16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 247

Осиёи Марказӣ зиёда аз 120 ҳазор зиндонӣ дорад

0

Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаҳои мухталиф зиёда аз 120 ҳазор нафарро зиндонӣ кардаанд, ки дар байни онҳо чеҳраҳои сиёсӣ ва таъсиргузор дар ҷомеа кам нестанд.

Бино ба иттилои бахши дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳо дар Осиёи Марказӣ бо нашри як феҳрист мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зиндонҳои худ зиёда аз 120 ҳазор зиндонӣ доранд.

Ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир байни ин кишварҳои панҷгона, ки аз ҳама бештар зиндонӣ дорад, Қазоқистон бо доштани 35 ҳазор 228 нафар дар ҷои аввал меистад. Тибқи ҳисобҳои омории Сомзмони Милали Муттаҳид, айни замон Қазоқистон зиёда аз 19 миллиону 710 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Бар асоси ин ҷадвал кишвари Туркманистон бо доштани 35 ҳазор зиндонӣ ҷои дуюмро аз худ кардааст. Тибқи ҳисобҳои омории Сомзмони Милали Муттаҳид, айни замон Туркманистон беш аз 6 миллион ва 265,5 нафар аҳолӣ дорад.

Дар ин радабандӣ кишвари Узбекистон бо доштани 29 ҳазор зиндонӣ пас аз Туркманистон ва Қазоқистон мақоми сеюмро ишғол кардааст. Тибқи ҳисобҳои оморӣ, кишвари Узбекистон зиёда аз 35 миллион ва 22 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Кишвари Тоҷикистон бо доштани 14 ҳазор зиндонӣ дар ҷои чорум қарор дорад. Теъдоди аҳолии Тоҷикистон беш аз 10 миллион ва 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Дар ин феҳрист Қирғизистон ҳам бо доштани 7 ҳазору 633 нафар зиндонӣ дар зинаи 5-ум қарор дорад. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ин кишвар дар ҳоли ҳозир беш аз 6 миллион 860 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Гуфта мешавад, доштани 14 ҳазор зиндонӣ, ки дар байни онҳо зиндони сиёсӣ ва эътиқодӣ зиёд аст, барои кишваре чун Тоҷикистон, ки камтар аз 10 миллиону 202 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва ҳамзамон наздик ба 3 миллион нафар аз нерӯи зеҳнӣ ва кориаш дар муҳоҷират хориҷ аз Тоҷкиистон ба сар мебаранд, хеле нигаронкунанда аст. Ва агар ин феҳрист бар асоси ҳузури нерӯҳои фикрӣ ва корӣ дар дохили кишварҳо таҳия шавад, эҳтимол Тоҷикистон дар байни ин кишварҳо бо доштани 14 ҳазор зиндонӣ дар мақоми аввал қарор мегирад.

Гуфтугӯи мақомоти ҳамсоякишварҳо дар бораи масоили марзӣ

0

Мақомоти Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон 17-уми июли соли ҷорӣ мулоқоти сеҷониба доир карда, масоили марзиро меҳвари гуфтугӯи худ қарор додаанд.

Тавре имрӯз, 18-уми июл “Азия-Плюс” хабар дод, вохӯрии ҳайтҳои се кишвар дар вилояти Ботканди Қирғизистон сурат гирифтааст.

Музаффар Юнусзода, сухангӯи вилояти Суғд доир шудани ин мулоқотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, афзудааст, ки “17-уми июл, мулоқоти сеҷонибаи раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд -Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона – Хайрулло Бозоров дар шаҳри Чӯлпон-ота сурат гирифт.

Дар ин сафар Раҷаббой Аҳмадзодаро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздмарзӣ низ ҳамроҳӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳишоияи нишасти асосӣ фармондеҳони Нерӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон – генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршеев бо ҳам мулоқот кардаанд.

Як манбаи огоҳ аз ин мулоқот ба ин расона гуфта, ки “Онҳо сари масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд. Ҷузъияти ин мулоқот расман ироа намешавад”.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта, гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон музокираи навбатии худро дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар аз 3-юм то 9-уми июли соли ҷорӣ дар Қирғизистон гузарониданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тиқби нақша, қарор аст вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон баргузор бишавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарк доранд ва аз ин миқдор то кунун 300 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст. Аксари низоъҳои марзӣ низ дар ҳамин нуқтаҳои аломатгузоринашуда сар мезанад.

Эрон вориди бозори тандурустии Тоҷикистон шуданист

0

Мақомоти эронӣ мехоҳанд, ки дар наздиктарин фурсат бо ҷиддияти бештар вориди бозори тандурустӣ дар Тоҷикистон бишаванд ва саҳми худро аз ин бозор бигиранд.

Баҳром Айнулилоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишикии Эрон дар шаҳри Душанбе гуфт: “Ба зудӣ шуъбае аз Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад.”

Вазири эронӣ мегӯяд, қарор аст бо сармоягузории давлати Тоҷикистон як донишгоҳ таъсис дода шавад ва тамоми омӯзгорони он аз тарафи Эрон таъмин шавад.

Ба гуфтаи Айнулилоҳӣ, тайи ин сафар байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзишҳои пизишкии Эрон як тафоҳумномае ба имзо расидааст, ки бар асоси он Эрон метавонад ба Тоҷикистон бо қимати муносиб дору содир кунад.

Вай афзуд: “Бар асоси ин тафоҳумнома давлати Тоҷикистон бозори доруии Эронро ба расмият мешиносад ва аз ин пас бозори доруии хубе дар ин кишвар пеши рӯйи Эрон хоҳад буд.”

Эрон дар ҳоле бо ҷиддият дар бозори тандурустӣ ва ба хусус бозори доруии Тоҷикистон ворид шудан мехоҳад, ки дар ин самт аллакай кишварҳои Русия, Покистон ва Ҳиндустон мавқеи худро хеле мустаҳкам кардаанд. Саҳми аз ҳама зиёдтарро дар ин бозор ширкатҳои мансуб ба духтарон ва домодҳои Эмомалӣ зери даст доранд.

Гуфта мешавад, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзишҳои пизишкии Эрон дар раъси як ҳайати расмӣ 16-уми моҳи ҷорӣ вориди Тоҷикистон шуда ва 17-уми июли соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мулоқот кард.

Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, “дар мулоқот ҳамзамон Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустии ин кишвар, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.”

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

0

Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қатор амру фармонҳо муовинони Маркази исломшиносии вобастаи Президенти Тоҷикистонро тағйир дод.

Инчунин имрӯз, 18-уми июли соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо чанд фармонҳо судяҳои бархе шаҳру ноҳияҳои кишварро тағйир дода, ҳамзамон дар мувофиқа бо ӯ прокурорҳои баъзе шаҳру ноҳияҳо низ иваз карда шуданд.

Бар асоси як фармони Эмомалӣ Раҳмон, 10 судя, аз он ҷумла раисони судҳои шаҳри Душанбе ва шаҳри Кӯлоб, муовинони суди шаҳри Ваҳдат ва бархе шаҳру ноҳияҳо низ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойҳои худро бо якдигар иваз карданд.

Тибқи чор қарор раиси ҳукумат муовинони пешини вазири кишоварзии Тоҷикистонро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо муовинони нав таъйин кард.

Инчунин имрӯз Ваҳобзода Абдураҳмон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори Маркази исломшиносии вобастаи Президенти Тоҷикистон таъйин карда шуд. Ва Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил низ муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъйин карда шуд.

Худкушии як зан бо ду кӯдакаш дар шаҳри Ваҳдат

0

Як зан дар деҳаи Сорвои ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат худ ва ду кӯдаки хурдсолашро, ки яке 3-4-моҳа ва дуюмӣ 3-сола будаанд, ба дарё андохта, худкушӣ кард.

Як манбаъ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda TV наворе фиристод, ки дар он дида мешавад, аҳолии деҳаи Сорвои ҷамоати Ромит ҷасади беҷони занро аз об берун мебароранд.

Ҳамчунин дар навор дида мешавад, ки байни одамони зиёде, ки дар лаби дарё ҷамъ омада, доду фиғон доранд, занозанӣ сар мезанад ва сари яке аз онҳо бо санг кафонда мешавад. Зоҳиран, наздикони зан бо хонаводаи шавҳар даргир мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дирӯз, 17-уми июл рух дода, сокинон ҷасади занро пайдо карданд, аммо ҷасади тифли ширхораашро то ҳол наёфтаанд. Хушбахтона, духтараки 3-солаашро зинда пайдо кардаанд.

Манбаи Azda TV аз ин зан ва хонаводаи шавҳараш ном набурд, аммо ба гуфтаи ӯ, сабаби худкушии ин зан бо ду кӯдакаш муноқишаҳои хонаводагӣ будааст.

Ба сабаби муноқишаҳои хонаводагӣ, зан як маротиба қаҳр карда, ба хонаи падараш омода буд, вале падараш ӯро маҷбур ба хонаи шавҳараш бармегардонад. Аммо ин бор чун муноқиша сар мезанад, ба хонаи падараш нарафта, ду кӯдакашро мегираду меравад аз болои пули дарёи Кофарниҳон, ки дар наздикии деҳаи Сорво ҷойгир аст, аввал ду фарзандаш ва баъдан худашро ба поён меандозад.“, – мегӯяд манбаъ.

Мақомот то ҳанӯз дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд. Ва тафсилоти ин ҳодиса ба таври комил маълум нест. Ҳамчунин назари хонаводаи ин зан ва шавҳараш низ дастраси расонаҳо нагаштааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон занҳо аз сабаби мушкилоти хонаводагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Ду сол пеш як зан аз ноҳияи Рашт низ худ ва 3 фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта, худкушӣ карда буд.

Ба назари ҷомеашиносон ва таҳлилгарони тоҷик, ин падида дар Тоҷикистон ва кишварҳои қафомонда бештар аз шароити бади иқтисодии хонаводаҳо маншаъ мегирад. Инчунин рафтори хашину номуносиби хонаводаи шавҳар бо келин низ яке аз омилҳои асосии чунин худкушиҳо гуфта мешавад.

Сафари Президенти Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ

0

Бино ба иттилои расонаҳо, пагоҳ, 18-уми июли соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайат бо сафари дурӯза ба Арабистони Саудӣ меравад.

Президенти Тоҷикистон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири иштирок дар ду нишасти минтақавӣ иборат аз 18-умин нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва дувумӣ Нишасти Сарони кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, ки қарор аст 19-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шавад, даъват шудаанд.

Гуфтам мешавад, ин сафар бо даъвати расмии Шоҳ Салмон бин Абдулъазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ анҷом шуда ва интизор меравад, бо истифода аз ин сафари дурӯза ҳайтҳое ба зиёраи Хонаи Худо ҳам рафта, ибодати Умраро анҷом диҳанд.

Ба Арабистони Саудӣ сафар кардани Эмомалӣ Раҳмон ва Умра кардани ӯ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки чанде пеш Тоҷикистон дар радабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ яке аз кишварҳои ноозоди дунё шуморида шуда, дар масъалаи нақзи ҳуқуқи диндорон мавриди интиқод қарор гирифта буд. Тибқи гузоришҳои ин созмонҳо, мақомоти Тоҷикистон алаҳи диндорон, ба хусус занони ҳиҷобпӯшу мардони ришдор маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ карда, як фазои тарсеро дар байни ин қишри ҷомеа ба вуҷуд овардаанд. Ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон аз рафтани шаҳрвандон барои адои Умра дар моҳҳои Рамазон ва ғайри он интиқод кард ва гуфт, ки пеши ин роҳ гирифта шавад.

“Метавонӣ ба хона баргардиву ба иқтисоди кишвари худат кумак кунӣ”

0

Дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия овезаҳое дар деворҳо ва маконҳои умумӣ насб шуда, ки аз муҳоҷирон даъват мешавад Русияро тарк кунанд ва ба хонаҳояшон баргарданд.

Акси як овезаеро муҳоҷире аз шаҳри Новосибирск ба Azda.tv ирсол кард, ки дар он навишта шудааст: “Муҳоҷир, хабари хуш! Марзҳо бозанд. Ту метавонӣ ба хонаат баргардӣ ва ба иқтисодиёти кишварат кумак кунӣ!“.

Ин паём ё даъват асосан ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркменистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Гурҷистон, Арманистон ва Тоҷикистон нигаронида шудааст. Зеро дар ин овоза парчами ин кишварҳо ҷо дода шудааст.

То ҳол маълум нест ин иқдом дасти кори сокинони оддӣ аст ё мақомдорони рус.

Овезаҳо бо навиштаи даъват аз муҳоҷирон, ки ба хонаҳояшон баргарданд дар ҳоле дар баъзе аз кӯчаҳои Русия насб шудаанд, ки чанд вақти охир дар ин кишвар фазои муҳоҷир бадбинӣ ва тафтишу боздошти онҳо тавассути мақомоти амниятӣ авҷ гирифтааст.

Пештар аз ин даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Котелники дар чанд муроҷиати видеоӣ ба президенти Русия Владимир Путин аз “қонуншиканӣ” ва зиёд шудани муҳоҷирон дар ин шаҳр шикоят карда, хоста буданд, ки пеши роҳи вуруди муҳоҷиронро ба Русия бояд бигирад. 

Инчунин чанд вакили парлумон ва мақомдорони рус бар зидди муҳоҷирон изҳорот дода, хоста буданд, ки барои муҳоҷирон виза ҷорӣ шавад, вуруди онҳо ба кишвар манъ шавад ва ё ба ҷанг бурда шаванд. 

Баъд аз ин муроҷиатҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои Русия “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон оғоз шуд. 

То ин муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд. Инчунин, дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд ва аз ҷониби мақомоти рус нисбати онҳо таҳқир ва рафтори номуносиб сурат мегирад. 

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти амниятӣ ва интизомии Русия ба таври густарда алайҳи муҳоҷирон тафтишро оғоз када, ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро бозҷӯӣ намуда, шахсони асноддору беаснодро якҷоя боздошт мекунанд. Аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд ва ҳатто тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, муҳоҷирони боздоштшударо ба ҷанги Украина мефиристанд.

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав бо нашри изҳороте амали афсарони ОМОН-ро дар вақти “рейд”-ҳо “ваҳшиёна” номида, онро тафтиши таҳқиромез номид ва онро аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки ба амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд карда буд. 

Директор ба дуздии тақрибан 300 ҳазор сомнӣ муттаҳам шуд

0

Директори ширкати “Аҳмад Сохтмон” бо иттиҳоми ғайриқонунӣ соҳиб шудани наздики 300 ҳазор сомонии буҷети давлат муттаҳам ва алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тавре дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аҳмад Сохтмон” бо баҳонаи таъмиру сохтани “бинои шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272043 сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид.

Агентӣ бо ин иттиҳом бар зидди Назаров Хуршедҷон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Ба иттилои манбаъ, таҳқиқи парванда аллакай ба поён расида, он ба додгоҳ фиристода шудааст.

Моддаҳои ҷиноятие, ки Назаров мувофиқи онҳо муттаҳам мешавад, дар сурати исбот шудан ӯро ҷаримаи то 3 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё зиндонии аз 10 то 15 сол ва ҳатто бештар аз он ҳам интизор аст.

Ин бори аввал нест, ки мансабдорон бо иттиҳоми дуздии буҷети давлат боздошт ва ҳатто зиндонӣ мешаванд. Вале дар Тоҷикистон таҷрибаҳо нишон дода, ки дар аксар ҳолатҳо чунин шахсиятҳо бо дар миён даровардани шиносҳо ва ба қавле “тағаҳо” аз ҷиноятҳои сангин маоф мешаванд ва парвандаашон баста шуда ва ҳатто ба сари кори қаблияшон бармегарданд.

Аммо акси ин гурӯҳ, равшанфикрон ва мухолифони ҳукумат ҳатто бо иттиҳоми камтар аз ҳазор сомонӣ барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд. Чанде пеш шоҳиди он будем, ки алайҳи авдвакати зиндонии шинохта Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобӣ ва тасарруфи 42 ҳазору 500 сомнӣ, ки исботи худро наёфт, парванда боз шуд ва дар ниҳоят боз ба ҳукми зиндонаш беш аз 10 соли дигар афзуданд.

КҲФ аз омадани сел дар Тоҷикистон ҳушдор дод

0

Дар чанд рӯзи оянда дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар дамои ҳаво хеле гарм шуда, сатҳи оби рӯдхонаҳо боло меравад, ки ин эҳтимоли омадани селҳоро зиёд мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки “рӯзҳои 15-17-уми июли соли равон дар натиҷаи болоравии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон эҳтимоли зиёди баланд шудани сатҳи об вуҷуд дорад.”

Ҳамчунин дар хабарномаи КҲФ таъкид мегардад, ки дар ин рӯзҳо ба сабаби шиддати сахти гармо эҳтимоли об шудани пиряхҳо хеле зиёд аст.

Дар пайи эҳтимоли баланд шудани сатҳи обҳо дар рӯдхонаҳои кишвар ва ҷорӣ шудани селҳо, КҲФ аз сокинони хоста, ки “дар ин рӯзҳо ҳамнгоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан рияо намоянд.”

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар маслиҳат дода, ки “сайёҳон хати ҳаракати худро ба ин ё он гӯшаи кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд. Бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари баногаҳ омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.” 

Кумита ҳамчунин аз сокинони кишвар хоста, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ҷамъи ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ ва моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.  

Ҳамзамон дар хабари КҲФ аз аҳолии кишвар хоста шуда, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ “сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.”

Муроҷиати нави сокинони Котелники зидди муҳоҷирон

0

Сокинони шаҳри Котелникии вилояти Маскав дар муроҷиати навбатиашон ба Путин аз тафтиши нерӯҳои амниятӣ болои муҳоҷирон ҳимоят карда, хостаанд он идома ёбад. 

Гуфта мешавад, ин видео дар посух ба навори намозгузорони ин шаҳр, ки дар муроҷиате ба Путин аз рафтори хашин ва ғайриқонунии кормадони мақомоти амниятии Русия дар баробари намозгузорон шикоят карда, хоста буданд, ки аз таҳқири мусалмонон ҷилавгирӣ кунад, сабт шудааст. 

Дар навор сокинони Котелники ба ҳимояи мақомоти ҳифзи ҳуҳуқ бархоста, иддао доранд, ки тамоми амалҳои онҳо дар доираи қонун ва дар асоси аризаи шаҳрвандон сурат гирифтааст. 

Сокинони ин шаҳр иддао доранд, ки баръакс, муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Узбекистон ва Қирғистон, ки гӯё 80 дарсади намозгузоронро дар ин марказ ташкил медоданд, ҳангоми тафтиш муқовимат нишон доданд. 

Муроҷиаткунандагон дар ин навор аз Путин талаб доранд, ки мақомоти амниятӣ бояд тафтиши муҳоҷиронро идома диҳанд, чун дигар ин тавр зиндагӣ карда наметавонанд. 

Мо на Фаронса ҳастем, на Косово, ки онҷо бетартибиҳо идома доранд. Дар хонаи мо бояд тартибот бошад. Фарзандони мо бояд дар амон бошанд. Пеши роҳи вуруди муҳоҷирон ба кишварамон бояд гирифта шавад. Дар акси ҳол, таркиши иҷтимоӣ ба амал меояд. Чун онҳо аллакай ошкоро ба мо мегӯянд, ки мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунем, на шумо” – мегӯянд сокинони ин минтақа. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми июл дар шабакаи ютубии “Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав” наворе нашр шуд, дар он гурӯҳе аз намозгузорон дар бораи ҳодисаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта нақл мекунанд, ки он рӯз ҳангоми гузоштани намози ҷумъа гурӯҳе аз кормандони ОМОН вориди масҷид шуда, намозгузоронро таҳқир карда, бо рафтори дағалона талош карданд намозгузоронро пароканда кунанд.

Ба гуфтаи онҳо, кормандони ОМОН бо пойафзол вориди масҷид шуданд ва нисбати намозгузорон, ки аксарашон шаҳрвандони Русия мебошанд, аз нерӯ истифода карданд.

Намозгузорони ин масҷид аз Путин хостаанд, ки аз таҳқири мусалмонон ҷилавгирӣ кунанд ва нисбат ба вайронкунандагони қонун чораҳои сахт биандешад. 

Кирилл Кабанов, раиси Кумитаи миллии мубориза бо фасод дар шабакаи телеграми худ гуфтааст, ки пас аз муроҷиати намозгузорони Котелники сокинони маҳаллаи Южнийи ин шаҳр ба унвони раиси Кумитаи тафтишотӣ Александр Бастрикин бо дархости тафтиши ин муроҷиатҳо барои ифротгароӣ ва барангехтани адовати миллӣ, нома навиштаанд. 

Гуфта мешавад, пештар аз ин дар миёнаҳои моҳи майи соли ҷорӣ чанд тан аз сокинони шаҳри Котелники дар муроҷиати видеоие ба президенти Русия Владимир Путин аз “қонуншиканӣ” ва зиёд шудани муҳоҷирон дар ин шаҳр шикоят карда буданд. 

Инчунин, чанд вакили парлумон ва мақомдорони рус бо изҳоротҳои зидди муҳоҷирон баромад карда, хоста буданд барои муҳоҷирон виза ҷорӣ шавад, вуруди онҳо ба кишвар манъ шавад ё ба ҷанг бурда шаванд. 

Баъд аз ин муроҷиатҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои Русия “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон оғоз шуд. 

То ин муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд. Инчунин, дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд ва аз ҷониби мақомоти рус нисбати онҳо таҳқир ва рафтори номуносиб сурат мегирад. 

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, чи аснод дошта бошанд чи на, ҳамаро якҷоя боздошт мекунанд. Вале, ба гуфтаи муҳоҷирон, касе ҳуҷҷатҳои лозимаро дошта бошад, озод мекунанд, аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд ва ҳатто тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, муҳоҷирони боздоштшударо ба ҷанги Украина ҷалб кардаанд.

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав бо нашри изҳороте амали афсарони ОМОН-ро дар вақти “рейд”-ҳо “ваҳшиёна” номида, онро тафтиши таҳқиромез номид ва онро аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки ба амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд карда буд.