16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 213

Пирӯзии Наимов ва шикасти Муин дар UFC 294

0

Шаби 21-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду варзишкори тоҷик дар доираи мусобиқаи муҳорибаҳои бидуни қоидаи “UFC 294” қувваозмоӣ карданд.

Муҳаммад Наимов, ки дар вазни нимсабук (то 66 кг) бо варзишгари бритониёӣ Натаниэл Вуд рақобат дошт, бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд. Ин дуввумин пирӯзии Наимови 29-сола дар UFC мебошад.

Гуфта мешавад, Муҳаммад Наимов дар корномаи варзишиаш дар намуди муҳорибаҳои бидуни қоида, 12 муҳориба гузаронда, дар 10-тои он ғалаба кардааст.

Аммо варзишгари дигари тоҷик Муин Ғафуров, ки дар вазни сабуки то 61 кг қувваозмоӣ дошт аз Саид Нурмуҳаммадови доғистонӣ шикаст хурд. Варзишкори доғистонӣ дар сонияи 73-юми муҳориба Муинро буғӣ карда, пирӯзии пеш аз муҳлатро ба даст овард. Ин муҳориба ва шикасти дуввуми Ғафуров дар доираи мусобиқоти “UFC” мебошад.

Муин Ғафурови 27-сола дар намуди муҳорибаҳои омехта 24 рақобат гузаронда, дар 18-тои он ғалаба кардааст.

Инчунин дар муҳорибаи асосии мусобиқоти “UFC 294” Ислом Махачев бо Александр Волкановский рақобат карда, ҳарифашро дар раунди якум “нокаут” кард.

Ислом Махачев пирӯзияшро ҷашн нагирифт. Ӯ гуфт: “Имрӯз ман ин ғалабаро ба хотири воқеаҳое, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, ҷашн намегирам. Фаластин, мо бо шумоем. Навори Ғазза, мо бо шумоем. Инро манъ кунед!“.

Ин дувумин муҳорибаи Махачев бо Волкановский мебошад. Муҳорибаи аввали онҳо дар доираи “UFC 284” баргузор гардида буд ва он ҳама панҷ раунд давом карда, бо пирӯзии Махачеви доғистонӣ анҷом ёфта буд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир 4 варзишгар аз Тоҷикистон – Муҳаммад Наимов, Муин Ғафуров, Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов бо “UFC” шартнома доранд.

“Тааҷубовар нест…”: Бонкири узбекистониро аз кор ронданд

0

Ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Амрико як бонкири узбектарро аз ҷои кораш маҳрум ва мавриди ҳамлаҳои зиёди лафзӣ қарор додааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 19-уми октбяри соли 2023 сухангӯи Ситибонк эълон кард, ки бону Нозима Ҳусайнова, ҷавондухтари узбекистонӣ аз кор дар ин бонк ихроҷ шудааст.

Сухнагӯи Ситибонк, сабаби аз кор пеш кардани ин бонуро шарҳ дода гуфтааст, ки Нозима Ҳусейнова дар ҳимоят аз яҳудиситезии Адолф Ҳитлер дар сафҳаи худ дар “Инстаграм” гуфтааст: “Тааҷабовар нест, ки чиро Ҳитлер мехост аз шарри онҳо халос шавад.

17-уми оятбри соли ҷорӣ ҳамла ба беморхонаи ал-Аҳлӣ дар Ғаззаи Фаластин, ки ҳудуди 500 нафар кушта ва наздик ба як ҳазор дигар захмӣ ба ҷо гузошта буд, вокунишҳои зиёдеро дар ҷаҳон ба бовар овард ва ин вокунишҳо то ҳол идома доранд.

Пас аз ин ҳамлаи маргбор миллионҳо инсонро дар сар то сари дунё алайҳи идомаи ҳамлаҳои хунин ва ҷанг дар Ғазза муттаҳид карда, онҳоро ба кӯчаву хиёбонҳо кашонд.

Нерӯҳои фаластинӣ, кишварҳои ҳамсояи он ва хеле аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Исроил бор мекунанд, аммо мақомоти исроилӣ нерӯҳои муқовимати фаластиниро дар ин қазия муттаҳам карда мегӯянд, ки мушаки худи онҳо ба беморхона бархӯрдааст.

Нозима Ҳусейнова ҳам дар пас аз ин ҳамла дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Ғазза назари болоро дар Инстаграм навишт. Ин изҳори назари ӯ дар як вақти кӯтоҳ ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Мавҷи ҳамлаҳои лафзӣ алайҳи ин корманди бонк, ки ба гуфтаи бархе корбарон, яке аз ҳадафҳои Гитлерро “ошкор” кардааст, то ҳол идома дорад. Аммо то замони таҳияи ин матлаб вокуниши худи ин бону дастрас нашудааст.

Гуфта мешавад, хонум Нозима Ҳусейнова 25-сола мебошад. Вай хатмкардаи Коллеҷи Бруклини Донишгоҳи шаҳри Ню-Йорки Амрико аст. Аз соли 2021 то замони ихроҷ аз Ситибонк дар яке аз шуъбаҳои он дар Амрико кор мекард.

Тазоҳуроти густарда дар кишварҳои ғарбӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин

0

Пас аз ҳамлаҳои густардаи Исроил ба Навори Ғазза ҳазорон нафар дар аксар кишварҳои дунё бо талаби таваққуфи ҷанг таҷаммуъ карданд.

Рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон садҳо нафар, аз ҷумла чеҳраҳои шинохтаи синамо, фаъолони маданӣ, бархе аз созмонҳо ва ҷамъиятҳои ҳомии ҳуқуқ ба ҷонибдорӣ аз мардуми Ғазза роҳпаймоӣ карданд.

Тазоҳургарон бо шиорпартоии худ аз Исроил хостанд, ки куштани мардуми осоиштаро дар Ғазза бас кунад ва инчунин ба ворид шудани кумакҳои башарӣ ба аҳолии зарардида иҷозат диҳад.

Гуфта мешавад, ба ин монанд дар дигар шаҳрҳои бузурги Лаҳистон, аз ҷумла Краков ва Познан чунин тазоҳуроте низ доир шуд. Мақомоти ин кишвар ба фарқ аз дигар кишварҳои аврупоӣ ба чунин роҳпаймоиҳои осоишта ба ҷонибдорӣ аз мардуми Ғазза ва маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил иҷозат доданд.

Ҳамзамон рӯзҳои шанбе ва якашанбе дар Бритониё, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо таҷаммуъот баргузор шуд. Бино ба иттилои пулиси Лондон, шумори тазоҳуркунандагони рӯзи шанбе дар пойтахти Бритониё ҳудуди 100 ҳазор тахмин зада мешавад.

Инчунин расонаҳо гузориш медиҳанд, ки 100 узви Конгресс ва беш аз 60 бозигар ва чеҳраҳои саршиноси Ҳолливуд бо ирсоли нома ба Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаро маҳкум карда, хостори таваққуфи ин ҷанг шудаанд.

Гуфта мешавад, тазоҳуроти ҳамсон дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва талаби таваққуфи ҷанг дар кишварҳои Босния, Австралия низ баргузор шудааст.

Ба иттилои расонаҳои Олмон, дар муқобил ҳазорон нафар аз муътиризон барои яҳудиситезӣ дар ин кишвар таҷаммуъ карда, аз Исроил дифоъ карданд. Ин гурӯҳ низ дар даст аксҳои гаравгононе, ки аз 7-уми октябр дар дасти ҲАМОС ҳастанд, гирифта, талаб намуданд, ки онҳоро озод кунанд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо низ баргузор шуд, ки қазияи Фаланстинро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, вазирони хориҷаи ИА дар ниҳояти нишаст таъкид бар авлвияти расондани кумакҳои инсонӣ ба мардуми Ғазза кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи ҳамлаи ҲАМОС ба шаҳракнишинони Исроил дар 7-уми октябри соли ҷорӣ то кунун Исроил бевақфа Ғаззаро бомборон мекунад. Тибқи омори Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори кушташудагон дар Ғазза ба 5087 нафар расидааст, ки 2055 нафарашон кӯдакон ва 1119 нафари дигарро заонон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин фазорати фаластинӣ, шумори захмиён марзи 15 ҳазорро гузашт.

Мақомоти фаластинӣ эълон кардаанд, ки беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии Ғазза дар пайи ҳамлаҳои Исроил овора шудаанд ва ҳазорҳо хонаву биноҳои маскунӣ пурра харобу валангор гаштаанд.

Исроил низ эълон кард, ки дар пайи ин даргириҳо то кунун беш аз 1400 нафар кушта шудаанд, ки 308 нафарашон сарбозон ҳастанд ва инчунин беш аз 3 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Қабули эътимодномаҳои сафирон дар Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 23-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе сафирони нави фавқулодда ва мухтори 10 кишвари дуру наздик ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супориданд.

Ба қавли манбаъ, имрӯз сафирони нави фавқулъодда ва мухтори кишварҳои Туркманистон, Эрон, Покистон, Олмон, Фаронса, Конфедератсияи Швейтсария, Муғулистон, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Филиппин ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея баъд аз супоридани эътимоднома расман пурра ба кори худ оғоз карданд.

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон ҳангоми дидор ва гуфтугӯ бо ин сафирони нав “омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати густаришу тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба” хабар додааст.

Сабти бозпурсии Дилшоди “Красавчик”. Ӯ дар бораи Шуҳрат чӣ гуфт?

0

Дилшод Саидмуродов, гумонбари асосии куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ҳангоми бозпурсӣ ҷузъиёти зиёди ин парвандаро фош кард.

Пйогоҳои хабарии “Бомдод” рӯзи 20-уми октябр чанд навори кӯтоҳеро аз ҷараёни бозпурсии Дилшод Саидмуродов, маъруф бо “Дилшоди СБ” ва ё “Дилшоди Красавчик” дар робита ба қазияи рабудани Шуҳрат Исматуллоев ва қатли ӯ нашр кард.

Дар наворҳо дида мешавад, ки Дилшод ҳангоми бозпурсӣ ва зоҳиран дар ҳузури адвокаташ иқрор мешавад, ки ӯ ин кушторро бо супориши Қамар Азизов, соҳибкор ва бародари сарояндагони гурӯҳи “Анис”, Азизовҳо анҷом додааст. Дилшод Саидмуродов мегӯяд, аз ин соҳибкор барои қатли Исмоилов 50 ҳазор доллар пешпардохт гирифтааст. Дар наворҳо сабти садо хуб шунида намешавад, вале зоҳиран Дилшод мегӯяд, Қамар барои “аз байн бардоштани Шуҳрат” якуним миллион доллар ба ӯ ва дастааш ваъда карда будааст.

Дилшод Саидмуродов дар ин бозпурсӣ мегӯяд, ки Қамар Азизов бо Исматуллоев тиҷорати муштараки хонасозӣ дошта ва аз ӯ қарздор будааст. “Қамар ба ман гуфт, Шуҳрат безор дорад, пула те пула те гуфта, намешавад ҳаминро як нима кунем?“, – мегӯяд Дилшод. Ӯ ҳамчунин шарҳ медиҳад, ки Шуҳрат ба Қамар Азизов ду миллион доллар ва ё бештар аз он барои хонасозӣ маблағ дода будааст.

Дилшод мегӯяд, бо он 50 ҳазор долларе, ки ҳамчун пешпардохт аз Қамар гирифта буд, ҳамроҳи дастааш як мошин мехаранду барои иҷрои нақша дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб як хонаеро иҷора мегиранд. Ӯ тафсилоти қазияи шиканҷа ва куштори Шуҳратро чунин шарҳ медиҳад: “Рӯзи 23-уми июн гирфтем Шуҳратро бурдем, камтар шиканҷа кардем, дар ҳолати шиканҷа гуфт, “Биткоин” надорам. Қамара занг задам, гуфтам, ки ин “Биткоин” надоштааст. Ӯ гуфт, нобуди “Биткоин” корро буд кунед, ман Маскав меравам ва аз онҷо маблағро мефиристаму ту ба бачаҳо медиҳӣ.” Ӯ дар идома мегӯяд, пас аз суҳбат бо Қамар шиканҷаро идома додааст, ки “ҳангоми шиканҷа Шуҳрат ҷон дод.

Ҳамчунин Дилшод Саидмуродов дар ин бозпурсӣ иддао мекунад, ки Қамар ба ӯ пешниҳод кардааст, ки Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои Тоҷикистон ва менҷери собиқи ширкати алюминсозии ТАЛКО-ро “аз миён бардоранд.” Гӯё Қамар Азизов ба Дилшод гуфта, ки вазири саноатро ба хотири он ки “аз Шуҳрат дида ӯ пули бисёртар дорад”, аз миён бардоранд. “Вале мо қабул накардем, чунки Шералиро мешиносам вай ба ҳама ёрдам мекунад, дасти кушод дорад”.

Ёдовар мешавем, ки 23 июни соли 2023 хабари рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев расонаӣ шуд. Мақомот пас аз ҷустуҷӯи зиёд 12-уми август тавонистанд ҷасади Шуҳратро аз аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо кунанд.

Мақомот дар робита ба рабудан ва куштани Шуҳрат, Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, ки баъдан дар фурӯдгоҳи Молдова кушта шуд, Шоҳрух Хӯҷаев, Бахтовар Сафаров ва чанд нафари дигарро гумонбар дониста, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушод. То ҳол ҳукми додгоҳии ин гурӯҳ эълон нашудааст.

Касе ба ҷанг намеравад аз шаҳрвандии Русия маҳрум мешавад?

0

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия пешниҳод кардааст, ки дар сурати сарпечӣ аз иштирок дар ҷанги Украина “муҳоҷирон” аз шаҳрвандии Русия маҳрум шаванд.

Бастрикин ин пешниҳодро дар як нишасти низомие матраҳ карда, бо ишора ба ҷанги Русияву Украина гуфтааст, ки “ҳоло амалиёти махсуси низомӣ идома дорад ва муҳоҷироне, ки соҳиби шиносномаи русӣ ҳастанд, бояд ба он ҷалб гарданд“.

Инчунин, ӯ таъкид кардааст, ки ҳар нафаре ҳамчун шаҳрванди Русия омода нест, ки қарзи низомии худро адо намояд, бояд дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии чунин одам тасмим гирифта шавад.

Навори суханронии Александр Бастрикин рӯзи 19-уми октябр дар саҳифаи расмии ин ниҳод нашр гардид.

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия миёни муҳоҷирон ҳамчун як нафари зидди муҳоҷир бо иддаҳои оне, ки ҷиноят миёни муҳоҷирони корӣ хело зиёд аст, шинохта шудааст.

Пешниҳоди ӯ дар бораи бекор кардани шаҳрвандии хориҷиён дар ҳоле садо медиҳад, ки моҳҳои пеш хабари додани даъватномаи ҳарбӣ ба муҳорон дар шаҳру ноҳияҳои Русия расонаӣ шуда буд.

Аввалин бозигари тоҷик дар Лигаи футболи Лаҳистон

0

Муҳаммадамини Исломҷон, муҳоҷири тоҷик дар Бошгоҳи футболи “Zły”-и Варшаваи Лаҳистон расман сабти ном шуд ва ҳаққи иштрок дар бозиҳои Лигаи футболи Лаҳистонро пайдо кард.

Муҳаммадамин 17-cол дорад ва ҳафт сол пеш ҳамроҳи пайвандонаш аз Тоҷикистон ба Лаҳистон муҳоҷир шудааст.

Ин навҷавони тоҷик чанд сол дар бошгоҳҳои “Znicz Pruszków” ва “Agrykol”-и Лаҳистон тамрин кардааст, аммо ба хотири мушкилоти камбуди аснод натавонистааст дар бозиҳои расмӣ иштирок кунад.

Чун тибқи қонунҳои “FIFA”, “UEFA” ва “Ассотсиатсияи футболи Лаҳистон” барои сабти футболбози хориҷӣ, иҷозаи расмии Федератсияи футболи кишвари ин бозигар лозим аст. Аммо Федератсияи футболи Тоҷикистон ба номаҳои расмии Муҳаммадамин посух надодааст.

Муҳаммадамини Исломҷон моҳи августи соли ҷорӣ барои идомаи тамрин ба Бошгоҳи футболи “Zły”-и Варшава меравад. Ин бошгоҳ бо кумаки созмонҳо тавонист ӯро сабти ном кунад ва Муҳаммадамин бо рақами 22 дар ин тим бозӣ хоҳад кард.

Муҳаммадамин соли 2016 ба Лаҳистон муҳоҷир шудааст. Ба гуфтаи волидонаш, ӯ аз хурдӣ дар дилаш нисбати бозии футбол шавқи беандоза дошт. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд билохира тавонист дар Лигаи футболи Лаҳистон ҳамчун аввалин ҷавони тоҷик худро сабти ном кунад.

Кумитаи сиёсии Тоҷикистону Эрон

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мизбони нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе буд.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми октябри соли 2023 “нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба қавли манбаъ, дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва ҳайъати Ҷумҳурии исломиро мувоини вазири корҳои хориҷи Эрон Алӣ Боқиро раҳбарӣ мекарданд.

Ҳафтаи гузашта Алӣ Боқӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳридин дар Боку ва имрӯз ҳам дар Душанбе мулоқот карда буданд.

Аммо ҳадаф аз таъсис ва баргузории нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Эрон ва Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии кишвар тавсеаи ҳамкорҳо ва густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва тандурустиву саёҳӣ ва ғайра гуфтааст.

Гуфта мешавад, таъсиси Кумитаи сиёсии Тоҷикистон ва Эрон ва баргузории он дар Тоҷикистон ба замоне рост меояд, ки се рӯз пеш аз ин вазири дифоъ ва пуштибонии Қувваҳои Мусаллаҳи Эрон дар шаҳри Душанбе бо вазири мудофаи кишвар ва президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқот карда буд.

Дар нишасти вазирони дифои Тоҷикистон ва Эрон гуфта мешуд, ки ҳамкориҳои низомии ду кишвар ҳеч гоҳ ба зарари кишвари сеюм анҷом нахоҳанд шуд.

Боздошти Шаҳбози Шарифбек дар Ваҳдат

0

Ҷавоне, ки дар шаҳри Ваҳдат навори шикояти латукӯби модарандар ва бибияш тавассути кормандони мақомотро нашр карда буд, боздошт шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 18-уми октябри соли 2023 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат Шаҳбози Шарифбек, муаллифи навори шикоятии “Симиганҷ”-ро боздошт ва ба муддати 10 рӯз ба ҳабс гирифтаанд.

Шаҳбози Шарифбек, як сокини ҷамоати деҳоти Симигани шаҳри Ваҳдат 14-уми октбяри соли 2023 навореро нашр карда, гуфта буд, ки кормандони давлатӣ бародараш Содиқҷони Шарифбекро бидуни ирсоли даъватнома барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ, рафта аз хонаашон боздошт карда бурданд.

Дар он навор гуфта мешуд, ки вақте кормандони давлатӣ, аз ҷумла нозири минтақавӣ, раисони ҷамоат ва маҳалла бо ҳузури дигарон савори 3-4 мошин ба хонаи онҳо рафта, Содиқҷони Шарифбекро боздошт карданд, модарандараш Шодигул Ғафурова ва бибии Шаҳбози Шарифбек Сафаргул Ғафуроваи 82-соларо ҳам мавриди латтукӯб қарор додаанд.

Дар он навор дида мешавад, ки Шодигул Ғафурова ва модараш Сафаргул Ғафурова иддао мекунанд, кормандони давлатӣ ҳуқуқи бо чунин равиш ҷалб кардани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон надоранд, вале нозири минтақавӣ ва раиси ҷамоат ба онҳо таҳдид карда мегӯянд, ки “вақте дар ягон даъво кунед, мо шуморо мекӯшем!”

Ин таҳдиди мақомоти Ваҳдат алайҳи бону Шодигул Ғафурова ва модари пиронсолаш Сафаргул Ғафурова мавҷе аз вокунишҳои тоҷикистониҳоиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардааст. Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ба ин вокуниши мардум тоб наоварда, бидуни он ки қазияи боздошти Содиқҷони Шарифбек ва латтукӯби кампири 82-сола ва духтарашро шарҳ диҳанд, рафта Шаҳбози Шарифбекро боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, бону Шодигул Ғафурова, ки баъд аз фавти шавҳараш чанд сол боз инҷониб дар хонаи модараш – Сафаргул Ғафурова зиндагӣ мекунад, сарпарасти ин бачаҳост. Вай ҳамроҳи модараш онҳоро калон карда ба воя расонда, баъди ба синни балоғат расидан, ҳоло ба қавле сардори хоҷагӣ ва нонбиори хона шуда буданд.

Сабти беш аз 16 ҳазор ҷиноят давоми 9 моҳ дар Тоҷикистон

0

Додситонии кулли Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 16 ҳазору 572 ҷиноят дар тамоми кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Додситони кулли кишвар бо нашри гузорише аз фаъолияти 9-моҳаи соли ҷории ин ниҳод мегӯяд, омори имсола нишон медиҳад, ки сатҳи ҷиноткорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҳолат ё 4,3% коҳиш ёфтааст.

Хачунин дар гузориш гуфта мешавад, ки давоми ин 9 моҳ Додситонии кул дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо қонуншиканҳиои зиёдеро сабт кард, ки дар натиҷа “52 781 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 3361 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 863,4 млн сомонӣ барқарор карда шудааст, ки аз он 341,4 млн сомонӣ ба манфиати давлат мебошад.”

Ҳамзамон дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар ин давраи ҳисоботӣ кормандони Додситонии кулли кишвар аз болои 9770 парвандаи ҷиноятӣ назорат бурда, таҳқиқ ва тафтиши 3312 парвандаи ҷиноятиро ба охир расонда, аз ин миқдор 124,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 51,8 млн сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвар дар нишастҳои матбуотии ду моҳи пеш аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар хабар дода буданд.

Аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки коҳиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа бо пиёда кардани барномаҳои самараноки давлатӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ ва муҳайё сохтани омилҳои рушди тиҷорат ва ғайра аз ҷониби ҳукумат алоқаи зич дорад, ки мутаассифона, аз ҷониби мақомоти тоҷик чунин иқдомот хеле кам ба назар гирифта мешавад.