Хона блог саҳифа 265

Шаш созмони ҳуқуқӣ озодии пайвандони мухолифони тоҷикро талаб доранд

0

Шаш созмони ҳуқуқӣ бо нашри изҳороти якҷоя аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки даст аз фишору боздошти пайвандони мухолифон бардоранд.

Дар изҳороти якҷояи Бунёди “Бузургмеҳр”, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази ҳуқуқи башар, Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва маҳбусони сиёсии Тоҷикистон, “АЛГА УЗБЕКИСТОН” ва “Интихоб” гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафар аз пайвандони мухолифонро, баъд аз тазоҳуроти рӯзҳои 28 ва 29-уми сентябр, ки зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон баргузор шуд, боздошт кардаанд.

Тибқи иттилои мустақим аз наздикони қурбониён, боздоштҳо бидуни пешниҳоди ягон ҳуҷҷат сурат мегиранд. Шахсоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бурда мешаванд, мавриди муносибати дағалона, таҳдид, шантаж ва таҳқир қарор мегиранд. Дар миёни боздоштшудаҳо як пирамарди 81-сола ва кӯдаки якунимсола низ ҳаст“, – омадааст дар изҳорот.

Ин созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон як навъи ҷазои коллективиро, ки бо номи “Sippenhaft” машхур аст ва тибқи он тамоми оила барои кирдорҳои аъзоёни алоҳидаи оила чавобгар аст, аз нав зинда кардаанд. Усули “Sippenhaft” дар Олмони фашистӣ васеъ истифода мешуд.

Дар охир ин шаш созмон аз тамоми ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон даъват намудаанд, ки барои озод кардани шаҳрвандони бегуноҳ чораҳои фаврӣ, воқеӣ ва зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон баъд аз тазоҳуроти мухолифон дар шаҳри Берлин ва бо тухм задани мошини ҳомили Эмомалӣ Раҳмон, даҳҳо нафар аз пайвандони дуру наздики аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони дигарро боздошт карда бо худ бурдаанд, ки то ҳол аз баъзеи боздоштшудаҳо хабаре нест.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон то ҳол ин боздоштҳои густардаро расман шарҳ надодаанд. Вале мухолифон мегӯянд, чун Раҳмон дар ҳеч сафаре мисли сафараш ба Олмон мавриди ҳамлаи мухолифонаш қарор нагирифта буд, мехоҳад аз хонаводаи онҳо “қасос” бигирад.

Ба гуфтаи худи мухолифон ва фаъолон, мақомоти кишвар вақти боздошти пайвандонашон гуфтаанд, ки чаро онҳо президентро диктатор гуфта, ба мошинаш бо тухм задаанд ва фишор меоранд, ки мухолифони дар хориҷбуда ба кишвар баргарданду бахшиш пурсанд.

Рӯзи дувуми нишасти САҲА бе ҳузури ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба охир расид

0

Рӯзи дувуми нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава бидуни ҳузури намояндагони ҳукумати Тоҷикистон хотима ёфт.

Мавзуи рӯзи дувум, ки “Ниҳодҳои демократӣ” ном дошт, дар он намояндаи Ҳарақати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Олмон Рустам Раҳматзода суханронӣ намуда, аз вуҷуд надоштани интихоботи озоду демократӣ ва надоштани ҳаққи баробари иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва чамъиятии шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт.

Рустам Раҳматзода аз интихоби президентии соли 2020 дар Тоҷикистон мисол оварда гуфт, ки “дар он панҷ номзад ширкат карда буд, Раҳмон 92 дарсади ороро ба даст овард. Аммо чаҳор номзади дигар натавонистанд ҳатто баробари имзоҳои интихобкунандагон, ки гӯё барои ширкат дар интихобот ҷамъоварӣ карда буданд, раъй ба даст оварданд”.

Ин мухолифи тоҷик собиқ номзадҳои интихоботи президентии соли 2020-ро лухтакҳои Раҳмон номида, гуфт, ки мақомот номзади ҳақиқӣ Фаромуз Иргашевро сабти ном накарданд.

Раҳматзода дар идома таъкид кард, ки баъди сабти ном нашуданаш Иргашев ният дошт дар интихоботи президентии соли 2027 ширкат кунад, аммо мақомот ӯро бо иттиҳомоти сохта барои 30 сол равонаи зиндон карданд.

Инчунин намояндаи “Гурӯҳи 24” зимни суханронияш гуфт, ки дар Тоҷикистон ширкат дар сиёсат барои ҳар нафаре, ки узви ҳизби ҳоким нест, мамнуъ аст ва онҳое, ки аз ҳизбҳои мухолифон пайравӣ мекунанд, дар дохил ва хориҷи кишвар таъқиб мешаванд.

Ҳамин, ки иттиҳодияи сиёсӣ дар байни мардум каму беш маълум мешавад ва ҳаводор пайдо мекунад, дарҳол мисли Ҳаракати сиёсииӣ “Гурӯҳи 24” дар кишвар ифротӣ ва мамнуъ эълон мешавад“- гуфт Рустам Раҳматзода.

Дар рӯзи дуввуми нишасти САҲА аз зодагони Тоҷикистон касе дигар суханронӣ накард.

Ёдовар мешавем, ки нишасти солонаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава рӯзи 02-уми октябри соли 2022 шуруъ шуда, то 13-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуд.

Соли гузашта намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус ва Туркия ширкат надоштанд. Имсол низ намояндагони ҳукумати ин кишварҳо дида намешаванд.

Дар нишасти САҲА вобаста ба ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра барои ду ҳафта аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу баррасӣ мешавад.

Муроҷиати гурӯҳе аз мухолифони тоҷик ба мақомдорони Тоҷикистон

0

Ҷамъе аз мухолифони ҳукумати кишвар, ки дар тазоҳуроти рӯзи 28 ва 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар Омлон ширкат карда буданд, ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат карда, хостори озодии наздиконашон шудаанд.

Имрӯз, 3-уми октябр Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори мустақил ин муроҷиатномаи мухолифонро дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст.

Дар ин муроҷат гуфта мешавад, ки тамоми афроди ширкаткарда дар тазоҳурот шахсони оқилу болиғ ҳастанд ва мувофиқи қонунҳои амалкунандаи ҳам Тоҷикистон ва ҳам Олмон худи онҳо ҷавобгаранд, на падару модарон ва дигар наздиконашон.

Ин ҷамъи мухолифон боздошти падару модар, хоҳар ва дигар наздиконашонро, ки 2-3 рӯз боз аз онҳо хабаре нест, маҳкум карда, ин рафтори мақомоти кишварро хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ва инсонӣ донистаанд.

Матни комили муроҷиатро метавонед дар зер мутолиа кунед:

___________________________________________________

Муроҷиатнома

Мо ҷамъе аз иштирокчиёни ҳамоишҳои эътирозӣ, ки рӯзҳои 28-29-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор шуд, мебошем. Эътирозҳои мо ҳам аз нигоҳи қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон ва ҳам қонунҳои амалкунанда дар Олмон, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳама ҳамчун эътирозҳои маданӣ ва маъмул дар дигар кишварҳои дунё ва бахусус дар Тоҷикистон будаанд.

Дар ин эътирозҳо фард-фард касоне, ки ширкат кардем, ҳама афроди болиғ ва назди қонунҳои амалкунанда чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Олмон худамон масъул мебошем, на касоне дигар ба мисли падарону модарон, хоҳарону бародарон ва ё дигар наздикону пайвандони мо, ки ин шабу рӯзҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва интизомӣ мавриди муҷозот қарор гирифтаанд.

Бинобар ин, мо так-так ҷиноятҳоеро, ки тайи ин рӯзҳо аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва прокуратура дар ҳаққи наздикону пайвандони мо анҷом дода мешаванд, маҳкум мекунем.

Ба иттиллои прзедидент Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов мерасонем, ки ин рӯзҳо кормандони мақомоти интизомӣ ва қудратӣ ба содир намудани ҷиноятҳое аз қабили таҳдиду таъқиб, фишору шиканҷа, боздошту зиндонӣ ва бадтар аз инҳо одамрабоӣ дар ҳаққи наздикону пайвандони мо дар Тоҷикистон машғул мебошанд. Аз шумо талаб мекунем, ки ҳамчун масъул сари вақт бояд ба ин ҳама ҷиноятҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳед.

Ин ҷинояткороне, ки бо амру фармон ва ё супоришҳои шахсии худи шумо дар сафи кормандони сохторҳои низомӣ ва қудратӣ амал мекунанд, аз рӯзи 28 сентябри соли ҷорӣ ба ин сӯ даҳҳо нафари бегуноҳ аз наздикону пайвандони моро аз хонаҳояшон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рабудаанд ва то ҷое мо маълумот дорем, бо вуҷуди дархостҳо ва шикоятҳои фаровон то ҳол зердастонатон дар бораи дар куҷо ва дар чӣ шароите нигаҳдорӣ кардани онҳо ба сурати расмӣ хабар надодаанд.

Ҳамзамон бархе хабарҳои тасдиқнашудае низ аз дохили Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ низ ба мо расонида шуд, ки агар онҳо ҳама дуруст бошанд, дар раванди ин боздоштҳои худсарона аксари боздоштшудаҳо зери фишорҳои зиёди равонӣ ва ҷисмонӣ, бахусус мавриди латукӯби зиёд қарор гирифтанашон, аз по уфтода, саломатии худашонро аз даст додаанд.

Инчунин даҳҳо наворе, ки тайи ин се-чори рӯзи ахир бархе наздикону пайвандони мо зери фишорҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ сабт ва тавассути фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, гувоҳи он аст, ки ҳатто занону кӯдакон ва пирони барҷомонда ҳам аз шарри ин ҷинояткорони муташаккил дар сафи мақомоти интизомӣ ва қудратӣ дар амон нестанд.

Далелҳое низ вуҷуд дорад, ки ҳатто афроди ду-се сол пеш аз сиёсат канор рафта, ба мисли собиқ муовини “Гурӯҳи 24” Нуриддин Ризоӣ ва дигар фаъолоне, ки дар ин ҳамоишҳои эътирозӣ ҳузур надоштанд, ба мисли Маҳмазариф Саидов, Равшан Юсупов ва Муҳаммад Тағоев наздикону пайвандонашон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ мавриди боздошту бозпурсӣ ва шиканҷаҳои равонӣ қарор гирифта, дар бораи саломат будани онҳо то ҳол хабар надоранд.

Инчунин зимни ин муроҷиатномаи худ, мо аз тамоми созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон талаб мекунем, ки ин ҳама ҷиноятҳои муташаккилонаи режими худкомаи Тоҷикистонро маҳкум карда, ба сурати фаврӣ барои наҷоти наздикону пайвандони бегуноҳи мо, ки мавриди боздошту шикаҷаҳои фаровон қарор гирифтаанд, вориди амал шаванд.

Дар айни ҳол аз Омбудсмени Тоҷикистон, Кумитаи Салиби Сурх, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Авропу, сафаротҳои Олмону Амрико ва Британияи Кабир низ дар шаҳри Душанбе ин дархостро дорем, ки ба хотири таҳқиқи ин боздоштҳои худсарона ва ба сурати густурда помол шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон як комиссияи муштарак тартиб дода, ба ин ҷиноятҳои мақомоти қудратӣ ва интизомӣ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намоянд, ки ба ин ҳама бебандубориҳо хотима диҳад.

Бо эҳтиром, иштирокчиёни ҳамоишҳои эътирозӣ ва пайвандони бархе боздоштшудаҳое, ки пас аз ҳамоишҳои эътирозӣ дар рӯзҳои 28-29.09.2023 дар Берлин аз ҷониби мақомот дар Тоҷикистон боздошт шудаанд:

1. Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи маданӣ, муқими Лаҳистон

2. Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, фаъоли сиёсӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, муқими Лаҳистон

3. Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсӣ, муқими Олмон

4. Шарофиддин Гадоев, фаъоли сиёсӣ, муқими Ҳоланд

5. Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ, муқими Утриш

6. Манучеҳри Кӯҳистонӣ, сиёсатмадор ва фаъоли сиёсӣ, муқими Олмон

7. Маҳмазариф Саидов, фаъоли сиёсӣ, муқими Фаронса

8. Равшан Юсупов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, муқими Олмон

9. Фатҳуддин Усмонзода, фаъоли сиёсӣ, муқими Утриш

10. Абдушукур Маннонов, фаъоли сиёсӣ, муқими Литва

11. Саидмуҳидинов Фатҳуддин, фаъоли ҷомеаи маданӣ, муқими Аврупо

12. Муҳаммад Тағоев, фаъоли ҷомеаи маданӣ, муқими Аврупо

13. Мухаммадҷон Абдулоев, фаъоли сиёсӣ, муқими Олмон

Эзоҳ, аз дигар азизоне, ки тайи 4-5 рӯзи ахир наздикону пайвандонашон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва прокуратура мавриди боздошту бозпурсиҳо, азобу шиканҷа ва ғайра қарор гирифтаанд, хоҳиш мекунем, ки дар ин муроҷиатнома бо мо ҳамроҳ шаванд!

МУРОҶИАТ АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ АМРУЛЛОҲИ НИЗОМ

ТУХМИ АНДЕШАИ ТУ ЧУН ВО ШУД…

0

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ АДИБ ВА ШОИРИ ТОҶИК ИСФАНДИЁРИ НАЗАР.

Рафиқи солҳои ҷавонии ман – Абдуллоҳи Ҳаким, машҳӯр ба Раҳнамо, – дар ҳошияи “ғавғои ҷаҳонии тухм” мақолаи муфассале навишта, ба гуфти абарустод Айнӣ, “алҳақ” доди суханро додааст!

Хуб навиштааст! Аммо…

Абдуллоҷон! Ҳамин “аммо”-и зормондаро гӯям, ё нагӯям? Чун худат мебоист ин “аммо”-ро бигӯйӣ, ки нагуфтаӣ ва маро ночор гузоштаӣ то ончиро пушти ин зормондаи “аммо” истода, бигӯям!

Ҳақро гӯям ё ба ноҳақ кафкӯбӣ кунам? Бигӯ, сукут накун, Абдуллоҷон! “Аммо”-ро гӯям ё на? Ҳақро гӯям ё пушти ботил истод шавам?

ЁДДОШТАК

Абдуллоҷон, ту аз ҳар касе беҳтар ба Каломи Илоҳӣ ошноӣ! Медонӣ, ки Худованд барои шарҳу баёни масоили азиму дархӯри шаъни Зоти Худаш, ба кӯчактарин мисолҳо иктифо кардааст! Аз мӯр гуфтаасту аз занбур гуфтааст ва албатта аз гову аз уштур ҳам!

Бигзор ман ҳам мисоли кӯчаке биёрам барои баёни Ҳақ ва Ботил!

Моҷароҳои қадимии мардумони ҳамсоярустоҳоро аз асноди қадимӣ – “васиқа”-ҳо! – меомӯхтам. Аз пире шарҳи моҷароро пурсидам. Қисса кард. Моҷаро барои кӯҳ сурат гирифт. Ҷанги лафзӣ буд. Қозӣ омад, муфтӣ омад, миршаб омад!

Қозӣ ба ҷои даъвогии мардумон – болои кӯҳ, – ҳозир шуд! Ду сӯро нигарист. Кафи хокро бардошту рехт ва самти ҳаракати боду майли хокро нигарист. Кӯзаи обро рехту майли ҷорӣ шудани обро нигоҳ кард.

Онгоҳ поин омад. Ҳамроҳаш мардумон – аз ду сӯ. Рудхонаро дар миёни рустоҳо нигарист. Пурсид: – Рӯйи Ҳақро бинам ё рӯи зӯру зӯргӯро? Муддаъиён аз ду сӯ гуфтанд: – Рӯи Ҳақро!

Се бор пурсиду се бор посух яксон омад. Онгоҳ рӯ ба ҷамоъати ғосибу даъвогар оварду гуфт: – Рӯи Ҳақ, ки бошад, ба ин замин шумо ҳеч ҳақ надоред!

Инак, Абдуллоҷон, рӯи Ҳақро бибинам ё рӯйи хотирро? Пушти Ҳақ истод шавам ё пушти “зӯргӯ”?

АММО…

Абдуллоҷон!

Ту аз “алифбои сиёсат” ҳарф мезанӣ! Мепиндорӣ, ки ин “алифбо”-и зормондаро мардумон нахондаанд ё “алиф” то калтаку “забар” то ғалтаки онро ҳеч дарк намекунанд!

Ту дар оғози мавъизаи хеш гуфтаӣ, ки: “Банда корманд ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нестам. Дар ягон ниҳоди давлатӣ низ кор намекунам. Назари ҳукумати кишварро масъулон ва сухангўёни расмии муҳтарами он баён мекунанд.”

Аммо, ба қавли Мавлоно, ҳарфат: “Бӯйи шароб медиҳад, харбуза дар даҳон макун!”

Ҳоло бигзор ман ҳам бо иқтидои ту ин тур баён кунам, ки борҳову бо таъкид гуфтааму навиштаам: Банда – Исфандиёри Назар, – ҳеч гоҳ узви ҳеч ҳизбу ҳаракати сиёсиву ғайрисиёсӣ набудаам ва мушкил аст, ки баъд аз ин ҳам ба ҳизбеву ҳаракате бипайвандам! Чун ба танҳоӣ худам як ҳаракатам, як ҳизбам!

Аммммммо! Шумо қаблан узви ҲНИТ ё лоақалл ҳамроҳ бо сарони ин ҳизб будед! Солҳо ҳамроҳи Тӯраҷонзода, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва солҳо ҳамроҳи ин мардумон дар ғурбат ба сар бурдаед!

Қатъан оиди зиёде аз рафоқату надимӣ бо Тӯраҷонзода ба Шумо расидааст!

Аммо ман абадан на Тӯраҷонзодаро дидааму на марҳум Нуриро, на Ҳимматзодаро!

Ғурбати дидаи шумо бо ғурбате, ки ман аз сар мегузаронам, замин то осмон фарқ дорад. Шумо дар ватани торихиву фарҳангии худи миллати мо ранҷи ғурбат кашидаед, аммо ман хориҷ аз он ҷуғрофиёи минуӣ!

Ранҷи ғурбати кашидаи Шумо, фикр намекунам, ки чун ҳазорҳо фирорӣ дар хаймаҳо, дар гармову сармо буда, қатъан ҳамроҳи “калонҳо” дар қасрҳову кохҳову меҳмонсароҳои муҷаллал бояд гузашта бошад!

Аз ранҷи дидаи худ дар ин рӯзгори ғурбат намегӯям, чун дар тасаввури Шумо намегунҷад!

Шумо ҳамроҳ бо Зайд Саидов будед ва ӯ мехост ҳизберо роҳандозӣ кунад. Гӯли Убайдуллоеву чандеи дигарро хӯрд ва ба зиндон рафт. Шунидаам (хондаам), ки лисаи “Роҳнамо”-и Шумо бо сармояи он марди акнун зиндонӣ будааст!

Аммо ман абадан Зайд Саидро надидаам, пулу моле ҳам аз ӯ – сипос Худойро! – нахӯрдаам! Яъне, “на сир хӯрдаам ва на даҳонам бӯй медиҳад!”

Шумо солҳо дар идораи давлатӣ кор кардаед – намедонам дар Маркази таҳқиқоти истротежӣ ё ҷое мисли ин.

Аммо ман ҷуз ҳафтаномаи “Сипар”-и ВКД, ки дар он ба ҳайси “котиби масъул” кор кардаам, на ба сифати корманди расмии ин ниҳоди қудратӣ, дигар ҳеч ғуборе аз идораҳои давлатӣ дар ҷомаам нест.

Аз сармоя – сармову гарморо солҳо дидаам! Ва бар иловаи “говону харони борбардор”, агар ба гове эҳтиром гузоштаам, он ҳам гови “Бармоя”-и “Шоҳнома” будааст!

Аммо шумо дар қиболи боздошти Зайд Саидов ҳамора сукут кардаед! Ман на! Ман рисолати шаҳрвандиву рӯзноманигории худро дар баробари боздошти ӯ низ иҷро кардаам! Рисолати шоириро ҳам!

Аммо Шумо дар баробари риштарошиву масҷидканиву таҳқири мӯъминони ҳаммеҳани хеш ҳамора сукут кардаед! Ман на!

Шумо дар баробари ҳар зулме, ки золимон дар Кишвар анҷом додаанд, сукут кардаед, ман на!

Шумо аз ранҷи муҳоҷирони иҷбории кор дар Русия нашунидаам, ки ҳарфе навишта бошед ва ин раванди дардноку таҳқиромезро барои низом накӯҳиш карда бошед! Забони хомаи ман аз гуфтан мӯй шуд!

Аммо Шумо ҳамора рисолати як “обсофкунак”-ро, рисолати як маддоҳи бисёр баодобро иҷро кардаед! Ман на!

Қатъан, агар дар Эрон бозмемондед, бо ин забони чарбу нарм унвони “Оятуллоҳ-ул-ъузмо” бароятон эъто мегардид!

Рост намегӯям?

ДАР БОБИ “ТУХМ”…

Тухми андешаи ту чун во шуд,

Мурғи Ҳақ гуфтани ту, Анқо шуд!

Тухм партоб кардани мухолифе ба сӯи мошини раисҷумҳур дар Берлин, ки бар асари он даҳҳо нафар зану марду пиру бурно акнун дар боздоштгоҳҳои ниҳодҳои қудратиянд, аз рӯи “алифбои сиёсат” ҳеч “беодобӣ” нест! Баръакс, дар “алифбои сиёсат” ба ин навъи эътироз, “эътирози маданӣ” гуфта мешавад.

Ин нукта дар “алифбои сиёсӣ”-и Шумо ҷой наёфт!

Ба сӯи раисҷумҳури Омрико рӯзноманигори ироқӣ як кафши хешро партоб кард! Он кафш акнун ҷузви торих аст!

Ба сӯи Мокрун тухм андохтанд! Он навор ҷузви торих аст!

Писарбачаи олмонӣ ба хотири пуштибонӣ аз муҳоҷирон дар Кишвари хеш, ба фарқи сари намояндаи порлумон ва раиси як ҳизб тухмро мустақиман зада шикаст!

Инҳо ҳама аз “алифбои сиёсат”-анд! Аммо на он “алифбо”-е, ки Шумо аз рӯи он мавъиза менависеду андарз медиҳед!

Задани тухм – яъне “На!” гуфтан ба диктотурӣ, “На!” – гуфтан ба меросӣ кардани мансаб, “На!”- гуфтан ба фасоди саросарӣ дар ҳаёт ва ҷавви сиёсии як Кишвар, “На!” – гуфтан ба зиндон кардани дигарандешон, “На!” – гуфтан ба хонаводагӣ ва маҳаллӣ кардани ҳукумат…

Инҳоро, ки худ хеле хуб дарк мекунед, АММО, намегӯед!

Шумо марди зарангед, Абдуллоҷон! Ба ростӣ мегӯям! Духӯра менависед, дупаҳлӯ ҳарф мезанед. Навиштаҳоятон бе гумон, муомилаеро барои “рӯзи фардо” (“рӯзи мабодо”) ҳам доранд!

Аммо ман ҳамоно рӯкомагӯ боқӣ мондаам ва ҳамаи ранҷҳои ман аз рӯи ин одати бад будааст!

“АММО ҲАМЧУН МУҲАҚҚИҚ, АДИБ ВА МУҲИМТАР АЗ ҲАМА, ҲАМЧУН ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН…”

“Аммо”-и Шумо инҷост! “Аммо”-е, ки воқеиятро ба муроди худи Шумо ва касоне, ки зери мавъизаатон “хаҳ”-у “аҳсан”-у “зеҳозеҳ!” менависанд, тавзеҳ медиҳад!

Шумо раисҷумҳурро мустақиман худи Тоҷикистон меномед! Дарк мекунед, ки ӯро кӣ меномед? Худи Тоҷикистон, худи Миллат! Ва агар аз Худо намешармидед, бешак ӯро худи Худо ҳам меномидед!

(Зор монад, матни аввалияатон ҳуруфи кирилии “тоҷикӣ”-ро надошту гумони бад мебарам, ки шояд бароятон навишта оварда бошанд…)

Ростӣ, намехоҳам ба Шумо сахт биёям. Бо инки мо солҳост ҳамдигарро ғоибона мешиносем ва агарчи рафиқи гармобаву гулистони ҳамдигар ҳеч гоҳ набудаем.

Аммо, – сабил монад ин “аммо!”, – корвожаи сиёсии “раисҷумҳур” ҳеч гоҳ бар мабнои “алифбои сиёсӣ”-и Шумо чунин бори маъноие надорад!

Раисҷумҳур, як шаҳрванди оддист, аз падару модаре заминӣ ба дунё омада, чун дигарон! На “боли ҳумо”-е бар сараш расида, на чизи дигар. Раисҷумҳурро бо ройи мардумон интихоб мекунанд!

Ва ӯ вазифадор аст, ки аз номи Кишвар ё мардум барои бастани шартномае ё тавофуқ ба коре, сафар кунад. Пул аз ҳисоби Буҷа ва Буҷаро мардум бо молиёти мепардохтаи хеш пур мекунанд!

Шумо ба афроде, ки зери мавъизаатон шарҳҳои ҷиддӣ навиштаанд, эътино накардаед! Ҳатто ба оне, ки гуфта: онҳо – яъне ба Урупо паноҳбурдагон, – чи касанд? Ҳама бесавод, на профессор, на ину на он…

Шумо ба ӯ посух надодаед, ки: Оре, онҳо дуктуру пруфесури ҷаълӣ нестанд, шояд савод ҳам надоранд, аммо кор мекунанду ба ҳар роҳе он пулро ба Тоҷикистон мефиристанд! Яъне саҳмашон дар Байтулмоли Давлат мавҷуд аст! (Агарчи Байтулмол ҳам бо ҳама бонкҳо – яке ҳам дигар давлатӣ нест!)

Падару модари онҳо, хешу табори онҳо, ҳамдеҳу ҳамшаҳристонии онҳо – молиётсупоранд!

Бо пули молиёти онҳо ин “пруфесур”-ҳо ва ҳатто ин сангандозони фейсбукӣ то шахси худи Шумо – маош мегиранд, рӯз мегузаронанд!

Дар “аммо”-и шумо боз як сухани хуб аст: “…мо як мафҳумро мешиносем: намояндаи Тоҷикистон, рамзи давлат ва миллати тоҷикон! Он ҷо дигар баҳси шахсияту ӯ нест, ӯ Тоҷикистон аст, болои сараш парчами муқаддаси кишвари мост.”

Дар “алифбои сиёсат” шарҳи Шумо тамомии ҳарф нест!

Ҳар шаҳрванди Кишвар, ки дар бағалаш Шиноснома дорад, бо забони миллии Кишвараш ҳарф мезанад, намояндаи Тоҷикистон, рамзи Давлат ва Миллати худ аст!

Ҳар шахс – берун аз Ватан, – танҳо худи ӯ нест, Ватани ӯст, дар ҳайъати хеш Парчами зиндаи Ватани хеш аст!

Дар Олмон – олмониҳо аксаран намедонанд, ки раисҷумҳурашон – ба қавли шумо “рамзи давлату миллат”-ашон – кист! Ҳама сарвазир (канслер)-ро мешиносанд!

Ва илло бар мабнои “шарҳ”-и Шумо, “амирал муъминин”-и Толибон ҳам худи ӯ нест, Афғонистон аст, рамзу намоди ҳамаи ақвоми Афғонистон аст…

Аммо, чи дар беруну чи дар дарун, баҳси шахсияти раисҷумҳурҳо ҳамеша матраҳ аст! Кӣ будану чӣ будани ӯ ҷои баҳс аст! Қонунро бар мароми Миллат иҷро карданаш ё ба суди худу хонадонашон сӯиистифода карданаш – матраҳ аст!

Раисҷумҳур на дар беруну на дар дарун “рамз” нест – иҷрокунандаи вазифаест, ки барои чаҳор сол ё панҷ сол ё мисли “рамз”-и Шумо барои “ҳафт сол” бар пояи ройи мардум, бо баргузории интихоби дурусту рост ва ширкати номзадҳои ҳар ҳизбу ҳаракати сиёсӣ то ҳатто шаҳрванди озод, – на чун А. Ғаффорови лухтак ё чанд “депутат”-и лутиву лухтак! – боистӣ интихоб карда шавад!

Аммо! Вақте муҳлати иҷроишро бо тарфанду зӯрӣ аз 4 ба 5 аз 5 ба 7 ва ниҳоят “модомулъумр” бисозад, дигар ӯ раисҷумҳури интихобӣ нест! Инҷо дигар вожаи “худинтисоб” ба кор меравад! Инҷо дигар вожаи “диктотур”, “золим”, “ғосиб” ва амсоли инро ба кор мегиранд!

АГАР…

Агар боре бишавад раисҷумҳурро “рамзи давлат ва миллат” номид, чунин шахсе бояд он қадр маъсуму хидматкору шикастанафс бошад, ки душманаш аз ӯ озор надида бошад! Чунин раисҷумҳуре дар дунё агар яке буда – он ҳам раисҷумҳури Уругвай, Хосе Мухика, будааст ва агар ду тан буда, яке боз ҳамон ва агар се тан буда…

Хосе Мухика баъди рафтанаш ҳатто маоши “сенотур”-иро рад кард!

Ҳоло Шумо “рамз”-ро ба ин марди бузурги ҷаҳонӣ, ба ин намоди шарофату инсонияту миллатдӯстӣ метавонед муқоиса бикунед?

Агар “рамзи давлату миллати тоҷик” боистӣ шахсеро бидонем, чи касе бар пояи домулло Айнӣ, чи касе бар пояи домулло Ғафуров?!

Як Миллатро, оре, бо сиёсатмадорони он мешиносанд, ба шарте он сиёсатмадор дар ҷавви сиёсии як тамаддун таъсир гузошта бошад ё бар сиёсати ҷаҳонӣ таъсиргузор бошад!

Мисли Ленин, мисли Истолин, мисли Ҳитлер, мисли (ва аз торих метавон зиёд овард!)

Аммо дар воқеъ “рамз”-и ҳар Миллату Кишваре донишмандони ӯянд, адибони ӯянд! Магар ҷаҳониён ин миллатро ба хотири Исмоили Сомонӣ мешиносанд? На! Номи Синоро мебаранд, номи Розиро мебаранд, номи Форобиро мебаранд, номи Фирдавсиро , Хайёмро, Саъдиро, Ҳофизро… мебаранд!

Агар аз Сомониён ёд мекунанд, ба баракати шеъри Рӯдакии бузургвор аст!

“Рамз”-и миллати Тоҷик – Турсунзодаи ӯ, Лоиқ Шералии ӯ, Бозор Собири ӯ, Гулрухсори ӯст!

Рамзи миллати тоҷик Абдуқодири Рустами ӯст, ки дар банд аст!

Ҳоло, ки ТУХМ кафидаву пош хӯрда, бигзоред бигӯем – сахт бигӯему сахт бишнавем (абарустод Лоиқ: гул бигӯему гул бишнавем – фармуда!), ки сахт гуфтани Дӯст беҳ аз шакар гуфтани душман аст!

Шумо, – Абдуллоҷон, – рафиқи солҳои ҷавонӣ (диду водиди ба нудрате доштем, аммо ҳамдигарро мешинохтем!), на рафиқи гармобаву гулистони ҳамдигар, – ба ҳар баҳонае “тухм”-е гузоштаед, ҷуз дар мавориди дардҳои сангини ин Миллат!

Шумо аз “тухм”-и афкандаи “беодоб”-е дар Уруппо нороҳатед! Ростӣ, ман ҳам нороҳатам, ки чиро бояд чунин бошад? Чиро бо гулу гулдаста дар ҳар ҷои ҷаҳон раисҷумҳури Кишвари хешро мардумон пешвоз нагиранд? Аммо…

Аммо барои он, ки “тухм”-е, “гуҷафарангӣ”-е (пумидур) ба сӯи “рамзи давлату миллат” афканда нашавад, бояд нафсро қурбонӣ кард! Бояд пурсид, ки чиро чунин шуд? Чиро фарзандони мардумон ин “беодобӣ”-ро хилофи “алифбои сиёсат”-и Раҳнамои азизи мо, муртакиб шуданд?

Ба ин чироҳо Шумо посух нахоҳед дод!

Шумо дар мавриди ин “ТУХМ” низ “тухм”-е гузоштед! Тухми калоон!

Оре, тухме “…ҳамчун муҳаққиқ, адиб ва муҳимтар аз ҳама, ҳамчун шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон…”, аммо – зор монад ин аммо! – дар бораи боздошти Абдухалил Холиқзода, дар бораи боздошти нависандаи шинохта Қодири Рустам “уҳунас”-е “танаҳнуҳ”-е ҳам накардед!

Шояд аз моҷарои он ду адиби бегуноҳ бехабар мондаед! Чун сафарҳои зиёде доред: гоҳ ба Помиру гоҳ ба Яғноб, гоҳ ба Масчову гоҳ ба намедонам куҷо.

Аз ҳама чизу ҳама ҷо навиштаед, ки хондааму офарин гуфтаам, аммо тӯли ин ҳама сол надидам, ки аз юришҳои ба Бадахшон сурат гирифта навишта бошед!

Ва инак, худро “адиб” номидед, ки ҳастед, аммо дар баробари сарнавишти ду адиб сукут ихтиёр кардаед! Рисолати аслии Шумо инҷо ҳарф задан буд, бори ин рисолатро аз дӯш гузоштед. Фардо ба фардоиён чи посух доред?

Азиз Несин гуфта: “Инсон фақат дар қиболи гуфтаҳояш масъул нест, балки дар қиболисукутҳояш ҳам масъул аст!”

Тухм дар Уруппо кафиду пош хӯрд, чарахсаҳояш рӯи номи шумо нишаст! Метавонистед дар бораи ин тухми зормонда ҳеч нанависед! Билло касе эроде намегирифт. Чун худ таъкид кардаед, ки корманди давлатӣ нестед.

Аммо дар бораи боздошти ду нависанда нанавиштани Шумо эрод дорад! Сукути шумову “баёния”-и ИНТ, сукути шумову “посух”-ҳои Раҳимӣ, Раҳмонзода, Юсуфӣ…. – ҳеч бартарие аз ҳам надоранд!

ЗОР МОНАД “АММО” ТУХМ…

Чанд рӯз аст мағзам ошуфта аст…

Мешуд, ки ин тухм партоб нашавад….

Агар….

Агар….

Агар…

ХУЛОСА

ТУХМИ МУРҒ

  • Шоир: Муҳаммадризо Шоракӣ

Орзуи аҳли олам тухми мурғ,

Марз байни шодиву ғам – тухми мурғ!

Воизе болои минбар гуфта буд:

Фарқи фирдавсу ҷаҳаннам – тухми мурғ!

Қудрате дорад, ки филтар мекунад,

Тели “инстолайн”-у “вебкам” – тухми мурғ!

Насли донишҷӯ нагардад мунқариз,

То замоне, ки фароҳам тухми мурғ!

Он сиёсӣ гуфта бояд ҳак шавад:

Гӯшаи поини парчам – тухми мурғ!

Мисли баҳс ҳастаӣ, ки возеҳ аст..

Гашта як ҳаққи мусаллам тухми мурғ!

Ҳар касе шуд шоҳи кишвар, мешавад,

Шак надорам, садри аъзам тухми мурғ!

Кодуи рӯзи таваллуд мебарад,

Ман шунидам ошиқе ҳам тухми мурғ!

Себу гандум радди по гум мекунанд

Иллати ихроҷи Одам – тухми мурғ!

Духтари ҳамсоя шавҳар кардааст,

Маҳри ӯ ҳам мисли Марям, тухми мурғ!

Ибтидо мурғ омада ё тухми ӯ??

Фалсафӣ будиву мубҳам тухми мурғ!

Ҳотами Тоӣ чиро Ҳотам шуда??

Дода чун як дона Ҳотам, тухми мурғ!

Содалавҳе ҳам хурофотӣ шуду

Гуфт шояд исми аъзам: тухми мурғ?!

Назрии мо ҳам, ки қатъан мешавад

Ҷойи қима дар муҳаррам тухми мурғ.

Ҷоми Ҷамро аҳли дониш гуфтаанд

Ҷоми он шуд мурғу шуд Ҷам тухми мурғ!

Рӯйи лабҳо зикри ladies first буд,

Рафта – рафта шуд муқаддам тухми мурғ!

Иқтисоди кишвари Эронзамин

Ҳам надорад ҷуз ту марҳам тухми мурғ.

Рафта думболаш ба Турон? Хуб, чиро?

Буда бори Рахши Рустам тухми мурғ!

Ҳар касе рӯзе таназзул мекунад,

Ту нахоҳӣ шуд вале хам тухми мурғ!

Пич-пиче аз як хурӯсе ҳам расид,

Мегузорам банда кам-кам тухми мурғ!

Зери хатти фақраму мегирамат

Дар бағал як рӯз муҳкам тухми мурғ!

Қимати ин шеъри зебои ту чанд??

Ҳар касе пурсид, гуфтам: тухми мурғ!

  • Бо дуруд:
  • И. Назар

Дар Хоруғ мақомот намегузоранд волидайн фарзандони худро бубинанд

0

Мақомоти қудратӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба волидайни наврасони боздоштшудаи шаҳри Хоруғ иҷозати мулоқот бо фарзандҳояшонро намедиҳанд.

Тавре гуфта мешавад, рӯзи 1-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ байни ду гурӯҳи наврасони аз 14 то 17-сола давъо сар зада, он ба занозанӣ анҷомидааст. Дар пайи ин муноқишаи ҷавонон пулиси шаҳри Хоруғ 21 наврасро боздошт кардааст.

Ба гуфтаи манобеи Azda tv, пулис ҳатто онҳоеро, ки дар ин занозанӣ ширкат надоштаанд, боздошт кардааст. Гуфта мешавад, дар муддати ин ду рӯз чанде аз боздоштшудаҳоро ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд. Аммо гурӯҳи дигари наврасон дар боздошт буда, ба вакили дифоъ дастрасӣ надоранд ва ҳатто мақомот намегузоранд волидонашон онҳоро бубинанд.

Ҳамчунин онҳое, ки аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд, аз тарси фишори мақомот чизе дар бораи онҳое, ки дар боздошт қарор доранд, намегӯянд.

Модари яке аз ин наврасон дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ду рӯз мешавад, ки писараш дар дасти пулис аст ва ба ӯ иҷозат намедиҳанд то фарзандашро бубинад ва аз ҳолаш хабардор шавад.

Пулис ба ҷойи волидайни наврасон, роҳбари синф, директори мактаб ва дигар муаллимаҳоро даъват доранд то дар вақти тафтишоту бозпурсӣ ширкат кунанд.

Ин модар мегӯяд, ки “ба ҳама маълум аст, муаллима ба ҷойи дилбардории фарзондони мо, дар баробари муфаттиш нишаста, ба бозпурсӣ ва сарзаниш мегузарад ва пулис ҳам талош дорад, ки чанд нафарро гунаҳкор бароварда, зиндонӣ кунанд”.

Мақомот то ҳол дар бораи сабаби рух додани ин занозанӣ байни наврасон чизе нагуфта ва ҳамчунин сабаби роҳ надодани волидайнро ба назди фарзандонашон низ шарҳ намедиҳанд. 

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад.

Баргузории мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо дар Тоҷикистон

0

Дар ноҳия Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикитсон даҳумин мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо баргузор мегардад.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзҳои 4-5-уми октбяри соли 2023 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон даҳумин мусобиқоти байналмилалии ҷудо баргузор мешавад.

Ба қавли манбаъ, “мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57 кг ва -63 кг баргузор мегардад.”

Инчунин таъкид шуда, ки барои ширкат кардан дар ин мусобиқот варзишкорон аз ҷумҳуриҳои Узбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон, Эрону Афғонистон, Муғулистон ва Русия даъват шудаанд.

Гуфта мешавад, ин мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба хотири дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара гузаронида мешавад. Ғолибони ҷои аввал 27 ҳазору 500 сомонӣ (ҳудуди $2500), ҷои дувум 16 ҳазору 500 сомонӣ (ҳудуди $1500) ва ҷои сеюм 11 ҳазору 500 сомонӣ (ҳудуди $1000) дарёфт хоҳанд кард.

Дар музокироти ахири марзӣ Тоҷикистон аз хостаҳои худ даст кашид?

0

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор шуд.

Дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев раҳбарӣ кардаанд.

Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов С. ва Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон Ташиев Қ. бо ҳусни тафоҳуми комил оид ба зарурати фаъол намудани тасвири гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар қитъаҳои боқимонда изҳор намуда, ба гурӯҳҳои корӣ дастурҳои дахлдор додаанд.“, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ барои “тасвири хатти лоиҳавӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корро идома медиҳанд.”

Ба иттилои манбаъ, дар ниҳояти мулоқоту гуфтугӯҳо Протокол ба имзо расид.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин музокирот чизе нагуфтааст. Ва маълум нест дақиқан ҷонибҳо ба чӣ тавофуқоте даст ёфтанд.

Раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон дар изҳороти худ аз имзо шудани протокол изҳори хушнудӣ карда, таъкид намудаанд, ки ин протокол ҳамагуна мушкилоту низоъҳои байни якдигарро бартараф мекунад. Ва Қамчибек Тошиев афзуда, ки дар рӯзҳои наздик таъйин ва аломатгузории тамоми нуқтаҳои баҳсии марз ба поён мерасад ва қарори ниҳоиро дар ин бора ҷонибҳо ба имзо хоҳанд расонд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба ҳукумати Қирғизистон, рӯзи 2-уми октябр дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”. Аммо Тоҷикистон то ҳол ба ин иддао вокуниш накардааст.

Ин дар ҳолест, ки 15-уми сентябри соли ҷорӣ, замоне ки президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Душанбе бо Раҳмон мулоқот дошт, Тошиев дар изҳороте гуфт, ки агар Тоҷикистон аз даъвоҳои худ дар бораи марз даст накашад, мо ҳам санадҳоеро аз бойгонӣ пайдо кардаем, ки онро пешниҳод хоҳем кард ва агар лозим шавад барои ин кор нерӯ ҳам дорем.

Баргузории нишасти вазирони умури хориҷии ИА дар Украина

0

Қарор аст барои нахустин бор нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Украина багузор шавад.

Имрӯз, 2-уми октябри соли 2023 Ҷозеф Боррел, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар саҳфаи X-ии худ аз баргузории ин нишаст хабар дод.

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар номаи худ таъкид карда, ки “Мо ҷаласаи таърихии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупоро дар Украина, кишвари номзад ва узви ояндаи Иттиҳоди Аврупо баргузор мекунем.”

Ҷозеф Боррел, ки рӯзи гузашта ба Украина сафар карда буд, имрӯз дар шаҳри Киев, пойтахти ин кишвар ҳузур дорад, мегӯяд. Ӯ мегӯяд: “Мо дар ин ҷо ҳастем, ки ҳамраъйӣ ва ҳимояти худ ба мардуми Украинаро баён кунем.”

Гуфта мешавад, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар бахши дигаре аз паёмҳои худ дар ин саҳфа гуфтааст, “ман имрӯз барои нахустин бор вазирони корҳои хориҷии ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупоро берун аз ин иттиҳодия ба Киев даъват мекунам. Украина номзади ин иттиҳодия аст ва дар оянда Украина ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Аврупост.”

Аз замоне ки Русия ҷангро алайҳи Украина оғоз кард, Иттиҳоди Аврупо паҳлуи Украина қарор гирифт. Кишварҳои узви ин иттиҳодия дар ибтидо кумакҳои зиёде ба ин кишвар карданд. Аммо дар чанд моҳи ахир бархе аз ин кишварҳо ба мисли Лаҳистону Олмон ва Фаронсаву Утриш, ки зери фишорҳои шадиди иқтисодӣ қарор доранд, бо коҳиш додани ҳаҷми кумакҳои худ ба Киев мехоҳанд дар барномаҳои иқтисодиашон таҷдид назар кунанд.

Боз сӯхтори бозор. Ин бор дар Суғд

0

Бомдоди 2-уми октябри соли ҷорӣ бозори фурӯши масолеҳи сохтмонии шаҳри Хуҷанд, “Ҷумъабозор” оташ гирифта, чандин дукону мағоза ба коми оташ фурӯ рафт.

Sputnik бо истинод ба Идораи сӯхторнишонии вилояти Суғд хабар дод, ки “сӯхтор дар Ҷумъабозор шаби 2-юми октябр тақрибан соати 03:18 дақиқа рух дода, ҳудуди 100 метри мураббаъро фаро гирифтаст.”

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки 5 мошини сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кормандони он тавонистанд дар камтар аз як соат оташро хомӯш карда, ба ҳаҷми 3 миллион сомонӣ молу колоро аз коми оташ наҷот бидиҳанд.

Ба гуфтаи сокинони гирду атрофи бозор, алангаи оташ хеле бузург буд, ки дар натиҷа тамоми маҳалла ва атрофро дуди ғализ ва бӯйи нохӯш фаро гирифтааст.

Сӯхторнишонҳо баробари воридоти занги хатар ба маҳалли ҳодиса рафта соати 03:42 сӯхторро иҳота намуда ва соати 04:15 дақиқа алангаи оташро ба пуррагӣ хомӯш намуданд” – таъкид намудааст нозири сӯхторнишонӣ ба Sputnik.

То ҳол мақомоти оташнишонии вилояти Суғд дар бораи зарари умумӣ ва сабаби сар задани оташ дар “Ҷумъабозор”, ки яке аз бозорҳои бузурги фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад, маълумот надодааст. Танҳо гуфта мешавад, ки таҳқиқот дар бораи ин ҳодиса шуруъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бомдоди рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ низ дар қисми тахтафурӯшии бозори шаҳри Ҳисор чунин сӯхтори мудҳише сар зада буд, ки ба гуфтаи шоҳидон алангаи он ба суръат паҳн шуда, макони зиёдеро фаро гирифта буд. Тоҷирони зиёде бо сабаби ин сӯхтор миллионҳо сомонӣ зарар диданд.

Давоми чанд соли ахир дар чандин бозорҳои кишвар сӯхторҳои зиёде сар мезанад, ки миллионҳо сомонӣ ба тоҷирон зарар ворид кардааст. Баъзе тоҷирони зарардида мегӯянд, ки бозорҳои кишвар дигар барои тоҷирон макони амн маҳсуб намешаванд, зеро ҳар ҳалза имкони сар задани оташ нобуд шудани тамоми молу дороӣ шахс вуҷуд дорад.

ДАР БОРАИ БЕЭҲТИРОМӢ БА КОРВОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛМОН ВА ҒАВҒОИ АТРОФИ ОН: МАВҚЕИ ШАҲРВАНДӢ

0

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

Бо салому эҳтиром.

Банда корманд ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нестам. Назари ҳукумати кишварро масъулон ва сухангўёни расмии муҳтарами он баён мекунанд.

Аммо ҳамчун муҳаққиқ, адиб ва муҳимтар аз ҳама, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин назарам, ки таҳқиру беэҳтиромӣ нисбат ба корвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари расмӣ дар хориҷӣ кишвар амалӣ шоиста набуда, аз ҳар ҷиҳат боиси накӯҳиш аст.

Зеро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз он, ки чӣ ном дорад, чӣ унвон дорад ё чӣ сиёсати дохилӣ дорад, дар хориҷи кишвар намояндаи расмии давлат ва миллати Тоҷикистон аст. Ҷаҳониён ӯро ҳамчун Президенти Тоҷикистон мешиносанд. Бо ҳамин унвон эътироф, даъват ва муносибат мекунанд.

Бинобар ин, дар ин ҳолат эҳтиром ба ӯ эҳтиром ба давлату миллат ва таҳқири ӯ таҳқири давлату миллат ба ҳисоб меравад. Ин алифбои сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ аст, ки ҳар касе дар сар фикри сиёсат ва фаъолияти сиёсӣ дорад, бояд ба таври табиӣ аз ин асл огоҳ бошад.

Зеро вақте сухан аз сиёсати хориҷӣ меравад, он ҷо як мафҳум аст: ТОҶИКИСТОН! Он ҷо дигар масъалаҳои ҷузъӣ ва баҳсҳои ҷиноҳию дохилии мо матраҳ нестанд. Ба таври мисол, гоҳо варзишгаронро медонем, ки ахлоқи ҳамида надоранд, шахсаш ба мо писанд нест, аммо вақте ба саҳнаи мусобиқаи байналмилалӣ мебароянд, мо як мафҳумро мешиносем: намояндаи Тоҷикистон, рамзи давлат ва миллати тоҷикон! Он ҷо дигар баҳси шахсияту ӯ нест, ӯ Тоҷикистон аст, болои сараш парчами муқаддаси кишвари мост.

Аз ин рӯ, шахсан банда низ аз каму костиҳои фаъолияти ҳукумати кишвар ва баъзе ниҳодҳои он огоҳам. Агар баъзе дӯстон 10 камбуди онро донанд, банда бино бар ихтисос ва собиқаи кориям шояд 100 камбудро медонам. Интиқоди солим ва талаби солими ислоҳи он камбудҳо ҳаққи ҳар шаҳрванд ва нерӯи сиёсист.

Аммо вақте сухан аз давлат, миллат, кишвар, рамзҳои давлатӣ, симою манфиати давлат меравад, он ҷо мавқеи мо бояд як бошад: ҳимояи пурифтихор аз давлат ва рамзҳои он. Хоса дар хориҷи кишвар.

Илова бар ин, бо вуҷуди камбудҳои имрўзаи кори ҳукумат дар дохил, дар ин масъала сухан дар бораи шахсияте ва Президенте меравад, ки барои ин давлату миллат хидматҳои ҳаётии таърихӣ намудааст. Нақшу хидматҳои таърихие, ки ба қавли роҳбари собиқи мухолифин устод С.А.Нурӣ «танҳо номард ин хидматҳои ӯро эътироф намекунад». Аз ин рў, хоса ин шахсият ва хоса ба эҳтироми ҳамон хизматҳои таърихӣ ҳаргиз сазовори чунин муносибат нест. Миллатҳои баркамол ҷойгоҳи фарзандони худро мешиносад ва қадрдонӣ мекунад.

Ба ин маъно, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз муносибати мо ба шахсияту сиёсати дохилии ў, ҳангоми зуҳур дар саҳнаи байналмилалӣ рамзи тамоми Тоҷикистон ва тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки вақте ӯ дар минбари СММ ҳузур меёбад, он ҳузури Тоҷикистон аст. Ё вақте ба ҳамоиши сарони Олмон ва Осиёи Марказӣ ё ҳар нишасти ҷаҳонӣ даъват мешавад, ӯ дигар як ном дорад: ТОҶИКИСТОН.

Аз ин рӯ, дар ин лаҳза ҳар тоҷик ба ин падида бо ифтихор муносибат мекунад. Зеро ба ин рӯз расидани мо, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлат зуҳур кардани мо, ормони ҳазорсолаи ин миллат буд. Ва инак ин рӯз фаро расидааст!

Шахсан банда, баробари дидани ҳузури роҳбари давлати тоҷикон дар чунин саҳнаҳо хеле эҳсосӣ мешавам, тамоми таърихи пурфоҷеаи миллатро пеши рӯй меоварам, ҳатто мехоҳам фарёд андозам, ки мо ба ин рўз расидем! Мо миллат шудем, давлат шудем!

Ин аст, ки аз сӯи ҳамватанон зоҳир шудани беэҳтиромӣ нисбат ба корвони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар нишонгари дарк нашудани ин нуктаи муҳимми далатдорӣ аст. Ҳолате, ки фард ё нерӯи сиёсӣ ҳануз ба сатҳи камоли сиёсӣ нарасидааст, ҳануз эҳсоси давлатдорӣ намекунад. Ҳатто агар ин амал чун “кори чанд ҷавони камтаҷриба” шарҳ ёбад, ҳимояву хушҳоливу ифтихори шахсони «ботаҷриба» аз он бешубҳа шоистаи азми фаъолияти сиёсӣ ва шоистаи ин давлату миллат нест.

Бинобар ин, бори дигар такрор мекунам, ки банда аз номи ҳеҷ ниҳоде сухан намегӯям. Шояд баъзе ниҳодҳо ба ин изҳори назари ман розӣ ҳам набошанд, шояд он амалро умуман муҳим ҳам ҳисоб намекунанд. Ва шояд дуруст ҳам мекунанд…

Ҳамчунин, банда ҷаноби Президентро ҳам ҳаргиз ба суҳбат надидаам. Эшон низ ба сухан ё ҳимояти ман ниёзе надорад. Аммо ҳамчун шаҳрванди оддии ин кишвар чунин муносибат бо давлати худро ҳаргиз шоиста намедонам. Чунин амал ҳаргиз ифтихор набуд, балки таҳқири тамоми давлат ва миллати мо буд.

МОШИНЕ, КИ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН МЕРАВАД, ХУДИ ТОҶИКИСТОН АСТ. ПАС ТАҲҚИРИ ОН ТАҲҚИРИ ТОҶИКИСТОН АСТ. Ин нуктаи бебаҳс мебошад…

Баъзе аз ҷонибдорони ин амал чунин шарҳ додаанд, ки як шахс Тоҷикистон нест, як шахс миллат нест… Аммо дар ҳамин сафари расмии байналмилалӣ ва дар ҳамин ҳамоиш ин шахсият маҳз Тоҷикистон буд, маҳз миллат буд. Ҳамчун Тоҷикистон даъват шуда буд, ҳамчун Тоҷикистон иштирок дошт.

Агар сухан дар бораи фаъолияти имрӯзаи байналмилалии Роҳбари давлати Тоҷикистон равад, бо камтарин дарки сиёсӣ метавон дарёфт, ки ҳоло кишвар ва роҳбарияти он дар мушкилтарин марҳила қарор доранд. Танҳо дар як соли охир Русия, Чин, Ҳинд, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, Туркия ва Арабистони Саъудӣ роҳбарони Осиёи Марказиро пайиҳам «даъват» карда, нишастҳои махсус баргузор намуданд. Даъвати Ҷопону Эрону Покистон дар пеш аст. Ин қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ чӣ мехоҳанд? Ҳама як пешниҳод доранд, ё бо мо бош ё…! Аз фалониҳо рӯ гардон, вагарна…! Пешниҳодҳое ҳамроҳ бо таҳдиду ишорот. Пешниҳодҳое, ки қабул ё радди онҳо сарнавишти давлату миллатро муайян месозад. Онҳо ба ин нишастҳо шахс ё Президентро даъват намекунанд, онҳо кишварро даъват мекунанд, Тоҷикистонро даъват мекунанд. Он ҷо Тоҷикистон иштирок дорад…

Яъне, ҳоло марҳилаи таърихӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ ба гунаест, ки кишвраҳои мо дар тангнои шадидтарини геополитикӣ қарор доранд, дар миёни чор дарё. Дар канори тӯфони нобудгар. Ҳоло роҳбари чунин давлатҳо будан мушкилтарин рисолат ва масъулият аст. Офаринашон!

Аз ин рӯ, дар чунин марҳила, сухан дар бораи давлат ва бақои он меравад. Марҳилае, ки иттиҳоди ҳамаи моро дар атрофи давлат тақозо дорад. Марҳилае, ки сарнавишти ҳамаи моро, чӣ ҷонибдору чӣ мухолифро ҳал мекунад.

Ҳамчунин, банда бо ин навишта ба касе чизеро омӯхтанӣ нестам. Ҳар сухан ва ҳар амал худ сатҳи маърифати шахсу гурӯҳро нишон медиҳад. Танҳо ҳамчун шаҳрванди оддӣ ва низ ҳамчун касе, ки мӯяш дар роҳи сиёсатшиносӣ сафед шудааст, хоҳиш доштам, ки дар чунин саҳнаҳои ҷаҳонӣ, ки ҷои зуҳури давлат ва миллат аст, масоили давлатдорӣ ва муносибатҳои байналмилалиро аз баҳсҳои сиёсию ҷиноҳии дохилӣ болотар донем. Дар ниҳоят, ҳамаи мо, чӣ мувофиқу чӣ мухолиф бояд ҳамчун миллат ва ҳамчун давлат нигоҳ карданро ёд гирем… Наход мо то абад ҳамчун ҳизб, гурўҳ, ҷиноҳ, ҳалқа, маҳалл боқӣ монем? Бояд ин марҳила пушти сар шавад….

Ман боварӣ дорам, ки ҳеҷ тоҷики огоҳ аз ин амали ин ҷавонон хушҳол нашудааст. Шояд дар Аврупо оддӣ намояд, аммо фарҳангу арзишҳои асили тоҷикӣ чунин муносибатро ҳаргиз намепазирад. Балки аз сатҳи дарку ахлоқи худ дар саҳнаи байналмилалӣ эҳсоси хиҷолат кардем.

Ва бисёёер мутаассифона, ин амал боиси хурсандии рақибони минтақавӣ ва байналмилалии мо шуд. Чеҳраву шарҳу тафсиру расонаҳои онҳо гувоҳи хушҳолии онҳост… Танҳо онҳо лаззат бурданд…

Мушкилоти байнихудиро бо баҳсҳои байнихудӣ ҳал мекунем. Иншоаллоҳ, ҳамааш мегузарад. Аммо ҷое, ки дар арсаи байналхалқӣ сухан аз давлату миллат меравад, он ҷо дигар мавқеи мо бояд ягона бошад: ТОҶИКИСТОН.

Он ҷо мо дигар ҳизбу гурўҳу ҷиноҳ нестем, он ҷо мо танҳо як давлат ва як миллат ҳастем. Чуноне, ки аз як варзишкор дар набарди байналмилалӣ якдилона ҳимоя мекунем.

Муносибатҳои байналхалқӣ низ як мубориза ва мусобиқа аст. Мусобиқаи калоон ё “бозии бузург”. Дар он танҳо як иштирокчӣ дорем: Тоҷикистон!

Аз ин рў, он ҷо бояд ҳамчун як миллат ва як давлат рафтор намоем.

Ҳамин тавр, ин мавқеи шаҳрвандии банда аст ва бовар дорам, ки дар канори ин ҳама мавқеъҳои гуногун, он низ ҳуқуқи будан дорад. Ва ҳамтан ҷонибдорони худро низ дорад…

(Ва чанд акси воқеие, ки 100 ё ҳатто 30 сол пештар афсона ва боварнакарданӣ менамуданд. Ба онҳо нигарему лаҳзае андеша кунем. Дар онҳо шахсро не, давлати худро, ватани худро, дар онҳо Тоҷикистони худро бинем. Ва шояд дарки мо дар ин масъала андаке таҳаввул ёбад…)

______________________________

Дар ин гӯша матолиби гуногун аз навиштаҳои таҳлилгарон ва коршиносон нашр мешавад, ки муҳтавои онҳо баёнгари мавқеи Azda tv нестанд.