10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 151

Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳи офтобӣ сохтанист

0

Як ширкати чинӣ гуфта, ки қасд дорад барои тавлиди нерӯи барқ дар вилояти Суғд нерӯгоҳи офтобӣ бисозад.

Бино ба иттилои расмӣ, 15-уми июли соли 2024, раҳбари минтақавии ширкати “Чайна Датанг” (China Datang) эълон кардааст, ки ин ширкат қасд дорад дар вилояти Суғди Тоҷикистон нерӯгоҳи бақии офтобӣ бисозад.

Ба қавли манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии корпоратсияи чинии «China Datang» дар Осиёи Марказӣ Ван Хао дар шаҳри Хуҷанд мулоқот карда, ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳои худ суҳбат кардаанд.

Дар рафти мулоқот раҳбари ин ширкати чинӣ гуфта, дар Узбекистон нерӯгоҳи офтобӣ сохтаанд ва ҳоло ширкат “нақша дорад, ки дар вилояти Суғд низ неругоҳи офтобиро ташкил карда, то 500 мегаватт неруи барқ истеҳсол намояд.”

Пеш аз ин масъулини ин ширкат дар мулоқот бо раиси вилояти Хатлон низ гуфта буданд, ин ширкат “нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис диҳад.”

Гуфта мешавад, ширкати «China Datang» соли 2002 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин таъминкунандагони неруи барқ дар Чин аст. Намояндагиҳои ин ширкат дар беш аз 10 кишвар, аз ҷумла Камбоҷа, Лаос, Сингапур, Индонезия ва Узбекистон ҳам фаъолият мекунанд.

Баҳси пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон доғ мешавад

0

Намояндаи Вазорати хориҷаи Чин хабари расонаҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро рад кардааст.

10-уми июли соли ҷорӣ, нашрияи ” Telegraph “-и бритониёӣ хабар дода буд, ки Чин тақрибан даҳ сол боз дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ бунёд мекунад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки пойгоҳи низомии махфии Чин дар наздикии рустои Шаймаки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир буда, тавассути моҳвора  кашф шудааст.

Аммо сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин Лин Ҷиан дар як нишасти матбуотӣ хабар дар бораи бунёди пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард.

Лин Ҷиан гуфтааст, ки аз ин кор огоҳ нест, аммо “бо итминон метавонам бигӯям, ки Чин ҳамеша сиёсати мустақил ва сулҳҷӯёнаи хориҷиро риоя мекунад ва дар Осиёи Марказӣ ҳеҷ пойгоҳи низомие надорад”.

Хабари сохта шудани пойгоҳи низомии чиниҳо дар хоки Тоҷикистон чанд сол боз баҳсбарангез боқӣ мемонад ва ҳамеша мақомдорони Тоҷикистону Чин вуҷуди пойгоҳи низомии чиниро дар хоки Тоҷикистон рад мекунанд.

Аммо соли 2019 рӯзномаи амрикоии “Вашингтон Пост” навишта буд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, як посгоҳи наздимарзӣ дорад.

Дар соли 2020 сокинони деҳаи Шаймаки ноҳияи Мурғоби Бадахшон низ вуҷуди пойгоҳи низомӣ ва сарбозони чиниро дар ин минтақа тасдиқ карда, гуфта буданд, ки пайваста парвози дронҳои низомиро дар фарзои ин минтақа мушоҳида мекунанд.

Радиои Озодӣ моҳи октябри соли 2021 дар такя ба як санади дар дасташ буда, иттилоъ дода буд, ки дар ин пойгоҳ кормандони чинӣ фаъолият доранд, вале худи иншоот феълан дар ихтиёри Душанбе аст.

Илова ба ин, бар асоси санадҳо, дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифои Чин Вэй Фэнҳэ моҳи июли соли 2021 масъалаи пурра ва ройгон ба ихтиёри Чин додани ин пойгоҳ дар Шаймаки ноҳияи Мурғоб суҳбат шудааст.

Натиҷаҳои ин гуфтушунид то ҳол расонаӣ нагаштааст ва маълум нест ин пойгоҳ ва замини он ба дасти чиниҳо гузаштааст ё на.

Тоҷикистон паҳподҳои худро месозад

0

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки паҳподҳои низомии худро бисозад ва аллакай барномаи рушди ин навъи ҳавопаймоҳоро тасдиқ кард.

Тавре хабаргузории Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Вазорати адлияи Тоҷикистон дар сомонаи худ матлаберо нашр карда, ки гуфта мешавад, мақомоти кишвар “консепсияи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои давраи то соли 2044 қабул кардааст.”

Дар матлаби Вазорати адлия дарҷ гардида, ки тибқи консепсияи пазируфташуда, Тоҷикистон бояд худаш паҳподҳои низомияшро бисозад ва ҳамчунин мутахассисонро барои истифодаи онҳо омода созад.

“Консепсияи мазкур бо мақсади муайян кардани роҳу воситаҳои ноил шудан ба рушди ҳавопаймоҳои бесарнишин ва имкони ба сатҳи нав баровардани амнияти Тоҷикистон таҳия шудааст”, – омадааст дар санад.

Дар санад ҳамчунин зикр гардида, ки ин паҳподҳо бо ҳадафи “таъмини амнияти давлатӣ, геодезӣ, кишоварзӣ, топографӣ, нақлиёт, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ” ва ғайра сохта мешаванд, ки то ин дам Тоҷикистон чунин имкониятҳоро надошт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пайи даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти тоҷик бо мақсади таъмини амният кӯшиши хариди паҳподҳои туркии “Байрақдор”-ро карда буданд, вале Туркия онро ба Тоҷикистон нафурӯхт. Дар ҳоле, ки Туркия аз ин навъ паҳподҳо ба Қирғизистон фурӯхт ва ҳатто дар як даргирии ахир, ки пурқурбонӣ ба шумор мерафт, аз онҳо истифода ҳам кард.

Аммо дар соли 2022 ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳподро роҳандозӣ карданд. Корхонаи сохти эронӣ паҳподҳоеро бо номи “Абобил-2” истеҳсол мекунад.

Худкушӣ ё қатли сарбоз дар Фархор?

0

Ҳакимҷон Самадови 19-сола, сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз зарби тир ҷон бохтааст.

Ин ҳодиса рӯзи 5-уми июли соли ҷорӣ замоне рух додааст, ки сарбоз дар манораи дидбонӣ дар ноҳияи Фархор навбатдорӣ мекардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомот марги ин сарзбози нерӯҳои марзбониро худкушӣ номидаанд, аммо пайвандонаш ба ин фарзия бовар надоранд ва ба Додситонии низомӣ барои таҳқиқи дурусти ҳодиса шикоят бурдаанд.

Ҳалимҷон Самадов, падари Ҳакимҷон бар ин бовар аст, ки писараш зери шиканҷа фавтидааст, чун дар баданаш нақши сиёҳу кабуд ҷой дошт. Инчунин падари сарбоз гуфтааст, ки дар бадани Ҳакимҷон ду тир зада шудааст, як тир аз тарафи гулӯяш рафта ва тири дигар аз кому бинияш баромадааст.

Дар ҳамин ҳол мақомот як фармондеҳи бахши марзбонии 0307-и Нерӯҳои марзбонӣ дар Фархор бо гумони “берун рафтан аз ҳади ваколат” боздошт карда, рафтораш нисбат ба Ҳакимҷонро таҳқиқ доранд.

Ин бори аввал нест, ки дар расонаҳо хабари марги сарбозон нашр мешавад. Дар аксар ҳолат мақомот бо вуҷуди шикояти сокинон, ки фарзандашон замони хидмат кушта шудааст, марги сарбозонро ба худкӯшӣ ё ягон навъи беморӣ рабт медиҳанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориши солонаи худ гуфта, ки дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуда, аз ин шумора 8 маврид худкушӣ буда, 6 нафар аз беморӣ фавтиданд.

Чанде пеш расонаҳо аз марги сарбоз Солеҳҷон Солиев дар фурӯдгоҳи низомии Айнӣ хабар дода буданд. Додситони ҳарбии Душанбе марги ин сарбозро ба бемории дил рабт додааст, аммо пайвандони ин сарбоз мегӯянд, ки ба фарзияи расмӣ бовар надоранд, зеро дар тани сарбоз изи захм буд.

Бояд гуфт, марги ҷавонон ва бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар нисбати сарбозон боис шудааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмат даст мекашанд ва мақомот барои ҷалби онҳо аз усулҳои “облава” ва фишор ба пайвандону наздиконашон истифода мебаранд. 

Коршиносон бар ин назаранд, ки сохтори Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба як тағйиротӣ куллӣ ниёз дорад. 

Муҷозоти як узбекистонӣ барои иштирок дар ҷандги Украина

0

Як шаҳрванди Узбекистон бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ маҳкум ба зиндони ислоҳӣ шуд.

Додгоҳи шаҳри Оҳангарони Узбекистон шаҳрванди ин кишвар Шавкат Юлдошевро, ки гуфта мешавад, дар суфуфи артиши Русия алайҳи Украина ҷангидааст, бо ҷурми “зархаридӣ” ба муҳлати 2,5 сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.

Гуфта мешавад, Юлдошев 26 сол дошта, охирҳои соли 2019 барои кор ба Русия рафта буд. Аммо Хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Узбекистон мегӯяд, ӯ моҳи сентябри соли 2021 дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ба 7 соли зиндон маҳкум мешавад.

Шавкат Юлдошев дар ҷанг алайҳи Украина увзи ширкати хусуси низоми “ВАГНЕР” буддааст. Гуфта мешавад, ӯро ин ширкати низомӣ баъд аз як соли зиндон бо ваъдаи пул ва озодии комил аз муҷазот ба ҷанг бурдааст.

Расонаҳо ҳукми 2,5 соли корҳои иҷбории Додгоҳи Узбекистонро нисбати Шавкат Юлдошев ҳукми сабук арзёбӣ карданд, вале мушаххас нест чаро Додгоҳ ба Юлдошев чунин муҷозоти сабук додааст, дар ҳоле ки Қонунгузории Узбекистон барои иштироки шаҳрвандони ин кишвар дар ҷангҳои хориҷӣ аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Додгоҳи олии Узбекистон гуфта, ки Юлдошев дар задухӯрдҳои Украина фаъолона иштирок кардааст, ҳатто бо медали “БАРОИ ШУҶОАТ” қадрдонӣ шудааст. Гуфта мешавад, Шавкат Юлдошев барои иштирок дар ҷанг алайҳи Украина 10800 долар ба даст овардааст.

Талаби ҳабси Сулаймон Давлатов рад шуд

0

Талаби ҳабси Сулаймон Давлатов аз сӯи Додгоҳи олии Литва рад шуд.

Хадамоти муҳоҷирати Литва қаблан аз Додгоҳ олии ин кишвар хоста буд, ки Сулаймон Давлатов, паноҳандаи тоҷик дар ин кишвари аврупоиро ба ҳабс гирад. Ба иддаои Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар, Сулаймон Давлатов ба амнияти миллии Литва хатар доштааст.

Ӯ моҳи апрели имсол бо гумони “хатар ба амнияти миллӣ” дар Вилнюс, пойтахти Литва дастгир шуд ва то аввали моҳи июн дар боздоштгоҳ буд. Аммо 4-уми июн додгоҳе дар шаҳри Вилнюс Давлатовро бо “далели доштани ҳаққи паноҳандагӣ ва фарзандони хурдсол” аз боздоштгоҳ озод кард, вале Хадамоти муҳоҷирати Литва дубора аз Додгоҳ хоста буд, то паноҳандаи тоҷикро ба ҳабс гирад.

Худи ӯ рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Додгоҳи олии Литва пас аз шунидани изҳороти ӯ пешниҳоди боздошташ аз сӯи Хадамоди муҳочирати ин кишварро рад кард.

Сулаймон Давлвтов собиқ узви “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон буда, яке аз мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

0

Рӯзи 10-уми июл Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз боришоти сахту омадани селҳо сокинону меҳмонони кишварро ҳушдор дод!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар ба шаҳрвандон ва меҳмонон ҳушдор медиҳад, ки имрӯз ва фардо (11-12-уми июл) дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Ҳамчунин КҲФ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14 июли соли 2024 дар чанде аз навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе “бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст.”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар робита ба ин ҳолат “аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва гипертония таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.”

Ин ниҳоди давлатӣ ба сокинон тавсия медиҳад, ки дар чунин ҳолатҳо бо латтаи намнок зуд-зуд хонаҳои худро тоза кунанд ва “дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро” фаромӯш накунанд.

Ҳамзамон аз сокинон хоста шуда, ки “то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.” Ва инчунин ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт кунанд.

Ҳушдори КҲФ дар ҳолест, ки рӯзи 8-уми июл дар ноҳияи Айнӣ ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд бар асари боришоти сахт сел омада, қисме аз роҳу каналҳо ва заминҳои кормау нуқтаҳои ёрирасонро хароб кард. КФҳ мегӯяд, хушбаахтона, селҳо дар вилояти Суғд талафоти ҷонӣ надошт.

“Алҷазира”-и Қатар Тоҷикистонро реклама мекунад?

0

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд мавзеъҳои сайёҳатии кишварро аз тариқи шабакаи “Алҷазира”-и Қатар “реклама” кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 9-уми июли соли 2024, Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири фавқулъода ва мухтори Тоҷикистон дар давлати Қатар бо Аҳмад бин Солим ал-Ёфиъӣ, директори иҷроияи шабакаи иттилоотии “Алҷазира” дар шаҳри Давҳа мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “таърих, урфу одатҳои миллӣ, унсурҳои таҳаммулпазири қадимаи халқи тоҷик, фазо ва низоми сармоягузорию имкониятҳои нодири сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа намуд ва дар ин замина инъикоси мавзеъҳои нодири сайёҳии Тоҷикистон дар ин шабакаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар чанд соли ахир барои ҷалби сайёҳони кишварҳои арабӣ ва бахусус кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс талошҳои зиёде кардааст. Инчунин ба хотири тарғиби сайёҳони кишварҳои арабӣ барои ба Тоҷикистон омада, ба сурати яктарафа гирифтани раводидро низ барои шаҳрвандони кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс нахуст сода, тариқи электронӣ ва сипас барои бархе аз онҳо онро бекор кардааст.

Ҳабси панҷ зодаи Тоҷикистон дар Русия

0

Додгоҳи низомии Екатеринбург панҷ зодаи Тоҷикистонро барои муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Мақомоти Русия ин панҷ зодаи Тоҷикистонро ба таъсис ва ширкат дар созмони террористӣ ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ гунаҳкор медонад, аммо гумонбарон иттиҳомро рад кардаанд.

Додрас Сангинмурод Мусофиров ва Абӯбакр Сангчаровро дар ташкили гурӯҳи террористӣ ва ҷалби одамон ба он гунаҳкор дониста, Мусофировро ба 24 сол ва Сангчаровро, ки гуфта мешавад шаҳрвандии Русияро дорад, ба 25 соли зиндон маҳкум кардааст.

Се муттаҳами боқимонда дар ин парванда ба ширкат дар ин гурӯҳ гунаҳкор дониста шуда, додгоҳ Анваршо Авезовро, ки пеш аз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дар Тоҷикистон пулис буд, ба 18 сол, Нуралӣ Дӯстовро ба 17 сол ва Шаҳриҷон Мусофировро барои 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳар кадоми онҳо бояд 350 ҳазор рубли дигар низ ҷарима супоранд.

Ҳамаи онҳо панҷ соли аввалро дар зиндон, боқимондаи ҳукмашонро дар колонияи низомаш шадид сипарӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол вакили дифои ин шаҳрвандони Тоҷикистон Сергей Вискунов таъкид кардааст, ки ҳукм то ҳол эътибори қонунӣ нагирифтааст ва метавонанд аз болои он шикоят кунанд.

Ёдовар мешем, ки дар соли 2021 расонаҳо аз боздошти 15 муҳоҷири тоҷик дар ҷараёни як амалиёти мақомоти Русия хабар дода буданд. Пас аз се моҳ 10 нафари онҳо ихроҷ ва 5 нафари дигар боздошт шуданд.

Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) иддао карда буд, ки ин зодагони Тоҷикистон дар Екатеринбург бахши Толибонро эҷод намуда, дар Русия қасди ҳамлаҳои террористиро доштаанд.

Тибқи тафтишот, қароргоҳи ин гурӯҳ дар кӯчаи Свердлов 27-и Екатеринбург ҷойгир буда, аз он ҷо нерӯҳои амниятӣ мех, пораҳои сими барқ ​​ва се сӯзандорӯ пайдо кардаанд, ки гӯё аз онҳо маводи таркандаи худсохт сохтанд мехостаанд.

Боздоштшудаҳо ва пайванонашон иттиҳоми мақомоти русро сохта ва беасос номида, гуфта буданд, ки ба Русия барои кор рафта буданд. Инчунин онҳо гуфта буданд, ки боздоштшудаҳоро шиканҷа ва маҷбур кардаанд, ки ба ташкили гурӯҳи террористӣ иқрор шаванд.

Дар ҳоле ин зодагони Тоҷикистонро бо иттиҳоми ташкили бахши Толибон дар Русия зиндонӣ мекунанд, ки дар аввали моҳи июл дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай раисиҷумҳури Русия Владимир Путин “Толибон”-ро муттаҳиди Федератсияи Русия дар мубориза бо терроризм номид.

Гаштҳои хона ба хонаи аъзои ҲХДТ дар Фархор

0

Дар саҳфаи фейсбукии Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор аз гаштҳои хона ба хона дар ин ноҳия хабар додааст.

Гуфта мешавад, рафтани намояндагони Ҳукумат, ки ҳама узви ҳизби ҳоким ҳастанд, ба хонаҳои мардум барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон будааст. Яке аз супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ин фаҳмондани қонуни манъи пӯшидани либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона” ба мардум мебошад.

Дар вохӯрӣ ба сокинони ин ноҳия намояндагони Ҳукумат зикр караанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фарҳанги миллиро риоят кунанд ва либоси миллӣ бипӯшанд. Ҳамчунин мақомот ба мардум гуфтаанд, ки аз тарғиби хурофоту бегонапарастӣ даст кашиданд. Аммо дақиқ нагуфтаанд, ки манзур аз либоси миллӣ кадом навъи либос аст ва низ чи чиз ҳамчун хурофот дониста мешавад.

Ба ин монанд дар дигар саҳфаҳи фейсбугии ҲХДТ дар ҷанд рӯзи охир дар интернет матлабҳои зиёде аз рафти корҳои фаҳмондадӣ барои пӯшидани либоси миллӣ нашр шудааст.

Аммо дар наворҳое, ки қаблан дар интернет нашр шуда буд, дида мешавад, занҳои ҳиҷобпӯшро маҷбур мекунанд то рӯсариҳои худро аз сар бигиранд ва бақавли онҳо “тоҷикона” банданд.

Ёдовар мешавем рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ парлумони кишвар ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид кард. Аз ҷумла, тибқи қонуни нав, “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо”-ро манъ кардааст.

Ин қонун дертар рӯзи 19-июни соли 2024 аз сӯи палатаи болоии парлумони кишвар тасдиқ ва аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Аксар коршиносон мегӯянд, танзими либоси шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти тоҷик мисли чанд соли қабл боз нафрати мардумро ба ҳукумат бештар карда, сафи мухолифонро зиёд мекунд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, “пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” танҳо шакл ва либосҳои исломиро дар бар мегирад ва ба он навъ либосҳои нимурён, ки ба фарҳанги тоҷикӣ ҳеч наздикӣ надоранд, коре гирифта намешавад.