13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 19

Венесуэла зери муҳосираи иқтисодии Трамп қарор гирифт

0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп шоми рӯзи сешанбе, 16-уми декабр фармони муҳосираи тамоми нефткашҳои вурудӣ ва хуруҷии Венесуэларо содир кард.

Трамп рӯзи сешанбе бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth Social изҳор дошт, ки “Венесуэла пурра аз ҷониби бузургтарин нерӯҳои баҳрӣ дар таърихи Амрикои Ҷанубӣ иҳота шудааст”. Ӯ ҳамчунин шомгоҳи сешанбе дар ҳузури хабарнигорон режими Венесуэларо “созмони террористии хориҷӣ” муаррифӣ карда, иддао кард, ки ҳукумати Венесуэла нефт, замин ва дороиҳои Амрикоро дуздидааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури ИМА, сабаби роҳандозии ин иқдом амалҳои ҳукумати Венесуэла таҳти роҳбарии Николас Мадуро мебошад, ки Вашингтон онҳоро ҳамчун дуздии дороиҳо, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва харидуфурӯши инсон арзёбӣ мекунад.

Доналд Трамп ҳукумати Венесуэларо “режими ғайриқонунии Мадуро” меномад ва иддао мекунад, ки нефти Амрикоро дуздида, барои маблағгузории фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла наркотерроризм, одамрабоӣ ва дигар ҷиноятҳои сангин истифода мебарад. Ӯ таъкид мекунад, ки ИМА ҳузури нерӯҳои баҳрии худро дар атрофи Венесуэла тақвият медиҳад ва муҳосира то замоне идома хоҳад ёфт, ки Каракас “нефт, замин ва дигар дороиҳои ғасбшударо” баргардонад.

Танишҳо миёни Вашингтон ва Каракас ҳафтаи гузашта баъди он шиддат гирифт, ки низомиёни амрикоӣ як киштии нефткаши Венесуэларо дар наздикии соҳили ин кишвар боздошт карданд. Пас аз ин ҳодиса, бархе аз харидорони нефти Венесуэла, аз ҷумла корхонаҳои коркарди нефти Чин, аз ширкати давлатии PDVSA талаб карданд, ки тахфифҳо зиёд ва шартҳои қарордодҳо бозбинӣ шаванд.

Ба иттилои манбаъҳои огоҳ, киштиҳо ва ҳавопаймоҳои низомии ИМА аллакай дар баҳри Кариб ҷойгир шудаанд ва барои иҷрои дастурҳои президент ва назорати вазъи минтақа омодагӣ мегиранд.

Венесуэла қарори ИМА-ро дар бораи ҷорӣ кардани “муҳосираи пурра” ба киштиҳои нефткаш маҳкум кард ва ин иқдомро поймол кардани қонунҳои байналмилалӣ номид.

Дар як изҳороти расмӣ, ноиби президенти Венесуэла Делси Родригес Трампро ба “таҳдидҳои беэҳтиёт ва ҷиддӣ” муттаҳам кард, ки принсипҳои тиҷорати озод ва озодии киштирониро поймол мекунанд.

Тоҷикистон ба Узбекистон барқ медод, ҳоло гашта аз ӯ мехарад

0

Тоҷикистон то ин дам ба Узбекистон барқ мефурӯхт, вале ҳоло барои таъмини барқи аҳолӣ дар зимистони ҷорӣ аз Узбекистон барқ мехарад.

Масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин иқдом дар пайи камобӣ ва буҳрони шадиди бебарқӣ, ки ҳама кишварро фаро гирифтааст, анҷом мешавад.

Бар асоси маълумоти ин ниҳод, Тоҷикистон барои таъмини барқ ба аҳолии кишвар рӯзона аз Узбекистон то 2 млн кВт/соат барқ ворид мекунад. Ба гуфтаи масъулин, ин миқдор ҳоло ҳам кам аст ва тасмим доранд миқдори воридоти барқро боз ҳам бештар кунанд.

Вазорати эенергетика ва захираҳои оби кишвар гуфтааст, ки дар бораи интиқоли барқ аз Қазоқистон ва Туркманистон низ дар сатҳи вазирон тавофуқҳои пешакӣ ҳосил шудааст. Ва ҳоло роҳҳои интиқол ва масоили техникии он баррасӣ мешавад.

Масъулини ин ниҳод гуфтаанд, ки ба баракати борони чанд рӯзи ахир тавлиди барқ ҳам дар нерӯгоҳҳои кишвар каме афзоиш ёфтааст. Мувофиқи гуфтаи онҳо, “ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии барқ тайи рӯзҳои ахир зиёда аз 54 млн кВт/соатро ташкил медиҳад.” Дар ҳоле ки қаблан истеҳсоли барқ дар кишвар то 44 млн кВт/соат дар як шабонарӯз коҳиш ёфта буд.

Вазорати энергетика қаблан хабар дода буд, ки дар моҳои ноябр бо намояндагони энергетикаи Узбекистон ва Туркманистон мулоқот ва “гуфтугӯҳои судманд” дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба доштааст. Вале маълум набуд, ки ин гуфтушунидҳо дар бораи чӣ буданд. Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон, маълум мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон масъалаи буҳронӣ шудани бебарқиро аз пеш медониста, вале барои ҳалли он мунтазири муъҷизае буд. Дар охир дид, ки он муъҷиза рух надод, маҷбур шуд аз ҳамсояҳо барқ бихарад.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дирӯз ба мардум итминон дод, ки ин охирин “зимистони сахт” аст, ки мегузаронанд ва дигар мардум “лимит”-ро фаромӯш хоҳанд кард. Сухане, ки солҳост такрор мешавад ва пас аз ҳар такроре вазъи барқу гармидиҳӣ дар кишвар бадтар мешавад.

Ёдовар мешавем, ки маҳдудияти барқ зимистони ҷорӣ қариб тамоми кишварро фаро гирифта, ҳатто сокинони пойтахт аз бебарқӣ ранҷ мекашанд ва аз масъулин мепурсанд, ки дар ин сармои зимистон “хонаҳои бетониро бо чӣ гарм кунанд?” Аммо мардуми ноҳияҳои дурдаст бошанд, дар як шабонарӯз 2-4 соат барқ доранд. Сокинон бебарқии имсолро бесобиқа дониста, мегӯянд, вазъи барқу гармидиҳии Афғонистону Сурия, ки кишварҳои ҷангзада ҳастанд, аз мо беҳтар аст.

Аммо масъулон соҳа ҳамеша мардумро барои масрафи зиёди барқ муттаҳам мекунанд ва инчунин камбуди об дар обанборҳоро сабаби аслии ин мушкилӣ медонанд.

Эмомалӣ Раҳмон: Бо сатр пӯшидан асабиам накунед!

0

Эмомлаӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни ироаи паёмаш ба парлумони кишвар, махсус аз сатру либоси занони мусалмон интиқод кард.

Раисҷумҳур дар ин суханронияш тарзи либоспӯшии занон, аз ҷумла сатрпӯшии онҳоро эрод гирифта, эҳтироми падару модар ва тарбияи фарзандонро ба адои фаризаи ҳаҷ баробар кард.

Бонувони азиз, дар пӯшидани либос асабонӣ накунед, шукронаи ҳамин давлат кунед! Шукронаи ҳамин сарзамини биҳиштосо кунед! Бо иффат бошед! Падару модаротона, хусуру хушдоманотона иззату эҳтиром кунед ва фарзандонатона тарбияи хуб намоед, ҳамин мешавад ҳаҷ!“-, мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин ба онҳое, ки ба пойтахт меоянд ва либоси хуб намепӯшанд, интиқод кард ва занони сатрпӯшро низ аз ҷумлаи ин гурӯҳ хонд: “Маданияти либоспӯширо фаромӯш накунед, … ҳоли аксарият аз гирду гӯшаи мамлакат ба пойтахт меоянд, мебахшед, дар опйҳош шилансӣ, дар сар сатр кардагӣ, пойҳо то зону ялаққос карда, нохуно ранг кардагӣ, инро чӣ мефаҳмем? Ин шариатӣ аст ё ин ки дунявӣ аст, чӣ аст?“, таъкид мекунад Эмомалӣ.

Раисҷумҳури кишвар ҳамзамон ба қишри диндори кишвар хитоб карда, афзуд, ки “Шукронаи ин мамлакати озода кунед озод, мехоӣ ҳаҷ меравӣ, мехоҳӣ масҷид меравӣ, намозата мехонӣ, рӯзата мегирӣ, чӣ мефората? Мехоҳӣ хон, мехоҳӣ мадраса, марҳамат.

Ӯ таъкид мекунад, ки мадраса рафтеду дониши исломӣ омӯхтед, ҳаҷ ҳам рафтед, “зиёдаравӣ” накунед. Ба назари ӯ, занҳо бояд либоси миллӣ пӯшанд, зеро модару бибиҳои мо бо либоси миллии худ ҳам фарҳангро ҳифз мекарданд ва ҳам шариатро.

Аммо ба назари коршиносони динӣ, чунин гуфтанҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам бори сиёсӣ дорад ва ҳам аз нафрати ӯ нисбат ба дидну диндорон ҳикоят мекунад. Ба гуфтаи онҳо, раисҷумҳур набояд сатру либоси исломиро “либоси бегона” бидонад. Чун таърихи беш аз ҳазорсолаи мо бо ин дин ҳамроҳ аст ва наметавон сатру ришро тарғиби фарҳанги бегона донист, дар ҳоле ки тамоми бузургони илму адаби тоҷик саллаву риш доштанд. Инкори сатру ҳиҷоб инкори ҷузъи таърих ва фарҳанги худи миллати тоҷик аст.

Ин бори аввал нест, ки Эмомлаӣ аз сатрпӯшии занони тоҷик интиқод мекунад, солҳост, ки худи ӯ шахсан бар зидди ришу сатр ва шиорҳои исломӣ муборизаи беамон мебарад.

Аз ҷумла, манъи вуруди то 18-сола ба масҷидҳо, манъи вуруд ба донишгоҳу идораҳои давлатӣ бо ришу сатр, зиндонӣ кардани ҳазорҳо диндор бо иттиҳоми ифротгароӣ аз ҷумлаи ин “заҳамоташ” дониста мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз озодона рафтан ба масҷидҳо ва адои ибодатҳо мегӯяд, ки ҳар сол вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ бадтар арёзбӣ мешавад. Вазорати хориҷии Амрико ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар гузориши ахирашон дар бораи озодии диндорон ва риояи ҳуқуқи онҳо Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои “нигаронкунанда” шомил карданд.

Кушта шудани як тоҷики 10-сола дар Русия

0

Дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав як навраси 10-солаи тоҷик кушта шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, имрӯз, 16-уми декабр, як хонандаи сифни 9 бо номи Тимофей К. дар тан “бронежилет” ва бо корд ба мактабаш дар ноҳияи Одинтсово ворид шуда, чанд нафарро теғ мезанад.

Дар натиҷаи ин ҳамла хонандаи синфи 4-и ин мактаб Қобилҷон дар ҷойи ҳодиса бар асари захмҳои амиқ ҷон медиҳад ва чанд нафари дигар захмӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, модари ин навраси тоҷик дар ҳамин мактаб фаррош будааст ва мисли дигар волидон, пас аз анҷоми дарсҳо фарзандонро назди мактаб интизор будааст, аммо аз марги писараш огоҳ мешавад.

Ноболиғи ҳамлавар аз ҷониби пулис боздошт шудааст.

Мақомоти Русия дар бораи сабабҳои ҷиноят ҳанӯз чизе нагуфтаанд. Аммо расонаҳо дар истинод ба ҳамсинфони ҳамлавар навиштаанд, ки ӯ пайрави нажодпарастон буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ медонист.

Дар видео ҳам, ки худи ҳамлавар сабт кардааст дида мешавад, ки ӯ ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба гурӯҳе аз хонандагон ва муаллимашон аз онҳо мепурсад, ки миллаташон чист.

Ғайр аз ин, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар телефони ҳамлавар акси ӯро бо ҷасади беҷони ин навраси тоҷик пайдо кардаанд.

Илова бар ин, дар телефонаш ҳамлавар худро бо ниқобе аксбардорӣ кардааст, ки дар он ба созмонҳои ростгарои радикалӣ ва иқтибосҳои ифротгароёна, мисла “Sygaown”, ки ба тирпарронии оммавӣ дар ИМА соли 2022 ишора мекунад, расм ёфтааст.

Ҳамчунин расонаҳои русӣ мегӯянд, ки дар як селфии дигар ӯ бо ҷавшан (бронежилет) ва рамзи “коловрат” акс гирифтааст, ки ба террорист Брентон Таррант ишора мекунад. Шахсе, ки қатли оммавиро дар масҷидҳои мусалмонон дар Крайстчерчи Зеландияи Нав анҷом дода буд.

Мақомоти Русия доир ба ин ҳодиса бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтишот идома дорад. То ҳол назари хонаводаи ҷабрдида дар расонаҳо нашр нашудааст.

Афсонаи “Бузак” боз такрор шуд

0

Эмомалӣ Раҳмон боз ваъда дод, ки соли 2027 маҳдудияти барқро аз байн мебарад ва мардум “лимит”-ро фаромӯш мекунанд.

16-уми декабри соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба парлумон, сабаби маҳдудияти интиқоли барқ дар кишварро мисли дигар мақомдорон ва ҷонибдоронаш ба зиёд шудани аҳолӣ, ба кор даромадани корхонаҳои зиёд ва кам шудани воридшавии об ба обанбори “Норак” рабт дод.

Дар идома ӯ гуфт, ки “шароити мардумро бахубӣ медонем” ва таъкид кард, ки ин охирин зимистони душвор аст ва аз зимистонҳои баъдӣ вазъ беҳтар мешавад.

“Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони соли 2026 сабуктар мешавад”- муроҷиат кард Раҳмон ба мардум.

Ҳамчунин ӯ гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва илова бар ин, то соли 2027 Тоҷикистон ният дорад вобастагии худро аз манбаъҳои анъанавии энергия ба таври назаррас коҳиш диҳад ва ба рушди энергетикаи офтобӣ такя кунад. Аз ҷумла, истеҳсоли то 1500 киловатт неруи барқи офтобӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба иддаои раисҷумҳур, кишвар баъди ин ба истиқлоли энергетикӣ мерасад ва ваъда дод, ки “дигар қатъи барқро фаромӯш мекунем”.

Пештар дар соли 2024 низ Раҳмон дар нишасте гуфта буд, ки дар соли 2027 ба истиқлоли энергетикӣ мерасад, аммо коршиносон ва аксар сокинони кишвар ба гуфтаҳои ӯ шубҳа доранд. Чун вақте ки чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” соли 2018 ба истифода дода шуд, Раҳмон шодиёна гирифта буд, ки “дигар лимит ба афсона табдил шуд”.

Аммо масъулони “Барқи тоҷик” дар моҳи июли соли 2024 гуфтанд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки “Роғун” дар маҷмуъ 6 чарха дорад ва чархаи охирини он соли 2029 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаваду анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.

Чанде аз сокинони кишвар ҳам дар суҳбат бо Azda.tv гуфтанд, ки метарсанд соли баъд вазъи лимити барқ дар кишвар аз будааш ҳам бадтар шавад, чун ҳамеша баъд аз суҳбатҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бардоштани “лимит”-и барқ реҷаи интиқоли барқ ба сокинон шадидтар мешавад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ мардум дар баъзе аз минтақаҳои кишвар дар 24 соат камтар аз 2 соат барқ доранд.

Ҳамзамон Раҳмонов дар паёми имрӯзааш ба парлумон дар мавзуи баҳсбарангез ва шубаҳаовари беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарздор будани аҳолӣ аз истифодаи барқ низ гуфт. Ӯ баръакс, худи кормандони идораи барқро дар нодуруст аз истифодаи барқ қарздор кардани мардум гунаҳкор кард.

Раҳмонов гуфт, “Барқи тоҷик” гузориш медод, ки гӯё мардум 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд, вале баъди ҷорӣ шудани низоми биллинги маълум шуд, ки аҳолӣ 100 дарсад пули барқро месупоранд.

“Кор дар дигар тараф аст. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти барқ ба таври сунъӣ ба уҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд. Пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва он маблағро сӯистифода карда, ба таври сунъӣ талафоти барқро ба аҳолӣ ва мошинҳои обкаш бор мекарданд, яъне қарздор мекарданд”,-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Аммо бо вуҷуди равшанӣ андохтан ба ин масъала, Раҳмонов нагуфт, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд ва онҳое, ки гунаҳкоранд, чӣ мешавад?

Маоши коргарон дар Тоҷикистон зиёд мешавад

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ эълон кард, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 ҳаҷми маош, нафақа ва идрорпулиҳо дар кишвар аз 15 то 25 дарсад зиёд карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ин тасмими Ҳукуматашро “барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дастгирии иҷтимоии қишрҳои гуногун” унвон кард. На ин ки ҳамчун раиси Ҳукумат беҳтар кардани сатҳи маишии аҳолиро вазифаи аслии худ бидонад.

Тибқи супориши ӯ, маоши кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла омӯзгорони мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, 25 дарсад боло бурда мешавад. Маоши кормандони дигар бахшҳо маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, идоракунии давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ, инчунин идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои кумакҳои буҷетӣ 20 дарсад афзоиш меёбад.

Ҳамчунин маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низомиён ва дигар сохторҳои қудратӣ низ аз ҳамин давра 20 дарсад зиёд карда мешавад. Президент таъкид намуд, ки нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, давлатӣ ва заминавӣ на камтар аз 15 дарсад индексатсия хоҳанд шуд.

Баъд аз боло бурдани маошҳо, ҳадди ақалли маош дар кишвар аз 1000 сомонӣ ба 1300 сомонӣ мерасад.

Маоши кам ҳамчунон яке аз нигарониҳои ҷиддии сокинони Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ба гуфтаи шаҳрвандон, бо ҳар дафъа афзоиши маошу нафақа нархи маҳсулоти ниёзи аввал низ боло меравад ва дар натиҷа, таъсири воқеии ин афзоиш дар сатҳи зиндагӣ чандон эҳсос намешавад. Ин боис шудааст, ки миллионҳо шаҳрванди кишвар барои дарёфти рӯзӣ ба муҳоҷирати корӣ раванд ва дар шароити бисёр сангин кору зиндагӣ кунанд.

Ибораи “Ҳама садай” ибораи сол байни ҷавонон эълон шуд. Баҳси доғеро ба вуҷуд овард

0
Screenshot

Сафорати Олмон дар Тоҷикистон бо нашри як видео дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook эълон кард, ки калимаи “ҳама садай” ҳамчун ибораи маъмул миёни ҷавонони тоҷик интихоб шуда ва муаллифи пешниҳоди он бо ҷоиза қадрдонӣ гардидааст.

Ба иттилои сафорат, моҳи ноябр аз корбарон даъват шуда буд, то калима ё ибораеро пешниҳод кунанд, ки дар гуфтугӯи ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик бештар истифода мешавад. Дар натиҷа, ибораи “ҳама садай” бештар лайк гирифта, ғолиб дониста шуд. Сафорат ғолибро истиқбол намуда, ҷоизаашро тақдим кард.

Ин иқдом дар фазои маҷозӣ вокунишҳои гуногун ва баҳсҳои шадидро ба бор овард. Корбарон ин иқдоми сафоратро ҳамчун таҳқири забони тоҷикӣ арзёбӣ кардаанд. Яке аз корбарон навиштааст: “Забони моро таҳқир кардаву ба таҳқиркунандагонаш ҷоиза медиҳед боз?”

Корбаре бо номи Бахтиёр Файзуллоев бар ин назар аст, ки ин ташаббус ба диалект ҳеҷ рабт надорад. Ба гуфтаи ӯ, мафҳуми Jugendwort диалект нест, балки калима ё ибораи гуфтугӯии ҷавонон мебошад, ки дар муҳити ғайрирасмӣ ва фарҳанги ҷавонон истифода мешавад. Ӯ таъкид мекунад, ки чунин ибораҳо ҷойгузини забони адабӣ нестанд ва ҳадаф аз ин иқдом муаррифии забони зиндаи ҷавонон ва табодули фарҳангист.

Ҳамчунин фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва забонпажӯҳ Умед Ҷайҳонӣ дар саҳифаи Facebook-и худ ин иқдомро сахт интиқод карда, онро паст задани арзишҳои забони миллӣ хондааст. Ӯ ҳатто аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки кормандони сафорати Олмонро барои “таҳқири забони миллии тоҷикон” бозхост кунад.

Дар посух ба ин интиқодҳои Умед Ҷайҳони сафорати Олмон посух додааст. Дар ин посух, сафорат таъкид мешавад, ки ба забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ эҳтироми амиқ дорад: “Сафорати Олмон дар Душанбе ба забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ эҳтиром мегузорад ва онро қадр менамояд. Далели ин истифодаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони аввали матолиб дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии мо мебошад.”

Сафорат ҳамчунин шарҳ медиҳад, ки сухан дар бораи вожаи сол байни ҷавонон меравад, на диалект ё забони адабӣ. Ба гуфтаи онҳо, чунин таҷриба дар худи Олмон низ роиҷ аст. Масалан, дар соли 2025 вожаи сол байни ҷавонон дар Олмон калимаи “crayz” будааст, ки аслан калимаи англисӣ мебошад.

Дар идомаи посух зикр мешавад, ки шарти озмун равшан буд: ғолиб ҳамон пешниҳоде эълон мегардид, ки бештар “лайк” мегирад.

“Мо вожаи “ҳама садай”-ро на пешниҳод кардем ва на интихоб намудем. Инро худи ҷавонон интихоб карданд. Агар пешниҳоди дигаре бештар лайк мегирифт, ҳамон ғолиб мешуд.”

Сафорат инчунин таъкид кардааст, ки ин навор хусусияти сиёсӣ ё расмӣ надорад: “балки ҳаҷв мебошад. Ин вожа дар гуфтори ҷавонон истифодаи маъмул дорад. Пас мушкил куҷост?”

Дар поёни изҳорот, сафорати Олмон бори дигар расман эълон кардааст, ки ин навор танҳо як маводи ҳаҷвӣ барои пайравони саҳифа буда, ҳеҷ гуна ҳадафи сиёсӣ ё таҳқиромез надорад.

Корбарони тоҷик дар шабкаҳои иҷтимоӣ ин ташаббуси сафорати Олмон дар Душанберо гуногун бардошт кардаанд. Бархе онро як намунаи табодули фарҳангӣ ва инъикоси воқеияти гуфтори ҷавонон дониста, бархе дигар онро ҳамчун беэҳтиромӣ ба забони миллӣ қабул кардаанд.

Аммо то ҳанӯз ниҳодҳои расмии марбут ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ, аз ҷумла Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон ва ё дигар устодону донишмандони соҳаи забоншиносӣ ба ин ташаббус вокуниш накардаанд.

Додгоҳ ҳукми гумонбари куштори як хонавода дар Рудакиро эълон кард

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон яке аз гумонбарони асосӣ дар қатли Шаҳло Назарова ва се фарзанди ноболиғашро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки ҳукми додгоҳ нисбати Сайфулло Азимови 32-сола ҳафтаи гузашта содир шудааст.

Назари худи Азимов ва вакили дифоу пайвандонаш то ҳол дастраси расонаҳо нагардидааст ва низ маълум нест аз болои ин ҳукми абад шикоят хоҳанд бурд ё на.

Аммо пештар ӯ дар як навори Вазорати корҳои дохилӣ, ки маълум нест таҳти чӣ шароите сабт шудааст, саҳнаи чӣ гуна куштани Шаҳло Назарова ва фарзандонашро нишон медод. Ин ҳам дар ҳолест, ки пайвандонаш ба расонаҳо гуфта буданд, ки Сайфулло Азимов аз шаҳодатҳои аввалаш даст кашидааст.

Гуфта мешавад, Додгоҳи олӣ парвандаи гумонбари дуюм дар ин қатлҳои бераҳмона Нуъмон Саидови 17-соларо ҷудо баррасӣ кардааст. Аммо ҷузъиёти мурофиа ва ҳукми додгоҳ дар бораи ӯ то ҳол расонаӣ нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки куштори бераҳмонаи Шаҳло Назарова ва писари 12-сола ва ду духтари 15 ва 17-солааш дар моҳи сентябри имсол дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ нигарониҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард.

Ин ҳодиса шаби 5 ба 6-уми сентябр дар манзили кушташудаҳо замоне ки падари хонавода дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт, рух дода буд ва ҷасади беҷони онҳоро баъди ду рӯз ҳамсояҳо пайдо карданд.

Лукашенко 123 маҳбуси сиёсии дигарро озод кард

0

Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко 13-уми декабри соли ҷорӣ, 123 маҳбуси сиёсии дигарро озод кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар миёни озодшудагон шахсиятҳои маъруфе, мисли Алес Белятский, ҳомии ҳуқуқи инсон ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, Мария Колесникова, яке аз роҳбарони эътирозҳо пас аз интихоботи соли 2020, Виктор Бабарико ва Максим Знак, инчунин дигар фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд.

Илова бар шаҳрвандони Беларус, дар миёни озодшудагон шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Литва, Латвия, Украина, Австралия ва Ҷопон низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, 114 зиндонии раҳошуда аз Беларус ба Украина ва нуҳ нафари дигар ба Литва интиқол ёфтанд.

Ҷон Коул, фиристодаи вежаи президенти Амрико Доналд Трамп дар умури Беларус, дар шабакаи “X” аз ин иқдоми Лукашенко ситоиш карда, онро як гоми муҳим дар муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Беларус номид.

Ҳамчунин ӯ бе овардани ном ва рӯзи муайяне ба расонаҳо гуфтааст, ки эҳтимол Беларус дар моҳҳои оянда маҳбусони бештарро раҳо кунад.

Бояд гуфт, Лукашенко дар ҳоле рақибонашро озод кард, ки ИМА дар бораи имкони бекор кардани таҳримҳо алайҳи содироти нуриҳои минералии Беларус, ки миллиардҳо доллар фойида меоварад, гуфт.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Беларус дар моҳи сентябри соли ҷорӣ беш 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод карда буд.

Дар пайи озод намудани маҳбусони сиёсӣ Иёлоти Муттаҳида аз сабуксозии қисме аз таҳримҳо алайҳи ширкати миллии ҳавопаймоии “Belavia” хабар дода буд. Ҳамакнун ба ин ширкат дубора иҷозати хидматрасонии техникӣ ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ дода мешавад.

Илова бар ин, Вашингтон изҳор дошта буд, ки мехоҳад муносибатҳои пурраи дипломатиро барқарор кунад ва сафорати худро дар Минск боз кунад. 

Дар моҳи июни соли ҷорӣ низ мақомоти Беларус 14 маҳбуси сиёсиро озод карда буданд. Дар байни рӯзноманигорону фаъолони озодшуда, шавҳари Светлана Тихановская ва сиёсатмадори мухолиф Сергей Тихановский, ки соли 2020 боздошт шуда буд ва чанд шаҳрванди хориҷӣ аз Ҷопон, Лаҳистон, Латвия, Эстония, Шветсия ва ИМА ҳам буданд. Озодшавии онҳо низ дар пайи мулоқоти намояндагони амрикоӣ таҳти раҳбарии фиристодаи махсуси ИМА Кит Келлогг бо мақомоти Беларус дар Минск сурат гирифт. 

Гуфта мешавад, бо вуҷуди ин озодкуниҳо, ба иттилои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, то ҳол дар зиндонҳои Беларус беш аз 1000 маҳбуси сиёсӣ боқӣ мондааст.

“Коля тоҷик” дар ҷанги Украина кушта шуд

0

Бино ба иттилои дастрас, блогери маъруфи тоҷик Комрони Шуҳрат маъруф бо лақаби “Коля тоҷик”, дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуд.

Ба гуфтаи манбаъҳо, Комрон тақрибан ду сол пеш дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва одамрабоӣ боздошт ва зиндонӣ шуда буд. Пас аз он аксҳо ва наворҳое аз ӯ бо либоси низомӣ дар фазои маҷозӣ паҳн гардида буданд. Бархе аз наздикон ва касоне, ки ӯро мешинохтанд, иддао доранд, ки боздошти ӯ бо туҳмати як зани рус сурат гирифта буд.

Бар асоси наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфта мешавад, ҷасади Ҳоҷӣ Комрон ба Тоҷикистон оварда шуда зуҳри имрӯз, 15-уми декабр маросими ҷанозааш дар зодгоҳаш деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор гардида ва қабристони зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Комрони Шуҳрат 34 сол син дошт ва дар шабакаи YouTube беш аз 232 ҳазор пайгиркунанда дошт ва ҳамчун блогер фаъолият мекард. Ӯ асосан бо нашри наворҳо ва барномаҳо дар бораи мушкилот ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, бахусус дар Русия, маъруф шуда буд ва дар миёни муҳоҷирон ҳаводорони зиёд дошт.

Бояд зикр кард, ки пас аз оғози ҳамлаи Русия алайҳи Украина, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла афроди дорои шаҳрвандии Русия ва ҳамчунин маҳкумшудагон дар зиндонҳо бо роҳҳои гуногун ба ин ҷанг ҷалб шудаанд. Расонаҳо борҳо аз марги шаҳрвандони тоҷик дар ин ҷанг хабар додаанд. Инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн мешаванд, ки дар онҳо баъзе тоҷикони иштирокчии ҷанг аз шароити вазнини худ шикоят мекунанд ва аз дигар тоҷикон мехоҳанд ба ваъдаҳои фиребандаи мақомоти рус барои додани шаҳрвандӣ розӣ нашаванд ва ба ҷанг наоянд.

Бо вуҷуди ин, омори расмӣ дар бораи шумораи дақиқи тоҷиконе, ки дар ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина ширкат доранд, нашр нашудааст. Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон иштироки шаҳрвандон дар ҷангҳои хориҷиро ҷиноят мешуморад, то ҳол ягон шаҳрванди тоҷик ба таври расмӣ бо иттиҳоми ҷангидан алайҳи Украина муҷозот нашудааст. Бархе коршиносон ин вазъро ба унвони нишонаи пуштибонии ғайрирасмии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз Русия арзёбӣ мекунанд.