Хона блог саҳифа 14

Ду рӯзноманигори тоҷик баъди афв озод шуданд: яке ба соҳибкорӣ, дигаре ба табобат машғул мешавад

0

Ду рӯзноманигори тоҷик — Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 18-уми июл бар асоси Қонуни афв аз зиндон озод шуданд.

Завқибек Саидаминӣ пас аз раҳоӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз озодӣ эҳсос мекунад, ки «ба дунёи дигар омадааст». Ӯ афзуд, ният дорад ба соҳибкорӣ машғул шавад ва пеш аз ҳама ба аёдати наздиконаш равад, зеро дар давраи ҳабс як амак ва як аммааш аз дунё гузаштаанд.

Саидаминӣ ҳамчунин гуфт, муносибати кормандони муассисаи ислоҳӣ нисбат ба ӯ ва рӯзноманигор Далери Имомалӣ хуб буд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар фаъолияти клуби фарҳангии зиндон ҳамкорӣ мекарданд.

Ӯ инчунин аз сарнавишти дигар рӯзноманигорони маҳкумшуда низ хабар дод. Ба гуфтаи Саидаминӣ, дар ҳамон муассисаи ислоҳӣ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Аҳмади Иброҳим, Хушрӯз (Хушом) Ғуломов, Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода низ адои ҷазо мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси Қонуни афв муҳлати ҳабси Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Аҳмади Иброҳим се сол ва муҳлати ҳабси Хушрӯз Ғуломов як сол кам карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ пас аз озодӣ дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, ки субҳи 18-уми июл аз Тавқифгоҳи тафтишотии рақами 1 (СИЗО-1), маъруф ба «критий», раҳо шудааст. Ӯ гуфт, ҳоло қасд дорад пеш аз ҳама ба табобати худ машғул шавад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли соли 2022 боздошт шуда, моҳи декабри ҳамон сол бо иттиҳоми «даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии экстремизм» ба ҳафт соли зиндон маҳкум гардида буд. Худи ӯ ин иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ медонист.

Ҳар ду рӯзноманигор соли 2022 боздошт ва маҳкум шуда буданд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва расонаӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки онҳоро озод кунанд. Мақомоти Тоҷикистон бошад, таъкид мекарданд, ки парвандаҳои онҳо хусусияти ҷиноятӣ доранд ва ба фаъолияти касбии онҳо иртибот надоранд.

Мақомот: Муҳоҷирати корӣ 1,7 дарсад коҳиш ёфт, аммо шумораи расмии бекорон афзуд

0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли 2026 муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвар ба хориҷ 1,7 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо ҳамзамон шумораи расмии бекорон дар дохили кишвар афзоиш ёфтааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон, рӯзи 20 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, муҳоҷирати кории тоҷикон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад кам шудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ аз ифшои шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ худдорӣ карда, гуфт, ки ин маълумотро бояд аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дархост кард.

Дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи сабаби нашр нашудани омори муҳоҷирон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки ба гуфтаи ӯ, чунин маълумот метавонад аз ҷониби бархе расонаҳо ва таҳлилгарон нодуруст шарҳ дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони Вазорати меҳнат низ чанде пеш аз ифшои шумораи муҳоҷирон худдорӣ карда буданд. Аз аввали соли 2025 мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷирати меҳнатиро дигар мунтазам нашр намекунанд ва қаблан низ эълон шуда буд, ки ин маълумот ба гурӯҳи маълумоти маҳдуд дохил карда шудааст.

Ҳамзамон, Оҷонси омор хабар дод, ки то моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 57 ҳазор нафар расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 дарсад бештар мебошад. Аз ин шумора 27 ҳазор нафар, ё тақрибан 47 дарсад, занон мебошанд.

Ба гуфтаи мақомот, шумораи расмии бекорон танҳо ду дарсади аҳолии қобили меҳнатро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ хабар медиҳанд, онҳо ҳамоно омори умумии муҳоҷиронро нашр намекунанд. Аз аввали соли 2025 ин маълумот дигар дастраси умум нест ва мақомот сабаби маҳдуд кардани онро расман шарҳ надодаанд.

Ҳамзамон, дар солҳои охир муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо сахттар шудани қонунҳои муҳоҷират, тафтишҳои зиёд ва маҳдудиятҳои нав рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, моҳи майи соли ҷорӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев гуфта буд, ки ҳоло дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Аз курйерӣ дар Русия то асорат дар Украина – саргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон

0

Навори муроҷиати шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Азимзода Давлат Одина, ки ҳоло дар асорат дар Украина қарор дорад, ба дасти Azda.tv расид, ки дар он ӯ мегӯяд пас аз боздошт дар Русия маҷбураш карданд то бо Вазорати дифои ин кишвар шартнома имзо кунад ва сипас ба ҷанг алайҳи Украина фиристода шудааст. 

Ба гуфтаи Азимзода, то замони боздошт ӯ ҳамчун пайки (курйер) хизматрасонии “Яндекс.Еда” дар Русия фаъолият мекард ва як рӯз ҳангоми кор фармоише қабул мекунад, ки баъдан бекор мешавад. Ӯ мегӯяд, баъди чанде фармоишгар ба ӯ занг зада, иддао кардааст, ки фармоишро иштибоҳан бекор кардааст ва хоҳиш намудааст, ки бастаро ба ӯ расонад. Аммо Азимзода ҷавоб додааст, ки баъди бекор шудани фармоиш, он дигар ба пайк тааллуқ дорад ва агар хоҳиш дошта бошад, худаш омада онро бигирад.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки ба фармоишгар суроғаро равон кард, вале тақрибан як соат баъд ба ҷойи фармоишгар кормандони пулис омада, ӯро боздошт карданд. Баъдан, тавре худи ӯ иддао мекунад, ба ӯ хабар додаанд, ки дар дохили баста маводи мухаддир мавҷуд будааст.

Азимзода Давлат мегӯяд, пас аз боздошт ба ӯ пешниҳод карданд, ки бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома имзо кунад. Ба гуфтаи ӯ, масъулон гуфтаанд, ки дар сурати имзои шартнома ҳар моҳ 3 миллион рубл маош мегирад, аммо агар рад ҳам кунад, мефиристандаш, вале бе ҳеҷ гуна пардохт.

Ба гуфтаи ин шаҳрванди Тоҷикистон, баъд аз ин ба ӯ иҷозат додаанд, ки бо пайвандонаш тамос гирад. Наздиконаш ба ӯ гуфтаанд, ки вакили дифоъ мегиранд, зеро бовар доштанд, ки агар ӯ аз мавҷудияти маводи мухаддир дар баста огоҳ набошад ва танҳо вазифаи пайкиро иҷро карда бошад, метавон аз ҳуқуқаш ҳимоят ва ӯро озод кард. Аммо худи Азимзода мегӯяд, ки он вақт аллакай шартномаро имзо карда буд ва пайвандонаш низ гуфтаанд, ки дигар имкони кумак карданро надоранд ва тавсия додаанд, ҳамин ки имкон пайдо кард, худро ба асорат супорад. 

Сипас ӯро ба як полигони ҳарбӣ мефиристанд, ки онҷо тамринҳо аз соати панҷи субҳ оғоз шуда, то соати ҳафти бегоҳ идома мекарданд ва баъдм тамрин низ онҳоро то дергоҳ ба корҳои гуногун маҷбур мекарданд. Ба гуфтаи Азимзода, бо онҳо муносибати хеле бад мешуд ва ҳуқуқи онҳо риоя намегардид. Ӯ инчунин мегӯяд аксари афроди дар полигон ҳузурдошта маҳбусон ва шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон буданд ва чанд шаҳрванди Русия низ ҳузур доштанд, ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда буд.

Баъди муддате, воҳиде, ки ӯ дар ҳайати он қарор дошт, ба хати пеши ҷанг фиристода шуда, онҳоро барои кандани хандақҳо ва иҷрои корҳои дигар маҷбур мекарданд. Ӯ мегӯяд, дар гурӯҳи онҳо тақрибан 22 нафар буд, аммо аксари онҳо дар рӯзҳои аввал кушта ё сахт захмӣ шуданд. 

Азимзода мегӯяд, дар яке аз лаҳзаҳо аз иҷрои фармонҳо бо хомӯш кардани дастгоҳи бесим (ратсия) сарпечӣ карда, тавонист мавқеи худро тарк намояду шабро дар дарахтзоре рӯз кунад ва худро ихтиёран ба нерӯҳои украинӣ таслим кунад.

Ба иддаои ин муҳоҷири тоҷик , дар асорати Украина бо ӯ муносибати хуб мекунанд ва бо 3 вақт хӯрок ва дигар шароити зарурӣ таъмин аст.

Дар анҷоми муроҷиаташ Азимзода аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо даъват мекунад, ки бо Вазорати дифои Федератсияи Русия дар ягон шароит шартнома имзо накунанд. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони хориҷиро бештар ба хатарноктарин минтақаҳои ҷанг мефиристанд, ки эҳтимоли кушта шудан дар онҷо хеле болост. Ӯ ҳамчунин ба онҳое, ки аллакай нохоста ба ҷанг фиристода шудаанд, тавсия додааст, ки дар сурати пайдо шудани имконият, худро ба асорат супоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар асорати Украина бо асирони ҷанг муносибати хуб карда мешавад ва шароити зарурии нигаҳдорӣ фароҳам аст.

Бояд гуфт, Азимзода Давлат ягона зодаи Тоҷикистон нест, ки аз аз Русия ба ҷанги Украина фиристода мешаваду онҷо ба асорат меафтад. Пештар низ дар расонаҳо наворҳои чанд шаҳрванди Тоҷикистон нашр гардида буданд, ки сарбозони тоҷик пас аз ба асорати артиши Украина афтодан аз иштироки худ дар ҷанг изҳори пушаймонӣ карда, гуфтаанд, ки бо роҳҳои гуногун ба имзои шартнома бо Вазорати мудофиаи Русия водор шудаанд. Аксари онҳо низ аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват карда буданд, ки ба чунин шартномаҳо имзо нагузоранд.

Тибқи иттилои Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина «Хочу жить», то аввали соли 2026 дар ихтиёри ин ниҳод маълумоти шахсии беш аз 11 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Русия зидди Украина ҷангидаанд ё дар ин ҷанг кушта шудаанд. Аз ин шумора беш аз 3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бояд гуфт, ин танҳо маълумоти шахсии афродест, ки лоиҳаи “Хочу жить” дар дасташ дорад ва шумораи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия бар зидди Укриана ҷангида истодаанд ва ё кушта шудаанд, метавонад бамаротиб бештар бошад. Чун аввали соли 2025 раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия гуфта буд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор нафар дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Масъулони лоиҳаи «Хочу жить» ҳамчунин мегӯянд, ки мақомоти Русия зимни рейдҳо муҳоҷирони кориро боздошт намуда, дар баъзе мавридҳо онҳоро таҳти фишор, таҳдиди зиндон ё ихроҷ водор месозанд, то бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома имзо кунанд.

Пас аз ворид шудан ба артиш, тоҷиконро аксар вақт дар воҳидҳои ҷудогона ҷамъ карда, ба минтақаҳое равона месозанд, ки талафот дар онҷо махсусан зиёд аст ва ҳатто дар сурати анҷоми шартнома онҳоро аз хати ҷанг ба Русия барнамегардонанд. 

Пештар ба Azda.tv як сарбози тоҷик низ гуфта буд, ки шартномаи яксолааш бо Вазорати дифои Русия ба охир расид, аммо бо гузашти ду моҳ аз он ва навиштани даҳҳо ариза ва нома ба Додситонӣ ва Вазорати дифоъи Русия ба ӯ иҷоза надодаанд, ки аз минтақаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто натавонистааст рухсатӣ дарёфт кунад.

Ӯ ҳамчунин таъкид карда буд, ки вазъи руҳияш бад асту чашми чапаш хуб намебинад ва маълумотномаи духтур ва тавсифнома (характеристика)-и муовини фармондеҳи дастаи низомӣ (командири рота)-яшро ба даст овардааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, ҳақи идомаи ширкат дар ин ҷангро надорад.

Испания қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии 2026 шуд

0

Тими миллии Испания рӯзи якшанбе, 19 июл, дар финали Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 бо ҳисоби 1:0 бар Аргентина дар вақти иловагӣ ғалаба карда, бори дуюм дар таърихи худ унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Испания бори аввал соли 2010 соҳиби ин унвон шуда буд.

Вохӯрии ниҳоӣ дар варзишгоҳи MetLife (Ню-Йорк/Ню-Ҷерсӣ)-и Иёлоти Муттаҳида баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар дақиқаҳои иловагӣ, ҳамлакунандаи ивазшудаи Испания Ферран Торрес дар дақиқаи 106-ум голи ягона ва ҳалкунандаи вохӯриро ба самар расонд.

Дарвозабони Аргентина Эмилиано Мартинес дар ҷараёни бозӣ бо чандин наҷоти муҳим дастаашро дар рақобат нигоҳ дошт. Бо вуҷуди ин, бартарии Испания дар ниҳоят натиҷа дод ва тими Луис де ла Фуэнте тавонист пирӯзии таърихиро ба даст орад.

Тибқи омори расмӣ, Испания дар ин бозӣ 20 зарба ба самти дарвозаи рақиб анҷом дод, дар ҳоле ки Аргентина то оғози вақти иловагӣ ҳатто як зарба ҳам назад ва аввалин кӯшиши худро танҳо дар вақти изофӣ анҷом дод. Ин яке аз яктарафатарин финалҳои Ҷоми ҷаҳон аз рӯи омор ба ҳисоб меравад.

Аргентина дар дақиқаҳои охири вақти асосӣ пас аз он ки Энсо Фернандес бо гирифтани корти зарди дуюмаш аз майдон хориҷ шуд, бо даҳ бозигар бозиро идома дод ва ин вазъ кори дастаи Лионел Скалониро боз ҳам мушкилтар кард.

Барои Лионел Месси, ки ҳоло 39-сола аст, ин бозӣ эҳтимолан охирин финали Ҷоми ҷаҳонӣ буд. Гарчанде Аргентина натавонист аз унвони қаҳрамонии худ ҳимоят кунад, Месси фаъолияти пурифтихори худро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ боқӣ гузошт ва ҳамоно яке аз бузургтарин футболбозони таърих маҳсуб мешавад.

Бо ин пирӯзӣ Испания пас аз қаҳрамонӣ дар Чемпионати Аврупо-2024, акнун ҳамзамон соҳиби ду унвони бонуфузтарини футболи ҷаҳон ва Аврупо гардид.

Паймони миллии Тоҷикистон аз Утриш хост аз истирдоди мухолифони тоҷик худдорӣ кунад

0

Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз Ҷумҳурии Утриш хост аз истирдоди Шавкатҷон Шарипов, сухангӯи ин паймон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Шавкати Муҳаммад шинохта шудааст, худдорӣ кунад. Ҳамчунин ПМТ аз баррасии “даҳҳо парванда”-и паноҳандагони тоҷик дар додгоҳҳои Утриш изҳори нигаронӣ намуда, аз мақомоти Утриш даъват кард Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва Конвенсияи соли 1951 оид ба мақоми гурезаҳоро пурра риоя намояд.

“Паймони Миллии Тоҷикистон аз оғози баррасии дархости мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истирдоди фаъоли сиёсӣ, рӯзноманигори мустақил ва паноҳандаи расман эътирофшуда Шавкатҷон Шарипов (Шавкати Муҳаммад) дар Ҷумҳурии Австрия изҳори ташвиш намуда, мақомоти Ҷумҳурии Австрия ва ҳамаи ниҳодҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсонро даъват менамояд, ки ба ин парванда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд” – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад Шавкати Муҳаммад рӯзи 9 июли соли ҷорӣ “аз Landesgericht für Strafsachen Wien даъватномаи расмӣ гирифт, ки тибқи он баррасии дархости истирдоди ӯ 5 августи соли 2026 дар додгоҳи Австрия таъин шудааст”.

Паймони Миллии Тоҷикистон дархости ҷониби Тоҷикистонро “дорои ангезаи сиёсӣ” номида, изҳор доштааст “ин амал дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун таъқиби фаромиллӣ (Transnational Repression) эътироф гардида, борҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Парлумони Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ маҳкум шудааст”.

Эътилофи мухолифини тоҷик бонги хатар зада, ки “дар сурати истирдод, Шавкатҷон Шарипов ба хатари воқеии боздошти худсарона, шиканҷа, муҳокимаи ноодилона ва таъқиби сиёсӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд”. 

Дар изҳорот аз парвандаи Ҳизбуллоҳ Шовализода, ки соли 2020 аз Утриш ба Тоҷикистон истирдод шуда, баъдан Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Австрия истирдоди ӯро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, хотиррасон шуда, даъват шудааст ки “ин иштибоҳ набояд дубора такрор шавад”. Гуфтанист Шовализода баъди истирдод аз Утриш ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

ПМТ изҳор дошта, ки “дар додгоҳҳои Ҷумҳурии Австрия парвандаҳои даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мақоми паноҳандаи сиёсӣ ё ҳимояи байналмилалӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, ин изҳорот ва бандҳои он ба ҳамаи мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон, ки дар Австрия қарор доранд, дахл дорад”.

Тибқи иттилоъи манобеъи Азда ТВ то ҳол дар додгоҳҳои Утриш 5 парвандаи мухолифини тоҷик баррасӣ шуда, ба дархости истирдоди ҳамаи онҳо ҷавоби рад дода шудааст. Гузашта аз ин, додгоҳи Утриш баъди баррасии парвандаи яке аз онҳо, ки то ҳол паноҳандагии сиёсӣ надошт, қарор содир намудааст, ки ба ӯ паноҳандагии сиёсӣ дода шавад.

Дар идомаи Изҳорот Паймони Миллии Тоҷикистон аз мақомоти Ҷумҳурии Австрия даъват кардааст:

“- дархостҳои истирдоди Шавкатҷон Шарипов ва дигар паноҳандагони сиёсиро, ки дар сурати бозгашт ба хатари воқеии таъқиби сиёсӣ, шиканҷа ва муҳокимаи ноодилона рӯ ба рӯ мешаванд, рад намоянд;

– мақоми паноҳандагӣ ва ҳамаи кафолатҳои ҳуқуқии онҳоро пурра эҳтиром намоянд;

– иҷозат надиҳанд, ки механизмҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи таъқиби фаромиллии мухолифони сиёсӣ истифода шаванд”.

Ҳамзамон, аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои Аврупо, САҲА ва ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон даъват шуда, ки “ин ва дигар парвандаҳои шабеҳро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои ҳуқуқӣ ва дипломатии мавҷуда истифода намоянд”.

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад дар Лаҳистон сабт гардидааст. Дар он баҳси як сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷире, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд, дида мешавад.

Аз муҳтавои навор бармеояд, ки баҳс бар сари намоз хондани яке аз муҳоҷирон дар ҷои ҷамъиятӣ сурат гирифтааст. Дар навор дида мешавад, ки сокини маҳаллӣ нахуст ба забони англисӣ ва сипас ба забони лаҳистонӣ ба муҳоҷир муроҷиат карда, мегӯяд, ки намозро набояд дар ҷойи ҷамъиятӣ адо кард ва барои ин бояд ба масҷид рафт.

Дар посух, шахсе, ки намоз мехонад, мегӯяд, ки амали ӯ ба касе халал нарасондааст ва ӯ танҳо ибодати худро анҷом дода истодааст.

Ҳаққонияти навор, замону макони дақиқи сабти он аз ҷониби манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки пас аз ин баҳс мақомоти маҳаллӣ дахолат кардаанд ё не.

Ин навор миёни корбарони русзабони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густурдаеро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз корбарон аз ҳаққи озодии эътиқод ва анҷом додани ибодат ҳимоят кардаанд, дар ҳоле ки гурӯҳи дигар аз намоз хондан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ интиқод намуда, онро номуносиб арзёбӣ кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки масъалаи намоз хондани мусалмонон дар маконҳои ҷамъиятии кишварҳои Аврупо баҳсбарангез мешавад. Дар солҳои охир расонаҳои аврупоӣ борҳо дар бораи чунин ҳолатҳо гузориш додаанд. Ин гуна ҳодисаҳо маъмулан баҳсҳоро дар бораи озодии дин, ҳуқуқи шаҳрвандон ва қоидаҳои истифодаи ҷойҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои аврупоӣ дубора ба миён меоранд.

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

0

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия ба Тоҷикистон, ки қаблан мақомоти ду кишвар дар бораи он ба тавофуқ расида буданд, то ҳол оғоз нашудааст.

Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода рӯзи 16 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосии ба таъхир афтодани ин раванд иваз шудани Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия ва идома доштани татбиқи қонуни афв дар Тоҷикистон мебошад.

Бобозода гуфт, пас аз таъйини Яна Лантратова ба вазифаи Омбудсмени Русия ба ҷойи Татяна Москалкова, масъала дубора бо ҷониби Русия баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти нави ин ниҳод аз ҷузъиёти тавофуқи қаблӣ огоҳ набуда, бинобар ин барои идомаи кор вақт лозим шудааст.

Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки омодагиҳо барои қабули маҳбусон анҷом ёфтааст. Ба иттилои Ваколатдор, дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак зиёда аз 200 ҷой барои ҷойгир кардани онҳо муҳайё шудааст.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки то анҷоми татбиқи қонуни афв интиқоли маҳбусон оғоз намешавад, аммо ҳамоҳангиҳо бо ҷониби Русия идома доранд ва масъала таҳти назорати мақомоти ду кишвар қарор дорад.

Моҳи январи соли ҷорӣ Омбудсмени вақти Русия Татяна Москалкова гуфта буд, ки чанд зани маҳкумшудаи тоҷик хоҳиши интиқол ба Тоҷикистонро доранд. Баъдтар вай дар ин хусус ба Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол кард ва моҳи апрел президенти Тоҷикистон ба интиқоли 200 зани маҳкумшуда розигӣ дод.

Интиқоли маҳкумшудагон ба ватан яке аз масъалаҳое аст, ки солҳои охир пайваста аз ҷониби наздикони онҳо матраҳ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, масофаи дур ва хароҷоти зиёди сафар имкони мулоқот бо наздикони дар зиндонбудаашонро маҳдуд кардааст.

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

0

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки бархе аз сохторҳо дар Исроил талош мекунанд ба афкори умумии Амрико таъсир гузоранд, то гуфтушунидҳои Вашингтон бо Эронро барҳам зананд ва ба идомаи ҷанг даст ёбанд.

Ӯ ин матлабро дар мусоҳиба бо Ҷо Роган баён дошт.

Баҳона барои изҳороти ӯ нашри мақолае дар маҷаллаи “Time” гардид, ки дар он гуфта мешуд, роҳбари собиқи ситоди интихоботии Доналд Трамп — Брэд Парскейл дар як маъракаи иттилоотии аз ҷониби ҳукумати Исроил маблағгузоришаванда ширкат доштааст.

Тибқи гуфтаи ин нашрия, ҳадафи расмии лоиҳа мубориза бо антисемитизм (яҳудиситезӣ) дар интернет буд, аммо яке аз манбаъҳои ин расона изҳор дошта, ки дар асл ин маърака ба он равона шуда буд, то аз афзоиши рӯҳияи зиддиисроилӣ дар байни ҷонибдорони ҷавони ҳаракати MAGA пешгирӣ карда шавад.

Ба гуфтаи Вэнс, ширкаткунандагони ин маърака ӯро барои талошҳояш ҷиҳати ба даст овардани ҳалли дипломатии муноқиша бо Эрон шадидан танқид мекарданд.

«Вақте ки ман маҷаллаи “Time”-ро варақ мезанам ва мебинам, ки як маъракаи нуфузи хориҷӣ бо ҳадафи барҳам задани созишномае, ки ман рӯи он кор мекардам, маблағгузорӣ мешавад ва нафароне, ки ин пулҳоро мегирифтанд, ба ман ноҷавонмардона ҳамла мекунанд, посухи ман оддӣ аст: ба ҷаҳаннам биравед. Ман он чизеро хоҳам кард, ки барои мардуми Амрико дуруст меҳисобам. Пеш аз ҳама, ман намояндаи амрикоиҳо ҳастам», — изҳор дошт муовини раиси ҷумҳур.

Ӯ таъкид кард, ки кишварҳои хориҷӣ пайваста кӯшиш мекунанд ба сиёсати Амрико таъсир расонанд.

«Исроил ин корро мекунад. Кишварҳои дигар низ ин корро мекунанд», — гуфт Вэнс.

Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки қабули чунин таъсирро, вақте ки он ба муайян кардани қарорҳои раҳбарияти Амрико шурӯъ мекунад, нораво медонад.

Вэнс инчунин изҳор дошт, ки ба андешаи ӯ, «баъзе одамон дар дохили низоми Исроил» кӯшиш мекунанд афкори умумиро дар ИМА тағйир диҳанд, то ҷанг бо Эрон ҳарчи бештар тӯл кашад.

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

0

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарипов), сухангӯи созмони мухолифи «Паймони миллӣ»-ро баррасӣ кунад.

Шавкати Муҳаммад рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфта аст, ки аллакай даъватномаи додгоҳро гирифтааст ва аз эҳтимоли истирдод шуданаш ба Тоҷикистон нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати фиристода шудан ба Тоҷикистон бо хатари боздошти худсарона, шиканҷа, таъқиби сиёсӣ ва маҳрум шудан аз мурофиаи одилона рӯбарӯ хоҳад шуд.

Қаблан созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон»хабар дода буданд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мақомоти Австрия истирдоди 18 шаҳрванди тоҷик, ки ба гуфтаи мақомоти Душанбе ба созмонҳои мухолиф иртибот доранд, дархост кардааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи парвандаи Шавкати Муҳаммад шарҳи расмӣ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон» аз оғози таҳияи як меморандуми байналмилалӣ ва маъракаи ҷамъоварии имзо барои пешгирӣ аз истирдоди паноҳандагони тоҷик хабар додааст.

Ба гуфтаи ин созмон, ташаббус пас аз дастрас шудани санадҳое рӯи даст гирифта шуд, ки ба дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои истирдоди 18 паноҳандаи тоҷик аз Австрия марбут мебошанд. Созмон мегӯяд, дархости расмӣ бо имзои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба мақомоти Австрия ирсол шудааст.

Созмон таъкид мекунад, ки ҳангоми баррасии чунин парвандаҳо бояд меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла принсипи бознагардонӣ (non-refoulement), риоя шавад. Ин принсип истирдоди шахсонро ба кишварҳое манъ мекунад, ки дар он ҷо хатари воқеии шиканҷа, таъқиби сиёсӣ ё мурофиаи ноодилонаи судӣ вуҷуд дорад.

Раҳбари «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон» аз созмонҳои байналмилалӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват кардааст, ки аз меморандум пуштибонӣ намуда, ба он имзо гузоранд.

Ёдовар мешавем,ки Бародари Шавкати Муҳаммад — Аслиддин Шарипов соли 2024 дар Тоҷикистон ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва таблиғи фаъолияти онҳо дар шабакаи интернет гунаҳкор донистанд. Худи Шавкати Муҳаммад бошад, мегӯяд, ки парванда ва ҳабси бародараш бо фаъолияти сиёсии ӯ иртибот дошта, ҳадаф аз он фишор овардан ба ӯ будааст.

Гуфтушуниди се кишвари порсизабон дар бораи ҳамкориҳои транзитӣ

0

Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар нишасти сеҷониба, роҳҳои густариши ҳамкориҳои транзитӣ ва ҳамлу нақл тавассути роҳҳои мошингард миёни се кишварро баррасӣ карданд.

Тибқи иттилоъи Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Эрон, ин нишаст дар таърихи 14 ва 15 июл дар шаҳри Машҳад, маркази вилояти Хуросони Разавӣ, бо ҳузури мақомоти се кишвар баргузор шуд.

Ба гуфтаи ин вазорат, дар ин нишаст тақвияти ҳамкориҳои сеҷониба дар бахши ҳамлу нақли коло тавассути роҳҳои мошингард, фаъолсозии долонҳои транзитӣ, афзоиши додугирифти тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ будааст.

Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Эрон таъкид кардааст, ки ин ибтикор метавонад раванди тиҷорати байналмилалиро сабуктар сохта ва боиси рушди иқтисод дар минтақа гардад.

Ин вазорат афзудааст, ки нишасти Машҳад қадаме муҳим барои баҳрагирии беҳтар аз зарфиятҳои муштараки се кишвар, тақвияти пайвандҳои минтақавӣ, афзоиши нақши минтақа дар долонҳои байналмилалии ҳамлу нақл ва тавсеаи зербиноҳои транзитӣ ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол, «Тренд Нюз» дар таҳлиле навиштааст, ки ин нишаст метавонад заминасози эҷоди роҳҳои нави транзитӣ дар минтақа бошад ва бо роҳбурди Эрон барои густариши ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ ҳамсу аст. Бар асоси ин таҳлил, тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлу нақл бо Афғонистон ва Тоҷикистон метавонад дастрасӣ ба бозорҳои Осиёи Марказиро беҳбуд бахшида ва ба афзоиши даромадҳои транзитии минтақа кумак кунад.