Хона блог саҳифа 172

Узбекистон расман сафири Толибонро пазируфт

0

Рӯзи чоршанбе, 9-уми октябри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов ба таври расмӣ Абдулғаффор Таровиро ба ҳайси сафири Толибон дар ин кишвар пазируфт.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар медиҳад, мақомоти ин кишвар аз намояндаи ҷадиди дипломатии Толибон ба хубӣ истиқбол карданд.

Гуфта мешавад, дар дидори вазири корҳои хориҷии Узбекистон бо сафири тозаи Толибон “ба зарурати тавсиаи ҳамаҷонибаи равобит миёни Узбекистон ва Афғонистон, таҳаққуқи зарфиятҳои тоза ва тавсиаи пружаҳои ҷадид, ки ба манфиати мардуми ду кишвар бошад, таъкид шудааст.”

Кишвари Узбекистон қаблан ҳам бо Толибон равобити дипломатиро шуруъ карда буд, вале на ба таври расмӣ. Дар байни кишварҳои ҷаҳон шояд аз аввалин кишварҳоест, ки сафири Толибонро расман мепазирад.

Дар баробари Узбекистон, кишварҳои Русия ва Чин ҳам тақрибан равобити дипломатии шибҳи расмӣ бо Толибон доранд ва сафири Афғонистонро пазируфтаанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон дар баробари Толибон мавқеи шадид дошт ва дар минбарҳои гуногуни ҷаҳонӣ аз онҳо интиқод мекард. Аммо ҳоло ин интиқодҳо камранг шудаанд ва Душанбе равобити дипломатиашро бо Кобул оғоз кардааст. Аллакай дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Толибон консулгарӣ доранд ва расман фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон дар ин авохир хабарҳо нашр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти мухолифони Толибонро маҳдуд карда, аз ҷумла дафтари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистонро, ки Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд раҳбарӣ мекунад, дар Душанбе бастааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, вусъат ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ байни Душанбе ва Кобул, қатъи фаъолияти мухолифони Толибон дар Тоҷикистон, коҳиши интиқодҳои аланӣ аз ин гурӯҳ далели таҳкими равобити дипломатӣ байни Ҳукумати феълии Афғонистон ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тоҷикистон 80-солагии Ҷанги ҷаҳонии дувумро “махсус” қайд мекунад

0

Президенти Тоҷикистон мехоҳад, ки соли оянда пирӯзии нерӯҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмонро дар Ҷанги ҷаҳонии дувум “махсус” қайд кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки Тоҷикистон раёсати давраии Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақилро дар аввали моҳи январи соли 2025 бар уҳда мегирад.

Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Маскав суҳбат мекард, гуфт: “яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд”. Инчунин, “дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.”

Ба гуфтаи мунтақидон, Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта узви Ҳизби конмунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд ва ҳоло ҳам ба ақидаву ғаяҳои он ҳизб бовар дорад. Барои ҳамин ӯ таъкид кард, ки “дар рафти раёсати мо таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт”.

Пеш аз ин мақомоти олии Русия ҳам эълон карда буданд, ки барои таҷлил аз 80-солагии пирӯзи дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки қарор аст соли оянда баргузор шавад, аз ҳоли ҳозир барномарезӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар корбурди истилоҳи “Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, ки то чанде пешт аксари раҳбарон ва мансабдорони кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бо ифтихор аз он ёд мекарданд, хеле аз коршиносон ва равшанфикрони муосири Тоҷикистон таҷдиди назар карда, онро Ҷанги дувум ҷаҳон ном мебаранд. Ба қавли онҳо, корбурди истилоҳи “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ба мо тоҷикистониҳо таъаллуқ надорад, зеро асоси ҷанг байни Олмону Русия буд ва дар он замон шаҳрвандони кишварҳои дигар ба мисли Тоҷикистон ҳамчун мустамлика маҷбурӣ дар он иштирок карда буданд.

Норозигии мизоҷон аз бонки Душанбе Сити

0

Сафи мизоҷони норозӣ аз бонки Душанбе Сити рӯз ба рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёдтар мешавад.

Рӯзи чоршанбе, 9-уми октябри соли ҷорӣ даҳҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон, ки худро аз мизоҷони бонки Душанбе Сити медонанд, иддао доранд, ки ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани сатҳи хидматрасониҳои ин бонк онҳоро сахт нороҳат кардааст.

Бонки Душанбе Сити, ки моликаш писари Эмомалӣ Раҳмон Рустами Эмомалӣ гуфта мешавад, бо шикоятҳои зиёд аз ҷониби мизоҷон рӯбарӯ шудааст. Мизоҷон аз хизматрасонии заифи ин муассиса дар дафтари марказии он дар Душанбе нигаронӣ мекунанд. Аксари ин шикоятҳо ба дузди шудани маблағҳо аз ҳисоби мизоҷон, хизматрасонии суст, навбатҳои тӯлонӣ ва муносибати бади кормандон рабт дорад.

Мизоҷон изҳор медоранд, ки барои иҷрои ҳатто корҳои оддитарин ба маркази хизматрасонӣ муроҷиат кардан лозим меояд, зеро дар аксар мавридҳо тавассути телефон ин мушкилоти соддаро ҳал кардан ғайримумкин аст.

Ин баҳс дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” матраҳ шуда ва ҳанӯз ҳам ҷараён дорад. Баъзе аз мизоҷон қайд кардаанд, ки барои хизматрасонӣ аз ин бонк бояд навбатҳои тӯлониеро интизор шаванд. Корбаре бо номи Рустам Рустамов, ки ин баҳсро оғоз кардааст, дар бораи муносибати кормандони ин бонк бо муштариёнаш мегӯяд: “Ягон зарра эҳтиром ба мардум надоранд“.

Ҳамчунин корбарон шикоят мекунанд, ки бар иловаи муносибатҳои дурушт кормандони ин бонк, банкоматҳояш на ҳамеша пул доранд, ки ба осонӣ рафта пули худашонро бигиранд.

То ҷое ин шикоятҳо зиёд шудаанд, ки бархе корбарон пешниҳод мекунанд: “Бонки миллӣ бояд фаъолияти ин ширкатро бубандад. Чун оддитарин хизматрасониро барои шаҳрвандон ба роҳ монда наметавонад“.

Корбарон мегӯянд, аз рӯи ночорӣ ба ин бонк муроҷиат мекунанд, вале дигар бонкҳое дар кишвар вуҷуд дорад, ки хидматрасониҳояшон аз Душанбе Сити ба маротиб беҳтар аст. Чунончи, Рустам Рустамов мегӯяд: “Ман аз бонки Душанбе Сити миллион бор безорам, аз хизматрасонии Алиф истифода мебарам, аммо чанд шарики тиҷоратиамон Душанбе Сити доранд ва мо ҳам маҷбурем аз хадамоти ин бонк, ки бадтарин аст, истифода барем.

Мизоҷон аз ин бонк талаби ҷорӣ кардани механизми содда барои баррасии муроҷиатҳояшон ва таъмини кумакрасонии саривақтии коршиносонро доранд. Ширкати мазкур ҳанӯз расман ба ин шикоятҳо вокуниш нишон надодааст, аммо интизор меравад, ки масъулон тадбирҳоеро барои беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонӣ андешанд, то ки муносибат бо мизоҷон ба таври бунёдӣ тағйир ёбад.

Мушкилоти муҳоҷирон таъсире бар равобити Раҳмону Путин надорад

0

Ёвари раисҷумуҳури Русия Юрий Ушаков дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик таъсире бар робитаҳои Раҳмону Путин намегузорад.

Юрий Ушаков ёрдамчии перзиденти Русия дар умури равобити хориҷӣ дар посух ба ин суол, ки оё танише байни роҳбарони Тоҷикистону Русия бар сари мавзуи муҳоҷират вуҷуд дорад, гуфт, “робитаи роҳаброн гарм ва дӯстона боқӣ мемонад.”

Баҳси муҳоҷирон ба равобити президентҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон таъсир намерасонад: онҳо гарм ва дӯстона боқӣ мемонанд. Онҳо якдигарро мешиносанд, равобити хуб дорад ва мехоҳанд ин робитаҳо идома ёбад.“, таъкид кард Ушаков.

Ин гуфтаҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки вазъи муҳоҷирони корӣ, бахусус зодагони Тоҷикистон дар Русия якбора баддатар шудааст. Аз ҷумла, пас аз ҳодисаҳои хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград, ки мақомоти Русия дар он зодагони Тоҷикистонро гумонбар донистанд. Ҳоло ба назар мерсад, ки мақомоти Русия мехоҳанд ба қабули қонуну қарорҳои нав шароитро барои муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён душвортар кунанд.

Ҳамарӯза муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст ва аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор мегиранд.

Умеди бисёре аз муҳоҷирон пас аз сафари Раҳмон ба Русяи дар он буд, ки перзидент мушкилии онҳоро бо ҳамтои Русаш ба миён гузошта, аз мақомдорони рус эҳтироми ҳуқуқи муҳоҷиронро талаб мекунад. Аммо бо гузашти се рӯз Раҳмон то ҳол ҷое аз мушкилоти муҳоҷирон изҳори назар накардааст.

Мунтақидон мепурсанд, ки робита байни ду расиҷумуҳр ҳамчун робитаи ду расиҷумуҳр бар асоси масолеҳи миллӣ аст ё миёни ду дӯсти дерина, ки мушкили мардум ба он ҳеҷ рабте надорад?

Аз ҷумла, Фарҳод Одинаев, фаъоли маданӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи чоршанбе дар ин робита ба Azda TV чунин гуфт:
Мақомотҳои болоӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто Русия ва хосатан дар сатҳи президентҳо эҳтимоми зиёде ба мушкилоти муҳоҷирон намедиҳанд. Масалан, Раҳмон зиёд ба мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ намекунад. Аз мақомдорони тоҷик дар бораи муҳоҷирон ҳадди аксар шояд ягон вазир ибрози назар кунад. Ин ҳам хело бо эҳтиёт ва кӯтоҳ. Ман фикр мекунам, ки дар сатҳи президентҳо мавзуи муҳоҷирон матраҳ нест. Ин ҷанбаи дигар ҳам дорад. Раҳмон ҳеҷ вақт ҷуръат нахоҳад кард, ки ба Путин дар мулоқоти рӯбарӯ ё аз тариқи мактуб дар бораи поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон чизе бигӯяд“.

Боздошти боз як зодаи Тоҷикистон дар Русия

0

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия як муҳоҷири зодаи Тоҷикистонро боздошт карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин мард 37 сол дошта, бо иттиҳоми зархаридӣ дар Тоҷикистон дар кофтуков қарор доштааст.

Ин нафар, ки номаш маълум нест, пас аз содир кардани як дуздии хурд аз ҷониби мақомоти интизомии Русия дастгир шуда, маълум гаштааст, ки дар хоки ин кишвар ғайриқонунӣ қарор дорад.

Ба иддаои тафтишот, боздоштшуда узви созмони террористии ДИИШ буда, шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус сокинони минтақаи Хатлонро барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия ҷалб мекардааст.

Дар Тоҷикистон ин мард ғоибона ба ҳабс гирифта шуда, ҳанӯз маълум нест, ки кай ба мақомоти Тоҷикистон супорида мешавад.

Инчунин назари мақомоти Тоҷикистон ва худи гумонбару адвокаташ дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

Баррасии муносибатҳои Тоҷикистон ва Лаҳистон

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Лаҳистон густариши муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 7-уми октябри соли ҷорӣ, даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Лаҳистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин машваратҳо ҳайати Тоҷикистонро Ғайратшо Соҳибназар, сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Лаҳистонро Марек Тсалка, муовини мудири департаменти Шарқии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон намояндагӣ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд: “Дар машваратҳо ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистонро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳими дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, саноат, тандурустӣ, логистика, илму маориф ва амниятӣ табодули афкор анҷом доданд.”

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои сармоягузорӣ кардани тоҷирону соҳибкорони Лаҳистон таваҷҷуҳи онҳоро ба тарҳҳои “иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инчунин захираҳои фаровони нерӯи сабзи Тоҷикистон” ҷалб намояд.

Тоҷикистон шароит ва имконоти зиёде барои сармоягузорӣ кардани тоҷирону соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ дорад, аммо чун ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ин се даҳсолаи ахир ба яке аз ҳукуматҳои диктотурӣ ва фасодзадаи дунё табдил шудааст, ҳатто хеле афроди наздик ба оилаи худи президенти кишвар ҳам аз тарси аз даст додани молу мулк ва сармояҳои худ бахши зиёди самрояҳои худашонро аз Тоҷикистон хориҷ карда, дар кишварҳои дигар тиҷоратҳои худро ба роҳ мондаанд.

Мизи гирди олимони Эрону Тоҷикистон дар Душанбе

0

Дирӯз 8-уми октябр дар Маркази меросии хатии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Эрон мизи гирд баргузор гардид.

Донишмандони эронӣ Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, профессор Жола Омӯзгор, муҳаққиқи забонҳои бостон, Алиашрафи Содиқӣ, забоншинос ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ, Акбари Эронӣ, раиси пажӯҳишгоҳи мероси мактуб ва диагрон дар ин мизи гирд иштрок карданд.

Ҳадаф аз баргузори ин мизи гирд ҳифзу эҳёи мероси шоирону мутафаккирони форсу тоҷик гуфта мешвад.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки расонаҳои эронӣ хабар доданд, имрӯз чоршанбе, 9 -уми октябр Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо як сафари ду рӯза ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ин сафар бо даъвати ҷониби Тоҷикистон анҷом мешвад ва қарор аст Қолибоф дар конфронси бахшида ба сиюмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кунад.

Ҳадафи асосии сафари ин намояндаи баландпояи Эрон ба Тоҷикистон гуфтугӯи дуҷониба барои афзоиши ҳамкориҳо ва додугирифти тиҷоратӣ мийни ду кишвар гуфта мешавад.

Боздошти як корманди баландпояи Додгоҳи вилояти Суғд

0

Маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мушовири Додгоҳи вилояти Суғдро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карданд.

Ин ниҳод аз боздоштшуда Абдухолиқзода А.А. ном мебарад. Гуфта мешавад, ӯ аз 7-уми ноябри соли 2017 то моҳи майи соли 2024 дар вазифаи мутахассис – мушовири Додгоҳи вилояти Суғд кор кардааст.

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, номбурда дар муддати фаъолияти кориаш ба чанд амалҳои ҷиноӣ даст задааст ва ӯ ҳоло бо ҷурми мардумфиребӣ ва пулситонӣ аз мардум боздошт гардидааст. 

Чунончӣ, моҳи апрели соли 2024 Абдухолиқзода А.А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Б.А.Қ. даромада, дидаву дониста аз он, ки ваколати бекор кардани қарорҳои раиси шаҳри Истаравшан ва ба ҳолати аввала бар гардонидани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии шаҳрванд Б.А.Қ.-ро надорад, аз номбурда худи ҳамон вақт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифт.“, омадааст дар хабарномаи Агентии зидди фасод.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки Абдухолиқзода А.А. баъди гирифтани 20 ҳазор сомонӣ коре, ки бояд ба фоидаи Б.А.Қ. анҷом медод, анҷом надода ва маблағро ба фоидаи шахсияш сарф кардааст.

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон нисбати Абдухолиқзода бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва аллакай таҳқиқи парванда ба поён расида, барои гунаҳкор донистаи ӯ ба додгоҳ фиристода шудааст. 

Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Бадахшон

0

Бино ба иттилои расмӣ, 8-уми окятбри соли ҷорӣ Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Маркази шуғли фосилавиеро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба қавли манбаъ, ҳадаф аз ифтитоҳи ин марказ таҳкими малакаҳои рақамӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои кор аз роҳи дур барои ҷавонони маҳаллӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ба воситаи пайвастан ба бозорҳои кори байналмилалӣ, ҷавонон метавонанд малакаҳои арзишманд ба даст оранд ва фоидаҳоро ба ҷомеаҳои худ баргардонанд. Ин ташаббус як қадами муҳим барои омодагӣ ба иқтисоди рақамӣ дар минтақа ва дар умум кишвар ба ҳисоб меравад.

Пеш аз ин ба монанд марказҳои шуғли фосилавӣ инчунин дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Панҷакент ва Бохтар низ бо ташаббуси Иттиҳоди Аврупо сохта, мавриди амал қарор дода шуда буданд.

Маркази нави шуғли фосилавӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ дастгирӣ меёбад, барои ҷавонони Шуғнон имконият фароҳам меорад, ки бо бозорҳои байналмилалии кор пайваст шаванд ва малакаҳои касбии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода баранд.

Мусодираи хонаи падари Баҳром Иноятзода

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 85

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, хонаи падарии раиси собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро, ки ҳоло дар зиндон қарор дорад, мусодира кунанд.

Гуфта мешавад, дар ин хона ҳоло Ором Иззатов, бародари Баҳром Иноятзода бо панҷ фарзанду наберааш зиндагӣ дорад.

Иззатов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомоти маҳаллӣ ба ӯ ва хонаводааш фишор оварда истодаанд, то хонаи падарашонро тарк кунанд.

Ин хона бо қарори додгоҳ дар соли 2020, яъне пас аз зиндонӣ шудани Баҳром Иноятзода ба ихтиёри давлат гузашта будааст, аммо мақомот пас аз 4 сол мехоҳанд ин хонаро мусодира кунанд.

Мақомот иддао дорад ин хона бо пули дуздидашуда аз ҷониби раиси собиқи Кӯлоб сохта шудааст, аммо Ором Иззатов инро рад мекунад.

Ба гуфтаи Ором бародараш Баҳром Иноятзода аз соли 1978 дар ин хона зиндагӣ намекард ва дар ягон санади марбут ба ин хона зикр нашудааст. Падарашон ин хонаро ба Ором Иззатов васият карда будааст ва ӯ бист сол дар Русия зиндагӣ карда, онро барқарор кардааст.

Дар ҳоли ҳозир назари мақомоти Тоҷикистон дар ин бора дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи вилояти Хатлон Баҳром Иноятзодаро рӯзи 20-уми ноябри соли 2019 бо иттиҳоми суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин айбдор намуда, ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

Иноятзода баъд аз эълони ҳукмаш дар додгоҳ гуфта буд, ки “дар Тоҷикистон адолат нест, барои сохтани биноҳои Ҳукумат 12 сол додаанд, агар хонаамро обод мекардам, як гапи дигар буд”.

Гуфта мешавад, боздошти Иноятзода баъд аз интиқод аз қудои Президенти Тоҷикистон Бег Сабур сурат гирифт. Ӯ зимни нишасти матбуотие Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Ҷумҳури Тоҷикистон ва қудои Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири пардохт накрадани қарзҳояш дар назди андоз ва обу барқ ба “Хоҷа Аҳрори Валӣ” ташбеҳ карда буд.