Хона блог саҳифа 672

Поёни фаъолияти варзишии Ҳабиб Нурмагомедов

0

Қаҳрамони вазни сабуки “UFC” Ҳабиб Нурмагомедови 32-сола расман ба фаъолияти варзишии худ хотима бахшид. Дар ин бора Президенти “UFC” Дэйна Уайт хабар дод.

– “Ӯ 100% расман ба нафақа баромад. Тамошои корат бисёр ҳаловатовар буд, барои ҳама чиз ташаккур. Дӯстам акнун аз он чизе, ки туро интизор аст танҳо роҳат кун” – навиштааст Уайт дар Twitter.

Ёдовар мешавем, ки варзишгари доғистонӣ рӯзи 24 октябри соли гузашта дар бораи хотима бахшидани фаъолияти варзишияш гуфта буд. Қаҳрамони UFC пас аз анҷоми муҳориба бо Ҷастин Гетҷе, ки бо пирӯзии ӯ хотима ёфт, гуфт барояш бидуни падар, ки ҳамзамон мураббияш низ буд, муҳориба кардан мушкил аст. Аз ҷониби дигар, модари ӯ низ муқобили ширкати ӯ дар набардҳои минбаъда аст.

Аммо бисёриҳо ва ҳатто Президенти UFC бар ин назар буданд, ки Ҳабиб ҳатман бармегардад ва муҳорибаи 30 – юм, ки шояд охирон набард дар фаъолияти варзишии ӯ шавад, анҷом медиҳад.

Моҳи июли соли 2019, менеҷери қаҳрамони UFC Ризван Магомедов гуфта буд, ки Нурмагомедов фаъолияти варзишии худро ҳар вақте, ки хоҳад, хотима мебахшад. Он замонон Ризвон гуфта буд, ки Нурмагомедов воқеан мехоҳад, ки дар 30 мубориза бар асоси қоидаҳои ММА ғалаба бадаст оварда, варзишро тарк кунад. Он замон Ҳабиб дар ҳисоби худ 27 пирӯзӣ дошт.

Ҳабиб Нурмагомедов дар фаъолияти варзишии худ дар 29 муҳориба иштирок намуда, боре ҳам мағлуб нашудааст.

Хазинадори бонк бо иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ дастгир ва маҳкум шуд

0

Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати хазинадори филиали №402 “Орёнбонк” дар шаҳри Бохтар Рустами Ҷамолиддин бо иттиҳоми “муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва суистифода аз ваколати хидматӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, аллакай баррасии он ба охир расида, ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, тибқи тафтиши пешакӣ нисбати Рустами Ҷамоллидин бо моддаҳои 286 қисми 2 ва 295 қисми 1 (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва суистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои хориҷӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон шудааст.

“Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Амалётгар- хазинадори филиали №402 ҶСК “Орёнбонк” дар шаҳри Бохтар Рустами Ҷ., бо суистифодаи ваколати хизматӣ бархилофи талаботҳои Дастурамали вазифавӣ амал намуда, бе иҷозати роҳбарият ва масъулини дар дохили бинои филиали бонки мазкур 25 ноябри соли 2020 аз харидори шартӣ шаҳрванд “А.Б” 100 доллари ИМА-ро аз меъёри муқарраркардаи Бонки миллим Тоҷикистон, ки дар рӯзи 25 ноябри соли 2020 бо арзиши 1130 сомонӣ муайян карда шудааст, барзиёд 1140 сомонӣ ҳисоби карда, дар маҷмуъ 2600 доллари ИМА-ро бо додани маблағи 29640 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои филиали бонк бо роҳи иваз намудан аз харидори шартӣ бо мақсади минбаъд дар бозори сиёҳ бо нархи зиёдтар фурӯхтан ва фоидаи муфт ба манфиати шахсӣ амал намудааст”, омадааст дар хабар.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар аз 03.01 соли 2021 Рустами Ҷ. бо моддаҳои 286 қисми 2 ва 295 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардид.

Оғози музокироти сулҳи Афғонистон дар Маскав

0

Имрӯз 18 март дар Маскав нишасти музокироти Сулҳи Афғонистон оғоз ёфт. Ҳайати Ҳукумати Афғонистон бо сардории Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва шуморе аз шахсиятҳои саршиноси ин кишвар, аз ҷумла Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳури Афғонистон, маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари ҷунбиши миллӣ – исломӣ, Мирраҳмон Раҳимӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсиятҳои маъруфи ин кишвар дар ин музокирот ширкат карданд.

Ҳайати Гурӯҳи Толибонро дар ин нишаст Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсӣ ва раиси дафтари ин гурӯҳ дар Давҳа раҳбарӣ мекунад.

Бино ба гузориши “ВВС” Сергей Лавров вазири корҳои хориҷаи Русия ва мизбони ин нишасти сулҳ гуфта, ки мутаассифона гуфтугӯҳои пешин дар мавриди сулҳу Афғонистон бенатиҷа будаанд ва аз Амрико ва Толибон хост, ки ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқномаи Давҳа пойбанд бимонанд. Ҳамчунин изҳори умедворӣ карда, ки ин навбат натиҷае ба даст хоҳад омад.

Ӯ афзуда, ки ноамнӣ дар Афғонистон боиси афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар минтақа ва рушди гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДОИШ мешавад, ки ин масъала минтақаро таҳдид хоҳад кард.

Мулло Абдулғанӣ Бародар дар ин нишаст низ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки барқарории оташбас пас аз рӯи кор омадани “Низоми ҷадиди исломӣ” мумкин хоҳад буд. Ӯ гуфта, ки дар тавофуқномаи Давҳа тааҳҳудоти ду ҷониб мушаххас шудааст ва Толибон мувофиқи тааҳҳудоти худ амал кардаанд, аммо ҷониби муқобил (Амрико) низ бояд пойбанд бимонад.

Бино ба гузоришҳо Гурӯҳи Толибон аз раванди ташрифоти нишасти Маскав ва таркиби ҳайати Ҳукумати Афғонистон изҳори норозигӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки Толибон даъват шудани бархе аз чеҳраҳои саршиноси ҳайати Ҳукумати Афғонистонро дар нишасти Маскав намехостаанд. Ба гузориши ВВС як узви ҳайати Толибон гуфт, ки ин гурӯҳ мухолифи  ширкати Дӯстум дар ин нишаст будаанд.

Бино ба таҳлили бархе коршиносон, аз нишасти Маскав ба эҳтимоли зиёд чандон натоиҷи муҳмме ҳосил нахохад шуд, зеро баргузории нишасти Маскав аҷулона ва шитобзада гирифта шуда ва эҳтимол меравад, тасмимоти он низ бидуни дар назар гирифтан шудани хостаҳои мардуми Афғонистон гирифта шавад.

Боздошти як муҳочири зодаи Осиёи Марказӣ дар Руссия ба ҷурми омодагӣ барои анҷоми амали террористӣ

0

Кормандони Хадамоти Федералии Амнияти Федератсияи Русия дар Адигея як муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дастгир карданд. Дар ин бора рӯзи чоршанбеи 17 март ба хабаргузории Интерфакс аз Маркази робитаҳои ҷамъиятӣ -и ФСБ хабар дода шуд.

Тибқи иттилои ин сомона, дар қаламрави Ҷумҳурии Адигей як зодаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба амали террористӣ дар ҷойҳои ҳузури оммавии шаҳрвандон омодагӣ мегирифт, боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки аз ӯ унсурҳои бомбаи худсоз ва парчами “Давлати исломӣ” мусодира карда шудааст.

Кормандони ФСБ хамчунин харитаи Майкоп, ҳуҷҷатҳои қалбакии муҳоҷират, воситаҳои алоқа ва интернет-дастурамал барои сохтани маводи таркандаро мусодира карданд.

Нисбати боздоштшуда тибқи қисми 1 моддаи 30, қисми якуми моддаи 205 (“Тайёрӣ ба амали террористӣ”) -и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда аст.

Дар ҳоли ҳозир ҳувияти ин боздоштшуда маълум нест.

Назари вазири дифоъи Русия дар мавриди идеяи таъсиси ба ном “Артиши Турон” ва чолишҳои минтақа

0

Журналисти сомонаи “Tengrinews.kz” бо вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгу мусоҳиба анҷом додааст.

Дар ин мусоҳиба Вазири мудофиаи Русия идеяи таъсиси ба ном “Артиши Турон”-ро ки як блоки ҳарбӣ хохад буд ва ҳамаи кишварҳои туркзабонро муттаҳид месозад шарҳ дод.

Вазири дифои Руссия дар посух ба изҳороти бархе аз сиёсатмадорони Туркия гуфт:

“Хуб, шумо дар ин бора орзу доред, кӯшиш мекунед, ки ба сӯи он чанд қадам гузоред. Барои чӣ ва бар зидди кӣ?”

Шойгу хотиррасон кард, ки халқҳои туркзабон низ дар Русия зиндагӣ мекунанд ва онҳо “хеле зиёданд”. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки “Ва мо тӯли асрҳо бо ҳам зиндагӣ кардем”.

Вазир афзуд, ки Русия дар ҳоли ҳозир ҳамкориро бо Туркия идома медиҳад ва бо вуҷуди он ки ин кори осоне нест, аллакай ин ҳамкорӣ натиҷа дода истодааст.

Баҳсҳо дар бораи имкони таъсиси артиши “Турон” пас аз сафари вазири дифоъи Туркия Ҳусули Акар ба Қазоқистон дар соли 2020 шиддат гирифт. Пас аз он як қатор расонаҳо гуфтанд, ки Акар нақшаи баррасии идеяи артиши ягонаи кишварҳои туркро дар ҷараёни сафари худ бо роҳбарияти кишвар баррасӣ намуданӣ буд.

Ҳамзамон, Вазорати дифоъи Қазоқистон гуфта буд, ки онҳо аз Анкара чунин пешниҳодҳоро дарёфт накардаанд.

Пештар аз ин 17 март хабар дода шуд, ки Шойгу ба Иёлоти Муттаҳида огоҳӣ дод, ки агар онҳо дар Аврупо, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвоз ҷойгир кунанд, Русия низ дар ҳолати зарурӣ “посух” хоҳад дод.

Ҳамчунин Шойгу дар ин мусоҳиба дар бораи таҳдидҳо аз самти Афғонистон барои Русия ва  Осиёи Марказӣ ва аз ташвишҳо гуфт.

Вазири дифои Руссия дар идомаи мусохибааш бо сомонаи “Tengrinews.kz” афзуд, ки гурӯҳҳои калони террористон ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ба Афғонистон ҳаракат мекунанд ва онҷо аллакай ДИИШ пайдо шудааст ва омадани онҳое мушоҳида мешавад, ки аввалан аз Афғонистон ба Сурия рафтанд.

Ӯ ҳамчунин дар бораи қочоқи маводи мухаддир ва истеҳсоли маводи мухаддир гуфт ва хатари онро хеле ҷиддӣ арзёбӣ кард. Шойгу қайд намуд, ки мо ҳама дар як минтақа, дар ин қаламрави умумӣ зиндагӣ дорем ва бояд инро донем, ки онҳо на танҳо бо мо ҳамсояанд, балки бо дӯстони наздиктарини мо, бо халқҳои бародари мо, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамсоя мебошанд.

Боздошти як додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод

0

Судяи Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон аз сӯйи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд. Ин судя Носирхон Сафарзода ном дошта ба ҷурми гирифтани 5000 доллар ришва муттаҳам мешавад ва дар ҳоли ҳозир дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар ин бора “Asia Plus” бо такя ба манбааш аз сохторҳои қудратӣ хабар дод.

Гуфта мешавад ин ҳодиса рӯзи 9-уми март сурат гирифтааст.

Дар суҳбат бо “Asia Plus” Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 16-уми март гуфтаанд, ки дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон додрасе бо номи Носирхон Сафарзода доштаанд, ки ҳоло ҳам кор карда истодааст.

Бобоҷон Ғоибов масъули маркази матбуотии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ки “ҳолате ки ӯ бо пора аз ҷониби кормандони Агентии коррупсия дастгир карда шуда  бошад, инро мо шарҳ дода наметавонем, чунки феълан муддати ду рӯз аст мо муайян карда натавонистем ва ҳоло посухи аниқ гуфта наметавонем. Феълан мо агар ягон шарҳ диҳем нофаҳмӣ мешавад, барои ҳамин агар маълумот пайдо кунем, расман аз ин ҳодиса хабар медиҳем”.

Дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон низ аз боздошти додраси ин ниҳод бо номи Носирхон Сафарзода изҳори бехабарӣ карданд.

Ҳамчунин рӯзи 16-уми март Маркази матбуоти Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон ин хабарро рад ё тасдиқ нақард.

Пас аз гузашти 2 рӯз субҳи 18-уми март аз Раёсати оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон хабари боздошти Носирхон Сафарзодаро тасидиқ намуданд. Аммо ин ниҳод аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуда, танҳо гуфтаанд, ки нисбати Сафарзода бо моддаи 319-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ҳоли ҳозир назари худи Носирхон Сафарзода ва наздикону пайвандонаш дастрас нест.

Гуфта мешавад Носирхон Сафарзода бештар аз 10 сол дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент кор карда, аз соли 2017 то замони боздошт додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон будааст.

Тоҷикистон тасмимашро дар мавриди истифода аз ваксинаи АstraZeneca эълон кард

0

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз 18 март зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон қарори Ҳукумат дар мавриди истифода аз ваксинаи АstraZeneca-ро шарҳ дод.

Ба гуфтаи муовини вазири тандурстӣ, Тоҷикистон аз истифодаи ин ваксина даст намекашад. Қарор аст дар рӯзҳои наздик эмгузаронӣ бо ин ваксина дар Тоҷикистон шуруъ шавад.

Ализода гуфт, ки айни ҳол Вазорати тандурустӣ дастурламалеро дар мавриди тарзи дурусти гирифтани ваксинаро омода дорад, ки бо ду забон, тоҷикӣ ва узбекӣ тарҷума ва дастраси ҳамагон мегардонад.

Ин гуфтаи муовини вазири тандурустӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки аксар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо лахт шудани хунро дар бадани касоне, ки аз ин ваксина зада шуданд, мушоҳида карданд ва бо ин далел истифодаи онро ҳоло мутаваққиф кардаанд. Аммо Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки ҳеч далели қавие вуҷуд надорад, ки алоқаи мустақими лахтшавии хунро бар асари ваксинаи АstraZeneca исбот кунад. Аз ин рӯ, аз ин кишварҳо хост истифодаи онро бознадоранд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон шаби 9 марти соли равон дар чорчӯби барномаи “COVAX” 192 ҳазор воя аз ваксинаи зидди вируси COVID-19 АstraZeneca-ро дастрас намуд.

Поёни музокироти дурӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди марз

0

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 марти соли ҷорӣ, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Ин мулоқот бо ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев доир гаштааст.

Гуфта мешавад, меҳвари ин гуфтушуниди навбатӣ масъалаи аломатгузории нуқтаҳои номуайяни марзӣ ё делимитатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон будааст.

Аммо ҷонибҳо ба чӣ тавоқуфе расиданд ва аз кай нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марзи ин ду кишвар оғоз меёбад ва тафсилоти дигари ин мулоқоти сатҳи баланд, дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз, рӯзи 16-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз ёфта ду рӯз давом кардааст. Аммо дар ин мулоқот рӯзноманигорон роҳ дода нашуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд ва  то кунун бештар аз 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Дидору гуфтугӯи раиси вилояти Суғд бо намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон

0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо кушодашавии гузаргоҳҳои Кулунду” ва “Кайрагач” дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд дар марзи вилояти Суғдро, ки бинобар коронавирус баста шуда буд, баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, тасмими ниҳоӣ дар бораи боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ дар поёни мулоқоти раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон гирифта хоҳад шуд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ҳаракат дар ду гузаргоҳи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба эҳтимоли зиёд дар Наврӯз дубора барқарор карда мешаванд.

Сокинони ду деҳа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хоҳони бардоштани монеахо, пӯшонидани хандақҳо ва боз намудани гузаргоҳҳои марзӣ ҳастанд. 20 майи соли гузашта ҳукумати Қирғизистон ҳаракати нақлиёт дар марзҳои Кулунду” ва “Кайрагач”-ро барои ҳаракати ҷамъиятӣ ва нақлиётӣ муваққатан қатъ карда буд.

Сокинони деҳаи Арқаи Қирғизистон ва ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон  дар сухбат бо расонахо аз он шикоят намуданд, ки ба иллати баста будани марзҳо дар як соли охир додугирифт байни ҳамсояҳо ба шиддат кам гардида  ва онҳоро бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ кардааст.

Тӯрабек Шабачаев, сокини деҳаи Арқаи Қирғизистон, рӯзи 14-уми март дар сухбат бо Радиои Озодӣ  гуфт, ки онҳо ба тоҷикон бензин мефурӯхтанд. Ин сокини Қирғизистон афзуд ки нархи хӯрокворӣ дар ҳамсоякишвар арзонтар аст ва онҳо аз тоҷикон хӯрок мегирифтаанд. Ба иддаои ӯ ҳаштод дарсади аҳолӣ камбағаланд ва аз нархи гарони хӯрокворӣ азият мекашанд.

Ёдовар мешавем, ки музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз, ки  ҳайати Тоҷикистонро раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов ва ҳайати Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ доранд, рӯзи 16-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз шуд.

Сурат: khovar.tj

Гуфта мешавад дар мулоқот хабарнигорони мустақилро роҳ надоданд ва аз ҳамин сабаб ҷузъиёти суҳбатҳои ду тараф феълан маълум нест.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд ва  то кунун бештар аз 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Болоравии нархи маҳсулоти хурокворӣ тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон

0

Дар давоми 2 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 3% гарон шудаааст. Дар ин бора “Asia-Plus” бо такя ба Агентии омори назди президент хабар дод.

Тибқи иттилои Агентии омор болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1%-ро ташкил дод, ки 0,35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Имсол нархҳо ба картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва маҳсулоти ширӣ (1,4%), шакар (қанд) (1,3%), гӯшт (1,1%), равған ва чарбҳо (0,7%) нисбатан бештар боло рафтанд.

Гуфта мешавад дар давоми моҳҳои январ-феврали 2021 нархҳои маҳсулоти ғайриозуқа 1,2% зиёд шудаанд. Дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондиҳанда ба 0,3% баробар буд.

Дар байни маҳсулоти ғайриозуқа давоми 2 моҳи соли равон бештар аз ҳама бензин 16,4% гарон шудааст ва аз ҳама пастарин нишондод дар маҳсулоти дорусозӣ дида мешавад, ки он 0,4% қиммат шудааст.

Хизматрасониҳои пулакӣ дар давоми 2 моҳи соли равон 0,2% боло рафтанд. Мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 0,4% зиёд шуда , ба 1,4% баробар шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар Тоҷикистон нишондиҳандаи рекордии сатҳи таваррум дар даҳ соли охир ба қайд гирифта шуд, ки он 9,4% -ро ташкил дод.

Нишондиҳандаи ҳадафнок дар соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мисли соли 2020 дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.