Хона блог саҳифа 263

Боздошти муттаҳам ба қатли муовини Ҳасан Асадуллозода

0

Дилшод Саидмуродов, яке аз муттаҳамон дар парвандаи қатли муовини Ҳасан Асадуллозода дар дасти мақомот дар шаҳри Душанбе аст.

Субҳи 10-уми октябри соли 2023 Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дода буд: Дилшоди СБ мавриди муомилаи мақомоти Тоҷикистон ва Русия қарор гирифт.

Муассиси сомонаи Ислоҳ.нет бо такия ба манобеи худ таъкид карда буд, ки Дилшод Саидмуродов “се рӯз аст таҳти бозпурсии муфаттишон дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Чаро то ҳол мақомот хомӯшанд?”

То замони таҳияи ин хабар мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи ин “муомила”-и хуб бо ҳамтоёни русиашон иттилоъ надодаанд, ки он чӣ гуна сурати гирифтааст. Аммо тавассути ҷонибдорони ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое пайдо шуда, ки дида мешавад, дар дастону пойҳои марде, ки онро Дилшод Саидмуродов ном мебаранд, завлона зада шуда, бо сари хам болои курсие нишастааст.

Пеш аз ин, дар 28-уми августи соли ҷорӣ Рамазон Раҳимзода ба Маскав рафта бо ҳамтои русиаш генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович мулоқот карда буд.

Он замон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин сафар бо супориши Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар рафти он “масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Д. вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад.”

Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки “23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, ҷойи кораш – муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар” рабуда шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон дар гузашта Дилшод Саидмуродовро раҳбари гурӯҳи одамрабоён дар мисоли Шуҳрат Исматуллоев муаррифӣ карда гуфта буд: “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд”.

Гуфта мешавад, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” дар ноҳияи Варзоб кушта шуда, ҷасади ӯро ба об андохта буданд ва мақомот баъди ҷусҷӯҳои зиёде ҷасади ӯро аз соҳили рӯдхонае дар шаҳри Панҷакент, пайдо карданд.

Шуҳрат Исматуллоев то замони боздошт ва рабуданаш зиёда аз 15 сол ҳамчун ёвари додаруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода дар ҶСК “Ориёнбонк” кор мекард. Ӯ дар байни хеле аз муштариёни ҶСК “Ориёнбонк” ба бонкдори асосие, ки онро идора мекунад, низ шуҳрат дошт.

Аз замони анҷоми рабудани муовини Ҳасан Асадуллозода то ҳол мақомоти Тоҷикистон дасти кам 13 каси дигарро ҳам боздошт карда буданд ва агар хабари боздошти Дилшод Саидмуродов сиҳат дошта бошад, ӯ 14-умин нафаре ҳаст, ки дар ин парванда боздошт шудааст.

Дар бораи ин ҳама иттиҳомот ва боздошти Дилшод Саидмуров то ҳол на худи боздоштшуда ва на наздикону пайвандон ва ё адвокати вай ба расонаҳо ибрози назар накардаанд.

Заминларзаи дувум дар Ҳирот

0

Бомдоди имрӯз заминларзаи шадиде вилояти Ҳироти Афғонистон ва бахшҳое аз минтақаҳои наздик ба он дар Эронро ҳам сахт такон дод.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, бомдоди имрӯз, 11-уми ояктябри соли 2023 баъд аз соати 05:00 се заминларзаи шадид, 6,3, 5, ва 4,3 тибқи ҷадвали Рихтер вилояти Ҳиротро такон дод.

Бар асоси иттилооти ибтидоӣ, маркази ин заминҷунбӣ дар умқи 10 километрии замин ва дар 28 километрии шимоли шаҳри Ҳирот будааст ва дар натиҷа дасти кам як нафар ҷон бохта ва беш аз 100 каси дигар захмӣ шудаанд.

Бо вуҷуди он ки то ҳол хистороти ин заминларзаҳо пурра таҳқиқ нашудааст, вале гузоришҳо аз он ҳикоят доранд, ки танҳо дар деҳаи Шакароби вулусволии Гулрони вилояти Ҳирот 100 хонаи истиқоматӣ пурра вайрону валангор шудааст.

Пеш аз ин, 7-уми октябри соли ҷорӣ низ дар вилояти Ҳироти Афғонистон заминларзаи шадиде рух дода буд, ки бар асари он беш аз 2 ҳазор 500 нафар фавтида ва наздик ба 10 ҳазор каси дигар ҷароҳат бардошта буданд. Ҳаҷми хисороти он ба даҳҳо миллион доллар баробар будааст.

Кушта шудани 8 хабарнигор дар Ғазза

0

Дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дасти кам 8 нафар аз хабарнигорон кушта ва беш аз 10 журналисти дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои арабӣ, аз замони оғози ҳамлаҳои Исроил ба шаҳри Ғазза даҳҳо нафар аз журналистон ба сурати мустақим ва ғайри мустақим мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳои дасти кам 7 нафар аз хабарнигорон кушта ва беш аз 10 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ҳамзамон расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, ки Исроил ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро тайи 48 соати гузашта ба шиддат густариш додааст ва дар натиҷаи ин ҳамлаҳо баъзе шаҳракҳо ба сурати комил вайрону валангрон ва ғайри қобили зист шудаанд.

Аз сӯи дигар, имрӯз, 10-уми октябри сунхангӯи ҲАМОС ҳам ба сокинони минтақаи Асқалон дар Исроил ҳушдор додааст, ки то соати 5-и бегоҳ хонаҳо ва манзилҳои зисти худро тарк кунанд, то мавриди ҳамла қарор нагиранд.

Гуфта мешавад, субҳи 7-уми октябри соли 2023 нерӯҳои ҲАМОС дар Фаластин эълон кард, ки ҳамлаҳои худ алайҳи Исроилро зери унвони “Тӯфони Ақсо”-ро дар ҳимоят аз масҷиди Ақсо оғоз кардааст. Ин ҳамлаҳоро ба хотири ҷиноятҳои қатлу куштори фаластиниён дар кӯчаву хиёбонҳо ва ишғоли хонаҳо ва тахриби манзилҳои зисти онҳо дар шаҳраку рустоҳо эълон карда буд.

Мувофиқи иттилои расонаҳо, дар ин задухурдҳо то кунун 1000 нафар аз шаҳрвандони Исроил кушта шудаанд, ки дар байни онҳо 86 нафарашон низомянд. Ва ҳамзамон Вазорати тандурустии Фаластин низ аз кушта шудани 687 нафар хабар додааст, ки дар миёнашон 140 кӯдаку 105 зан низ вуҷуд дорад. Омори захмиёни Исроил ба беш 2700 расидааст, аммо захмиёни фаластинӣ 3900 нафар гуфта мешавад.

Инчунин расонаи фаластинии “Вафо” мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои густардаи Исроил ба шаҳри Ғазза беш аз 22600 бинои истиқомотии аҳолӣ ба куллӣ аз байн рафтаанд.

Бо вуҷуди он ки Ғазза аз ҷониби Исроил солҳост зери муҳосираи шадиди иқтисодӣ ва амниятӣ қарор дорад, дирӯз вазири дифоъи кишвари Исроил Йоав Галант бо судури рфармоне аз аҳолии Ғазза барқу об, маводи сӯхт ва ҳатто ғизо қатъ кард. Ӯ аҳолии Ғаззаро “ҳайвонҳои башарӣ” номида, мегӯяд, бо ин мафҳум бо онҳо муомила хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон газ гарону камёфт шуд

0

Дар Тоҷикистон қиммати гази моеъ яку якбора боло рафта, он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ камёфт шудааст. 

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе ба 6,80 сомонӣ ва дар Хуҷанд ба 6,70 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш қимати гази моеъ 6,10-6,20 сомонӣ буд. Дар ин бора чанд ронанда ба “Asia-Plus” хабар додаанд. 

Ба гуфтаи ин ронандагон, дар баробари гарон шудани гази моеъ, ин навъи сӯзишворӣ камёфт шудааст ва ҳатто сокиноне, ки аз балони газ истифода мебаранд, дар пур кардани сӯзишворӣ барои эҳтиёҷоти рӯзгор низ мушкил доранд.

Бо вуҷуди боло рафтани қиммати гази моеъ, нархи дигар навъҳои сузишворӣ, аз ҷумла бензин ва дизел тағйир наёфтааст. 

То ҳол мақомот расман гарон шудани нархи ин навъи сӯзишвориро шарҳ надодаанд, аммо дар гузашта мақомдорон борҳо чунин ҳолатҳоро ба таъсири қурби асъор ва болоравии нархи гази моеъ дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт медоданд. 

Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, гарон шудани ин навъи сӯзишворӣ ба лағви квотаҳои содиротӣ барои гази моеъ дар Қазоқистон ва маҳдудиятҳо дар содироти сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ аз Русия низ вобаста аст.

Аммо аксари коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон инҳисори мутлақи ин тиҷорат аз ҷониби наздикони Эмомалӣ Раҳмон ва набудани рақобати солим дар ин соҳа мебошад.

Русия бо вуҷуди тавсияи СММ бародари мухолифи тоҷикро ба Тоҷикистон сипурд

0

Додситонии кулли Русия тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар барои нафиристодани як бародари мухолифи тоҷик ба Тоҷикистонро ба инобат нагирифт.

Тибқи иттилои манобеи Azda tv, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милаали Муттаҳид моҳи сентябри 2023 ба мақомоти Русия тавсия карда, ки Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммадро, ки дар Русия аз моҳи сентябри соли 2022 боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод накунад. Аммо Додситонии кулли Русия ин тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ба инобат нагирфта, бо судури қароре ӯро дар торихи 1-уми октябри соли ҷорӣ ба мақомоти Тоҷикистон таслим кард.

Шавкати Муҳаммад имрӯз, 10-уми октябр бо нашри номаи саркушодае ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки бародараш Аслиддин Шарипов “узви ягон гуруҳ ё созмони сиёсӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва ягон фаъолияти сиёсӣ надошт. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ фаъолияти сиёсӣ ва ё ҳамкорӣ бо аҳли сиёсат надошт.

Ба гуфтаи Шавкати Муҳаммад, Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон бародараш Шарипов Аслиддинро бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам карда, алайҳи ӯ бо қисми 2 модаи 307.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, аз моҳи декабри соли 2021 дар пайгард қарор дода буданд.

Шавкати Муҳаммад дар номаи сакушодаи худ ба Додситони кулли кишвар айбҳои алайҳи бародараш эълоншударо рад мекунд. Аз ҷумла, узвият дар “Гурҳи 24”, ҲНИТ ва нашри матолиби дорои хусусияти террористӣ дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбукро туҳмат медонад.

Ҳамчунин дар ин номаи саркушода аз Додситони кулли кишвар хоста шуда, ки Шарипов Аслиддин гуноҳе надорад ва боздошти ӯ ғайриқонунӣ аст. Бояд парвандаи ӯ мунсифона баррасӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки Шарипов Аслиддин, бародари Шавкати Муҳаммад, масъули телевизиони шабакаи марбути мухолифини кишвар – “Паём” аз 21 сентябри соли 2022 бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Нижний Тагили Русия боздошт шуд.

Нигаронии Тоҷикистон аз “муташанниҷ шудани вазъ” дар Ховари Миёна

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз бад шудани авзоъ дар Ховари Миёна нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Вазорати корҳои хориҷии кишвар бидуни он, ки аз кудом кишвар ва ё гурӯҳе дар минтақаи Ховари Миёна гуфтааст: “Муташанниҷшавии бошиддати вазъ дар Ховари Миёна, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта ва тахриб шудани миқдори зиёди иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ гаштааст, нигаронии амиқро дар Тоҷикистон ба бор овард.”

Ба қавли манбаъ, “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани хушунатҳо ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват менамояд.”

Ба гуфтаи хеле аз коршиносон ва манбаъҳои расмӣ, Ховари Миёна як истилоҳи ҷуғрофиёӣ-сиёсиест, ки дар ҳоли ҳозир дасти кам 17 давлат ба мисли Арабистони Саудӣ, Мирс, Судон, Эрон, Ироқ, Сурия, Туркия, Қатар, Кувайт, Урдун, Уммон, Фаластин ва сарзаминҳои ишғолӣ-Исроил, Баҳрайн, Лубнону Амороти Муттаҳидаи Араб ва Яманро дар ҳавзаи сиёсии он медонанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сурати мустақим номи ҳеч кишвар ва ё гурӯҳу созмонеро, ки ба сабаби таҳарукоти онҳо боиси “муташанниҷшавии бошиддати вазъ” дар минтақаи Ховари Миёна гардида бошад, дар ин изҳороташ зикр накардааст.

Пеш аз ин субҳи 7-уми октбяри соли 2023 Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин – “ҲАМОС” аз оғози як амалиёти низомӣ алайҳи Исроил зери унвони “Туфони Ақсо” хабар дод. Ин амалиёт, ки дар таърихи 75-солаи Исроил бесобиқа аст, сотаи 6-и субҳ бо тулӯъи хуршед оғоз шуд ва то ҳол идома дорад.

Аз сӯи дигар, Нахуствазири давлати Исроил ҳам оғози ин амалиёти низомиро “рӯзи сиёҳ” хонда, ҳамалоти густурдаи низомиеро алайҳи борикии Ғазза оғоз кард. Тибқи охири гузоришҳо теъдоди куштаҳои Исроил аз марзи 1000 нафар гузаштааст. Шумори қурбониёни фаластинӣ дар Ғазза ва дигар манотиқи ин кишварро беш аз 500 нафар арзёбӣ мекунанд.

Ин амалиёти низомӣ бар хилофи тамоми ҷангҳое, ки дар гузашта байни Исроил ва фаластиниҳо ва арабҳо сурат гирифтааст, ба он фарқ дорад, ки дар дохили марзҳои Исроил оғоз шуда, то ҳол идома дорад.

Акасари кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, Олмон, Фаронса, Бритониё ва ҳатто Украина, ки зери ҳамлаҳои Русия қарор дорад, эълони ҳамбастагӣ бо Исроил карда, гуфтаанд, ки бо кумакҳои худ аз Телабиб ҳимоят мекунанд.

Аз сӯи дигар, кишварҳои Эрону Қатар, Малайзия, Афғонистон ва инчунин Шӯрои муқовамати миллии ин кишвар гуфтаанд, ки дар ин қазия паҳлӯи мардуми мазлуми Фаластин қарор мегиранд ва аз онҳо ҳимоят мекунанд.

Аммо чиро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки хуб медонад, ҷанг дар Исроил оғоз шудааст ва дар ин борикии Ғазза ва атрофи он ба шиддат идома дорад, вале дар изҳороташ номи ҳеч кишвар, гурӯҳ ва ё созмонеро зикр накарда, суолест, ки посухи қатъии онро ҳам худи вазир ва дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон медонанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Исроил алайҳи Ғазза ҳуҷумҳои худро шиддат бахшид

0

Имрӯз, 9-уми октябр рӯзи сеюм мешавад, ки задухурдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои ҲАМОС ва Исроил дар Ғазза идома дорад.

Субҳи имрӯз Нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу фармони ҳамла ба Ғаззаро дод, ки дар натиҷаи бомборони артиши Исроил ба шаҳри Ғазза даҳҳо хона ва зерсохторҳои муҳим, 6 масҷиду 4 мактаб пурра аз байн рафта, садҳо нафар аз ғайринизомиён, бо шумули занону кӯдакон ва пиронсолон кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Фаластин шумори кушташудагон дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаро аз рӯзи шанбе то имрӯз 510 нафар ва захмиёнро 2750 нафар эълон кардааст.

Ҷабҳаи Қассом – шохаи низомии ҲАМОС дар изҳороте имрӯз гуфта, ки дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба хонаҳои мардум дар қисмати шимолу шарқии Ғазза 50 нафар ҷон бохтанд, ки дар байни онҳо 4 асири исроилӣ низ буд.

Вазири дифоъи Исроил Йоав Галант фармон дода, ки аз аҳолии Ғазза барқу об, маводи сӯхт ва ҳатто ғизо қатъ карда шавад. Ӯ аҳолии Ғаззаро “ҳайвонҳои башарӣ” номида, мегӯяд, бо ин мафҳум бо онҳо муомила хоҳад кард.

Ҳаракати ҲАМОС низ хабар дод, ки аз субҳи имрӯз дар ҷавоб ба ҳамлаҳои Исроил ба хонаҳои мардуми оддӣ ва маконҳои ҷамъиятӣ 120 мушак ба шаҳрҳои Асқалон ва Усдуд партоб кардааст.

Расонаҳо омори кушташудагони исроилиро 1000 нафар ва захмиёнро 2200 нафар гуфтаанд. Инчунин омори асирони исроилӣ дар дасти ҲАМОС-ро 150 нафар нишон дода, ҳамзамон шуморе аз бедаракшудагон низ хабар дода мешавад.

Ҳамлами бесобиқаи ҲАМОС ба Исроил ва вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ

0

Даргириҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ва артиши Исроил ду рӯз боз идома дорад.

Шабакаи телевизиони 13-и Исроил дар гузориши ахираш гуфта, ки дар пайи ин даргириҳо то кунун 600 нафар аз шарвандони Исроил кушта шуда, шумори захмиён то 2 ҳазор нафар расидааст.

Дар баробари ин, артиши Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худ шаҳри Ғаззаро бомборон дорад, ки дар натиҷа даҳҳо хонаҳо хароб шуда, ҳазорҳо нафар хонаҳои худро тарк карда, дар мактабҳо ва маконҳои дигар маскун шудаанд.

Вазорати тандурустии Фаластин дар гузорише субҳи рӯзи якшанбе гуфт, ки шумори ҳалокшудагон дар пайи ин даргирӣ ба 320 нафар расида, шумори захмиён аз марзи 2 ҳазор ҳам гузашт. Инчунин то кунун 23 ҳазор аз сокинони Ғазза овора шудаанд.

Ҷабҳаи Қассом – ҷаноҳи низомии ҲАМОС субҳи рӯзи шанбе дар изҳороте гуфт, ки ҳазорҳо мушак ба шаҳрҳои Исроил партоб карда, даҳҳо нафар аз шаҳракнишинони исроилиро асир гирифтаанд. ҲАМОС мегӯяд, ҳадаф аз ин амалиёти бесобиқа бар зидди давлати Исроил посух ба таҷовуз ва зулми шаҳракнишинони исроилӣ алайҳи фаластиниён ва муқаддасоти мусалмонон ва инчунин бозгардонидани заминҳои ғасбшуда аз ҷониби ин кишвар аст.

Аммо Исроил ва кишварҳои ҳампаймонаш ин амалиётро “террористӣ” унвон карда, ҲАМОС-ро муқассири ин ҷанг медонанд. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин даргириҳо гуфт, ки Вошингтон аз Исроил ҳимоя мекунад ва ҳамеша дар паҳлуи мардуми он меистад.

Ҳамзамон Бритониё ва Олмон низ амалиёти ҲАМОС-ро “ҳавлнок” ва “шукакунанда” номида, эълон карданд, ки дар ин ҳодиса аз Исроил ҳимоят мекунанд.

Дар баробари ин, кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Вазорати хориҷаи Қатар бо изҳори нигаронӣ ва талаби хештандорӣ ва ҳифзи оромиши ду тараф, ҷониби Исроилро сабабгори аслии он номидааст. “Исроил бо поймол кардани ҳамешагии ҳуқуқи фаластиниҳо ва ҳамлаҳои батакрор бо ҳимояти пулис ба Масҷиди Ақсо, сабабгор ва масъули ягонаи ҳодисаи имрӯза аст.“, омадааст дар изҳороти Вазорати хориҷаи Қатар.

Ҳамзамон кишварҳои Урдун, Миср, Ироқ, Лубнон ва ғайра ин даргириро сабаби “истибдоди Исроил дар баробари мардуми Фаластин” унвон карда, тарафҳоро ба даст бардоштан аз куштори шаҳрвандони оддӣ ва мардуми бесилоҳ ва инчунин ба сулҳ ва гуфтугӯи фарвӣ даъват кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳизбуллоҳи Лубнон субҳи рӯзи якшанбе хабар дод, ки дар ҳимоят аз ҳамлаҳои ҲАМОС ба се маркази низомии Исроил дар қисмати шимолии ин кишвар ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, Исроил низ дар посух мавзеъҳои низомии Ҳизбуллоҳро бо паҳпод ва тупхонаҳо маврид ҳамла қарор додааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, эҳтимол меравад доманаи ҷанг дар ин минтақа васеътар шавад. Чун Исроил аз соли 1973 ин бори аввал аст, ки дар кишвараш вазъияти ҷангӣ эълон кардааст. Ва ҳамчунин ин бор ҷонибдории аксари кишварҳои арабӣ аз амалиёти ҲАМОС низ дида мешавад, ки ин аз ҳодисаҳои қаблӣ фарқ дорад.

Ҳалокати беш аз 2 ҳазор нафар дар пайи заминларзаи шадид дар Афғонистон

0

Рӯзи шанбе, 7-уми октябри соли ҷорӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон заминларзаи шадиде қисмати шимолу ғарбии Афғонистонро такон дод.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар пайи ин заминларза дар вилояти Ҳироти Афғонистон садҳо нафар ҷон бохта, хонаҳои зиёде харобу валангор шудаанд.

Созмони заминшиносӣ ва зилзиласанҷии Амрико гузориш дод, ки маркази зилзила дар вулусволии Зиндаҷони вилояти Ҳирот буда, он 6,3 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи якшанбе бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки шумори ҳалокшудагон бар асари ин заминларза ба 2 ҳазору 53 нафар ва шумори захмиён ба 2 ҳазору 240 нафар расид.

Аммо Ройтерз дар гузорише аз қавли сухангӯи Вазорат ҳаводиси Афғонистон шумори қурбониёнро беш аз 9 ҳазор нафар гуфта буд. Бархе расонаҳо мақомоти Толибонро муттаҳам кардаанд, ки омори дақиқро дар ин маврид ироа намекунанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳилоли Аҳмари Афғонистон дар гузорише гуфта, ки рустоҳои “Сиёҳоб, Синҷӯ ва Кушкак” дар вулусволии Зиндаҷони вилояти Ҳирот “ба таври комил” тахриб шудаанд.

Ҳамзамон Дафтари ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи шанбе бо нашри гузорише гуфт, ки 465 хона танҳо дар ҳашт рустои вулусволии Зиндаҷон ба таври комил аз байн рафта ва 135 хонаи дигар қисман осеб дидаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бар асари ин заминларзаи мудҳиш беш аз 6 ҳазор нафар осеб дидаву овора шудаанд. Ин созмон мегӯяд, 300 хонавода ба таври комил хонавҳои худро тарк карда, дар сохтмонҳои матрукаи шаҳри Ҳирот сокин шудаанд.

Нураҳмад Исломҷор, волии Ҳирот рӯзи якшанбе ба расонаҳо гуфт, “дар пайи ин зилзила шумори зиёде аз ҳамвататнони мо дар вулусволии Зиндаҷон шаҳид шуданд ва шумори захмиён низ зиёд аст. Вале он чизе, ки ҳоло барои мо зарур аст, ҳарчи тезтар фароҳам кардани давову ғазо ба осебдидагон аст.”

Ин мақомои Толибон дар Ҳирот омори дақиқе аз қурбонинёни зилзиларо ироа накард, вале ӯ хостори расондани кумакҳои фаврӣ ба осебдидагон зилзила шудааст.

Омодагии Саудӣ барои сармоягузорӣ дар НБО “Роғун”

0

Арабистони Саудӣ аз омодагии худ барои сармоягузорӣ кардан дар сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Обии (НБО) “Роғун” хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 6-уми октябри соли 2023 раиси иҷроияи Фонди рушди Саудӣ Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршид, ки дар Тоҷикстон қарор дорад, аз омодагии кишвараш дар барои сармогузорӣ дар сохтмони НБО “Роғун” хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, Раиси Фонди рушди Саудӣ дар бораи ин иқдоми кишвараш дар вақти мулоқот бо раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон шаҳри Душанб иттилоъ додааст.

Дар рафти ин мулоқот таъкид шудааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикитсон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии «Роғун» баланд арзёбӣ менамояд.”

Пеш аз ин дар солҳои 2009-2010 Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои интизомӣ ва қудратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ аксари мардумро маҷбур карда буданд, ки бо хардини саҳмияҳои НБО “Роғун” ба ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд ва фоидаи саҳмияҳои харидаашонро дасти кам баъд аз 2-3 сол ба даст меоранд. Аммо бо гузашти 14 сол касе аз саҳимҳои худ фоида нагирифт ва Ҳукумат Тоҷикистон ҳам дигар ба ин қазия барнагашт.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон солона садҳо миллон сомонӣ барои сохтани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо харҷ мекунад. Аксар ширкатҳои сохмонӣ, ки ба корҳои нақбканӣ ва васл кардани таҷҳизоту дигар корҳои муҳим дар ин иншоот машғул ба кор ҳастанд, мутаалиқ ба наздикону пайвандони худи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Инчунин мақомоти дахлдори Тоҷикистон тайи 14 соли гузашта вуҷуд доштани муомилоти коррупсионӣ, таҳвили масолиҳи сохтмоние, ки ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуданд, кашф ва мусодира карда, нисбати омилони онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда буда буданд.