9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 28

Баъзе бонкҳои Тоҷикистон интиқоли маблағ ба Русияро маҳдуд карданд

0

Аз аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ чанде аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон барои муштариёни худ имкони интиқоли пул ба Русияро қисман маҳдуд карданд.

Тибқи гузориши “Настоящее Время”, ин иқдом эҳтимолан ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо рабт дорад, ки охири моҳи октябр 19-умин бастаи таҳримҳоро бар зидди Русия ҷорӣ кард. Дар миёни ин бастаи таҳримҳо се бонки Тоҷикистон:
“Спитамен Банк”, “Душанбе Сити Банк” ва “Коммерцбонк” шомиланд.

Гуфта мешавад, яке аз бонкҳое, ки барои интиқоли пул ба Русия таҳримҳоро ба назар гирифта, аз ҳоло маҳдудият ҷорӣ кардааст, ин Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) мебошад. Масъулони ин бонк ошкор нагуфтаанд, ки мушкилӣ чист, аммо маҳдудиятҳоро “муваққатӣ” ва “техникӣ” гуфтаанд, вале таъкид кардаанд, ки фиристодани маблағ аз ҳамён ва ҳисоби бонкӣ ба корти бонкҳои Русия мутаваққиф шудааст. Бо вуҷуди ин, манбаъҳо мегӯянд, маҳз таҳримҳо боиси пайдо шудани чунин монеаҳо гардидаанд.

Як сокини Душанбе ба ин расона гуфтааст: “Паёмак гирифтам, ки аз 3-юми ноябр фиристодани пул ба Русия тавассути корти бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ муваққатан манъ шудааст”.

Чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки пайомадҳои таҳримҳоро нисбат ба се бонки зикршуда таҳлил намуда, “бо шарикони байналмилалӣ машварат” мекунад, то таъсири манфии таҳримҳоро коҳиш диҳад. Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки вазъият таҳти назорат қарор дорад ва барои пешгирии паёмадҳои номуносиб чораҳои зарурӣ рӯйи даст гирифтаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, маҳдудиятҳои нав метавонанд вазъи муҳоҷирони кориро, ки аз Русия ба Тоҷикистон маблағ мефиристанд, ҷиддан зери таъсир қарор диҳанд. Илова бар ин, коршиносон бар онанд, ки ҳатто бонкҳое, ки бевосита таҳрим нашудаанд, сиёсати “эҳтиёткорона” пеш мегиранд, то аз таҳримҳои эҳтимолӣ дар оянда эмин бошанд.

Дар заминаи маҳдудиятҳои нави бонкӣ дар интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба Русия, иқтисоддонҳо ҳушдор медиҳанд, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар метавонад таҳти таъсири ҷиддӣ қарор гирад.

Тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 40% даромади хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон таъмин мегардад. Ба гуфтаи коршиносон, коҳиши дастрасӣ ба каналҳои расмии интиқоли пулҳо метавонад мушкилоти нави иқтисодиро дар Тоҷикистон эҷод кунад.

Ректор рӯзноманигорро барои сатраш аз донишгоҳ берун кард

0

Ректори нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) Иброҳимзода Илҳомуддин хабарнигори “Азия-Плюс”-ро аз донишгоҳ берун кардааст. Дар ин бора худи Иброҳимзода дар суҳбат бо Агентии иттилоотии “Ҳамсадо” хабар дод.

3-юми ноябри соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ректорони чанд донишноҳи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро нав кард. Ба ҷойи Файзулло Машраб, ки писараш дар садамае сабабгори ҳалокати овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов гардида буд, Иброҳимзода Илҳомуддин, директори собиқи Инстититути илмӣ-таҳқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” -и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, таъйин гардид.

Пас аз ин хабарнигори “Азия Плюс” кӯшиш карда, ки аз Иброҳимзода дар мавриди нақшаҳояш пурсад, аммо ректори нави ДСРТ ҳозир нашудааст бо ин хабарнигор суҳбат кунад, баръакс, ба кормандонаш дастур додааст то ӯро аз бинои донишгоҳ берун кунанд.

Сабаби ин корро масъулони донишгоҳ “барои номувофиқ будани либос” ва ё пӯшидани шими ҷинсу “кроссовки” гуфтаанд.

Ин хабар миёни корбарони тоҷик вокунишҳои зиёдеро ба бор овардаст. Аз ҷумла худи “Азия-Плюс” гуфта, ки дар баробари пеш кардани хабарнигор аз бинои донишгоҳ, норӯшан монд, ки хабарнигор бояд бо чӣ либос барои гирифтани мусоҳиба назди ректор ҳозир шавад. Зеро чунин муқаррарот дар ҳеҷ як қонуни кишвар сабт нашудаааст ва ҷорӣ кардани он аз сӯйи ректор ҳам мухолифи қонунҳо, аз ҷумла дар самти датрасӣ ба иттилоъ аст.

Пас аз вокунишҳои зиёди корбарон ректори нави ин донишгоҳ Иброҳимзода Илҳомуддин бо бо Агентии иттилоотии “Ҳамсадо” суҳбати кутоҳе карда, берун кардани ин хабарнигорро аз бинои донишгоҳ тасдиқ кардааст.

Иброҳимзода мегӯяд, ки вақте вориди утоқаш мешуд, нафаре бо либосҳое, ки ба донишгоҳ ворид шудан манъ будааст, яъне сатр, брюки ҷинс ва кроссовки дар қабулгоҳ нишаста будааст ва мехостааст бо ӯ суҳбат кунад. Вале ӯ ба хабарнигор гуфтааст, ки “рӯймолашро ба тартиб дароварда марҳаммат ворид шавад”.

Ҳамзамон ректори нави ин донишгоҳ мегӯяд, ки дар бораи хабарнигори “Asia-Plus” будани ин нафар маълумот надоштааст ва гӯё ин нафар чизе нагуфтаву ҳуҷҷати тасдиқкунандаеро ҳам нишон надодааст.

То ҳол “Asia-Plus” ва ин хабарнигор ба гуфтаҳои Иброҳимзода вокунише накардаанд. Вазорати маорифи кишвар низ то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.

Аммо суханҳои ректор дар бораи сатри хабарнигор вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, корбаре мегӯяд, ки маълум мешавад, ки мушкил дар шими ҷинс ва кроссовкиҳои хабарнигор набуда, балки дар сатри ӯ будааст.

Инчунин корбари дигар бо номи Бахтиёр Қурбонов навишта, ки “Аҷаб сиесати бе маънее. Агар бараҳна бошӣ истиқбол мегиранд. Агар либоси мусалмонӣ дорӣ ба шубҳа меафтанд. Куҷост демократия? Кӣ чунин ҳақро ба мудири донишгоҳ додааст? Магар сарқонун? Баъд чи лозим чунин сарқонуне, ки мо қабул надорем ва поймолаш мекунем?”.

Корбари дигар Сайфиддин Ойев, бошад мепурсад, ки “Оё модари Садриддин Айнӣ рӯймол надошт? Оё модари Бобоҷон Ғафуров рӯймол надошт? Оё модари Призидент Эмомалӣ Раҳмон рӯймол надошт? Ректори донишгоҳ чӣ нафрат дорад ба рӯймоли зани тоҷик, ба фарҳанги ҳазорсолаи мо. Сад афсус имрӯз ҳама Аврупо парасту фарҳанг безор гаштаанд”.

Бояд гуфт, ҳодисаи берун кардани хабарнигор аз бинои донишгоҳ бо баҳонаи либос, суоли асосиро ба миён меорад, ки то куҷо масъулони муассисаҳои таълимӣ ҳақ доранд чунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ кунанд ва оё ин ба озодии пушидани либос ва сухан ва дастрасӣ ба иттилоъ мухолиф нест?

Таркиши маргбор дар назди Қалъаи Сурхи Деҳлӣ

0

Шоми душанбе, 10-уми ноябри соли 2025, дар назди Қалъаи Сурх (Red Fort) дар шаҳри Деҳлӣ таркиши шадид рух дод, ки бар асари он ҳадди ақал 10 нафар кушта ва зиёда аз 30 нафар захмӣ шуданд.

Пулиси Деҳлӣ гуфтааст, ки таркиш ҳангоми ҳаракати як мошини сабук, ки дар назди чароғаки роҳ бо суръати паст ҳаракат мекард, ба амал омадааст. Вақте ки чароғи сурх фурӯзон шуд, мошин истод ва чанд сония пас мунфаҷир гардид. Дар натиҷа, мошинҳои атроф низ сахт осеб диданд.

Ба иттилои манбаъҳои амниятӣ, таҳқиқот тибқи қонуни сахти зиддитеррористии Ҳинд (UAPA) оғоз шудааст. Пулис ҳоло чор гумонбарро боздошт карда, гуфтааст, ки эҳтимол ин ҳодиса бо гурӯҳи Jaish-e-Mohammed иртибот дошта бошад.

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон, ки дар сафари расмӣ дар Бутан қарор дорад, изҳор намуда, ки “омилони ин амали террористӣ ҳатман пайдо ва ба додгоҳ супурда хоҳанд шуд.”

Қалъаи Сурх, яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии асри XVII (17-ум) ба шумор рафта, ҳар сол ҳазорҳо сайёҳ барои тамошои он ба Ҳиндустон мераванд. Пас аз ҳодисаи мазкур, ин минтақа пурра баста шуда, гурӯҳҳои махсуси амниятӣ ва коршиносони маводи тарканда ба ҷои ҳодиса фиристода шудаанд.

Миёни Тоҷикистону Молдавия виза ҷорӣ мешавад

0

Вазорати корҳои хориҷии Молдавия лоиҳаи қарореро омода кардааст, ки бо қабул шуданаш созишномаи равуои бидуни раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бекор мешавад.

Гуфта мешавад, ин созишнома 9-уми октябри соли 1992 дар шаҳри Бишкек имзо шуда буд ва лоиҳаи қарори нав 12-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Ҳукумати Молдавия баррасӣ шуда, дар сурати тасдиқ ба порлумони ин кишвар пешниҳод мегардад.

ВКХ-и Молдавия мегӯяд, ки низоми раводид танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷорӣ карда мешавад, зеро байни ин кишварҳо ва Молдова созишномаҳои дуҷонибаи алоҳида дар бораи равуои бидуни раводиди шаҳрвандон мавҷуд нест.

Аммо барои шаҳрвандони дигар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия, низоми кунунӣ боқӣ мемонад, зеро бо онҳо созишномаҳои алоҳида амал мекунанд.

Ба гуфтаи ВКХ, ин иқдом ба самти наздикшавии Молдавия ба Иттиҳоди Аврупо равона шуда, сиёсати муҳоҷирати кишварро бо меъёрҳои аврупоӣ мувофиқ мегардонад.

Мақомоти Молдавия қаблан изҳор доштанд, ки ин кишвар “аз созишномаҳои байналмилалие, ки ба шаҳрвандонаш фоида намеоранд ва ба манфиатҳои миллӣ мувофиқат намекунанд”, хориҷ хоҳад шуд.

Дар сурати қабул шудани қарор, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд барои ворид шудан ба ин кишвар бо ҳадафи кор, таҳсил ё сафарҳои шахсӣ раводид гиранд.

Бояд гуфт, ки Молдавия баъди Туркия дувумин кишваре хоҳад шуд, ки дар солҳои охир барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ менамояд.

Ҳузури намояндаи Тоҷикистон дар Кунгураи Озодихоҳони Ҷаҳон

0

Рӯзҳои 8-ум ва 9-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Берлин дувумин нишасти Кунгураи Озодихоҳони Ҷаҳон (КОҶ) баргузор гардид.

Хабарнигори Azda tv, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, мегӯяд, намояндагон ва мухолифони сиёсӣ ва озодихоҳони 60 кишвари худкомаи ҷаҳон, инчунин беш аз 180 фаъол ва меҳмон аз саросари ҷаҳон дар ин нишаст ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ин дувумин нишасти Кунгураи мазкур буд. Кунгура соли 2021 ташкил шуда, ҳамоиши аввали он соли 2023 дар шаҳри Вилнюси Литва баргузор гардида буд, ки дар он озодихоҳон 40 кишвари худкома ширкат доштанд. Дар ҳамон сол Масиҳ Алинажод (аз Ирон) ҳамчун раиси КОҶ, Гарри Каспаров (аз Русия) ҳамчун муовини раис ва Леополд Лопес, шаҳрдори собиқи Каракас (аз Венесуэла) ҳамчун дабири кул интихоб шуда буданд.

Дар давоми ду соли роҳбарии онҳо, ҷалби дастгирии парлумони шаҳри Берлин барои баргузории нишасти навбатии КОҶ дар бинои парлумони Берлин аз дастоварди муҳими ин созмон гуфта мешавад.

Муҳаммадҷон Кабиров, мудири расонаи Azda tv, ки ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар ин нишаст ҳузур дошт, мегӯяд, дар ду рӯзи баргузории Кунгура, ҳайатҳои 60 кишвари ҷаҳон таҷрибаи демократиро баррасӣ карданд. Рӯзи аввал беш аз 30 қатънома дар сатҳи байналмилалӣ ба тасвиб расид. Рӯзи дувум бошад интихоботи Шӯрои роҳбарӣ ва Шӯрои иҷроия, инчунин интихоби раис, муовин ва дабири кул баргузор гардид.

Дар интихоботи Шӯрои роҳбарӣ аз гурӯҳи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ 6 номзад барои 5 курсӣ ва 2 номзад барои як курсии котиби минтақавӣ рақобат карданд. Дар раъйдиҳӣ, ки 32 нафар иштирок доштанд, натиҷаҳо чунин эълон гардиданд:

Намояндаи Қазоқистон – 28 раъй;

Намояндагони Тоҷикистон ва Белорус – 23 раъй;

Намояндаи Озарбойҷон, Ариф – 20 раъй;

Меҳман Ҳусейнов – 18 раъй;

Намояндаи Сербия бо 7 раъй ба Шӯрои раҳбарӣ роҳ наёфт.

Дар интихоботи Дабири минтақавӣ бошад, намояндаи Русия бо 20 раъй бар намояндаи Тоҷикистон (11 раъй) ғолиб омад. Намояндагони интихобшудаи Шӯрои роҳбарӣ баъдан бояд як нафарро ба Шӯрои иҷроия пешниҳод мекарданд. Намояндаи Тоҷикистон ва Белорус рақобат карданд ва дар натиҷа, намояндаи Белорус бо аксарияти раъйҳо ба ҳайати Шӯрои иҷроия роҳ ёфт ва минбаъд ҳамчун Омбудсмен фаъолият хоҳад кард.

Ҳайатҳои 60 кишвари дунё раҳбарияти нави Кунгураи Озодихоҳони Ҷаҳонро интихоб карданд. Дар натиҷа, Феликс Марадиага аз Никарагуа ҳамчун раис, Шукрия Борикзай, собиқ намояндаи парлумони Афғонистон ҳамчун муовин ва Карин Канимба аз Руанда ҳамчун дабири кул интихоб шуданд.

Яке дигар аз дастовардҳои КОҶ ин буда, ки шаҳрдори Берлинро мутақоид сохт, то ҳар сол мизбони Ҳафтаи Озодии Берлин (Berlin Freedom Week) бошад. Ҳамчунин дар солҳои оянда низ шаҳри Берлин мизбони нишастҳои навбатии Кунгураи Озодихоҳони Ҷаҳон хоҳад буд. Нишастҳои минбаъда дар бинои парлумони Берлин баргузор мегарданд, то паёме бошанд ба раҳбарони худкомаи ҷаҳон ва умеде барои озодихоҳон ва фаъолони ҳуқуқи башар дар саросари дунё.

Дар поёни рӯз дар бинои парлумони шаҳри Берлин раҳбарияти пешинаи Кунгураи Озодихоҳони Ҷаҳон қудрат ва ихтиёротро ба раҳбарияти мунтахаб интиқол доданд ва раҳбарити мунтахаб маросими савгандёдкуниро баҷо оварданд ва барои 2 соли оянда ин созмонро мудирият хоханд кард.

Ҳамлаи нави Русия ба Украина

0
Screenshot

Шаби 10-уми ноябр Русия бо истифода аз мушакҳо ва паҳподҳои интиҳорӣ чанде аз минтақаҳои Украина ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод.

Тавре Қувваҳои ҳавоии Украина хабар медиҳад, дар ин ҳамла аз ду мушаки аэробалистикии навъи “Кинжал”, панҷ мушаки С-300 ва С-400, ҳамчунин 67 паҳподи интиҳории “Шоҳид»”, “Гербера” ва дигар намудҳо истифода шудааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, нерӯҳои дифои зиддиҳавоии Украина то соати 09:30 субҳ тавонистаанд 52 паҳподи ҳамлагари русиро дар қисматҳои шарқӣ, ҷанубӣ ва маркази кишвар нобуд созанд. Бо вуҷуди он, 15 паҳпод дар 9 мавзеъ ба ҳадаф расидаанд ва талафоту харобиҳо ба бор овардаанд.

Манобеи маҳаллӣ аз зарбаи паҳподҳо ба вилояти Одесса низ хабар доданд, ки дар натиҷа як манзили истиқоматӣ осеб дидааст.

Ҳамлаҳои шабонаи Русия ба Украина дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти низомии Украина, вазъ дар ҷабҳаҳо мураккаб боқӣ монда, бахусус давоми чанд ҳафтаи ахир Маскав бо истифода аз мушакҳо ва паҳподҳо зерсохторҳои энергетикӣ ва низомии Украинаро ба шиддат мавриди ҳамла қарор додааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои хотимаи ҷанг миёни Русия ва Украина бо Владимир Путин мулоқот анҷом дод, вале зоҳиран ин мулоқот бенатиҷа поён ёфт ва пас аз ин вохӯрӣ ҳамлаҳои Русия ба Украина афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, Путин дар ин мулоқот мутмаин шуда, ки Амрико дар ин ҷанг бо Русия рӯ ба рӯ нахоҳад шуд ва Маскав танҳо бо Аврупо тараф аст. Аз ин рӯ, Маскав на танҳо ҳамлаҳои худро ба Украина шиддат бахшид, балки ба осмони кишварҳои аврупоии узви НАТО аз Лаҳистону Литва то Олмон паҳподҳои ҷосусии худро фиристод.

ИМА ва Тоҷикистон созишномаҳои чандмиллиардӣ имзо карданд

0

Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки миёни Тоҷикистон ва Амрико чандин созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар ба имзо расониданд, ки ин метавонад ба иқтисоди ҳар ду кишвар миллиардҳо доллар суд оварад.

Бар асоси ин вазоратхона, беш аз 90 дарсади маблағи қарордод ба ширкати хусусии “Сомон-Эйр”, таълуқ дорад. Арзиши қарордод 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад, ин маблағ барои хариди 14 ҳавопаймои нави навъҳои 787 Dreamliner ва 737 MAX аз ширкати амрикоии “Boeing” пешбинӣ шудааст.

Ин чунин гуфта мешавад, Тоҷикистон бо ширкати “Transparent Earth” барои истифодаи технологияи моҳвораӣ дар идораи захираҳои табиӣ қарордод бастааст бо ширкати “Starlink” барои тавсеаи интернети моҳвораӣ ва бо “Perplexity AI” ва “Zypl AI” барои истифодаи ҳуши маснуӣ дар корҳои давлатӣ низ тавофуқ ҳосил шуд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ширкати “Coca-Cola” 9 миллион доллари дигар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.

Ин созишномаҳо дар ҳошияи нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп дар Кохи Сафед ба имзо расиданд. Ба гуфтаи нозирон, ИМА мехоҳад нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии худро дар минтақаи таҳти таъсири Чину Русия тақвият диҳад.

Парвозҳои мустақим ба Амрико ва хариди ҳавопаймоҳои нав барои “Somon Air”

0

Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо муовини директори Идораи федералии авиатсияи ИМА Кристен Гатлин мулоқот кард.

Мулоқот 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар Вашингтон дар арафаи саммити Осиёи Марказӣ ва Амрико сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таҳияи созишномаи байниҳукуматӣ “Оид ба алоқаи ҳавоӣ” ва бунёди парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Амрикоро баррасӣ кардаанд, аммо маълум нест, ки дар ин маврид ба натиҷае расидаанд ё на.

Ҳамзамон ҷонибҳо аз омодагии худ барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ гуфтаанд.

Дар ҳамин ҳол дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ИМА ва ОМ, бо иштироки роҳбарони чанде аз вазорату идораҳо ва соҳибкорон аз Тоҷикистон ва намояндагони Конгрессу Вазорати тиҷорати ИМА, инчунин сардорони ширкатҳои маъруфи байналмилалӣ — Сити (Citi), Кока-Кола (Coca-Cola), Мета (Meta), Спейс Икс Старлинк (SpaceX/Starlink), Насдак (Nasdaq), Валмонт (Valmont), Эф Эл Смидт (FLSmidth), Донишгоҳи Невада ва ғайраҳо мизи мудаввар баргузор гардидааст.

Дар ин нишаст имкониятҳои нави ҷалби сармоя, густариши савдо ва татбиқи навгониҳо миёни давлатҳо баррасӣ шудааст. Ба иддаои расонаҳои ҳукуматӣ, соҳибкорони амрикоӣ ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергияи “сабз”, коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва комплекси кишоварзӣ — саноатӣ иброз доштанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар натиҷаи кори мизи мудаввар байни ширкатҳои амрикоӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Амрико чанд созишнома ва ёддоштҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, сармоягузорӣ, мубодилаи технологияҳо ва дигар бахшҳои иқтисод ба имзо расид.

Аз чумла, байни ширкати “Сомон Эйр”, ки моликаш Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ширкат дошт ва ширкати амрикоии “Боинг” шартномаи дарозмуҳлат барои хариди 14 ҳавопаймои муосир ба имзо расидааст.

Мувофиқи ин шартнома хариди то 4 ҳавопаймои Boeing 787-9 Dreamliner барои оғози хатсайрҳои байниқитъавӣ аз Душанбе ва хариди то 10 ҳавопаймои Boeing 737-8 (MAX) — барои навсозии парки ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои кӯтоҳ ва миёна ба нақша гирифта шудааст.

Ҷузъиёти дигаре аз ин шартнома расонаӣ нашудааст ва маълум нест ин ҳавопаймоҳо кай харидорӣ мешаванд.

Зиндонии падарон барои писарон – усули нави “Облава” дар Хатлон

0

Мақомоти Комиссарияти ҳарбӣ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон барои ба артиш фиристодани фарзандон падаронро то 10 рӯз зиндонӣ мекунанд.

Як манбаъ аз вилояти Хатлон, ки нахост номи худ ва деҳааш зикр шавад, рӯзи ҷумъа, 7-уми ноябр дар тамос ба Azda tv гуфт, ки маъумрони Комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳамроҳ бо пулиси минтақа ва чанд маъмури дигар аз як деҳа тақрибан 6-7 сокинро ба хотири фарзандонашон, ки ба синни хидмати ҳарбӣ расидаанд, вале ҳоло дар Русия қарор доранд, бурда чанд рӯз зиндонӣ карданд.

“Имсол мардуми деҳаҳоро бисёр ғам доданд. Чунин ҳолатро ҳеч вақт надида будем. Ҳатто баъди солҳои ҷанг, ки аз ҳама вазъияти сахт буд, бо мардум ин гуна рафтор намекарданд. Аввал аз фарзандонамон метарсидем, ҳоло аз худу аз ҳамсаронамон метарсем, ки бурда зиндонӣ мекунанд ва пули зиёд талаб мекунанд.”, – мегӯяд манбаъ.

Инчунин манбаъ афзуд, ки баъзе падарон ҳатто то 20 ҳазор сомонӣ дода худро халос карданд. Ӯ таъкид кард, ки “Онҳо дар ҳамкорӣ бо милитсия роҳи пулкоркунии навро ёд гирифтаанд. Вақте отдел (шуъбаи пулис) мебаранд, парвои бачаат надоранд, фақат маҷбурат мекунанд, ки ба бачаат бигӯ фалон миқдор пул фиристад туро раҳо мекунем, набошад ҳаминҷо мемонӣ.”

Ин дар ҳолест, ки Вазорати мудофиаи кишвар иддао дорад “қонуншиканиҳо” дар даъвати сарбозон ба артиш вуҷуд надорад ва дар аксар ноҳияҳои Хатлон аллакай нақша 100% иҷро шудааст. Ин ниҳод ҳамчунин дар посух ба наворҳои “облава” мегӯяд, он “шӯхӣ” аз ҷониби дӯстони ҷавон буда, ё маъмурон шахси муҷримеро дастгир мекунанд. Аммо, сокинони маҳалҳо аз тағйир ёфтани усули сарбозшикор шикоят мекунанд.

Соли гузашта марудми навоҳии дурдаст аз он шикоят мекарданд, ки кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ба деҳаҳои дурдаст рафта, барқи сокинонро ба шарти овардани сарбозон қатъ мекарданд ва ё дари масҷидҳоро то комил шудани нақша бар рӯи намозгузорон мебастанд. Ва вақте мардуми деҳа пул ҷамъоварӣ анмуда, ба маъмурон медоданд, барқ дода мешуд ва дари масҷид ҳам боз мешуд.

Барои дарки ҳақиқат Azda tv аз сокинони кишвар мепурсад, ки агар чунин ҳолатҳое дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ вуҷуд дошта бошад, лутфан ба мо хабарҳои худро фиристед, ҳувияти шумо махфӣ мемонад. Мақомот мегӯяд, “облава” вуҷуд надорад, оё воқеан чунин аст? Шумо чӣ мебинеду чӣ мегӯед?

Роҳбарони Тоҷикистон ва ИМА ҳамкорӣ ва амниятро тақвият медиҳанд

0

Дар Вашингтон, рӯзи 6-уми ноябри соли 2025, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Дувумин нишасти Осиёи Марказӣ ва Амрико (C5+1) бо ҳам мулоқот карданд.

Тарафҳо дар ин дидор омодагии худро барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва васеъ кардани ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илм ва технология баён карданд.

Трамп Тоҷикистонро шарики боэътимод номид ва таъкид кард, ки ширкатҳои амрикоӣ дар лоиҳаҳои сармоягузории ин кишвар дастгирӣ хоҳанд шуд. Ӯ инчунин гуфт, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун метавонад ба дастовардҳои назаррас бирасад ва равобити устуворро тақвият бахшад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ изҳор дошт, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА як самти муҳими сиёсати хориҷии кишвар аст ва Душанбе омода аст муколамаро дар ҳамаи соҳаҳои муҳим густариш диҳад. Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир даҳҳо ширкат бо сармояи амрикоӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд, вале имконот барои ҳамкориҳои иловагӣ ҳанӯз зиёданд.

Дар ҷараёни мулоқот, роҳбарони ду кишвар инчунин масоили амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.

Бояд гуфт қабл аз мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп, мухолифони тоҷик ва чанд созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп хоста буданд, ки риояи ҳуқуқи инсон дар маркази гуфтугӯҳо худ қарор диҳанд.