Хона блог саҳифа 24

Ҳамлаи дигарбораи Укроин ба анборҳои Wildberries. Як тоҷик ҳам кушта шудааст

0

Шаби 22 июл нерӯҳои Украина бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ба ду маркази логистикии ширкати бузурги савдои интернетии Wildberries дар шаҳрҳои Краснодар ва Невинномисск ҳамла карданд. Бар асари ин ҳамлаҳо дар ҳар ду анбор сӯхторҳои бузург ба амал омада, фаъолияти онҳо муваққатан қатъ гардид.

Ба иттилои мақомоти Русия ва роҳбарияти ширкат, дар натиҷаи ҳамлаҳо як нафар ҷон бохта, ҳадди ақал 15 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аз ин шумора 10 нафар дар Краснодар ва панҷ нафар дар Невинномисск осеб дидаанд. Барои хомӯш кардани оташ даҳҳо воҳиди техника, беш аз 100 нафар оташнишон ва чархболҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулода сафарбар шуданд.
Ҳамчунин хабар расид, ки дар ҳамлаи қаблии нерӯҳои укроини ба анборҳои Wildberries дар шаҳри Электростал, як тоҷик ҷони худро аз даст додааст. Аз ӯ Наврӯзҷон Содиқов ном бурда мешавад ва ба гуфтаи бародараш 25 сол дошат, он шаб дар анор навбатдор будааст.

Ин дувумин ҳамла ба марказҳои логистикии Wildberries дар давоми як ҳафта ба ҳисоб меравад. Пеш аз ин, анборҳои ширкат дар Электростал (наздики Маскав) ва вилояти Тамбов низ мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Бар асари он ҳамлаҳо ҳашт корманд ҷон бохта, фаъолияти чанд маркази логистикӣ халалдор шуд.

Раисҷумҳури Украина Володимир Зеленский изҳор доштааст, ки ин ҳамлаҳо ба иншооте равона шудаанд, ки ба гуфтаи Киев дар занҷираи таъминоти низомии Русия нақш доранд. Аммо Кремл ин иддаоро рад карда, таъкид мекунад, ки Wildberries як ширкати ғайринизомӣ буда, ҳадаф қарор гирифтани анборҳои он ба соҳибкорон, кормандон ва аҳолии осоишта зарари ҷиддӣ мерасонад.

Дар пайи ин ҳодиса, ширкати Wildberries фаъолияти ду маркази логистикии осебдидаро муваққатан боз дошт ва эълон кард, ки барои дастгирии фурӯшандагон ва интиқоли молҳо ба анборҳои дигар чора меандешад. Иттиҳодияи ширкатҳои савдои электронии Русия низ аз ҳукумат дархост кардааст, ки барои соҳибкорони зарардида имтиёзҳои андозӣ ва кумакҳои молиявӣ ҷудо кунад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳамлаи дигари Украина ба бозори бузурги «Садовод» дар вилояти Маскав низ боиси сӯхтор ва хисороти зиёди молӣ гардид. Бар асоси гузоришҳои расонаҳо, дар он ҳодиса чандин соҳибкори тоҷик низ аз сӯхтор ва аз байн рафтани молу маҳсулоти худ зарари ҷиддии молиявӣ дида буданд.

Афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Тоҷикистон

0

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, аммо ҳаҷми маблағҳои барқароршуда коҳиш ёфтааст.

Имрӯз, 22-уми июл, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ниҳоди зери раҳбарияш дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор кардааст.

Ба гуфтаи Султонзода, дар иртибот ба ин нисбати 711 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 425 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 504 нафар пас аз анҷоми тафтишот барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Аммо гуфта нашудааст, ки дар миёни онҳо чанд нафар кормандони давлатӣ мебошанд.

Ҳамчунин кормандони Агентӣ дар ин давра 286 тафтишу санҷиш гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 315,9 миллион сомонӣ ошкор кардаанд. Аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст.

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар маҷмӯъ аз ҳисоби ошкор намудани зарар, барқарорсозии маблағҳо, рӯёнидани бақияпулиҳои андоз ва ҷаримаҳои маъмурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 449 миллион сомонӣ барқарор гардида, 349,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ, 87,1 миллион сомонӣ ба корхона ва муассисаҳои давлатӣ ва 12,4 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон баргардонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта Агентӣ 1245 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, инчунин 661,6 миллион сомонӣ маблағро барқарор карда буд. Имсол шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда 76 ҳолат ё тақрибан 6,1 дарсад бештар шудааст ва дар баробари ин, ҳаҷми маблағҳои барқароршуда аз 661,6 миллион сомонӣ то 449 миллион сомонӣ, яъне тақрибан 32 дарсад коҳиш ёфтааст. 

Дар ҳамин ҳол, тибқи Шохиси дарки фасод (Corruption Perceptions Index)-и созмони байналмилалии Transparency International, Тоҷикистон дар арзёбии соли 2025 бо 17 имтиёз дар миёни 182 кишвар дар ҷойи 166-ум қарор гирифта, ҳамоно аз ҷумлаи кишварҳое фасодзада маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон 2,8 млрд сомонӣ қарзҳояшро пардохт кардааст

0

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 2 милларду ҳаштсад миллион доллар қарзҳояшро пардохт кардааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати молия вазир Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод. 

Вазири молия гуфт аз 2,8 миллиард сомонӣ маблағи қарзи пардохтшуда, беш аз 2,4 миллиарди он барои қарзи асосӣ ва 390,1 миллионаш барои фоизҳои қарз будаанд. 

“Ба ҳолати 1 июли соли 2026 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ин ба 16 фоизи Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад”- гуфт Қаҳҳорзода. Тибқи иттилоъи ӯ аз ин маблағ 2,9 млрд.аш қарзи хориҷӣ буда, қарзи дохили ба 490,4 млн доллар – муродифи 4,5 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Қаҳҳорзода гуфт идораи қарзи давлатӣ таҳти назорат ва дар сатҳи бехатар барои иқтисоди кишвар қарор дорад ва то ҳол ягон ҳолати ба таъхир андохтани қарз ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳоле, ки ҳудуди 300 миллион доллар қарзашро дар нимсолаи аввал пардохт кардаст, дар ҳамин муддат “17 созишномаи қарзиву грантӣ бо созмонҳои байналмиллалии молиявӣ барои татбиқи 14 лоиҳаи нави сармоягузорӣ, ки маблағи он 386,9 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба имзо расиданд”. 

Вазир ҳамчунин изҳор дошт дар нимсолаи аввали соли 2026 рушди овқеъии Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии кишвар 8,2 дарсадро ташкил дода, ҳаҷми он ба 81,7 млрд сомонӣ расидааст. 

Дар панҷ соли охир Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва буҷаи Тоҷикистон ҷаҳиши чашмгире доштанд – афзоиши наздик ба дубаробарӣ. Оморҳо аз рушди чанд бахш – истихроҷи маъодин, саноат, кишоварзӣ ва сармоягузории хориҷӣ хабар медиҳанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон дар асл ин афзоиш комилан ва ҳатто бо нисбати бештар ба рушди воқеъии иқтисод вобаста набуда, бештар ба афзоиши ирсоли пули муҳоҷирон, истихроҷи маъодин, аз ҷумла тилло ва қарзу грантҳо бастагӣ доранд.

Додситони кулли Тоҷикистон ҷинояти содиркардаи зердасташро дар қазияи марги Меҳрона Ноибова тасдиқ кард

0

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода тасдиқ кард, ки дар робита ба марги пурсарусадои Меҳрона Ноибова, сокини 23-солаи ноҳияи Дарвоз, нисбат ба корманди собиқи Додситонии кул Фирӯз Саидзода парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Воҳидзода рӯзи 22 июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки алайҳи Фирӯз Саидзода, ки муфаттиши калони парвандаҳои махсусан муҳим буд, бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ба гуфтаи Додситони кул, тафтиши парванда идома дорад.Ин модда барои чунин ҷиноят ҷазо дар шакли аз се то панҷ соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Меҳрона Ноибова рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ҷон бохт. Мақомоти тафтишотӣ то ҳол ин ҳодисаро ҳамчун худкушӣ таҳқиқ мекунанд.

Аммо наздикони Меҳрона ин фарзияро рад карда, мегӯянд, ки дар рафтор ва вазъи рӯҳии ӯ нишонае вуҷуд надошт, ки қасди худкушӣ дошта бошад. Ба гуфтаи пайвандонаш, дар суҳбате ба Радиои Озодӣ Меҳрона модари як кӯдаки бемор буд ва барои табобати фарзандаш талош мекард.

Хоҳари марҳум дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки Меҳрона бо Фирӯз Саидзода робита дошт ва бо даъвати ӯ ҳамроҳ бо чанд нафари дигар ба истироҳатгоҳи «Чорчаман» рафта буд.

Наздикони Меҳрона ҳамчунин мегӯянд, ки ба таҳқиқот эътимод надоранд ва ба ин боваранд, ки асли ҳодиса пурра ошкор нашудааст. Ба гуфтаи онҳо, барои қабули ривояти расмии худкушӣ ба хонавода фишор низ ворид мешавад.

Қазияи марги Меҳрона Ноибова аз оғози нашри ҷузъиёташ таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаро ба худ ҷалб карда, акнун бо тасдиқи боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи корманди собиқи Додситонии кул, баҳсҳо дар бораи ин ҳодиса боз ҳам бештар шудаанд.

Кумита аз ҷамъоварии 123 дарсадии андозҳо дар нимсолаи аввал хабар дод

0

Давлатзода Нусратулло Муқим, раиси ивазнашавандаи Кумитаи андози Тоҷикистон, ки аз соли 2009 ба ин курсӣ такя задааст, дар нишасти хабарии имрӯзааш аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз дар ҳаҷми 123% дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хабар дод. Мақомоти андоз чанд соли охир ҷамъоварии андозро хеле бештар аз нақша иҷро мекунанд. 

Раиси кумитаи андоз гуфт дар ин муддат мақомоти андоз 17,4 миллиард сомонӣ андоз ҷамъоварӣ кардаанд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2,3 млрд сомонӣ бештар мебошад. Ӯ гуфт, ки нақшаи ҷамъоварии андоз дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ пурра иҷро шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Давлатзода бақияи қарзи андозҳо бештар шуда, дар миқёси кишвар ба 1,4 млрд расидааст, ки нисбат ба аввали сол 351 млн сомонӣ бештар мебошад. Яке аз сабабҳои зиёд гардидани қарзи андозҳоро раиси Кумитаи андоз дар ин мебинад, ки дар соли 2025 хоҷагиҳо даромади бештаре нисбат ба соли 2024 доштаанд. Ҳамчунин ӯ аз ҷаримаву фоизбандиҳое, иттилоъ дод, ки кормандони кумита баъди тафтиши хоҷагиҳо бастаанд ва сабаби афзоиши қарзи андозсупорандагон шудааст. Ба гуфтаи ӯ танҳо ҷаримаҳо 113 миллион сомониро ташкил додаанд. 

Раиси Кумитаи андоз ҳамчунин аз афзоиши “субъектҳои хоҷагидор забар дод, ки тибқи омори 1-июли соли ҷорӣ ба 351,2 ҳазор адад расида, нисбат ба аввали сол 10,3 ҳазор бештар будааст.

Афзоиши ҳаҷми ҷамъоварии андозҳоро коршиносон аввалан сахттар кардани чораҳои ҷамъоварии маблағҳо аз тарафи мақомоти андоз бо роҳҳои нави назорати электронии савдо, кассаҳои онлайнӣ ва пайгирии амалиёти бонкӣ ва сониян дар натиҷаи ин чораҳо камтар шудани иқтисоди соя ё иқтисоди сиёҳ мебинанд.

Вазир: 18 нафари дархостшуда аз Утриш ҷузъи пайгардҳои Интерполанд

0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт 18 нафаре, ки Тоҷикистон аз Утриш дархости истирдодашонро кардааст, ҷузъи 4126 нафареанд, ки аз тарафи Тоҷикистон дар пайгарди пулиси байналмиллалӣ – Интерпол қарор доранд. 

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш, ки имрӯз 21 июл дар Душанбе баргузор гардид, дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мақомот истирдодашонро талаб кардаанд, гуфт “ҳангоми вохӯрӣ, ҳангоми сӯҳбат бо сохторҳои ҳамкорӣ мо дар Аврупо, ҳама вақт мо дархостҳоро месупорем, ки ин нафарон дастгир шаванд. “Охират (шояд оқибат гуфтан мехост) дастгир мешавад, охират ба ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешавад ва назди қонун ҷавоб мегӯяд” – гуфт Раҳимзода.

Гуфтанист, тибқи иттилоъи тоҷикони муқими Утриш, мақомоти Тоҷикистон аз ин кишвар истирдоди 18 паноҳандаи муқими ин кишварро талаб кардаанд. Дар ин рӯйхат Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарипов), сухангӯи Паймони Миллии Тоҷикистон низ қарор дорад, ки қарор аст Додгоҳи ҷиноии Утриш рӯзи 5 август дархости Тоҷикистон нисбати ӯро баррасӣ кунад. 

Тибқи иттилоъи манобеъи АЗДА ТВ, додгоҳҳои Утриш аллакай парвандаи 5 нафарро баррасӣ карда ва ба Тоҷикистон ҷавоби рад додаанд. Яке аз онҳо то ҳол мақоми паноҳандагӣ дарёфт накарда буд, аммо баъди дархости Тоҷикистон Додгоҳ мақмоти муҳоҷирати Утришро вазифадор кардааст ба ӯ паноҳандагӣ бидиҳанд.

Рамазон Раҳимзода ба суоли дигари рӯзноманигорон дар бораи ғайб задани як паноҳандаи истирдодшуда аз Лаҳистон изҳори бехабарӣ кард ва гуфт Вазорати корҳои дохила чунин маълумоте дар даст надорад.

Дар ин нишаст вазири дохила ҳамчунин гуфт “аз 7823 нафар шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта 1579 нафар дастгир карда шуда, 580 нафар ихтиёран ба ватан баргардонида шуд”.   

Раҳимзода иддаъо кард сатҳи ҷинояткори дар Тоҷикистон “нисбат ба ҳамаи кишварҳои узви ИДМ дар пасттарин сатҳ қарор дорад” ва омори ниҳоди зертобеъи худашро бо оморҳои Қирғизистону Молдова муқоиса кард.   

Вазири адлия боз ба суолҳо дар бораи зиндониёни сиёсӣ посухи равшан надод

0

Вазири адлия дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш, ки имрӯз, 21-уми июл, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз додани посухи мушаххас дар бораи шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ – Муҳаммадалии Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҲНИТ, худдорӣ кард.

Дар ҷараёни нишаст рӯзноманигорон аз вазири адлия Музаффар Ашуриён дар бораи шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндонҳои кишвар суол карданд. Аммо ӯ ба ҷойи посухҳои рӯшан ва мушаххас, мисли ҳамеша, ба изҳороти умумӣ иктифо намуда, аз ҷавоб додан ба масъалаҳои асосӣ худдорӣ кард ва ё посуха равшан надод.

Яке аз суолҳо ба шикоятҳои наздикони маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит, марбут буд. Ба гуфтаи пайвандони онҳо, ин ду маҳбуси сисёсӣ аз фишор, шиканҷа ва шароити номусоиди маҳбас ранҷ мекашанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Музаффар Ашуриён пурсид, ки ин ду маҳбуси сиёсӣ, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд, дар чӣ шароит нигоҳ дошта мешаванд ва оё хабари шиканҷа шудани онҳо аз ҷониби вазорат мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст ё не.

Вазир, бидуни зикри номи ягон маҳбус ва бидуни рад ё тасдиқи шиканҷа шудани онҳо, гуфт, ки баррасии чунин масъалаҳо ба салоҳияти мақомоти прокуратура дохил мешавад. Ба гуфтаи ӯ, “агар ягон маҳкумшуда аз ҷониби кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ) мавриди шиканҷа ё муносибати бераҳмона қарор гирифта бошад, ин масъала аз ҷониби мақомоти прокуратура баррасӣ мешавад”. Ӯ таъкид кард, ки агар шикоят ё муроҷиате ворид шуда бошад, он ҳатман мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ашуриён инчунин, бидуни зикри номи ягон маҳбус, иддао кард, ки вобаста ба вазъи саломатии маҳкумшудагон СРИҶҶ имкониятҳои тиббии худро дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати зарурат аз берун низ табибони мутахассис ҷалб мешаванд ва муолиҷаи маҳкумшудагон тибқи тавсияи онҳо ба роҳ монда мешавад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки шахсоне, ки рӯзноманигор ном бурд, агар муроҷиат карда бошанд, вобаста ба вазъи саломатиашон посух гирифтаанд.

Вазир инчунин иддао кард, ки ҳамаи маҳбусоне, ки ба бемориҳои музмин гирифторанд, пайваста таҳти назорати СРИҶҶ қарор дошта, бо доруҳои зарурӣ таъмин мешаванд. Дар ҳамин ҳол, пайвандони маҳбусон борҳо гуфтаанд, ки дорувории лозимаро худашон харидорӣ карда, ба маҳбас мерасонанд.

Ҳамчунин хабарнигор аз вазир пурсид, ки Гулбибӣ Ҳаитова, ки аз шиканҷа шудани бародараш Маҳмадалӣ Ҳаит хабар дода буд, барои кадом амал бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Вазир ба ин суол низ посухи мушаххас надод ва нагуфт, ки Гулбибӣ Ҳаитова кадом тартиботро вайрон кардааст. Ӯ танҳо изҳор дошт, ки ҳар як шаҳрванд, новобаста аз он ки муроҷиаткунанда аст ё не, бояд тартиботи ҷамъиятиро риоя кунад. Ба гуфтаи ӯ, агар чунин тартибот вайрон шуда бошад, санади дахлдор тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти салоҳиятдор ирсол мешавад. Ашуриён инчунин таъкид кард, ки агар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дағалона бошад, он метавонад ҷиноят ҳисобида шавад. Ӯ ба рӯзноманигорон гуфт, ки мақомоти масъули баррасӣ ба ин масъала посух хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки пайвандони маҳбуси сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит дар аввали моҳи июн, баъд аз мулоқот бо ӯ, аз шиканҷа шуданаш хабар дода буданд. Ба гуфтаи онҳо, «ӯро бараҳна дар болои барф нигоҳ дошта, бо дубинка мезананд. Сипас ӯро дар об нигоҳ медоранд ва баъдан ба утоқи ҷазоӣ меандозанд.»

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамчунин гуфтаанд, ки ӯ қаблан низ мавриди латукӯб қарор гирифта, сараш кафида ва пардаи гӯшаш осеб дидааст. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони маҳбас ҳангоми санҷишҳои ҳаррӯза ӯро таҳқир карда, бо ӯ муносибати бад мекунанд.

Пас аз ин ҳодиса хоҳари ӯ, Гулбибӣ Ҳаитова, гӯё барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 546 сомонӣ ҷарима шуда буд.

Баъдтар пайвандони Сайидумар Ҳусайнӣ низ аз идомаи фишор болои ин маҳбуси сиёсӣ ва бад шудани вазъи саломатии ӯ дар маҳбас хабар доданд.

Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит, муовинони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, соли 2016 дар мурофиаи пушти дарҳои баста ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба терроризм ва талош барои ғасби қудрат гунаҳкор донистаанд. Аммо пайвандон ва ҳомиёни ҳуқуқи онҳо ҳамаи ин иттиҳомҳоро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздошти худсарона низ боздошти Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаитро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки онҳоро бидуни ҳеҷ қайду шарт фавран озод намояд. Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон дар посух гуфта буданд, ки гуноҳи Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар маҳкумшудагон исбот шудааст ва онҳоро озод нахоҳанд кард.

Садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд: 287 нафар дар шаш моҳ ҷони худро аз даст доданд

0

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 531 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 287 нафар ҷон бохта ва 508 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 июл зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи мақомот, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи фавтидагон 8 нафар ва теъдоди захмиён 284 нафар зиёд шудааст.

Дар як моҳи охир низ чанд садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар рух дод. Аз ҷумла, рӯзи 4 июл дар роҳи Фархор – Душанбе бар асари як садама 7 нафар ва рӯзи 2 июл дар шаҳри Ваҳдат 11 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Коршиносон мегӯянд, афзоиши садамаҳои нақлиётӣ танҳо ба хатои ронандагон вобаста нест. Ба гуфтаи онҳо, фасод дар низоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ, гирифтани шаҳодатнома тавассути пора, нодида гирифтани нуқсонҳои техникии мошинҳо ҳангоми муоина ва назорати нокифоя аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд ба зиёд шудани чунин ҳодисаҳо мусоидат кунанд.

Ҳамчунин, суръати баланд, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат, истифодаи мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвор ва таваҷҷуҳи нокифоя ба сатҳи омодагии ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз ҷумлаи сабабҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ арзёбӣ мешаванд.

Бо вуҷуди даъватҳои пайвастаи мақомоти масъул барои риояи қоидаҳои ҳаракат, омори расмӣ нишон медиҳад, ки садамаҳои роҳу нақлиёт ҳамоно аз мушкилоти ҷиддии амнияти роҳҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ҳамасола боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва осеб дидани садҳо нафар мешаванд

Бидузд, мансабдор, ҳар қадар метавонӣ бидузд!

0

Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Тоҷикистон бо судури ҳукми раиси собиқи Фурӯдгоҳи Душанбе ва ҳамкоронаш бузургтарин ангезаро барои дуздии амволи давлат ба мансабдорон доданд: ҳар қадар, ки метавонӣ бидузд, агар дастгир шудӣ, пулҳои дуздидаатро бармегардонӣ ва ба ҳар ҳазор сомонии дуздидаат 16 дирам ҷарима пардохт мекунӣ. агар дастгир нашудӣ, ҳалолат бод!

Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе, ки ба дуздии беш аз миллиард сомонӣ гунаҳкор дониста шуда буд, баъди пардохти ҷарима ва “барқарор кардани зарари расонидааш” аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Гуфтанист ҷаримаи пардохтаи ӯ баробар ба 0,016 дарсади пулҳои дуздиаш аст. Дар ин бора раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Рустам Мирзозода имрӯз, 21 июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш хабар дод. 

Ба гуфтаи додраси рақами аввали кишвар, бинобар дуздии беш аз як миллиард сомонӣ, ҷазои Исматулло Абдуллозода ин будааст, ки чаҳор сол ҳақи ишғоли мансабҳои раҳбарикунандаро надорад.  

Абдуллозода ва панҷ нафар зердастони ӯ соли гузашта баъди ошкор шудани дуздии амволи давлат дар ҳаҷми 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили 13,5 миллион доллар дастгир шуда буданд. Рӯзи 30 январи соли ҷорӣ, додгоҳ панҷ зердасти Абдуллозодаро “баъди пардохти ҷарима ва барқарор кардани зарари расонидашуда” дар толори додгоҳ озод кард. Худи Абдуллозода боз муддате дар боздошт монд, аммо каме дертар бо далели пардохти ҷарима ба барқарор кардани қисмате аз зарари расонидааш дар ҳаҷми 93,8 миллион сомонӣ ба озодӣ баромад. 

Тибқи танҳо даъвои ҷонибҳои зарардида, худи раиси фурӯдгоҳ беш аз 960 миллион сомониро дуздида буд. Яъне маблағҳои дуздидаи ӯ метавонад бамаротиб бештар бошад. Маблағи барқароркардаи ӯ, ки расонаӣ шуд, яъне 93,8 миллион сомонӣ даҳ дарсади пулҳои дуздидаашро ҳам ташкил намедиҳад. Аммо танҳо баъди эълони имрӯзаи раиси Додгоҳи Олӣ маълум гашт, ки гӯё Абдуллозода “зарарро пурра барқарор” кардааст.

Дар ҳамин ҳол аз ҷузъиёти баргардонидани пулҳои дуздидаи Абдуллозода маълумоте дастраси расонаҳо нагардид, ки суолҳои зиёдеро бармеангезад:

  • Чӣ гуна ва куҷо Абдуллозода тавонист дар муддати се-чаҳор моҳ қариб як миллиард сомониро пайдо ва зарарро ҷуброн кунад? Агар ӯ қисмате аз ин пулҳоро дар ҷое нигоҳ медошт, қисмати дигарашро ҳатман масраф карда буд – барои сохтмони чанд хонаву қасрҳое, дар ин муддат сохт ва ғайра. 
  • Оё тафтишот маълумот дар бораи манбаъи пулҳои баргардонидаи ӯро дар даст дорад ва агар ҳа чаро дастраси ҷомеъа намесозад? Пул, ки аз кисаи мардум дуздида шудааст.
  • Ҷонибҳои зарардида, ки даъвои дуздида шудани пулҳояшон аз ҷониби Абдуллозода ва ёронашонро кардаанд, киҳо буданд ва оё худи онҳо ҷуброни зарарро тасдиқ кардаанд?

Муҳимтарин суол инҷо дигар аст: оё ин қарори додгоҳ боз кардани дасти мансабдорони дигар барои дуздии амволи давлату мардум нест? Вақте моҳонаи мансабдор ба харидани ҳатто гӯшти шикамсерӣ намерасад, мансабро бо пул харидааст ва мутмаъин аст, ки миллиардҳо сомонӣ ҳам дуздӣ кунад, агар дуздиаш ошкор шуд бо баргардонидани он аз ҷавобгарӣ озод мешавад, чаро дуздӣ накунад?

Аслан роҳ барои дуздии мансабдоронро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010, №617 боз кард. Он вақт ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид шуд ва пешбинӣ гардид, ки агар айбдоршаванда то баровардани ҳукми додгоҳ зарари моддиро пурра ҷуброн кунад, барои як қатор ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ нисбати ӯ татбиқ намешавад.

Баъдан ин меъёр якчанд маротиба васеътар карда шуд:

  • соли 2011 рӯйхати моддаҳое, ки ин имтиёз ба онҳо татбиқ мешавад, зиёд гардид;
  • солҳои 2024 ва 2025 низ ба Кодекси ҷиноятӣ иловаҳо ворид шуданд ва баъзе ҷиноятҳои дигар низ ба ин рӯйхат дохил карда шуданд.

Бо қабули ин қонун давлат расман эътироф кард дуздӣ ва фасод барои мансабдор чандон ҷинояте нест. Ҳоло бо судури ҳукми Исматулло Абдуллозода Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълон кард: Бидузд, мансабдор, ҳар қадар метавонӣ бидузд!

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон: чангу ғубор, шамолҳои сахт ва хатари сел дар чанд минтақаи кишвар

0

Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон аз бадшавии вазъи обуҳаво дар рӯзҳои 21–23 июл ҳушдор дода, эълон кард, ки дар чанд минтақаи кишвар тӯфони чангу ғубор, шамолҳои сахт ва хатари омадани сел пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, сабаби асосии бад шудани сифати ҳаво ворид гардидани ҳавои ғализи чангу ғубор аз самти ҷануб ва ҷанубу шарқ мебошад. Дар ин давра дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон аз 21 то 23 июл, инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 22 то 23 июл бадшавии сифати ҳаво дар назар аст.

Ҳамзамон, рӯзи 21 июл дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боронҳои шадид пешбинӣ шуда, аз 21 то 23 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии тобеи марказ, вилояти Хатлон, қисмати ғарбии ВМКБ, инчунин ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи обуҳавошиносон, рӯзҳои 21 ва 22 июл шамол аз самти ғарб бо суръати 13–18 метр дар як сония ва дар баъзе минтақаҳо то 20–25 метр дар як сония мевазад. Ин шамолҳо ҳамроҳ бо чангу ғубор метавонанд сатҳи бинишро дар роҳҳои мошингард коҳиш дода, ҳаракати нақлиётро мушкил созанд.

Мақомот инчунин аз афзоиши миқдори зарраҳои зараровари PM10 ва PM2.5 дар ҳаво ҳушдор дода, ба сокинон тавсия медиҳанд, ки ҳузури худро дар фазои кушод маҳдуд намуда, махсусан кӯдакон, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои роҳи нафас чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Тоҷикистон чандин маротиба бо мавҷи гарми шадиди ҳаво рӯ ба рӯ шуд ва дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво то +45 дараҷа расид. Дар баробари ин, боришҳои шадид ва обшавии босуръати барфу пиряхҳо дар чандин минтақа боиси омадани сел гардиданд.

Тибқи маълумоти расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ садҳо ҳодисаи табиӣ, аз ҷумла сел, тарма, ярч, сангрезӣ ва шамолҳои сахт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо даҳҳо сокини кишвар ҷон бохтаанд. Ҳаҷми зарари иқтисодии офатҳои табиӣ дар ин давра аз 52 миллион сомонӣ бештар арзёбӣ шудааст.

Офатҳои табиӣ инчунин ба инфрасохтори кишвар хисороти ҷиддӣ расонидаанд. Дар натиҷаи онҳо садҳо манзили истиқоматӣ, роҳҳо, пулҳо, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, шабакаҳои обёрӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ осеб дидаанд