40.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 171

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 25-уми августи соли ҷорӣ бо як сафари расмӣ озими Қазоқистон шуд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи шаҳри Остона Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешвоз гирифтааст.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ ва кадрҳо, вазирони фарҳанг, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Гуфта мешавад, дар ин сафараш Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқазаш ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ хоҳад кард.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, доду гирифти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли гузашта 1,4 миллиард долларро ташкил дода, Қазоқистон воридкунандаи асосии ғаллаву орд ва равған ба Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба Қазоқистон сафар мекунад, ки аз 26-ум то 28-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон бо ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шавад. Мақомоти Тоҷикистон барои доир кардани ин чорабинӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз мардум маблағи маҳсулотро ҷамъоварӣ карда буданд.

Раисони ҷамоату маҳаллаҳо дар суҳбат бо Azda.tv ва дигар расонаҳо шикоят карда буданд, ки раисони шаҳру ноҳияи кишвар аз вилояти Суғду Хатлон шуруъ карда, то ноҳияҳои марказ ба қавле “ҷони мардумро ба лаб овардаанд.”

Инчунин аксар корбарон дар вокуниш ба пулҷамъкунии масъулин гуфта буданд, ки агар мақомоти Тоҷикистон барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангии худ дар кишвари дигар наметавонад аз ҳисоби худаш масраф кунад, чӣ лозим аст ин қадар мардумро озору азият карданд?

Боздошти гурӯҳе аз тоҷикони ДИИШ дар Афғонистон

0

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми пайравӣ аз ДИИШ аз ҷониби мақомоти Толибон дар Афғонистон боздошт шуданд.

Шабаки ютубии “Al Mirsaad Isdarat“, ки аз шабакаҳои наздик ба ҳукумати Толибон гуфта мешавад, навореро нашр кард, ки дар он гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикистонӣ ба узви ДИИШ будани худ иқрор карда ва аз кардаашон изҳори пушаймонӣ мекунанд. Дар навор ному насаб ва макони зисти онҳо низ ба таври комил нашр шудааст.

Дар навор гуфта мешавад, ки бахши умдаи гурӯҳи ДИИШ дар Хуронсонро ҷавонони тоҷикистонӣ ташкил медиҳанд. Ва аксари амалиёти интиҳорӣ ва таркишҳое, ки ҳоло дар Афғонистон иҷро карда мешаванд, онҳоро ин гурӯҳ анҷом медодаанд.

Маълум нест, диқиқан ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон кай боздошт шудаанд, вале онҳо, ки ҳама ҷавонанд, мегӯянд, нафаре бо номи “Абумуҳаммад” онҳоро фиреб дода, дар мавриди ДИИШ ва зиндагӣ зери қонуни шариъатро дар Афғонистон барояшон ваъда кардааст, аммо баъд аз расидан аз он гуфтаҳо хабаре набудааст.

Онҳо мегӯянд, даъватгарони ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Телегром ҷавонони тоҷикро, ки дар Тоҷикистон аз рафтан ба масҷид ва гузоштани ришу гирифтани таълимоти динӣ маҳруманд, бо ваъдаҳои ин ки дар онҷо рафта, таълимоти исломӣ мегиранду озодона аҳкоми шариъатро анҷом медиҳанд, мефиребанд. Аммо пас аз расидан, дар аввал чанд муддате зиндонӣ мешаванд ва сипас аз онҳо бо ваъдаи рафтан ба биҳишт шахсони интиҳорӣ ва истишҳодӣ омода мекунанд.

Дар мавриди роҳҳои даромад ва ба даст овардани маблағи ДИИШ ин ҷавонони тоҷик мегӯянд, ки ин гурӯҳ аз ду роҳ сармоя ба даст меорад, яке одамрабоӣ ва аз тариқи он аз соҳибонаш маблағи зиёд талаб мекунанд ва роҳи дуюм аз “Биткоин”.

Дар навор гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҳамаҷо аз гурӯҳҳои зиддитолибонӣ пуштибонӣ мекунад, худ бо маҳдуд сохтани фаъолиятҳои динӣ, фишор болои диндорон дар Тоҷикистон, сабаби нооромии минтақа гаштааст. Зеро аксари ҷавонони тоҷик аз фишори зиёди ӯ ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд.

Ҷавонони тоҷик низ дар навор таъкид мекунанд, ки ба сабаби фишори зиёд болои диндорон ва мамнуъ будани таълимоти динӣ, фирефтаи ақидаҳои такфирӣ ва ДИИШ шуда, ин ақидаи ин гурӯҳҳоро таълимоти дурусти динӣ пиндоштаанд.

Ному насаби ҷавонони тоҷике, ки дар ин навор зикр шудааст:

Валид Муҳаммадов, зодаи шаҳри Душанбе (Ном дар ДИИШ: Сайфуллоҳ)

Фаридуни Абдураҳим, зодаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (Ном дар ДИИШ: Салим)

Яъқуби Муҳаммадӣ, зодаи шаҳри Душанбе

Мусалмони Сулаймон, зодаи ноҳияи Файзобод (Ном дар ДИИШ: Абуаҳмад, Абдуллоҳ)

Ҷомии Абдусаттор, зодаи шаҳри Душанбе

Насимҷони Муҳаммадҷон, зодаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (Ном дар ДИИШ: Ҳанзала)

Нуриддини Мирзо, зодаи деҳаи Пашадараи шаҳри Кӯлоб (Ном дар ДИИШ: Сайфуллоҳ)

Кумаки Тоҷикистон дар дур задани таҳримҳо ба Русия

0
Акс аз Интернет

Бархе ширкатҳои тоҷикитсонӣ муттаҳам ба он мешаванд, ки дар дур задани таҳримҳо алайҳи Русия ба ин кишвар кумак кардаанд.

Хабаргузории “Reuters” бо нашри як гузориш Тоҷикистонро дар хариди қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳо дар соли 2022 кумак кардааст.

Ба қавли манбаъ, барои сабуксозии таҳримҳои Русия бар иловаи Тоҷикистон бархе ширкатҳо аз Чин, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қирғизистон ҳам ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо хариди қисмҳои эҳтиётӣ дар ҳаҷми беш аз 1,2 миллиард доллар ба Русия кумак кардаанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар дур задани таҳримҳо алайҳи Русия ду ширкат аз Тоҷкиистон бо номҳои “Истиқлолият 20” ва “Кафолати комил” саҳмгузорӣ кардаанд. Ин ду ширкат ба он муттаҳам мешаванд, ки дар моҳҳои июл ва сентябри соли 2022 тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бархе қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳоро ба Русия фиристодаанд.

Ройтерз мегӯяд, талошҳои онҳо барои гирифтани маълумоти бештар бо моликони ин ширкатҳо, ки яке Маҳмадбашир Ёқубов, раиси иҷроияи “Истиқлолият 20”, ва дигаре Комилчон Ёқубов, раиси иҷроияи ширкати “Кафолати Комил” бенатиҷа будааст.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “ИСТИҚЛОЛИЯТ 20”, ки рақамаи мушаххаси андозсупорандааш (РМА) 040033774 мебошад, аз 22-уми апрели соли 2011 дар назди мақомот сабт шуда, дар ҳоли ҳозир яке аз ширкатҳои амалкунанда дар Тоҷикистон аст. Суроғаи ин ширкат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сабти ном шудааст.

Тибқи бархе санадҳои расмӣ Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуд (ҶДММ) “КАФОЛАТИ КОМИЛ”, ки рақамаи мушаххаси андозсупорандааш (РМА) 010099789 нишон дода мешавад, дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов 16/1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сабти ном шуда ва дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хӯрд (ҶДДМ ТАҚХ) “Сомон-Тиҷорат” суратҳисоби расмӣ бо ин шумора: “20202972900000000172” дорад, аммо Кумиати андоз дар бораи ин ширкат ҳамагуна маълумотро дар сомонааш пинҳон медорад.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки ин ширкатҳо яке дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ва дигаре дар шаҳри Душанбе сабти ном шудаанд, аммо бархе санадҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки моликони онҳо бар иловаи насаби ягона доштан, ҳамкориҳои наздик доранд. Барои дур зудани афкори дигарон дар хусуси ин ҳамкориҳои зич дар назди мақомот худро “рақиби” ҳамдигар ба нишон дода, дар хеле аз тендерҳо барои ба даст овардани маблағ ва кор якҷо ширкат мекунанд.

Муҳокимаи Русия дар Додгоҳи Гаага оғоз мешавад

0

Додгоҳи байналмилалии СММ дар Гаага аз 18 то 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи шикояти Украина алайҳи Федератсияи Русия муҳокимаҳои оммавӣ баргузор мекунад.

Бино ба иттилои ин додгоҳ, дар раванди муҳокимаи Русия, Украина ва 30 кишвари дигари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Гуфтанист, Киев рӯзи 27-уми феврали соли 2022, яъне се рӯз пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, расман алайҳи Маскав ба Додгоҳи байнулмилалӣ шикоят бурда буд.

Он замон раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз Додгоҳи байналмилалӣ хоста буд, ки Русияро барои шарҳи нодурусти конвенсияи байналхалқӣ дар бораи наслкушӣ ва сӯистифода аз он барои ҳамла ба ҳудуди Украина ба ҷавобгарӣ кашанд.

Инчунин Зеленский гуфта буд, ки Додгоҳ фавран ба Федератсияи Русия амр диҳад то амалиёти ҷангиро қатъ кунад ва ҳафтаи оянда муҳокимаро таъйин кунад.

Додгоҳи байналмилалии СММ дар Гаага даъвои Украина нисбати Русияро рӯзи 7-уми марти соли 2022 ба баррасӣ гирифт ва аз Русия талаб карда буд, ки ба таври фаврӣ амалиёти ҷангиро дар ҳудуди Украина қатъ кунад, аммо ин ҷанг то ҳол идома дорад.

Латтукӯби молики бемористони Ибни Сино дар боздоштгоҳ

0
Акс аз саҳфаи фейсбукии Абдухалил Холиқзода

Кормандони мақомоти қудратӣ дар боздоштгоҳ раиси бемористони Ибни Синои Тоҷикистонро шиканҷа ва латтукӯб кардаанд.

Бино ба иттилои раҳбари ҳаракати “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев, ки дар ин авохир аҳвол ва ахбори Абдухалил Холиқзода, молики бемористони Ибни Синои Тоҷикистонро дар шабкаҳои иҷтимоӣ зиёдтар пайгирӣ ва ба нашр мерасонад, “дар боздоштгоҳ Холиқзодаро латукӯб кардаанд. Барои ҳамин ӯро ба касе нишон намедиҳанд.”

Молики бемористони Ибни Синои Тоҷикистон бо супориши Додситонии кулли кишвар Юсуф Раҳмон дар шаҳри Душанбе боздошт шуда, дар боздоштгоҳе дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигардорӣ мешавад.

Юсуф Раҳмон молики бемористони Ибни Синоро ба “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)” муттаҳам карда, гуфта буд: “Мо наметавонем, ки ба кирдорҳои ҷиноии ӯ гузашт намоем ва ӯ бо тамоми талаботи қонун ҷавоб мегӯяд.”

Гуфта мешавад, мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи шиканҷа шудани молики бемористони Ибни Сино ба сурати расмӣ чизе нагуфтаанд, вале бархе наздикони ӯ дар суҳбатҳои алоҳида мегӯянд, ки на танҳо мавриди латтукӯб қарор гирифта, балки мақомот дар боздоштгоҳ ӯро зери фишорҳои шадиди равонӣ низ қарор додаанд. Ба ҳамин хотир аз вазъи саломатиаш ховотир мебошанд.

Абдухалил Холиқзодаи 57-сола аз дӯстони наздики вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов буд. Вай дар китоби дувуми худ, ки зери унвони “Ҳаводиси рӯзгори ман” 15-уми марти соли ҷорӣ ба нашр расида буд, қиссаи мавриди таҷовуз қарор гирифтани Нозанинро аз забони Рамазон Раҳимзода, ки дар ҳузури Саймумин Ятимов шунида буд, нақл кардааст. Ин қисса, ки қаҳрамонҳои асосии он зебодухтаре бо номи Нозанин аз Ховалинг ва қизлибош аз Афғонистон будааст, хашму ғазаби хеле аз фарҳангиёни минтақаи Кӯлобро ба бор оварда буд.

Абдухалил Холиқзода, нависанда ва соҳибкори тоҷик 20-уми декабри соли 1966 дар рустои Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. То замони боздошт ӯ раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино буд. Ӯ муаллифи китобҳои “Моҷарои рафта” ва “Ҳаводиси Рӯзгори ман” мебошад.

BRICS 6 узви ҷадид пазируфт

0
Акс аз Интернет

Созмони ҷанубии BRICS қарор кард, ки аз аввали январи соли оянда 6 кишвари довталабро ба узвияти доими ин сомзон пазируфт.

Бино ба иттилои расонаҳо, 24-уми августи соли 2023 раиси Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ эълон кард, ки BRICS аз январи соли 2024 6 кишвари довталабро ба узвияти ин созмон қабул мекунад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, BRICS ин шаш кишварро, ки иборат аз Эрон, Арабистони Саудӣ, Имороти Мутаҳҳидаи Арабӣ, Миср, Аргентина ва Эфиопия мебошанд, ба узвияти доими худ қабул кард.

Гуфта мешавад, созмони BRICS як созмони иқтисодисет, ки номи он аз ҳарфҳои аввали 5 кишвари узв, аз ҷумла Бразил, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шакл гирифтааст.

Ин созмони мазкур бо ширкати кишварҳои Бразил, Русия, Ҳиндунстон ва Чин, ки дорои иқтисоди заъифтаре аз Амрико ва кишварҳои “G7”-кишварҳои дорои иқтисоди бартар мебошанд, нимаи дуввуми даҳаи навади асри гузашта шакл гирифт ва дар соли 2009 ба сурати расмӣ бо номи BRIC таъсис дода шуд. Соли 2010 Африқои Ҷанубӣ ҳам ба он пайваст ва бо илова шудани ҳарфи аввали номи он ин созмон ба BRICS табдил шуд.

Созмони БРИКС-ро иттиҳоди кишварҳои ҷануб-ҷануб ҳам ном мебаранд. Ин созмон қасд дорад бо зиёд кардани кишварҳои дигар ба сафи худ дар муқобили султаи доллари амрикоӣ роҳкорҳои ҷадидеро ба роҳ монад. Эҳтимол меравад ин созмон воҳиди пулии ягонаеро барои тиҷорат ва доду гирифтҳои иқтисодӣ байни худ эҷод хоҳанд кард.

Роналду бо тимаш ба Тоҷикистон мераванд

0

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки ситораи футбол Криштиано Роналду онҷо бозӣ мекунад, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Имрӯз, 24-уми август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор гардид. Тибқи ин қуръакашӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, “Персеполис”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар гурӯҳи “E” қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, бозиҳои аввал дар гуруҳи “Е” байни дастаҳои “Персеполис” ва “Ал-Наср” дар шаҳри Теҳрони Эрон ва миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” рӯзи 18-уми сентябр дар майдони марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Инчунин яке аз бозиҳои гурӯҳии “Истиқлол” бо “Ал-Наср” дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин маънои онро дорад, ки ситораҳои футбол Криштиану Роналду ва Садио Мане ба Душанбе хоҳанд омад.

Ихтилофоти тоза байни Ҳикматиёр ва Толибон

0

Гулбиддин Ҳикматиёр, ки то чанде пеш ба яке аз мубаллиғони ҳукумати Толибон табдил шуда буд, аз қарору амалкарди ахири онҳо ба хашм омадааст.

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматиёр дар робита қарори Толибон дар мавриди манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ин кишвар вокуниш кардааст. Ӯ дар хитоб ба Толибон мегӯяд: “Аҳзоби исломӣ барои иттиҳоди миллат ва уммат як зарурат аст ва мухолифат бо он роҳро барои танишҳои қавмӣ ҳамвора месозад.

Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки “Ин аҳзоби сиёсӣ ва фикрӣ аст, ки аз ақвом миллат месозад ва аз миллатҳо уммати дунёшумул месозад. Аҳзоб ва миллатҳо ё ба асоси ормонҳои муқаддас эҷод мешавад ё ҳам ба асоси ормонҳои қавмӣ.”

Гулбиддин Ҳикматиёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва яке аз собиқ фармондеҳони ҷиҳодии ин кишвар ба шумор меравад. Ӯ пас аз таъсиси ҳизбаш бо тамоми ҳукуматҳое, ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, ҷангидааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми августи соли ҷорӣ сарпарасти Вазорати адлияи Толибон Абдулҳакими Шаръӣ гуфт, ташкили аҳзоби сиёсӣ хилофи шариъат ва хости мардум аст ва фаъолияти онҳо дар Афғонистон мутлақан мамнуъ аст.

Ӯ таъкид кард, ки “таҷрибаҳои мо ва шумо собит карда, ки ин миллат, ки шикастааст ва танҳо далели ин амр ҳамин аҳзоби сиёсӣ аст. Ба ҳеч ваҷҳ ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ иҷозат намедиҳем.”

Дар вокуниш ба суханҳои ин масъули Толибон бархе аз раҳбарони ҳизбҳо ва сиёсатмадорон эътироз карданд. Онҳо вуҷуди ҳизбҳои сиёсиро барои рушди кишварашон ҳатмӣ медонанд.

Ҳавопаймое, ки Пригожин дар дохили он буд, суқут кард

0

Шоми рӯзи чоршанбе мақомоти Русия хабар доданд, ки ҳавопаймое, ки дар дохили он Евгений Пригожин ҳузур дошт, дар шимоли ин кишвар суқут кардааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия эълом кард, ки ҳавопаймои хусусие, ки рӯзи 23-уми августи соли ҷорӣ аз Маскав ба самти Санкт-Питербург парвоз карда буд, дар роҳ дар ҳудуди вилояти Тверски суқут кард. Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар дохили он Евгений Пригожин, фармондеҳи гурӯҳи зархаридони низомии “Вагнер” ҳузур доштааст.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, дар он ҳавопаймо бо шумули Пригожин 9 нафари дигар низ ҳузур дошт, ки 3 нафари онҳо хадамаи парвоз ва боқӣ аз фармондеҳони бузурги артиш ва гурӯҳи низомии “Вагнер” будаанд. Ба гуфтаи манобеъ, ҳамаи мусофирон ба ҳалокат расидаанд, аммо то ҳол ҷасади 8 нафари онҳо пайдо шудааст.

Аз сӯи дигар, Созмони ҳавопаймоии Русия низ таъйид кард, ки дар феҳристи мусофирони ҳавопаймои суқуткарда ному насаби Евгени Пригожин вуҷуд дорад. Ин созмон эълом кард, ки таҳқиқот дар хусуси ин фоҷеа оғоз шудааст.

То ҳол сабаби суқути ҳавопаймо муълум нашудааст. Аммо як гурӯҳи наздик ба “Вагнер” дар шабакаи Телегром муддаъӣ шуда, ки ҳавопаймо ҳомили Пригожин бо шиллики рокети як системаи дифоъи ҳавоӣ суқут кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 23-уми июни соли ҷорӣ алайҳи артиши Русия қиём кард. Нерӯҳои ширкати “Вагнер” он шабу рӯз бо сардории Евгений Пригожин минтақаи Ростови лаби Дон, Варонеж, чандин пойгоҳҳои низомӣ ва фурӯдгрҳҳоро дар Русия зери тасарруфи худ дароварда, то 200-километрии Маскав расида буданд.

Сабаби қиёмии гурӯҳи низомии “Вагнер” алайҳи артиши Русияро худи Пригожен дар “хиёнат”-и Вазорати дифои Русия алайҳи ин гурӯҳи хусусии низомӣ унвон карда буд. Пештар аз ин Пригожен артиши Русияро муттаҳам мекард, ки ба мавзеъҳои шибҳи низомиёнаш мушак партоб кардааст. Ӯ дар хитоб ба вазири дифои Русия Сергей Шойгу чунин гуфта буд: “Бояд пеши роҳи нерӯҳои аҳримании фармондеҳи аршади артиши Русия” гирифта шавад ва аз ҳаракат ба сӯи Маскав барои “барқарории адолат” хабар дода буд.

Вале ҳукумати Русия ин ҳаракатро “шӯриши мусаллаҳона” ва мухолиф ба тамоми қавонини ин кишвар хонд. Рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ Додситонии кулли Русия аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ бар зидди ширкати “Вагнер” бо иттиҳоми “Ошӯби мусаллаҳона” иттилоъ дод.

Аммо баъдтар бо миёнҷигарии раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко Пригожин ба ин кишвар паноҳ бурд. То ду рӯзи қабл ӯ аз худ хабаре намедод, вале рӯзи сешанбе аз вуҷуди худ ва афродаш дар Африқои Марказӣ хабар дод.

Замони қиёми Пригожин бархе коршиносон бар ин назар буданд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳатман аз ӯ “қасос” хоҳад гирифт. Муҳаммадҷон Кабиров, коршиноси масоили сиёсӣ он замон дар суҳбат ба BBC гуфта буд, ки “Путин душманонашро намебахшад ва зинда мондани Пригожин ҳам зери суол аст”.

Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) ворид мешавад

0

Мақомоти олии Тоҷикистон барои шомил шудани кишвар ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) омода мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин барои такмил додани раванди шомил шудан ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “тақвияти равобити дуҷониба дар доираи абзорҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) мубодилаи афкор намуданд.”

Пеш аз ин Узбекистон аз кишварҳои ҳамсоя дар соли 2021 ба ин низом пайваста буд ва кишварҳои Қирғизистону Покистон Муғулистону Филипин ва чанд кишвари дигар дар интизори ворид шудан ба ин низом мебошанд.

Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) бар иловаи додани имтиёзҳо ба кишварҳои дар ҳоли рушд ва кам кардани арзиши бархе таъруфаҳои гумрукӣ ва барои содироти молу колоҳо кишварҳои узвро водор мекунад, ки ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи меҳнат риоя карда, муҳити зист ва ҳукуматро хуб идора кунанд.