16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 24

Аҳолӣ аз барқ қарздор аст ё кормандони барқ изофанависӣ мекунанд?

0
Коллажи-Asia-Plus

Тибқи иттилои ахири Агентии назорат дар соҳаи энергетика, дар камтар аз як сол ҳудуди 3 ҳазор шаҳрванд барои барқдуздӣ ҷарима шуда, инчунин 94 иллион сомонӣ изофанависии барқ ошкор шудааст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти Агентии назорат дар соҳаи энергетика гузориш дод, ки шахсоне, ки дар қонуншиканиҳои соҳаи барқ даст доштанд, беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, дар давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ, “танҳо аз ҷониби Агентӣ зиёда аз 2 ҳазор ҳолати қоидавайронкунӣ дар истифодаи нерӯи барқ ошкор гардид, ки зарари расида 134 миллион киловатт-соат ба маблағи беш аз 158 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар пайи ин 3 ҳазор парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ шуда, дар умум ба маблағи 1 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст”.

Бар асоси ин гузориш, Агентӣ иқрор шуда, ки дар муддати 10 моҳи соли ҷорӣ бар иловаи фош шудани барқдуздии аҳолӣ, изофанависӣ аз ҷониби кормандони соҳаи барқ низ ошкор шудааст.

Мақомоти соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ҳамеша иддао мекунанд, ки аҳолии кишвар аз барқ қарздоранд ва пули барқро пардохт намекунанд. Дар ҳоле, ки Агентии назорат дар соҳаи энергетика ошкор мегӯяд, танҳо давоми 10 моҳи гузашта аз ҷониби масъулини Шабакаҳои тақсимоти барқ 282 миллион киловатт-соат барқ ба маблағи 94 миллион сомонӣ изофанависӣ сурат гирифтааст. Ва аксари ин изофанавсиҳои нерӯи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ анҷом шудааст.

Моқомти Тоҷикистон чанде пеш ҷазо барои қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, аз ҷумла дуздии онро сахттар карданд. Ҳоло барои напардохтани маблағи барқи истифодашуда ва ё дуздии он аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Тибқи гуфтаи худи масъулони соҳа, дар давоми камтар аз як сол 3 ҳазор парвандаи маъмурӣ барои сокинон, ки ба қонуншиканӣ дар соҳаи барқ муттаҳам мешаванд, боз шудааст, аммо то ҳол мақомот ошкор нагуфтаанд, ки барои он маъмурони барқ, ки ба изофанавсӣ машғуланд ва ё корхонаҳои бузурге, ки марбути шахсони маъруфанд ва пули барқро намедиҳанд, парвандае боз шудааст ё на.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯзҳо аҳолии кишвар аз бебарқии шадид, ки ҳатто дар як шабонарӯз ба 2 ё 3 соат мерасад, ранҷ мекашанд. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди такрор ба такрор гуфтани Эмомалӣ, ки “бебарқӣ афсона мешавад”, то рафт сол ба сол барқро камтар медиҳанд. Соли ҷорӣ, ҳатто дар тобистон ҳам дар баъзе навоҳӣ барқ чанд муддате қатъ шуда буд.

Гумонбари ҳамлаи мусаллаҳона дар Вашингтон як муҳоҷир будааст

0

Шоми 26-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Вошингтони Амрико, наздик ба Кохи Сафед ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа ду узви Гвардияи миллии ИМА захмӣ шуданд.

Бар асоси гузориши The Washington Post, ҳамла чанд қадам дуртар аз Кохи Сафед рух дода, ҳар ду сарбози Гвардияи миллӣ дар ҳолати хеле вазнин ба беморхона интиқол ёфтанд. Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, гумонбар як марди 29-солаи шаҳрванди Афғонистон бо номи Раҳмануллоҳ Лаканвол буда, ки баъди тирпарронӣ боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, муҳоҷими боздоштшуда Раҳмонуллоҳ Лакнавол пеш аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон дар як пойгоҳи низомии таҳти ҳимояти Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) дар Қандаҳор ҳамкорӣ мекард.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки ин мард чор сол пеш дар давраи суқути Кобул ва расидани Толибон ба қудрат, дар чорчӯби амалиёти махсуси хориҷ кардани муттаҳидон ба ИМА интиқол ёфта буд. Ӯ то ҳодиса дар иёлати Вашингтон мезист ва мақоми паноҳандагӣ дошт.

Ба навиштаи Fox News, мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ҳамла “ҳадафмандона” анҷом шудааст ва гумонбар танҳо амал кардааст. ФБР ҳодисаро ҳамчун як амали эҳтимолии террористӣ таҳқиқ мекунад.

Рӯзи ҳамла, президенти ИМА Доналд Трамп миллияти гумонбарро тасдиқ карда, дар изҳороти шомгоҳияш гуфт, ки Лаканвол дар давраи маъмурияти Ҷо Байден ба ИМА роҳ ёфта буд. Трамп ин ҳамларо “иқдомоти шарурона аз сари нафрат ва террор” унвон кард.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса ба сиёсатҳои муҳоҷиратии Амрико эҳтимол таъсир мегузорад. Ба иттилои расонаҳо, Иёлоти Муттаҳида аллакай қабул ва баррасии тамоми дархостҳои муҳоҷиратии шаҳрвандони Афғонистонро муваққатан боздоштааст, то протоколҳои амниятиро аз нав баррасӣ кунад.

Ҳукумат то соли 2030 нақшаи энергетикӣ мекашад, вале мардум то ҳол барқ надоранд

0

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатияш рушди соҳаи энергетикаро баррасӣ кард, дар ҳоле, ки камбуди нерӯи барқ барои аҳолӣ ҳамоно ҳалнашуда боқӣ мемонад.

25-уми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он нақшаҳои “калон” дар соҳаи энергетика барои солҳои 2026–2030 пешниҳод гардиданд.

Вазири энергетика Далер Ҷумъа хабар дод, ки то соли 2030 Ҳукумат қасд дорад то беш аз 5 ҳазор МВт иқтидори тавлиди барқро аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обии нав ва бо азнавсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда, инчунин бо барқарор кардани иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот ва аз ҳисоби энергияи офтоб зиёд кунад.

Раҳмонов дар ин нишаст дастур додааст, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар омӯхта шавад.

Ҳамчунин Тоҷикистон дар ин муддат нақша дорад, ки сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқро 3 дарсад, сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқро то 9 дарсад ва содироти нерӯи барқро ба 5 миллард киловат соат расонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи оморҳои расмӣ, ҳоло Тоҷикистон солона ҳудиди 2,5 млрд киловат соат барқ ба хориҷ аз кишвар, аз ҷумла ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содир мекунад.

Раҳмонов мисли ҳамеша гуфтааст, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад, вале аз мушкили норасоии барқ дар кишвар ва рафъи он чизе нагуфтааст. Ҳамзамон Ҳукумат мехоҳад ҷавобгарии ҷиноятиро барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, аз ҷумла барои майнинги криптовалюта, пурзӯр намояд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон сахттар кардани ҷазо ва ҷарима бастани аҳолӣ аз ҳалли мушкилоти инфрасохторӣ ва таҷдиди шабакаҳо дида ба назари ҳукуматдорон авлавият дорад. Бар ҷое ин ки аввал мушкилро рафъ кунанд ва баъд ҷинояткорро танбеҳ диҳанд, аммо баракс, мушкил ҳал нашудааст, вале барои сахттар кардани ҷазо чора меандешанд.

Чанде пеш дар Тоҷикистон қонунеро қабул карданд, ки тибқи он сокинон барои истифодаи “ғайриқонунӣ” ва “напардохтани пули нерӯи барқ” аз 27000 то 90000 сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндон маҳкум мешаванд. Ва боз мехоҳанд ин қонунро сахттар кунанд.

Ба гуфтаи коршиносони мустақил, мақомот боз ҳам таваҷҷуҳро ба нақшаҳои дарозмуддат ва нишондиҳандаҳои содиротӣ равона карда истодаанд, дар ҳоле, ки худи кишвар ҳар сол дар фасли тирамоҳу зимистон ва баъзе ҳолатҳо дар тобистону баҳор бо норасоии барқ рӯбарӯ мешавад. Дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар сокинон танҳо 3-4 соат дар як шабонарӯз барқ доранд, ки ин ҳолат зиндагии мардумро хеле вазнин кардааст. Ва аз барномаи рушди соҳаи энергетикаи кишвар ҳам маълум шуд, ки мушкили лимити барқ дар кишвар ба ин зудиҳо ҳал нахоҳад шуд.

Русия 60 ҳазор патенти муҳоҷиронро бекор кард

0

Вазорати корҳои дохилии Русия эълом кард, ки танҳо дар давраи гузашта тақрибан 60 ҳазор иҷозатномаи кор (патент)–и муҳоҷирони кориро беэътибор донистааст. Ба гуфтаи масъулони амниятии Русия, сабаби асосии ин иқдом риоя нашудани қоидаи нави сабти кор аз ҷониби муҳоҷирон мебошад.

Александр Гребёнкин, муовини котиби Шӯрои амнияти Русия изҳор доштааст, ки аз моҳи январи соли 2024 муҳоҷирон уҳдадоранд то ду моҳ пас аз гирифтани патент, гурӯҳҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилиро аз ба кор қабул шудан ё ивази ҷойи кори худ огоҳ намоянд.

“Дар сурати иҷро нашудани ин талабот, патент беэътибор ҳисобида мешавад ва дигар ҳамчун асос барои иқомат дар Русия истифода шуда наметавонад”, – гуфтааст  Александр Гребёнкин дар суҳбат бо Российская газета.

Ба гуфтаи Гребёнкин, ба Вазорати корҳои дохилӣ «ҳаққи қабули қарор дар бораи ихроҷи ҳарчи зудтар»-и муҳоҷироне дода шудааст, ки аз огоҳ кардани мақомот худдорӣ мекунанд. Ин ниҳод инчунин уҳдадор шудааст, ки дар бораи чунин ашхос маълумоти зарурӣ ҷамъ оварда, «аз воситаҳои муосири мониторинги электронӣ» истифода намояд.

Бояд зикр кард, ки аз 1-уми январи соли 2026 нархи патент дар аксар минтақаҳои Русия боло бурда мешавад. Дар умум, пардохти моҳонаи муҳоҷирон аз 8 900 рубл ба 10 000 рубл афзоиш меёбад.

Дар бархе минтақаҳо ин афзоиш назаррас буда, аз ҷумла дар Вилояти Тюмен: аз 9 385 → 11 471 рубл, Камчатка: аз 9 000 → 13 800 рубл ва Вилояти Иркутск: ба 12 000 рубл мерасад.

Мақомот ин тасмимро бо болоравии хароҷот ва зарурати «танзими вазъи меҳнатии хориҷиён» тавҷеҳ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, ки қатъ шудани даҳҳо ҳазор патент метавонад ба садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ, хусусан аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон таъсири ҷиддӣ расонад. Бисёре аз муҳоҷирон мегӯянд, ки қоидаҳои нав ва болоравии нарх барои онҳо ҳам аз ҷиҳати молӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ мушкилоти тоза ба вуҷуд меорад.

Раҳмонов ба Қирғизистон рафт

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми ноябр барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ба Қирғизистон сафар кард.

Дар ин сафар Раҳмоновро вазири корҳои хориҷӣ, ёвараш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомдорон ҳамроҳӣ доранд.

Гуфта мешавад, нишасти СПАД 27-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад ва дар он тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст сарони кишварҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон ниш ширкат хоҳанд кард. 

СПАД як созмони ҳарбии минтақаии зери нуфузи Русия буда, бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ соли 1992 таъсис шудааст, аммо дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Узбекистону Гурҷистон берун шуданд ва тақдири Арманистон низ дар ин созмон норӯшан боқӣ мондааст. Аз соли 2024 сарвазири ин кишвар Никол Пашинян узвияти Арманистонро дар СПАД мутаввақиф кардааст.

Орд дар Тоҷикистон арзон мешавад?

0
C

Ҷумҳурии Қазоқистон содироти орду гандум ба Тоҷикистонро нисбат ба солҳои қаблӣ 4 баробар бештар кардааст. Дар ин бора АПК Новости аз Вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар медиҳад.

Аз Вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфтаанд, ки содироти гандуми босифати Қазоқистон ба Тоҷикистонро ҳоло 1,5 афзоиш дода шудааст ва қарор аст содироти он то 4 баробар нисбат ба солҳои қабл расонида шавад.

Гуфта мешавад, ин маълумот дар ҷараёни вохӯрии вазирони кишоварзии Қазоқистон ва Тоҷикистон садо дод. Роҳбарони ниҳодҳои кишоварзӣ тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ миёни ду давлатро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, ки тибқи натиҷаҳои нуҳ моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши дуҷонибаи тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ байни давлатҳо ба 103 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5% афзоиш ёфтааст. Хусусан содироти маҳсулоти аграрӣ ба таври назаррас зиёд шуда, тақрибан 70 миллион долларро ташкил додааст.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, аз ин гардиши молу колои тиҷоратие, ки байни ду кишвар сурат гирифта, содироти ғалладона аз ҳама бештар будааст. Таъуид мешавад, ки Қазоқистон содироти гандуми босифатро ба Тоҷикистон 1,5 баробар ва содироти ордро 4 баробар афзун намудааст.

Ҳамчунин ниҳоди давлатии Қазоқистон иттилоъ дод, ки интиқоли равғани офтобпараст ба Тоҷикистон аз сар гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасте аз он шикоят кард, ки тағйирёбии иқтлим ва беборониҳо ба соҳаи кишоварзии кишвар зарба зада, сабаб шуда, ки маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли гандум дар кишвар то 50% коҳиш ёбад.

Ҳоло маълум нест, бо афзоиши воридоти гандуму орд аз Қазоқистон ба Тоҷикистон нархи ин маҳсуоти ниёзи аввал дар бозорҳо арзон мешавад ё на. Қаблан сокинон аз гароншавии орду равған ва дигар хӯроквориҳо шикоят карда буданд.

Зулайхо Маҳмадшоева овозхони шинохата аз кормандони андоз шикоят кард

0

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхон ва соҳибкор, дар саҳифаи Instagram-и худ аз рафтори баъзе намояндагони ниҳодҳои андоз интиқод кардааст.

Ин сароянда изҳор доштааст, ки соҳибкорон андозҳоро ҳамеша сари вақт месупоранд, аммо бо вуҷуди ин, бархе намояндаҳои ин сохтор бо айбҷӯӣ ва санҷишҳои бемаврид ба фаъолияти онҳо халал мерасонанд.

Маҳмадшоева дар паёмаш чунин навиштааст: “Мо соҳибкорон андозро ҳамеша сари вақт месупорем, лекин намефаҳмам барои чӣ боз баъзе намояндаҳо айбҷӯӣ мекунанд ва ором намегузоранд. Илтимос, каме имконият диҳед, то мардум тавонад бо осоиш кору фаъолияташро идома диҳад. Мо низ мехоҳем бо дили гарм кор кунем, на бо тарсу ноумедӣ.”

Ин интиқод боиси вокунишҳои васеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, баҳсҳо дар бораи вуҷуди фасод ва фишорҳои аз ҳад зиёди мақомоти андозро дубора ба миён овардааст. Бисёре аз соҳибкорон мегӯянд, ки бо вуҷуди супоридани мунтазами андоз, кормандони андоз онҳоро дар як моҳ чандин маротиба таҳти санҷиш қарор медиҳанд ва бо баҳонаҳои гуногун фишор меоранд.

Яке аз ин соҳибкорон Амирҳамза, сокини ноҳияи Восеъ, таҷрибаи шахсии худро дар сафҳаи Фейбуки “Хостаҳо” чунин нақл кардааст:
“Дар Душанбе дӯкони моҳипазӣ кушодам. Ҳар рӯз аз ин идораву он идора омада пул мепурсиданд, дар ҳоле ки ман андозро сари вақт медодам. Агар гап мезадам, таҳдид мекарданд: “Даҳанта ҷамъ кун, дӯконта намебандем?”. Моҳиро бепул мебурданд. Аз ин фишорҳо гурехтам: аввал ба Туркия, баъд ба Амрико рафтам”.

Гуфта мешавад, пас аз нашри ёдошти Зулайхо, намояндагони мақомот ба ӯ тамос гирифта, хоҳиш намудаанд, ки паёмашро аз сафҳааш тоза кунад. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо ба ӯ ваъда додаанд, ки дар сурати пок кардани паём, дигар ба кори ӯ дахолат нахоҳанд кард ва аз санҷишҳои беасос худдорӣ менамоянд.

То баҳол ягон ниҳоди давллати аз ҷумла кумитаи андоз ба ин шикояти овозхон расман вокуниш накарданд.

Шикояти сароянда дар мавриди фишори кормандони андозу ҷаримаҳои беасос дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаи гузашта Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷети давлат 415 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Гуфта мешавад, танҳо аз ин манбаъ ҳар рӯз ҳудуди 1,5 миллион сомонӣ ба буҷети кишвар ворид мешавад. Манбаъ ҳамчунин хабар дода буд, ки иҷро нақшаи даромад аз ҳисоби ҷаримаҳо ба 147,7% расидааст.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки фишори кормандони андоз ва дигар ниҳодҳои марбута бештар барои пулкоркунии шахсии худашон аст ва ин ҷаримабандиҳо болои соҳибкорон вазъи иқтисодии кишварро бадттар хоҳад кард. Ба гуфтаи онҳо, дар ин рӯзҳо вазъи молии қисми зиёди аҳолии кишвар хуб нест, садҳо ҳазор шаҳрванд дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, то тавонанд хароҷоти оилаи худро таъмин кунанд. Дар баробари ин, нархи маҳсулоти хӯрока, маводи ниёзи аввал ва хидматрасониҳо пайваста гарон мешавад, ки фишори иқтисодиро болои мардум боз ҳам зиёд мекунад.

Донишҷӯи Донишкадаи ҳарбиро кӣ кушт?

0

Як донишҷӯи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз тарафи шахсони номаълум кушта шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд наворе паҳн шудааст, ки дар онҳо зане гирякунон иддао мекунад, писараш, ки донишҷӯи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар буд, кушта шудааст.

Ин модар дар наворҳо мегӯяд, ки бо умед ягона писарашро ба ин донишкада дохил кардааст, то дар оянда дастгири хонавода бошаду дар мақомҳои баланд кор кунад, аммо бовар надошт, ки ӯро “хала”, яъне корд мезананду маҷбураш мекунанд, ки гӯяд “худам худамро бо корд задам”.

Ба нақли ин модар, рӯзи 28-ум (маълум нест кадом моҳ) вақте дар ҷойи кораш – беморхонаи сили Кӯлоб буд, ба ӯ муаллиме бо номи Муҳибулло занг мезанад ва мегӯяд, ки биёяд ва ӯ ба Душанбе меравад.

Дар идома ин модар бо гиря мегӯяд, ки вақте соати 4-5 ба Донишкадаи ҳарбӣ мерасад, писараш ӯро бо чашмони пур аз об сахт ба оғуш мегираду мегӯяд, ки “оча ёдат кардам”. Ин модар, ки дар наздашон ду муаллим буд аз писараш мепурсад, ки “бачам тенҷӣ асту бо касе ҷанг кардӣ?” Аммо ин донишҷӯ мегӯяд, ки на. Яке аз ин муаллимон ба ин модар гуфтааст, ки бачаат сахт дӯстат медоштаасту як гуноҳ кардааст, аммо нагуфтааст чӣ гуноҳе.

Пас аз ин модар писарашро гирифта ба хона меораду пас аз ду рӯз дубора аз ӯ мепурсад, ки оё воқеан худаш худро корд задааст? Ӯ мегиряду мегӯяд, ки “Оча, агар ман ҳама чизро гӯям, Шумо мераведу ҷанг мекунед, намегӯям”. Аммо модар гуфтааст, ки не бигӯ, ки боз бурда чизеро ба сарат наоранд ва ба иддаои модар, ки чунин ҳам шудааст.

Ин зан дар идомаи суҳбаташ, ки пароканда аст, илова мекунад, ки писараш рӯзи 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба хонаи бибии падариаш ба шаҳри Душанбе меравад ва дигар ба зангҳо ҷавоб намедиҳад. Ӯ ба хешовандон телефон карда аз писараш пурсон мешавад ва онҳо хабар доданд, ки “сумкаи”-и писараш дар хона аст, вале худи ӯ нест. Ба гуфтаи модар, вақте ба писараш пайи ҳам занг зад, ӯ ҷавоб додааст, ки дар наздикии хонаи бибияш аст, вале баъд аз он тамос қатъ шудааст.

Ва рӯзи 2-юми ноябр, ба гуфтаи модар, ба онҳо хабар доданд, ки ҷасади писарашро дар маҳаллаи 32-уми шаҳри Душанбе пайдо кардаанд ва онҳо рафта ҷасадро аз “морг” мегиранду оварда дар шаҳри Кӯлоб дафн мекунанд.

Ба гуфтаи ин зан, ба хонавода чанд фарзия пешниҳод карданд, ки гӯё писар худкушӣ кардааст ва дору хурдааст ё аз баландие «паридааст», аммо модар ин фарзияҳоро рад мекунад ва исрор меварзад, ки писарашро куштаанд ва талаб дорад, ки дубора қабри писарашро кананду озмоиш гузаронанд.

Дар яке аз видеоҳо ӯ либоси писарашро ҳам нишон медиҳаду мегӯяд, ки писарашро дар замин кашида-кашида куштаанд ва либосҳо пур аз хоку чанг ва баъзе ҷойҳояш канда шудаанд.

Ҳамчунин ин модар, ки писарашро аз даст додааст, ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, хостааст, ки дар тафтиши қазия дахолат карда, қотлони писараш ва онҳоеро, ки ӯро маҷбур кардаанд, ки то бигӯяд “худам худам”-ро корд задам, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаанд ва маълум нест, корд задани ин ҷавон дар Донишкадаи ҳарбӣ ва кушта шуданаш дар кӯча то куҷо бо ҳам рабт доранд. Ба Azda.tv ҳам муяссар нашуда, ки ҷузъиёти дигари ҳодисаро дарёфт кунад, аммо бо пайдо шудани он хабар такмил мешавад.

Бояд гуфт, бадрафторӣ бо сарбозон дар қисмҳои низомӣ, ки боиси фирори ҷавонон аз хидмат ва марги сарбозон ҳам гаштааст, борҳо расонаӣ шуда буд, аммо дар чанд соли охир ин бори аввал аст, ки аз корд задани ҷавоне дар Донишкадаи ҳарбӣ ва марги нобаҳангомаш дар кӯчаҳои пойтахт расонаӣ мешавад.

Дар марз бо Афғонистон қочоқбаронро бо “дрони тоҷикӣ” куштанд

0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз куштани ду қочоқбари афғон хабар дод.

Бино ба иттилои телевизиони давлатии Тоҷикистон, шаби 20-уми ноябри соли ҷорӣ, нерӯҳои КДАМ бо истифода аз “бесарнишинҳои сохти ватанӣ” ҳафт кочоқбарро пас аз убури марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ мавриди ҳамла қарор додаанд.

Дар натиҷаи ин ҳамла ду қочоқбар, Шероғо валади Аввалмир ва Ҷумъагул валади Ҳаким, зодагони вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон кушта шудаанд.

КДАМ дар бораи панҷ нафари дигар чизе нагуфтааст, аммо нерӯҳояш дар ҷойи ҳодиса “116 бастаи маводи мухаддирро дар панҷ халта” дарёфт ва мусодира кардаанд.

Дар ҳоле КДАМ бори аввал аз истифодаи “бесарнишинҳои сохти ватанӣ” хабар медиҳад, ки маълум нест ин дронҳо кай ва аз ҷониби кадом ширкат дар Тоҷикистон сохта шудаанд ва мақомоти кишвар ҳам то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, воридшавии маводи мухаддир ва задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар як соли охир афзудааст.

Танҳо дар давоми шаш моҳи аввали соли 2025 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 10 даргирии мусаллаҳона байни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон ба қайд гирифта шуда, чор қочоқбар кушта шудааст. Ва танҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон 1 тоннаву 692 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 54,4 дарсади ҳаҷми умумии мусодирашуда дар кишварро ташкил медиҳад.

Кушта шудани қочоқбарони навбатӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде пеш мақомдорони Толибон ба намояндагони Тоҷикистон дар Кобул масъалаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карда буданд. Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон иддао карда буд, ки онҳо бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон мубориза бурда истодаанд ва субот дар марзи муштарак нақши муҳиме дар амнияти ду кишвар дорад.

Писари президент бо иттиҳоми ташкили кудето боздошт шуд

0

Дар Қирғизистон писари президенти собиқи кишвар Алмазбек Атамбаев — Кадырбек Атамбаев, инчунин чанд шахси маъруфи сиёсӣ ва соҳибкорон боздошт шудаанд.

Тибқи иттилооти расонаҳои маҳаллӣ, бар зидди онҳо парванда оид ба ташкил ва барангехтани нооромиҳои оммавӣ боз шудааст. Ба гурӯҳи боздоштшудагон собиқ вакилон Эрмек Эрматов, Кубанычбек Кадыров ва соҳибкор Урмат Барыктабасов низ шомил мебошанд. Ҳамаи онҳо бо қарори додгоҳ то 17-уми январи соли 2026 ба боздоштгоҳи тафтишотӣ ирсол шудаанд.

Баъдан Кадырбек Атамбаев изҳор намуд, ки парвандаи ӯ ба моддаи вазнинтари Кодекси ҷиноятӣ гузаронида шудааст. Акнун ӯ бо иттиҳоми “Кӯшиши сарнагунсозии ҳокимият бо зӯр” айбдор мешавад.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ дода буд, ки як гурӯҳи харобкор мехостанд баъди интихоботи Жогорку Кенеш силсилаи эътирозҳо ва нооромиҳоро дар саросари кишвар ташкил намоянд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, гурӯҳ аз сиёсатмадорон, собиқ мансабдорон ва намояндагони сохторҳои қудратӣ иборат буда, барои амалисозии нақшаҳои худ тарафдорон, аз ҷумла гурӯҳҳои ҷиноии созмонёфта ва варзишгаронро ҷалб мекардааст.

Мақомот мегӯянд, ки дар нақшаи боздоштшудагон ташкили гирдиҳамоиҳои пайдарпай, паҳн намудани даъватҳои зиддиконститутсионӣ ва эҳтимоли ишғоли биноҳои давлатӣ, шабакаҳои телевизионӣ, муассисаҳои қудратӣ ва зиндонҳо ҷой дошт.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш як шаҳрванди дигари Қирғизистон низ бо гумони паҳн кардани даъватҳо ба нооромиҳои оммавӣ ва зӯран ғасб намудани ҳокимият дастгир шуда буд.

Аммо назари боздошшудаҳо ва ё наздикону вакилони дифоашон дар ин бора то ҳанӯз дастраси расонаҳо нашудааст ва маъулм нест, ки онҳо ба ин ҷурми эълоншуда бар зиддашон эъроф кардаанд ё на.