9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 153

Машқҳои низомии минтақавӣ бе ҳузури Русия

0

Вазорати дифои Қазоқистон дар саҳифаи “Х” аз баргузории як размоишӣ низомии баналмилалии минтақавӣ таҳти номи “БИРЛЕСТИК-2024“ хабар дод.

Қарор аст ин размоиши низомӣ дар минтақаи Манкистауи Қазоқистон бо ҳузури кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Озорбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шавад.

Дар ин размоиш Русия ва Белорусия иштирок надорад, ин дар ҳолест, ки дар аксари размоишҳои низомӣ, ки қаблан дар минтқа бо ҳузури кишварҳои Осиёи Марказӣ баргуроз мешуд, Русия ва Белоруся ҳузур доштанд, аммо инбор номи аз ин ду кишвар оварда нашудааст.

Сабаби ҳузур надоштани кишвари Беларусия дар ин размоиш маълум нест, аммо таҳлилгарони низомӣ ҳузур надоштани Русияро ба ҷанги бедалели ӯ бо Украина ва тӯлонӣ шудани ин ҷанг марбут медонанд, ки ду сол аст давом дорад.

Ба гуфтаи онҳо, Русия дар ин муддати ду сол ба камбуди шадид нерӯи низомӣ дуҷор шудааст. Ва ҳоло ҳама нерӯ ва тамаркузашро ба ин ҷанг рована намудааст, ки ин боиси камранг шудани ҳузураш дар чунин размоишҳои минтақавӣ гаштааст.

Мулоқоти Раҳмонов ва Гутерриш дар Душанбе

0

Шоми 4-уми июли соли ҷорӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар доираи сафарҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Гутерришро Ҳоким Холиқзода, муовини аввали нахуствазир пешвоз гирифтааст. Аммо мулоқоти ӯ бо раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5-уми июл сурат гирифт.

Дар сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар рафти мулоқот барномаи “Об барои рушди устувор”, тағйирёбии иқлим, роҳҳои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуда, аз буҳрони Афғонистон гуфтаанд.

Маълум нест, ки дар ин мулоқот вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст ё на.

Аммо пеш аз сафари Гутерриш ба Душанбе, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Кумитаи наҷоти гаравганҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо навиштани нома аз ӯ хоста буданд, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи зиндониёни сиёсӣ ва фишор болои пайвандони онҳо ва фаъолони дар хориҷбударо ба миён гузорад.

Сафари Дабири кулли СММ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 29-уми июн оғоз шуда буд. Ӯ пеш аз Душанбе ба Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сафар кард ва дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона низ ширкат кард.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш бори охир ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2017 сафар карда буд.

Бояд гуфт, сафари Дабири кулли СММ баъд аз 7 сол дар ҳоле ба Тоҷикистон сурат мегирад, ки режими имрӯзаи Тоҷикистон дар ин муддат талабу тавсияҳои СММ-ро дар мавриди озод намудани маҳбусони сиёсӣ Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Искандаров, Мақсуд Иброҳим, Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит ва чандин нафари дигар иҷро накардааст.

Си Ҷинпин ба Тоҷикистон омад

0

Шоми 4-уми июл раисҷумҳури Чин Сиҷинпин пас аз нишасти Остона ба Тоҷикистон омад.

Ӯро дар Фурӯдгоҳи Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Аксҳое аз рафти ин пешвозгиӣ дар расонаҳои давлатӣ нашр шудааст, ки дида мешавад, шумораи зиёде аз наврасону ҷавонон дар даст парҷам ба истиқболи Си Ҷинпин ба фурӯдгоҳ оварда шудаанд ва инчунин афсарони горди фахрӣ дар саҳни фурӯдгоҳ барои истиқболи Си Ҷинпин саф кашидаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти Президент, сафари раисҷумҳури Чин то 6-уми июл идома меёбад. Қарор аст дар ҷараёни ин сафар бастае аз санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

Дар назар аст Си Ҷинпин бо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи биноҳои порлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе, ки бо сармоягузории 220 миллон доллари Чин сохта шудаанд, ширкат кунад.

Раисҷумҳури Чин дар мулоқоти худ бо Эмомалӣ аз 32 соли муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар ёдовар шуда, афзуд, ки талош доранд мносибатҳои дипломатии ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар шаванд. Вай илова кард, ки Чину Тоҷикистон “соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзии” якдигарро ҷонибдорӣ карда, мухоилфи дахолатҳои хориҷӣ ба умури дохилии кишварҳои ҳам ҳастанд.

“Мо ҳамеша дар масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем.”, гуфт Си Ҷинпин.

Раисҷумҳури Чин бинои нави Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистонро, ки бо сармоягузории кишвараш сохта шудаанд, “шиносномаи нави пойтахт”, шаҳри Душанбе унвон кард.

Эъломияи ниҳоии Созмони ҳамкориҳои Шанхай

0

Имрӯз 4-уми июл дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай эъломияи ниҳоии ин ҷаласаро имзо карданд.

Ин 24-умин ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узаи СҲШ буд, ки дар Остона баргузор шуд. Дар поёни нишасти дурӯза чандин санадҳои муҳим, аз ҷумла санади иҷрои ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ то соли 2030 имзо карда шуд.

Ҳамчунин намояндагони СҲШ дар поёни ҷаласа “барномаи ҳамкорӣ дар муқобила бо терроризм ва ҷудоиталабӣ”-ро имзо када, сари масъалаи “стратегияи мубориза бо маводи мухаддир то соли 2029” низ ба тавофуқ расиданд.

Гуфта мешавад, бар асоси эъломияи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ, нишасти баъдии ин созмон дар соли 2025 дар Чин баргузор мешавад ва Чин раёсати ин созмонро барои давраи баъдӣ бар уҳда хоҳад гирифт.

Дар эъломияи СҲШ омада, ки кишварҳои узв мувофиқат карданд, ки соли 2025-ро соли тавсиаи пойдор дар ин созмон эълом кунанд.

Дар ин нишаст сарони кишварҳои узви ин созмон баронаи ҳамкории кишварҳои СҲШ дар мубориза бо сепаратизм, терроризи ва ифротгароиро барои солҳои 2025 -2027 тасдиқ карданд. Ва дар идома намояндагони ин созмон тасмим гирифтанд, лоиҳаи стратегияи рушди СҲШ то соли 2035-ро ба итмом расонида, ба он мувофиқат кунанд.


Мураббии тоҷик дар Русия ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд

0

Додгоҳи ноҳияи Шербинскии шаҳри Маскав мурраббии риштаи куштии озод Алишер Исматзодаро то 28-уми августи соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, мурофиаи додгоҳии ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 3-уми июл баргузор шуда, ӯро тибқи моддаи 205.1, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне “ҷалби дигарон ба омодагӣ ва ё иҷрои ҷиноятҳои террористӣ” гумонбар медонанд.

Муфаттиш дар рафти мурофиа иддао кардааст, ки Исматзода ба як хешовандаш, ки ҳоло дар Сурия меҷангад ва дар Тоҷикистон дар пайгард қарор дорад, дар се ҳолат ҳамагӣ 10 ҳазору 100 рубл фиристодааст.

Аммо Алишер гуфтааст, ки ба Мамедов замоне пул фиристодааст, ки ин нафар як шаҳрвандӣ оддӣ буд ва ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекард ва пулро ҳам барои хариди пойафзоли варзишӣ фиристода будааст. Мураббӣ ҳамагуна робита бо ин хешовандаш ва дигар аъзоёни гурӯҳҳои ифротиро рад карда, таъкид кардааст, ки оиладор ва пайрави исломи суннатӣ аст.

Вале Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, “дар вақти кофтукоб аз манзили Алишери Исматзода адабиёти ифротӣ пайдо шуд.”

Вакили дифои Исматзода дар шарҳи ҳукми додгоҳ гуфт, ки Алишер дар ҳоле ба ин муттаҳам мешавад, ки тафтишот ҳатто натавонистааст, дар шакле, ки қонун муқаррар кардааст, дар бораи ин муомилот ё фиристодани маблағ маълумот диҳад.

Инчунин вакили дифоъ ба бегуноҳии Алишер таъкид карда гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ ӯ дар созмонҳои террористӣ ширкат накардааст ва қасди иштирок карданро ҳам надошта, тарзи ҳаёти дунявӣ дораду дар ҷомеаи рус идғом шудааст ва се фарзанди ноболиғ дорад.

Дар рафти мурофиа вакили дифоъ аз додгоҳ хост, Исматзода ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад, аммо додгоҳ ин дархости вакили дифоъро рад кард.

Тибқи иттилои расонаҳо, Алишер Исматзода 32 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) мебошад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 4-уми июл бо нашри изҳороте гуфтааст, ки Алишери Исматзода шаҳрвандии Русияро дорад.

Ӯ соли 2015 Донишгоҳи давлатии варзиш ва туризми Русияро хатм карда, устоди варзиши Русия оид ба куштии озод, номзад ба устоди варзиш аз рӯи куштии юнонию румӣ мебошад. Ӯ муддате дар мақоми муррабии калони мунтахаби Маскав оид ба куштии озод ва мураббии калони мунтахаби Русия оид ба куштии озод дар миёни занон кор кардааст ва то замони боздошташ муррабии мунтахаби ҷавонони Русия оид ба куштии озод буд.

Гуфта мешавад, пас аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл”, ки мақомоти Русия зодагони Тоҷикистонро дар он гумонбар медонанд, фишор болои тоҷикон дар ин кишвар бештар шуда, мақомоти рус, бахусус Кумитаи тафтишотӣ бо раҳбарии Александр Бастрикин зодагони Тоҷикистонро боздошт ва бо ин баҳона бадном мекунад.

Тоҷикистон ва қарзҳои Чину масъулиятҳои Рустами Эмомалӣ

0

Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин пас аз поёни нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки рӯзҳои 3-4 июл дар Остона баргузор шуд, ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Қарор аст, раҳбарони ду кишвар масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, дар маросими ифтитоҳи маҷмааи биноҳои порлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе, ки бо сармоягузории 220 миллон доллари Чин сохта шудаанд, ширкат кунанд.

Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин дар ин сафари худ бо ҳамтои тоҷикаш дар баробари баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ инчунин ҳамкориҳои низомию фаннӣ, бахусус бо дарназардошти вазъи ноустувор дар Афғонистон вазъи амниятии минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Аз соли 2016 ҳамкориҳои низомии Чину Тоҷикистон густариш ёфтааст. Чин бо имзои як созишнома ҳуқуқ пайдо карда, ки ҳудуди 30 то 40 постгоҳи амниятӣ ва дидбонгоҳҳои марзиро дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таъмиру бозсозӣ кунад.

Тибқи ин қарордод, Чин аввалин иншооти низомиро дар минтақаи Мурғоб дар чорроҳаи марзҳои Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон бунёд кард. Сарбозони тоҷик дар онҷо хидмат мекунанд ва гуфта мешавад, вазифаи онҳо назорати “ҳаракатҳои ҷангиёни исломӣ”, ки аз ҷониби Афғонистон таҳдид мекунад, мебошад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, бар иловаи миллонҳо доллар сармоягузориҳои Чин дар соҳаи низомӣ ва амниятӣ, инчунин ин кишвар дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дар соҳаи канданиҳои фоиданоки кӯҳӣ, аз ҷумла тилло ва дигар сангҳои қимматбаҳо сармоягузорӣ дорад.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ҳамоиши тиҷорӣ ва сармоягузории намояндагони Чину Тоҷикистон, ки моҳи июн баргузор шуд, кишварҳо дар мавриди бунёди як маркази логистикӣ ва корхонаи металлургии “Талко Голд” ба мувофиқа расиданд, ки маблағи умумии тарҳҳои он 6 миллиард сомонӣ (ҳудуди 600 миллион доллар)-ро ташкил дод.

Бино ба иттилои расонаҳо, то кунун байни Тоҷикистону Чин созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан ва нақлиёт ба маблағи беш аз 560 миллион доллар ба имзо расидааст. Бар иловаи ин, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 500 ширкат бо сармояи Чин фаъолият мекунанд ва ҳаҷми сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар зарфи 10 соли охир бештар аз 3.8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки сафари Си Ҷинпин дар худ ҳадафҳои зиёде хоҳад дошт, ки яке аз онҳо ризоият додан ба интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ мебошад. Гуфта мешавад, ба қудрат расидани Рустам масъулияти ӯро дар баробари Чин сангин хоҳад кард. Зеро қарзҳои Тоҷикистон аз Чин тақрибан 60 дарсади қарзҳои хориҷии кишварро дар бар мегирад ва Рустам бояд биандешад, ки бо кадом роҳ метавонад ин қарзро баргардонад.

Белорус узви комилҳуқуқи СҲШ шуд

0

Кишвари Белорус дар 24-умин нишасти Созмони ҳамкории Шонхай, ки дар шаҳри Остона гузашт, даҳумин узви комилҳуқуқи ин созмон пазируфта шуд.

Кишварҳои узви СҲШ 4-уми июл дар нишасти Остона-2024 кишвари Белорусро ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмон пазируфтанд ва вобаста ба ин, қарори дахлдор дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ ба имзо расид.

Акнун Ҷумҳурии Белорус дар баробари кишварҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дар ин созмон узви доим буда, бо ин кишварҳо мақоми мушобеҳ дорад.

Тоқаев, ки ин нишастро раисӣ мекунад, шомилшавии Белорусро ба СҲШ ба ҳамтои белорусияш Александр Лукашенко табрик гуфт ва афзуд, ки “Кишвари шумо дар як муддати кӯтоҳ тамоми қадамҳои заруриро дар самти узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай анҷом дод.”

Беларус аз соли 2010 ба ҳайси шарики муколама ва аз соли 2015 то имрӯз ба ҳайси нозир дар СҲШ ширкат мекард.

Ҳоло дар ин созмон кишварҳои Афғонистон ва Муғулистон ҳамчун кишварҳои нозир ва кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Малдив, Мянма, Непал, АМА, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Шри-Ланка ҳамчун кишварҳои “шарикони муколамаи СҲШ” боқӣ мондаанд.

Афзоиши довталабони донишгоҳҳои Тоҷикистон

0

Теъдоди довталабони донишгоҳҳои Тоҷикистон бар хилофи солҳои пешин афзоиш ёфтааст.

Масъулони Маркази миллии тестии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтаанд, ки имсол зиёда аз 100 ҳазор довталоб барои шомил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ин марказ сабти ном кардаанд.

Ба қавли Радиои Озодӣ, ки дар ин бора гузориш таҳия кардааст, ҳанӯз масъулини Маркази миллии тестӣ таҳқиқоти худро дар бораи афзоиши теъдоди довталабон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳия ва нашр накардаанд.

Аммо бархе коршиносон гуфтаанд, ки раванди афзоиши довталабони донишгоҳҳои Тоҷикистон ду омили асосӣ дошта метавонад: яке зиёд шудани озору азияти муҳоҷирон дар Русия ва дигаре ҷалби ҷавонони тоҷикистонӣ дар Русия ба гурӯҳҳои ҳаросафкан мардумро ба ин водор кардааст, ки дар айни замон барои таҳсили фарзандони худ донишгоҳҳои кишварро интихоб кунанд.

1‑уми июли соли 2024 даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 2-юми май) номнависшуда оғоз гардид. Даврҳои баъдӣ пас аз 9-уми моҳи ҷорӣ оғоз мешаванд.

Гуфта мешавад, Маркази миллии тестӣ, ягона ниҳоде ҳаст, ки имтиҳоноти тамоми муасиссаҳои олии таълимии кишварро зери назар дорад. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон 5-уми марти соли 2008 таъсис дода шудааст.

Сабаби сӯхтор дар бозори Ҷайҳун маълум шуд

0

Бино ба иттиллои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ, сабаби оташсӯзӣ дар бозори марказиӣ ноҳияи Ҷайҳун шудааст.

Бозори мазкур шаби 1-ум ба 2-юми июл оташ гирифт ва даҳҳо дӯкони хурду бузург ба коми оташ рафт. Гуфта мешавад, 95 дарсади бозор сӯхтааст. Масоҳати сӯхторро мақомот беш аз 2800 метри мураббаъ гуфтаанд.

Як фурӯшандаи ин бозор, ки ноқилҳои барқӣ мефурӯхтааст, ба расонаҳо гуфта, ки ду мағозааш пурра оташ гирифтаанд ва дар маҷмуъ 700 ҳазор сомонӣ зарар дидаааст, маълум нест, ки ин зарари бузургро мақомот ҷуброн мекунанд ё на.

Ин бозор дар ноҳияи Ҷайҳун дар наздикии марзи Тоҷикистону Афгонистон ҷойгир буда, сокинон аз чанд ноҳия барои харид аз ин бозор истифода мекарданд. Сӯхтори бозорҳо дар Тоҷикистон бори аввал набуда зуд-зуд дар бозорҳои бузург чунин оташсӯзиҳо рух медиҳад.

CММ озодии фаъолони зодаи Бадахшонро талаб кард

0

Созмони Миллали Муттаҳид боздошти фаъолони бадахшониро аз ҷониби мақомоти тоҷик, “боздоштҳои худсарона” донист.

Гурӯҳи кории СММ, аз ҷумла боздошти фаъолони зодаи Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева, Сорбон Юноев, Фаромуз Иргашов ва Манучеҳр Холиқназаровро, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, “боздоштҳои худсарона” эътироф кард.

Гузориш аз ҷониби Гурӯҳи корӣ дар мавриди боздоштҳои худсарона дар иҷлосияи 99-уми ин гурӯҳ қабул ва дар сомонаи СММ дар ду ҳуҷҷат нашр шудааст.

Дар қарори ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки боздошти рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева, соҳибкор ва фаъол Сорбон Юноев, инчунин ҳуқуқшиносон Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаров хилофи “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, “Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳуқуқи инсон”, “Паймони Байналмилалии Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” ва “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” буда, худсарона мебошад.

Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки ин афродро фавран озод кунанд ва бар асоси қавонини байналмилалӣ ба онҳо ҳаққи ҷуброн ва дигар шаклҳои ҷубронпулиро фароҳам кунанд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин аз Ҳукумати кишвар талаб кардааст, ки тафтиши пурра ва мустақили вазъиятро, ки ба худсарона аз озодӣ маҳрум кардани ин шахсон вобаста аст, таъмин намояд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба хулосаи Гурӯҳи кории СММ вокуниш нишон надодааст. Аммо дар гузашта мақомот талаби ин гурӯҳро дар мавриди озод намудани чандин зиндонии сиёсии тоҷик, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов, Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров, Мақсуд Иброҳимов ва дигарон иҷро накарда буд.

Бояд гуфт, фаъолони зодаи Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева, Сорбон Юноев, Фаромуз Иргашов ва Манучеҳр Холиқназаров пас аз тазоҳуроти осоиштаи мардуми ин вилоят ва қатли даҳҳо тан аз ҷониби Ҳукумат дар солҳои 2021-2022, боздошт гардида буданд ва то имрӯз даҳҳо созмони байналмилаливу кишварҳои ғарбӣ озодии онҳоро талаб кардаанд, аммо ин афрод то ҳол дар зиндон қарор доранд.