16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 285

Марди 66-сола се пирамарди дигарро фиреб дод

0

Як марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ду пирамарди сокинони ҳамин ноҳия ва як пирамарди сокини пойтахтро фиреб дода, маблағҳои зиёди онҳоро гирифта, дигар барнагрдонидааст.

Тавре Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ хабар дод, ин марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз ӯ ном бурда намешавад, бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд гумонбар дониста мешавад.

Дар иттилоияи ВКД омада, ки “Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 71-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки соли 2011, марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.”

Бино ба иттилои манбаъ, ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ соли 2021 ҳамзамон аз сокини 68-солаи ҳамин ноҳия 70 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз як марди 69-солаи сокини пойтахт 41 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, аз онҳоро низ барнагардонидааст.

Дар маҷмӯъ марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷинояти қаллобӣ ба миқдори 143 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад.

ВКД мегӯяд, вобаста ба ин қазия тафтишот идома дорад. Вале гуфта нашудааст, ки ҳоло гумонбар дар боздошт аст ё на. Ҳамчунин назари худи муттаҳам низ дастрас нест.

Як узви аршади ҲНИТ аз зиндон ба бемористон интиқол ёфт

0

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бино ба вазъи бади саломатӣ аз зиндон ба бемористони “Қрияи боло” интиқол ёфтааст.

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, 29-уми марти соли ҷорӣ вазъи саломатии ин зиндонии сиёсӣ вахим шуда, ӯро ба бемористони шаҳрӣ интиқол дода, онҷо бистарӣ карданд.

Саидисҳоқ Бобоев, узви Паймони миллии Тоҷикистон дар истинод ба яке аз наздикони ин зиндонии сиёсӣ ба Azda tv гуфт, “Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад аз бемории қанд ранҷ мебурд ва ҳоло ин бемори шиддат гирифта, ба қалбаш ҳам таъсир расондааст. Ӯро аввал дар бемористони дохили зиндон бистарӣ карданд, вале пас аз шиддат гирифтани беморӣ ҳоло ӯро ба бемористони шаҳрии “Қарияи боло” интиқол додаанд.”


Ба қавли манбаъ, ин узви аршади ҲНИТ-ро дар бемористон ду посбон назорат мекунанд. Манбаъ, афзуд, ки бемории оқои Муҳаммадалӣ хеле ҷиддӣ буда, “ҳатто як пояш комилан аз кор мондааст”. Гуфта мешавад, Муҳаммадлӣ Файзмуҳаммадро пештар ҳам ба сабаби ин беморӣ дар бемористони дохили зиндон бистарӣ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон сентябри соли 2015 Муҳаммадалии Файзмуҳамади 65-соларо ҳамроҳ бо дигар раҳбарон ва аъзои аршади ҲНИТ боздошт карда, баъдан ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон

0

Дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои расмӣ, 4-уми апрели соли 2023 Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон дар бинои Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Ба қавли манбаъ, дар рафти баргузории ин Форум “масъалаҳо оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ дар назар дошта шуда, инчунин имконияти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ мегардад.”

Инчунин, тибқи рӯзномаи баргузории ин Форум нахуст имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон муаррифӣ мегарданд ва дар охир ҳам санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

Дар назар аст, дар ҳошияи ин чорабинӣ мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) низ баргузор шавад.

Сафари Раҳмон ба Аврупо дар нақша набуд ё лағв шуд?

0

Котиби матбуоти Президенти Тоҷикистон дар посух ба суоли Azda tv, ки оё Раҳмон баъди нишасти СММ дар Амрико қасди сафар ба Олмонро дошт, посухи рад дод. Аммо мухолифин чизи дигар мегӯянд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, котиби матбуоти Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси сафари раисҷумҳур ба Аврупо ба Azda tv гуфт: “Не чунин сафар пеш ва ё пас аз СММ дар нақшаи кории Президенти Тоҷикистон умуман набуд ва нест”.

Дар ҳоле Шарифзода хабари сафари Раҳмонро ба Аврупо рад мекунад, ки гурӯҳе аз мухолифини тоҷик, ки 25-уми марти соли ҷорӣ дар назди парлумони Олмон дар робита ба сафари Эмомалӣ Раҳмон тазоҳурот карданд, гуфта буданд, ки тазоҳурот ва номанигории онҳо ба кишварҳои Аврупоӣ сабаб шуд, ки Раҳмон сафараш ба Олмонро лағв кунад.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд: “Агар сафари Раҳмон дар нақшаи корӣ намебуд, Абдуфаттоҳ Шарифзода ба расонаи тоҷикии дар хориҷбуда – Azda.tv дар ин бора посух намедод ва ё тамоман посухи дигаргуна медод”.


Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми марти соли 2023 бо як сафари корӣ ба Ню-Йорк рафта, аз 22-ум то 24-уми март дар Конфронси бахшида ба оби Созмони Милали Муттаҳид, ки онро кишвари Ҳолланд бо ҳамраисии Тоҷикистон баргузор карда буд, ширкат кард. Пештар гуфта мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сафараш ба Амрико, ба Олмон ва Британияи Кабир низ сафар анҷом хоҳад дод, аммо ин сафарҳо сурат нагирифтанд. https://azda.tv/sharifzoda-priezidient-kasdi-safar-ba-olmnro-nadosht/

Фаврӣ: Абдуллоҳи Шамсиддин ба зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳ Абдуллоҳи Шамсиддин, фаъоли сиёсии тоҷикро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Мурофиаи аввали додгоҳии ин фаъоли тоҷик рӯзи 28-уми марти соли 2023 дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе паси дарҳои баста баргузор гардида, шоҳидон ва худи Абдуллоҳ пурсида шудаанд.

Бино ба иттилои манобеи Azda.tv, дар рафти мурофиа Абдуллоҳ эътироф кардааст, ки “зери посте лайк гузоштааст ва дар кадом тазоҳуроте ширкат кардааст”.

Додрас имрӯз, 29-уми март ҳукми Абдуллоҳи Шамсиддинро содир карда, ӯро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардааст. Гуфта мешавад Додгоҳи ноияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст. Вале маълум нест ин фаъоли тоҷик ба вакили дифоъ дастрасӣ дошт ё не.

Пештар аз ин, Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Cозмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (HRW) дар ҳисоби твиттериаш навишта буд, ки “то ҷое ба HRW маълум гашт, 28-уми март Абдуллоҳи Шамсиддин, як фаъоли сиёсӣ, ки ахиран аз Олмон ихроҷ шуда буд, метавонад дар Душанбе ба додгоҳ кашида шавад.”

Ҷаноби Виллиамсон ба далели набудани низоми мустақили додгоҳӣ дар Тоҷикистон, аз нозирони байналмилалӣ даъват карда буд, ки дар мурофиаи Абдуллоҳи Шамсиддин ширкат кунанд.

Абдуллоҳи Шамсиддин дар ҳоле ба зиндон маҳкум мешавад, ки аз замони ихроҷаш аз Олмон ба Тоҷикистон беш аз ду моҳ мегузарад, мақомоти кишвар расман нисбати ин фаъоли тоҷик айб эълон накарда буданд ва то имрӯз ҳеч ниҳоди қудратии кишвар дар боздошт нигоҳ доштани ӯро ягон намегуфтанд. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостанд, ки макони буду боши ӯро эълон намуда, раҳояш кунанд.

Ҷавони тоҷик ифтор дода, ду билети Умра гирифт

0

Як ҷавони кӯҳистонии Тоҷикистон шоми дирӯз сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонашро дар роҳ ифтор дод ва ин зиёфати ӯ қобили таҳсин қарор гирифт.

Шоми 28-уми март, рӯзноманигори Арабистони Саудӣ Файсал Ал-Абдулкарим бо нашри наворе аз Тоҷикистон гуфт, “Худованд ризқатро то пеши дарат кашонда мерасонад…”

Ин рӯзноманигор, ки барои тақсими кумакҳои кишвараш ба зарардидаҳои заминҷунбиҳои ахир дар Тоҷикстон ҳамроҳ бо сафири Арабистони Саудӣ, яке аз раҳбарони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ва дигар ҳамроҳонаш ба манотиқи зардида мерафтанд, бегоҳ, вақти ифтор яке аз сокинони кишварамон бо номи Асадуллоҳ ҳамаи онҳоро сари роҳ ба ифтор даъват мекунад.

Файсал Ал-Абдулкарим мегӯяд, ки ҳеч кудоме аз онҳоро ин ҷавони тоҷик намешинохт, вале чун вақти ифтор буд, Асадуллоҳ ҳамаи ин мусофиронро барои савоб ба ифтор даъват кард ва худи Асадуллоҳ низ аз он ки даъвати ӯро пазируфтанд, бо хушҳолӣ аз онҳо сипосгузорӣ мекунад.

Дар ин миён, Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон, раҳбари ҳайъати Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон дар Тоҷикистон ба тарҷумон мегӯяд, ки аз Асадуллоҳ пурсад, ки ягон бор ба Арабистони Саудӣ рафтаву Ҳаҷ кардааст? Асадуллоҳ мегӯяд, не, нарафтааст!

Дубора ба тарҷумон мегӯяд, ки пурсад,  қасди сафар ба Арабистони Саудӣ ва Умра карданро дорад? Асадуллоҳ ҳам бо хушҳолӣ мегӯяд, ки хеле зиёд хоҳиши рафтанро дорад.

Аррушайдон бори дигар ба сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон рӯ оварда мепурсад, ки аз нигоҳи қонунӣ имкони фароҳам овардани шароит барои рафтани Асадуллоҳ ба Умра вуҷуд дорад?

Сафири Арбистони Саудӣ ҳамроҳ бо ҳайъати Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон дар Тоҷикистон
Сафир ҳам дар ҷавоб мегӯяд, ки бо камоли сурур ва хушҳолӣ омодааст, ки шароити таҳияи раводидро барои ин ҷавони саховатманди тоҷик фароҳам кунад ва Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон, раҳбари ҳайати Маркази кумакҳои Малик Салмон ҳам мегӯяд, ки хароҷоти роҳ ва иқомат дар Арабистонро ба уҳда мегирад.

Дар охир, Асадуллоҳ, ин ҷавон саховатманди тоҷик мегӯяд, ки агар ин имкон вуҷуд дошта дошта бошад, ки дар ин сафар ҳамсарашро ҳам бо худ бибарад, хеле хушҳол мешавад ва меҳмонон ҳам бо хушҳолӣ қабул карда мегӯянд, ки ин шоа Аллоҳ ба наздикӣ шароитро барои вай ва ҳамсараш фароҳам мекунанд, то ба Арабистони Саудӣ рафта, якҷо умра кунанд.

Раиси вилояти Суғдро болои қолинҳои сурху сафед роҳ надодан

0

Субҳи имрӯз раиси вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд иҷозат надоданд, ки болои қолинҳои сурх ва сафеде, ки дар фурӯдгоҳ ва толори пазироӣ фарш карда буданд, роҳ равад.


Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 29-уми марти соли 2023 сафари Президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд оғоз шуд, аммо тавре дар аксу наворҳои нашршуда дида мешавад, масъулини ҳукумат бархе ҳаракатҳо ва тараддудҳои раиси вилоятро маҳдуд кардаанд.

Дар аксу наворҳое, ки аз рафти пазироии Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд нашр шуда, дида мешавад, ки ба раиси вилоят иҷозат надоданд, ки паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон рӯи қолинҳои сурх, ки ба дарозои ҳудуди сад метр фарш гардида буданд, ҳаракат кунад.

Акс аз манбаъҳои боз


Инчунин ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд иҷозат надодаанд, ки дар толори пазироии фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии ин вилоят болои қолини сафеде, ки ба дарозои даҳҳо метр ба истиқболи Эмомалӣ Раҳмон фарш гардида буд, дар паҳлӯ не, балки ба он наздик шавад.

Дар ин аксу наворҳо дида мешавад, раиси вилоят се метр дуртар рост истода аз пушти сутуни гулҳо дуздида-дуздида ба Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯи қолин ҳаракат мекунад, нигоҳ мекунад.

Акс аз манбаъҳои боз


Гуфтанист, тавре дар аксу наворҳо дида мешавад, мақомоти вилояти Суғд танҳо барои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд наздик ба 600 нафар аз донишомӯзону донишҷӯён ва дигар ҷавононро барои пазироӣ ва рақсидану по куфтан истихдом кардаанд.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муддати чор рӯз идома пайдо хоҳад кард ва дар ин муддат тавре пештар дар расонаҳо гуфте мешуд, ҳар гуна ҳаракти воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар хеле аз роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Зафаробод маҳдуд мешавад, ки ин боиси саргардонии мардум хоҳад шуд.

Амруллоҳи Низом

Толибон: Қотили волии Балх тоҷикистонӣ буд

0

Мақомоти истихбороти Толибон мегӯянд, қотили волии пешини Балх дар шаҳри Мазори арифи Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистон буд.

Идораи истихбороти Толибон дар Кобул мегӯяд, “ҳамлагари ДИИШ, ки волии пешини Балхро кушт, шаҳрванди Тоҷикистон буд, ки барои анҷоми ин амалиёт ба Афғонистон фиристода шуда буд.”

Ба қавли манбаъ, идораи истихборот (амният)-и Толибон гуфтааст, ки афродеро, ки дар террори волии Толибон дар Балх Муҳаммаддовуд Музаммил даст доштанд, дастгир кардааст.

Хабари таркиш дар маркази маъмурии вилояти Балх дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, ки боиси кушта ва захмӣ шудани беш аз 10 нафар гардида буд, ки хеле сару садоҳои зиёдеро дар расонаҳо ба по карда буд. ДИИШ ҳам як рӯз пас аз ин ҳамла масъулияти онро бар уҳда гирифт ва Толибон ҳам гуфта будад, ки таҳқиқот дар ин бора оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки Толибон шаҳрвандони Тоҷикистонро дар анҷоми амлиётҳои низомӣ муттаҳам мекунанд, балки пеш аз ин ҳам идораи истихбороти Толибон як шаҳрванди Тоҷикистон дар террори мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ дар Ҳирот, сӯи қасд ба Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон низ муттаҳам карда буданд. Иттиҳомоте, ки афроди муттаҳам ва ё вакилони онҳо ин иддаҳоъоро то ҳол таъйид ва ё такзиб накардаанд.

Белорус гуфт, маҷбур аст силоҳи ҳастаии Русияро дар хокаш роҳ диҳад

0

Кишвари Белорус рӯзи сешанбе гуфт, фишорҳои Ғарб мақомоти ин кишварро маҷбур сохт, ки ба ҳузури силоҳҳои ҳастаии Русия дар хокаш иҷозат диҳад.

Рӯзи 28-уми марти соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷаи Белорус бо нашри изҳороте гуфт, ки фишорҳои кишварҳои ғарбӣ болои ин кишвар боис шуда, ки аз силоҳҳои ҳастаии Русия дар кишвараш мизбонӣ кунад. Мақомоти ин кишвар таъкид мекунад, ки истиқрори силоҳҳои ҳастаии Русия дар хоки Белорус бо тавофуқномаҳои байналмилалӣ мухолифат надорад.

Вазорати корҳои хориҷаи Белорус дар изҳороташ таъкид мекунад, ки истиқболаш аз силоҳҳои ҳастаии (тактикии) Русия дар вокуниш ба “фишорҳои бесобиқаи Ғарб” сурат гирифтааст. “Белорус маҷбур аст барои тақвияти нерӯҳои амниятӣ ва дифоии худ иқдомеро анҷом диҳад”, омадааст дар изҳороти ВКХ ин кишвар.

Инчунин Вазорати корҳои хориҷаи Белорус таъкид мекунад, ки контрол ва ҳидояти ин силоҳҳои ҳастаии Русия бар уҳдаи Минск нест. Ва истиқрори онҳо дар хоки Белорус низ бар хилофи аҳдномаҳои манъи силоҳи ҳастаӣ нест.

Ёдовар мешавем, ки 25-уми марти соли ҷорӣ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як суханронияш гуфта буд, ки Маскав қасд дорад “силоҳи ҳастаиии тактикӣ”-и худро дар хоки Белорус ҷогузорӣ кунад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

0

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз роҳбандӣ дар бархе шаҳру ноҳияҳо хабар додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 1-уми апрели соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба маҳаллаи Хитойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар мекунад ва ба хотири таъмини ин сафар ба муддати 4 рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров маҳдуд карда мешаванд.

Ба қавли манбаъ, барои таъмини ин сафар ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар “кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд-Конибодом то гардиши ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи Конибодом-Деҳмой аз ҷамоати Исфисор то Деҳмой, роҳи автомобилгарди ҷамоати Овчӣ-Қалача, деҳаи Навободи ҷамоати Ғозиён, Деҳмой то ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пули ҷашнии маҳаллаи Сартуқай (Хитой) то маҳаллаи 3, кӯчаҳои Р. Ҳоҷиев, И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Ҷӯра Зокирии шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хуҷанд Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон” маҳдуд карда мешаванд.

Инчунин дар назар аст, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд-Б.Ғафуров,  кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон Хуҷанд то Боғи миллӣ низ 29-уми марти соли ҷорӣ маҳдуд карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳаракати мошинҳо рӯзҳои 30-уми март ҳам кӯчаҳои марказии шаҳри Истиқлол, шоҳроҳи Хуҷанд-Б.Ғафуров ва 31-уми март низ қисман кӯчаҳои ноҳияҳои Спитамен ва шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод маҳдуд карда мешаванд.

Ин роҳбандиҳо ба хотири сафари Раҳмон ба вилояти Суғд ва баргузории ҷашни Наврӯз сурат мегирад. Дар чунин шароит то рафтани раисҷумҳур аз вилоят мардум ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, сари вақт расидани донишҷӯён ба дарсҳо ва ё кормандони давлатӣ ба ҷойҳои корӣ хеле мушкил мегардад.