23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 209

Анҷелина Ҷулӣ: Зиндони боз ба қабристон табдил мешавад

0

Ҳунарпешаи шинохтаи амрикоӣ дар робита ба ҳамлаҳои ахири Исроил ба Ғазза гуфтааст, ки зиндони боз ба қабристон табдил мешавад.

Анҷелина Ҷулӣ, ҳунарпешаи шинохтаи амрикоӣ 1-уми ноябри соли ҷорӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба паноҳгоҳҳои муҳоҷирони Созмони Милали Муттаҳид дар саҳифаи Инстаграми худ гуфтааст: “Ғазза тақрибан дар ду даҳсолаи ахир як зиндони боз буд ва он ба зудӣ ба як қабристони дастаҷамъӣ табдил меёбад.”

Ин ҳунарпешаи амрикоӣ бидуни он ки аз Исроил номе бибарад дар идома гуфтааст, ҳамлаҳои барқасдона дар Ғазза алайҳи мардумоне, ки ҷое барои фирор кардан надоранд, идома доранд.

Вай мегӯяд, ҷаҳон назорагари ин ҳамлаҳост ва дар натиҷа “40 дарсад аз касоне, ки кушта шудаанд, кӯдакони бегуноҳ мебошанд. Оилаҳо ба таври комил аз байн мераванд. Дар ин ҷанг кӯдакону занон ва хонаводаҳо ба таври комил муҷозот карда мешаванд.”

Хонум Ҷулӣ таъкид мекунад, раҳбарони ҳар кишваре, ки дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷорӣ кардани оташбас дар Ғазза раъй медиҳанд, дар ин ҷиноятҳо шарики ҷурм ҳисобида мешаванд.

Гуфта мешавад, ин вокуниши хонум Анҷелина Ҷулӣ замоне садо додааст, ки нерӯҳои исроилӣ дар 24 соати ахир паноҳгоҳҳои оварагон, ки аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид сохта шудаанд, мавриди ҳамлаи шадид қарор додаанд.

Намояндаи Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза гуфтааст, ки танҳо теъдоди қурбониёни ду ҳамла ба паноҳгоҳи оворагони Ҷиболиё дар Ғазза беш аз 1000 кушта ва захмӣ бар ҷо гузоштааст.

Паноҳгоҳи Ҷиболиё бузургтарин паноҳгоҳи оворагони Фаластин дар Ғазза аст. Ин паноҳгоҳ соли 1948 пас аз ҷанг ва қатлҳои оми фаластиниҳо аз сӯи СММ сохта шудааст. Масоҳати он 1,4 километри мураббаъ аст. Пеш аз оғози ин ҷанг дар ин минтақаи кӯчак 116 ҳазору 11 нафар ба сурати расмӣ иқомат мекарданд.

Ғазза аз соли 2007 ба ин сӯ зери муҳосираи шадиди нерӯҳои исроилӣ қарор дорад. Субҳи 7-уми октябри соли ҷорӣ нерӯҳои фаластинӣ ба сурати ногаҳонӣ ба чанд пойгоҳи низомии нерӯҳои исроилӣ дар атрофи Ғазза ҳамла карда, даҳҳо нафар аз нерӯҳои исроилиро кушта ва садҳо каси дигарро асир гирифтанд. Исроил ҳам ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро шоми 7-уми октябр оғоз кард ва то ҳол ин ҳамлаҳо идома доранд.

Боздошти як узви “Гурӯҳи 24” дар Олмон

0

Билол Қурбоналиев, узви фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки дар Олмон паноҳҷӯ буд, аз ҷониби пулиси ин кишвар бо мақсади истирдод ба Тоҷикистон боздошт шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии “Гурӯҳи 24”, боздошти Қурбоналиев рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирифтааст ва дар ҳоли ҳозир барои ҳимояи ӯ аз ҷониби ин Ҳаракати сиёсӣ вакили дифоъ гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, Билол Қурбоналиев замони дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш, ба барномаҳои “Гурӯҳи 24” пайваста, фаъолона дар он барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекард ва баъдан дар баробари афзудани хатари боздошти мухолифони сиёсии ҳукумати Раҳмонов дар Русия ба Украина паноҳ бурд. Ӯ пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ба Олмон рафт ва дархости паноҳандагӣ дод.

Билол Қурбоналиев мебоист мутобиқи банди 24 Қонуни ин кишвар новобаста аз санади паноҳандагии Укроин надоштан, дар сурати хатар доштани истирдодаш ба Тоҷикистон дар Олмон мақоми паноҳандагӣ дарёфт кунад. Вале аз сабаби бекор шудани банди 24 ин Қонун ва мақоми паноҳандагӣ надоштанаш дар Укроин пулиси Олмон Билол Қурбоналиевро боздошт кард ва ӯро хатари истирдод ба Ватан таҳдид мекунад” – омадааст дар иттилоияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.

Дар ҳамин ҳол Убайдулло Саидӣ, сухангӯи “Гурӯҳи 24” ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтааст, ки дар сурати истирдоди Билол Қурбоналиев ба Тоҷикистон, ӯро азобу шиканҷа ва ҳукми зиндони тӯлонӣ интизор аст, чунки дар эътирозҳои бар зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон ва дар дар партоби тухм ба мошини ӯ фаъолона иштирок карда буд ва ин кор мақомоти Тоҷикистонро сахт нороҳат кардааст.

Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд. Тухм айнан дар ҳамон шишае бархӯрд, ки Раҳмон нишаста буд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд. Гуфта мешавад, бузургтарин нафар аз боздоштшудаҳо пирамарди 81-сола ва хурдатаринаш ҳамагӣ якунимсола буд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар аксар ҳолат мухолифони ҳукумати Раҳмон, ки аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон истирдод мешаванд бо иттиҳомоти сохтаву бофта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мегарданд.

Бибияшро заданду худашро ба ифротгароӣ маҳкум карданд

0

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Шаҳбози Шарифбек, як ҷавони сокини шаҳри Ваҳдатро, ки ба латтукӯб шудани бибияш аз тарафи кормандони комиссарияти ҳарбӣ вокуниш карда буд, ба ифротгароӣ муттаҳам кард.

Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаи худ аз шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки Шаҳбоз маҳз ба хотири нашри навораш аз 16-уми октябр боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҷавон дар аввал “барои итоат накардан ба амри корманди давлатӣ” боздошт шуда буд. Вале Додгоҳи Ваҳдат 26-уми октябр алайҳи ӯ мувофиқи қисм 2 иловаи 1 моддаи 307 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) аз тариқи интернет” парванда боз карда, ӯро барои ду мо ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Маълум нест ин ҷавон вакили дифоъ дорад ё на ва ӯро чӣ интизор аст. Аммо моддаи 307 қисми 2 иловаи 1 Кодекси ҷиноии кишвар барои муттаҳам аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳбози Шарифбек, сокини 23-солаи деҳаи Одилии ҷамоати деҳоти Симигани шаҳри Ваҳдат 14-уми октбяри соли 2023 навореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, гуфта буд, ки кормандони давлатӣ бародараш Содиқҷони Шарифбекро бидуни ирсоли даъватнома барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ аз хонаашон бо шеваи зӯрӣ ва шиканҷа боздошт карда бурданд.

Дар он навор гуфта мешуд, ки кормандони давлатӣ, аз ҷумла нозири минтақавӣ, раисони ҷамоат ва маҳалла ва кормандони комиссарияти ҳарбӣ савори 3-4 мошин ба хонаи онҳо омада, Содиқҷони Шарифбекро боздошт карданд. Кормандони комиссарияти ҳарбӣ ҳангоми боздошт модарандараш Шодигул Ғафурова ва бибияш Сафаргул Ғафуроваи 82-соларо низ латтукӯб карданд.

Дар навор Шодигул Ғафурова ва модараш Сафаргул Ғафурова иддао мекунанд, ба кормандони давлатӣ гуфтаанд, “шумо ҳуқуқи бо чунин равиш ҷалб кардани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон надоред, мо аз болои шумо шикоят мекунем”, вале нозири минтақавӣ ва раиси ҷамоат ба онҳо таҳдид карда гуфтаанд, ки “агар ҷое даъво кунед, мо шуморо мекӯшем!”

Дархости Толибон аз ҳамсояҳои Афғонистон

0

Мақомоти Толибон бо нашри як эъломия аз кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон хостаанд, ки афғонистониҳоро ба иҷбор ихроҷ накунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 31-уми октябри соли ҷорӣ Толибон бо нашри як эъломия аз кишвраҳои мизбони муҳоҷирони Афғонистон, ки тайи 45 соли охир садҳо ҳазор афғонистониро пазироӣ кардаанд, сипосгузорӣ карда, хоҳиш кардаанд, ки онҳоро “ба иҷбор ихроҷ накунанд, балки ба онон вақт бидиҳанд”, то барои бозгашт ба ватан омода шаванд.

Инчунин дар ин эъломияи Толибон зикр шудааст, ки “дар кишварҳое, ки афғонҳо дар онҳо сукунат доранд, онон ба амнияти он кишварҳо мушкилоте иҷод накардаанд ва на дар бесубот кардани ҷое даст даранд.”

Ин дархости Толибон дар ҳоле садо медиҳад, ки Покистон тасмим гирифтааст ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор афғонистониро, ки ба гуфтаи вазири корҳои дохилии он кишвар, “бидуни мадраки қонунӣ ҳастананд” то 2-уми ноябри соли ҷорӣ муҳлат додааст, то хоки ин кишварро тарк кунанд.

Аммо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид теъдоди афғонистониҳои бидуни мадракро, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар Покиситон зиндагӣ мекунанд, зиёда аз 2 миллион нафар медонад. Ҳудуди 600 ҳазор нафар аз инҳо низ баъди дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ба Покистон муҳоҷир шудаанд.

Мақомоти Толибон ҳам бо назардошти бозгашти даҳҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони худ аз Покистону Эрон ва Тукрия аз тоҷирону сармоягузорон ва пулдорҳои афғонҳои хориҷ талаби кумак карда, гуфтаанд, ки барои таъмини сарпаноҳ ва шароити хуби зиндагӣ ба ин бозгашткунандаҳо кумак кунанд.

Гуфта мешавад, баъд аз дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон нисбатан амният ба ин кишвар бозгашта, бархе кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон, ба мисли Туркия, Эрон, Арбистони Саудӣ ва Покистон ҳам раванди ихроҷи афғонистониҳоро шиддат бахшидаанд. Тоҷикистон дар ду соли ахир даҳҳо хонаводаи муҳоҷири Афғонистонро ихроҷ кардааст.

12 сол зиндони як зодаи Тоҷикистон дар Русия

0

Додгоҳи низомии Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди таркондани бинои Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Расонаҳои русӣ аз ин зодаи Тоҷикистон Мероб Ҳаитов ном бурда, ӯ ва 6 нафари дигарро ба узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва қасди таркондани бинои ФСБ дар Лубянкаи Москва гумонбар медонанд.

Як намояндаи Додгоҳи Маскав ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятии Ҳаитов Мероб Қиёмидинович дар мурофиаи бози додгоҳӣ баррасӣ гардида, ӯ ба гуноҳаш пурра иқрор шудааст ва нисбати 6 нафари дигар судшаванда нишондод додааст.

Додгоҳ бо назардошти маҷмуи ҷиноятҳои содиршуда ва ҳамкории ин зодаи Тоҷикистон бо тафтишот, ӯро ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум кардааст, ки 3 соли онро бояд дар зиндон ва 9 соли дигарро дар колонияи ислоҳии низомаш шадид сипарӣ кунад.

Инчунин додрас ҳамчун ҷазои иловагӣ ба Ҳаитов 500 ҳазор рубл ҷарима таъйин кардааст. Маҳз дар ҳамин қисмат вакили маҳкумшуда аз ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст.

Гуфта мешавад, мурофиаи додгоҳии шаш гумонбари дигар рӯзи 23 октябр шуруъ шуд ва баррасии парвандаи онҳо ба охир нарасидааст. Дар курсии айбдорӣ панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25 сол доранд ва ҳамчунин як зодаи ҷумҳурии Доғистон нишастаанд. Ба ин нафарон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи тафтишот, “аз моҳи март то апрели соли 2022 айбдоршавандагон шуъбаи созмони террористии дар Русия мамнуи ДОИШ-ро ташкил карда, ба ҳамдигар байъат кардаанд ва баъди худро дар маркази майдони Лубянка таркондани шаҳидашон бояд ҳамчун талаби асосӣ хуруҷи нирӯҳои Русия аз Сурияро матраҳ мекарданд”.

Назари худи гумонбарон дастраси расонаҳо нест, аммо ба иддаои тафтишот, онҳо дар Маскав дар сохтмонҳо ё ҳамчун пайкбар (курйер) кор мекарданд ва гӯё яке аз онҳо, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, розӣ шудааст, ки нақши ҳамлагари маргталабро иҷро карда, худро дар дохили бинои ФСБ дар маркази Маскав битарконад.

Вакилони дифоъ ин парвандаро сиёсишуда номида, гуфтаанд, ки дар асл нафарони зери ҳимояти онҳо қурбони амалҳои таҳрикомези кормандони ФСБ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни тафтишот 5 тан аз айбдоршавандагон гуноҳи худро пурра ё қисман эътироф карда, танҳо якеаш гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад.

Афзоиши қатъи робита бо Исроил

0

Ҳамлаҳои бераҳмонаи мақомоти исроилӣ алайҳи фаластиниҳо дар Ғазза ва соҳили Ғарбӣ бархе кишварҳо ва муассисаҳои молиро водор бо қатъи робита бо ин кишвар кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 31-уми октябри соли 2023 дасти кам се кишвари Амрикои Лотин, Боливия, Чилӣ ва Колумбия робитаҳои худ бо Исроилро қатъ ва ё маҳдуд карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Боливия эълон кард, ки қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Исроил ба хотири “ҳамлаҳои низомии хушунатомез ва номутаносиби Исроил ба Ғазза аст.”

Кишварҳои Чилӣ ва Колубия ҳам далели фарохондани сафирони худ аз Исроилро эътироз ба ҳамлаҳои хушунатомез ва поймол кардани қонунҳои байналмилалии инсонӣ аз ҷониби Телавив дар Ғазза унвон кардаанд.

Пеш аз ин Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон дар ҷамъи ҳаводоронаш ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаро бо шадидтарин алфоз маҳкум карда гуфт, ки талош мекунад Исроилро дар ҷаҳон ҳамчун режими ҷинояткори ҷангӣ муаррифӣ кунад.

Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои ахири Исроил ба Ғазза 26 рӯз мегузарад. Созмони Афви Байналмилал, Сомзони Милали Муттаҳид, Созмони табибони бидуни марз, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ғайра борҳо аз Исроил хостаанд, ки ҳамалоти худ алайҳи занону кӯдакон дар Ғаззаро қатъ кунад, аммо ҷониби Исроил мегӯяд, ки таваққуфи ҷанг ба маънои фурсати иловагӣ додан ба нерӯҳои фаластинӣ аст.

Баррасии муносибатҳои Тоҷикистону Кореа

0

Мақомоти олии Тоҷикистону Кореи Ҷанубӣ дар бораи тавсеи муносибатҳои дипломатӣ, иҷтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории худ гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 31-уми октябри соли 2023 вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореаи Ҷанубӣ дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин дидор, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтони Кореагии худ Пак Ҷин дар бораи “густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ” байни ду кишвар суҳбат карданд.

Гуфта мешавад, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикисон ва Кореа дар ин мулоқоти худ масоили марбут ба “равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ, муҳоҷирати корӣ ва тақвияти мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро” низ мавриди баҳсу баррасиҳои қарор додаанд.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореаи Ҷанубӣ дар ҳошияи нишасти ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореа дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон доир гардидааст.

Боздошти беш аз даҳ тоҷикистонӣ дар Маскав

0
Акс аз бойгонӣ

Субҳи имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ зиёда аз даҳ тоҷикистониро дар хобгоҳе дар шаҳри Маскав боздошт карда бо худ бурданд.

Бино ба иттилои манобеи Azda.tv, субҳи 1-уми октябри соли 2023 тақрибан соати 06:00 17 мақомоти пулис дар шаҳри Маскав 17 муҳоҷири Осиёи Марказиро боздошт карда бо худ бурданд.

Ба қавли манбаъ, дар байни ин муҳоҷирони корие, ки субҳи имрӯз боздошт гардиданд, 11 нафари онҳоро зодагони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳангоми боздошти ин муҳоҷирони корӣ мақомоти пулис нагуфтаанд, ки бо чӣ иттиҳоме онҳоро боздошт кардаанд.

Ҳамаи ин 17 нафаре, ки боздошт шудаанд, дар як ширкати хусусии ҳасиббарорӣ кор ва дар хобгоҳе воқеъ дар кӯчаи Ивантеевскаяи Маскав зиндагӣ мекарданд. Яке аз боздоштшудаҳо дар суҳбат бо наздиконаш гуфтааст, ки пулис дар ҳоли ҳозир танҳо ба онҳо мегӯяд, ки ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунад.

Гуфта мешавад, аксари ин боздоштшудаҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар замоне ки ин хабар таҳия мешуд, иттилоъ дарёфт шуд, ки мақомоти пулис баъд аз қариб 8 соати боздошт 9 нафари онҳоро аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ воқеъ дар наздикии метрои булвари Рокоссовскӣ раҳо кардааст.

Узбекистон 1,5 миллион доллар кумак ба Ғазза ҷудо мекунад

0

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон рӯзи 31-уми октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҳукуматаш гуфт, ки барои кумак ба аҳолии зарардидаи фаластиниҳо дар Навори Ғазза 1 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Узбекистон, Президенти Узбекистон афзуда, ки пулҳои ҷудошуда ба Ожонси Созмони Милал дар умури Ховари Миёна дода мешавад ва онҳо ин кумакро ба марудми Ғазза хоҳанд расонд.

Мирзиёев дар ин ҷаласа ҳамдардии худро ба хонаводаҳои қурбониёни фаластинӣ баён карда, дар идома таъкид намудааст, ки Узбекистон аз ҳуқуқи фаластиниён дар барои бунёди давлати мустақил пуштибонӣ мекунад.

“Мо бо мардуми Фаластин ҳамбастагии қавии худро изҳор менамоем ва аз ҳуқуқи онҳо барои таъсиси давлати мустақили худ тибқи Қатъномаҳои қаблан қабулшудаи Ассамблеяи Генералӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ мекунем”, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи ҳукумат ва раисҷумҳур, ба ҷуз Узбекистон то ҳол кишвари дигаре, аз ҷумла Тоҷикистон чунин тасмиме гирифта нашудааст. Вале чанд рӯзе пеш намояндагони парлумони Қирғизистон гуфта буданд, ки маоши якрӯзаашонро ҳамчун кумак ба аҳолии Ғазза мефиристанд. Аммо дар сатҳи ҳукумати ин кишвар чунин қароре қабул нашудааст.

Тибқи оморҳои расмии Вазорати беҳдошти Фаластин, дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Фаластин аз 7-уми октябри соли ҷорӣ то дирӯз 8485 нафар дар Навори Ғазза ва 125 нафар дар Каронаи Бохтарӣ кушта шуда, омори захмиён аз 23 ҳазор гузаштааст. Гуфта мешавад, дар байни кушташудаҳои Навори Ғазза 73 дарсадашро кӯдакону занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.

Собиқ корхонаи Зайд Саид дубора фаъол шуд

0

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш баъд аз 10 соли ҳабси Зайд Саид, соҳибкори шинохта яке аз корхонаҳои ӯро дубора дар шаҳри Душанбе фаъол кард.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 31-уми октябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе”-ро пас аз навсозӣ ифтитоҳ карданд.

Ба қавли манбаъ, пас аз навсозӣ айни замон дар ин корхона фаъолияти 3 хатти нави технологии ҳозиразамон ба роҳ монда шуда, ки “дар онҳо пиҷакҳои мардона ва занона, шим ва куртаҳо дӯхта мешавад.”

Ин корхонаи бузурги саноатӣ, ки дар замони раҳбарии Зайд Саид зиёда аз як ҳазор коргар дошт ва дар се баст фаъолият карда, барои бархе бозорҳои аврупоӣ шими “ҷинс” ва куртаи “пахтагӣ” истеҳсол мекард, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 470 коргар дорад ва танҳо дар як баст фаъолият карда, “бори аввал истеҳсоли шиму костюми мардонаву занона бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.”

Тоҷир ва сармоягузори укроинӣ Дмитрий Фирташ дар соли 2003 ҳамроҳ бо наздикони Зайд Саид корхонаи дузандагии “Гулистон”-и шаҳри Душанберо аз давлати харида, хусусӣ карда буданд. Ин корхона то соли 2013 фаолият мекард. Майи соли 2013 баъд аз боздошти Зайд Саид ба тадриҷ қариб ҳама моликиятҳои ӯ, аз он ҷумла ҶСК “Гулистон” ҳам дар соли 2014 ба нафъи давлат мусодира шуданд.

Зайд Саид, тоҷири шинохтаи тоҷик ва раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” моҳи майи соли 2013 пас аз бозгашт аз Фаронса дар Фурӯдгоҳи байналамилалии Душанбе аз сӯи кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт ва баъдтар бо иттиҳомоти гуногун ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.