11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 174

Путин боз барандаи интихоботи президентии Русия шуд

0

Владимир Путин дар интихоботи президентии кишвараш боз барои чор соли дигар қудратро ба даст гирифт.

Дар интихоботи президентии Русия, ки аз 15-ум то 17-уми марти соли ҷорӣ идома кард, Владимир Путин раисҷумҳури кунунии ин кишвар барои бори панҷум барандаи ин интихобот эълон шуд.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи Русия, пас аз шумориши 99,59% овозҳо, Леонид Слутский номзад аз Ҳизби либерал-демократ — 3,2%, Владислав Даванков номзад аз Ҳизби мардуми нав — 3,81%, Николай Харитонов номзад аз Ҳизби коммунисти Русия — 4,3% ва Владимир Путин номзад аз Ҳизби ягонаи Руися — 87,33% овозҳоро ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, аз шумори умумии овоздиҳандагон ба Путин 58 миллион нафар овоз додааст, ки Комиссияи марказии интихобот инро “рекорди мутлақ” хондааст.

Ҳамин тариқ Владимир Путин барои бори панҷум барандаи интихоботи президентии Русия мешавад ва аз соли 2000 то кунун қудратро дар ин кишвар ба даст гирифтааст.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ интихобти президентии Русияро тақаллубӣ хонданд. Ва дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо тақаллубӣ хондани ин интихобот гуфтааст, ки Путин бояд ба Додгоҳи ҷиноӣ кашида шавад.

Пас аз эълони натиоиҷи интихоботи президентии Руися аз аввалинҳо шуда Эмомалӣ Раҳмон Путинро табрик карда, пирӯзии ҳамтои русашро “пирӯзии баҳснопазир” хондааст.

Эълони ҳукми “Дилшоди СБ” ва ҳамроҳонаш

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми муттаҳамон дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода раиси “Ориёнбонк”-ро содир кард.

Мурофиаи додгоҳии ин гурӯҳ 18-уми марти соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор шуда, додрас Дилшод Саидмуродов, маъруф ба “Дилшоди СБ”, Қамар Азизов, Акбар Аҳмадов, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хӯҷаевро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Инчунин нуҳ нафари дигар бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла хабар надодан дар бораи ҷиноят аз 1 то 8 сол зиндонӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, бар асоси ҳукми додгоҳ, амволи баъзе аз муттаҳамон, аз ҷумла Дилшод Саидмуродов мусодира мешаванд. Пайвандони Саидмуродов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз ҳукми додгоҳ норозианд.

Додгоҳи олӣ низ то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки 23-уми июни соли 2023 хабари рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев расонаӣ шуд. Мақомот пас аз ҷустуҷӯи зиёд 12-уми август тавонистанд ҷасади Шуҳратро аз аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо кунанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар робита ба ин қазия нисбати 18 нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ҳоло 14 нафарашон дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Аммо ду нафари дигар дар кофтукоб ва ду нафари дигар (Рустам Ашӯров ва Парвиз Мустафоқулов) фавтидаанд.

Парвозҳо аз Варшава ба Тошканд

0

Ширкати ҳавопаймоии “LOT”-и Лаҳистон парвозҳои доимияшро аз Варшава ба Тошканд – пойтахти Узбекистон оғоз кард.

Гуфта мешавад, парвозҳо аз Варшава ба Тошканд ҳафтае се маротиба, рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе сурат мегиранд. Дар самти муқобил, яъне аз Тошканд ба Варшава мусофирон метавонанд рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз кунанд.

Давомнокии парвоз тақрибан 5 соату 55 дақиқа буда, нархи билетҳо ҳоло аз 1,389 злоти (352 доллар) то 1,999 злоти (506 доллар) аст.

Аввалин парвоз дар ин самт 14-уми марти соли ҷорӣ тариқи ҳавопаймои “Boeing 737-MAX 8” сурат гирифтааст.

Пештар аз ин Лаҳистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо бо Қазоқистон парвозҳо дошт.

Ҳушдори Толибон ба Покистон

0

Ҳамалоти ҳавоии Покистон ба хоки Афғонистон бо вокунишҳои тунди Иморати исломии Толибон дар Афғонистон мувоҷиҳ шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, бомдоди рӯзи 18-уми марти соли ҷорӣ нерӯҳои ҳавоии Покистон ба хоки Афғонистон ҳамла карда, дар натиҷа 8 нафар, аз ҷумла 3 зан ва 3 кӯдак кушта шуданд.

Вазорати дифои миллии Афғонистон бо нашри як иттилоия ин ҳамалоти нерӯҳои ҳавоии Покистонро таъйид карда, гуфтааст: “бомдоди имрӯз, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва истихборотии покистонӣ дар як иқдоми таҷовузкорона бори дигар ба хоки Афғонистон ворид шуданд ва хонаҳои маскунии афроди мулкиро дар ноҳияҳои Спираи вилояти Хуст ва Бармили вилояти Пактико бамборон карданд.”

Пеш аз ин Покистон иддао кард, ки дар ҳамалоте, ки субҳи имрӯз ба манотиқе дар вилоятҳои Хуст ва Пактикои Афғонистон анҷом дод, раҳбари Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) кушта шудааст, вале ТТП бо нашри як баёния ин ҳамалотро маҳкум карда гуфтааст, ки раҳбари он Абдуллоҳ Шоҳ Маҳсуд дар Афғонистон не, балки дар дохили Покистон аст.

Вазорати дифои миллии Афғонистон ҳам таъкид кардааст, ки посух ба ин ҳамалот нерӯҳои марзбонии Афғонистон бунгҳои низомии артиши Покистон дар имтидоди марзҳои ду кишвар қарор доранд, тавассути тупхонаҳо мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Аммо ба фарқ аз гузашта, ин дафъа Толибон ба сурати хеле ҷиддитар вориди амал шуда, ба Покистон ҳушдор додаанд, ки бояд “мушкилот ва нотавонии хешро ба дӯши Афғонистон наандозад”, мушкилоти дохилии худро байни худ ҳаллу фасл кунанд ва дар ғайри он “нерӯҳои амниятӣ ва дифоии ин кишвар омодаанд, ки аз марзу буми ин кишвар ҳимоят кунанд.”

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ин бори аввал нест, ки манотиқи марзҳои ду кишкир омоҷи ҳамалоти тупхонаӣ қарор мегиранд, балки дар гузашта, ин гуна ҳамлаҳои тупхонаӣ байни марзҳои Афғонистон ва Покистон ва Афғонистону Эрон ҳам сурат гирфита буд.

Ин ҳамалоти Покистон дар ҳоле анҷом шуда, ки 16-уми марти соли ҷорӣ нерӯҳои артиши ин кишвар дар минтақаи Вазиристони Покистон мавриди ҳамла қарор гирифта буданд ва дар натиҷа 6 нафар аз нерӯҳои покистонӣ кушта шуданд. Покистон дар он ҳамла нерӯҳои ТТП-ро муттаҳам карда буд. ТТП ҳам баъдтар масъулияти он ҳамларо ба дӯш гирифт.

Осиф Дурронӣ, намояндаи вежаи Покистон дар умури Афғонистон ҳам иддао кардааст, ки бар асоси шавоҳиде, ки дар даст доранд, аз 5 то 6 ҳазор нафар нерӯҳои Таҳрики Толибони Покистон дар Афғонистон вуҷуд дорад, иддаоҳое, ки ҷониби Толибони Афғонистон онҳоро рад мекунад.

Мулоқоти Ятимов бо Тошиев дар Суғд

0

Рӯзи 15-уми марти соли ҷорӣ ҳайатҳои музокиракунанда дар бораи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар бо раҳбарии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошие дар меҳмонхонаи ба номи Абдуқодир Ҷаборзода дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шудааст.

Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон бо такя ба дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ дода, ки ҷонибҳо “зимни мулоқот масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд.”

Аммо аз ин мулоқот тафсилоти дигаре то ҳол нашр нашудааст ва маълум нест, ҷонибҳо ба чӣ хулосаҳо расиданд ва кадом нуқтаи ҳалнашуда дар ин нишаст ҳали худро ёфтааст.

Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар изҳороте дар робита ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар гуфта буд, ки “минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондааст ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд”.

Расонаҳои ду кишвар аз забони мақомоти Қирғизистон навишта буданд, ки масоили марзӣ қариб ниҳоӣ шудааст. Ҳатто гуфта мешуд, ки эҳтимол меравад то моҳи марти ҳамин сол ҳайати музокиротии байни ҳукуматҳо корро ба анҷом расонида, ба мушкилоти марзӣ нуқта мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз мулоқоти ахир дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба таъйин ва аломатгузории 1,1 километр муваффақ шудаанд. Қабл аз он рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ, ки дар шаҳир Бодканди Қирғизистон баргузор шуда буд, аз мувофиқа шудани 38,35 километри марзри муштарак хабар дода буданд.

Дар мулоқотҳои қаблӣ дар моҳи январ Саймумин Ятимов ба расонаҳо гуфта буд, ки “бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш” кардаанд. Ӯ аз ҷумла, зикр кард, ки дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз байни ҷонибҳо тавофуқ ҳосил шудааст. Ба гуфтаи раиси КДАМ-и Тоҷикистон, то кунун ҳайтҳои кории ду кишвар ба беш аз 90 дарсади хати марз ба тавофуқ расидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам ҳудуди 980 километр марзи муштарак доранд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қисматҳое аз хоки ин ду кишвар норӯшан боқӣ монда буд ва чанд соли ахир байни аҳолии наздимарзӣ задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гиирфт, ки дар натиҷаи садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи феврал беш аз 1,1 км марзи муштаракро мушаххас кардаанд.

Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.

Вай илова карда буд, ки арду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.

Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтаст.

Тафсилоти тоза дар бораи ҳамлагарон ба калисое дар Туркия

0

Моқомоти Туркия аз тафсилоти тозаи ҳодисаи ҳамла ба як килсо дар ин кишвар, ки як ҳамлагари он шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешуд, хабар додаанд.

Расонаҳои туркӣ ба нақл аз мақомоти кишварашон мегӯянд, ки тафтишот дар бораи ин ҳодиса маълум кард, ки тақрибан 3 ҳафта пеш аз амалиёт ду ҳамлагари калисо аз Истанбул бо мошин ба Кайсерӣ рафта, дар ҷаласаи ДИИШ ширкат кардаанд. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, наворҳои назоратӣ ҳузури 7 узви ДИИШ, аз ҷумла ду ҳамлагарро, ки дар Кайсерӣ дар як меҳмонхона сабт шудааст, ба даст овардаанд.

Тибқи иттилои бадастомада, гумонбарон бо нафаре бо номи Амонулло Ҳоҷӣ бо номи мустаори “Абдуллоҳ”, ки дар ноҳияи Кокасинони Кайсерӣ зиндагӣ мекард, дар тамос буданд. Ҳафт нафар, бо шумули ду ҳамлагари калисо Довуд Тандуев ва Амирҷон Холиқов, ки рӯзи 5 январ бо мошинҳои ҷудогона аз Истанбул баромада буданд, бо гумонбар бо номи Абдулазиз Абдуллоев мулоқот карданд.“, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ин ҳафт нафар рӯзи 6-уми январ дар як меҳмонхонае дар Кайсерӣ ҷамъ шудаанд. Тасвирҳои зиёди наворҳои амниятӣ, ки нишон медиҳад гумонбарон ҳангоми будубош дар Кайсерӣ дар як меҳмонхона буданд ва аз он ҷо якҷоя хориҷ шудаанд, ба парвандаи тафтишот илова карда шудааст.

Мақомоти тафтишотии ин парванда мегӯянд, муайян шуд, ки ҳангоми будубоши гумонбаршудагон дар ноҳияи Кайсери Кокасинан онҳо дар манзили гумонбар Амонуллоҳ Ҳоҷӣ бо номи мустаори “Абдуллоҳ” дар ҳамин ноҳия ҷаласа ташкил кардаанд.

Додситонии Туркия мегӯяд, ин 7 нафар, ки дар узвият ба ДОИШ гумонбаранд, дар тарҳрезии ҳамлаи рӯзи 28-уми январи соли ҷорӣ ба калисои Санта Мария даст доранд. Ба гуфтаи Додситонӣ, ин 7 нафар дар ҳамон меҳмонхонаи Кайсерӣ, ки рӯзи 6-уми январ ҷамъ омада буданд, нақшаи ҳамларо кашида ва 8-уми январ ба Истанбул баргаштаанд.

Гуфта мешавад, дар чорчӯби тафтишот, ки Додситонии кулли Истамбул дар робита ба ин ҳамла анҷом додааст, 51 гумонбар, аз ҷумла ду гумонбари ҳамла ва як нафари дигар бо номи Одам Ҳамирзаев – номи мустаораш “Адам Абу-Даррор Аш-Шишонӣ”, ки аз тасмимгирон буда ва дастури ин ҳамларо додааст, дастгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе, 28-уми январи соли ҷорӣ ба калисои таърихии Санта Мария дар Истанбул ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як нафар бо номи Тунсер Мурат Ҷиҳани 52-сола ҷон бохт.

Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая фардои рӯзи ҳодиса эълом карда буд, ки “рӯзи якшанбе пас аз ҳамла ба калисои мазкур пулиси Истанбул ду ҳамлагарро дастгир кард.” Алӣ Ерликая дар бораи ҳувияти муттаҳамон гуфт, ки яке аз омилон шаҳрванди Тоҷикистон ва дуюмӣ шаҳрванди Русия аст.

Баъдтар “Ройтерз” бо нашри хабаре гуфт, ки пас аз ҳодиса ДИИШ тавассути канали Телеграми худ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст. Ин гурӯҳ таъкид карда буд, ки бо супориши раҳбаронашон “яҳудиён ва насрониҳоро” ҳадаф қарор додаанд.

Калисои масеҳии Санта Марияи шаҳри Истанбул яке аз қадимтарин калисоҳои католикии ин шаҳр ба ҳисоб рафта, он соли 1453-и милодӣ тавассути Императори Рум сохта шуда буд. Ва солона ҳазорҳо гардишгар ба ин калисо сар мезананд ва аз ҷиҳати таърихи куҳан доштани он барои кишвари Туркия низ аз аҳамияти бузург бурхурдор аст.

Интихоботи президентӣ дар Русия ва идомаи қудрати Путин

0

Рӯзи ҷумъа, 15-уми марти соли 2024 дар Русия интихоботи президентӣ оғоз мешавад ва то охири рӯзи 17-уми моҳи ҷорӣ идома мекунад.

Тибқи гузориши Комиссияи марказии интихоботи Русия, 112 миллиону 309 ҳазору 947 раъйдиҳанда дар ин кишвар сабти ном шудааст ва давоми ин се рӯз онҳо барои интихоби президенти нав ба пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар намояндагиҳои Русия дар хориҷ аз кишвар беш аз 2 миллион нафар, аз ҷумла наздики 12 ҳазор нафар дар пойгоҳи Байканури Қазоқистон дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои расонаҳо, интихоботи Русия ҳам тариқи сандуқҳои раъй ва ҳам тариқи электронӣ дар беш аз 80 минтақаи ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти Русия ҳамзамон дар шаҳрҳои Қрим, Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожеи Украина, ки Русия онҳоро ба хоки худ даровардааст, низ барои овоздиҳандагон сандуқҳои овоздиҳӣ гузоштаанд. Вале то ҳол шумори овоздиҳандагон дар ин минтақаҳои забтшудаи Русия эълон нашудааст.

Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар мегӯяд, барои назорати интихоботи президентии Русия беш аз 200 нозир аз 36 кишвар ва 5 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳузур доранд.

Дар ин интихоботи президентии Руися 4 нафар аз ҳизбҳои гуногуни ин кишвар номзад шудаанд. Аз ҷумла, худи Владимир Путин, президенти феълии ин кишвар номзад аз Ҳизби ягонаи Руися, Леонид Слутский номзад аз Ҳизби либерал-демократ, Владислав Даванков номзад аз Ҳизби мардуми нав ва Николай Харитонов номзад аз Ҳизби коммунисти Русия бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, интихоботи президентии Русия низ мисли интихоботи президентии кишварҳои ИДМ ва дигар кишварҳои диктотурӣ ба сурати рамзӣ аст, чун аз ҳоло пирӯзии Путин, ки аз соли 2000 то ин дам қудратро дар Русия дар даст дорад, мушаххас аст.

Тазоҳуроти аъзои “Гурӯҳи 24” дар Олмон

0

Ҷамъе аз фаъолон ва мухолифони тоҷик аз мақомоти Туркия хостанд, ки Cуҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насим Шарифов, намояндаи ин ҳаракат дар Туркияро озод кунанд ва ба “душман” насупоранд.

Имрӯз, 14-уми март аъзои Ҳарати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар назди бинои Консулгарии Туркия дар шаҳри Ҳурти кишвари Олмон тазоҳурот ташкил карданд.

Тазоҳуркунандагон дар даст шиору дархостҳои мухталифе бо аксҳои Cуҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насим Шарифов, намояндаи ин ҳарактар дар Туркияро доштанд ва аз мақомоти кишвари Туркия талаб карданд, ки ин мухолифонро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд.

Аз ҷумла, дар аксу шиорҳо дар муроҷиат ба мақомоти Туркия навишта шудааст, ки “Аз шумо фақат интизори адолатро дорем”, “Оё бо касоне, ки аз шумо паноҳгоҳ талаб мекунанд, ҳамин тавр рафтор мекунед?”, “Ҳамкорӣ бо золимон хиёнат ба мазлум аст”, “Суҳроб Зафар ва Насим Шарифовро озод кунед. Бародаронатонро таслими душман накунед” ва ғайра.

Инчунин фаъолон ва аъзои “Гурӯҳи 24” дар ин тазоҳурот гуфтанд, ки мақомоти Туркия набояд иҷоза бидиҳанд ҳодисае, ки болои даҳҳо фаъоли истирдодшуда омад, яъне шиканҷаву зиндон дар Тоҷикистон боз бо Суҳроби Зафар ва Насим Шарифов такрор шавад.

Гуфта мешавад, тазоҳуроти навбатӣ барои озодии ин ду фаъоли сиёсӣ фардо, 15-уми март аз соати 10:00 то 13:00 дар назди бинои сафорати Туркия дар Венаи Утриш баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамагуна тамос бо Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз 10-уми марти соли ҷорӣ ба ин тараф ва тамосҳо бо Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия аз 23-уми феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ қатъ шудааст. Ҳардуи онҳо дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гаштаанд.

Ҷорӣ шудани лимити барқ дар пойтахт садои хабарнигоронро даровард

0

Бархе сокинони шаҳри Душанбе бо истинод ба шабакаҳои тақсимоти барқи пойтахт мегӯянд, ки лимити барқ дар шаҳри Душанбе ҳам ҷорӣ шудааст.

Имрӯз, 13-уми марти соли 2024, садои эътирозии сокинони пойтахт дар робита ба ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони пойтахт баландтар шудааст.

Журналисти шинохтаи тоҷик ва сокини пойтахт Фахриддини Холбек бо нашри як матлаб дар бораи сол то сол бадтар шудани маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони кишвар гуфтааст: “Барқкушӣ аз деҳот ба пойтахт гузашт, ки набояд чунин бошад.” Вай дар робита ба роҳи ҳалли ин масъала мегӯяд, ки “аз дигар муттаҳид кардани ширкатҳои барқ аст. Таҷрибаи Қирғизистон ҳам ноком буд, ин ҳам ба ҷое намерасад. Се ниҳод, се муҳосибот – бухгалтерия, се буҷет ва ин (бебарқӣ дар пойтахт,- ИА) натиҷа.”

Абӯалӣ Некрӯзов, журналист ва сокини пойтахт ҳам дар бораи интиқоли нерӯи барқ ба сокинони кишвар ва бахусус дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки “ин лимити барқ он лимитҳои солҳои пештар буд, нест. Ба мисли ибораи “Кулли явмин бадтар” шудагӣ аст.”

Ба қавли Абӯалӣ Некрӯзов, субҳи имрӯз “дар маҳалаҳои гирду атрофи Масҷиди нав ба номи Имоми Аъзам, нисфи бозори Кушониен ва маҳалаҳои гирду атрофи он аз соати 08:48-и субҳ то инҷониб энергияи барқ нест.”

Фахриддини Холбек мегӯяд, имрӯз дар микрорайони болои 9 км саҳар соати 9 ба ин тараф барқ нест! Ҳоло соат 3!” Ва дар посух ба он хабарнигори дигари тоҷик Умаралӣ Сафаралӣ таъкид карда, ки “дар 7-ум км ҳам вазъ ҳамин. Аз 9 интараф нест. Ҳоло ҳам.”

Хабарнигори тоҷик Хуршеди Атовулло, ки сокини маҳаллаҳаи 102 пойтахт аст, таъкид дорад, ки: “Оби гарм як моҳ зиёд шуд гум аст, барқашро дина ба куштан сар карданд.” Хабарнигори дигар тоҷик Абдураҳмон Раҳмонов ҳам гуфта, ки :Дар мо дирӯз об набуд..Ин беобӣ аз бебарқӣ мушкилтар будааст.”

Жаруланист ва сокини пойтахт Раҷаби Мирзо ҳам гуфтааст: “Дина мо то соати 17 барқу об надоштем. Дар навбатдории шаҳрдорӣ, вақте занг задем, гуфтанд соати 16 мешавад. Ҳарчанд ошкор нагуфтанд, ки лимит муқаррар шудааст, аммо аз тарзи баён маълум: бо навбат шаҳраку маҳаллаҳоро лимит кардаанд! Аммо чаро ин корро, агар ин қадар вазъият бад ва ҷиддист, расман эълон накунанд? Оё ин беҳтар нест, ки қаблан бигӯянд аз фалон соати фалон рӯз то фалон дар фалон кӯча барқу об намешавад…”

Назрулу Амиров, корбари дигаре дар бораи сабабҳои зиёд шудани ин маҳдудиятҳо таъкид мекунад, ки муттаҳами асосӣ бархе кормандони худи ширкати “Барқи тоҷик” ҳастанд ва “аз ҳама хиёнаташон ин аст, бисёрашон ширкатҳои хусусӣ доранд ё миёнараванд, ки “Барқи тоҷик”-ро бо маводҳои пастсифат ва нархи гарон таъмин мекунанд, баъд онҳо парвои мардум доранд?”

Гуфта мешавад, садои эътирозии хабарнигорони муқими шаҳри Душанбе дар ҳоле баланд шуда, ки дирӯз, Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо нашри як барқия гуфта буд, ки раҳбарони филиалҳои ин ширкатро вазифадор кардааст, то аз 11-уми март ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 8 соат барқ бидиҳанд.

Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Тоҷикистон аст. Вай шаҳрванди Ҳиндустон мебошад. Тайи ду соли раҳбарӣ то ҳол дар ҳеч як аз нишастҳои матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” рӯбарӯ бо хабарнигорони кишвар мулоқот накардааст.

Ба гуфтаи Бижан Муҳаббатшоев, фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик “Арвинд Гуҷрал мутахассис ва собиқ раиси “EV Motors India” ширкате, ки машғули таҷҳизонидан ва ба роҳ мондани, гуфтаи мардак, заправкаҳои барқӣ мебошад. Аз миёни тоҷикистониён, ки неругоҳҳои Норак, Қайроқум, силсилаи неругоҳҳо дар руди Вахш, Помир-1, имруз Роғун месозанд, як мутахассиси таъмину тақсими барқ ёфт намешавад, ки устои зарядкаи акумуляторро аз Ҳиндустон оварда тақсимкун мемонем)(?).”

СПАД амнияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро тақвият мекунад

0

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қасд дорад аз тобистони соли ҷорӣ амнияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро тақвият бахшад.

Дар ин бора рӯзи 12-уми март Дабири кулли СПАД Имангали Тасмагамбетов ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст. Ӯ гуфта, ки аллакай пешнависи тарҳи тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон тавассути Шӯрои доимии ин созмон таъйид ва ба кишварҳои узв пешниҳод гардидааст.

Дабири кулли СПАД дар ин мусоҳиба гуфта, ки барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аз сӯи ин созмон талошҳои зиёде ҷараён дорад.

Тоҷикистон, ки узви созмон аст, бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Пас аз омадани Толибон ба сари қудрат дар ин кишвари ҳамсоя аз моҳи августи соли 2021 мақомоти тоҷик борҳо аз эҷоди гурӯҳҳои террористӣ дар назди марзҳояш нигаронӣ карда буданд.

Вале ба гуфтаи коршиносон, дар нигарониҳои Тоҷикистон аз Афғонистон оҳанги хавфи воқеӣ дида намешавад, зеро дида мешавад, ки рӯз ба рӯз мақомоти тоҷик муомилоти тиҷоратии пасипардагии худ, бахусус тиҷорати барқро бо Толибон бештар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 1992 дар Тоҷшканд, пойтахти Узбекистон ташкил шуд, ки ҳоло кишварҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви он ҳастанд. То моҳи феврали ҳамин соли Арманистон низ узви он буд, вале 23-уми феврал Сарвазири ин кишвар Никол Пашиниён эълон кард, ки аз ин созмон хориҷ шудааст.