9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 182

Тоҷикистон зиёда аз 6,5 ҳазор нафарро дар ҷустуҷӯ қарор додааст

0

Мақомоти Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазору 500 нафарро дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор додаанд, ки дар байни онҳо даҳҳо нафар аз мухолифини ҳукумат ва аъзои оилаҳои онҳо низ вуҷуд доранд.

Бино ба иттилои “Медиазона“, мақомоти интизомиӣ ва қудратии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) феҳристи афроди дар ҷустуҷӯи ҷиноятии худро дар якҷоягӣ нашр кардаанд, ки дар байни онҳо садҳо нафар аз фаъолони ҷомеаи маданӣ, сиёсатмадорон ва ҳатто вакилону вазирони пешин ҳам вуҷуд доранд.

Дар ин феҳрист, бар иловаи ному насаби бархе фаъолони ҷомеаи маданӣ, журналистон, соҳибкорону тоҷирон ва дар умум аксари мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, бахусус раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, аъзо ва ҷонибдорони онҳо ҳамроҳ бо зану фарзандонашон ҷой дода шудааст.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон, ки бо василаҳои мухталиф дар бадном кардани номи миллат ва кам кардани эътибори давлат тайи солҳои гузашта таҷрибаҳои зиёде касб карда буданд, ин дафъа дар феврали соли ҷорӣ якбора ному насаби 6 ҳазору 585 нафарро ҳамчун ҷинояткор дар феҳристи ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пайгард қарор додаанд. То замони таҳияи ин матлаб, раҳбароним мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба сурати расмӣ нисбат ба ин парвандасозиҳои мақомоти Тоҷикистон вокуниш накардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин феҳрист бар иловаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шаҳрвандони кишварҳои Уркиана, Молдава ва Озарбойҷон низ ҳузур доранд. Дар он худи Русия бо доштани 33 ҳазору 785 нафар, ки 2 ҳазору 301 нафари онҳо аз Чеченистон ҳастанд, дар ҷои аввал, Арманистон бо 11 ҳазору 142 дар мақоми дувум, Узбекистон бо 10 473 нафар дар ҷои сеюм ва Тоҷикистон бо доштани 6 ҳазору 585 нафар мақоми дар ҷои чорум қарор дорад.

Нигаронии Русия аз афзоиши нерӯҳои ДИИШ дар марз бо Тоҷикистон

0

Мақомоти Русия аз ҳузури густурдаи нерӯҳои ДИИШ ва Ал-Қоида дар бархе манотиқи наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС-и Русия, 14-уми ферали соли 2024, Андрей Сердюков, раҳбари Ситоди муштараки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфтааст, дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон афзоиши шумори нерӯҳои ДИИШ ва Таҳрики Толибони Покистонро мушоҳида кардаанд.

Ба гуфтаи раҳбари Ситоди муштараки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), “ин раванд метавонад ба бад шудани авзоъ дар минтақа оварда расонад.” Инчунин ба гуфтаи ӯ, дар ин минтақа шумори пойгоҳии низомӣ барои таълим додани ин ҷанҷгҷӯҳо густариш пайдо кардааст.

Генерал полковник Андрей Сердюков таъкид кардааст, ки шумори нерӯҳои хориҷии вобаста ба шохаи Хуросони “ДИИШ”, “Ал-Қоида” дар шимоли Афғонистон зиёд шудааст ва ин амр “дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди асосӣ ба субот” дониста мешавад.

Раҳбари Ситоди муштараки СПАД дар ҳоле аз афзоиши нерӯҳои даҳшатафкан дар марзи Тоҷикистон ва густариши “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи ғайриқонунии аслиҳа” дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон 19-уми январи соли ҷорӣ бо муттаҳам кардани раҳбарони ниҳодҳои вобаста ба мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфта буд: “баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо” даст задаанд.

Вокуниши Шарофиддин Гадоев ба бозпас гирифтани шиносномаи модари бемораш

0

Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти корҳои дохилӣ фишорҳо болои модари 72-солаашро афзоиш додаанд.

Имрӯз, 14-уми феврал Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, модараш-Ойишамоҳ Абдуллоеваи 72-сола бемор аст ва ба табобат ниёз дорад. Ӯро бояд ба хориҷи кишвар бурда табобат мекарданд, вале мақомот монеъ шуданд.

Ин мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, модари вай пиронсол ва бемор аст, вале набояд фаромӯш кард, ки дар ҳоли ҳозир даҳҳо нафар аз наздикону пайвандони мухолифин, ки дар Тоҷикистон ҳузур доранд, танҳо бо сабаби мухолиф будан фарзандонаш на танҳо аз сафар ба хориҷ барои муолиҷа ва ё дидорбинӣ манъ карда шудаанд, балки мақомот онҳоро аз хеле аз ҳуқуқҳои шарҳрвандиашон ҳам маҳрум кардаанд.

Гадоев мегӯяд, “аз тамоми созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар дохили Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва ё дар хориҷ истода вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро пайгирӣ ва назорат мекунанд, талаб мекунам, ки сари вақт ба чунин қазияҳо дахолат кунанд ва нагузоранд, ки наздикону пайвандони мухолифин тавассути мақомоти кишвар мавриди азият қарор дода шаванд.”

Ин масъули Паймонии миллии Тоҷикистон дар идома афзуд, моҳи январи соли ҷорӣ вақте нишонаҳои беморӣ дар вуҷуди модари бузургсолаш зиёд шуданд, бо тавсияи табибон барои идомаи муолиҷаҳои саривақтӣ наздиконаш ӯро ба мизи шиносномадиҳии Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархор бурда, барояш шиносномаи хориҷӣ гирифтанд, аммо 3 рӯз пас аз таҳвил гирифтани шиноснома, кормандони ин шуъба ба баҳонаи “як хато” рафта, шиносномаи ӯро пас гирифта, дигар барояш надоданд.

Ҳамзамон худи Ойишамоҳ Абдуллоева дар суҳбат ба “Радиои Озодӣ” дар бораи аз дасташ бозпас гирифтани шиносномаш мегӯяд, мақомот “гуфтанд, ки баъди ду рӯз таёр мешавад, омада гиред, вале баъди 17 рӯз рафтам, гуфтанд, дастур шудааст, ки ба ту шиноснома надиҳем.”

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомоти корҳои дохилӣ бо баҳонаҳои гуногун ба назидикону пайвандони мухолифин дар Тоҷикистон фишор оварда, онҳоро аз сафар кардан ба хориҷи кишвар барои табобат ва ё дидорбинӣ манъ мекунанд, балки ин кор 10 сол боз ҳамчун яке аз усулҳои фишор болои мухолифин истифода мешавад.

ТАЛКО бузургтарин қарздор аз ширкати “Барқи тоҷик”

0

Раҳбарони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) бо роҳбарии додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон дар садри қарздорҳо қарор дорад.

13-уми феврали соли 2024, масъулини ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии худ эълон карданд, ки қарзҳои ин ширкат дар назди истифодабарандагони нерӯи барқ афзоиш ёфтааст.

Ба қавли раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) бо напардохтани беш аз 342 миллион сомонӣ ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар садри қарздорҳои ин ширкат қарор дорад. Қарзҳои пойгоҳҳои обкаш ба 100 миллион сомонӣ баробар буда, қарзи сокинон дар назди “Барқи тоҷик” ҳам ба 48,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми қарзҳои истифодабарандагони ниҳодҳои буҷетӣ низ дар ҳоли афзоиш аст.

Ин дар ҳолест, ки январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният гуфта буд, ки дар байни “андозсупорандагони азим”-и Тоҷикистон ду ширкати мансуб ба додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода, ки зери чатри “ТАЛКО” амал мекунанд, яке Ҷамъияти саҳҳомии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) бо напардохтани 17,4 миллион сомонӣ, ва дуюмӣ ширкати “Талко Голд”, ки аз ширкатҳои зермаҷмуаи ТАЛКО мебошад, бо напардохтани 18,4 миллион сомонӣ дар сархати ширкатҳои саркаш қарор доранд.

Раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” илова кард, ки аз замони таъсиси ин ширкат ҳаҷми қарзҳои боқимонда дар ҳаҷми 3 миллиарду 328 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медод, аммо дар соли гузашта ин ҳаҷми қарзҳо ба давраи то 1-уми январи соли 2024 ба 3 миллиарду 424 миллиону 479 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Дар муддати наздик ба 20 соле, ки раҳбарии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО)-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, бо вуҷуди додани имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла чандсад баробар камтар аз мардуми оддӣ нархи нерӯи барқ ҳамасола ин ширкат аз сари вақт напардохтани молиёт, андозҳо ва ҳаққи истифодаи нерӯи барқ қарздор буда, ҳамчун бори зиёдатӣ болои буҷети ҷумҳурӣ мебошад. Ин ширкат даромадҳои ҳангуфт дорад, ки 20 сол боз Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии онро ба касе дигар намедиҳад, аммо ин ҳама пулҳо ва ё ҳамон фоидаҳои соф куҷо мераванд, касе чизе намегӯяд.

Мақомот истирдоди даҳҳо фаъоли зодаи Бадахшонро аз Русия талаб дорад

0

Дар феҳристи мақомоти Тоҷикистон адади зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боздошт ва истирдоди онҳо аз Русия талаб мешавад, афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохта дар феҳристи наве, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳия кардаанд, номи ҳудуди 30 нафар аз фаъолони шаҳрвандӣ, ки 4 нафари онҳо занон мебошанд, оварда шудааст.

Мақомоти тоҷик аллакай ба ҳамкорони русаш барои боздошт ва ба таври иҷборӣ ба ватан баргардонидани фаъолон дархост ирсол кардааст.

Дар ин феҳрист исми фаъолони шаҳрвандие омадааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар бораи ҳаводиси се соли ахир дар ВМКБ изҳори назар карда, аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон интиқод кардаанд ва дар ҷамъоварии кумак ба хонаводаҳои қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва маҳбусони сиёсии ин вилоят саҳм доштаанд.

Анора Саркорова мегӯяд, ки дар як моҳи ахир ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дастикам алайҳи се ҷавондухтари помирӣ бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз кардаанд.

Хешовандони фаъолони маданиро барои фаҳмидани макони будубоши онҳо ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил даъват карда, хостаанд, ки фаъолонро водор созанд то ихтиёран ба Ватан баргарданд, ба мақомот таслим шаванд ва аз раисҷумҳури кишвар бахшиш бихоҳанд.

Гуфта мешавад, 1-уми феврали соли ҷорӣ модари рӯзноманигор Анора Саркороваро низ бори дигар ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват карда, дар бораи кушода шудани парвандаи “даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ” (моддаи 307) бар зидди духтараш ба ӯ хабар додаанд.

Инчунин Анора Саркорова мегӯяд, ки тақрибан як моҳ пеш як ҷавондухтари помирӣ бо тавсия волидайнаш ва ба ваъдаи мақомот бовар карда, ба Ватан баргашт, аммо наздиконаш то ҳол дар бораи макони будубош ва вазъи феълии ӯ чизе намедонанд.

Номи афроде, ки мақомоти тоҷик нисбаташон парванда боз кардавуу аз мақомоти Русия истирдодашонро талаб кардааст, маълум нест.

Аммо сомонаи “Медиазона” исми тақрибан сад ҳазор нафареро нашр кардааст, ки Вазорати корҳои дохилии Русия онҳоро ҷустуҷӯ дорад. Дар миёни афроде, ки онҳоро Русия кофтуков дорад, 6585 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва инчунин даҳҳо нафар аз шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули сиёсатмадорон ва мансабдорони Аврупо, сарбозони Украина ва ғайра ҳастанд.

Хадамоти Гумрук: Қочоқи маводи мухаддир ба хориҷ аз кишвар ба обрӯи мо таъсири ҷиддӣ расонд

0

Раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қочоқи маводи мухаддир дар кишварро яке аз масъалаҳои дарднок ва беобрӯкунанда номид.

Каримзода Хуршед Абдураҳмон имрӯз, 14-уми феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон тасдиқ кард, ки пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир дар кишварро гиирфта наметавонанд. Ӯ дар идома гуфт, ки солҳои 2022 ва 2023 қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми хеле зиёд, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ бароварда шуд ва дар кишварҳои ҳамсоя дастгир ва ошкор гардид, “ба обрӯи ҷумҳурӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ як таъсири ҷиддӣ расонд.

Каримзода ба ҷой доштани камбудиҳо дар самти назорати маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ин ниҳод эътироф кард. Ӯ мегӯяд, қочоқбарон ҳам дар кори худ моҳир шуда, роҳҳои нав ба навро барои қочоқ ҷустуҷӯ мекунанд, ки назорати он мушкилтар мешавад.

Яке аз ҳолатҳои охире, ки дар ҳамин фурӯдгоҳ руй дод, маводи мухаддир дар дастаки ҷомадон ҷосозӣ шуда буд, вақте он дар Федератсияи Русия ошкор шуд, мо камераҳои назоратиро омӯхтем, кормандони гумрук тамоми он талаботҳое, ки ҳаст нисбати бағоҷ иҷро кардагиянд, лекин мутаассифона, ҳамон таҷҳизоти назорати гумрукие, ки мо дорем, онро нишон надодаст.“, мегӯяд раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Каримзода мегӯяд, Хадамоти гумрук дар соли 2023 5 ҳолати қочоқи маводи мухаддирро ошкор кардаанд, ки ҳаҷми умумии онҳо 71 килову 213 грамро ташкил додааст. Ӯ афзуд, аз ин миқдор танҳо 71 килову 110 грами он танҳо дар як ҳолати кушиши қочоқ дар гузургоҳи марзии “Фотеҳобод” ошкор гардид, ки қочоқбар мехоста ин миқдори маводи мухаддири навъи “героин”-ро аз Тоҷикистон ба Русия интиуол диҳад.

Ба гуфтаи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, яке аз камбудиҳои ҷиддии ин соҳа норасоии таҷҳизоти ҳозиразамони назорати фосилавии гумрукӣ мебошад. Ӯ мегӯд, ҳамагӣ 4 таҷҳизоти санҷиши гумрукӣ доранд, ки онҳо ҳам куҳна шудаанд ва наметавонанд мошинҳоро пурра аз назорат гузаронанд.

Шикояти раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар бораи надоштани таҷҳизоти замонавӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ дар ҳолест, ки қаблан телевизионҳои давлатӣ зимни нашри ахбор ҳангоми ифтитоҳи беш аз 100 дидбонгоҳи марзӣ бо ҳузури Эмомлаӣ Раҳмон, таъкид карданд, ки гузаргоҳҳои марзии кишвар “бо навтарин таҷҳизоти пешрафтаи замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд.

Аммо Каримзода эътироф мекунад, ки таҷҳизоти назорати фосилавии гумрукии онҳо ҳатто дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҷавобгӯи замона нест ва кормандони Хадамоти гумрук дар дигар гузаргоҳҳои марзии кишвар ба хотири надоштани таҷҳизот бо усули куҳна ва бо даст ҷустуҷӯ мекунанд, ки ин имкони тафтиши пурраро намедиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз қаллобӣ ва заминфурӯшӣ пешгирӣ кунед

0

Президенти Тоҷикистон ба прокурорҳое, ки нав вазифа гирифтанд, гуфт, аз қаллобӣ ва заминфурӯшӣ пешгирӣ кунанд ва дар муддати як сол ду забони хориҷӣ омӯзанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми феврали имсол Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо “кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъиншуданд”, мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ҷамъи касоне, ки имрӯз вазифаи нав гирифтанд, “муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, прокурори ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, прокурори шаҳри Роғун, прокурори ноҳияи Нуробод, ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ” ҳузур доранд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки “Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳои таъиншуда ва ҳамаи кормандони дигари соҳаи прокуратура доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастуру супоришҳо дода”-аст.

Ин супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифта, ки 19-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои амният раҳбарони ниҳодҳои мақомоти қудратӣ, аз ҷумла прокуратура дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва бархе дигар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба бемасъулиятӣ муттаҳам карда гуфта буд, ки “баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот” даст задаанд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба фарқ аз солҳои гузашта, имсол дар идораҳои давлатӣ ва бахусус ниҳодҳои вобаста ба мақомоти қудратӣ ва интизомии кишвар ба сурати гурӯҳӣ мансабдоронеро, ки дар вазифаҳои раҳбарӣ дар раёсату шуъбаҳои ин ниҳодҳо кор мекарданд, аз мансаб барканор ва дар ҷои онҳо кадрҳои дигареро ба вазифа таъйин кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон ин иқдоме буд, ки дар Тоҷикистон камсобиқа аст.

Ҳазорҳо соҳибкор дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карданд

0

Соли 2023 дар Тоҷикистон 21,5 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигрон гуфт, ки дар соли гузашта 985 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 17 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ тиҷорати худро барҳам дода, корхонаҳояшон аз фаъолият бозмондааст.

Ба иддаои Раҳимзода, як қисмат аз ҳисоби фаъолият накардан, аз рӯйхати соҳибкорон берун карда шуда, қисми зиёди дигар аз як намуди фаъолият ба намуди дигари фаъолият гузаштанд.

Инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба суоли “Азия-плюс” гуфт, ки соли гузашта 33,1 ҳазор соҳибкори нав ба қайд гирифта шуда, ин рақамро “раванди хуб” арзёбӣ кардааст.

Пештар аз ин, Саъдӣ Қодирзода, раиси собиқи ин кумита дар як нишасти хабарӣ дар моҳи феврали соли 2023 аз қатъи фаъолияти 28,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ва баста шудани ҳудуди 1000 корхона дар соли 2022 хабар дода буд.

Ба иддаои Қодирзода, аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

Аммо коршиносон ва худи соҳибкорон яке аз сабабҳои қатъ гардидани фаъолияти корхона ва ширкату субеъкҳои хоҷагидориро андозҳои баланд, санҷишҳои аз ҳад зиёди мақомоти назоратӣ ва коррупсияро ба сифати омилҳои асосии монеагузор дар рушди тиҷорат дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

Вазорати меҳнат: Раванди муҳоҷират коҳиш ёфту ҳаҷми маоши миёна бештар шуд

0

Ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистон 14 дарсад рушд карда, раванди муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷ аз кишвар 16 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора имрӯз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати кишвар мегӯяд, дар соли 2023 музди миёнаи маоши коркунон дар Тоҷикистон 2013,11 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (ки он 1760,29 сомонӣ буд) 251,82 сомонӣ ё 14,3% зиёд мебошад.

Ба гуфтаи хонум вазир, маоши камтаринро дар ин давра, кормандони бахши кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ, ки 811,73 сомониро ташкил медод, гирифтаанд. Аммо маоши аз ҳама баландро кормандони “соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 3646,93 сомонӣ, таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво – 3634,06 сомонӣ, сохтмон – 3004,98 сомонӣ, маориф – 1645,82 сомонӣ ва дар тандурустӣ– 1344,81 сомонӣ” гирфтаанд.

Вазири меҳнат инчунин дар гузориши солонаи ниҳодаш гуфт, ки раванди муҳоҷират соли 2023 дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, аз аввали сол 652014 нафар ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% кам мебошад. Аммо раванди бозгашти муҳоҷирон ба кишвар давоми сол 590710 нафар ё 7% зиёд гардидааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки мувофиқи оморҳои ғайрирасмӣ шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишварҳо ба маротиб бештар буда, он бештар аз 2 миллонро ташкил медиҳад. Аммо, ба гуфтаи бархе коршиносон, мақомоти расмии кишвар оморҳои дақиқро дар ин маврид аз сокинон пинҳон мекунанд.

Афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон

0

Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки Тоҷикистон ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро наздик ба 20% афзоиш додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 13-уми феврали соли 2024, Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии худ ба расонаҳо гуфт, тибқи қарордоди ҷадид бо ширкати “Бришно”, имсол Тоҷикистон 1,9 миллиард киловатсоат нерӯи барқ ба Афғонистон мефурӯшад.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” афзуд, ки Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳаҷми 1,6 миллиард киловатсоат нерӯи барқ ба Афғонистон содир карда буд ва нерӯи барқи содиротӣ ба ин кишвар аксаран дар фаслҳои баҳору тобистон интиқол дода мешавад, вале дар фаслҳои тирамоҳу замистон барои нигаҳдории симҳо ҳаҷми интиқол кам карда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи молӣ дар Афғонистон тағйир карда, Ҳикматуллоҳ Майванд, сухангӯи ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон чанд рӯзе пеш гуфта буд, ки Толибон тавонистаанд дар соли 2023 қарзҳои нерӯи барқи воридотӣ аз кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистон ва Эронро, ки маҷмуан беш аз 627 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, пардохт кунанд.

Пеш аз ин ҳам бархе расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки дар соли 2023 Толибон 110,4 миллион доллар қарзҳои ширкати “Бришно”-и Афғонистонро ба Тоҷикистон падохт кардаанд. Ва аз ин пас Афғонистон нерӯи барқи воридотии Тоҷикистонро тариқи пешпардохт мехарад.

Бо ин вуҷуд, то ҳол ба сурати расмӣ ҳеч яке аз ҷонибҳо, на ширкати “Барқи тоҷик” ва на ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон эълон накардааст, ки нархи нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон барои 1кВ соат чӣ қадар арзиш дорад?

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо вуҷуди доштани сафир дар Афғонистон ва консули Толибон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минбарҳои баланди дихилӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ бар зидди Толибон ҳарф мезанад ва иддао мекунад, ки ҳукумати Иморати исломиро қабул надорад, вале доду гирифт ва тиҷоратҳои калонро пинҳонӣ бо онҳо анҷом медиҳад.