16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 25

Шикояти муҳоҷирон аз гаронии интиқоли бор аз хориҷ ба Тоҷикистн

0

Бархе муҳоҷирони тоҷики муқими Олмон аз он шикоят доранд, ки арзиши фиристодани бору коло ба Тоҷикистон гарон шудааст.

Як муҳоҷири тоҷик, ки номаш зикр намешавад, дар Олмон кору зиндагӣ мекунад, аз гароншавии нархи интиқоли бору коло ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ навишта, ки муҳоҷирон бо машаққат кор мекунанд ва кӯшиш доранд ба оилаҳои худ дар ватан кумак кунанд, аммо арзиши фиристодани бор ба таври ғайримунтазир гарон шудааст.


Ӯ мегӯяд “Мо дар Олмон бо азобу машаққат кор мекунем ва кӯшиш дорем, ки каме ҳам бошад ба оилаҳои худ дар Ватан кӯмак расонем. Аммо дар ин охирҳо нархҳои фиристодани бор хеле гарон шудаанд. Барои 1 килограмм — 10 евро. Чаро ин қадар гарон?

Ин муҳоҷир таъкид мекунад, ки қаблан фиристодани 1 килограмм бор ҳамагӣ 3–4 евро арзиш дошт ва ин нарх барои аксари муҳоҷирон қобили қабул буд. Ҳоло бошад, қимат ба 10 евро барои 1 килограмм расидааст, ки ба гуфтаи ӯ, барои бисёриҳо “ғайриинсофона ва вазнин” мебошад.

Бояд зикр кард, ки бисёре аз муҳоҷирон бору коло ва ё ҳадияҳои худро барои наздиконашон бештар ба воситаи муҳоҷирон, тоҷирон ё шахсони алоҳидае мефиристанд, ки зуд-зуд ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Онҳо камтар аз хидматрасонии ширкатҳои бузурги интиқоли бор истифода мебаранд

Ин шикоят дар ҳолест, ки арзиши интиқоли бор тавассути ширкатҳои бузурги расмии логистикӣ аз Олмон ба Тоҷикимтон арзонтар аст. Қимати интиқоли бор бо ин ширкатҳо барои як килло 7,5 евро муқарар шудааст .

Муҳоҷир аз касоне, ки ба боркашонӣ машғул ҳастанд, даъват мекунад, ки нисбат ба мушкили муҳоҷирон бетараф набошанд ва барои интиқоли бор ба Тоҷикистон “нархи оқилона ва дастрас” муқаррар намоянд, зеро аксар муҳоҷирон барои дарёфти ризқ ва ёрӣ ба хонаводаҳои худ ба ҳар евро ниёз доранд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон панҷ моҳ аст байни марзи Гурҷистону Русия дармондааст

0

Як шаҳрванди Тоҷикистон моҳи панҷум аст, ки дар минтақаи бетараф байни гузаргоҳҳои марзии “Верхний Ларс”-и Русия ва “Даряли”-и Гурҷистон дармонда, саргардон аст.

Бино ба иттилои “Radio Tavisupleba”, Алан Ғатсоеви 45-cолаи осенитабор, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад, бинобар вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷиратӣ ба Русия роҳ дода нашудааст ва кишвари Гурҷистон низ ба ӯ иҷозати вуруд надодаву бозпасаш гардондааст ва ҳамин тавр, ин мард байни ду кишвар дармондааст.

Гуфта мешавад, Ғатсоев панҷ моҳ аст, ки дар дохили автомашинаи вайроншудаи тамғаи “Audi” зиндагӣ дорад. Ва дар курсии қафои мошин хоб мераваду назди курсии мусофир плитаи газӣ монда, дар он хӯрок мепазад. Ӯ ғизоро асосан аз ронандагони мошинҳое мегирад, ки аз гузаргоҳ мегузаранд.

Вазъи саломатии ин шаҳрванди Тоҷикистон нигаронкунанда аст, зеро диабети қанд дорад ва пас аз сактаи дил ба ӯ “стент” гузоштаанд. Ба гуфтаи ин мард, тобистон шароит таҳаммулпазир буда, аммо бо сардиҳо вазъият барои саломатии ӯ хатарнок хоҳад шуд.

Ғатсоев падари шаш фарзанд буда, падару модараш дар Осетияи Шимолӣ дафн шудаанд ва хешовандонаш дар Владикавказ зиндагӣ мекунанд, аммо мақомоти Русия иҷозати вурудро ба ӯ намедиҳанд.

Ба иддаои Вазорати корҳои дохилии Осетияи Шимолӣ, Ғатсоев якчанд маротиба барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст ва ба Русия ворид шуданаш аз соли 2021 манъ шудааст. Соли 2025 ӯ кӯшиш карда, ин қарорро дар додгоҳ бекор кунад, аммо додгоҳ манъи вурудро “қонунӣ ва асоснок” эътироф намудааст.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон низ то ҳол сабаби роҳ надодани ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба хоки Гурҷистон шарҳ надодааст. Инчунин маълумоте дар бораи дахолати мақомоти Тоҷикистон дар ин қазия вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи шахсони огоҳ, Тоҷикистон дар Гурҷистон сафорат надорад ва танҳо консулгарии фахрии кишвар дар Батуми фаъол аст, ки вазъияти Алан Ғатсоевро боз ҳам душвортар мекунад.

Вазири тоҷик ба муовини додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ гуфт?

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Наҷот Шамим Хон, муовини додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКХ, мулоқот 19-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Брюссел баргузор гардидааст. Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ва тадорукот ба иҷлоси Ассамблеяи кишварҳои узви Статути Румро, ки қарор аст аз 1-ум то 6-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Ҳааги Подшоҳии Нидерланд баргузор гардад, баррасӣ кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҷузъиёти дигаре аз ин мулоқот надодааст ва маълум нест ба ҷуз масъалаҳои гуфташуда ҷонибҳо боз дар бораи чӣ гуфтугӯ кардаанд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини прокурори ДБҶ дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо созмони ғайриҳукуматии Хазинаи ихтиёриёни байналмилалии Украина (FUVI) ва созмони ҷамъиятии Озодӣ барои Авруосиё беш аз 60 парвандаи нақзи ҳуқуқи инсон, шиканҷа, таҷовуз ба номус, боздоштҳои худсаронаи мухолифин, таъқиб, фишор ва мусодираи молу дороӣ дар Тоҷикистонро ҷамъоварӣ намуда, моҳи апрели соли 2025 тавассути вакили мудофеи худ Николас Лигнул ба Додситонии Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шикояти расмӣ карда буданд.

Гуфта мешавад, шикоят бо дастгирии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия омода шуда буд ва дар парванда ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмон ва мақомдоронаш аз соли 2011 то имрӯз ҷамъоварӣ гардида буд. Ва бо пешниҳоди шикоят аз ДҶБ хоста шуда, ки алайҳи мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон тафтишот оғоз шавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва дар пайгарди байналмилалӣ қарор дода шаванд.

Маълум нест мулоқоти ин вазири тоҷик бо яке аз масъулони ин додгоҳ то куҷо ба шикояти ҲНИТ аз болои мақомдорони Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад ва чӣ таъсире ба он хоҳад расонд.

Аммо Салим Султонзода, сухангӯи Паймони Миллии Тоҷикистон дар саҳфаи фейсбукии худ навишта, ки сафари оҷили намояндаи раҳбарикунандаи ВКХ маҳз бо мақсади баррасӣ, назорат ва таъсиррасонӣ ба ҳамон шикояти Паймони Миллӣ Тоҷикистон (ҲНИТ шомили ин эътилоф аст) сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Султонзода, мақомоти Душанбе хуб дарк мекунанд, ки парвандаи Гаага дорои хусусияти фаромиллӣ ва ғайрисиёсӣ буда, дар назди ДБҶ болотар аз ҳама гуна мансаб ва мақом қарор дорад ва худи воқеияти қабули шикоят ва сарусадоҳо атрофи он нишон медиҳад, ки қазия таъсири сахт дар баданаи режими Эмомалӣ Раҳмон доштааст

Ҳамчунин ӯ бар ин бовар аст, ки намояндаи баландпояи Тоҷикистон ба Брюссел бо ҳадафи назорат бурдан, пешгирӣ ё кам кардани эҳтимоли баррасии парванда дар сатҳи болотар, фиристода шудаааст. Аммо Султонзода таъкид мекунад, ки дар механизми Суди Байналмилалии Ҷиноӣ лобби, фишор ва сафсатасозӣ натиҷа намедиҳад,

Дар Тоҷикистон ҳаррӯз мардум то 1,5 млн сомонӣ ҷарима мешаванд

0

Вазорати молияи Тоҷикистон навтарин омори худ дар бораи ҷарима ва муҷозотро барои нуҳ моҳи соли ҷорӣ нашр кард.

Тибқи ин маълумоти расмӣ, дар давоми нуҳ моҳи гузашта аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷети давлат 415 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Гуфта мешавад, танҳо аз ин манбаъ ҳар рӯз ҳудуди 1,5 миллион сомонӣ ба буҷети кишвар ворид мешавад. Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки иҷро нақшаи даромад аз ҳисоби ҷаримаҳо ба 147,7% расидааст.

Бар асоси додаҳои Вазорати молия, ҳаҷми умумии ин даромадҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2024 аз ҳисоби ҷаримаҳо 327,3 миллион сомонӣ ва дар нуҳ моҳи соли 2023 бошад 244,3 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандон борҳо аз ҷаримаҳои сангин ва дар бисёр мавридҳо беасос шикоят мекунанд. Бисёре аз онҳо мегӯянд, ки бо баҳонаҳои гуногун ҷарима мешаванд ва имкони дифои ҳуқуқии худро надоранд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки вазъи молии қисми зиёди аҳолии кишвар хуб нест, садҳо ҳазор шаҳрванд дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, то тавонанд хароҷоти оилаи худро таъмин кунанд. Дар баробари ин, нархи маҳсулоти хӯрока, маводи ниёзи аввал ва хидматрасониҳо пайваста гарон мешавад, ки фишори иқтисодиро болои мардум боз ҳам зиёд мекунад.

Дар чунин шароит, ба қавли таҳлилгарон, ҷарима бастан ба шаҳрвандон ҳатто бо баҳонаҳои ночиз боиси нигаронӣ шудааст. Онҳо мегӯянд, ин ҷаримабандии густурда ба яке аз воситаҳои пур кардани буҷети давлат табдил ёфтааст, дар ҳоле, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум торафт душвортар мешавад.

Трамп бо тарҳи нави худ барои сулҳ Украина ва Русия чӣ пешниҳод кардааст?

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тарҳи наверо барои поён додани ҷанг байни Украина ва Русия пешниҳод кардааст, ки на ҳама ҷузъиёти он дастраси расонаҳо гаштааст.

Аммо баъзе бандҳои асосии онро расонаи амрикоии “Axios” бо такя ба манобеаш нашр кардааст. Аз ҷумла, мувофиқи тарҳи нави Трамп, Владимир Зеленский барои барқарории сулҳ ва поён додани ҷанг бояд аз 20% заминҳои қисмати шарқии Украина – Луганск ва Донетск, ки ҳоло зери тасарруфи Русия қарор доранд, даст бикашад ва онҳоро ба Русия вогузор кунад.

Инчунин дар тарҳи Трамп пешниҳод мешавад, ки Украина талаби Русия дар бораи кам кардани шумори артишашро бипазирад ва теъдоди сарбозонашро то 600 ҳазор поён биёрад. Ва аз ҳама муҳим барои напайвастан ба Паймони Анталнтикаи Шимолӣ (НАТО) мувофиқат кунад.

Мувофиқи иттилои хабаргузории “Фаронса”, тарҳи нави Трамп барои сулҳи Русия ва Украина аз 28 банд иборат аст ва аз ҳама бандҳои асосии бо шумули масоили зикршуда, ин аст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО бояд дар қаламрави Лаҳистон бимонанд ва набояд ҳеч нерӯ ва аслиҳаи ҷангии Иттиҳоди Аврупо вориди Украина бишавад. Инчунин бояд дар Украина пас аз 100 рӯзи оташбас интихоботи президентӣ баргузор шавад. Ва банди аз ҳама муҳим ин ки, таҳримҳои иқтисодии Ғарб аз болои Русия бардошта шаванд.

Шоми рӯзи панҷшанбе расонаҳои украинӣ иттилоъ доданд, ки Владимир Зеленский аз тарҳи ҷадиди Трамп барои сулҳ истиқбол карда ва ваъда додааст, ки “Украина барои ба ваҷҳи аҳсан анҷом ёфтани тарҳи сулҳи амрикоӣ тамоми талошашро хоҳад кард.” Зеленский таъкид карда, ки кӯшиш мекунад “монеи сари роҳи талошҳои дипломатӣ” нашавад.

Ба гуфтаи коршиносон, Владимир Зеленский ахиран ба шартҳое розӣ мешавад, ки дар оғози ҷанг ва бидуни аз даст додани заминҳо ва ҳифзи ҷони даҳҳо ҳазор сарбозу мардуми бегуноҳ метавонист ба он мерасид.

Расонаҳо аз Кохи Сафед менависанд, ки масъулони баландпояи кабинаи Трамп зимни нишасте бо масъулони украинӣ ҳафтаи гузашта нақшаи сулҳро баррасӣ кардаанд ва пешниҳод намудаанд, ки тарафҳои Украина ва Русия бояд ин тарҳро бипазиранд.

Сухангӯи Кохи Сафед Керолайн Левитт рӯзи панҷшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубио ва фиристодаи хосси Трамп Стив Уиткофф дар нишасти мазкур ширкат доштанд. Ӯ афзуд, ки гуфтушунидҳо бо тарафҳои даргир дар бораи поён додани ҷанг аз чанд моҳи пеш идома дорад ва то ҳол “ба шакли хуб пеш мераванд”.

Тоҷикистон Толибонро ба расмият мешиносад?

0

Мақомдорони Толибон дар мулоқотҳояшон аз ҳайати Тоҷикистон хостаанд, ки Душанбе ҳукумати ин гурӯҳи ҳоким дар Афғонистонро ба расмият шиносад. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Ому” дар истинод ба манобеаш хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Толибон ҳамчунин аз ин ҳайат, ки дар Кобул қарор дошт, талаби вогузор кардани сафорати Афғонистон дар Душанберо ба намояндаашон кардаанд. Аммо ҳайати Тоҷикистон то кунун ба ин дархостҳои Толибон посухи дақиқе надодаанд.

Ҳоло танҳо консулгарии Афғонистон дар Хоруғ зери идораи намояндаи Толибон аст.

Гуфта мешавал, ҳайати иборат аз 14 нафар мақомдори тоҷик, рӯзи 15-уми ноябр вориди Кобул шуда, бо раиси вазирон, вазири дифоъ, вазири корҳои хориҷӣ, раиси ситоди артиш, вазири сарҳадот ва вазири истихбороти ҳукумати Толибон мулоқот кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои афғонӣ, дар ин мулоқотҳо ҷонибҳо бештар масъалаи ивази зиндониён, амнияти марзҳо, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои террористӣ, афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ғайраро баррасӣ кардаанд.

То ҳол ҷониби Тоҷикистон ва расонаҳои наздик ба ҳукумати кишвар дар бораи сафари ин ҳайат ба Кобул ва аз ҳадафи мулоқот бо мақомдорони Толибон чизе нагуфтаанд.

Ва хомӯшии ҷониби ҳукумати кишвар ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надораду сафорати Афғонистонро ба Толибон насупурдааст ва борҳо аз ҳукумати Толибон интиқод ҳам карда буд.

Нигаронии ИА аз вазъи ногувори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳузури вазири тоҷик

0

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар ҳузури Сироҷиддин Муҳириддин, вазири корҳои хориҷии кишвар аз вазъи ҳуқуқи инсон, фишор болои рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.

19-уми ноябри соли 2025, дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 11-уми Шӯрои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таҳти ҳамраисии Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКХ-и кишвар, дар ин нишаст вазирон рушди муколамаи сиёсӣ, вазъи шарикии тиҷоратию иқтисодӣ, имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ, рушди «сабз», иттисоли нақлиётӣ ва рақамӣ, ҳамкориҳо дар самти истихроҷу коркарди ашёи хоми муҳим, ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, аз омодагии Тоҷикистон ва ИА барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда гуфтаанд.

Ҷузъити дигаре аз ин нишаст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр накардааст. Аммо дар хабарномае, ки ИА нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо аз фишор ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорони тоҷик, инчунин набудани фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хостааст, ки ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро такмил диҳад ва бо ҳама шаклҳои табъиз мубориза барад.

Ҳамчунин ин ниҳод, аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои пешгирии шиканҷа, беҳтар кардани шароити зиндонҳо, пешбурди баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ талошҳои бештар анҷом дода шавад.

ИА ин ҳамаро калиди тақвияти эътимоди байналмилалӣ ба фазои сармоягузории Тоҷикистон номида, зикр кардааст, ки татбиқи самараноки ислоҳот барои рушди устувори кишвар ва суботи минтақавӣ муҳим аст.

Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо аз барномаи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон пуштибонӣ карда, пешрафти устуворро дар татбиқи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ташвиқ кардааст ва аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, муҳити зист ва захираҳои об истиқбол намудаву Тоҷикистонро ба иҷрои уҳдадориҳои он тибқи Созишномаи Порис даъват кардааст.

Гуфта мешавад, чанде пеш чанде пеш зимни нишасти намояндагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел низ, аз вазъи бади ҳуқуқи инсон, озодии баён ва зиндонҳо дар Тоҷикистон интиқод шуда буд ва намояндагони ИА озодии маҳбусони сиёсиро талаб карда буданд.

Ва интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз вазъи бади ҳуқуқи инсон дар ҳоле дигарбора садо медиҳад, ки Тоҷикистон талош дорад шомили GSP+(Низоми умумии имтиёзҳо) гардад, аммо Иттиҳоди Аврупо пештар ҳам гуфта буд, ки муколамаҳои мунтазам дар мавриди волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон сутуни асосии муносибатҳои дуҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон боқӣ мемонад. Барои Брюссел пешрафти воқеӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон, плюрализми сиёсӣ, озодии баён, истиқлоли ВАО ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар баррасии дархости ҳукумати кишвар барои шомил шудан ба барномаи GSP+ аҳамияти калидӣ дорад.

То ҳол назари ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ногувор будани вазъи ҳуқуқи инсон ва посухаш ба намояндагони Иттиҳоди Аврупо то ҳол дастраси расонаҳо нагаштааст. Ҳамчунин маълум нест, ки дар ин нишаст масъалаи таҳрим шудани “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” баррасӣ шудааст ё на.

Навсозии НБО “Қайроқум” бо сармоягузории кадом тараф анҷом шуд?

0

Нерӯгоҳи барқи обии “Қайрақум”, ки аз куҳнатарин нерӯгоҳҳои кишвар ба ҳисоб меравад, пас аз таъмиру таҷдид ва бо иқтидори тавлиди бештари нерӯи барқ ба кор оғоз кард.

Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” 20-уми ноябр бо такя ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) хабар додааст.

“Дар Тоҷикистон бо дастгирии молии БАТР як лоиҳаи бузург дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда анҷом ёфт. Шаш агрегати нави барқии НБО-и “Қайрақум” бо иқтидори умумии 174 мегаватт ба таври муваффақона ба истифода дода шуданд”, — гуфта мешавад дар иттилои намояндагии БАТР.

Ин нерӯгоҳ, ки дар рӯди Сирдарё – яке аз ду манбаъҳои асосии обии минтақа ҷойгир аст, беш аз 500 ҳазор сокини вилояти Суғди кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Гуфта мешавад, то таъмиру навсозӣ, иқтидори умумии ин нерӯгоҳ 126 мегаваттро ташкил медод ва ҳамчунин технологияи он низ ҳама куҳна ва фарсуда шуда буданд.

Тибқи иттилои БАТР, корҳои навзосӣ дар НБО “Қайроқум” аз соли 2019 оғоз ёфта буданд. Ва лоиҳа бо сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва бо маблағи 196 миллион доллар анҷом ёфтааст.

Аммо то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар расман хабар надодааст, ки ин нерӯгоҳ ба истифода дода шуд ва бо маблағи кадом ҷиҳат ин навсозӣ сурат гирифтааст.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон моҳи август хабар дода буд, ки вазири ин ниҳод аз НБО “Қайроқум” дар вилояти Суғд дидан кардааст ва интизор меравад, то моҳи сентябри соли 2025 дар нерӯгоҳи мазкур корҳои таъмир ва навсозӣ пурра анҷом ёбад.

Вале бо вуҷуди ду моҳи таъхир аз ваъдаи анҷоми лоиҳа, Вазорати энергетика нагуфта, ки сармоягузори асосӣ кадом тараф аст. Одатан дар чунин ҳолатҳо, мақомот ҳама корҳоро ба “ташаббус”-и Эмомалӣ Раҳмон ва “сиёсатҳои хирадмандона”-и ӯ рабт медиҳанд, вале намегӯянд маблағ аз куҷо омадааст.

Боздошти 5 нафар барои фӯруши тамоку ба ноболиғон

0
Screenshot

Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 5 шаҳрвнадро бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тамоку ба ноболиғон дастгир кардааст.

Гуфта мешавад, боздошти афроди гумонбар аз ҷониби маъмурони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Вазорат аз боздоштшудаҳо, Комилхонзода Суҳайбулло, Чутаков Аҳмадҷон, Соҳибназари Абдуалим, Назаров Икромбой ва Гулов Қосимҷон ном бурдааст. Гуфта мешавад, онҳо чилим (қалён) ва сигорҳои электрониро “дидаву дониста бо мақсади манфиати молиявӣ” чунин маҳсулоти зарароварро ба ноболиғон фурӯхтаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ин афрод тибқи моддаи 463 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода, нисбаташон ҷазоҳои маъмурӣ дар шакли ҷарима татбиқ шудааст.

Мақомот аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки назорати фарзандони худро ҷиддитар кунанд ва барои пешгирии истифода ва фурӯши чунин маҳсулоти зараровар бо милитсияи пойтахт ҳамкорӣ намоянд.

Чанде қабл низ Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як гурӯҳ хонандагони мактаби миёна хабар дода буд, ки дар дохили муассисаҳои таълимӣ ба кашидани сигорҳои электронӣ ва чилим машғул будаанд.

Шахсони огоҳ мегӯянд, ки ахлоқи ҷавонон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, махсусан дар Душанбе то рафт бадтар мешавад. Ба гуфтаи онҳо, истифодаи сигор, чилим ва ҳатто маводи мухаддир миёни наврасон маъмул шудааст. Ин ҳолат, нишон медиҳад, ки фаъолияти Вазорати маориф ва илми кишвар дар самти тарбияи ахлоқии хонандагон нокифоя буда, масъулон натавонистаанд пеши роҳи ин буҳрони ахлоқиро бигиранд.

Дар Тоҷикистон гази моеъ гарон шуд

0

Давоми чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон гази моеъ, ки аксари мошинҳо ҳамчун сӯзишвории арзонтар истифода мекунанд, гарон шудааст.

Бархе ронандагон мегӯянд, нархи сӯзишвории газ қариб дар ҳамаҷо якбора гарон шуд ва аксари мошинҳо ба хотири арзон буданаш нисбат ба бензину сӯзишвории дизелӣ аз он истифода мекунанд. Аммо сокинон иллати гароншавии газро намедонанд.

Баъзе ронандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ ёфт намешавад ва агар бошад ҳам, 1 литри он аз 6 то 6,50 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳоле, ки то чанд рӯзи қабл як литр гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишворӣ то 4,2 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабаби гарон шудани гази моеъро дар кишвар ба кам ворид шудани он аз Қазоқистон рабт медиҳанд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” низ иттилоъ дод, ки аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар ба ин расона тасдиқ кардаанд, ки гароншавии гази моеъ ба коҳиши воридоти он аз Қазоқистон аст, зеро ин кишвар дар содироти гази моеъ маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл иҷрокунундаи вазифаи вазири энергетикаи Қазоқистон бо судури фармоне аз 14-уми ноябри соли ҷорӣ содироти гази моеъ ба воситаи мошинҳои боркаш ва ё роҳи оҳанро то 6 моҳ манъ кард. Сабаби ин маҳдудсозиро “оғози таъмир дар иншооти зерсохтори роҳи оҳани Қазоқистон” гуфтаанд.

Инчунин аз Вазорати энергетикаи кишвар ба ин расона гуфтаанд, ки сабаби дигари коҳиши гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишвории ҷумҳурӣ ва гарон шудани нархи он, ба масоили логистикӣ низ рабт дорад.

Гази моеъ дар Тоҷикистон ба сабаби арзон будан нисбат ба бензину сӯзишвории дизелӣ арзонтар аст ва аз ин ҳисоб дар кишвар аксари мошинҳои сабукрав аз он ситифода мекунанд. Гази моеъ ба Тоҷикистон одатан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.

Ба назари таҳлилгарон, агар гароншавии ин навъи сӯзишворӣ бештар ба воридоту мушкилоти аз кишвари содиркунанда бошад, вале боз инҳисори ин тиҷорат дар дасти чанд нафар аз наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ рақобатро дар ин бозор камтар мекунад ва нарх ҳамеша тағйир меёбад.