24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 260

Путин: тамоми сокинони ғайри низомӣ аз Херсон хориҷ карда шаванд

0

Владимир Путин амр кардаст, ки тамоми сокинони ғайринизомии Херсон, ки тоза ба хоки Русия ҳамроҳ карда буд, аз ин минтақа хориҷ карда шаванд.

Бино ба иттилои Rueters, Владимир Путин имрӯз дар Маскав эътироф кардааст, ки вазъият дар Херсон хеле хатарнок аст, ва ба ин хотир амр карда, онҳое, ки дар Херсон зиндагӣ мекунанд, бояд аз минтақа хориҷ карда шаванд ва набояд мардуми мулкӣ (дар асари даргириҳо) зарар бибинанд.

Ин фармони Президенти Русия дар ҳоле содир шуда, ки тайи як ҳафтаи ахир ҳамлаҳои Русия ба шаҳру ноҳияҳои Украина афзоиш ёфтааст ва дар рафти ин ҳамлаҳо зерсохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ зери борони ҳамлаҳо қарор гирифта, зарар дидаанд.

Мақомоти Украина ҳам субҳи имрӯз эълон кардаанд, ки бар асари ҳамлаҳои Русия ба зеристгоҳҳои барқӣ ва харобу валангор кардани онҳо айни замон беш аз 4,5 миллон нафар аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум шудааст.

Гуфта мешавад, Херсон яке аз вилоятҳои Украина аст, ва ахиран Русия бо баргузории як раъйпурсие, ки на Киев ва на дигар давлатҳои дунё аз нигоҳи қонунӣ сиҳати онро эътироф накарданд, ба хоки худ ҳамроҳ кард, вале бо ин вуҷуд нерӯҳои украинӣ низ барои боз гирифтани ин минтақа талошҳои худро афзоиш додаанд ва ҷанг дар он шиддат гирифтааст.

Як ҷавони тоҷик дар Абхозистон ба ҳукми абад маҳкум шуд

0

Дар Абхозистон як зодаи 22-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир маҳкум ба ҳукми абад шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Абхозистон хабар додааст.

Дар хабари Додситонӣ гуфта мешавад, ки Додгоҳи шаҳри Сухум 3-уми ноябри соли 2022 зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия Буриев Собирхон Сайдуллоевичро дар “ҷиноят ба зидди саломатии мардум ва маънавиёти ҷомеа”, дар фурӯши 50,1 грамм маводи мухаддири навъи “мефедрон” гунаҳкор дониста, ба ҳукми абад бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.

Гуфта мешавад, Собирхон барои анҷоми ин корҳояш махфигоҳ доштааст, ки сетои онро дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии Абхозистон сохтааст.

Додситонӣ мегӯяд, ки Бӯриев дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти бар зиддаш эълоншударо эътироф накардааст, аммо дар рафти тафтиши пешакӣ бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ дошта, ҷойҳои махфигоҳҳои маводи мухаддирашро нишон додааст.

Бӯриев Собирхон ва вакили дифоаш ҳақ доранд дар муддати 15 рӯз ба коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Абхозистон шикоят баранд.

Бӯриев Собирхон мутавалиди 22-уми апрели соли 2000 буда, маълум нест аз кадом минтақаи Тоҷикистон аст. Назари пайвандону наздиконаш низ дар бораи ҳукми сангини додгоҳ дастраси расонаҳо нест.

Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ барқи бештар тавлид кардааст

0

Ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ 16 миллиарду 342,2 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 460,6 миллион кВт/соат бештар аст.

Avesta.tj хабар медиҳад, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар 15 миллиарду 536,7 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​тавлид карда, 805,2 миллион кВт/соат нерӯи барқи дигар дар марказҳои барқу гармидиҳӣ тавлид шудааст.

Ҳаҷми тавлиди нерӯи гармӣ дар ин давра 675,8 ҳазор Гкалро ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 4,3% зиёд аст.

Бо вуҷуди бештар тавлид шудан нерӯи барқ дар ин давра, сокинони манотиқи гуногуни кишвар аз набуди барқ дар ноҳияҳояшон ва ҷорӣ шудани лимит аз охири моҳи сентябр шикоят доранд. Ва суоли матраҳ миёни сокинони кишвар ин аст, ки барқи тавлидшудаи нерӯгоҳҳо куҷо мешаванд?

Дар бештари ҳолатҳо мақомот вуҷуди маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқро рад мекунанд ё онро ба корҳои таъмиру бозсозӣ рабт медиҳанд.

Вале Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамеша дар паёмҳояш аз афсона шудани лимити барқ мегуфт, рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ вақти суханронӣ дар назди фаъолону раҳбарони шаҳри Норак ғайричамдошт эътироф кард, ки дар кишвар маҳдудияти интиқоли барқ вуҷуд дорад ва аз сокинону корхонаҳо хост нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд. Раҳмон маҳдудиятро муваққатӣ номида, ҷорӣ шудани онро ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ гуфт.

Аммо таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин ваъдаҳо мисли ваъдаҳои пешини Раҳмон буда, сокинони кишвар дар фасли сармо боз бо лимити барқ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ҳамла ба ҷони собиқ сарвазири Покистон

0

Собиқ сарвазири Покистон ҳангом як роҳпайпоии эътирозӣ дар байни ҳаводоронаш мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, ҷон ба саломат бурд.

Бино ба иттилои

Дар акс мардест, ки гуфта мешавад ӯ ба корвони Имрон Хон ҳамла карда, 4 касро захмӣ ва як нафари дигарро куштааст.

Имрон Хон пас аз барканориаш аз мақоми нахуствазирӣ, ки онро тавтеаи хориҷӣ медонад, бо ташкили роҳпаймоиҳои бузурги шаҳр ба шаҳр ба назди мардум рафта, бо истиқболи гарми онҳо рӯбарӯ мешавад ва ҳамин пазироии мардум боис шуда, ки барои дубора расидан ба қудрат ба сурати ҷиддитар вориди амал шавад.

Ҳамла ба корвони собиқ нахуствазири Покистон Имрон Хонро раиси ҷумҳур, сарвазири Покистон ва вазоратҳои умури хориҷии Амрико ва Эрон ҳам маҳкум кардаанд, вале ба қавли Алҷазира, Имрон Хон гуфтааст, ки пушти ин ҳамла Шаҳбоз Шариф, нахуствазири амалкунандаи Покистон бархе сарони артиши кишвараш ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар яке аз иёлатҳои Панҷоби Покиситон рух додааст ва Имрон Хон ҳам дар ин ҳодиса се тир аз ноҳияи пойҳояш хӯрда, роҳии бемористон шудааст. Имрон Хон, собиқ крикетбози машҳури Покистон ва раҳбари Ҳизби таҳрики инофи Покистон аст.

Зеленский: Дар Украина 4,5 миллон нафар бебарқ монданд

0

Владимир Зеленский, расиҷумҳури Украина дар паёми видеоие гуфт, ки бар асари ҳамлаҳои Русия бар зерсохторҳои энержии ин кишвар зиёда аз 4,5 миллон нафар бебарқ мондаанд.

Акс аз Интернет

Раисҷумҳури Украина мегӯяд Русия ба нобуд кардани зерсохторҳои энержӣ даст задааст ва афзуд, ки Кремлин ба “терроризми энержӣ” рӯ овардааст.

Бино ба қавли Зеленский, шаби гузашта тақрибан дар 10 минтақаи ин кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Киев барқ умуман вуҷуд надоштааст.

Ӯ афзуд, ки ҳамлаҳои густардаи Русия қариб сеяки зерсохторҳои энержии ин кишварро хароб када ва ҳоло барои тақрибан 4,5 миллион истеъмолкунанда барқ муваққатан қатъ карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, сокинон дар 10 минтақа: Киев, Днепропетровск, Житомир, Запороже, Сумӣ, Кировоград, Харков, Чернигов, Хмелнитский ва Черкасӣ аз нерӯи барқ ​​маҳрум мондаанд. Раисиҷумҳур афзуд, аз эҳтимол дур нест, ки дар минтақаҳои дигар низ интиқоли нерӯи барқ ​​қатъ шавад.

Зеленский аз мақомоти маҳаллӣ хост, ки сарфаи барқро дар саросари кишвар назорат кунанд ва нагузоранд дар чунин вазъият барқ беҳуда масраф шавад. Ӯ дар хитоб ба масъулин таъкид кард, ки “ҳоло вақти равшан кардани витринаҳо, лавҳаҳо, таблиғҳо ва дигар равшании ба инҳо монанд нест”.

Расиҷумҳури Украина ҳамчунин аз масъулини кишвараш хост ба мардум фаҳмонанд, ки барқ аз онҳо кай ва барои чӣ қатъ карда мешавад.

Дар ҳафтаҳои ахир Русия ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии густардаи худро ба таъсисоти барқи Украина оғоз кард. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом мешаванд, ки бар асоси баъзе гузоришҳо, эҳтимоли ақибнишинии нерӯҳои Русия аз шаҳри муҳими Херсон, ҷануби Украина вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, пас аз пешрафти чашмгири нерӯҳои украинӣ дар баъзе ҷабҳаҳо, Русия ба ҳамлаҳои тактикӣ ва дур аз минтақаи ҷангро пеш гирифтааст, то пешравии нерӯҳои украиниро коҳиш диҳад.

Эҳтиёт! Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд барфи зиёд меборад

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 3-уми ноябр аз боришоти борону барф ва эҳтимоли омадани сел дар минтақаҳои кӯии кишвар ҳушдор дод.

Акс аз Интернет

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки рӯзҳои 3-5-уми ноябр сафарҳои худро аз Дуашнбе ба вилояти Суғд ва ё баракс маҳдуд кунанд. Зеро дар натиҷаи барф ва ё борони сахту омадани сел эҳтимоли масдуд шудани роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.

“Рӯзҳои 3-5-уми ноябр боронҳои шадид метавонанд сабаби омадани селҳо, резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ шаванд.”, омадааст дар хабари кумита.

Дар ҳамин ҳол рӯзи ҷумъа, 4-уми ноябр телеграм-канали Parviz TV наворе нашр карда, ки дида мешавад, дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аллакай барфи зиёд меборад ва баъзе мошинҳо бо мусофиронашон банд мондаанд.

Зимни нашри ин навор, аз шаҳрвандони кишвар хоста шуда, ки барои сафар ба манотиқи дурдасти кишвар аз эҳтиёт кор бигиранд ва безарурт ба сафар набароянд.

Додгоҳи Душанбе Завқибек Саидаминиро ба 7 соли зиндон маҳкум кард

0

Рӯзи панҷшанбе, 3-уми ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигор Завқибек Саидаминиро барои 7 сол равонаи зиндон кард.

Қаблан додситонӣ аз додрас барои ӯ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7,5 сол талаб карда буд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, ин рӯзноманигори тоҷик дар суханони охиринаш ҳама иттиҳомоти эълошударо рад кардааст. Вакили дифои ӯ гуфта, ки баъд аз машварат бо зерҳимояаш тасмим хоҳанд гирифт, ки ба зинаҳои болотар аз болои ин қарор шикоят мекунанд ё на.

Гуфта мешавад, мақомот ӯро дар ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” муттаҳам мекунад. Аммо худи ӯ борҳо ин иттиҳомотро рад кардааст.

Ҳамзамон ҲНИТ ва ҳам “Гурӯҳи 24” низ бо интишори баёнияҳое иттиҳомоти эълоншуда алйҳи Саидаминиро, ки ҳамкорӣ бо ин гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат гуфта мешавад, рад карда, онро парвандаи сохтаи дасти мақомот номида буданд.

Ба 7 соли зиндон маҳкум шудани Саидаминӣ дар ҳолест, ки пештар аз ин Абдуллоҳ Ғурбатӣ 4-уми октябр барои 7,5 сол ва Далери Имомалӣ 17-уми октябр ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар ҳама мурофиаҳои ин рӯзноманигорон додрас танҳо тавониста 6 моҳӣ аз талаби додситониро кам кунад.  

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ 8-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон, Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт.

Лаҳистон дар марз бо Русия девор месозад

0

2-уми ноябри соли ҷорӣ, Лаҳистон дар марзи 210-километрияш бо Русия ба сохтани девор, ки дувуним метр баландӣ дорад, оғоз кард.  

Мариуш Блашак, вазири дифои Лаҳистон дар ин бора мегӯяд, ки “бинобар он, ки фурӯдгоҳи Калининград барои парвозҳо аз Ховари Миёна ва Африқо боз шудааст, ман тасмим гирифтам, ки барои таҳкими амнияти сарҳад чораҳо биандешам. Имрӯз сарбозон дар марзи Лаҳистон бо вилояти Калининград ба сохтани садди муваққатӣ шуруъ мекунанд”.

Дар идома ӯ изҳор дошт, ки тасмим гирифта шудааст, ки “девор ҳарчи зудтар сохта мешавад ва барои он ҳар қадаре, ки лозим бошад, сарбозон ҷалб карда мешаванд”.

Гуфта мешавад, мақомоти Лаҳистон мехоҳанд, ба ин восита аз даромадани муҳоҷирони зиёде ба ин кишвари аврупоӣ пешгирӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилии Эстония низ эълом кард, ки манотиқи муҳофизатӣ дар марз бо Русияро аз 10 то 300 метр васеъ мекунад. Сардори шуъбаи сиёсати марзӣ ва муҳоҷирати Эстония Янек Маги гуфта буд, ки дар ин минтақа, ки он низ таҳти назорати камераҳо қарор дорад, иншооти иловагии зерсохторӣ бунёд хоҳад шуд.

Пештар аз ин дар моҳи январ, дар пасманзари буҳрони муҳоҷирон, Лаҳистон бо арзиши 353 миллион евро ба бунёди девор дар марз бо Беларус шуруъ кард, ки баландии панҷуним метр ва 186 километр дарозӣ дорад.

Литва низ дар марзаш бо Белорус бо маблағи 152 миллион евро девори 502-километрӣ сохт.

БАЁНИЯИ Azda tv ба иттиҳомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон

0

Идораи Azda tv иттиҳомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар хусуси парвандаи журналист Абдуллоҳи Ғурбатиро, ки гӯё вай 13-уми ноябри соли 2019 дар шабакаи иҷтимоии Ютуб дар канали Azda tv узв шуда, “наворҳои паҳннамудаи онро пайгирӣ намуда, барои рангин созии барномаҳои худ истифодабарӣ менамудааст”-ро ҚАТЪИЯН РАД КАРДА ВА БЕ ПОЯ МЕДОНАД.

AZDA TV ИН ИТТИҲОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ КИШВАРРО БАҲОНАЕ БАРОИ ПАРВАНДАСОЗӢ АЛАЙҲИ ҒУРБАТӢ ВА ФИШОРИ НАВБАТИИ МАҚОМОТ АЛАЙҲИ РАСОНАҲОИ МУСТАҚИЛ БАҲО МЕДИҲАД.

Аз сӯи дигар Идораи Azda tv ба самъи тамоми мақомоти Тоҷикистон ва ҳама мухотабони худ мерасонад, ки он тарҳи расонаии “Бунеди ҳамгароиҳои фарҳангӣ” мебошад, ки ин бунед дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон сабт шудааст. Ин расона бо маблағгузории NED (National Endowment for Democracy), ниҳоди мустақили Амрикои фаъолияти худро ба роҳ монда, ба ҳеч ҳизбу ҳаракати сиёсие марбут нест.

Azda tv ҳамчун як расонаи мустақил ба ҳамон андозае, ки ахбори расмии ниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистонро пайгирӣ ва пӯшиш медиҳад, ба хабару гузоришҳои расмии гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ мекунад.

Пайгирӣ ва пӯшиш додани ахбор вазифаи ҳар як расонаи мустақил буда, Azda tv ҳам ин амалро вазифаи худ медонад. Биноан, ҳар касе ва ё ҳар ниҳоде дониста ва надониста адои ин рисолатро ба ҳамкорӣ ва ҳамсӯӣ бо гурӯҳҳо ва ё ниҳодҳое мансуб донад, иштибоҳ мекунад.

Дар охир ин нуктаро таъкид мекунем, ки Azda tv ҳамчун як расонаи мустақил аз рӯзи 1-уми июли соли 2020 расман кори худро оғоз кард ва то ин муддат ҳеч гоҳ Абдуллоҳи Ғурбатӣ “барои рангинсозии барномаҳои худ” аз наворҳои Azda tv истифода накардааст.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи Абдуллоҳи Ғурбатиро фош кард

0

Прокуратураи генералии Тоҷикистон баъд аз шаш моҳ ҷузъиёти парвандаи рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатиро фош кард.

Имрӯз, 3-уми октябри соли 2022 Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як матлаб ҷузъиёти парвандаи рӯзноманигори зиндонӣ Ғурбатов Авазмад Умаралиевич маъруф ба Абдуллоҳи Ғурбатиро дар сомонаи расмиаш нашр кард.

Дар ин матлаб ду иттиҳоми асосие, ки ҷониби Прокуратураи генералӣ ба рӯзноманигори зиндонӣ Абдуллоҳи Ғурбатӣ задааст, яке аъзо шудан ба канали ютубии Azda tv ва дигаре дашном ва як мушт задани ба як корманди милиса унвон шудааст.

Инчунин Прокуратураи генаралӣ иддао дорад, ки “Дар давоми солҳои 2021-2022 аз ҷониби Ғурбатов А.У.  дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Фейсбук» чандин матлабҳо ва мақолаҳо ошкоро ва пардапушон нашр шудаанд, ки дар он пайваста бадномсозии сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида шуда, дар амалу кирдорҳои Ғурбатов А.У. аломатҳои фаъолияти экстремисти ҷой доранд”.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон иддао мекунад, ки журналист Абдуллоҳи Ғурбатӣ “худашро ба канали «Аzda tv» санаи 13 ноябри соли 2019 дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Ютуб» аъзо намуда” аст, аммо ин дар ҳолест, ки шабакаи Аzda tv расман моҳи июли соли 2020 фаъолияти худро оғоз кардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ бидуни овардани факту рақам ва аксу наворе аз ҷои ҳодиса ва ё аз “ҷабрдида” мегӯяд, ин журналисти 54 килограм вазн дошта, “дар дохили нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ қисми навбатдорӣ ШВКД-1-и ноҳияи (Шоҳмансури пойтахт), бо истифодаи зӯровари пагони китфи чап ва чор адад тугмаи куртаи низомии Муродов Д.Ҷ.-ро канда дар ҳузури шаҳрвандон як мушт ба гарданаш задааст.

Гуфта мешавад, рӯзноманигори тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ, мутаваллиди 1-уми августи соли 1996, хабарнигори Азия-Плюс, оиладор соҳиби як фарзанд аст, ки 4-уми октябри соли 2022 бо ҳукми суд ба муҳлати 7 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр адои ҳукм мекунад.