9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 27

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

0

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои пешгирӣ аз ҷинояткориро роҳандозӣ кардаанд.

Бо иштироки кормандони милитсия, намояндагони Додситонии шаҳри Душанбе, масъулони соҳаи маориф ва бахши кор бо ноболиғон дар беш аз 15 муассисаи таълимии ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардидааст.

Дар ин мулоқотҳо сабабу паёмадҳои ҳодисаи рухдода, мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки ғамхории кам ва назорати нокифояи волидайн яке аз омилҳои асосии даст задани наврасон ба рафторҳои хатарнок мебошад. Масъулон аз волидон тақозо карданд, ки назорат ва масъулияти худро бештар намуда, барои пешгирии оворагардию кордбадаст гаштани ноболиғон, бозиҳои компютерии зиёдатӣ ва амалҳои зиддиҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба ин мавзуъ, пулиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода, ки танҳо дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 312 падару модар барои таълиму тарбияи нодурусти фарзандон ҷарима шудаанд. Онҳо бар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (иҷро накардани уҳдадории таълиму тарбияи кӯдак) ҷазо гирифтаанд.

Тибқи қонунгузорӣ, ин намуди ҳуқуқвайронкунӣ аз 750 сомонӣ ҷарима то 10 рӯзи ҳабсро дар бар мегирад.

Мақомот мегӯянд, ки чунин чораҳо бо мақсади пешгирии такрори ҳодисаҳои нохуш ва таъмини амнияти наврасон дар пойтахт идома хоҳанд ёфт.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

0
Коллажи-Asia-Plus

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат ба онҳо барқ дода мешавад.

Як бошандаи ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон ба Azda tv гуфт: “Имсол аз моҳи сентябр “лимит” ҷорӣ шуд. Ҳоло баъзе шабҳо пас аз намози хуфтан агар хоҳанд барқро барои як ё ду соат медиҳанд, ҳатто телефонҳоямонро пур карда наметавонем. Дар як шабонарӯз 8 соат гуфтаанд, лекин 2 соат шаб, 1 соат рӯз медиҳанд.”

Агарчи масъулони “Барқи тоҷик” ба мардум сабаби ин бебарқии шадидро шарҳ намедиҳанд, аммо ба назари сокинони кишвар, мадум ҳам одат кардааст ва ин масъаларо, бо вуҷуде, ки азоб мекашанд, чандон сахт намегиранд.

Дар ҳамин ҳол аз “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки сабаби бебарқӣ кам шудани сатҳи об дар обанбори “Норак” аст. Масъулони ин ниҳод таъкид кардаанд, ки сатҳи об “нисбат ба соли гузашта 2 метру 47 сантиметр кам шудааст.” Ба назари корбарон, ин суханест, ки ҳар сол масъулони ниҳоди мазкур барои шона холӣ кардан аз масъулият чунин мегӯянд.

Мақомот омода нестанд сари вақт мардумро аз ҷорӣ шудани “лимит” расман огоҳ кунанд ва онро эътироф надоранд. Вале хабаргузории давлатии “Ховар” 13-уми ноябр бо нашри хабаре аз ҷаласаи гурӯҳи кории филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ”, ки дар он масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ баррасӣ шудааст, аз забони масъулин тасдиқ кард, ки “лимит” ҷорӣ шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур масъулин гуфтаанд, ки бо сабаби назорати сахт болои истифодабарандагон “ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1 миллиарду 342 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.” Ин дар ҳолест, ки сокинон аз бебарқӣ шикоят доранд, аммо масъулин бошанд, аз ин ки тавонистаанд пули бештаре аз мардум ҷамъоварӣ кунанд, шодӣ доранд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ суол мегузоранд, ки агар сатҳи об дар обанборҳо кам шуда бошад, ин чӣ ҳукумату ҳукуматдорӣ аст, ки захира надорад ё захирааш ба як моҳи зимистон ҳам намерасад? Дар ҳоле, ки дар тобистон зимни ироаи оморҳояшон мегӯянд, имсол миқдор нерӯи барқи иловагӣ тавлид шудааст, вале дар зимистон ин нерӯҳои тавлидшудаи иловагӣ куҷо мешаванд, ки пеш аз расидани фасли сармо дигар мардум барқ надоранд? Яъне, агар фарзияи мақомотро ҳам бовар кунем, наход баробари камшудани об дар ҳол барқ аз сокинон қатъ шавад?

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон солона даҳҳо ҳазор киловат-соат барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон мефурӯшад. Моҳи августи имсол Эмомомалӣ Раҳмон дар суханроние гуфт, ки аз рӯзи бунёди аввалин чархаи “Роғун” дар соли 2018 то имрӯз ин нерӯгоҳ 9,1 миллард киловат-соат барқ истеҳсол кардааст. Сокинон ҳам ҳаминро мепурсанд, ки ин миқдор нерӯи барқ куҷо меравад, ки аҳолӣ солона 6-7 моҳ барқ надорад?

Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

0

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи “ОРИЗ” хабар дод.

Ба иддаои Хадамоти алоқа, ин паёмрасон аз ҷониби “Тоҷиктелеком” бо ҳадафи таъмини иртиботи осон, босифат ва бехатар миёни шаҳрвандони кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ таҳия гардида, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити рақамии комилан ватанӣ ва боэътимод барои ҳифзи манфиатҳои иттилоотӣ ва истиқлоли рақамии кишвар мебошад.

Дар иттилоияи Хадамот гуфта мешавад, ки “ОРИЗ” дар тамоми кишварҳои олам ва барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия дастрас аст.

Барои сабти ном дар ин паёмрасон танҳо рақами телефон лозим буда, дар он паёмҳои матнӣ ва овозӣ, зангҳои аудио ва видео, эҷоди каналҳо ва гурӯҳҳо, инчунин ирсоли файлҳо ва гузаронидани видеоконфронсҳо тавассути пайванд барои корбарон дастрас будааст.

Хадамоти алоқа дар шарҳи фаъол шудани он навиштааст, ки чанд соли охир дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардидааст ва дар Русия дар ҳоле, ки “Телеграм” ва “Вотсап” маҳдуд шуданд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд.

Хадамот иброз дошта, ки ин бартарӣ пеш аз ҳама барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд ва ORIZ дар шароити суръати пасти интернет ҳам метавонад кор кунад.

“Ин таҷриба нишон дод, ки вобастагӣ аз шабакаҳои хориҷӣ метавонад ба амнияти иттилоотӣ ва иртиботи иҷтимоӣ зарар расонад, зеро серверҳо, маълумот ва сиёсати истифодаи чунин барномаҳо дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор доранд ва ҳеҷ кафолати устуворӣ ва дастрасии доимӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, таъсиси ORIZ, метавонад як қадами ҷиддӣ ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон бошад. Он имкон медиҳад, ки додаҳои корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд” – иддао кардааст Хадамоти алоқаи кишвар.

Ба гуфтаи коршиносони соҳа, паёмрасони “Ориз” тақрибан аз паёмрасони “Max”-и Русия, ки пурра маълумоти корбаронро ҷамъоварӣ мекунад, рубардорӣ шудааст.

Дар сомонаи Oriz дар сиёсати ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳам равшан зикр шудааст, ки ҳамаи паёмҳои фиристодашуда ва қабулшуда, инчунин ном, суроғаи почтаи электронӣ, акси профил, маълумот дар бораи дастгоҳ ва таҷрибаи истифодаи мессенҷер, аз ҷумла функсияҳои истифодашуда ва вақти сарфшудаи корбар ҷамъоварӣ мегардад. Ва ин маълумотҳо барои пешниҳоди хидматрасониҳо ва беҳтар кардани сифати онҳо истифода гашта, инчунин он метавонад ба провайдерҳои ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шавад.

Ҳамчунин коршиносон таъкид мекунанд, ки ин барномаи паёмрасон дар Тоҷикистон маҳз бо ҳадафи дастрасии бештар пайдо кардани мақомоти амниятӣ ба паёмҳои корбарон роҳандозӣ шудааст ва эҳтимолан мисли Русия дар Тоҷикистон низ “Телеграм” ва “Вотсап” маҳдуд шавад.

Сӯхтор дар бозори “Гулистон”-и вилояти Сӯғд

0

Шаби 12-уми ноябр дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сӯхтори бузурге рух дод, ки қисми зиёди бозорро фаро гирифт.

Ба иттилои Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар натиҷаи ин ҳодиса 280 нуқтаи савдо ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор осеб дидаанд.

Манбаъ мегӯяд, сӯхтор тақрибан соати 22:10 сар зада, дар муддати кӯтоҳ ба хонаҳои маскунии наздик ба бозор паҳн шудааст. Майдони умумии сӯхтор 792 метри мураббаъро ташкил дода, танҳо пас аз чаҳор соати талош кормандони Хадамоти оташнишонӣ тавонистаанд алангаи оташро пурра хомӯш кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз коми оташ молу амвол ба маблағи беш аз 27 миллион сомонӣ наҷот дода шудааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло гурӯҳи махсус сабабҳои сӯхторро таҳқиқ мекунад.

Ин бори аввал нест, ки дар кишвар як бозори бузург оташ мегирад ва молу дороии тоҷирон ба коми оташ меравад. Солҳои охир чунин ҳодисаҳо зиёд рух медиҳанд. Дар бисёр ҳолатҳо масъулон мегӯянд, омили асосии сӯхтор дар бозорҳо ин риоят накардани қойдаҳои бехатарӣ аст. Аммо аксари савдогарон инро рад мекунанд ва камбудро аз ҷониби масъулони бозорҳо медонанд, ки шароитро барои чунин ҳолатҳо ба назар нагирифтанд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ба тоҷирони бозори “Гулистон” барои зарари расида ҷуброн пардохт мешавад ё на. Аммо дар гузашта тоҷироне, ки бар асари сӯхтор тиҷораташонро аз даст дода буданд, тибқи шикояташон, ҳеч ниҳоде ба онҳо ҷуброни зарар надодааст ва ин боиси муфлисшавии тиҷорати онҳо гаштааст.

ВКД гумонбарони ҳодисаи қатли як хонавода дар н.Рудакиро боздошт кард

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 12-уми ноябр бо нашри як навори видеоӣ хабар дод, ки дар робита ба куштори чаҳор узви як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар боздошт шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори гумонбари асосиро ифшо карда, аз ӯ Азимов Сайфулло Одинахӯҷаев номбурда ном ва ҷеҳраи нафари дувум, ки ноболиғ будааст, зикр нашудааст.

Ин ҷинояти ҳавлнок шаби 5 ба 6-уми сентябри соли 2025 дар ноҳияи Рудакӣ рух дод. Дар ин ҳодиса Шаҳло Назарова, зани 44-сола ва се фарзанди ноболиғаш бо номҳои Ҳабиба, Ҳамида ва Шараф ба сурати ваҳшатнок кушта шуданд. Падари хонадон Ҳалим Иброҳимов, дар замони рух додани ҳодиса дар муҳоҷират қарор дошт.

Ҳодиса рӯзи 8-уми сентябр дар ҳоле ошкор шуд, ки Ҳалим Иброҳимов вақте ҷанд бор ба ҳамсараш занг мезанад, аммо ҷавоб намегирад. Баъд ба яке аз ҳамсояҳо занг мезанад, то аз ҳоли ҳамасар ва фарзандонаш бохабар шавад. Вақте ҳамсоя вориди хона мешавад ҷасади қурбониёнро мебинад, ба падари хонавада ва полис хабар медиҳад.

ВКД мегӯяд, таҳқиқи қазия мураккаб буд ва муҳити зисту муносибатҳои хонавода мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ба иттилои манбаъ, ин ҷиноят ҷомеаро ба таҳлука андохта, овозаҳо ва гумонҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Тибқи маълумоти расмӣ, омили асосии куштор майл ба молу мулк будааст. ВКД мегӯяд, Азимов Сайфулло ҳамсояи  фавтидагон будааст Ӯ бо даъвати як ноболиғ ин ҷиноятро содир кардааст. Гуфта мешавад, парванда то ба ҳол ба додгоҳ ирсол нашудааст ва ҳанӯз ҳам тафтишот идома дорад.

Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳои низомиро тақвият медиҳанд

0

Вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода рӯзи 12-уми ноябр бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ба Покистон сафар кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар сафари дирӯзаи вазири дифои кишвар ба Покистон созишномаҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомию техникӣ имзо шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин созиш карданд, ки тамринҳои муштарак баргузор намуда, таҷриба мубодила кунанд ва дар омодасозии кадрҳои низомӣ ҳамкорӣ намоянд.

Ин ниҳод мегӯяд, созишномаҳои низомӣ дар натиҷаи мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода бо Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои мусаллаҳи Покистон, генерал Соҳир Шамшад Мирзо, дар шаҳри Исломобод ба даст омадааст.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо, ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориро мусбат арзёбӣ намуда, зарурати таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародаронаро дар шароити ноустувори вазъияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ва Покистон аз соли 1992 равобити дипломатӣ доранд. Исломобод яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба расмият шинохт.

Тоҷикистон инчунин бо Покистон дар соҳаи энергетика низ ҳамкории зич дорад. Покистон дар чорчӯби лоиҳаи CASA-1000, ки ба интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Ҷануби Осиё нигаронида шудааст, аз Тоҷикистон барқ ворид мекунад.

Ба назари коршиносон, наздик будани ин ду кишвар аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва мушкилоти амниятии умумӣ ҳамкории низомиро барои ҳарду кишвар ба муносибатҳои дуҷонибаи муҳим табдил додааст. Исломобод ва Душанбе борҳо изҳор доштаанд, ки қасд доранд ҳамоҳангиро дар мубориза бо терроризм, ҷинояткории фаромарзӣ ва ифротгароӣ тақвият бахшанд.

Байни Тоҷикистон ва Эрон парвозҳои нав ҷорӣ мешавад

0

Бар асоси як тавофуқе байни мақомҳои дахлдори Тоҷикистону Эрон парвозҳои мустақим ба баъзе шаҳрҳои ин ду кишвар роҳандозӣ мешавад.

Рӯзи 11-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳабибулло Темур Назарзода бо президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Пурфарзона бо дархости ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва тақвияти робитаҳои нақлиётӣ байни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо дар бораи афзоиши шумори парвозҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар самтҳои Киш–Душанбе, Киш–Хуҷанд ва Шероз–Душанбе тавофуқ карданд.

Ҳабибулло Назарзода таъкид кард, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати “Осмони кушод”, ки мувофиқи қарори Ҳукумат амалӣ мегардад, барои ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ 40 дарсад тахфиф дар хидматрасонии фурӯдгоҳҳо пешбинӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом бо ҳадафи ҷалби сармоя ва рушди ҳамкориҳои авиатсионӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи такмили ихтисоси мутахассисон ва ташкил кардани курсҳои омӯзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Айни замон миёни ду кишвар парвозҳои мунтазам аз ҷониби “Сомон Эйр” ва “Вориш Эйрлайнз” анҷом дода мешаванд.

Тибқи иттилои Агентӣ, аз 19-уми ноябри соли 2025 ширкати “Раймонд Эйрлайнз” парвозҳои мунтазам дар хатсайри Машҳад – Душанбе – Машҳад ҳафтае ду маротиба оғоз мекунад. Ҳамзамон аз 28-уми ноябр парвозҳои чартерии “Киш Эйрлайнз” дар самти Киш – Душанбе – Киш ба роҳ монда мешаванд.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ин иқдомҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳанд кард.

Нигаронии HRW аз марги Саидаъзам Раҳмонов ва дархосташ аз Олмон

0

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 11-уми ноябр бо нашри як баёния аз марги Саидаъзам Раҳмонов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, дар боздоштгоҳ изҳори нигаронӣ кард.

Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмон, гуфтааст, қазияи Раҳмонов ба силсилаи парвандаҳое дохил мешавад, ки шаҳрвандони тоҷик баъди бозгашт аз Олмон “бо поймолшавии шадиди ҳуқуқи башар ё ҳатто бо аз ин бадтар” рӯбарӯ шудаанд.

Вилямсон ин ҳодисаро “паёме ба мақомоти Олмон” дониста, аз ин кишвар даъват кардааст, ки “нақши худро дар чунин парвандаҳо ва муносибаташ бо Тоҷикистон бознигарӣ кунад”.

Human Rights Watch дар баёнияи худ гуфтааст, ки ихроҷи шаҳрвандон ба кишварҳое, ки дар он хатари шиканҷа ва зулм вуҷуд дорад, мухолифи қонунҳои байналмилалӣ аст. Созмон аз чанд ҳолати ахири бозгардондани тоҷикон аз Олмон ёдовар шудааст, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев, ки дар солҳои 2023 ва 2024 ба Тоҷикистон фиристода шуда, мутаносибан ба 7 ва 8 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи Вилямсон, “ҳеҷ яке аз онҳо набояд ба Тоҷикистон фиристода мешуданд.” Ӯ афзудааст, ки ба назар чунин менамояд, ки Олмон масъулиятҳои байналмилалии худро нодида мегирад ва бо мақомоти тоҷик дар масъалаи ихроҷи шаҳрвандон ҳамкорӣ мекунад.

Human Rights Watch ҳамчунин ба он ишора кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Олмон далелҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи риояи ҳуқуқи инсон қобили эътимод хондааст, дар ҳоле ки вазъи воқеии ҳуқуқи башар дар кишвар “ваҳшатбор” арзёбӣ мешавад ва чунин кафолатҳо “боварибахш нестанд”.

Аз ин пеш Созмони Озодӣ барои АвруОсиё (Freedom For Eurasia) низ аз тасмими Олмон барои бозгардондани баъзе паноҳҷӯён ба Тоҷикистон интиқод карда буд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, чунин иқдомҳо метавонанд Олмонро ба “кишваре, ки ба дикдатураи бераҳм ёрӣ мерасонад,” табдил диҳанд. Freedom For Eurasia таъкид намудааст, ки идомаи ҳамкориҳои Берлин бо мақомоти Душанбе дар масъалаи бозгардондани паноҳҷӯён, бо арзишҳои ҳуқуқи башар ва уҳдадориҳои байналмилалии Олмон мухолифат дорад.

Ёдовар мешавем, ки Саидаъзам Раҳмонов барои гирифтани визаи (пайванди хонавода) чанд моҳ пеш ба Тоҷикистон баргашта, ҳуҷҷатҳои лозимаро ба сафорати Олмон супорида, интизори виза будааст. Рӯзи 6-уми октябр, ҳангоми талош барои сафар ба Русия барои иштирок дар тӯйи як дӯсти наздикаш, дар фурӯдгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда, ба ҷойи номаълум бурда мешавад.

Рӯзи 13-уми октябр, ба хешовандонаш хабар медиҳанд, ки гӯё ӯ худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи манобеи наздик, мақомоти амниятӣ, зери назорати шадид ҷасадро ба хок супурда, ба хешовандонаш иҷозати дидани ӯро надоданд.

Нақшаи даъвати сарбозон ба артиш 96% иҷро шуд

0

Бино ба иттилои Вазорати мудофеи Тоҷикистон, дар давоми 40 рӯзи мавсими тирамоии даъвати сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, нақша 96% иҷро шудааст.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз гардида буд, ки ҷавонони солҳои таваллуди 1998-2007-ро ба хидмати ҳарбӣ фаро мехонд. Ба гуфтаи ин ниҳод, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват 100% иҷро кард.

Гуфта мешавад, то ин муддат шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро сад дар сад иҷро намуданд. Танҳо нақша дар вилояти Суғд кам иҷро шуда, ки то кунун 89%-ро ашкил медиҳад.

Ва аммо ноҳияҳои тобеи марказ дар муддати 40 рӯзи даъват нақшаро 95% иҷро кардаанд. Вазорат мегӯяд, бархе шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар алоҳидагӣ, ба монанди Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун Файзобод, Турсунзода ва Ҳисор нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Вазорати мудофеи Тоҷикистон дар ҳоле аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати сарбрзон дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки чанд рӯз қабл бархе аз сокинони ин вилоят дар тамос ба Azda tv гуфтанд, ки маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ дар чандин деҳа падаронеро, ки писаронашон ба хидмат нарафтаанд, бурда чанд рӯз зиндон карданд ва наздиконашон маблағҳои зиёде дода онҳоро озод кардаанд.

Бо вуҷуди талошҳои Ҳукумат барои пинҳон кардани ҳолатҳои “Облава” боз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ видоҳое аз он саҳнаҳо нашр шуд, ки ҷавононро зӯран ба артиш мебаранд. Вазорати мудофеаи кишвар борҳо ҳолатҳои сарбозшикорро ба “боздошти шахси ҷинояткор” ё “шӯхии дӯстон” рабт дода, гуфтанист, ки сарбозшикор ё “Облава” аз байн рафтааст.

Марги ду талабаи мактаб дар як занонзанӣ

0

Дар маҳаллаи 65 (мкр)-и шаҳри Душанбе, шоми 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар наздикии мактабҳои миёнаи №77 ва №78, як ҳодисаи маргбор миёни наврасон рух дод.

Ба иттилои расонаҳо, гурӯҳе аз хонандагони чанд мактаб дар натиҷаи муноқишаҳои лафзӣ ба занозании маргбор даст задаанд. Дар пайи ин даргирӣ як хонанда бар асари зарбаи корд ба ҳалокат расида, як нафари дигар сахт маҷруҳ шудааст.

Гуфта мешавад, наврасони захмиро ронандаи таксӣ, ки аз ҷойи ҳодиса мегузаштааст, дида, зуд ба беморхона бурдааст, аммо табибон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд. Ҷасади хонандаи дуюм бошад, субҳи як рӯзи баъд ёфт шудааст.

Ҳар ду қурбонӣ хонандагони синфи 10-и мактабҳои №78 ва №50-и шаҳри Душанбе будаанд. Наздикони онҳо ин хабарро ба сомонаи Your.tj тасдиқ кардаанд.

Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, тафтишот идома дорад. Ҳамзамон бо хонандагони мактабҳои зикршуда суҳбатҳои профилактикӣ бо иштироки намояндагони прокуратура ва мақомоти корҳои дохилӣ баргузор мешавад.

То ҳол ягон ниҳоди расмӣ дар ин бора ҷизе нагуфтааст. Ин нахустин бор ҳам нест, ки миёни хонандагони мактабҳо даргирӣ рух медиҳад. Дар гузашта низ расонаҳо аз чунин ҳодисаҳо хабар дода буданд, ки бархе аз онҳо бо марги наврасон анҷом ёфтааст.

Коршиносон сабаби чунин ҳолатҳоро дар беназорат мондани ҷавонон, носолим будани муҳити иҷтимоии онҳо ва беэътиноии масъулон дар кори тарбияи насли нав мебинанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе дигар аз коршиносон дур шудани ҷавонон аз омӯзишҳои динӣ ва ахлоқиро яке аз сабабҳои афзоиши чунин рафторҳо мешуморанд. Ба гуфтаи онҳо, тарбияи дурусти маънавӣ ва ахлоқӣ метавонад нақши муҳим дар коҳиши бадрафторӣ ва хушунат миёни наврасон дошта бошад.