор овардааст. Бисёре аз корбарон чунин рафторро нисбат ба ҳамватани худ “шармовар” хонда, аз мақомоти дахлдор хастанд, нисбати ин корманд чора андешанд.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз рафторҳои ҳамватанони худ дар Русия шикоят мекунанд. Қаблан ҳам наворҳое нашр шуда буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз фиреб хӯрдан надодани дастмуздашон тавассути ҳамватани худ шикоят карда буданд.

Мухолифон поймолшавии ҳуқуқи инсон аз ҷониби кишварҳои ОМ-ро баррасӣ кардан

0

Гурӯҳе аз мухолифони тоҷики муқими Аврупо зимни нишасте аз дахолатҳои мустақими Русия дар умури кишварҳои Осиёи Маракзӣ интиқод карданд.

Нишасти мухолифони тоҷик рӯзи 13-уми май дар пойтахти Литва шаҳри Вилнюс бо ҳузури бархе созмону шахсиятҳои сиёсии минтақа баргузор шуд. Ин ҳамоиш аз сӯи Бунёди дифоъ аз демокросӣ дар Осиёи Марказӣ (FFDDCA), ки раҳбариашро Шарфоддин Гадоев, яке аз мухолифони тоҷики муқими Аврупо бар уҳда дорад, роҳандозӣ шуд.

Ҳамоиш зери унвони “таҷовузи Русия ба хоки Украина ва густариши нуфузи он дар Осиёи Марказӣ” номгузорӣ шуда буд. Асосан масъалаи поймол шудани ҳуқуқи инсон аз сӯи режимҳои зери ҳимояи Кремлин ва паёмадҳои таблиғотии Русия дар минтақа баҳсу баррасӣ шуд. Ба назари масъулони ҳамоиш “идомаи таҷовуз Русия ба хоки Украина на танҳо барои Аврупо Шарқӣ, балки барои минтақаи васеи кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус Осиёи Марказӣ оқибатҳои ногувор хоҳад дошт”.

Дар конфронс сиёсатмадорон, коршиносони амниятӣ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Аврупову Осиёи Марказӣ иштироку суханронӣ карданд. Суханварон аз Узбекистон ва Туркманистон дар бораи вазъияти кишварҳояшон гузориш доданд.

Раҳмон Абдусамӣ, ҳомии ҳуқуқи инсон ва коршинос аз Узбекистон зимни суханронияш бо изҳори тааҷҷуб гуфт, ки солҳои қабл режими Тоҷикистон роҳҳои фишору таъқиби мунтақидонашро аз Узбакистон меомӯхт, аммо ҳоло дар ин ҷода режими Эмомалӣ Раҳмон ба маротиб аз Узбекистон пеш рафтааст.

Ин аввалин чунин ҳамоише аст, ки аз сӯи бунёди зери раҳбарии Шарфоддин Гадоев пас аз хориҷ шуданаш аз ПМТ – эътилофи қисме аз мухолифони тоҷик дар Аврупо роҳандозӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Шарфоддин Гадоев бо нашри матлабе дар саҳфаи фейсбукияш аз сафар карданаш ба Афғонистон, ки ҳоло зери раҳбарии Толибон қарор дорад, хабар дода буд. Ӯ мегуфт, бо даъвати як созмони ҷамъиятӣ ба ин кишвар рафтааст ва бештар масъалаи равобити шаҳрвандони ду кишвар баррасӣ гашт. Аммо Гадоев дар конфронси Вилнюс ба масъалаи мушаххасе перомуни сафараш ба Кобул нақл накард.

Дар Тоҷикистон дигар барои “лайк” зиндонӣ намекунанд?

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунеро имзо кард, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани “писанд”-у “бознашр”-ро бекор мекунад.

Хадамоти матбуотии Президент менависад, ки имрӯз, 14-уми май раисҷумҳур чанд қонуни наверо ба имзо расонид, ки яке аз онҳо дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки муҷозот барои гузоштани аломатҳо дар фазои маҷозиро бекор мекунад.

Имзои иловаҳо ба ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолест, ки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябри соли 2024 зимни чорабиние дар шаҳри Душанбе эътироф карда буд, ки муҷозоти шаҳрвандон ба хотири “лайк” гузоштан зери навору гузоришҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ беасос аст ва аз ин падида интиқод карда буд.

Ба гуфтаи расонаҳо, пас аз интиқодоти Раҳмон вакилони парлумон 10-уми апрел ба Кодекси ҷиноятӣ дар ин бора илова ворид карданд ва сипас 13-уми май қонунҳо аз тарафи Маҷлиси миллӣ пазируфта шуданд. Ҳоло пас аз имзои Эмомалӣ Раҳмон ва эълони он дар матбуоти расмӣ ин моддаҳо ҳукми қонунӣ мегиранд.

То ҳол маълум нест, ки пас аз имзои ин қонунҳо нафарони зиндонишуда ба хотири “лайк”-у бознашр, ки миёни онҳо рӯзноманигору фаъолон ва ҳатто занон ҳастанд ва аксарашон барои гузоштани шарҳу “лайк” дар зери навору навиштаҳои мухолифону расонаҳои дар табъид қарордошта зиндонӣ шудаанд, бегуноҳ дониста мешаванд ё хайр? 

Бори аввл Умед Каримзода, муовини аввали додситони кул эътироф карда буд, ки то ҳол беш аз 1,5 ҳазор нафар бо иттиҳоми гузоштани “лайк” дар зери навору гузоришҳои “мамнуъ” дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доранд.

Бар асоси моддаҳои 179, иловаи 3 ва 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ шаҳрвандон то ҳозир барои мондани “лайк” ва дигар амалҳои диҷиталӣ бо иттиҳомоти мухталиф ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд.

Дар гузашта Каримзода ба парлумон тарҳеро пешниҳод карда ва аз вакилон хоста буд, ки ба моддаҳои 179 (терроризм) ва 307 (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳо ворид намоянд ва “ҷавобгарии ҷиноӣ барои гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳо” пурра бардошта шавад.

Бояд гуфт, Тоҷикситон борҳо аз сӯи созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ барои муҷозот намудани шаҳрвандон ба хотири “писандидану ба дигарон фиристодани наворҳо дар интернет” танқид шудааст.

Фарзандони муҳоҷирон ба имтиҳони забони русӣ роҳ дода нашуданд

0

Мақомоти Русия аксар фарзандони муҳоҷиронро ба имтиҳони забони русӣ барои шомил шудан ба мактабҳои ин кишвар роҳ надодаанд.

Бино ба иттилои раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, аз миёни 1762 кӯдаки муҳоҷир, ки барои супоридани имтиҳони забони русӣ ба хотири дохил шудан ба мактабҳои Русия худро номнавис карданд, танҳо 335 нафар иҷозати иштирок дар имтиҳонро гирифтанд. Ба иддаои ӯ ба беш аз 81% онҳо бо сабаби нодуруст ё қалбакӣ будани маълумот дар ҳуҷҷатҳояшон, иҷозаи иштирокро надодаанд.

Бо вуҷуди бе ин ҳам кам роҳ ёфтан, танҳо 44 нафар ба даҳ нуқтаи имтиҳонгирӣ рафта, 27 нафарашон тавонистанд имтиҳонро бомуваффақият супоранд.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин мегӯяд, ки ин натиҷаҳо самаранок будани талаботи навро нишон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2024 ба ин сӯ дар Думаи давлатии Русия беш аз 15 қонуни марбут ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ қабул шуда, аллакай ба иҷро даромадаанд, ки шароити вазинин муҳоҷиронро боз ҳам вазнинтар карда истодаанд.

Аз ҷумла, тибқи яке аз қонунҳо, ки онро раисҷумури Русия Владимир Путин дар моҳи декабри соли 2024 тасвиб карда буд, фарзандони муҳоҷирон танҳо дар сурате ба мактаб қабул карда мешаванд, ки будубоши онҳо дар Русия қонунӣ бошад ва сатҳи дониши забони русии онҳо тавассути имтиҳон тасдиқ гардад.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор дода буданд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо раиси Дума Володин назорат аз болои татбиқи ин қонунҳоро муҳим дониста, мегӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ислоҳоти иловагӣ ворид карда мешаванд.