14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 218

Нигаронии Тоҷикистон аз “муташанниҷ шудани вазъ” дар Ховари Миёна

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз бад шудани авзоъ дар Ховари Миёна нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Вазорати корҳои хориҷии кишвар бидуни он, ки аз кудом кишвар ва ё гурӯҳе дар минтақаи Ховари Миёна гуфтааст: “Муташанниҷшавии бошиддати вазъ дар Ховари Миёна, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта ва тахриб шудани миқдори зиёди иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ гаштааст, нигаронии амиқро дар Тоҷикистон ба бор овард.”

Ба қавли манбаъ, “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани хушунатҳо ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват менамояд.”

Ба гуфтаи хеле аз коршиносон ва манбаъҳои расмӣ, Ховари Миёна як истилоҳи ҷуғрофиёӣ-сиёсиест, ки дар ҳоли ҳозир дасти кам 17 давлат ба мисли Арабистони Саудӣ, Мирс, Судон, Эрон, Ироқ, Сурия, Туркия, Қатар, Кувайт, Урдун, Уммон, Фаластин ва сарзаминҳои ишғолӣ-Исроил, Баҳрайн, Лубнону Амороти Муттаҳидаи Араб ва Яманро дар ҳавзаи сиёсии он медонанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сурати мустақим номи ҳеч кишвар ва ё гурӯҳу созмонеро, ки ба сабаби таҳарукоти онҳо боиси “муташанниҷшавии бошиддати вазъ” дар минтақаи Ховари Миёна гардида бошад, дар ин изҳороташ зикр накардааст.

Пеш аз ин субҳи 7-уми октбяри соли 2023 Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин – “ҲАМОС” аз оғози як амалиёти низомӣ алайҳи Исроил зери унвони “Туфони Ақсо” хабар дод. Ин амалиёт, ки дар таърихи 75-солаи Исроил бесобиқа аст, сотаи 6-и субҳ бо тулӯъи хуршед оғоз шуд ва то ҳол идома дорад.

Аз сӯи дигар, Нахуствазири давлати Исроил ҳам оғози ин амалиёти низомиро “рӯзи сиёҳ” хонда, ҳамалоти густурдаи низомиеро алайҳи борикии Ғазза оғоз кард. Тибқи охири гузоришҳо теъдоди куштаҳои Исроил аз марзи 1000 нафар гузаштааст. Шумори қурбониёни фаластинӣ дар Ғазза ва дигар манотиқи ин кишварро беш аз 500 нафар арзёбӣ мекунанд.

Ин амалиёти низомӣ бар хилофи тамоми ҷангҳое, ки дар гузашта байни Исроил ва фаластиниҳо ва арабҳо сурат гирифтааст, ба он фарқ дорад, ки дар дохили марзҳои Исроил оғоз шуда, то ҳол идома дорад.

Акасари кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, Олмон, Фаронса, Бритониё ва ҳатто Украина, ки зери ҳамлаҳои Русия қарор дорад, эълони ҳамбастагӣ бо Исроил карда, гуфтаанд, ки бо кумакҳои худ аз Телабиб ҳимоят мекунанд.

Аз сӯи дигар, кишварҳои Эрону Қатар, Малайзия, Афғонистон ва инчунин Шӯрои муқовамати миллии ин кишвар гуфтаанд, ки дар ин қазия паҳлӯи мардуми мазлуми Фаластин қарор мегиранд ва аз онҳо ҳимоят мекунанд.

Аммо чиро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки хуб медонад, ҷанг дар Исроил оғоз шудааст ва дар ин борикии Ғазза ва атрофи он ба шиддат идома дорад, вале дар изҳороташ номи ҳеч кишвар, гурӯҳ ва ё созмонеро зикр накарда, суолест, ки посухи қатъии онро ҳам худи вазир ва дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон медонанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Исроил алайҳи Ғазза ҳуҷумҳои худро шиддат бахшид

0

Имрӯз, 9-уми октябр рӯзи сеюм мешавад, ки задухурдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои ҲАМОС ва Исроил дар Ғазза идома дорад.

Субҳи имрӯз Нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу фармони ҳамла ба Ғаззаро дод, ки дар натиҷаи бомборони артиши Исроил ба шаҳри Ғазза даҳҳо хона ва зерсохторҳои муҳим, 6 масҷиду 4 мактаб пурра аз байн рафта, садҳо нафар аз ғайринизомиён, бо шумули занону кӯдакон ва пиронсолон кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Фаластин шумори кушташудагон дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаро аз рӯзи шанбе то имрӯз 510 нафар ва захмиёнро 2750 нафар эълон кардааст.

Ҷабҳаи Қассом – шохаи низомии ҲАМОС дар изҳороте имрӯз гуфта, ки дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба хонаҳои мардум дар қисмати шимолу шарқии Ғазза 50 нафар ҷон бохтанд, ки дар байни онҳо 4 асири исроилӣ низ буд.

Вазири дифоъи Исроил Йоав Галант фармон дода, ки аз аҳолии Ғазза барқу об, маводи сӯхт ва ҳатто ғизо қатъ карда шавад. Ӯ аҳолии Ғаззаро “ҳайвонҳои башарӣ” номида, мегӯяд, бо ин мафҳум бо онҳо муомила хоҳад кард.

Ҳаракати ҲАМОС низ хабар дод, ки аз субҳи имрӯз дар ҷавоб ба ҳамлаҳои Исроил ба хонаҳои мардуми оддӣ ва маконҳои ҷамъиятӣ 120 мушак ба шаҳрҳои Асқалон ва Усдуд партоб кардааст.

Расонаҳо омори кушташудагони исроилиро 1000 нафар ва захмиёнро 2200 нафар гуфтаанд. Инчунин омори асирони исроилӣ дар дасти ҲАМОС-ро 150 нафар нишон дода, ҳамзамон шуморе аз бедаракшудагон низ хабар дода мешавад.

Ҳамлами бесобиқаи ҲАМОС ба Исроил ва вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ

0

Даргириҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ва артиши Исроил ду рӯз боз идома дорад.

Шабакаи телевизиони 13-и Исроил дар гузориши ахираш гуфта, ки дар пайи ин даргириҳо то кунун 600 нафар аз шарвандони Исроил кушта шуда, шумори захмиён то 2 ҳазор нафар расидааст.

Дар баробари ин, артиши Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худ шаҳри Ғаззаро бомборон дорад, ки дар натиҷа даҳҳо хонаҳо хароб шуда, ҳазорҳо нафар хонаҳои худро тарк карда, дар мактабҳо ва маконҳои дигар маскун шудаанд.

Вазорати тандурустии Фаластин дар гузорише субҳи рӯзи якшанбе гуфт, ки шумори ҳалокшудагон дар пайи ин даргирӣ ба 320 нафар расида, шумори захмиён аз марзи 2 ҳазор ҳам гузашт. Инчунин то кунун 23 ҳазор аз сокинони Ғазза овора шудаанд.

Ҷабҳаи Қассом – ҷаноҳи низомии ҲАМОС субҳи рӯзи шанбе дар изҳороте гуфт, ки ҳазорҳо мушак ба шаҳрҳои Исроил партоб карда, даҳҳо нафар аз шаҳракнишинони исроилиро асир гирифтаанд. ҲАМОС мегӯяд, ҳадаф аз ин амалиёти бесобиқа бар зидди давлати Исроил посух ба таҷовуз ва зулми шаҳракнишинони исроилӣ алайҳи фаластиниён ва муқаддасоти мусалмонон ва инчунин бозгардонидани заминҳои ғасбшуда аз ҷониби ин кишвар аст.

Аммо Исроил ва кишварҳои ҳампаймонаш ин амалиётро “террористӣ” унвон карда, ҲАМОС-ро муқассири ин ҷанг медонанд. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин даргириҳо гуфт, ки Вошингтон аз Исроил ҳимоя мекунад ва ҳамеша дар паҳлуи мардуми он меистад.

Ҳамзамон Бритониё ва Олмон низ амалиёти ҲАМОС-ро “ҳавлнок” ва “шукакунанда” номида, эълон карданд, ки дар ин ҳодиса аз Исроил ҳимоят мекунанд.

Дар баробари ин, кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Вазорати хориҷаи Қатар бо изҳори нигаронӣ ва талаби хештандорӣ ва ҳифзи оромиши ду тараф, ҷониби Исроилро сабабгори аслии он номидааст. “Исроил бо поймол кардани ҳамешагии ҳуқуқи фаластиниҳо ва ҳамлаҳои батакрор бо ҳимояти пулис ба Масҷиди Ақсо, сабабгор ва масъули ягонаи ҳодисаи имрӯза аст.“, омадааст дар изҳороти Вазорати хориҷаи Қатар.

Ҳамзамон кишварҳои Урдун, Миср, Ироқ, Лубнон ва ғайра ин даргириро сабаби “истибдоди Исроил дар баробари мардуми Фаластин” унвон карда, тарафҳоро ба даст бардоштан аз куштори шаҳрвандони оддӣ ва мардуми бесилоҳ ва инчунин ба сулҳ ва гуфтугӯи фарвӣ даъват кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳизбуллоҳи Лубнон субҳи рӯзи якшанбе хабар дод, ки дар ҳимоят аз ҳамлаҳои ҲАМОС ба се маркази низомии Исроил дар қисмати шимолии ин кишвар ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, Исроил низ дар посух мавзеъҳои низомии Ҳизбуллоҳро бо паҳпод ва тупхонаҳо маврид ҳамла қарор додааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, эҳтимол меравад доманаи ҷанг дар ин минтақа васеътар шавад. Чун Исроил аз соли 1973 ин бори аввал аст, ки дар кишвараш вазъияти ҷангӣ эълон кардааст. Ва ҳамчунин ин бор ҷонибдории аксари кишварҳои арабӣ аз амалиёти ҲАМОС низ дида мешавад, ки ин аз ҳодисаҳои қаблӣ фарқ дорад.

Ҳалокати беш аз 2 ҳазор нафар дар пайи заминларзаи шадид дар Афғонистон

0

Рӯзи шанбе, 7-уми октябри соли ҷорӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон заминларзаи шадиде қисмати шимолу ғарбии Афғонистонро такон дод.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар пайи ин заминларза дар вилояти Ҳироти Афғонистон садҳо нафар ҷон бохта, хонаҳои зиёде харобу валангор шудаанд.

Созмони заминшиносӣ ва зилзиласанҷии Амрико гузориш дод, ки маркази зилзила дар вулусволии Зиндаҷони вилояти Ҳирот буда, он 6,3 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи якшанбе бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки шумори ҳалокшудагон бар асари ин заминларза ба 2 ҳазору 53 нафар ва шумори захмиён ба 2 ҳазору 240 нафар расид.

Аммо Ройтерз дар гузорише аз қавли сухангӯи Вазорат ҳаводиси Афғонистон шумори қурбониёнро беш аз 9 ҳазор нафар гуфта буд. Бархе расонаҳо мақомоти Толибонро муттаҳам кардаанд, ки омори дақиқро дар ин маврид ироа намекунанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳилоли Аҳмари Афғонистон дар гузорише гуфта, ки рустоҳои “Сиёҳоб, Синҷӯ ва Кушкак” дар вулусволии Зиндаҷони вилояти Ҳирот “ба таври комил” тахриб шудаанд.

Ҳамзамон Дафтари ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи шанбе бо нашри гузорише гуфт, ки 465 хона танҳо дар ҳашт рустои вулусволии Зиндаҷон ба таври комил аз байн рафта ва 135 хонаи дигар қисман осеб дидаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бар асари ин заминларзаи мудҳиш беш аз 6 ҳазор нафар осеб дидаву овора шудаанд. Ин созмон мегӯяд, 300 хонавода ба таври комил хонавҳои худро тарк карда, дар сохтмонҳои матрукаи шаҳри Ҳирот сокин шудаанд.

Нураҳмад Исломҷор, волии Ҳирот рӯзи якшанбе ба расонаҳо гуфт, “дар пайи ин зилзила шумори зиёде аз ҳамвататнони мо дар вулусволии Зиндаҷон шаҳид шуданд ва шумори захмиён низ зиёд аст. Вале он чизе, ки ҳоло барои мо зарур аст, ҳарчи тезтар фароҳам кардани давову ғазо ба осебдидагон аст.”

Ин мақомои Толибон дар Ҳирот омори дақиқе аз қурбонинёни зилзиларо ироа накард, вале ӯ хостори расондани кумакҳои фаврӣ ба осебдидагон зилзила шудааст.

Омодагии Саудӣ барои сармоягузорӣ дар НБО “Роғун”

0

Арабистони Саудӣ аз омодагии худ барои сармоягузорӣ кардан дар сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Обии (НБО) “Роғун” хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 6-уми октябри соли 2023 раиси иҷроияи Фонди рушди Саудӣ Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршид, ки дар Тоҷикстон қарор дорад, аз омодагии кишвараш дар барои сармогузорӣ дар сохтмони НБО “Роғун” хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, Раиси Фонди рушди Саудӣ дар бораи ин иқдоми кишвараш дар вақти мулоқот бо раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон шаҳри Душанб иттилоъ додааст.

Дар рафти ин мулоқот таъкид шудааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикитсон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии «Роғун» баланд арзёбӣ менамояд.”

Пеш аз ин дар солҳои 2009-2010 Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои интизомӣ ва қудратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ аксари мардумро маҷбур карда буданд, ки бо хардини саҳмияҳои НБО “Роғун” ба ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд ва фоидаи саҳмияҳои харидаашонро дасти кам баъд аз 2-3 сол ба даст меоранд. Аммо бо гузашти 14 сол касе аз саҳимҳои худ фоида нагирифт ва Ҳукумат Тоҷикистон ҳам дигар ба ин қазия барнагашт.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон солона садҳо миллон сомонӣ барои сохтани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо харҷ мекунад. Аксар ширкатҳои сохмонӣ, ки ба корҳои нақбканӣ ва васл кардани таҷҳизоту дигар корҳои муҳим дар ин иншоот машғул ба кор ҳастанд, мутаалиқ ба наздикону пайвандони худи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Инчунин мақомоти дахлдори Тоҷикистон тайи 14 соли гузашта вуҷуд доштани муомилоти коррупсионӣ, таҳвили масолиҳи сохтмоние, ки ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуданд, кашф ва мусодира карда, нисбати омилони онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда буда буданд.

Ҳимояи Тоҷикистон аз оғози раванди Сулҳ дар Яман

0

Вазорати корҳои хориҷии кишвар бо нашри як изҳорот эълон карда, ки Тоҷикистон аз оғози раванди сулҳ дар Яман ҳимоят мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 6-уми октябри соли 2023, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин кишвар аз раванди оғози сулҳ дар Яман, ки тавассути Созмони Милали Муттаҳид ва кишвари Арбаристони Суадӣ ҷараён дорад, ҳимоят мекунад.

Ба қавли манбаъ, “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои СММ ва Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар робита ба эътидол овардани вазъ дар Ҷумҳурии Яман бо ҳадафи расидан ба сулҳи фарогир дар ин кишвар истиқбол менамояд.”

Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин изҳороташ таъкид карда, ки “Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи сулҳофаринии худ муколамаи созандаро бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои дахлдор василаи ягона ва муассир барои ҳалли низоъҳо арзёбӣ мекунад.”

Аммо ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, воқеият нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз талхтарин таҷрибаҳои сулҳофарӣ дар дунёи муосир буда, бо гузашти 26 сол аз имзо шудани он ҳамеша барандаи тарафи ҳукумат ва бозанда ҳам ҷониби мухолифин будааст.

Аз сӯи дигар ин изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар ҳамин шабу рӯзҳо Ҳукумати Тоҷикистон, ки як тарафи сулҳ буд ва бархе намояндагони мухолифин, ки тарафи дигар сулҳ мебошанд, дар сахттарин шароити ҷангҳои иттилоотӣ қарор доранд.

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, як тарафи сулҳи тоҷикон буд, тайи 10 соли ахир садҳо нафар аз тарафи дигари сулҳ-мухолифинро зиндонӣ карда ва даҳҳо тани онҳоро ҳам бо баҳонаҳои мухталиф дар дохили зиндонҳо ба қатл расонида аст. Аксари огоҳон дар кишварҳои арабӣ низ аз ин таҷрибаи талхи тоҷикон ба хубӣ огоҳӣ доранд.

Гуфта мешавад, дар ҷанги 9-солаи Яман кишвари Арабистони Саудӣ бо раҳбарии як эътилофи арабӣ, ки дар он кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Судон ва ғайра ҳузур доранд, яке аз тарафҳои низоъ буд, ки бо баҳонаи ҳимоят аз собиқ Президенти Яман ин кишварро то ҳол дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додааст.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи бархе коршиносон, ин ҳимояи Тоҷикистон пеш аз он ки беғараз ва маҳз инсондӯстона бошад, он ба хотири ҷалби манфиат содир шудааст. Зеро айни замон раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршид дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва барои зиёдтар кардани ҳаҷми сармоягузориҳои кишвараш эълони омодагӣ кардааст.

Як зани эронии фаъоли маданӣ барандаи Ҷоизаи Нобел шуд

0

Рӯзи ҷумъа, 6-уми октябри соли ҷорӣ, Наргис Муҳаммадӣ, як зани фаъоли маданӣ ва мухолифи ҳукумати Эрон барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуд.

Кумитаи Нобел бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки “Кумита тасмим гирифтааст, Ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2023-ро ба Наргис Муҳаммадӣ, ба далели муборизаҳояш барои ҳифзи обрӯи занон дар Эрон ва баланд бардоштани ҳуқуқи башар ва озодӣ барои ҳама эҳдо кунад.

Ба гузориши расонаҳо, бо шумули Наргис Муҳаммадӣ инчунин 259 шахс ва 92 созмон барои дарёфти ин ҷоиза номзад шуда буданд, ки дар байни онҳо кунишгар ва фаъоли маданӣ аз Афғонистон бону Ҳабиба Сироҷ, ки аз қавми пашту аст, низ номзад буд, вале ӯ баранда нашуд.

Ба навиштаи ВВС, раиси Кумитаи Нобел Berit Reiss-Andersen дар пайи эътои ин ҷоиза ба Наргис Муҳаммадӣ дар изҳороте гуфта, ки “Шиъори эътирозот дар Эрон “Зан, зиндагӣ, озодӣ” ба дурустӣ баёнгари азхудгузаштагии Наргис Муҳаммадӣ аст.

Аммо худи Наргис Муҳаммадӣ ҳоло дар зиндон аст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи Нобел, хонум Муҳаммадӣ “аз ҷониби мақомоти Эрон 13 маротиба боздошт шуда, 5 бор маҳкум шудааст” ва дар маҷмуъ бо иттиҳомоти гуногун, ки яке аз онҳо “таблиғ алайҳи низом” аст, барои 31 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ҳушдори КҲФ аз боришоти сахт дар кишвар

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро аз боридани боронҳои шадиди дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ давоми рӯзҳои 6-7-уми октябр ҳушдор дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки “шаби 7 октябр дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борони шадид метавонад ба барф табдил шавад. Дар аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ боридани борони шадид, жола ва раъду барқ ​​дар назар аст.”

Ҳамчунин КҲФ сокинони кишварро ҳушдор дода, ки рӯзҳои 6-7-уми октябр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ омадани сел дар назар аст. “Бар асари боришоти шадид дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, афзоиши сатҳи об пешбинӣ шудааст.”

Ҳатто гуфта мешавад, ки шиддати борон хеле сахт буда, то ҷое, ки “зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид” низ аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар таъкид мекунад: “эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди тӯфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасон” хеле зиёд аст.

КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ аз шаҳрвандон хоста ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу хонаҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу хок тоза кунанд.

Ҳамзамон дар ин иттилоия КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, сутуни рекломҳои сутниҳод шардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

8,5 соли зиндон барои мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон

0

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе собиқ узви яке аз гурӯҳҳои мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро барои 8,5 сол равонаи зиндон кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, Низомиддин Насриддинов, собиқ фаъоли сиёсӣ ва узви “Гурӯҳи 24” бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Низомиддин Насриддинови 36 сол дорад. Вай дорандаи мақоми паноҳандагӣ дар кишвар Олмон буд. 8-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми убур кардан аз марзи Литва ба Беларус аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар бодздошт ва дар боздоштгоҳи шаҳри Гроднои он кишвар нигаҳдорӣ мешуд.

21-уми феврали соли ҷорӣ Додситони кулли Тоҷикистон аз Додситони кулли Беларус талаб карда буд, ки Низомиддин Насриддиновро ба Душанбе таҳвил диҳад.

Мақомоти Беларус 21-уми июл ин собиқ фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мақомоти амнияти миллӣ билофосиларо ӯро боздошт ва ба боздошти муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ интиқол дода буданд.

Гуфта мешавад, 29-уми сентябри имсол Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе Низомиддин Насриддиновро ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба қавли Радиои Озодӣ, мурофиаи ӯ пушти дарҳои боз сурат гирифта, се нафар аз назидонаш низ дар он ҳузур доштаанд. Худи ӯ на иттиҳомоти айбдоркунандаҳои давлатиро пурра эътироф кардааст ва на ба ин ҳукми қозӣ розӣ шудааст. Наздиконаш гуфтаанд, ки аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Аз кишварҳои узви САҲА талаб шуд, ки нисбати Раҳмонов, мисли Путин таҳримҳои сахт ҷорӣ кунанд

0

Фаъоли тоҷик дар рӯзи чоруми нишасти САҲА аз табъизи помириҳо гуфт ва аз кишварҳои ИА ва ИМА хост ба режими Раҳмонов кумак накунанд.

Рӯзи чоруми нишасти САҲА, ки “Таҳаммулпазирӣ ва бидуни табъиз” ном дошт, дар он мавзуъҳои “мубориза бар зидди нажодпарастӣ”, “ксенофобия”, “табъиз ва таҳаммулнопазирӣ” баҳсу баррасӣ шуданд.

Дар нишасти навбатӣ Шабнам Худойдодова, фаъоли мустақили тоҷик таъқибу боздошт ва қатли зодагони Бадахшонро ба таъқиб ва қатли яҳудиён дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, ки бо номи “Холокост” машҳур аст, монанд кард.

Хонум Худойдодова гуфт, ки таблиғоти зидди помирии ҳукумат ба шаҳрвандони дигар манотиқи кишвар таъсири зиёд мерасонад ва сокинони баъзе вилояту шаҳрҳои Тоҷикистон ба таблиғот дода шуда, баъзан дар берун аз ВМКБ низ ба таҳқиру табъизи помириҳо мегузаранд.

Ба гуфтаи ин фаъоли тоҷик, дар Тоҷикистон ҳар рӯз табъиз, маҳалгароӣ ва шовинистӣ нисбат ба миллатҳои хурд афзоиш ёфта, зиёда аз даҳ сол боз помириҳо аз хашму ғазаби режими Рахмон азоб мекашанд ва бо аҳли оилаашон хонаҳои худро тарк карда истодаанд.

Инчунин Шабнам Худойдодова дар идома таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба помириҳо иҷоза намедиҳанд, ки бо забони модарии худ сӯҳбату таҳсил кунанд ва ба забонхои помирӣ радиову телевизорн ва китобҳои дарсӣ дигар вуҷуд надоранд, яъне дар кишвар ассимилятсияи иҷборӣ ва аз байн бурдани ҳуввияти ин мардум рафта истодааст.

Ин фаъоли мустақили тоҷик зимни суханронияш гуфт, ки “Мо солҳо боз аз намояндагии САҲА барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони худ хоҳиш мекунем, аммо ин ҳама беҷавоб боқӣ мемонад. Имрӯз аз САҲА талаб дорам, ки дар мавриди таҳримҳо нисбати мақомоти Тоҷикистон тасмим бигирад. Ман тақозо дорам, ки алайҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аъзои хонаводаи ӯ таҳримҳои сахте қабул шавад, ҳамон гуна, ки алайҳи раисҷумҳури Русия таҳримҳо қабул шуданд”.

Дар охир хонум Худойдова дар муроҷиат мақомоти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ гуфт, ки ба ҳукумати Раҳмонов аз ҷиҳати молӣ кумак накунанд.

“Бовар кунед, ки ин маблағҳо ба нафъи мардуми тоҷик истифода намешаванд. Эмомалӣ Раҳмон ин маблағро барои таҳкими қудрати шахсии худ истифода мебарад. Умедворам, ки талабу муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони мустақил бетаваҷҷӯҳ намемонад!!!”-гуфт Шабнам Худойдодова, фаъоли мустақили тоҷик.

Ёдовар мешавем, ки нишасти имсолаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава рӯзи 02-уми октябри шуруъ шуда, то 13-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Дар нишасти САҲА, ки масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баррасӣ мешаванд, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон мисли соли гузашта ширкат надоранд. Аммо, намояндагони мухолифин, аз ҷумла Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони мустақил ширкати фаъолона доранд.

То ҳол ҳукумати Тоҷикистон сабаби иштирок накардани ҳайати худро шарҳ надодааст.

Дилшод Шарифов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ҳошияи ин нишаст дар масъалаи иштирок надоштани ҳайати Ҳукумат ба Azda.tv чунин гуфт, “Ба назари шахсии ман, ҳукумати имрӯзаи Раҳмонов, даъват ва тавсияи бисёр созмонҳои дунёро сарфи назар мекунад. Аз ҷумла, чуноне ба ҳама маълум аст, ҳатто тавсияҳои СММ-ро дар мавриди зиндоёни сиёсӣ ба инобат нагирифта буд ва ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон намехоҳанд боз ба САҲА биёяду аз мушкилоти дар дохилбудаи кишвар аз минбарҳои ин созмон шунавад ва бо озодандешоне, ки дар он фаъолона иштирок доранд рӯ ба рӯ шавад”.

Раиси Кумитаи иҷроияи “Гурӯҳи 24” мегӯяд, ки намояндагони ин ҳаракат ба фарқ аз ҳукумат аз минбарҳои САҲА ва дигар созмонҳо фаъолона истифода бурда, аз нақзи ҳуқуқи инсон ва мушкилоти мавҷудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ хоҳанд гуфт.