12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 26

“Лаънатӣ гуфтанд”: Шикояти як зани маъюб аз кормандони БДА дар Душанбе

0

Аз роҳҳои пойтахт гузаштан хеле душвор аст, чаро масъулони роҳсозӣ дар Душанбе шароити маъбонро ба назар нагирифтаанд? Ин суолест, ки бархе маъюбон мепурсанд.

Лайло Мамадёрова, шаҳрванди Тоҷикистон ва маъюбе, ки аз аробачаи маъюбӣ истифода мебарад, дар як навори видеоӣ аз бадрафтории кормандони Бозрасии давлатии автомобилии кишвар (БДА) шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, кормандони БДА ба ӯ монеа эҷод кардаанд ва дар натиҷа натавонистааст ба автобуси худ сари вақт бирасад.

Сабаби дақиқи монеа шудани ҳаракати ӯ аз тарафи кормандони БДА маълум нест. Аммо худи ӯ мегӯяд, ки барои расидан ба автобус талош дошт, вале роҳ барои гузаштани аробачаи маъюбӣ ноҳамвор буд ва дигар роҳе барои гузаштан надошт, ӯ маҷбур шуда дигар роҳро интихоб кунад, вале кормандони БДА на танҳо монеа шуданд, балки бадрафторӣ ва ҳатто дашному таҳқир ҳам карданд. Ӯ мегӯяд, тамоми ҳодисаро дар видео сабт мекард, вале кормандони давлатӣ телефонашро бо зӯр аз дасташ кашида гирифтаанд ва наворҳои сабтшударо пок карданд.

Лайло Мамадёрова таъкид мекунад, ки ин аввалин ҳолати рафтори бад ва таҳқиру беэҳтиромӣ аз ҷониби кормандони давлатӣ нисбат ба ӯ нест. Ба гуфтаи ӯ, кормандон давллатӣ нисбати вай ҳатто аз калимаи ҳақоратомези “лаънатӣ” истифода карданд.

Хонум Мамадёрова мегӯяд, ки дар шаҳри Душанбе барои шахсони дорои маълулият, махсусан касоне, ки бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунанд, шароити зарурӣ фароҳам нест. Борҳо аз тарафи ин қишри ҷомеа шикоят шудааст, ки “дар раванди сохтмон ва тарҳрезии шаҳр, биноҳо, идораҳои давлатӣ ва иншооти иҷтимоӣ шароити маъюбон ба назар гирифта намешавад”, ки ин барои ҳаракат ва зиндагии онҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.

Ҳодиса дар ҳолест, ки солҳои ахир сокинони дорои маълулият борҳо аз набудани шароити мувофиқ дар шаҳрҳои калон, аз ҷумла Душанбе, шикоят кардаанд. Баръакси кишварҳои пешрафтаи дунё, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ биноҳои давлатӣ, мағозаҳо, истгоҳҳои автобус ва метро имкониятҳои мусоид барои шахсони маъюб муҳайё аст.

Аммо дар робита ба бадзабонии пулис дар шаҳри Душанбе ин бори аввал нест, ки шикоят мешавад. Борҳо шикоят мешавад, ки маъмурони БДА ва КДАМ бо шаҳрвандон аз нигоҳи касбӣ рафтор намекунанд ва хеле дағалона муносибат доранд. Вале Рамазон Раҳимзода, раҳбари Вазорати корҳои дохилӣ иддао мекунад, ки кормандонаш бо мардум рафтори хуб доранд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо мақомдорони аврупоӣ

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Брюссел бо чанде аз мақомдорони аврупоӣ дидор кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКХ, 18-уми ноябри соли ҷорӣ, Муҳриддин бо вазири федералӣ дар мавриди паноҳандагон, муҳоҷират, фарогири иҷтимоӣ ва сиёсати шаҳрдории Подшоҳии Белгия хонум Аннелин ван Боссёйт мулоқот карда, аз дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Белгия дар самти муҳоҷирати корӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва рушди иртиботи тиҷоратӣ гуфтугӯ карданд.

Ва пас аз мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Аннелин ван Боссёйт дар ин маврид Ёддошти ҳусни тафоҳумро ба имзо расониданд.

Инчунин вазири тоҷик дар Брюссел бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои дохилӣ ва муҳоҷират Магнус Бруннер низ мулоқот карда, ҷонибҳо ҳамкории фарогири Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар бораи таҳкими марз ва муқовимат ба чолишҳои амниятӣ, аз қабили муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизмро баррасӣ кардаанд.

Дар мулоқот бо Бруннер дар бораи ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими иртибот, соддагардонии раванди дарёфти раводид (виза) ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Инчунин ҷонибҳо муколамаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо Агентии ҳифзи марзи сарҳадӣ ва соҳилии Иттиҳоди Аврупо (FRONTEX) ва Дафтари афсари тамоси аврупоӣ дар умури бозпасгардонии шаҳрвандон дар минтақаи Осиёи Марказӣ (EURLO) баланд арзёбӣ карда, аз идомаи ин равобит гуфтаанд.

Ҳамон рӯз Муҳриддин бо вакили Парлумони Аврупо, узви ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ, Тиерӣ Мариянӣ низ мулоқот карда, дар ҷараёни суҳбат дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ, рӯзномаи дуҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ ва чолишҳои муосири муштаракро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Ин дидору гуфтугӯҳо дар мавзуи муҳоҷират ва паноҳандагон дар ҳоле сурат мегиранд, ки як гурӯҳ аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон баъди соли 2015 ба кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд ва дар чанд соли охир чанде аз онҳо, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашов аз Олмон, Фарҳод Неъматов аз Шветсия, Фаррух Икромов аз Лаҳистон ва Ҳизбуллоҳ Шовализодар аз Австрия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаву барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон гаштаанд. Ва мақомоти кишвар талош доранд мухолифони бештари худро аз кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон баргардонанд.

Ҳамзамон маълум нест дар ин мулоқотҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва таҳрими 3 бонки Тоҷикистон аз ҷониби ИА баррасӣ шудааст ё на. Чун чанде пеш зимни нишасти намояндагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, аз вазъи бади ҳуқуқи инсон, озодии баён ва зиндонҳо дар Тоҷикистон интиқод шуда буд ва намояндагони ИА озодии маҳбусони сиёсиро таллаб карда буданд.

Ҳамчунин 23-уми октбяри соли ҷорӣ, Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳоро алайҳи Русия қабул намуд, ки ба рӯйхати нав, на танҳо бонкҳои русӣ, балки муассисаҳои молиявии хориҷӣ, аз ҷумла се бонки Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Брюссел ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.

Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд.

Шӯрои Амният тарҳи Трамп барои Ғаззаро тасдиқ кард

0

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми душанбе тарҳи пешниҳод намудаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар мавриди поён додани ҷанг дар Ғаззаро расман таъйид кард.

Аз 15 узви Шӯрои Амнияти СММ 13 раъй ба ҷонибдории қатънома овоз дода, 2 раъй – Русия ва Чин – бетараф овоз доданд, вале аз ҳаққи вето ҳам истифода накарданд.

Трамп дар ин тарҳи сулҳ барои Ғазза ба чанд нуктаи муҳиме ишора намудааст, ки аз ҷониби кишварҳои арабӣ ба хубӣ пазируфта шудааст. Аммо ҲАМОС инро рад кард. Ҳамзамон бо ҲАМОС, дигар гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ низ тарҳи Трампро рад карда, мегӯянд, ба бандҳои тарҳи қаблӣ иловаҳо ворид шуда, манофеи мардуми Фаластин ба инобат гирифта нашудааст.

Тарҳи пешниҳоднамудаи Трамп, ки Шӯрои Амният тасвиб кард, чанд бандеро дар бар мегирад, ки чорчӯби умумии идора ва амнияти Ғаззаро баъди таваққуфи ҷанг мушаххас мекунад. Аз ҷумла ташкили Шӯрои сулҳ ва нерӯҳои байналмилалии муваққатӣ дар ин борика аз бандҳои асосии ин тарҳи тасдиқшуда мебошанд.

Аз ҷумла дар тарҳи мазкур ин бандҳо зикр шудаанд: 

. Таъсиси Шӯрои байналмилалии сулҳ, ҳамчун як ҳайати идоракунии интиқолӣ, ки азнавсозии Ғаззаро назорат мекунад.

. Омода сохтани пулиси фаластинӣ барои идораи Ғазза ва инчунин ободсозии Ғазза, ки тавонад роҳро барои ташкили давлати Фаластин дар оянда фароҳам кунад.

. Аз саргирии воридоти кумакҳои инсонӣ ба Ғазза дар ҳамоҳангӣ бо Шӯрои байналмилалии сулҳ. Шӯрои мазкур низ бе ҳамоҳангӣ бо Исроил ва Миср тасмимҳои худсарона гирифта наметавонад.

. Тамоми даромаду баромад ба Ғазза аз ҷониби Нерӯҳои байналмилалии сулҳ назорат мешавад.

. Барои барқарории сулҳу субот дар Ғазза силоҳ аз дасти ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои муқовимат гирифта мешавад ва пулиси фаластиние, ки бояд омода карда мешавад, барои ҷорӣ кардани тартибот дар Ғазза омода мешавад.

. Инчунин бо шуруи кори Шӯрои байналмилалӣ, артиши Исроил марҳила ба марҳила аз Ғазза хориҷ мешавад.

. Шӯрои байналмилалии сулҳ то 31-уми декабри соли 2027 фаъолият мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Исроил ба хотири вуҷуди банди “ташкили давлати Фаластин дар оянда” эътироз намуда, мегӯяд, ба ин кор ба ҳеч ваҷҳ розӣ нахоҳад шуд. Ҳамзамон ҲАМОС мегӯяд, тағйироти ҷиддие ба ин тарҳ ворид шудааст, ки ба манфиати мардуми Фаластин нахоҳад буд.

Гуфтугӯи Тоҷикистону Толибон дар бораи мушкилоти марзӣ

0

Намояндагони Тоҷикистон ба мақомдорони Толибон аз ҳалли мушкилоти марзӣ тариқи ҳамдигарфаҳмӣ гуфтаанд. 

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ ва наздик ба Толибон, 17-уми ноябри соли ҷорӣ ҳайати Тоҷикистон дар Кобул бо Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон мулоқот намуда, ҷонибҳо масоили амниятӣ, мушкилоти марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, Абдулвоҳид Мирзозода, муовини аввали Кумитаи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфта, ки Тоҷикистон мехоҳад ҳамкориҳояшро бо Афғонистон, бахусус дар бахши иқтисод густариш диҳад. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки мардуми ду тараф хоҳони амният ҳастанд ва бояд мушкилоти мавҷуда дар хатти марз аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад.

Дар идомаи ин мулоқот мақомдори Толибон Нуруллоҳ Нурӣ иддао кардааст, ки онҳо бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон мубориза бурда истодаанд ва субот дар марзи муштарак нақши муҳиме дар амнияти ду кишвар дорад.

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо намояндаҳои марзбонии Толибон дар ҳолест, ки чанд моҳи охир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон миёни марзбонон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ задухурдҳо рух дода, чанд нафар куштаву захмӣ ҳам шуда буданд.

Пас аз ин даргириҳо дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд. То ҷе, ки ҷонибҳо якдигарро барои ҷой додани мухолифони ҳамдигар дар кишварҳояшон муттаҳам карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати иборат аз 14 мақомдори тоҷик барои мулоқот бо мақомдорони Толибон ба Кобул рафтаанд ва ба ғайр аз дидор бо Нуруллоҳ Нурӣ бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон низ гуфтугӯ кардаанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ мулоқот кунад.

Гуфта мешавад, ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст. Аммо расонаҳои афғонӣ ва наздик ба ҳукумати Толибон мегӯянд, ки ҳадафи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Кобул музокира бо мақомоти Толибон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақаӣ буда, фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе, ки то ҳол он дар дасти ҳукумати қаблии Афғонистон аст ва вогузории он ба ҳукумати Толибон аз мавзуъҳои дигари ин дидорҳо будааст.

Пеш аз сафари ин ҳайаити иборат аз 14 мақомдори тоҷик ба Кобул, расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд.

Хомӯшии ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад ва борҳо аз ҳукумати Толибон интиқод ҳам карда буд.

Паёми пушаймонии ҷавони тоҷик аз майдони ҷанг

0
Screenshot

Як ҷавони тоҷик бо нашри наворе, ки худ либоси низомӣ дорад ва эҳтимол дар ҷанги Русия алайҳи Украина иштирок дорад, аз қарордод бастану ба ҷанг рафтанаш изҳори пушаймонӣ мекунад.

Навори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ нашр шудааст. Ӯ дар навор бо чеҳраи хаста ва овози шикаста ба ҷавонони тоҷик муроҷиат мекунад ва онҳоро ба таҳсилу мондан дар Тоҷикистон даъват мекунад.

Ин ҷавон мегӯяд, ки бо қарордод ба ҷанг омадааст, аммо ҳоло пушаймон аст: “Ман хато кардам… Ҳолам бисёр бад аст, аз субҳ то шом гурусна ҳастам”. Ӯ таъкид мекунад, ки ҷавонон бояд дар фикри ҷанг набошанд, дониш биомӯзанд ва дар назди падару модарашон бошанд.

Ин навор дар ҳоле нашр мешавад, ки борҳо гузориш шудааст, зодагони Тоҷикистон дар ҷанг алайҳи Украина ширкат мекунанд. То кунун ҷасади чандин нафар ба Тоҷикистон интиқол ёфта, теъдоде ҳам дар дасти низомиёни Украина асир афтодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ба таври расмӣ ин мавзуъро шарҳ надодаанд, аммо аз гуфтаҳои ин ҷавони тоҷик бармеояд, ки аксари шаҳрвандони тоҷике, ки дар ҳолати ӯ қарор доранд, аз кори кардаи худ пушаймон шудаанд ва ба дигарон ҳушдор медиҳанд, ки иштибоҳи онҳоро такрор накунанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва ҷанги густардаеро оғоз намуд, ки то имрӯз идома дорад. Тибқи оморҳои расмие, ки мақомоти Украина нашр карданд, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби Русия дар ин ҷанг ширкат кардаанд, ки то кунун даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Падар бо иттиҳоми куштори писараш 25 сол зиндонӣ шуд

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз Одинаевро бо иттиҳоми азият ва куштори писари 15-солааш барои 25 сол равонаи зиндон кард.

“Asia-Plus” дар истинод ба манобеаш навишта, ки мурофиаи додгоҳии Одинаев 11-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор шуда, додистон барои ӯ 27 соли зиндон талаб кардааст, аммо додрас бо ба инобат гирифтани фарзандони ноболиғи Одинаев, 2 сол аз талаби додситон камтар ҳукм содир кардааст.

Ин ҳукм дар асоси моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 117 (Азобу уқубат)-и Кодекси ҷиноятӣ содир шуда, Парвиз Одинаев 25 соли ҳукмашро дар зиндони низомаш пурзӯр адо хоҳад кард. Аммо мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, худи Парвиз Одинаев ва пайвандонаш аз болои ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ бурдан намехоҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи ғамангезу пурдарди қатли писар аз ҷониби падар дар рӯзи 26-уми июли соли 2025 ҷомеаи Тоҷикистонро такон дода, вокунишҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор оварда буд.

Он замон наворе нашр шуда буд, ки дар он дида мешуд Одинаев писари 15-солаи худ Хусравро барои иқрор шудан ба гуноҳи дуздии 600 сомонӣ ва нос кашидан истинтоқ мекунад ва ҳамзамон ӯро аз пойҳояш бо таноб ба мошин баста бар рӯи замин кашон-кашон мебарад ва шиканҷа мекунад. Баъдан маълум гардид, ки бар асари ин шиканҷаи сахт, писарак ҷароҳатҳои вазнин бардошта, аз ҳуш меравад. Ва падараш Одинаве ӯро бо он ҷароҳатҳо ба хонааш мебарад, аммо Хисрави навҷавон дар хона ҷон медиҳад.

Дертар Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри изҳорот хабар дод, ки Парвиз Одинаев, сокини 40-солаи шаҳри Турсунзодаро боздошт кардааст.

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо вазири хориҷаи Толибон

0

14 мақомдори тоҷик барои мулоқот бо мақомдорони баландпояи Ҳукумати Толибон ба Кобул рафтаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ, ин ҳайат шомили муовини аввали роҳбари нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фиристодаи вежаи Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати сарҳадӣ, коршиноси аршади амнияти миллӣ, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон (ВМКБ), сардори Раёсати идораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомҳои амниятии Тоҷикистон буда, онҳо бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон мулоқот кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои сиёсӣ, робитаҳои Кобулу Душанбе ва беҳбуди сатҳи тиҷорат миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ мулоқот кунад.

Ҷузъиёти дигаре аз нишасти ҳайати Тоҷикистон бо мақомдорони Толибон дастрас нест ва ҷониби Тоҷикистон ҳам то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.

Аммо расонаҳои афғонӣ ва наздик ба ҳукумати Толибон мегӯянд, ки ҳадафи сафари ин ҳайат ба Кобул музокира бо мақомоти Толибон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақаӣ буда, фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе, ки то ҳол он дар дасти ҳукумати қаблии Афғонистон аст ва вогузории он ба ҳукумати Толибон аз мавзуъҳои дигари ин дидорҳо будааст.

Сафари ин ҳайати бузурги мақомдорони тоҷик ба Кобул дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз бо даъвати Толибон ва мулоқоташ бо волии ин вилоят Мулло Муҳаммадхон гузориш дода буданд.

Инчунин Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе сафар карда, бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон дидор карда буд. Саймумин Ятимов ҳам чанде пеш ба Кобул сафар кардаву бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳорои намонядагони кишварро бо мақомдорони Толибон тасдиқ ё рад накардааст. Хомӯшии ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ҳолест, ки ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад ва борҳо аз ҳукумати Толибон интиқод ҳам карда буд.

Чанд моҳи охир дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон миёни марзбонон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ задахурдҳо рух дода, чанд нафар куштаву захмӣ ҳам шуда буданд.

Пас аз ин даргириҳо дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд. То ҷе, ки ҷонибҳо якдигарро барои ҷой додани мухолифони ҳамдигар дар кишварҳояшон муттаҳам карда буданд.

Шӯрои Амнияти СММ имрӯз тарҳи ИМА барои сулҳи Ғаззаро баррасӣ мекунад

0

Қарор аст, имрӯз соати 17:00 ба вақти Ню-Йорк дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тарҳи Трамп дар бораи сулҳи Ғазза тасдиқ шавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳ бо чанд кишвари арабӣ ва мусалмонӣ, аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия, Қатар, Урдун, Иморот, Индонезия ва Покистон рӯзи ҷумъа аз Шӯрои Амнияти СММ талаб карданд, ки тарҳи пешниҳодкардаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар бораи поён додани ҷанг ва бунёди Ғазза ҳарчи зудтар қабул намояд.

Дар изҳороти муштараки ин кишварҳо зикр шудааст, ки онҳо “пуштибонии пурраи худро аз қатъномаи мавриди баррасии Шӯрои Амният” баён карда, хостори “қабули фаврии он” шуданд.

Ҳафтаи гузашта ИМА расман музокиротро дар дохили Шӯрои 15-нафараи Амният барои тасдиқи санаде оғоз кард, ки оташбасро дар ҷанги дусолаи Исроил ва ҲАМОС пайгирӣ намуда, таъсиси Шӯрои сулҳ — як ниҳоди идоракунии муваққатӣ барои як марҳилаи гузариш дар Ғаззаро пешбинӣ мекунад. Бар асоси пешнависи қатънома, ин Шӯро то соли 2027 фаъол хоҳад буд.

Ин санад инчунин ба кишварҳои узви СММ иҷозат медиҳад, ки “Нерӯи муваққатии байналмилалии устуворсозӣ (ISF)” таъсис диҳанд. Ин нерӯ бояд бо Исроил, Миср ва пулиси нави Фаластин ҳамкорӣ карда, амнияти марзҳо, кушодани гузаргоҳҳои инсонӣ, гирифтани силоҳ аз дасти ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ, инчунин таъмини амният дар Ғаззаро ба дӯш хоҳад дошт.

Бар хилофи тарҳҳои қаблӣ, дар ин пешнавис эҳтимолияти таъсиси давлати ояндаи Фаластин низ зикр шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Русия лоиҳаи қарори алтернативиро пешниҳод кардааст, ки таъсиси Шӯрои сулҳ ё фиристодани нерӯҳои байналмилалиро дар назар надорад. Ин матн фақат аз Дабири кулли СММ даъват мекунад, ки гузоришеро дар бораи имкони ҷойгиркунии нерӯҳои субот дар Ғазза омода кунад. Лоиҳаи Русия номи Доналд Трампро низ зикр намекунад.

ИМА ҳушдор дод, ки рад кардани пешниҳоди он метавонад ба баргашти ҷанги ҲАМОС бо Исроил ва идомаи мушкилоти мардуми Ғазза оварда расонад. Сафири ИМА дар СММ Майк Волтс изҳор дошта, ки “дур шудан аз ин роҳ боиси хисороти ҷиддии инсонӣ хоҳад шуд”.

Боздошти чанд талабаи мактаб барои кашидани чилим ва сигори электронӣ

0

Милитсияи пойтахт аз боздошти хонандагоне хабар дод, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба масрафи чилим ва сигорҳои электронӣ машғул буданд.

Тибқи иттилои расмии Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷишҳои ҳафтаи сипаришуда, кормандони самти кор бо ноболиғон 7 ҳолати вайронкунии интизоми дохилии муассисаҳои таълимиро ошкор намуданд.

ВКД-и шаҳри Душанбе мегӯяд, дар натиҷаи санҷиш чанд хонандаи мактабҳоро боздошт кардаанд, ки ба кашидани сигори электронӣ ва чилим дар дохили мактаб машғул будаанд. Вазорат аз боздоштшудаҳо Умаров А., Қарахонов Ё., Иззатуллоев И., Раҳмонов М., Зуҳуров М., Султонов А. ва Ҷабборов А. ном бурдааст.

Нисбат ба волидайни ноболиғон тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, парвандаҳо барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол шудаанд.

Мақомот мегӯянд, чорабиниҳои назоратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт идома хоҳанд ёфт. Мақсад ҷилавгирӣ аз паҳншавии одатҳои номатлуб дар муҳити мактабӣ ва баланд бардоштани сатҳи тарбияи ахлоқии наврасон мебошад.

Ба гуфтаи шахсони огоҳ, ҳоло дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, бахусус мактабҳои Душанбе ахлоқи ҷавонон то рафт бад мешавад. Истифодаи сигору чилим ва ҳатто даст задан ба анвои маводи махаддир низ роиҷ шудааст. Онҳо бар ин боваранд, ки ҳодисаи мазкур бори дигар сатҳи фаъолият ва барномарезии Вазорати маориф ва илми кишварро дар ростои таълиму тарбияи донишомӯзон зери суол бурда, аз бефаъолиятии масъулон ва буҳрони ахлоқии миёни наврасон ва ҷавонон шаҳодат медиҳад.

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, имрӯз, 14-уми ноябр, Раҳмонов бо фармоне Завқӣ Завқизодаро аз мақоми Вазири рушди иқтисод ва савдо, ки дар ин вазифа аз соли 2020 кор мекард, барканор кардаву сафир дар ИМА таъйин кардааст.

Фаррух Ҳамрализода, ки панҷ соли ахир сафири Тоҷикистон дар ИМА буд, аз мақомаш барканор шудааву дар бораи таъин шуданаш ба мансаби дигар хабаре нест.

Вазири нави рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода, ҳамакнун собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе ва бародари Мизробшоҳ Абдураҳмонзода, додситони шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Инчунин дар пайи ин ҷойивазкуниҳо, Ҷамолиддин Убайдулло, писари собиқ раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлисии Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва Италия буд, аз вазифаи сафир дар Фаронса озод шудааст. Аммо чун Тоҷикистон дар Италия сафорати худро боз кардааст, Ҷамоллиддин сафири Тоҷикистон дар Италия боқӣ мемонад.

Ҳоло сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода, ки то ин дам сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, таъйин шудааст.

Бо фармони дигараш Раҳмонов, Идибек Қаландарро, ки аз соли 2017 сафири Тоҷикистон дар Австрия, Руминия, Словакия, Венгрия, Норвегия ва ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА буд, аз мақомаш барканор карда, ба ҷойи ӯ Манучеҳр Ҷобирро сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин кардааст. Маълум нест сафири нави Австрия ҳамзамон дар мақомҳои дигаре, ки Идибек Қаландар дар онҳо кор мекард, соҳиб хоҳад шуд ё на.

Дар ҳамин ҳол сомонаи расмии Президент аз иваз шудани консулҳои генералии Тоҷикистон дар чанд шаҳру вилоятҳои Русия хабар додааст.

Аз ҷумла, Хуршед Шерализода, ки то ин дам ёвари вазири корҳои хориҷӣ буд, консули генералӣ дар Санкт-Петербург шудааст. Ӯ писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат консули генералии Тоҷикистон буда, бародараш Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Инчунин бори аввал як зан консули генералӣ шудааст. Зарина Исмоилзода, ки муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ буд, консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирски Русия таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи маъмул, дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонаводаи ӯ аст. Аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд ва ё кадрҳои нав мақомҳоро бо пули калоне мехаранд.