Хона блог саҳифа 242

Назарсанҷӣ: 85% сокинон зидди тахриби чойхонаи “Роҳат”

0

Натиҷаи як назарпурсӣ дар байни корбарони тоҷик муайян кард, ки 85 дарсади райъдиҳандаҳо хоҳони тахриб накардани чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Ин назарсанҷӣ имрӯз, 6-уми феврал дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки яке аз фаъолтарин гурӯҳҳои фейсбукии тоҷикӣ мебошад, гузаронида шудааст.

Дар ин назарсанҷӣ, ки то вақти омода кардани матлаб 476 нафар иштирок кардааст, 407 нафар, ки 85% овоздиҳандагонро дар бар мегирад, ҷонибдори онанд, ки чойхонаи “Роҳат” набояд тахриб карда шавад ва ҳамагӣ 15% аз раъйдиҳандагон гуфтаанд, ки “розӣ ҳастанд” чойхонаи “Роҳат” тахриб карда шавад.

Дар байни касоне, ки мегӯянд, ки ин чойхонаи машҳури пойтахт аз байн бурда шавад, сафи ҷонибдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст ва ба гуфтаи Алим Шерзамонов онҳо дар ин масъала аз “зиракии чиёсӣ” кор гирифтаанд.

Дар робита ба тарҳи тахриби чойхонаи “Роҳат”, ки ба гуфтаи мақомот, бар асоси нақшаи асосӣ ё ҳамон “генплан”-и Душанбе бояд тахриб карда шавад, вокунишҳои зиёде вуҷуд дорад. Корбаре ҳам бо номи Абдусамад Ҳабиб мегӯяд: “Ин бино барои кулли тоҷикони асил таърихию мондагор аст. Аз падару бобоёни мо ёдгорӣ ягона аст”. Ва хонум Санифа Идрис ҳам таъкид карда, ки ин чойхона “набояд аз байн бурда шавад.”

Ҳамзамон як корбари дигар бо номи Муртазоалӣ Муродов менависад: “Чойхонаи Роҳат як саҳифаи таърихи миллат аст, ҳам маҷмӯаи таърихӣ. Бо чойхонаи РОҲАТ чандин бузургони миллат алоқаманданд. Аз ҷумла М. Турсунзода, Лоиқ, Гулназар , А. Муҳаммадҷонов ва даҳҳову садҳои дигар. Чойхонаи Роҳат бо рушди Душанбе, бо номи Душанбе сахт алоқаманд аст. Онҳо радифи ҳамдигаранд. Фақат душмани халқи тоҷик ва таъриху тамаддуни он метавонад ин чойхонаро вайрон кунад. Ҳазорҳо тоҷикистонӣ хотирае аз Роҳат дорад. Он бояд ҳамчун бинои таърихӣ ҳифз шавад!”

Инчунин Абдуллоҳи Умариён гуфта, ки “ҳеҷ як бинои нав бо “шукӯҳу ҳашамати нав” ҷои “Роҳат”-ро гирифта наметавонад. Чойхонаи “Роҳат” шаҳодатномаи шаҳри Душанбест. Таърих аст. Ёдгорӣ аст. “Роҳат”-ро ба ҳоли худаш гузоред!”

Гуфта мешавад, 5-уми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар Низом Мирзозода дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз тахриби чойхонаи “Роҳат” пуштибонӣ карда гуфту буд: “Агар мо як чойхонаи дигар бо номи чойхонаи “Роҳат” созем, бо ҳамин меъморӣ, бо ҳамин нақшу нигори миллӣ ва аз ин зебову озода гардонем, чӣ зарар дорад? Магар хубтар нест? Бинои ҳукуматро ба истифода диҳем дар пасманзар (фон)-и ҳамон бино чойхонаи “Роҳат” чӣ хел мешавад? Сухан гуфтан ва эрод гирифтан осон аст, лекин дурандеш будан лозим аст.”

Боздошти директор бо муҳосиби “Сипар Ком”

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 5-уми феврали соли ҷорӣ аз боздошти директори ширкати “Сипар Ком” Саттаров А.У. ва сармусоҳиби ин ширкат Муминов Ҳ.Б. хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, ки раҳбарони ин ширкати хонасозӣ бо роҳи сохтакорӣ ва нодуруст нишон додани маълумоти корияшон аз супоридани андози давлатӣ сарпечӣ карда, даромади муфтро ба фоидаи шахсияшон масраф кардаанд.

“Чунончи, номбурдагон аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бар хилофи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани делоратсияҳои носаҳеҳ ба Нозироти андози ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъ ба маблағи 8 877 911 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 13 389 927 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намудаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонаашон ба давлат зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расониданд.“, омадааст дар хабари Агентӣ.

Бино ба иттилои Агентии зидди фасод, бар зидди Сатторов ва Муминов бо моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти парванда идома дорад.

Ин моддаи Қонуни ҷиноии кишвар барои муттаҳам аз 65,6 то 105 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё зиндонӣ шудан ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин андоза ҷазо пешбинӣ кардааст.

Аммо таҳқиқи Azda tv нишон дод, ки ҶДММ “Сипар Ком” аз 1-уми июли соли 2010 дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабти ном шудааст. Дар асноди расмӣ муассиси ин ширкат Хоҷаев Далер Фарухович ва директори он Ниязов Ҳайдаралӣ Сафарович гуфта мешавад. Ҳадаралӣ писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Сафар Ниязов аст. Ба номи ӯ ҳамчунин чанд ширкати дигар дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Бухоро 40, Варзрб 21 ва Варзоб 9 сабти ном шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки директори асосии ширкати “Сипар Ком” Сатторов аст, ки ҳоло боздошт шудааст ва ё то кунун худи Ниязов Ҳадаралӣ ҳамчун дирктори асосӣ боқӣ мондааст.

Боздошти зиёда аз 200 кг маводи мухаддир

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздоште гурӯҳе хабар додааст, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми беш аз 200 кг муттаҳам мешеванд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 6-уми феврали соли 2024, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориши видеоӣ аз боздошти гурӯҳе хабар дода, ки дар интиқоли 208 кг маводи нашъадор даст доштаанд.

Ба қавли манбаъ, дар вақти пайгирии раванди боздошти аъзои ин гурӯҳ аз мошини Иззатзода Умар Ҳурматулло як туфангча бо ду тирдон ва дар маҷмӯъ 72 тир низ дарёфт ва мусодира шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ Умар Иззатзодаи 39-соларо дар ин гузориш ба он муттаҳам мекунад, ки вай дар ҳамкорӣ бо бархе қочоқбарони маводи мухаддири Афғонистон маводи мухаддирро ба Тоҷикистон интиқол дода, онҳоро тариқи паёмрасонҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар паҳн мекардааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Умар Иззатзода, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аст. Вай дар ҳамкорӣ бо дӯстонаш аз Афғонистон маводи нашъадорро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид карда, сипас бо дигар аъзои гурӯҳ онро дар байни мардум паҳн мекардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз боздошти ин гурӯҳ хабар додааст, ки моҳи январи соли ҷорӣ Эмомаӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳама раҳбарони мақомоти қудратӣ ва интизомии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро ба анҷоми ҷиноятҳои мухталиф муттаҳам карда, аз визафа барканор карда буд.

Гуфта мешавад, нигоҳубин, ҳифозат ва назорати сарҳадоти давлатии кишвар ба уҳдаи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо раҳбарии Саймумин Ятимов аст. Саймумин Ятимов зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин қочоқбарону паҳнкунандаҳои маводи мухаддир, ки дар ҳафтаи авввали моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шудаанд, маводи мухадирро аз Афғонистон ба ноҳияи Фархор ва сипас ба ноҳияи Данғара интиқол дода, баъд аз он дар дигар минтақаҳои кишвар паҳн мекардаанд.

Чойхонаи “Роҳат” тахриб мешавад?

0

Ба эҳтимоли зиёд яке аз қадимтарин биноҳои шаҳри Душанбе маъруф ба чойхонаи “Роҳат” тахриб мешавад.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар Низом Мирзозода 5-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз тахриби чойхонаи “Роҳат” пуштибонӣ карда, гуфтааст, ки ба монанди он иншооти нав сохта шавад.

Мирзозода дар суҳбат бо рӯзноманигорон аз чойхонаи “Наврӯз” мисол оварда, пурсидааст, ки он чӣ камбуд дорад? Инчунин ӯ гуфтааст, ки ин чойхонаи “Наврӯз” дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой муъҷизаи меъморӣ эълон шудааст.

“Агар мо як чойхонаи дигар бо номи чойхонаи “Роҳат” созем, бо ҳамин меъморӣ, бо ҳамин нақшу нигори миллӣ ва аз ин зебову озода гардонем, чӣ зарар дорад? Магар хубтар нест? Бинои ҳукуматро ба истифода диҳем дар пасманзар (фон)-и ҳамон бино чойхонаи “Роҳат” чӣ хел мешавад? Сухан гуфтан ва эрод гирифтан осон аст, лекин дурандеш будан лозим аст” – гуфтааст раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар дар ҳоле аз тахриби яке аз қадимтарин биноҳои кишвар пуштибонӣ карда, ки раиси пешинаи ин кумита Маҳмадсаид Зувайдзода 21-уми июли соли 2022 дар нишасти хабарие гуфта буд, ки мувофиқи “Нақшаи умумии бозсозии шаҳри Душанбе” тахриби чойхона дар назар нест.

Бояд гуфт, баҳси вайрон кардан ё мондани чойхонаи “Роҳат”, ки соли 1958 сохта шудааст, ҳадди ақал ҳафт сол боз идома дорад ва мақомот то ҳол таърихи мушаххаси тахриби онро эълон намекунанд.

Тахриби осори боқимонда аз замони Тоҷикистони Шӯравӣ тайи даҳ соли ахир суръати бештаре касб карда, мақомот то ҳол чанд бинои қадимии Душанбе, ба мисли биноҳои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, Театри ба номи “Маяковский” ва Кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.

Дар пайи аз нав сохтани бинои ҳукумати Тоҷикистон як қисмати чойхонаи “Роҳат” тахриб шуд, аммо қисмати асосии он ҳанӯз боқӣ мондааст ва ба эҳтимоли зиёд Театри ба номи “Абулқосим Лоҳутӣ” низ дар оянда тахриб мешавад.

Инчунин чанде пеш дар шаҳри Душанбе кӯчондани ёдгории меъмории маъруф ба номи “Танка” ба “Боғи Ғалаба” оғоз ёфт.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳукумат талош дорад, ки тамоми осор ва нишонаҳои таърихиро аз шаҳри Душанбе аз байн барад ва ба ин тариқ ба наслҳои баъдӣ нишон диҳад, ки бунёдгузори Душанбеи навин Эмомалӣ Раҳмон аст.

Туркия ба Миср паҳподҳои пешрафтаи ҷангӣ мефурӯшад

0

Раисҷумҳури Туркия баъди зиёда аз 10 сол бо сафари расмӣ ба Миср рафта, чандин қарордоҳоеро бо ҳамтои мисрияш имзо хоҳанд кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, 14-уми феврали соли 2024 раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Миср сафар мекунад. Пеш аз ин сафар Анқара барои фурӯши паҳподҳои пешрафтаи ҷангии сохти Туркия ба Миср мувофиқат кардааст.

Равобити Анқара ва Қоҳира ба муддати даҳ сол сард буд. Барои созиш кардани ин ду кишвар нақши Қатар хеле назаррас буд. Ба расми ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол соли 2022 Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо Абдулфаттоҳ Сисӣ дар Қатар мулоқот карда буданд.

Аммо аз замоне ки ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар моҳи октябри соли гузашта оғоз шуд ва ин ҷанг то ҳол идома дорад, равобити Туркия ва Миср ба хотири пайдо кардани роҳҳои кумак кардан ба мардуми Ғазза ва дигар фаластиниҳои Каронаи Бохтарии Фаластин наздиктар шудааст.

Гуфта мешавад, Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ҳадоворони Ихвонулмуслимин буда, баъди баркаронии марҳум Муҳаммад Мурсӣ, президенти собиқи Миср тавассути Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти феълии ин кишвар дар соли 2013 равобити ду кишвар тира гардида, ба муддати беш аз 10 сол Эрдуғон ва Сисӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар накарда буданд.

Насби зиёда аз 6000 “радар”-ҳои худкор

0
Radar speed control camera on the road

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки зиёда аз 6 ҳазор радар (суръатёб)-ҳои худкорро дар роҳҳои пойтахт насб кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, шаҳрдории пойтахт эълон кардааст, ки барои кам кардани сафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 6 ҳазор радарҳои худкорро насб хоҳад кард.

Ба қавли манбаъ, лоиҳаи ин радарҳои худкор, ки насби онҳо чанд вақт пештар дар ҳудуди шаҳри Душанбе оғоз шудааст, барномаи тоза ва ҷузъи “Шаҳри ҳушманд” мебошанд ва онҳо ба лоиҳаи “Шаҳри бехатар”-и пойтахт рабте надоранд.

Хабаргузории “Азия-Плус” дар истинод ба манобеи худ гуфтааст, ин радарҳо “19 намуди қоидавайронкуниҳои ҳаркат дар роҳро ба қайд мегиранд. Ин қоидавайронкуниҳо аз набастани тасмаи бехатарӣ, таваққуф дар роҳи дуввуму сеюм, баромадан ба самти муқобил, халал расонидан ба дигар воситаҳои нақлиёт, таваққуф дар назди истигоҳҳо, ки ба нақлиёти ҷамъиятӣ монеъ эҷод мекунанд ва ғайра, иборат аст. Ҳоло танҳо корҳои насби таҷҳизот идома дорад. Вақте ҳамаи камераҳо насб шуд, баъд ба фаъолият оғоз мекунад. Шояд корҳои насбу пайвасткунӣ як сол ё зиёдтарро дар бар гирад.”

Бархе мардум дар Тоҷикистон дар вокуниш ба хабари насби радарҳо мегӯянд, ки ин тарҳ барои такондани ҷайби ронандаҳои камбағал дар назар гирифта шудааст, на фарзандону пайвандони мансабдорон, ки ҳар хеле хоҳанд дар роҳҳои шаҳри Душанбе мошин меронанд ва бо як ишора аз масъулин мехоҳанд, ки ҷаримаҳои онҳоро аз низоми “Шаҳри бехтар” пок намоянд.

Гуфта мешавад, лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд”, яке аз лоиҳаҳои шаҳрдории Душанбе аст, ки чандин барномаҳо, аз ҷумлу насби радарҳои худкорро дар як вақт амалӣ мекунад. Аммо то замони таҳияи ин матлаб, “Шаҳри ҳушманд” дар сомонаи интернетии худ ба сурати муфассал дар бораи ҷузиёти барномаи насби радарҳо чизе нагуфтааст.

Ришваву фасод ва заминфурӯшии ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон

0

Масъулони Кумитаи идораи замин дар вилоятҳои Суғду Хатлон зимни нишастҳои матбуотияшон дар бораи ҷой доштани қонуншиканиҳои зиёд дар робита ба хариду фурӯши замин хабар доданд.

Раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон Диловар Паризода ба хабарнигорон гуфт, ки кормандони ниҳоди зери дасташ соли гузашта дар вилояти Хатлон дар майдони 3 ҳазору 321 гектар замин санҷиш гузарониданд, дар пайи он санҷиш 5 ҳазору 352 ҳолати қонуншикании дар робита ба хариду фурӯши замин ошкор гардидааст.

Диловар Пирзода мегӯяд, пас аз ошкор шудани ин миқдори қонуншиканиҳо беш аз 4 ҳазору 245 протакол ва қарор барои ҷарима бастани гумонбарон қабул карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаримаҳо дар маҷмуъ беш аз 2 миллиону 310 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Вале аз ин миқдор маблағи ҷарима то ҳол танҳо 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Ҳамзамон Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2-уми феврал низ дар нишасти матбуотияш аз мушкилоти замин ва ҷой доштани қонуншиканиҳо дар ин соҳа шикоятомез гуфт, ки “дар ноҳия як ваҷаб замин боқӣ намондааст, ҳамаро харида шахсӣ кардаанд.”

Салимзода мегӯяд, дар ноҳия заминҳои шахсии бекорхобида зиёде ҳастанд, ки соҳибонашон онҳоро шахсӣ кардаанд, вале умуман истифодаашон намебаранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳукумат тасмим гирифта, ки бархе чунин қитъаҳои заминро аз соҳибонашон гирифта ба ҳисоби ҳукумат бигузаронанд.

Шикояти масъулони шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон аз қонуншиканиҳо дар бораи заминфурӯшӣ дар ҳолест, ки ҳар сол даҳҳо мақомдор бо иттиҳоми ғайриқонунии хариду фурӯши замин боздошт мешавад, вале боз ҳам ин раванд идома дорад. Ба гуфтаи коршинсон, заминфурӯшону аснод тартиб медодагиҳо худи мақомот ҳастанд, ки бо гирифтани пора ва ё хешутаборбозӣ заминҳои зиёдеро дар ихтиёри дигарон мегузоранд, вале сокинони ниёзманд дарбадари мақомот барои як тикаи замин мегарданду солҳо навбат мепоянд боз ҳам чизе ҳосилашон намешавад.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришвар дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин тарзи муомиларо худи ҳамон мансабдор вақти гирифтани мансабаш дидааст, яъне мансабро бо додани пул харидааст ва ӯ низ ин корро идома хоҳад дод. Пас ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз имкон дур аст.

Раҳмон ба вазири корҳои хориҷии Қирғизистон чӣ гуфт?

0

Имрӯз, 5-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев дар Душанбе мулоқот кард.

Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад, зимни мулоқот бо Эмомалӣ дар робита ба масоили муносибатҳои ду кишвар ва дурнамои рушди он гуфтугӯ кардаанд.

Гуфта мешавад, баррасии масоили вобаста ба таъйин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар ва аз ҷумла, натиҷаҳои бадастомада аз музокироти охири ҳайатҳои байниҳукуматӣ меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо буд.

Дар ин дидор инчунин таъкид шуда, ки “давоми чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хати сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмуъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд.”

Дар мулоқоти Жээнбек Кулубаев бо Эмомлаӣ Раҳмон инчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дигар самтҳои ҳамкории байни ду давлат баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти навбатии гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ аз 30-уми январ то имрӯз, 5-уми феврал дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар ин дидори навбатӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа карданд. Аммо ин 3,71 км дар кадом минтақа аст ва бо кадом шартҳо мувофиқа шудааст, маълум нест.

Пеш аз ин, дар мулоқоти раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон,ки рӯзи 12-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуда буд, ҷонибҳо ба хабарнигорон гуфта буданд, ки “тақрибан 90 дарсади хати марзи муштарак байни ду кишвар муайян шудааст.”

Аз ҷумла, зикр гардида буд, ки хати марз дар Мақсат, Арқа ва Қулдун аз ҷониби Қирғизистон ва роҳи Хистеварз аз ҷониби Тоҷикистон, ки аз ҳама нуқтаҳои пурбаҳс ба ҳисоб мерафт, муайян шудааст. Ба гуфтаи онҳо, акнун гурӯҳҳои корӣ вазифадоранд, ки “ин қитъаҳоро аломатгузорӣ кунанд.”

Ду рӯз қабл аз ин мулоқоти раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан эълон карда буд, ки Тоҷикистону Қирғизистон то моҳи марти соли ҷорӣ ба мушкилоти марзии худ нукта хоҳанд гузошт.

Тоҷикистон аз идомаи мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 маҳрум шуд

0

Дар даври бозиҳои чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 Урдун бар Тоҷикистон пирӯз шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 2-юми феврали соли 2024 дастаи мунтахаби милли футболи Тоҷикистон бозиро бо мунтахби футболи Урдун бо ҳисоби 0:1 бохт.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври якуми бозӣ хеле хуб дар майдон медурахшид, бо вуҷуди он, довар ду маротиба 7 дақиқаӣ ба вақт изофа карда, вале бозӣ дар нимаи аввал мусовӣ анҷом шуд. Аммо дар нимаи дувум, дар дақиқаи 65-уми бозӣ ҳамлагари дастаи Урдун Абдуллоҳ Салим тавонист, тӯбро ба дарвозаи Тоҷикистон ворид кунад. Ва бозӣ то охир ба ҳисоби 0:1 ба фоидаи Урдун анҷом ёфт.

Пеш аз ин 28-уми январи соли ҷорӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҳаштякфиналии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабиро бо ҳисоби (1:1) 5:3 дар вақти пеналтӣ задан мағлуб карда, ба марҳилаи чоряфиналии ин бозиҳо роҳ ёфта буд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бори нахуст дар мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, тавонист дар майдонҳо бозии хеле хуб нишон бидиҳад ва хеле аз рақибони худро шикаст дода, то марҳилаи чорякфиналии ин бозиҳо роҳ ёбад.

Инчунин сармурабии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ алайҳи мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба расонаҳо гуфта буд, ки футболбозони тоҷик аз марҳилаи чоряниҳоӣ низ бо сарбаландӣ убур хоҳанд кард. Аммо ин дафъа мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозиро бохта, аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ

0

Эмомалӣ Раҳмон аксари сардорҳои раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро аз вазифа барканор ва атрофи вазирро аз “одамони худӣ” холӣ кард.

Бино ба иттилои ВКД, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генерал Шодӣ Ҳафиззодаро аз мақоми сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ (маъруф ба УБОП ё 6 отдел) озод карда, ба ҷойи ӯ Саидаҳтам Ҳотамзодаро сардори нави ин Раёсат таъйин кардааст.

Сабаби барканории Ҳафиззода ва ё ба дигар вазифа таъйин шуданаш то ҳол маълум нест. Бархе мегӯянд, ки ӯ аз пайвандони Рамазон Раҳимзода аст.

Шодӣ Ҳафиззода аз соли 2017 дар ин мақом кор мекард ва мухолифон борҳо ӯ ва раёсати зери раҳбарияшро барои боздошту шиканҷаи пайвандонашону дигарандешон танқид карда буданд.

Инчунин имрӯз, 2-уми феврали соли 2024 Президенти Тоҷикистон бо 25 нафар кадрҳои нав, ки ба вазифаи сардорҳои раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйин шудаанд, мулоқот кардааст.

Дар ҷамъи касоне, ки имрӯз ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафта буданд, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рустам Шафизода, сардорони ВКД дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон Сулаймон Абдуллоев ва Ҷамшед Шодизода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бохтар Олимҷон Бурҳониён, Кӯлоб Шералӣ Ҳайдарзода, ноҳияҳои Кушониён Зафар Саидзода, Дӯстӣ Камолиддин Иброҳимзода, Носири Хусрав Абдусаттор Юсуфзода ва ноҳияи Ёвон Манучеҳр Назарзода, сардорони раёсатҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, разведка, тиббӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқ, раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва нақлиёти вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон ҳузур доштанд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури амрҳое Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшоро ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, собиқ муовини вазир генерал майор Раҳмонзода Сайнахшро ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии ВКД ва Насуриён Пӯлод Асадуллоро низ ба вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии кишвар таъйин карда аст.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки чанде пеш бархе аз мухолифон иттилоъ дода буднд Эмомалӣ Раҳмон ғайриинтизор 8 нафар аз наздиктарин атрофиёни Рамазон Раҳимзодро аз вазифаҳояшон сабукдӯш кардааст, ки чор нафарашон рутбаи генералӣ доштаанд.

Гуфта мешавад, дар замони 32 соли ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳамасола ин анъана вуҷуд дорад, ки дар моҳҳои январ ва феврал тағйироти кадрӣ ва ё ба истилоҳ “ҷойивазкунии кадрҳо” сурат мегирад. Аммо мисли ин бор, ки якбора Эмомалӣ Раҳмон раҳбарони ниҳодҳои мақомоти қудратӣ дар минтақаи Кӯлоб ва 25 нафар аз сардорҳои раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии кишварро пайи ҳам аз кор пеш кунад, камсобиқа мебошад.