Хона блог саҳифа 264

Ҳимояи Тоҷикистон аз оғози раванди Сулҳ дар Яман

0

Вазорати корҳои хориҷии кишвар бо нашри як изҳорот эълон карда, ки Тоҷикистон аз оғози раванди сулҳ дар Яман ҳимоят мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 6-уми октябри соли 2023, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин кишвар аз раванди оғози сулҳ дар Яман, ки тавассути Созмони Милали Муттаҳид ва кишвари Арбаристони Суадӣ ҷараён дорад, ҳимоят мекунад.

Ба қавли манбаъ, “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои СММ ва Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар робита ба эътидол овардани вазъ дар Ҷумҳурии Яман бо ҳадафи расидан ба сулҳи фарогир дар ин кишвар истиқбол менамояд.”

Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин изҳороташ таъкид карда, ки “Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи сулҳофаринии худ муколамаи созандаро бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои дахлдор василаи ягона ва муассир барои ҳалли низоъҳо арзёбӣ мекунад.”

Аммо ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, воқеият нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз талхтарин таҷрибаҳои сулҳофарӣ дар дунёи муосир буда, бо гузашти 26 сол аз имзо шудани он ҳамеша барандаи тарафи ҳукумат ва бозанда ҳам ҷониби мухолифин будааст.

Аз сӯи дигар ин изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар ҳамин шабу рӯзҳо Ҳукумати Тоҷикистон, ки як тарафи сулҳ буд ва бархе намояндагони мухолифин, ки тарафи дигар сулҳ мебошанд, дар сахттарин шароити ҷангҳои иттилоотӣ қарор доранд.

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, як тарафи сулҳи тоҷикон буд, тайи 10 соли ахир садҳо нафар аз тарафи дигари сулҳ-мухолифинро зиндонӣ карда ва даҳҳо тани онҳоро ҳам бо баҳонаҳои мухталиф дар дохили зиндонҳо ба қатл расонида аст. Аксари огоҳон дар кишварҳои арабӣ низ аз ин таҷрибаи талхи тоҷикон ба хубӣ огоҳӣ доранд.

Гуфта мешавад, дар ҷанги 9-солаи Яман кишвари Арабистони Саудӣ бо раҳбарии як эътилофи арабӣ, ки дар он кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Судон ва ғайра ҳузур доранд, яке аз тарафҳои низоъ буд, ки бо баҳонаи ҳимоят аз собиқ Президенти Яман ин кишварро то ҳол дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додааст.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи бархе коршиносон, ин ҳимояи Тоҷикистон пеш аз он ки беғараз ва маҳз инсондӯстона бошад, он ба хотири ҷалби манфиат содир шудааст. Зеро айни замон раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршид дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва барои зиёдтар кардани ҳаҷми сармоягузориҳои кишвараш эълони омодагӣ кардааст.

Як зани эронии фаъоли маданӣ барандаи Ҷоизаи Нобел шуд

0

Рӯзи ҷумъа, 6-уми октябри соли ҷорӣ, Наргис Муҳаммадӣ, як зани фаъоли маданӣ ва мухолифи ҳукумати Эрон барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуд.

Кумитаи Нобел бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки “Кумита тасмим гирифтааст, Ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2023-ро ба Наргис Муҳаммадӣ, ба далели муборизаҳояш барои ҳифзи обрӯи занон дар Эрон ва баланд бардоштани ҳуқуқи башар ва озодӣ барои ҳама эҳдо кунад.

Ба гузориши расонаҳо, бо шумули Наргис Муҳаммадӣ инчунин 259 шахс ва 92 созмон барои дарёфти ин ҷоиза номзад шуда буданд, ки дар байни онҳо кунишгар ва фаъоли маданӣ аз Афғонистон бону Ҳабиба Сироҷ, ки аз қавми пашту аст, низ номзад буд, вале ӯ баранда нашуд.

Ба навиштаи ВВС, раиси Кумитаи Нобел Berit Reiss-Andersen дар пайи эътои ин ҷоиза ба Наргис Муҳаммадӣ дар изҳороте гуфта, ки “Шиъори эътирозот дар Эрон “Зан, зиндагӣ, озодӣ” ба дурустӣ баёнгари азхудгузаштагии Наргис Муҳаммадӣ аст.

Аммо худи Наргис Муҳаммадӣ ҳоло дар зиндон аст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи Нобел, хонум Муҳаммадӣ “аз ҷониби мақомоти Эрон 13 маротиба боздошт шуда, 5 бор маҳкум шудааст” ва дар маҷмуъ бо иттиҳомоти гуногун, ки яке аз онҳо “таблиғ алайҳи низом” аст, барои 31 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ҳушдори КҲФ аз боришоти сахт дар кишвар

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро аз боридани боронҳои шадиди дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ давоми рӯзҳои 6-7-уми октябр ҳушдор дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки “шаби 7 октябр дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борони шадид метавонад ба барф табдил шавад. Дар аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ боридани борони шадид, жола ва раъду барқ ​​дар назар аст.”

Ҳамчунин КҲФ сокинони кишварро ҳушдор дода, ки рӯзҳои 6-7-уми октябр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ омадани сел дар назар аст. “Бар асари боришоти шадид дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, афзоиши сатҳи об пешбинӣ шудааст.”

Ҳатто гуфта мешавад, ки шиддати борон хеле сахт буда, то ҷое, ки “зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид” низ аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар таъкид мекунад: “эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди тӯфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасон” хеле зиёд аст.

КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ аз шаҳрвандон хоста ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу хонаҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу хок тоза кунанд.

Ҳамзамон дар ин иттилоия КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, сутуни рекломҳои сутниҳод шардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

8,5 соли зиндон барои мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон

0

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе собиқ узви яке аз гурӯҳҳои мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро барои 8,5 сол равонаи зиндон кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, Низомиддин Насриддинов, собиқ фаъоли сиёсӣ ва узви “Гурӯҳи 24” бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Низомиддин Насриддинови 36 сол дорад. Вай дорандаи мақоми паноҳандагӣ дар кишвар Олмон буд. 8-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми убур кардан аз марзи Литва ба Беларус аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар бодздошт ва дар боздоштгоҳи шаҳри Гроднои он кишвар нигаҳдорӣ мешуд.

21-уми феврали соли ҷорӣ Додситони кулли Тоҷикистон аз Додситони кулли Беларус талаб карда буд, ки Низомиддин Насриддиновро ба Душанбе таҳвил диҳад.

Мақомоти Беларус 21-уми июл ин собиқ фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мақомоти амнияти миллӣ билофосиларо ӯро боздошт ва ба боздошти муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ интиқол дода буданд.

Гуфта мешавад, 29-уми сентябри имсол Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе Низомиддин Насриддиновро ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба қавли Радиои Озодӣ, мурофиаи ӯ пушти дарҳои боз сурат гирифта, се нафар аз назидонаш низ дар он ҳузур доштаанд. Худи ӯ на иттиҳомоти айбдоркунандаҳои давлатиро пурра эътироф кардааст ва на ба ин ҳукми қозӣ розӣ шудааст. Наздиконаш гуфтаанд, ки аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Аз кишварҳои узви САҲА талаб шуд, ки нисбати Раҳмонов, мисли Путин таҳримҳои сахт ҷорӣ кунанд

0

Фаъоли тоҷик дар рӯзи чоруми нишасти САҲА аз табъизи помириҳо гуфт ва аз кишварҳои ИА ва ИМА хост ба режими Раҳмонов кумак накунанд.

Рӯзи чоруми нишасти САҲА, ки “Таҳаммулпазирӣ ва бидуни табъиз” ном дошт, дар он мавзуъҳои “мубориза бар зидди нажодпарастӣ”, “ксенофобия”, “табъиз ва таҳаммулнопазирӣ” баҳсу баррасӣ шуданд.

Дар нишасти навбатӣ Шабнам Худойдодова, фаъоли мустақили тоҷик таъқибу боздошт ва қатли зодагони Бадахшонро ба таъқиб ва қатли яҳудиён дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, ки бо номи “Холокост” машҳур аст, монанд кард.

Хонум Худойдодова гуфт, ки таблиғоти зидди помирии ҳукумат ба шаҳрвандони дигар манотиқи кишвар таъсири зиёд мерасонад ва сокинони баъзе вилояту шаҳрҳои Тоҷикистон ба таблиғот дода шуда, баъзан дар берун аз ВМКБ низ ба таҳқиру табъизи помириҳо мегузаранд.

Ба гуфтаи ин фаъоли тоҷик, дар Тоҷикистон ҳар рӯз табъиз, маҳалгароӣ ва шовинистӣ нисбат ба миллатҳои хурд афзоиш ёфта, зиёда аз даҳ сол боз помириҳо аз хашму ғазаби режими Рахмон азоб мекашанд ва бо аҳли оилаашон хонаҳои худро тарк карда истодаанд.

Инчунин Шабнам Худойдодова дар идома таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба помириҳо иҷоза намедиҳанд, ки бо забони модарии худ сӯҳбату таҳсил кунанд ва ба забонхои помирӣ радиову телевизорн ва китобҳои дарсӣ дигар вуҷуд надоранд, яъне дар кишвар ассимилятсияи иҷборӣ ва аз байн бурдани ҳуввияти ин мардум рафта истодааст.

Ин фаъоли мустақили тоҷик зимни суханронияш гуфт, ки “Мо солҳо боз аз намояндагии САҲА барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони худ хоҳиш мекунем, аммо ин ҳама беҷавоб боқӣ мемонад. Имрӯз аз САҲА талаб дорам, ки дар мавриди таҳримҳо нисбати мақомоти Тоҷикистон тасмим бигирад. Ман тақозо дорам, ки алайҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аъзои хонаводаи ӯ таҳримҳои сахте қабул шавад, ҳамон гуна, ки алайҳи раисҷумҳури Русия таҳримҳо қабул шуданд”.

Дар охир хонум Худойдова дар муроҷиат мақомоти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ гуфт, ки ба ҳукумати Раҳмонов аз ҷиҳати молӣ кумак накунанд.

“Бовар кунед, ки ин маблағҳо ба нафъи мардуми тоҷик истифода намешаванд. Эмомалӣ Раҳмон ин маблағро барои таҳкими қудрати шахсии худ истифода мебарад. Умедворам, ки талабу муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони мустақил бетаваҷҷӯҳ намемонад!!!”-гуфт Шабнам Худойдодова, фаъоли мустақили тоҷик.

Ёдовар мешавем, ки нишасти имсолаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава рӯзи 02-уми октябри шуруъ шуда, то 13-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Дар нишасти САҲА, ки масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баррасӣ мешаванд, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон мисли соли гузашта ширкат надоранд. Аммо, намояндагони мухолифин, аз ҷумла Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони мустақил ширкати фаъолона доранд.

То ҳол ҳукумати Тоҷикистон сабаби иштирок накардани ҳайати худро шарҳ надодааст.

Дилшод Шарифов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ҳошияи ин нишаст дар масъалаи иштирок надоштани ҳайати Ҳукумат ба Azda.tv чунин гуфт, “Ба назари шахсии ман, ҳукумати имрӯзаи Раҳмонов, даъват ва тавсияи бисёр созмонҳои дунёро сарфи назар мекунад. Аз ҷумла, чуноне ба ҳама маълум аст, ҳатто тавсияҳои СММ-ро дар мавриди зиндоёни сиёсӣ ба инобат нагирифта буд ва ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон намехоҳанд боз ба САҲА биёяду аз мушкилоти дар дохилбудаи кишвар аз минбарҳои ин созмон шунавад ва бо озодандешоне, ки дар он фаъолона иштирок доранд рӯ ба рӯ шавад”.

Раиси Кумитаи иҷроияи “Гурӯҳи 24” мегӯяд, ки намояндагони ин ҳаракат ба фарқ аз ҳукумат аз минбарҳои САҲА ва дигар созмонҳо фаъолона истифода бурда, аз нақзи ҳуқуқи инсон ва мушкилоти мавҷудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ хоҳанд гуфт.

Афзоиши таҳқиру таҳдидҳо алайҳи мухолифин

0

Пас аз баргузории ҳамоишҳои эътирозии бархе мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон таҳқиру таҳдидҳо алайҳи онҳо ба сурати бесобиқа афзоиш ёфтааст.

Мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 28-29-уми сентябри соли 2023 алайҳи сафари президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки бо даъвати расмӣ ба Олмон сафар карда буд, ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор карданд.

Президенти Тоҷикистон 28-уми сентябри соли ҷорӣ ҳамроҳ бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти С5+1 дар шаҳри Берлин ҳузур пайдо кард, аммо ӯ нахост бо муътаризои мухолифи худ мулоқот кунад.

Раҳбарияти “Гурӯҳи 24” нахустин шуда дар байни дигар гурӯҳҳои мухолифин аз мардум даъват кард, ки 28-уми сентябр дар ҳамоишҳои эътирозии онҳо, аз ҷумла дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Берлин фаъолона ширкат кунанд.

Паймони миллии Тоҷикистон ҳам аз даъвати “Гурӯҳи 24” барои ширкат дар ин эътирозҳо ҳимоят кард ва худи ин созмон низ ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои мухолифини кишварҳои Осиёи Марказӣ аз баргузории як ҳамоиши эътирозии дигар ба рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ хабар дод.

Дар рафти баргузории ин ҳамоишҳои эътирозӣ намояндагони “Гурӯҳи 24” корвони мошинҳои ҳомили ҳайати Тоҷикистон ва бахусус Эмомалӣ Раҳмон тухми мурғ партоб карданд. Тухм айнан ба ҳамон шише бархурд, ки Эмомалӣ нишаста буд. Дар ҳамоишҳои дигар даҳҳо нафар бо садои баланд, шиъори “диктатор истеъфо-диктатор истеъфо”-ро сар доданд, ки ин садо ва паёмҳо ба гӯши вай расиданд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли беш аз 30 соли ҳукуматрониаш боре бо чунин “пазироӣ” рӯбарӯ нашуда буд ва бо чашму гӯшҳои худ надида ва нашунида буд, ки иддае аз тоҷикистониҳо ин қадар зиёд ба вай нафрат доранд. Албатта, ин кор ӯро хеле хамшгин ва нороҳат кард.

Ҳамоишҳои эътирозии мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дар Берлин мувофиқ ба меъёри эътирозҳои маданӣ ва маъмул дар Аврупо ва дигар кишварҳои дунё ва аз ҷумла дар Тоҷикистон буданд. Аммо ин эътирозҳои мусолиматомез ба Эмомалӣ ва сохторҳои қудратии низомии Тоҷикистон писанд наомад ва онҳоро хашмгин сохт.

Пас аз ин эътирозҳо, мақомот рӯзҳои 29-30-уми сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон мавҷи ҷадиди фишорҳо, таҳдиду таҳқирҳо ва боздошту одамрабоиҳо, ки тибқи қонунгузории кишвар ҳама ҷиноят дониста мешаванд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва прокуратура дар нисбати наздикону пайвандони мухолифин ва бахусус иштирокчиёни ин ҳамоишҳои эътирозӣ дар сарори Тоҷикистон оғоз карданд.

Дар раванди ин фишорҳо, таҳдиду таҳқирҳои мустақим ва ғайримустақим аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар нисбати тазоҳургарон хеле сахт ва ба шиддат афзуд. Дар ин раванд саҳми лашкари электронии ҳукумат дар либоси фейкҳо хеле зиёд аст.

Ҳамзамон садҳо нафар аз ҷонибдорони режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон низ, ки хеле аз онҳо ба дар ҷомеа афроди шинохта ва ё кормандони давлатӣ ҳастанд, борони таҳқиру тавҳин ва таҳдидҳои мустақим ба қатл намудан, безарар ва ё несту нобуд кардани на танҳо иштирокчиёни ин ҳамоишҳои эътирозӣ дар Берлинро, балки хостори он ҳам шудаанд, ки мақомот бояд чунин корҳоеро дар наздикону пайвандони онҳо дар Тоҷикистон ниҳ бояд анҷом диҳанд, то “барои дигарон намунаи ибрат шаванд.”

Гуфтанист, агар намояндаҳои артиши электронии мақомот тавҳину ҳақорат ва таҳқиру таҳидҳои худро дар либоси фейкҳо ба сурати мустақим анҷом диҳанд, иддае аз ҷонибдорони ҳукумат низ дар пушти онҳо истода борони дашном, таҳқиру таҳдидҳоро нисори мухолифон мекунанд. Аммо дар ин кор наздикону пайвадони худи мухолифонро, ки тайи рӯзҳои ахир боздошт кардаанд, бар иловаи шиканҷаҳои равонӣ ва ҷисмонӣ, онҳоро ба обзорҳои нафратпароканӣ ҳам табдил додаанд.

Дар нишасти САҲА аз таъқибу боздошти рӯзноманигорон гуфтанд

0

Дар рӯзи сеюми нишасти САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон аз таъқибу боздошти рӯзноманигорони тоҷик, зиндониёни сиёсӣ ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гуфтанд.

Нишасти навбатии САҲА, ки “Озодиҳои асосӣ” ном дошт ва мавзуъҳои озодии андеша ва баён, озодии ВАО ва бехатарии журналистонро дар бар мегирифт, дар он намояндаи “Маркази Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи башар” Илҳомҷон Ёқубов суханронӣ намуд. Ӯ зимни суханронияш тахкид кард, ки тайи чанд соли ахир бо далоили сиёсӣ режими Эмомалӣ Раҳмонов беш аз 30 хабарнигорро ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндон маҳкум кардааст.

Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, танҳо дар соли гузашта беш аз даҳ рӯзноманигор бо иттиҳоми сохта боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла Улфатхоним Мамадшоева ба 21 сол, Далери Эмомалӣ ба 10 сол ва Абдулло Ғурбатӣ ва Завқибек Аминӣ 7 сол маҳкум шуданд.

Инчунин Илҳомҷон Ёқубов дар идома гуфт, ки қаблан хабарнигорони дигар низ, монанди Махмадали Хаит ба ҳукми абад, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдулло Розиқов ва Ҳикматулло Сайфуллозода то 28 сол равонаи зиндон шуда буданд. 

Ба гуфтаи ин намояндани Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар дохили кишвар боздоштҳо қатъ нашудаанд ва тайи се моҳи ахир нависанда Абдухалил Холиқзода, рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Абдуқодири Рустам боздошт шуданд.

“Дар тӯли 8 сол беш аз сад рӯзноманигор аз Тоҷикистон фирор карданд. Дар Тоҷикистон “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад боиси 5-10 соли зиндон шавад. Садҳо нафаре ҳастанд, ки барои лайк ё шарҳ навиштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукм гирифтаанд. Наздикони фаъолоне, ки аз хориҷа режимро интиқод мекунанд, аз ҷумла занон, пиронсолон ва ҳатто кӯдакон мавриди боздошт ва шиканҷа қарор мегиранд. Масалан, тайи панҷ рӯзи ахир беш аз сад наздикони фаъолон боздошт шудаанд, ки то ҳол сарнавишти баъзеи онҳо маълум нест” – гуфт Илҳомҷон Ёқубов. 

Ин намояндаи Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз ҳаёти шахсии худ мисол оварда гуфт, ки мақомот нисбати падару модараш, ки синну солашон аз ҳаштод гузаштааст ва хоҳараш парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар охир ӯ таъкид кард, ки бояд ба мақомоти Тоҷикистон фишор орем то саркӯби рӯзноманигоронро қатъ кунад ва маҳбусони сиёсиеро, ки дар зиндонҳои режим дар шароити ғайриинсонӣ нигоҳ дошта мешаванд озод кунад.

Инчунин, дар ин рӯз намояндаи ИМА Майкл Козак аз фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. 

Майкл Козак зимни суханронияш гуфт, “Oн ки дар Тоҷикистон ҳукумат ба таври пайваста ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадаф қарор медиҳаду баъди моҳи марти соли 2022 созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар ВМКБ-ро маҷбур мекунад баста шаванд, мавриди нигаронии амиқи мо мебошад. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, ки сохторҳои қудратӣ ба қонун пойбанд бимонанд ва аз ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ дифоъ кунанд”.

Дар ҳамин ҳол дар ҳошияи нишасти имрӯзаи САҲА, ҷаласаи хосе дар мазуи зиндониёни сиёсии кишварҳои пасошуравӣ баргузор гардида, Намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинки Мариус Фоссум аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ва вазъияти имрӯзаи кишвар ёдовар шуд ва аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки маҳбусони сиёсиро озод намуда, даст аз боздошт ва фишор болои дигарандешон ва пайвандонашон бардорад. Инчунин ӯ пешниҳод кард, ки мақомдороне, ки ҳуқуқи инсоро нақз мекунанд нисбаташон таҳрими магнитский ҷорӣ шавад.  

Эмомалӣ Раҳмон дар куҷост?

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сафари се рӯзаи худ ба Олмон, то ҳол дар дурбини расонаҳо намоён нашудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Президенти Тоҷикистон, ки қарор буд, аз Олмон мустақим ба Тоҷикистон парвоз кунад, вале бар хилофи барномаи расмии қаблан эълоншуда, вай аз Берлин ба шаҳри Зурихи Суис рафт.

Инчунин қарор буд, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Зурихи Суис (Шевтсария) мустақим ба Тоҷикистон парвоз кунад, аммо бархилофи барномаи қаблан эълоншуда, ӯ аз шаҳри Зурихи Суис ба шаҳри Ишқободи Туркманистон ва сипас ба Тоҷикистон рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки 30-уми сентябри соли ҷорӣ Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки “Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз шаҳри Берлини кишвари Олмон ба Ватан баргаштааст.” Аммо чиро Эмомалӣ Раҳмон мустақим ба Душанбе не, вале ба Ишқобод рафтааст, маълум нест?

Тибқи нишондодҳои сомонаи “www.flightaware.com” ҳавопаймои ҳомили Эмомалӣ Раҳмон соати 12:35 дақиқа ба вақти маҳаллӣ аз фурӯдгоҳи шаҳри Зурихи Суис парвоз карда, соати 19:35 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар фурӯдгоҳи Туркманбошии Ишқобод нишастааст.

Пеш аз ин ҳам дар 23-уми июли соли ҷорӣ расонаҳо хабар дода буданд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари аз пеш эълоннушада, ба шаҳри Зурихи Суис рафта, чанд рӯз ҳавопаймои ӯ дар яке аз поркингҳои фурӯдгоҳҳои ин кишвар таваққуф кардааст.

Гуфта мешавад, 28-уми сентябри соли 2023 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмӣ барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон вориди Берлин шуд. Дар рафти ин сафар гурӯҳе аз мухолифини ҳукумат алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон тазоҳурот карда, ҳатто мошини ҳомили ӯро бо тухм заданд.

ПМТ аз мақомоти кишвар хостори ошкор кардани ҷузъиёти протоколи марз шуд

0

Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте рӯзи 4-уми октябр аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки тамоми ҷузъиёти протоколи ахири имзошуда дар бараи марзи ду кишвар ба мардум ошкор карда шавад.

Ин эътилофи гурӯҳе аз мухолифони хориҷ аз кишвар дар изҳороташ аз идомаи гуфтушунидҳо дар бораи ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибдорӣ намуда, таъкид кардааст, ки қазия бояд одилона баргузор шавад “ва бо назардошти он ҳали ниҳоии худро пайдо кунад, ки Ворух ҳеҷгоҳ анклав набуд ва наметавонад бошад.”

ПМТ аз он нигаронӣ карда, ки Ҳукумати Тоҷикистон раванди музокироти марзиро аз миллат пинҳон медорад ва худро дар баробари мардумаш масъул намедонад, аммо дар муқобил, кишвари ҳамсоя худро масъул дониста, ба мардумаш аз тамоми ҷузъиёти музокирот гузориш медиҳад.

Дар изҳорот зикр шуда, ки дар сурати мувофиқати мақомоти Тоҷикистон ба анклав будани Ворух ва додани заминҳо ба кишвари ҳамсоя, ин як хиёнати ошкор ба миллат ва ҷинояти давлатӣ хоҳад буд.

Паймони Миллии Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки тамоми ҷузъиёти протоколи марзии имзошуда ва рафти гуфтушунидҳо ба мардум ошкор карда шавад, то таҷрибаи талхи гузашта такрор нашавад. Тоҷикистон дар натиҷаи муъомилаи хиёнаткоронаи Президент Раҳмон бештар аз як дар сади хоки худро аз даст дод ва ҳоло ин хиёнати миллӣ метавонад аз нав такрор шавад. Миллати тоҷик даҳҳо афсарону сарбоз ва мардуми шарифи Исфара беҳтарин фарзандони худро барои он қурбонӣ надодаанд, ки имрӯз мақомот дар баробари изҳороти кишвари ҳамсоя оиди “даст кашидани тоҷикон аз даъво” хомӯш бошанд. Агар ҳукумати Тоҷикистон аз “даъво” даст кашида бошад, пас анклав будани Ворух ва ба кишвари ҳамсоя вогузор кардани заминҳои баҳсиро қабул кардааст. Ҷузъиёти протоколро ошкор накардан, ба изҳоротҳо ва таҳдидҳои тарафи муқобил ҷавоб надодан ҷуз маънии онро надорад, ки ин нигарониҳои миллат рост бошад.” омадааст дар ин изҳорот.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор шуд.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ ба мувофиқаҳое расиданд, ки ба баҳсҳои тӯлонии ду кишвар хотима медиҳад.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин музокирот чизе нагуфтааст. Ва маълум нест дақиқан ҷонибҳо ба чӣ тавофуқоте даст ёфтанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба ҳукумати Қирғизистон, рӯзи 2-уми октябр дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”. Аммо Тоҷикистон то ҳол ба ин иддао вокуниш накардааст.

Мақомоти тоҷик бархе наздикони боздоштшудаи мухолифонро озод карданд

0

Мухолифони тоҷики муқими Аврупо мегӯянд, наздикони боздоштшудаашонро мақомоти амниятии кишвар пас аз 2-3 рӯзи боздошт раҳо кардаанд.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори мустақил рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки пас аз нашри муроҷиатномаи якҷояи ҷамъе аз мухолифон, мақомот наздиконашонро аз боздошт раҳо карданд.

Ҳамзамон Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, яке аз масъулони ПМТ дар Лаҳистон низ аз озод шудани наздиконаш хабар дод. Инчунин чанд нафари дигаре, ки дар муроҷиати дирӯза номҳояшон зикр шуда буд, гуфтанд, ки имрӯз мақомот наздиконашон озод шуданд.

Аммо дар баробари ин, бархе аз мухолифон бидуни зикри номашон ба Azda tv гуфтанд, ки то ҳол аз пайвандони онҳо хабаре нест ва умед доранд, ки онҳо низ ҳарчи зудтар озод мешаванд.

Рӯзи гузашта низ шаш созмони ҳуқуқӣ дар муроҷиати якҷоя аз мақомоти тоҷик хоста буданд, ки наздикону пайвандон, аз ҷумла падару модарони онҳое, ки дар тазоҳуроти рӯзҳои 28-ум ва 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар Олмон ширкат карда буданд, гуноҳе надоранд ва бояд ҳарчи зудтар онҳо озод карда шаванд.

Ҳамчунин дар ин муроҷиати шаш созмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон даъват шуда аст, ки барои озод кардани шаҳрвандони бегуноҳ чораҳои фаврӣ, воқеӣ ва зарурӣ андешанд.

То ҳол мақомоти тоҷик дар бораи ин боздоштҳои густарда ва шиканҷаи боздоштшудаҳо шарҳи расмӣ надодааст. Вале мухолифон мегӯянд, ки ин ҳама таъқибу боздошти наздиконашон маҳз ба хотири фишор овардан болои онҳост.

Ба гуфтаи худи мухолифон ва фаъолон, мақомоти кишвар вақти боздошти пайвандонашон гуфтаанд, ки чаро онҳо президентро диктатор гуфтанд ва мошинашро бо тухм заданд? Мақомот болои онҳо фишор меоранд, ки ба наздикони дар хориҷбудаашон муроҷиат бигӯянд ба кишвар баргарданду бахшиш пурсанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон баъд аз тазоҳуроти мухолифон дар шаҳри Берлин ва бо тухм задани мошини ҳомили Эмомалӣ Раҳмон, даҳҳо нафар аз пайвандони дуру наздики аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони дигарро боздошт карда бо худ бурдаанд, ки то ҳол аз баъзеи боздоштшудаҳо хабаре нест.