40.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 178

Дар Тоҷикистон воридоти мошинҳои аз соли 2013 поён мамнуъ шуд

0

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми августи соли 2023 бо имзои як қарор воридоти мошинҳои соли тавлидашон аз 2013 поёнро мамнуъ эълон кард.

Дар қарори раисҷумҳур, ки худи ҳамин рӯз ба имзо расидааст, гуфта мешавад, “Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 манъ карда шавад.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки назорат, сабти гумрукӣ ва бақайдгирии мошинҳои воридшавандаро бо қарори мазкур мутобиқ созанд.

Раиси ҳукумати кишвар ин қарори худро бо моддаҳои 14 (Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 57 (Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ)-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок кардааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки “қарори мазкур пас аз ду моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 бо чунин қароре воридоти мошинҳои соли тавлидашон то соли 2005-ро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон карда буд. Ва ҳоло ин қарор низ бекор шуда, то соли 2013 мамнуъ эълон гардид.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки аз ин ба баъд нархи мошинҳо дар кишвар гаронтар мешавад ва ин хоҳ нохоҳ ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад.

Oғози амалиёти “Тасмаи бехатарӣ” дар Тоҷикистон

0
Driver in business suit fastens his seat himself automobile seat belt

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки шуруъ аз имрӯз, 01-уми август амалиёти шартии “Тасмаи бехтарӣ” дар ҳудуди ҳама шаҳру ноҳияҳои кишварро роҳандозӣ мекунад.

Ба иттилои ВКД, амалиёти “Тасмаи бехатарӣ” дар саросари кишвар 20 рӯз давом мекунад.

Ба қавли манбаъ, “таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки ронандагон ва мусофирон аз беаҳамиятӣ тасмаи бехатариро истифода накардаанд, оқибат ба ҷароҳату ҳалокшавии шаҳрвандон анҷом ёфтааст. Махсусан дар ҳолати дар курсии пеш шинондани кӯдакони хурдсол, ки тибқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қатъиян манъ карда шудааст, чунин ҳолатҳо ба чашм мерасанд.”

Гуфта мешавад, хеле аз коршиносон бар ин боваранд, ки аксари садамаҳои пурқурбонӣ дар Тоҷикистон ду сабаб доранд: 1. аз меъёри муайнгардида зиёдтар гирифтани мусофирон. 2. Набастаи тасмаи бехатарӣ ва дар умум дуруст риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳама ронандагон хостааст, “ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба таври қатъӣ аз “тасмаи бехатарӣ”  истифода намуда, ҷони худро зери хатар нагузоранд.”

Ҳамлаи нави паҳподҳо ба Маскав

0

Шаби 1-уми август пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи паҳподҳо қарор гирифт.

Бино ба иттилои Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав чанд паҳпод кӯшиш карданд, ки ин шаҳро мавриди ҳамла қарор диҳанд, аммо тавассути системаҳои дифои ҳавоӣ сарнагун карда шуданд ва касе зарар надидааст.

Яке аз ин бесарнишинҳо ба табақаи 21-уми маҷмааи тиҷоратии “Маскав Сити”, ки дар ин табақа идораҳои вазоратҳои рушди рақамӣ, рушди иқтисод, саноат ва савдои Федератсияи Русия ҷойгиранд, бархурда, дар натиҷаи он 150 метри мураббаъ шишаи ин бино шикаста, фурӯ рехтааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия бо нашри изҳороте мисли пештара гуфтааст, ки “аз кӯшиши ҳамлаи террористии режими Киев бо ҳавопаймоҳои бесарнишин” ҷилавгирӣ кардааст.

Ба иддаои ин ниҳод, дар ҳамлаи шаби 1-уми август дар маҷмуъ се “паҳподи украинӣ” ҳамла кард, ки дутои он тавассути системаи дифоъи ҳавоӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Одинтсово ва Нарофомински вилояти Маскав нобуд карда шудаанд. Аммо бесарнишини сеюм ба маҷмааи тиҷоратии “Маскав-Сити” бархурдааст.

Мақомоти Маскав кори фурӯдгоҳи Внуковоро муваққатан қатъ кардаанд.

Пас аз ҳамлаи паҳподҳо ба шаҳри Маскав, котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки то ҳол дар шаҳр таҳдид вуҷуд дорад.

Аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина, Маскав борҳо мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтааст.

Дар як моҳи охир чунин “ҳамлаҳо” ба Маскав ҳадди ақал чор маротиба сурат гирифт.

Пештар аз ин шаби 30-юми июл ду ҳавопаймои бесарнишин ба Маҷмааи тиҷоратии “Маскав Сити” бархурда, тирезаҳои он шикаставу тахриб шуда буданд. Хабаргузориҳои Русия аз захмӣ шудани як нафар хабар дода буданд.

Вазорати дифои Русия дар баёнияе ҳодисаи шаби 30-юми июлро кӯшиши “ҳамлаи террористии нерӯҳои Украина” номида буд.

Украина то ҳол расман ҳеҷ ҳамлаеро ба душ нагирифтааст.

Шарҳи Кумитаи дин дар бораи гарон будани нархи сафари умра ва ҳаҷ

0

Имрӯз, 1-уми август Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну мароисимҳои Тоҷикистон сабаби гарон будани нархи сафар ба зиёрати умра ва ё ҳаҷҷи фарзиро шарҳ дод.

Сулаймонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш сабаби аслии гарон будани нархҳо дар чунин сафарҳои ибодатиро ба билети ҳавопаймоҳҳо ва дигар хидматрасониҳо марбут донист.

Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон ду ширкат барои бурдани мардум ба сафари умра фаъолият мекунад ва чун ин ширкатҳо бастаҳои иқтисодӣ ва VIP-ро барои хоҳишмандон пешниҳод мекунанд, аз ин ҳисоб нарх назар ба дигар кишварҳо фарқ мекунад.

Вале касоне, ки то имрӯз бо ширкатҳои дохилӣ, ки мутааллиқ ба наздикони расиҷумҳур ҳастанд, ба умра сафар кардаанд, надидаанд, ки ин сафари ибодатиро бо он нархи гароне, ки пардохт мекунанд, дар шакли VIP ва дар меҳмонхонаҳои 5-ситорагӣ гузаронида бошанд.

Шоҳидон мегӯянд, бо вуҷуди гарон будани нархи умра ва ҳаҷ шароит ҷавобгӯ нест, хобгоҳҳои арзон ва хеле дур аз Ҳарамро мегиранд, ки ба он нарх мувофиқ нестанд.

Тибқи гуфтаи Сулаймонзода, имсол аз Тоҷикистон беш аз 4,5 ҳазор нафар бо ҳадафи адо намудани ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд, ки то имрӯз ҳамаи онҳо баргаштанд. Вале ӯ афзуд, ки 4 нафар аз ҳоҷиёни тоҷик дар ин сафар дар Маккаи Мукаррама аз дунё даргузаштанд ва ҳамонҷо дафн шуданд.

Мувофиқи эълони расмӣ, нархи ҳаҷҷи фарзӣ имсол барои як анфар 59 ҳазор сомонӣ муайян гардида буд. Вале бархе сокинон пештар ба Azda tv гуфта буданд, ки ин нархи расмӣ асту пардохтҳое дигаре низ вуҷуд дорад, ки мақомот онро эълон намекунанд. “Масалан аз ҷамоати деҳот шуруъ карда, то идораҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз касоне, ки нияти ҳаҷ доранд пеш аз сафар барои ободкорӣ маблағ меситонанд, ки он дар ҳеч ҷое навишта нашудааст.”, – гуфт як зоир.

Эътилофи сегона барои мубориза бо исломҳаросӣ

0

Қуръонсузӣ ва лагадмол кардани китоби муқаддаси мусалмонон дар давлатҳои искондинавӣ кишварҳои Арабистони Саудӣ, Эрон ва Ироқро барои мубориза бо ин шакли исломҳаросӣ муттаҳид кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 31-уми июли соли 2023 “ҷаласаи 18-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар шакли маҷозӣ” баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа, ки бо даъвати кишварҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Эрон сурат гирифт, ҳамагуна шаклҳои исломҳаросӣ ва бахусус қуръонсӯзӣ дар давлатҳои Шветсия ва Донморк маҳкум карда шуд.

Дар матни баёнияе, ки пас аз ин нишаст дар сомонаи расмии Созмони ҳамкории исломӣ нашр шуд, таъкид шудааст, ки банди “муборизи бо исломҳаросӣ” бояд дар рӯзномаи тамоми нишастҳои муштараки ин созмон бо дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ворид карда шавад ва ин масъала мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам бори дигар ин падидаи шумро маҳкум карда, гуфтааст, “паёми сулҳ, шафқат ва таҳаммулпазирии Қуръон ва таъкиди он ба илму дониш барои тамоми башарият дар ҳама давру замон зарур мебошад.”

Ҳамзон Созмони кишварҳои исломӣ аз тамоми кишварҳои узв ва созмону ташкилотҳои исломӣ хостааст, ки амалҳои қуръонсӯзӣ ва лагадмол кардани онро, ки бахше аз падидаи исломҳаросӣ дониста мешаванд, ба такрор маҳкум кунанд. Инчунин талош варзанд, ки аз роҳҳои қонунӣ ин рафторҳои нафратангезро, ки эҳсосоти беш аз ду миллиард мусалмонро ҷариҳадор мекунад, дар қонунгузории давлатҳои худ ҳамчун як ҷиноят бишиносанд.

Гуфта мешавад, дар давоми камтар 40 рӯзи амали қуръонсӯзӣ ва лагадмол кардани дасти кам 4 маротиба дар кишварҳои Шветсия ва Донморк сурат гириф, ки хашму ғазаби миллионҳо мусалмонро дар гӯшаҳои мухталифи дунё ба вуҷуд овард.

Аз сӯи дигар, ин амалҳои нописанди қуръонсӯзӣ дар ғарби Аврупо боис шудааст, ки кишварҳои исломӣ дар Ховари Миёна, шимоли Африқо ва ғарби Осиё ба мисли Эрону Ироқ, Туркияву Миср, Қатару Кувайт, Молезияву Урдун ва Покистону Арабистони Саудӣ ва ғайраро ба ташкили эътилофе муштарак барои мубориза бо исломҳаросӣ бо ҳам муттаҳид кунад.

Коҳиши фурӯши барқи Тоҷикистон ба хориҷ

0

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, соли ҷорӣ фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя коҳиш ёфтааст.

Ҷумъа Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар рӯзи 31-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт, вазорат дар стратегияи худ ворид карда, ки “то соли 2030 то 10 фоизи барқе, ки тавлид мешавад, аз ҳисоби дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ ва бодӣ мебошад.”

Вазир дар ҳузури хабарнигорон таъкид кард, ки давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 10,7 миллард кВт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 3% мебошад.

Ҳамчунин вазири энергетикаи кишвар афзуд, дар соли ҷорӣ интиқол ва фурӯши барқ ба кишварҳои Афғонистон ва Узбекистон низ коҳиш ёфтааст. Вазир гуфт, давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар муҷмуъ 974 миллион кВт/соат нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85 млн кВт/соат кам аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин 6 моҳи аввали сол Тоҷикистон ба ҳукумати Толибон дар Афғонистон 685 миллион кВт/соат ба маблағи 320 миллион сомонӣ ва ба Узбекистон 289 миллион кВт/соат ҳудуди 63 миллион сомонӣ нерӯи барқ фурӯхтааст.

Аммо дар хусуси қатъ шудани барқ дар баъзе навоҳии кишвар дар ин фасли гармо Ҷумъа Далер ин мушкилиро ба корҳои техникӣ ва қарздор будани мардум рабт дода, сокинонро гунаҳкор донист.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки 30 сол боз идома дорад ва бо вуҷуди ба кор даромадани чархаҳои Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боз ҳам дар кишвар шуруъ аз фасли тирамоҳ то моҳҳои апрел-май мардум барқ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи омори расмии Ҳукумат, “Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро баъд аз Хитой, Россия,ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ва ҷои аввалро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол менамояд.

Низ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, айни замон танҳо4-5 дарсади он мавриди истифода қарор дорад. Худи мақомоти кишвар мегӯянд, “иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад.”

Вале бо вуҷуди бой будани Тоҷикистон аз ҳисоби захоири нерӯи барқ, мувофиқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар хусуси дастрасӣ ба нерӯи барқ соли 2020 кишвари мо дар байни 190 кишвари дунё мақоми 163-юмро ишғол кард.

Суолҳои бепосухе, ки ҳамеша сокинон ва корбарон матраҳ мекунанд, ин аст, ки агар Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар мақоми 8-ум ва дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор дошта бошад, пас чаро кишвар 6 моҳи сол барқ надорад ва мақомот ҳамеша аз камбуди обу захираҳои гидроэнергетикӣ ба мардум мегӯянд? Ва агар мо дар Осиёи Марказӣ аз ин ҳисоб дар мақоми аввал бошем, чаро дар кишварҳои ҳамсоя моҳҳо “лимит” ҷорӣ несту дар мо ҳаст?

Вокуниш: Ҳушёр чаро мастро зада кушту боз дар курсии раисӣ ҷавлон дорад?

0

Моҳи майи соли ҷорӣ Акбар Муҳиддинзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд шабона як марди пиёдагардро бо мошин зада кушт, вале раиси ноҳия ӯро бегуноҳ меҳисобад.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 31-уми июли соли 2023 Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфт, муовинаш Акбар Муҳиддинзода дар як садамаи маргбори моҳи майи соли ҷорӣ бевосита ширкат дошт.

Ба қавли Нусратулло Салимзода, “Акбар Муҳиддинзода соати 1 – и шаб модари беморашро ба беморхона мебурдааст, ки садама рух додааст. Ронанда не, балки пиёдагард маст буд. Илова бар ин, ягон одам бе душман нест…”

Ин мавзеъгирии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардааст. Хеле аз корбарон бо зери суол бурдани мантиқи раиси ноҳия мегӯянд, оё “душман” худашро дар зери чархи мошин мепартояд?

Азизулло Мирзозода, яке аз фоъолони фейсбукӣ бо зери суол қарор додани ин ҳимоят ва мавқеъгирии раиси ноҳия пурсидааст: Хулосаи мантиқӣ мебарояд, ки агар маст набошад, пас дар марги пиёдагард гунаҳ надорад?

Корбаре бо номи Зулайхо Ҳасанова мегӯяд: “Маст буд набуд, ки одамро аз ҳаёт маҳрум кард. Магар дар назди қонун ҷавобгар нест. Ё кормандони ҳукумат лгота (имтиёз) доранд? Раисаш шарм надошта боз мегӯяд, ки пиёдагард маст буд. О набошад ин ҳушёр чаро мастро зада кушту боз дар курсии раисӣ ҷавлон дорад.”

Гуфта мешавад, мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура бо гузашти беш аз ду моҳ ба сурати расмӣ ҳодисаи марговаре, ки бо иштироки муовини раиси ноҳия Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд анҷом шуд, ҳеч гуна шарҳу тафсире ба расонаҳо ироа накардаанд. Аммо Рустам Амирдавлат мегӯяд: “Агар ягон шафёри мошиндори камбағал мебуду саги дари хонаи яке аз хуҷаинҳора мезад, 15 сол “строги” режим маҳкамуш мекарданд.”

Нусратулло Салимзода, дар корномаи худ беш аз 32 соли кор дар соҳаи тиббро дорад. Вай аз соли 1985 то 2004 ҳамчун пишзишк дар соҳаи тандурустӣ кор кардааст. Аз соли 2004 то 2006 директори Маркази идоракунии лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон, аз соли 2006 то 2008 муовини аввали вазири тандурустӣ ва аз соли 2008 то 2017 вазири тандурустии Тоҷикистон буд.

Акнун суол инҷост, ки собиқ вазири тандрустӣ бори аввал чунин мавқеъгирӣ карда ва ё дар гузашта ҳам дар тӯли беш аз 30 соли кор дар соҳаи тандурустӣ даҳҳо мансабдори ҷинояткори дигарро ҳам мисли муовинаш “сафед” ва даҳҳо ҷабрдидаро ҳам “душман” ва ё “маст” гуфта, гунаҳкор эълон кардааст?

Эмомалӣ Раҳмон аз худ дарак дод

0

Президенти Тоҷикистон, ки тайи беш аз 10 рӯзи ахир аз назари мардум ва чашми дурбини расонаҳо дур шуда буд, имрӯз Хадамоти матбуоти Президент бо нашри як паём аз ӯ дарак дод.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 31-уми июли соли 2023 Президенти Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи изҳори ҳамдардӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб аз ҳузури худаш баъди 12 рӯзи ғайбат хабар дода, марги бародари Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаёнро тасаллият гуфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён аз ҷумла гуфтааст: “Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки баъди сафари ахираш ба Арабистони Саудӣ барои ширкат дар нахустин Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ+Халиҷ, ки 19-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Ҷиддаи ин кишвар баргузор шуда буд, дигар дида нашуд.

Гуфта мешавад, дар мудддати се даҳи ахир бори нахуст дар Маҷлиси моҳанаи Ҳукуммати Тоҷикистон, ки дар рӯзи 28-уми моҳи ҷорӣ баргузор шуд, бидуни ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Дастгоҳи Президент ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ багузор гардид. Ин маҷлис бо раҳбарии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳири Расулзода гузаронида шуд.

Бархе аз фаъолони мухолифин дар хориҷи кишвар бар ин назаранд, ки ҳавопаймои 92-миллион доллараи Эмомалӣ Раҳмон тариқи бархе сомонаҳои расадкунии ҳавопаймоҳҳо дида шуда, ки чанд рӯзи ахир дар яке аз фурӯдгоҳҳои Олмон ҳузур доштааст. Ба гуфтаи онҳо, Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо фарзандонаш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва духтараш Озода Раҳмон дар сафари хориҷӣ қарор доштаанд.

Ҳар чанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон ҳадсу гумонҳоеро дар бораи хуб набудани вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузоштаанд, вале мақомоти Тоҷикистон бар сурати расмӣ на дар бораи сафараш ва на дар бораи вазъи саломатии ӯ ҳеч гуна шарҳу тафсире ироа накардаанд.

Шиканҷаи Насриддинов дар бинои КДАМ

0

Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷик, ки мақоми паноҳандагии кишвари Олмонро дорад пас аз истирдодаш аз Беларус ба Тоҷикистон, мавриди шиканҷаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор гирифтааст. 

Дар ин бора як корманди мақомот ба пайвандонаш хабар додааст. 

Саодат Насриддинова, модари Низомиддин ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки рӯзи 24- уми июл нафаре ба ӯ занг зада, худро нафари наздик ба мақомот муаррифӣ намудааст ва хабар додааст, ки Низомиддин дар бинои амният аст ва ӯро латтукӯб кардаанд. 

Ман ин ҳарфҳоро шунида, фиғон кардам, ки телефонро хомӯш кард, ҳарчанд кӯшиш кардам, ки тамос гирам, нашуд”,- мегӯяд Саодат Насриддинов.

Баъд аз ин модари Низомиддин ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, кумаки ҳуқуқӣ хоста ва ин созмон онҳоро бо вакили дифоъ таъмин кардааст. 

Имрӯз, 31-уми июл валили дифоъ Муҳаббатшо Баллаев бо Низомиддин Насриддинов дар боздоштгоҳи рақами яки КДАМ дар Душанбе мулоқот кардааст. 

Саодат Насриддинова, модари Низомиддин мегӯяд, ки адвокати писараш гуфтааст, ки “саломатии Низомиддин хуб асту шиканҷа нашудааст.” Адвокат гуфтааст, ки писараш ба либоси тоза ва хамирдандон ниёз дорад. 

Вакили дифоъ дар ҳоле аз шиканҷа нашудани Низомиддин Насриддинов мегӯяд, ки худи кормандони мақомот ба модари ин фаъоли тоҷик занг зада, аз латтукӯб шудани писараш дар бинои амнияти кишвар хабар додаанд. 

Мақомоти тоҷик то ҳол расман дар бораи боздошти Насриддинов чизе нагуфтаанд. 

Ёдовар мешавем, ки Низомиддин Насриддинов 8-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми гузаштан аз марзи Литва ба Беларус аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар дастгир шуда буд.

Энира Бронитская масъули созмони ҳуқуқии “Human Constanta” дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврали имсол истирдоди Насриддиновро талаб кард ва Додситонии кулли Беларус паноҳандагии ӯро дар Олмон ба назар нагирифта, барои истирдод розӣ шудааст.

Ӯ дар Тоҷикистон ба “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ” (мувофиқи моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст ва дар пайгард қарор дошт.

Насриддинов аз замони боздошташ дар боздоштгоҳи шаҳри Гроднои Беларус қарор дошт ва аз қарори Додситонии кулли Беларус шикоят карда буд, аммо шикояташ ба инобат гирифта нашуд ва 10 рӯзи пеш ба Душанбе истирдод шуд. 

Баъд аз боздошти Низомиддин Насриддинов нуҳ созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки ба ҳеч сурат Насриддиновро ба Тоҷикистон надиҳад.

Гуфта мешавад, Низомиддин Насриддинови 44-сола аз соли 2015 бо хонаводааш, аз ҷумла бо панҷ фарзандаш дар кишвари Олмон зиндагӣ мекард ва мақоми паноҳандагии ин кишварро низ дошт.

Ӯ дар гузашта дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ширкат ва суханронӣ карда, худро узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гуфта буд. Аммо соли 2018 аз узвияти ин ҳаракати сиёсӣ ихроҷ шуда, вақтҳои охир ба тиҷорати мошин машғул будааст.

Идомаи таблиғот барои сарбозгирӣ дар байни муҳоҷирон

0

Мақомоти низомии Русия дар байни муҳоҷирони корӣ таблиғоти густардаеро барои сарбозгирӣ роҳандозӣ кардаанд.

Чанд аксе аз варақаҳои таблиғотии мақомоти Русия дар бораи сарбозгирӣ ба дасти Azda tv расид, ки дида мешавад, тамоми маълумоти он бо забони тоҷикӣ навишта шуда ва онро дар байни муҳоҷирон паҳн мекардаанд.

Ин варақаи таблиғот, ки бо забони шикастаи тоҷикӣ навишта шудааст, барои шахсе, ки розӣ мешаваду баъд аз имзои шартнома ба сафи якуми ҷанг меравад, барои ҳар моҳ 204 ҳазор рубл барои як моҳ маош пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, сарбоз дар ҳолати розӣ шудан барои ширкат дар ҷанг, пас аз имзои шартнома ва пеш аз фиристодан ба майдони ҷанг барои ӯ 40-50 ҳазор рубл пешпардохт мешавад.

Инчунин гуфта мешавад, дар ҳолати овардани аҳли оила низ барои ҳар як анфари аз аъзои хонавода кумакпулиҳо дар назар гирифта шуда ва бардохти якбора ба миқдори 150 ҳазор рубл муқаррар шудааст.

Аммо дар он гуфта намешавад, ки дар сурати ҳалок шудани сарбоз ба хонаводаи ӯ чӣ миқдор кумакҳои иҷтимоиеро аз ҷониби давлати Русия пардохт мекунанд.

Ба гуфтаи як муҳоҷири тоҷик, чунин варақаҳои таблиғотӣ бар иловаи забонҳои русӣ ва тоҷикӣ низ ба забаонҳои узбекӣ, қирғизӣ, армиянӣ ва ғайра омода шуда, дар байни муҳоҷирони ин миллатҳо паҳн карда мешавад.

Маълум нест то куҷо ин пешниҳоди пардохти маблағҳои зикршуда барои онҳое, розӣ мешаванд аз тарафи Русия бар зидди Украина биҷанганд, пурра пардохт мешавад ё не. Вале ҳам мақомоти Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо ба шаҳрвандони худ таъкид кардаанд, ки мувофиқи қонунҳои ҷиноии онҳо ширкати як шаҳрванд дар ҷангҳои хориҷ аз кишвар ҷиноят маҳсуб мешавад. Ва фард агар зиндаву саломат баргардад, ӯро дар кишвари худаш боздошту зиндонӣ шудан таҳдид мекунад.

Чандест мақомоти низомии Русия барои афзоиши сафи сарбозонаш дар артиш аз ин услуб кор мегирад. Ва муҳоҷироне, ки ҷои кор надоранд ва ё мушкили аснод доранд, барояшон додани шаҳрвандии Русия пешниҳод мешавад, ки бархе ба он розӣ мешаванд.

Пештар расонаҳо гузориш дода буданд, ки мақомоти низомии Русия ҳатто аз ҳисоби маҳбусон сафи артиши худро зиёд мекунанд.