18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 212

Дар Тоҷикистон нархи интернет арзону сифаташ хуб мешавад?

0

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои интернетрасон дар бораи мушкилоти мавҷуда дар соҳаи алоқаи кишвар суҳбат кардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ин мулоқот ба масъулин супориш додааст, то манотиқеро, ки дар он ҷойҳо дастрасӣ ба алоқаи мобиливу интернет заиф аст, муайян кунанд ва барои омода намудани ҳисоботи мукаммал ба онҳо як ҳафта муҳлат додааст.

Қудои раисҷумҳур аз масъулин хоста, ки пас аз пурра муайян гардидани ин гуна минтақаҳо, мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф шавад.

Бег Сабур дар ин мулоқоташ аз арзон кардани нархи интернет ва зангҳои телефонӣ гуфта, таъкид кардааст, ки “ҳарчанд то имрӯз нархи интернет ва зангҳои телефонӣ арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода мешавад, ки ҷиддан талош намоянд”.

Бино ба раддабандии Speedtest Global Index аз рӯйи суръати интернет Тоҷикистон дар байни 145 кишвари дунё дар мақоми 139-ум қарор дорад. Яъне, аз поёни рӯйхат дар ҷои 6-ум ҷойгир шудааст.

Инчунин раиси Хадамоти алоқаи кишвар аз арзу шикоятҳои зиёди муштариён дар масъалаи қатъ шудани алоқаи мобилӣ дар фасли сармо дар гӯшаву канори Тоҷикистон гуфта, барои бартараф намудани мушкилот ҳамкории зич бо “Барқи тоҷик”-ро зарур хондааст.

Бег Сабур дар ҳоле гӯё даст ба кор шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бек Сабур, ки сардори Хадамоти алоқа ва масъули таъмини интернети бо сифат аст, дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад, вале то ҳанӯз ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонад. Ҳамарӯза сокинони манотиқи гуногуни кишвар ва ҳатто Душанбе аз суръати пасти интернет ва нархи гарони он шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, Бег Сабури 61-сола қудои президент Эмомалӣ Раҳмон буда, 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад.

Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур, ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва ин боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.

Гуфта мешавад, Бег Сабур ба ғайр аз раҳбарияш дар яке аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, боз ҳамроҳи оилааш чандин тиҷоратҳоро, ба мисли сохтани хонаҳо дар даст дорад ва ба гуфтаи бархе шоҳидон, замоне ҳам дар бинои Хадамоти алоқа ба фурӯши хонаҳо машғул буд, ки ин амалаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро барпо карда буд.

Шумори кушташудагон дар Ғазза аз 6500 гузашт

0

Субҳи рӯзи 25-уми октябр Вазорати беҳдошти Фаластин омори қурбониён ва хасороти ҳамлаҳои мушакии Исроил ба Ғаззаро нашр кард.

Дар охирин омори ин ниҳод омада, ки шумори кушташудагони ҳамлаҳои Исроил ба Фаластин аз 7-уми октябр то кунун ба 6504 нафар (6400 нафар дар Ғазза ва 104 нафар дар Каронаи Бохтарӣ) расида, ҳудуди 19 ҳазор нафар захмӣ шудааст.

Мувафиқи омори Вазорати беҳдошти Фаластин, 70% кушташудагонро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ва танҳо беш аз 2500 нафарашон кӯдакони ноболиғ ҳастанд.

Дар ин омор гуфта мешавад, ки то кунун 260 нафар аз пизишкон кушта ва захмӣ шудаанд, 12 иншооти тандурустӣ аз фаъолият бозмонда, ба зудӣ ду се беморхонаи дигар ҳам ба сабаби ба охир расидани захоир ва лавозими тиббӣ пурра муъттал хоҳанд шуд.

Ҳамчунин қайд гардида, ки то кунун 45% хона ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар Ғазза ба шакли комил ва ё ҷузъӣ хароб шудаанд.

Бо вуҷуди нишастҳои мукаррари кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ дар қазияи даргириҳои Фластину Исроил ва талаби таваққафи ҷанг, ҳамоно ҳамлаҳо идома доранд. Исроил ва ҳампаймононаш ҳамлаи ҲАМОС ба ин кишварро маҳкум карда, мегӯянд, ки ин кишвар ҳаққи дифоъ аз худро дорад, зеро дар ин ҳамла беш аз 1400 шаҳрвандаш ба дасти ҲАМОС кушта шуда, наздики 200 нафари дигар асир афтодаанд.

Аммо ҷонибдорони мардуми Фаластин агарчи ҳамлаи ҲАМОС ба Исроилро маҳкум мекунанд, аммо мегӯянд, дифоъ аз худ далил намешавад, ки Исроил беморхонаҳо ва мардуми оддӣ ва кӯдаконро бомборон кунаду аз онҳо обу барқ ва ворид шудани кумакҳои инсониро боз дорад.

Дабири кулли СММ ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам шуд

0

Бархе мақомоти исроилӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам карданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 24-уми октябри соли 2023 Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид вақте дар нишасти Шӯрои амният суҳбат мекард, пас аз маҳкум кардани ҳамла ба Исроил дар 7-уми октябри соли ҷорӣ, афзуд, “ҳамлаи Ҳамос дар халоъ ба вуҷуд наомадааст.” Вай ҳамлаҳои Исроил ба Борикии Ғаззарро ҳам мавриди интиқод қарор дод.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид илова кард, ки “Мардуми Фаластин ба муддати 56 сол бо як ишғоли хафакунанда рӯбарӯ буданд. Онҳо диданд, ки дар заминҳояшон шаҳраксозӣ шудааст. Бо хушунат мувоҷиҳ шуданд. Иқтисодашон фурӯ пошидааст. Мадумашон овора шудаанд. Хонаҳояшон вайрон карда шудааст. Умедашон ба як роҳи ҳали сиёсӣ дар ҳоли аз байн рафтан аст.

Ин изҳороти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як замони кӯтоҳ ба вокунишҳои тунде аз ҷониби мақомоти исроилӣ рӯбарӯ шуд. Вазири корҳои хориҷии Исроил, ки қарор буд бо Антониа Гутериш мулоқот кунад, ин дидорашро лағв кард.

Эли Коэн, вазири корҳои хориҷии Исроил дар саҳфаи Х-и худ навишт: “Ман бо Дабири кулли СММ мулоқот нахоҳам кард. Пас аз куштори 7-уми октябр дигар ҷое барои рӯйкарди мутаодил вуҷуд надорад. Ҳамос бояд аз рӯи замин маҳв карда шавад.

Гилод Ердан, сафири Исроил дар СММ ҳам аз Антониу Гутерриш хост, ки фавран истеъфо диҳад ва таъкид кард, “гуфтугӯ бо касоне, ки нисбат ба ваҳшатноктарин ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони Исроил ва яҳудиён ибрози ҳамдарӣ мекунанд, ҳеч фоидае надорад.

Бени Гантс, узви кобинаи ҷанги Исроил ва раҳбари ҳизби “Урдугоҳи миллӣ” дар вокуниш ба ин изҳороти Дабири кулли СММ гуфт: “рӯзгоре, ки Дабири кулли СММ аз терроризм ҳимоят кунад, барои ҳамаи дунё рӯзгори сиёҳ ва торик хоҳад буд ва ҳеч тавҷиҳе барои куштори ғайринизомиён вуҷуд надорад.” Вай Антониу Гутерришро таҳдид карда гуфт: “Касе, ки дар тарафи дурусти торих қарор нагирад, муҷозот хоҳад шуд ва касе, ки терроризмро тавҷеҳ кунад, шоиста нест, ки аз номи ҷаҳониён сухан бигӯяд.

АЗ сӯи дигар, Раҷаб Тайиб Ардуғон, Президенти Туркия имрӯз зимни суханроние ба қазия Фаластин вокуниш карда, СММ-ро як созмони бекифоят хонд. Ӯ гуфт: “Ҳамос як гурӯҳи террористӣ нест, (балки) гурӯҳи муташакил аз муҷоҳидоне ҳаст, ки барои расидан ба раҳоии миллӣ меҷанганд. Бояд музокирот барои озодии гаравгонон фавран оғоз карда шаванд.”

Дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ ва ИА чӣ гузашт?

0

Рӯзи 23-уми октябри соли ҷорӣ нуздаҳумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин нишаст ҳамчун намояндаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвр иштирок ва суханронӣ кардааст.

Гуфта мешавад, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар нишаст “роҷеъ ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози назар” карданд.

Дар ин нишаст нақшаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул гардида, дар он “омодагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баҳри вусъати минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, ҳамбастагӣ, рақамикунонӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, инчунин амният ва таҳкими сарҳад ва муқовимат ба паёмадҳои тағйироти иқлим дарҷ гардидааст.”

Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз ҷузъиёти дигари ин нишаст хабар надодааст. Аммо Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар сомонаи худ баёнияи қабулшудаи ин нишастро, ки аз 19 банд иборат аст, нашр кардааст.

Дар баёнияи вазирони хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зикр шуда, ки ҳамаи иштирокдорони нишаст 11 бастаи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русияро ҷонибдорӣ намуда ва дар оянда барои ҳамкорӣ дар ин самт ва пешгирӣ аз дур задани таҳримҳо тариқи Осиёи Марказӣ мувофиқат карданд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Украина соле пеш кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро ба он муттаҳам карданд, ки Русия аз тариқи ин кишвар маҳсулоти мамнуъаро ворид мекунад.

Дар банди 16-и ин баёния дар робита ба мушкилоти Афғонистон ва хатароти амниятӣ ишора шудааст. Аз ҷумла, таъкид гардида, ки иштирокчиён аз буҳрони шадиди инсонӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ карда, хостори ташкили давлати фарогир, ки шомили ақаллиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ бошад, шуданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст вазирони хориҷии ОМ ва ИА аз мақомоти Толибон дастрасии комили занону духтарон ба таҳсилоти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ширкати онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии Афғонистонро дархост карданд.

Ҳамзамон таъкид шуда, ки мақомоти Толибон бояд ҳарчи бештар талош кунанд, то Афғонистон пойгоҳе барои террористон ва маблағгузорӣ ба гурӯҳҳои террористӣ мубаддал нашавад.

Кушта шудани 23 хабарнигор дар ҷанги Исроилу ҲАМОС

0
Акс аз Анадолу

Дар давоми 18 рӯзи ҷанг дар Фаластин 23 хабарнигор кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар давоми 18 ҷанг байни нерӯҳои исроилӣ ва нерӯҳои гурӯҳҳои фаластинӣ ва лубнонӣ 24 хабарнигор кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд.

Ба қавли манобеъ, дар ҷамъи хабарнигорони кушта шуда, 19 адади онҳоро рӯзноманигорони фаластинӣ дар Ғазза ташкил медиҳанд. Инчунин 3 хабарнигори исроилӣ ва як хабарнигори лубнонӣ, ки барои Ройтерз кор мекард, низ кушта шудаанд.

Бархе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳам гуфтаанд, ки талафоти ҷонии рӯзноманигорон дар ин 18 рӯзи ҷанг дар дунё бесобиқа будааст ва ҳамин хотир аз ҷонибҳои даргирӣ дар ин ҷангҳои нобаробар хоста шудааст, ки набояд одамони мулкӣ, ва рӯзноманигоронро мавриди ҳадаф қарор диҳанд.

Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Борикии Ғазза 18 рӯз мегузарад ва дар давоми ин ҷанг ба гуфтаи намояндаи Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза дар маҷмӯъ 5791 кушта шудааст, ки аз миқдор 2360 нафари онҳоро кӯдакон ва 1292 каси дигарро занон ташил додаанд. Талафоти ҷонии тарафи исроилӣ ҳам ҳудуди 2300 нафар гуфта мешавад.

Вакилони қирғиз якрӯза маоши худро барои мардуми Фаластин мефиристанд

0

Вакилони порлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) маоши якрӯзаи худро “ҳамчун ёрии моддӣ ба мардуми Фаластин, ки дар рафти тезу тунд шудани ҷанги Фаластину Исроил зарар дидаанд”, мефиристанд.

Гуфта мешавад, ин қарори “Жогорку Кенеш” рӯзи 19-уми октябр қабул шуда, ба тарафдории он аз 76 вакиле, ки ширкат доштаанд, 47 нафарашон овоз доданд.

Инчунин дар ин ҷаласа бархе аз вакилон пешниҳод карданд, ки ба Навори Ғазза кумаки башардӯстона фиристанд ва Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар барои ҷамъоварии кумакпулӣ аз мардум суратҳисоб кушояд.

Ман ба Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод мекунам, ки суратҳисоб кушода шавад. Бархе аз номи мардуми Қирғизистон ба фаластинии осебдида кумаки молӣ расондан мехоҳанд, аммо намедонанд ин корро чӣ гуна анҷом диҳанд. Хуб мешавад, ки тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ интиқол диҳанд“, – гуфтааст Ҷалолиддин Нурбоев.

Ин гуфтаҳои Нурбоевро дигар вакилон низ дастгирӣ карда, ба вазъи бади сокинони Ғазза ишора кардаанд ва хостаанд то ҳукумати Қирғизистон дар қазияи мазкур мавқеи худро низ равшан кунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон беш аз сад нафар ба ҳимоят аз сокинони Ғазза тазоҳурот баргузор карданд.

Газ гарону камёфт ва нархи таксиҳо боло рафт

0

Бо гарон шудани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон, ин навъи сӯзишворӣ камёфт шуда, боиси боло рафтани роҳкирои таксиҳои 7-сомона дар Душанбе гаштааст.

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, нархи гази моеъ дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ то ба 8 сомонӣ расидааст ва дар ҷойҳое, ки қимати он аз 7,20 то 7,80 сомонӣ аст, лимит барои харид ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи ронандагон, аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар дар зарфи ду-се соат тамоми сӯзишвории барои рӯз пешбинишударо фурӯхта, то рӯзи дигар баста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол як ронанда аз шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфтааст, ки бензин ҳам камёфт шуда, субҳи имрӯз ба чаҳор нуқтаи сӯзишвории пойтахт пайиҳам рафта, бензин наёфтааст.

Мақомот то ҳол сабаби гарону камёфт шудани газу бензинро дар кишвар шарҳ надодаанд, аммо кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ин мушкилиро нархи яклухти газу бензин дар кишварҳои содиркунанда рабт додаанд.

Гуфта мешавад, дар пасманзари боло рафтани қиммати газу бензин ва камёфт шудани он дар кишвар, роҳкиро низ гарон шудааст.

Аз ҷумла, таксиҳои “7-сомона”-и шаҳри Душанбе 10 сомонӣ шуда, инчунин нархи роҳкиро аз пойтахт ба ба баъзе манотиқи дигари кишвар низ 3-5 сомонӣ боло рафтааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби 30 ширкат ба Тоҷикистон беш аз 174 ҳазор тонна бензини тамғаҳои гуногун ба маблағи тақрибан 100 миллион доллар ворид карда шудааст, ки 59 дарсади он ба ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” рост меояд.

Гуфта мешавад, ки маҳсулоти нафтии Тоҷикистон асосан аз Федератсияи Русия (85,4%), Қазоқистон (5,1%), Туркманистон (4,4%), Узбекистон (2,6%) ва дигар кишварҳо (2,5%) ворид мешавад.

Аммо гази моеъ асосан аз Қазоқистон (73,5%) ва Русия (тақрибан 24,7%) ворид карда мешавад ва дар нимсолаи аввали соли 2023 14 ширкат ҳудуди 170 ҳазор тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 66 миллион доллар ворид кардаанд.

Ба иттилои расонаҳо, дар ҳоли ҳозир мақомоти Қазоқистон содироти газро ба дигар кишварҳо манъ кардааст ва яке аз сабабҳои камёфт ва боло рафтани қиммати ин навъи сӯзишвориро коршиносон ба ҳамин рабт медиҳанд.

Аммо аксари коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон инҳисори мутлақи ин тиҷорат аз ҷониби наздикони Эмомалӣ Раҳмон ва набудани рақобати солим дар ин соҳа мебошад.

Даргузашти нахустини ровии телевизион

0
Рафоат Абдусаломова, акс аз саҳфаи корбарии ӯ дар Фейсбук

Субҳи имрӯз Рафоат Абдусаломова, нахустин ровии телевизиони Тоҷикистон аз олам чашм пӯшид.

Бино ба иттилои наздикону пайвандони марҳум, бомдори имрӯз, 24-уми октябри соли 2023 рӯзноманигор ва ровии шинохта Рафоат Абдусаломова дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт

Бону Рафоат Абдусаломова бо вуҷуди кӯҳансол будан, яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахсус Фейсбук буд. Вай дар хеле аз мавридҳо ва масоили иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз тариқи ҳамин саҳфаи худ изҳори назар мекард.

Субҳи имрӯз наздикону пайвандони бону нахустиншуда хабари марги ӯро тавассути саҳфаи корбарии худи Рафоат Абдусаломова дар Фейсбук нашр карда, гуфтанд: “Имрӯз соати 04:30 аввалин наттоқи телевизион, журналист, Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова аз олам гузашт.”

Гуфта мешавад, бону Рафоат Абдусаломова собиқаи 45 соли кор дар телевизиони Тоҷикистонро дошт. Дар давоми зиёда аз ин чор даҳа дар зинаҳои гуногуне кор карда, ровӣ ва муаллифи чандин барномаҳо, аз ҷумла  “Дугонаҳо”, “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” ва ғайра буд.

Маросими гиромидошт ва хайрухӯш бо бону Рафоат Абдусаломова зуҳри имрӯз, соати 12:00 дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 8, ҳуҷраи 44 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба қавли википедианависони тоҷик, бону “Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шуда, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд.”

Вай дорандаи ҷоизаҳое ба монанди “Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1989), Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, Нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радиои СССР” мебошад.

Элон Маск аз вуқуи ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод

0

Элон Маск, милёрдери амрикоӣ ва молики шабакаи иҷтимоии Х (собиқ твиттер) дар изҳороте аз эҳтимоли вуқуи ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод.

Элон Маск дар суҳбати мубоҳисавие дар шабакаи Х шаби гузашта гуфт, ки “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯркӯрона ба сӯи ҷанги ҷаҳонии сеюм меравад, ки ин кор тамаддуни инсониро ба таври куллӣ зери хатари нобудӣ қарор медиҳад.

Ин милёрдери машҳури амрикоӣ зимни суханронияш таъкид кард, ки дар ин марҳила “авлавият дар сиёсатҳои Амрико бояд пешгирӣ аз шуруъи ҷанги ҷаҳонии сеюм бошад ва ба мавзеъгириҳое, ки сабаби вусъат ёфтани ҷангҳои иқлимӣ ба ҷанги ҷаҳонӣ мешаванд, иҷозат надиҳад.

Бо ин вуҷуд то ҳол ба изҳороти Элон Макс мақомоти Амрико вокуниш накардаанд. Аммо ин пулдортарин марди ҷаҳон, ки соле қабл шабакаи иҷтимоии Твиттерро харидорӣ ва баъдан номи онро ба Х тағйир дод, борҳо назарҳои баҳсбарангезеро вобаста ба вазъиятҳои гуногун матраҳ кардааст, ки боиси вокунишҳои зиёд шудаанд.

Суханронии Маск ва ҳушдори ӯ аз вуқуи ҷанги ҷаҳонии сеюм дар ҳолест, ки тамоми қудратҳои дунё ҳароси онро доранд, ки ҷанг байни Исроил ва ҲАМОС аз доираи худ берун наравад ва шомили кишварҳои дигар нашавад.

Эрон борҳо ба Исроил ҳушдор дода, ки дар ҳолати ҳамлаи заминии ин кишвар ба Навори Ғазза ҷанг аз доираи худ берун меравад ва эҳтимол дигар кишварҳо низ мудохилат кунанд. Аз сӯи дигар, Амрико ва Исроил ба Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон низ ҳушдор додаанд, ки даст аз мудохила бардоранд ва дар сурати дахолат кардан посухи сангине хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи 23-уми октябр эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза шумори кушташудагон ба 5087 нафар расидааст, ки 2055 нафарашон кӯдакон ва 1119 нафари дигарро заонон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин ниҳоди фаластинӣ, шумори захмиён аз 15200 нафар ҳам гузашт.

Мақомоти фаластинӣ эълон кардаанд, ки беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии Ғазза дар пайи ҳамлаҳои Исроил овора шуда ва ҳазорҳо хонаву биноҳои маскунӣ пурра харобу валангор гаштаанд.

Исроил низ эълон кард, ки дар пайи ин даргириҳо то кунун беш аз 1400 нафар кушта шудаанд, ки 308 нафарашон сарбозони артиш буднд ва инчунин беш аз 3 ҳазор нафар захмӣ шудааст. Артиши Исроил мегӯяд, ҲАМОС наздики 200 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ва исроилиро асир гирифтааст.

Муҳоҷиронро баъд аз намоз ба комиссариати ҳарбӣ бурданд

0

Мақомоти интизомии Русия рӯзи 20-уми октябр даҳҳо муҳоҷирро пас аз намози ҷумъа дар назди масҷиди шаҳри Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки кормандони ОМОН муҳоҷирони зиёдеро боздошт карда, ба автобусҳо савор мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин муҳоҷиронро ба коммисариатҳои ҳарбӣ бурдаанд ва тамоми аснодашонро гирифта, онҳоро барои ташхиси тиббӣ фиристодаанд.

Гуфта мешавад, ба назди муҳоҷирон вакилони дифоъро роҳ медиҳанд ва онҳоро маҷбур кардаанд, ки бо Вазорати дифои Русия барои иштирок дар ҷанг бо Украина шартнома банданд.

То ҳол маълум нест, ки дар миёни муҳоҷирони боздоштшуда зодагони Тоҷикистон ҳам ҳастанд ё на.

Мақомоти рус дар ҳоле даҳҳо муҳоҷирро боздошт карда, ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурдаанд, ки Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия пешниҳод кардааст, ки дар сурати сарпечӣ аз иштирок дар ҷанги Украина “муҳоҷирон” аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шаванд.

Бастрикин ин пешниҳодро дар як нишасти низомие матраҳ карда, бо ишора ба ҷанги Русияву Украина гуфтааст, ки “ҳоло амалиёти махсуси низомӣ идома дорад ва муҳоҷироне, ки соҳиби шиносномаи русӣ ҳастанд, бояд ба он ҷалб гарданд“.

Инчунин ӯ таъкид кардааст, ки ҳар касе, шаҳрванди Русия аст, вале омода нест, ки қарзи низомии худро адо намояд, бояд дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии чунин одам тасмим гирифта шавад.

Пешниҳоди ӯ дар бораи бекор кардани шаҳрвандии хориҷиён дар ҳоле садо медиҳад, ки моҳҳои пеш хабари додани даъватномаи ҳарбӣ ба муҳорон дар шаҳру ноҳияҳои Русия расонаӣ шуда буд.