Хона блог саҳифа 240

Мақомот истирдоди даҳҳо фаъоли зодаи Бадахшонро аз Русия талаб дорад

0

Дар феҳристи мақомоти Тоҷикистон адади зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боздошт ва истирдоди онҳо аз Русия талаб мешавад, афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохта дар феҳристи наве, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳия кардаанд, номи ҳудуди 30 нафар аз фаъолони шаҳрвандӣ, ки 4 нафари онҳо занон мебошанд, оварда шудааст.

Мақомоти тоҷик аллакай ба ҳамкорони русаш барои боздошт ва ба таври иҷборӣ ба ватан баргардонидани фаъолон дархост ирсол кардааст.

Дар ин феҳрист исми фаъолони шаҳрвандие омадааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар бораи ҳаводиси се соли ахир дар ВМКБ изҳори назар карда, аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон интиқод кардаанд ва дар ҷамъоварии кумак ба хонаводаҳои қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва маҳбусони сиёсии ин вилоят саҳм доштаанд.

Анора Саркорова мегӯяд, ки дар як моҳи ахир ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дастикам алайҳи се ҷавондухтари помирӣ бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз кардаанд.

Хешовандони фаъолони маданиро барои фаҳмидани макони будубоши онҳо ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил даъват карда, хостаанд, ки фаъолонро водор созанд то ихтиёран ба Ватан баргарданд, ба мақомот таслим шаванд ва аз раисҷумҳури кишвар бахшиш бихоҳанд.

Гуфта мешавад, 1-уми феврали соли ҷорӣ модари рӯзноманигор Анора Саркороваро низ бори дигар ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват карда, дар бораи кушода шудани парвандаи “даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ” (моддаи 307) бар зидди духтараш ба ӯ хабар додаанд.

Инчунин Анора Саркорова мегӯяд, ки тақрибан як моҳ пеш як ҷавондухтари помирӣ бо тавсия волидайнаш ва ба ваъдаи мақомот бовар карда, ба Ватан баргашт, аммо наздиконаш то ҳол дар бораи макони будубош ва вазъи феълии ӯ чизе намедонанд.

Номи афроде, ки мақомоти тоҷик нисбаташон парванда боз кардавуу аз мақомоти Русия истирдодашонро талаб кардааст, маълум нест.

Аммо сомонаи “Медиазона” исми тақрибан сад ҳазор нафареро нашр кардааст, ки Вазорати корҳои дохилии Русия онҳоро ҷустуҷӯ дорад. Дар миёни афроде, ки онҳоро Русия кофтуков дорад, 6585 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва инчунин даҳҳо нафар аз шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули сиёсатмадорон ва мансабдорони Аврупо, сарбозони Украина ва ғайра ҳастанд.

Хадамоти Гумрук: Қочоқи маводи мухаддир ба хориҷ аз кишвар ба обрӯи мо таъсири ҷиддӣ расонд

0

Раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қочоқи маводи мухаддир дар кишварро яке аз масъалаҳои дарднок ва беобрӯкунанда номид.

Каримзода Хуршед Абдураҳмон имрӯз, 14-уми феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон тасдиқ кард, ки пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир дар кишварро гиирфта наметавонанд. Ӯ дар идома гуфт, ки солҳои 2022 ва 2023 қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми хеле зиёд, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ бароварда шуд ва дар кишварҳои ҳамсоя дастгир ва ошкор гардид, “ба обрӯи ҷумҳурӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ як таъсири ҷиддӣ расонд.”

Каримзода ба ҷой доштани камбудиҳо дар самти назорати маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ин ниҳод эътироф кард. Ӯ мегӯяд, қочоқбарон ҳам дар кори худ моҳир шуда, роҳҳои нав ба навро барои қочоқ ҷустуҷӯ мекунанд, ки назорати он мушкилтар мешавад.

“Яке аз ҳолатҳои охире, ки дар ҳамин фурӯдгоҳ руй дод, маводи мухаддир дар дастаки ҷомадон ҷосозӣ шуда буд, вақте он дар Федератсияи Русия ошкор шуд, мо камераҳои назоратиро омӯхтем, кормандони гумрук тамоми он талаботҳое, ки ҳаст нисбати бағоҷ иҷро кардагиянд, лекин мутаассифона, ҳамон таҷҳизоти назорати гумрукие, ки мо дорем, онро нишон надодаст.“, мегӯяд раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Каримзода мегӯяд, Хадамоти гумрук дар соли 2023 5 ҳолати қочоқи маводи мухаддирро ошкор кардаанд, ки ҳаҷми умумии онҳо 71 килову 213 грамро ташкил додааст. Ӯ афзуд, аз ин миқдор танҳо 71 килову 110 грами он танҳо дар як ҳолати кушиши қочоқ дар гузургоҳи марзии “Фотеҳобод” ошкор гардид, ки қочоқбар мехоста ин миқдори маводи мухаддири навъи “героин”-ро аз Тоҷикистон ба Русия интиуол диҳад.

Ба гуфтаи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, яке аз камбудиҳои ҷиддии ин соҳа норасоии таҷҳизоти ҳозиразамони назорати фосилавии гумрукӣ мебошад. Ӯ мегӯд, ҳамагӣ 4 таҷҳизоти санҷиши гумрукӣ доранд, ки онҳо ҳам куҳна шудаанд ва наметавонанд мошинҳоро пурра аз назорат гузаронанд.

Шикояти раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар бораи надоштани таҷҳизоти замонавӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ дар ҳолест, ки қаблан телевизионҳои давлатӣ зимни нашри ахбор ҳангоми ифтитоҳи беш аз 100 дидбонгоҳи марзӣ бо ҳузури Эмомлаӣ Раҳмон, таъкид карданд, ки гузаргоҳҳои марзии кишвар “бо навтарин таҷҳизоти пешрафтаи замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд.“

Аммо Каримзода эътироф мекунад, ки таҷҳизоти назорати фосилавии гумрукии онҳо ҳатто дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҷавобгӯи замона нест ва кормандони Хадамоти гумрук дар дигар гузаргоҳҳои марзии кишвар ба хотири надоштани таҷҳизот бо усули куҳна ва бо даст ҷустуҷӯ мекунанд, ки ин имкони тафтиши пурраро намедиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз қаллобӣ ва заминфурӯшӣ пешгирӣ кунед

0

Президенти Тоҷикистон ба прокурорҳое, ки нав вазифа гирифтанд, гуфт, аз қаллобӣ ва заминфурӯшӣ пешгирӣ кунанд ва дар муддати як сол ду забони хориҷӣ омӯзанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми феврали имсол Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо “кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъиншуданд”, мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ҷамъи касоне, ки имрӯз вазифаи нав гирифтанд, “муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, прокурори ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, прокурори шаҳри Роғун, прокурори ноҳияи Нуробод, ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ” ҳузур доранд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки “Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳои таъиншуда ва ҳамаи кормандони дигари соҳаи прокуратура доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастуру супоришҳо дода”-аст.

Ин супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифта, ки 19-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои амният раҳбарони ниҳодҳои мақомоти қудратӣ, аз ҷумла прокуратура дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва бархе дигар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба бемасъулиятӣ муттаҳам карда гуфта буд, ки “баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот” даст задаанд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба фарқ аз солҳои гузашта, имсол дар идораҳои давлатӣ ва бахусус ниҳодҳои вобаста ба мақомоти қудратӣ ва интизомии кишвар ба сурати гурӯҳӣ мансабдоронеро, ки дар вазифаҳои раҳбарӣ дар раёсату шуъбаҳои ин ниҳодҳо кор мекарданд, аз мансаб барканор ва дар ҷои онҳо кадрҳои дигареро ба вазифа таъйин кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон ин иқдоме буд, ки дар Тоҷикистон камсобиқа аст.

Ҳазорҳо соҳибкор дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карданд

0

Соли 2023 дар Тоҷикистон 21,5 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигрон гуфт, ки дар соли гузашта 985 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 17 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ тиҷорати худро барҳам дода, корхонаҳояшон аз фаъолият бозмондааст.

Ба иддаои Раҳимзода, як қисмат аз ҳисоби фаъолият накардан, аз рӯйхати соҳибкорон берун карда шуда, қисми зиёди дигар аз як намуди фаъолият ба намуди дигари фаъолият гузаштанд.

Инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба суоли “Азия-плюс” гуфт, ки соли гузашта 33,1 ҳазор соҳибкори нав ба қайд гирифта шуда, ин рақамро “раванди хуб” арзёбӣ кардааст.

Пештар аз ин, Саъдӣ Қодирзода, раиси собиқи ин кумита дар як нишасти хабарӣ дар моҳи феврали соли 2023 аз қатъи фаъолияти 28,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ва баста шудани ҳудуди 1000 корхона дар соли 2022 хабар дода буд.

Ба иддаои Қодирзода, аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

Аммо коршиносон ва худи соҳибкорон яке аз сабабҳои қатъ гардидани фаъолияти корхона ва ширкату субеъкҳои хоҷагидориро андозҳои баланд, санҷишҳои аз ҳад зиёди мақомоти назоратӣ ва коррупсияро ба сифати омилҳои асосии монеагузор дар рушди тиҷорат дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

Вазорати меҳнат: Раванди муҳоҷират коҳиш ёфту ҳаҷми маоши миёна бештар шуд

0

Ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистон 14 дарсад рушд карда, раванди муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷ аз кишвар 16 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора имрӯз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати кишвар мегӯяд, дар соли 2023 музди миёнаи маоши коркунон дар Тоҷикистон 2013,11 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (ки он 1760,29 сомонӣ буд) 251,82 сомонӣ ё 14,3% зиёд мебошад.

Ба гуфтаи хонум вазир, маоши камтаринро дар ин давра, кормандони бахши кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ, ки 811,73 сомониро ташкил медод, гирифтаанд. Аммо маоши аз ҳама баландро кормандони “соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 3646,93 сомонӣ, таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво – 3634,06 сомонӣ, сохтмон – 3004,98 сомонӣ, маориф – 1645,82 сомонӣ ва дар тандурустӣ– 1344,81 сомонӣ” гирфтаанд.

Вазири меҳнат инчунин дар гузориши солонаи ниҳодаш гуфт, ки раванди муҳоҷират соли 2023 дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, аз аввали сол 652014 нафар ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% кам мебошад. Аммо раванди бозгашти муҳоҷирон ба кишвар давоми сол 590710 нафар ё 7% зиёд гардидааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки мувофиқи оморҳои ғайрирасмӣ шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишварҳо ба маротиб бештар буда, он бештар аз 2 миллонро ташкил медиҳад. Аммо, ба гуфтаи бархе коршиносон, мақомоти расмии кишвар оморҳои дақиқро дар ин маврид аз сокинон пинҳон мекунанд.

Афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон

0

Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки Тоҷикистон ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро наздик ба 20% афзоиш додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 13-уми феврали соли 2024, Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии худ ба расонаҳо гуфт, тибқи қарордоди ҷадид бо ширкати “Бришно”, имсол Тоҷикистон 1,9 миллиард киловатсоат нерӯи барқ ба Афғонистон мефурӯшад.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” афзуд, ки Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳаҷми 1,6 миллиард киловатсоат нерӯи барқ ба Афғонистон содир карда буд ва нерӯи барқи содиротӣ ба ин кишвар аксаран дар фаслҳои баҳору тобистон интиқол дода мешавад, вале дар фаслҳои тирамоҳу замистон барои нигаҳдории симҳо ҳаҷми интиқол кам карда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи молӣ дар Афғонистон тағйир карда, Ҳикматуллоҳ Майванд, сухангӯи ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон чанд рӯзе пеш гуфта буд, ки Толибон тавонистаанд дар соли 2023 қарзҳои нерӯи барқи воридотӣ аз кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистон ва Эронро, ки маҷмуан беш аз 627 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, пардохт кунанд.

Пеш аз ин ҳам бархе расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки дар соли 2023 Толибон 110,4 миллион доллар қарзҳои ширкати “Бришно”-и Афғонистонро ба Тоҷикистон падохт кардаанд. Ва аз ин пас Афғонистон нерӯи барқи воридотии Тоҷикистонро тариқи пешпардохт мехарад.

Бо ин вуҷуд, то ҳол ба сурати расмӣ ҳеч яке аз ҷонибҳо, на ширкати “Барқи тоҷик” ва на ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон эълон накардааст, ки нархи нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон барои 1кВ соат чӣ қадар арзиш дорад?

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо вуҷуди доштани сафир дар Афғонистон ва консули Толибон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минбарҳои баланди дихилӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ бар зидди Толибон ҳарф мезанад ва иддао мекунад, ки ҳукумати Иморати исломиро қабул надорад, вале доду гирифт ва тиҷоратҳои калонро пинҳонӣ бо онҳо анҷом медиҳад.

Барқи тоҷик намедонад, ки “лимит” кай бардошта мешавад?

0

Ширкати “Барқи тоҷик” ду омилии асосии ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар интиқилоти нерӯи барқро эълон кард, аммо нагуфт, ки кай “лимит” бардошта мешавад?

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 13-уми феврали соли 2024, Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар барои бекор шудани “лимити барқ” ба сокинони кишвар гуфт, ки намедонад, кай он бардошта мешавад. Зеро “ин масъала ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад”.

Ҳамзамон масъулини ин ширкат яке аз сабабҳои асосии ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ ба мардумро дар набудани “тавозун” байни истифодабарандагон ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар фаслҳои тирамоҳ ва замистон арзрёбӣ карда, таъкид мекунанд, ки “бо беҳтар шудани ҳаҷми резиши об, барқ ба пуррагӣ таъмин мегардад”.

Аз сӯи дигар, масъулини ширкати “Барқи тоҷик” шикоят аз он доранд, ки дар соли 2023 ҳаҷми талафоти нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 3,1 миллиард киловатсоат баробар шудааст. Ва сабабгори асосии зиёд шудани ҳаҷми талафоти нерӯи барқ омилҳои иснонӣ мебошанд.

Раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” густариши фасод дар байни кормандони худро эътироф карда гуфтанд, ки “дар ҳолатҳои қоидавайркунии нерӯи барқ ҳам кормандони ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳам истифодабардагон” даст доранд ва онҳо “бо маслиҳати якдигар” чунин корҳоеро анҷом медиҳанд.

Гуфта мешавад, ширкати “Барқи тоҷик” барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва камтар кардани “лимит” тайи 10 соли гузашта зиёда аз 14 лоиҳаҳои гуногунро бо харҷи даҳҳо миллион доллари амрикоӣ амалӣ кардааст, аммо имрӯз масъулини он эътироф карданд, ки сабабгории асосии зиёд шудани ҳаҷми талафоти нерӯи барқ бархе кормандони худи ин ширкат мебошанд.

Боздошти як тоҷик бо иттиҳоми дуздии BMW-и 850 ҳазора

0

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми мошииндуздӣ дар гузаргоҳи марзии “Тереспол”, ки бо Белорус ҳаммарз аст, боздошт кардаанд.

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми қочоқи мошини BMW XM -2023, ки 850 ҳазор злот (тақрибан 212 ҳазор доллар) арзиш доштааст, боздошт кардаанд.

Марзбонони лаҳистонӣ мегӯянд, ки BMW XM гаронтарин мошине ҳаст, ки дар соли ҷори мусодира шудааст ва дар соли гузашта бошад 192 худрав ба арзиши 19 миллион злот (беш аз 4 миллиону 734 ҳазор доллар) мусодира шуд аст.

Дар замони бозрасӣ аз тарафи марзбонони Лаҳистон мушахас шудааст, ки BMW XM -2023 дар Олмон ҳамчун мошини гумшуда дар ҷустуҷӯ қарор дошта ва дар ин бора парванда боз шудааст. Ҳоло ронанда ва мошини BMW XM -2023 барои иқдомҳои баъдӣ ба пулиси шаҳри “Тереспол” таҳвил дода шудаанд.

То ҳол назари боздоштшуда дастраси расонаҳо нашудааст ва ҳувияти ӯ низ маълум нест. Инчунин мақомоти Лаҳистон ҳам аз ҷузъиёти ин боздошт чизе нагуфтаанд.

Солҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистонро дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷурмҳои гуногун, аз ҷумла қочоқи инсон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷосусӣ, сохтани санадҳои қалбакӣ ва ифротгароӣ боздошт мекунанд, ба гуфтаи коршиносон ин боздоштҳо ба будубоши дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда таъсири манфӣ мерасонад.

Афзоиши шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон

0

Тоҷикистон дар соли 2023 мизбони наздик ба 1,4 миллион шаҳрвандони дигар кишварҳо будааст.

Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки шумораи умумии меҳмонони кишвар дар соли гузашта 1 миллиону 358 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1 миллиону 256,2 ҳазор нафар ё 92,5 дарсад ба кишварҳои ИДМ ва 101,8 ҳазор нафар ё 7,5 дарсад ба дигар кишварҳо рост меояд.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 201 000 нафарашонро сайёҳон ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022 201 ҳазор сайёҳ ё 20,2% зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ба Тоҷикистон аз 121 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Узбекистон 805,9 ҳазор нафар, Русия 262,4 ҳазор, Қазоқистон 31,5 ҳазор, Чин 13,0 ҳазор, 10,8 ҳазор аз Туркия ва адигар кишварҳо сайёҳон омадаанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 224 ширкати сайёҳӣ расман фаъолият доранд, ки аз ин дар ВМКБ 41 ширкати сайёҳӣ, дар шаҳри Душанбе 106 адад, Вилояти Суғд 45 адад, вилояти Хатлон 17 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 15 ширкат сабти ном шудаанд.

Дар ҳоле сафи сайёҳон дар кишвар зиёд шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ аз Бонки Осиёии Рушд 10,0 миллион доллар ва аз Бонки ҷаҳонӣ 15,7 миллион доллар дарёфт кардааст.

Норасоии кадрӣ ва вуҷуди фасод дар соҳаи тиби Тоҷикистон

0

Соли гузашта вазъи норасонии кадрии соҳаи тиб дар Тоҷикистон дар қиёс ба соли қаблӣ беҳтар шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 12-уми феврал Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Абдуллозода, норасоии кадрӣ дар вилояти Хатлон 748 табиб, дар вилояти Суғд 545 табиб ва 55 ҳамшираи тиб, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 361 табиб ва 151 ҳамшираи тиб ва дар ВМКБ 23 табиб ва 7 ҳамшираи тиб намерасад.

Вай мегӯяд, пештар ин соҳа беш аз 4 ҳазор норасоии кадрӣ дошт, вале ҳоло ин омор ба 2391 корманди миёнаи тиб расидааст. Ҳоло 91% воҳидҳои кории соҳаи тиб банд аст, ба гуфтаи ӯ, фақат 9% ҷойи кории холӣ вуҷуд дорад. Аммо ҳамшираҳои тиб 99% банд аст.

Абдуллозода мегӯяд, норасоии тақрибан 2 ҳазору 400 кадри тиббӣ чандон мушкили ҷиддӣ ба шумор намеравад, зеро ба гуфтаи ӯ, танҳо соли гузашта тақрибан 14 ҳазору 800 донишҷӯ аз колеҷҳои тиббӣ ва 2348 нафар аз донишгоҳҳои тиббии кишвар фориғу таҳсил шудаанд, ки агар инҳо ба машғул шаванд дигар мушкилӣ кадрӣ дар ин соҳа пурра бартараф мешавад.

Сабаби норасоии кадриро вазири тандурустӣ ба пиронсол шудани табибон марбут дониста, инчунин афзуд, ки яке аз сабабҳои дигари ин мушкилӣ дар давраи пандемияи COVID-19 иваз кардаеи ихтисосҳояшон будааст.

Абдуллозада мегӯяд, соли гузашта 274 табиб корро тарк карда, ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, дар ҳоле, ки ин омор соли гузашта 457 нафар буд. Ӯ гуфт, аз хориҷи кишвар 119 табиб ва 113 ҳамшираи тиб баргашта дар бемористонҳо кор мекунанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳоле аз беҳбуд ёфтани вазъи норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ мегӯяд, ки моҳи августи соли 2023 дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд, “айни замон дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон 2 ҳазору 298 табиб ва 575 нафар ҳамшираҳои тиб намерасанд.”

Омори имрӯз пешниҳоднамудаи ӯ аз 6 моҳи пеш нишон медиҳад, ки наздики 100 нафар норасоии кадрӣ дар соҳаи тиб бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол як таҳқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар моҳҳои октябр ва ноябри соли 2023 дар соҳаи тандурустии кишвар гузаронида шуд, нишон дода, ки сатҳи фасод дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон хеле зиёд аст ва он дар ҳоли афзоиш аст.

Дар он таҳқиқон гуфта мешавад, ки фасоду ришвар дар ин соҳа “бо дастури мақомоти болоӣ рух медиҳад”. Ин омил боиси тарки соҳа намудан ё ба муҳоҷират рафтани табибон мегардад. Вале Абдуллозода вуҷуди фасодро дар ин соҳа рад мекунад.