10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 140

Элон Маск: дар ояндаи наздики ба мағзи миллионҳо нафар чип гузошта мешавад

0

22-уми августи соли 2024, Илон Маск, миллиардери амрикоӣ ва соҳиби ширкатҳои маъруфи дунё “Тесла” ва “Х” гуфтааст: “Агар ҳама чиз хуб пеш равад, танҳо дар ҳамин чанд соли оянда ба ҳазорҳо нафар чипи “Neuralink”-ро насб хоҳанд кард, ва ба ин минвол шояд дар тӯли 10 соли оянда ин теъдод ба миллионҳо нафар бирасад.”

Ташаббуси (Стартапи) Neuralink дар моҳи июли соли 2016 аз ҷониби Илон Маск фаъол шуд ва он чипҳоеро таҳия мекунад, ки метавонанд дар мағзи инсон ҷойгир карда шаванд. Ин корофари машҳури дунё муътақид аст, ки чунин дастгоҳҳо имкон медиҳад, ки инсон ба “киборг” табдил ёбад ва имкон пайдо кунад, ки ба зеҳни сунъӣ муқобила кунад. Насби чунин дастгоҳҳо дар мағзи инсон ба ӯ имкон медиҳад, ки бо нерӯи зеҳн компютерро идора кунад.

Гуфта мешавад, 28-уми январи соли ҷорӣ ширкати Neuralink барои аввалин бор муваффак шуд, ки ба мағзи инсон имплант насб кунад. Ва аввали моҳи август Маск эълон карда буд, ки имплант ба бемори дуввум низ насб шуд.

Ӯзбекистон бузургтарин мадрасаи дини Афғонистонро месозад

0

Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки бузургтарин мадрасаи динии Афғонистони зери раҳбарии Толибонро бисозанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, 20-уми августи соли 2024, санги бинои як мадрасаи динӣ ба ҳамкории молии Ӯзбекистон дар ҳудуди ноҳияи Шаҳри нави Мазори шариф гузошта шудааст.

Фурқат Назаров, сарконсули Ӯзбекистон дар шаҳри Мазори шариф гуфтааст, ки ин мадрасаи динӣ бо дархости волии Балх (дар масоҳати 60 ҷириб замин) ва бо ҳазинаи 6 миллион доллари амрикоӣ барои як ҳазор толибилм сохта мешавад.

Ба гуфтаи Фурқат Назаров, масъулин барои анҷоми сохтмони бинои ин мардарса як солро ба нақша гирифтаанд, ва умедвор ҳастанд, ки баъд аз як сол он мавриди истифода қарор мегирад.

Аз сӯи дигар, масъулони вилояти Балхи Афғонистон ҳам аз ҷрои ин тарҳи бузург аз ҷониби Ӯзбекистон ибрози хурсандӣ карда, гуфтаанд, ки он “дар ростои таҳкими равобит байни ду кишвар” сурат мегирад ва таъсири худро барои беҳтар шудани ҳамкориҳо хоҳад расонид.

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон мақомоти Ӯзбекистон пайваста талош кардаанд, ки муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишварро беҳтар кунанд ва ҳамин чанд рӯзе пеш низ Нахуствизири ин кишвар ба Кобул сафар карда, тарафҳо 35 санади ҳамкорӣ ва тиҷоратиро, ки 2,5 миллаирд доллар сармоягузориро дарбар мегирад, имзо карданд.

Кушта шудани 11 полиси покистонӣ

0

Бар асари як ҳамлаи мусаллаҳона ба як корвони мошинҳои ҳомили кормандони полис дасти кам 16 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 22-уми августи соли 2024, ба як корвони мошинҳои ҳомили кормандони полиси Покистон дар иёлати Синд ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа 9 нафар кушта ва 7 каси дигар захмӣ шудааст.

Ба қавли расонаҳо, ин ҳамла, ки дар минтақаи Раҳимёр Хон дар иёлати Синд анҷом шуд, яке аз пурқурбонитарин ҳамлаҳо алайҳи кормандони полис дар чанд соли ахир дар Покистон унвон шудааст.

Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Нахуствазири ин кишвар Муҳаммад Шаҳбоз Шариф ва вазири корҳои дохилии он Муҳсин Нақавӣ бо интишори баёнияҳои алоҳидае ин ҳамла ба кормандони полисро маҳкум карда, ба ворисони кушташудаҳо ибрози ҳамдардӣ намуда, барои захмиҳо низ шифои комил талаб кардаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳамла тавассути афроди ношинос сурат гирифта, то ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти онро бар уҳда нагирифтааст. Аммо бархе расонаҳо ба нақл аз манобеи худ нақл кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин ҳамла тавассути роҳзанҳо ва ё дигар гурӯҳҳои табаҳкор, ки теъдоди онҳо дар ин кишвар хеле зиёд аст, сурат гирифта бошад.

Мақомоти покистонӣ нисбат ба ин ҳодиса парванда боз карда, тафтишотро оғоз карданд. Полис ҳам муътақид аст, ки ба эҳтимоли зиёд ин ҳамла бо ангезаҳои “душмании шахсӣ” сурат гирифта бошад, аммо таъкид карда, бо ин вуҷуд фарзия амали террористӣ будани онро ҳам пурра таҳқиқ мекунанд.

Шарҳи ВКД дар бораи “ҷин”-и Ваҳдат

0

Вазорати корҳои дохилӣ дар барномаи “Ахбори ВКД” вуҷуди “ҷин” дар шаҳри Ваҳдатро рад карда, ҷузъиёти ҳодисаро шаҳр додааст.

21-уми августи соли 2024, Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон бо нашри гузорише хабар дод, ки се нафарро барои паҳнкардани хабари бардурӯғ дар бораи вуҷуди “ҷин” дар шаҳри Ваҳдат боздошт кардаст.

Дар ин гузориш омадааст, “нафарони ҳангомаҷӯ бо сабт ва паҳн кардани ҳар гуна наворҳои муқаррарӣ ва бо шарҳи нодуруст дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони шаҳри Ваҳдатро ба ташвиш овардаанд”.

ВКД шаҳр додааст,ки навори чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида дар бораи он ки дар ҷамоати Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат гӯё “ҷин” ба ҷавони 19-сола Ҷовидон Назруллоев таъсир расонида ва як сар гӯсфанди ӯро сар аз тан ҷудо кардааст, бардурӯғ паҳн шудааст.

Ҷовидон Назруллоев дар гузориш ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Ҳар бегоҳӣ гусфандҳоямро ба боғ бурда мечарондам. Рӯзи 17-уми август дар байни гӯсфандонам яктояш ғалтид ва дигар нахест. Ман хаёл кардам, ки ҳаром шуд, кордро гирифта хостам онро ҳалол кунам. Дар ҳаётам молро накушта будам ва ин аввалин бор буд. Вақти куштани гӯсфанд дар сару рӯям хун парид ва ман аз ҳуш рафтам. Дигар ягон чӣ дар хотирам нест. Байни мардум овозаҳое паҳн шуда, ки гунг шудааст, мурдааст, “ҷин” задааст, ин гапҳо ҳама дурӯғ аст”.

Вазорати корҳои дохилӣ боздашти як ҷавони африқоӣ, ки гуё мардумро дар шаҳри Ваҳдат метарсондааст, шаҳр дода гуфтааст ин ҷавони африқоӣ барои муаян кардани шахсияташ боздошт шуда буд, боздошти ӯ ҳеч рабте ба  ҳодисаҳои шаҳри Ваҳдат надорад. ВКД дар ин робита Шокиров Муҳаммадрофеъ, сокини шаҳри Ваҳдат ва Раҷабов Шаҳром, сокини шаҳри Душанберо  боздошт кардааст

Яке аз бозошт шудаҳо мегӯяд, “рӯзи 17-уми август дар шаҳри Ваҳдат деҳаи Хоҷабойқул вақте милитсия як нафари сиёҳпӯстро барои шахсияташро фаҳмидан ба мошин бор мекард, мо ин ҳолатро ба навор гирифта, дар интернет паҳн кардем, ки гӯё вай ҳамон “ҷин” мебошад”.

Гуфта мешавад, пас аз нашри чанд навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар онҳо гуфта мешуд, вуҷуди “ҷин”-е, ки болои бомҳои хонаҳои мардум дар шаҳри Ваҳдат медаваду озор медиҳад, бархе сокинонро дар ба таҳлука андохта, ҳангомае байни корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба вуҷуд оварда буд.

Боздошти ду ҷавон барои навиштани шиор дар девор

0

Мақомоти Тоҷикистон дар ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду ҷавонро барои навиштани “даъвату таҳдид” дар девори мактабу мағоза ва сартарошхона боздошт кардаанд.

Имрӯз, 22-уми августи соли 2024, Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки гуё ин ду ҷавон дар девори мағоза, сартарошхона ва мактаби ба номи Горкийи ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ навиштаанд, ки “аккаунтҳо ва адресҳои телефонҳоятонро иваз кунед” ва “хонаи онҳоеро, ки моро ба мақомот мефурӯшанд, оташ мезанем”.

Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷамоатҳо пас аз ин ҳодиса тафтишро шурӯъ карда, падару модаронро ҷамъ овардаанд ва масъалаи ёфтани гумонбаронро ҷиддӣ дар миён гузоштанд.

Гуфта мешавад, ин ду ҷавонро, ки яке аз онҳо 23-сола будааст рӯзи 18-уми август бо истифода аз дурбинҳои назоратии бинои мактаб ёфтаанд, аммо то ҳол пурсиши сокинон ба поён нарасида, кормандони милиса ҳанӯз ҳам ба хонаҳои сокинон рафта, дар бораи он ду ҷавон пурсуҷӯ мекунанд.

Дар ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 22-юми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти ҷавонҳоро тасдиқ кардаанд, аммо ба сабаби гӯё махфӣ будани парванда ва надоштани иҷозаи суҳбат ҷузъиёт надодаанд.

То ҳол назари боздоштшудаҳо ва ангезаи чунин рафторашон маълум нест. Наздикону пайвандонашон ҳам хомӯшанд ва Вазорати корҳои дохила низ боздошти ин ду ҷавонро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки баъзе аз сокинони кишвар барои навиштани шиор дар дару деворҳо боздошт мешаванд. Мақомот дар соли 2014 ду сокини ҷавони Душанберо ба иттиҳоми таблиғи “Гурӯҳи 24” ва навиштани шиор алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар наздикии Наврӯзгоҳи пойтахт боздошт карда буданд.

Ичнунин шиорҳои даъват ба истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ дар пиёдароҳе дар шаҳри Хуҷанд ва яке аз гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе низ навишта шуда буданд. Тақдири онҳое, ки ин шиорҳоро навишта буданд то ҳол маълум нест.

Нигаронии мақомот аз зиёд шудани фолбинҳо дар Душанбе

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки бо вуҷуди сангинтар шудани ҷазо барои фолбинҳо ҳамоно теъдоди онҳо дар пойтахт кам нашудааст.

Имрӯз, 22-уми августи соли 2024, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки “давоми соли ҷорӣ 141-нафар фолбинону ҷодугарон муайян ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ татбиқ карда шудаанд.”

Ба қавли манбаъ, бо вуҷуди пурзӯр кардани мубориза алайҳи фолбинҳо ва ҷодугарон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон “ҳанӯз ин тоифаи муфтхурон аз байн нарафтаанд.”

Бар асоси тағйироти нав аз 21-уми июни соли ҷорӣ ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон “барои машғул шудан ба фолбинӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.”

Аммо онҳое, ки баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ дар давоми сол ба фолбинӣ машғул мешаванд, “ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.”

Гуфта мешавад, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо айни замон дар Тоҷикистон 72 сомонӣ мебошад, касоне, ки бори дувум бо ҷурми фолбинӣ дастгир мешаванд, онҳоро ҷарима ба андозаи 108 ҳазор сомонӣ то 144 ҳазор сомонӣ, ҳудуди 14 ҳазор доллари амрикоӣ ва ё то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Зиёда аз 96 дарсади аҳолии Тоҷикистон пайравони дини ислом мебошанд. Фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҳар ду аз дидгоҳи шариати исломӣ амали нораво буда, дини ислом ҳар навъ машғул шудан ба ин корҳоро ва ё рафтан ба назди фолбину ҷодугарон ва тасдиқ кардани гуфтаҳои онҳоро маҳкум мекунад.

Афзоиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон

0

Тоҷикистону Қазоқистон байни худ 14 қарордоди тиҷоратӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард долларро дар шаҳри Душанбе имзо карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 22-уми августи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон, ки бо сафари дурӯза вориди кишварамон шудааст, дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикитсон бо нашри гузорише хабар дода, ки дар рафти ин мулоқот гуфта шуд, “ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.” Инчунин “ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.”

Бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон дар панҷ соли ахир ҳудуди 700 миллион доллари амрикоӣ сармоя аз Қазоқистон ворид кардааст. Инчунин дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон амал мекунанд ва дар аз сӯи дигар дар Қазоқистон низ 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият доранд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон асосан ба Қазоқистон бархе маҳсулоти полезӣ ва ҳудуди 80 дарсади маҳсулоти меваи хушки худро содир мекунад. Қазоқистон ҳам ба Тоҷикистон орду гандум, бархе маҳсулоти ғалладонагӣ ва қисман ҳам маҳсулоти нафтӣ содир мекунад.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, дирӯз, 21-уми августи соли ҷорӣ бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд, имрӯз, 22-уми моҳи ҷорӣ сафари ӯ ба поён расида, Душанберо ба мақсади Остона тарк мекунад.

Боғдорони Ашт коргар меҷӯянд

0

Боғдорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар вақти ҳосилғундорӣ дар боғҳои зардолӯ ба мушкили норасоии коргар рӯбарӯ шудаанд.

Хабаргузории Азия-Плюс, имрӯз, 22-уми августи соли 2024 бо нашри як гузорише гуфтааст, афзоиши муҳоҷират аз ин ноҳияи Ашт ба хориҷи кишвар боис шуда, ки дастмузди коргарони кироя ба таври қобили мулоҳиза боло биравад ва ба ин далел деҳқонони ноҳия маҷбур мешаванд, то ними ҳосили худро ба онҳо бидиҳад.

Ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир байни сокинони вилоят таҷрибаи “50/50” машҳур шуда аст, ки соҳиббоғ нисфи боғи худро барои ҷамъоварии ҳосил ройгон медиҳед.

Дар ин гузориш зирк шуда, ки «дар воқеъ, онҳое, ки замин надоранд, бурд мекунанд, онҳо харҷи андоз надоранд, ғами обу нурӣро ҳам намехуранд. Ба онҳо танҳо лозим аст хосилро ҷамъоварӣ кунанд. Дар ҳоле, ки деҳқон нисфи фоидаи худро аз даст медихад, ва барои нигаҳдории боғ боз маблағ сарф мекунад. Аммо танҳо барои он ки ҳосил пусида, талаф наёбад, маҷбуранд ба чунин иқдомҳои шадид даст бизанан”, -гуфтааст, яке аз боғбонони ин ноҳия.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ аз оғози соли ҷорӣ то моҳи июл ҳудуди 24 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Ашт ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кардаанд, ки 7 ҳазори ононро занон ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давари соли гузашта ин рақам 17 ҳазору 500 нафарро ташкил медод ва аз ин ҳисоб 5 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медоданд.

Ноҳияи Ашт яке аз ноҳияҳои калонтарини дорои боғу токзорҳои шимоли Тоҷикистон мебошад. Майдони умумии боғҳо наздик ба 20 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд, ки 90 фоизи ин заминҳоро боғҳои зардолӯ ташкил медиҳад.

Шикоят аз мушкилоти шаҳри Бохтар

0

Шикоятҳои сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон аз шароити баду бадбӯи кӯчаву хиёбонҳои он афзоиш ёфтааст.

21-уми августи соли 2024 корбаре дар гуруҳи  инстаграмии “Бохтар Қурғонтеппа” бо интишори навори видеоие аз шароити бади шаҳри Бохтар хабар дод ва дар вокуниш ба он даҳҳо нафари дигар аз сокинони ин шаҳр гуфтанд, ки масъулини шаҳрдорӣ сари вақт ба тозову озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо дар маркази вилоят дуруст аҳамият намедиҳанд.

Дар ин навори видеоӣ дида мешавад, ки яке аз ҷуйборҳои шаҳр ба сабаби саривақт тоза накардан танба шуда, об ба роҳи машингард ҷори шуда, бархе роҳҳои дохилишаҳриро низ хороб карда, ҳаракати мошинҳоро мушкил кардааст. Ин корбар шикоят карда мегӯяд, сабаби ин мушкилот таваҷҷӯҳ накардани ҳукумати шаҳр аст ва аз Раиси шаҳр талаб мекунад, ки аз курсияш хеста мушкилоти шаҳрро бартараф намояд.

Ҳамзамон бархе сокинони шаҳр мегӯянд, ин ягона ва танҳо мушкили шаҳри  Бохтар набуда, масъулин сари вақт партовгоҳҳо тоза намекунанд ва бо зиёд шудани партовҳо бӯйи ғализи онҳо то даҳҳо метр дуртар аз партовгоҳҳо мардумро озор медиҳанд. Ба қавли онҳо, маҳз ҳамин партовгоҳҳои беназорат боиси хурӯҷи баъзе бемориҳо дар шаҳр гардида ба паҳншавии ҳаргуна касалиҳои сироятӣ мусоидат мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии ахир худ аз мушкилоти коммуналӣ дар шаҳри Бохтар хабар дода, гуфта буд, дар ҳоли ҳозир масъулини ин шаҳр тавони ҳалли мушкили партовгоҳоро надоранд ва наметавонанд сари вақт партовҳои маркази шаҳрро тоза кунанд. 

Ба гуфтаи масъулин, барои вилоят чанд сол пеш бо маблағи 1 миллиону 229 ҳазор доллар техникаҳои коммуналӣ харидорӣ карда буданд. Аммо як қисми техникаҳо корношоям шуда, ниёз ба таъмир доранд.

Гуфта мешавад, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии худ гуфта буд, ки барои таъмири техникаҳои харобшуда аз буҷети вилоят 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, аммо аз ин маблағ 70 ҳазор сомонияш аз ҷониби масъулони корхонаи коммуналӣ дуздида шудааст. Масъулини ин вилоят сабаби нотавонии худ дар ҳали мушкилоти шаҳри Бохтарро дар набудани техникаҳои нави коммуналӣ ва дуздиву фасод дар ин идора медонанд. Аммо ба суоли он, ки чаро масъулини мақомот сари вақт пеши роҳи ин ҳама дуздиву фасодкориҳоро дар маркази вилоят намегиранд, бархе сокинон мегӯянд, ки “об аз боло лой аст!”

Таҳрим бар зидди Шоҳзода Карим Оқохон

0

Русия алайҳи Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва 4 нафари дигар аз раҳбарони Бунёди Оқохон ва созмонҳои марбут ба он таҳрим ҷорӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми августи соли 2024, Русия бар зидди 32 нафар аз намояндагони созмонҳо ва ниҳодҳои марбут ба Британияи Кабир таҳрим эълон кард.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки дар байни онҳо, раҳбарони мазҳабӣ аз ҷумла Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорум, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва 4 нафари дигар аз раҳбарони Бунёди Оқохон ва созмонҳои марбут ба он: Кристофер Эндрю, Мэтт Рид, Ализа Митҳа ва Николас Макграт – низ таҳрим ҷорӣ кардааст.

Гуфта мешвад, Бунёди Оқохон дар Русия асосан ба корҳои хайрия машғул буд ва чанд сол пеш президент Владимир Путин дар дидор бо Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорум аз фаъолиятҳои башардӯстонаи он ситоиш карда буд. 

Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорум, раҳбари исмилиёни ҷаҳон дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор пайрав дорад, ки асосон аксари онҳо зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.