Хона блог саҳифа 161

Оташбас миёни Исроил ва Лубнон ҷорӣ шуд

0

Шоми рӯзи 26-уми ноябр бо миёнҷигарии Амрико миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон оташбас ҷорӣ шуд.

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил пас аз ҷаласаи кобинаи кишвараш дар мавриди оташбас бо Лубнонро эълон кард. Ҳамчунин субҳи рӯзи чоршанбе Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико низ аз ҷорӣ шудани ин оташбас хабар дод.

Гуфта мешавад, Телавив ва Бейрут бар сари барқарори оташбас барои поён додани ҷанг ба тавофуқ расиданд. Байден эълом кард, ки нерӯҳои низомӣ ва амниятии Лубнон тайи 60 рӯзи оянда дар ҷануби Лубнон ҷобаҷо шуда, контроли ин минтақаро ба даст хоҳанд гирифт. Ва Исроил низ ба тадриҷ нерӯҳои боқимондаи худро то ин муддат берун хоҳад кард.

Раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки дар рӯзҳои оянда ҳамроҳи Туркия, Миср ва Қатар масъалаи оташбас миёни гурӯҳи ҲАМОС ва Исроилро низ оғоз мекунад.

Шоми дирӯз пас аз ҷаласаи кобинаи Исроил расонаҳои ин кишвар мувофиқати оташбас дар Лубнонро таъйид када буданд, вале баъд аз эълони оташбас ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут идома кард. Исроил ин ҳамлаи худро дуруст шуморида мегӯяд, оташбас аз 27-ум соати 10-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ба иҷро даромадааст.

Хабаргузории “Ройтерз” аз қавли як манбаи огоҳи лубнонӣ навишта, ки яке аз бандҳои асосии ин оташ таваққуфи комили ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил ба хонаҳо ва пойгоҳии низомии “Ҳизбуллоҳ” аст. Ва иничунин гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” ва ҳампаймононаш низ вазифадор ҳастанд аз ҳамагуна зарбаҳо ба сӯи Исроил худдорӣ кунанд.

Аз бандҳои муҳими созишномаи оташбас ин аст, ки Исроил дар давоми 60 рӯз бояд тамоми нерӯҳояшро аз хоки Лубнон берун барорад, мардуми осоиштаи муҳоҷири Лубнон ба хонаҳояшон баргарданд, нерӯҳои “Ҳизбуллоҳ” бояд то дарёи Литонӣ, ки 30 километр аз марзи Исроил дур аст, пас раванд, артиши Лубнон бояд дар ҷануби дарёи Литонӣ ҷойгир шавад ва марзро нерӯҳои Посдорони сулҳи СММ, артиши Лубнон ва артиши Исроил назорат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба заминҳои ишғолшудаи Фаластин аз 7-уми октябри соли 2023 Исроил ҳамлаи густардаи худро болои мардуми осоиштаи Ғазза шуруъ кард, ки то кунун идома дорад ва беш аз 45 ҳазор кас кушта шудааст. Дар пайи ин ҳамлаҳо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон низ ба харобкориҳои Исроил посух дод. Дар натиҷа Исроил бо Лубнон низ вориди ҷанг шуда, раҳбари ин гурӯҳ Ҳасан Насруллоҳ ва баъдан чандин раҳбарони ин гурӯҳро гушт, ки ин боиси шиддат гирифтани даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” гашт.

“Рейд”-и муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои Русия

0

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои тафтиши муҳоҷирон “рейд” гузаронданд.

Амалиёт бо иштироки муфаттишони низомӣ, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва гурӯҳи ОМОН баргузор шуда, ба биноҳое, ки дар онҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад, ворид шуданд. Гуфта мешавад, дар рафти ин санҷиш зиёда аз 300 муҳоҷир ва нафароне, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, тафтиш шуданд.

Дар натиҷаи ин тафтишот кормандони мақомот 22 қонуншикании маъмуриро ошкор намуда, ба 40 нафар даъватнома барои ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбиро супоридаанд.

Пештар аз ин дар нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ “рейд”-и монанд дар “Апраксин” сурат гирифт, ки дар он тақрибан 200 нафар санҷида ва ба 40 нафар даъватнома супорида шуда буд.

Маълум нест ҳамаи афроде, ки ба онҳо даъватнома дода шудааст, шиносномаи Русияро доранд ё на, аммо расонаҳои русӣ менависанд, ки ин афрод “муҳоҷироне мебошанд, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд”.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар моҳи августи соли ҷорӣ лоиҳаи қонунеро имзо карда буд, ки тибқи он ҳар нафаре, ки пас аз гирифтани шаҳрвандии ин кишвар худро дар артиш сабти ном намекунад ё аз хидмати сарбозӣ саркашӣ мекунад, шиносномаи Русия бекор карда мешавад.

Дар расонаҳо хабарҳое нашр шуда буд, ки мақомоти Русия шаҳрвандии чанд зодаи Тоҷикистонро барои сабти ном накардан дар артиши ин кишвар, бекор карданд.

ВКД-и Русия иддао дорад, ки чунин тадбирҳо ба таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун нигаронида шудааст, на ба маҳрумсозии оммавӣ аз шаҳрвандии зодагони дигар кишварҳо.

Аммо муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар аксар ҳолат санҷишҳо ва бекор кардани шаҳрвандии Русия нисбати онҳо сурат мегирад ва мақомоти Русия бо ин кор мехоҳанд ҳарчи бештар зодагони дигар кишварҳоро ба артиш ҷалб кунанду ба ҷанг дар Украина бифиристанд.

Русия Толибонро аз “феҳристи сиёҳ” берун мекунад?

0

Думаи давлатии Русия Лоиҳаи берун кардани Ҳаракати Толибонро аз “феҳристи сиёҳ” ва ё рӯйхати “гурӯҳҳои террористӣ” баррасӣ мекунад.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, лоиҳаи мазкур пешбинӣ мекунад, ки “манъи фаъолияти созмоне, ки ба феҳристи ягонаи федералии созмонҳои дохилӣ ва хориҷиву байналмилалие, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Русия террористӣ эътироф шудаанд, мумкин аст бо қарори додгоҳ муваққатан боздошта шавад.”

Гуфта мешавад, пеш аз баррасии ин масъала дар Думаи давлатӣ бояд Додситонии кулли Русия далелҳои воқеӣ ва қонеъкунанда пешниҳод кунад ва баъд аз он Додгоҳи олии ин кишвар метавонад Ҳаракати Толибонро аз “феҳристи сиёҳ” ва ё гурӯҳҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави ин кишвар мамнуъ аст, берун кунад.

Ин ҳам дар ҳоле сурат мегирад, ки 25-уми ноябри соли ҷорӣ расонаҳои афғонистонии марбут ба Толибон хабар доданд, ки Сергей Шойгу, дабири кулли Шӯрои амнияти Русия ба Кобул сафар кардааст ва онҷо бо Абдулғанӣ Барадар, муовини нахуствазири Афғонистон “музокирот” анҷом додааст.

Шойгу зимни мулоқот бо муовини нахуствазири Толибон таъкид карда, ки “Русия барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон қасд дорад Иморати исломиро аз феҳристи сиёҳи Русия берун кунад.”

Тоҷикистон хоҳони тавсеаи ҳамкориҳо бо Русия шуд

0

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҳамтои русаш хостааст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиётро тавсеа диҳанд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо вазири нақлиёти Федератсияи Русия Роман Старовойт аз вай хост, ки хатсайри қатора байни Душанбе-Маскав дубора фаъол шавад.

Азим Иброҳим пешниҳод кард, ки иҷозати ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши Тоҷикистон тавассути дигар нуқтаҳои убури сарҳади Русия ва Беларус бозбинӣ шуда, шумораи рухсатномаҳои шакли P-3 барои нақлиёти боркаш зиёд карда шавад.

Инчунин вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҳамтои русаш хостааст, ки қатораи мусофирбари хатсайри “Душанбе – Маскав” ва кушодани хатсайрҳои нави байналмилалии автобус миёни шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ва Русия бори дигар барқарор карда шаванд.

Ба қавли сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии XVIII “Нақлиёти Русия – 2024” 21-уми ноябр дар шаҳри Маскав анҷом шуд. Форуми мазкур 21-ум оғоз шуда, то 26-уми ноябр дар Русия идома меёбад.

Гуфта мешавад, хатсайри қатора байни Душанбе, Маскав ва дигар хатсайрҳои автобус байни бузургшаҳрҳои Тоҷикистону Русия то ибтидои соли 2020 амал мекарданд, вале дар замони ҳамагирии Коронавирус яктарафа аз ҷониби Русия қатъ карда шуданд ва то ҳол ин раванд дар хеле аз хатсайрҳо идома дорад.

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев. Ин бор кадом мушкилӣ ҳал шуд?

0

Раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев бо ҳам мулоқот карданд.

Ин мулоқот 23-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуда, ҷонибҳо дар мавриди таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонда гуфта, ба гурӯҳҳои корӣ барои идома додани кор дар ин самт супориш доданд.

Ҷониби Тоҷикистон мисли ҳамеша аз ҷузъиёти дигари ин мулоқот чизе нагуфтааст, аммо дар расонаҳои ҳукуматӣ таъкид мешавад, ки “Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид”.

Гуфта мешавад, cозишнома дар бораи баргузории мулоқотҳои мунтазам дар мавриди таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатии ҳанӯз соли 2002 ҳосил шуда буд ва то кунун гуфтушунидҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бо навбат сурат мегирифтаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва баъзе нуқтаҳои баҳсбарангезе, ки солҳои ахир сари онҳо даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифт, то ҳол номуайян боқӣ мондааст.

Пештар раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саимумин Ятимов гуфта буд, ки то ин дам ҷонибҳо ба таъйин ва аломатгузории беш аз 90% хати марзи муштараки ду кишвар, ки дар маҷмуъ 987 км-ро ташкил медиҳад, ба мувофиқа расидаанд. Бино ба иддаои ӯ, нуқтаҳои муайян нашудаи марзи ду кишвар камтар аз 100 километр боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар охири соли 2023 таъкид карда буд, ки таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатии то баҳори соли 2024 ба анҷом мерасад.

Ҳамзамон Ҳакан Фидан, вазири корҳори хориҷии Туркия моҳи январи соли 2024 замоне ки аз Бишкек ва Душанбе дидан мекард, гуфта буд, ки мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон, дар моҳи март ҳали худро хоҳад ёфт. Вале дида мешавад, ки то ҳанӯз ин масъала ҳали ниҳоии худро наёфтааст.

Тоҷикистон қарордоди интиқоли барқ ба Афғонистонро тамдид кард

0

Ширкати барқи Афғонистон “Брешно” эълом кард, ки қарордоди воридоти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон то поёни соли 2025 тамдид шуд.

Ин ширкат, ки ҳоло аз сӯи Толибон идора мешавад, рӯзи душанбе бо нашри иттилоияе мегӯяд, қарордод аз ҷониби раиси ширкати барқи Афғонистон “Брешно” Абдулборӣ Умар ва раиси ширкати “Барқи тоҷик” Асозода Муҳаммадумар имзо шудааст.

Дар иттилоияи ширкати “Брешно” ҷузъиёти бештаре дар бораи қарордод гуфта нашудааст, аммо ишора шуда, ки он дар Туркия ба имзо расидааст.

То кунун ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид чизе нагуфтаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” солҳост наметавонад ниёзи мардуми Тоҷикистонро аз барқ бароварда кунад. Вале фурӯши онро ба хориҷ бидуни каму косте анҷом медиҳад. Ҳамасола дар фасли сармои зимистон барқ дар тамоми ҷумҳурӣ ва ҳатто дар пойтахт ҳам қатъ мешавад.

Чанд рӯзе қабл масъулони Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-1” хабар дода буданд, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ беш аз 3,5 миллард сомонӣ шудааст ва ин ширкат қодир нест қарзи худро пардохт кунад.

Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсоя бо Толибон чандон муносибати хубе надоранд, вале дида мешавад, ки муносибатҳои пасипардагии тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо Толибон идома дорад.

Вакилони рус мехоҳанд вазъи муҳоҷиронро бадтар кунанд

0

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки назорат бар муҳоҷират пурзӯр карда шуда, муҳоҷирон ба кор дар соҳаҳои тарбия, таълим ва тандурустӣ роҳ дода нашаванд.

Володин дар саҳифаи “Телеграм”-аш навиштааст, ки ин соҳаҳо бояд таҳти назорати шаҳрвандони Русия бошад. Аммо маълум нест, ба ин гурӯҳ шаҳрвандон, зодагони Осиёи Марказӣ, ки шиносномаи ин кишварро дарёфт кардаанд, дохил мешаванд ё на.

Тибқи омори раиси Дума, аз соли 2014 то кунун барои танзими ва пурзӯр кардани назорат болои муҳоҷират 13 қонун қабул шудааст ва ҳоло чандин лоиҳаи қонун дар парлумон дар ҳоли баррасӣ аст.

Ҳоло вакилони рус бар зарурати супоридани имтиҳони ҳатмии шифоҳӣ аз забони русӣ барои муҳоҷироне, ки тибқи “патент” кор мекунанд, исрор меварзанд. Онҳо вусъат бахшидани сабти видеоии имтиҳонҳоро пешниҳод намуда, мехоҳанд мизони мушаххаси донистани забон вобаста ба касб муқаррар карда шавад. Илова бар ин, дар назар аст, ки рӯйхати муассисаҳои ваколатдоре, ки ҳаққи гузаронидани имтиҳонҳоро доранд муайян ва маводи имтиҳонҳо мунтазам нав карда шаванд.

Инчунин вакилони рус лоиҳаеро баррасӣ доранд, ки тибқи он шумора ва тахассуси коргарони хориҷӣ муайян, ҷамъоварии ҳатмии маълумоти биометрии муҳоҷирон ҷорӣ ва қоидаҳои назорати будубоши муҳоҷирон сахттар карда мешавад.

Қарор аст ҳафтаи оянда вакилони рус тарҳи қонунеро баррасӣ кунанд, ки тибқи он қабули фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳо мамнуъ мешавад.

Чанд моҳи охир мақомоти Русия фишор болои муҳоҷирони кориро бештар карда, барои маҳдуд кардани фаъолияти онҳо қонунҳои зиёдеро қабул карда истодаанд. Ҳатто кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла таксиронӣ дар аксар минтақаҳои ин кишвар манъ шуда, нархи иҷозатномаи корӣ ҳам гарон шудааст.

Рустами Эмомалӣ дар Русия аз интихобот ва демократия гуфт

0

Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо мақомоти Русия масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Тавре расонаҳои Русия хабар медиҳанд, Рустами Эмомалӣ бо ҳадафи иштирок дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз, 22-уми ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, сафар карда буд.

Раиси шаҳри Душанбе зимни суханронияш дар ин нишаст “дар бораи нақши институти мушоҳидаи байналмилалии интихобот дар рушди демократия ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” суханронӣ кардааст.

Рустами Эмомалӣ “интихобот ва раъйпурсӣ”-ро “аз муҳимтарин унсурҳои ҳамкории сиёсиву ҳуқуқии байни кишварҳо” шуморида, таъкид карда, ки “нақши он дар такмили танзими ҳуқуқӣ ва заминаи қонунгузории миллии омодагӣ ва гузаронидани интихобот назаррас аст.”

Гуфта мешавад, шаҳрдори Душанбе дар ҳошияи ин нишаст бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот карда, таъкид кардааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ғайра рушди устувор доранд.

Аммо маълум нест, ки Рустами Эмомалӣ бо мақомоти Русия масъалаи муҳоҷирон ва ҳалли мушкилоти онҳоро баррасӣ кардааст ё на. Чун ба гуфтаи таҳлилгарон, сафари мақомдорони тоҷик ба Русия муҳоҷирони тоҷикро каме ҳам бошад хушҳол месозад, зеро онҳо гумон мекунанд бо сафари мақомот мушкилоти онҳо низ дар миён гузошта мешавад ва ин ихроҷу боздоштҳо камтар мешаванд. Аммо дар расонаҳо гуфта нашудааст, ки Рустам дар ин бора бо мақомоти Русия чизе гуфта бошад.

Аз тарафи дигар, бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сухнронии Рустами Эмомалӣ дар Русия дар мавриди интихобот дар рушди демократия ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлатии кишварҳои ИДМ баёнгари он аст, ки ба наздикӣ дар Тоҷикистон интиқоли қудрат сурат мегирад ва Рустам ҷои падарро хоҳад гирифт.

Як муҳоҷирро бо иттиҳоми куштори духтари панҷмоҳааш боздошт карданд

0

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав аз боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар куштори духтари панҷмоҳааш гумонбар мешавад.

Ин ҳодиса 19-уми ноябри соли 2024 дар Любертсии вилояти Маскав рух додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, муҳоҷири тоҷик ҳангоми дар манзили зисташ будан ба сари тифл чанд маротиба мезанад, ки боиси марги кӯдак шудааст.

Гуфта мешавад, сабаби рафтори хашини ин марди 28-сола гиряи тӯлонии духтараш будааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 105 қисми 2 банди “в”-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (куштори ноболиғ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ин муҳоҷири тоҷикро то 18-уми январи соли 2025 ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Додситонии вилояти Маскав мегӯяд, ки ин мард гуноҳро пурра иқрор шудааст ва дар ҳудуди Русия қайди будубош надоштааст.

Аммо ба таври ҷудогона назари худи муттаҳам ва наздиконаш дастраси расонаҳо нашудааст. Ҷузъиёти ҳодиса танҳо аз тариқи мақомот нашр шудааст.

Ҳамлаи густардаи Исроил ба Ғазза ва Лубнон

0

Артиши Исроил аз рӯзи 21-уми ноябр ҳамлаҳои худро болои мардуми Ғазза шиддат бахшидааст. Давоми 24 соати гузашта 120 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳамзамон Исроил субҳи имрӯз ҷануби шаҳри Бейрути Лубнонро ба шиддат бомборон кард. Гуфта мешавад, ҷангандаҳои Исроил минтақаи Аш-Шайёҳ дар ҷануби Бейрутро мавриди чандин ҳамла қарор доданд.

Ҳамзамон расонаҳои лубнонӣ хабар додаанд, ки Исроил бо паҳподҳо мардуми оддӣ ва дучархасаворону моторсеклетҳоро дар минтақаҳои гуногуни Бейрут ҳадаф қарор медиҳанд.

Хабаргузории “Ройтерз” аз мақомоти Италия хабар дод, ки 4 сарбози италяӣ дар натиҷаи бомборони Исроил ба пойгоҳи низомии Муҳофизони сули Созмони Милали Муттаҳид захмӣ шудаанд. Вале то кунун иллати ҳамлаи Исроил ба пойгоҳи Муҳофизони сулҳ расман шарҳ дода нашудааст.

Расонаҳои исроилӣ низ гузориш додаанд, ки аз оғози ҳамлаи низомӣ ба Лубнон 83 сарбозаш кушта шуда, 1018 сарбози дигараш захмӣ шудаанд.

Аз тарафи дигар, мувофиқи гузориши расонаҳо, нерӯҳои Исроил ба шаҳри Ноблус, қисмати шимолии Канораи Бохтарӣ ҳуҷум карда, бо фаластиниҳои таҳҷоӣ даргир шуданд. Ва низ гуфта мешавад, ки вазъ дар Қудс ҳам хуб нест. Зеро артиши Исроил барои ворид шудани намозгузорон ба Масҷид-ул-Ақсо монеъ шудаанд.

Дар чанд ҷабҳа шиддат бахшидани ҳамлаҳои Исроил дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дастури боздошти сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ва собиқ вазири дифои ин кишвар Юов Галантро содир кард. Додгоҳ ин ду нафарро “муҷримони ҷанг” эътироф карда, мегӯяд, ки онҳо “гуруснагиро ҳамчун силоҳ бар зидди мардуми Ғазза истфиода бурдаанд.” Дар пайи судури ин ҳукм ДҶБ аз кишварҳои дунё ва шарикон хост, ки ҳукмро иҷро кунанд.