18.8 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 311

Боздошти мушовири мавлоно Абдулҳамид дар Зоҳидон

0

Мақомоти эронӣ мушовири мавлоно Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми масҷиди Маккӣ дар шаҳри Зоҳидони Эронро боздошт карданд.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, дирӯз, 30-уми январи соли 2023 нерӯҳои амниятии Эрон дар шаҳри Зоҳидон мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ, як тан аз мушовирони маволоно Абдулҳамид Исмоилзиҳиро боздошт кардаанд.

Ба қавли расонаҳои ҳукуматӣ ва наздик ба ҳукумати Эрон боздошти мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ бо ҳукми Додгоҳи рӯҳоният ва тавассути нерӯҳои амниятӣ сурат гирифтааст. Мақомоти Эронӣ ӯро ба ҳамкорӣ “бо афрод ва расонаҳои бегона, таҳриф ва ташвиши афкори умумӣ” муттаҳам мекунанд.

Аммо расонаҳои мустақил ва марбут ба эрониёни хориҷнишин мегӯянд, ки боздошти вай ҳадафҳои сиёсиеро дар пай дорад ва нерӯҳои амниятӣ савори чор мошин дар Зоҳидон пеши роҳи ӯро гирифта, пас аз боздошт Муродзиҳиро ба макони номаълум интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, тайи чанд моҳи ахир, шаҳри Зоҳидон, маркази устони Сиистону Балучистони Эрон, ки аксари сокинони он аз аҳли суннат ҳастанд, ноором аст. Сокинони ин шаҳр аз як сӯ ба далели норозӣ будан аз сиёсатҳои ҷумҳурии исломӣ ва аз сӯи дигар маҳрумиятҳои зиёде, ки доранд, ҳар ҳафта ба сурати гурӯҳӣ намоишҳои эътирозҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Аз замони оғози эътирозҳои ахири Эрон, ки ҳудуди чор моҳ пеш бо марги хонум Маҳсо Аминӣ шуруъ шуд, садои аҳли суннати Эрон дар Зоҳидон низ баландтар шудааст. Сокинони ин шаҳр ва бахусус рӯҳониҳои он дар канори мардум истода, аз ҳукумати Эрон борҳо талаб карданд, ки ба хостаҳои эътирозгарон тан диҳад, сухани онҳоро гӯш кунад ва ба мушкилоти онҳо расидагӣ намояд. Ин иқдоми онҳо хашми Теҳронро ба вуҷуд овард.

Нерӯҳои эронӣ ҳам чанд ҳафта пеш бо баргузории як амлиёти вежа наздик ба 400 нафар аз намозгузоронро, ки баъд аз намози ҷумъа роҳии хонаву бозор буданд, дар ин шаҳр кушта ва захмӣ карданд. Пас аз ин куштори оммавӣ мавҷи эътирозҳо дар ин устон зиёдтар шуд.

Дар ин муддат мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ, яке аз пешгомони фаъолон буд, ки аз ҳукумати кишвараш талаб мекард, омилони ин ҷиноят шиносоӣ, боздошт ва муҷозот шаванд. Аммо сухани онҳоро касе дар Теҳрон гӯш накард ва зуҳри дирӯз худи ӯ низ боздошт ва сарнавишташ номаълум боқӣ мондааст.

Пас аз боздошти ӯ, ҷамъе аз эътирозгарон дар шаҳри Зоҳидон ба кӯчаву хиёбонҳо хориҷ шуда, озодии ӯро талаб карданд, вале аз сӯи дигар хеле аз ҷонибдорони ҳукумати Эрон ҳам бо роҳандозии як иқдоме дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки мисли дигар эътирозгарони кушта шуда, Абдулмаҷид Муродзиҳӣ низ бояд эъдом шавад…

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Сокинони Кӯлоб барои адолатхоҳӣ назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд

0

Даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Кӯлоб барои адолатхоҳӣ дар қазияи Абдуқаҳҳор Розиқов ба назди бинои ҳукумати шаҳр рафтаанд.

30-уми январи соли ҷорӣ беш аз сад сокини Кӯлоб барои изҳори норизоятӣ аз раҳоии ду милисае, ки дар куштори Абдуқаҳҳор Розиқов гунаҳкор дониста мешуданд, ба назди бинои ҳукумати ин шаҳр рафта, хостаанд то он ду милиса низ боздошт шаванд.

Давлат Розиқов, бародари Абдуқаҳҳор Розиқов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бо онҳо Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, суҳбат кард.

“Мо ба он хотир рафтем, ки корро қонунӣ бинанд. Ду нафарро ҷавоб доданд, фақат як касро парванда карданд. Як нафар имкон надошт, ки Абдуқаҳҳорро бикушад. Мақсади мо ҳамин буд. Гуфтем, аз рӯйи қонун тафтиш кунанд. Бо раиси шаҳр гап задем. Гуфт, тафтишот аст ва ҷавоби ташхис ҳанӯз наомадааст,” – афзуд ӯ.

Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб омадани гурӯҳе аз сокинонро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёти онро нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, бо сокинони Кӯлоб намояндаи Идораи амният ва Шуъбаи корҳои дохилии ин шаҳр суҳбат карда гуфтаанд, ки “ҳар чизе доред, ба мо гӯед, худамон ҳал мекунем”. Инчунин таъкид кардаанд, ки аксу навор нагиранд ва дар Интернет онро паҳн накунанд ва дигар одами бисёр ҷамъ нашавад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо аз хонаи истиқоматиаш боздошт карда, дертар ҷасадашро ба сардхонаи шаҳр супорида буданд.

Наздикону пайвандонаш дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Розиқов дар натиҷаи шиканҷаи мақомот ба ҳалокат расидааст, ҷун дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфтааст, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Баъд аз ин ҳодиса, даҳҳо сокини Кӯлоб рӯзи 3-юми январ дар назди сардхона ё “Морг”-и шаҳри Кӯлоб ҷамъ шуда, талаб карда буданд, ки то милисаҳои гумонбар боздошт нашаванд, аз назди сардхона дур намешаванд. Он шом мақомот се милисаи дастбастаро ба наздикони ҷавон нишон доданд ва онҳо ҷасадро гирифта бурданд.

Аммо дертар мақомот як нафар аз пулисҳои Кӯлоб, Шамшод Шарифовро баъди ин ҳодиса ба ҳабс гирифта, ду нафари дигар, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро, раҳо карданд, ки ин боиси дубора ҷамъ омадани сокинони Кӯлоб барои адолатхоҳӣ шуд.

Дар аксар ҳолатҳои ба ин қазия монанд кормандони мақомоти кишвар ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Дар Тоҷикистон содироти пиёзу картошка манъ шуд

0

Дар пасманзари гароншавии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон Ҳукумати кишвар содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷ боздоштааст.

Акс аз Интернет

Ба гузориши расонаҳо, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 30-уми январи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ ба расонаҳо иттилоъ дода, ки қарори мазкур як ҳафта пеш дар ҷаласаи охири Ҳукумати кишвар барои ба эътидол даровардани нарху навоҳо гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон ин маҳсулоти кишоварзӣ хеле гарон шуда, сокинонро ба ташвиш овардааст. Нархи як кило картошка 4-5 сомонӣ, пиёз 8-9 сомонӣ ва сабзӣ аз 4 то 6 сомонӣ мебошад.

Қурбонов мегӯяд, ин қарори Ҳукумат то ворид шудани аввалин ҳосили зироатӣ дар бозорҳо бекор карда мешавад. Ва кишоварзон метавонанд маҳсулоти худро ба хориҷ ҳам фурӯшанд.

Ба иттилои вазири кишоварзии Тоҷикистон, танҳо соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷ 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 54,3 миллион доллар содирот шудааст.

Тибқи маълумоти расмии Ҳукумати Тоҷикистон, соли 2022 дар замини 2,5 ҳазор гектар пиёз кишт шуда, 672 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шудааст, вале бо вуҷуди ин миқдори ҳосил имсол нархи пиёз назар ба солҳои гузашта гаронтар шудааст.

Таркише дар Покистон 36 кушта ва беш аз 150 захмӣ ба ҷо гузошт

0

Бар асари як таркиш дар масҷиде дар шаҳри Пишовари Покистон дасти кам 36 нафар кушта ва ҳудуди 150 каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои покистонӣ, ин таркиш рӯзи 30-уми январ соати 13:30 дақиқи ба вақти маҳаллӣ замоне рух дода, ки намозгузорон дар дохили масҷид намози зуҳрро адо мекарданд.

Ба қавли расонаҳо, ин таркишро як фарди маргталаб анҷом додааст. Вай худро дар сафи аввали намоз ҷо карда ва ҳангоми хондани фарзи пешин худашро таркондааст.

Дар ин байни ин афрод, аксари онҳое, ки ҷони худро аз даст доданд, кормандони полис ҳастанд ва касоне ҳам захмӣ шудаанд, бештари онҳоро кормандони мақомоти полис ташкил медиҳанд.

Барои интиқоли афроди захмишуда ва осебдидагон ҳудуди 50 адад мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ сафарбар шудааст ва масъулини бемористонҳо низ эълон кардаанд, ки ба сабаби теъдоди зиёди захмиҳо бо камбуди хун муҷоҷеҳ шудаанд.

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ҳам ба маҳалли ҳодиса расида, аз шаҳрвандони кишвараш, бахусус аз ҳамҳизибиҳо ва донишҷӯён хостааст, ки худро дар ин мусибат ғамшарик дониста, барои супоридани хун ба бемористон бираванд.

Гуфта мешавад, ин таркиш дар яке аз марказҳои полис, дар маркази иёлати Хайбарпахтунхоҳи Покистон аз нигоҳи амниятӣ яке аз минтақаҳои ҳассос дониста мешавад, рух додааст.

Ҳушдори Толибон ба Саидҷаъфар Усмонзода

0

Як намояндаи Толибон аз тариқи телевизион Афғонистон Интернешнл раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро насиҳат карда гуфт, ки “дар умури мо мудохила накунед.”

Отиф Мухтор, раиси Маркази стротегии байналмилалии Ағфонистон гуфтааст, мавзӯи тоҷикҳо, узбекҳо ва туркманҳо дар Афғонистон мавзуи дохилии Афғонистон аст, ва худи Ҳукумати Тоҷикистон як ҳукумати диктотур ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам хилофи тамоми қавонин ва мавозини башарӣ ба сари тоҷикҳо ҳукумат мекунад.

Вай таъкид мекунад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон “на ба асли демократик интихоб шуда ва на ба арзишҳои тоҷикҳо ба миён омада. Забони нармиш бо афғонҳо беҳтарин роҳи равиш аст. Мо бо касе ҷанг надорем ва на ба касе иҷоза медиҳем, ки як сонтиметр ба тарафи сарзамини мо ҳаракат бикунад.”

Ин коршиноси Афғонистон хитоб ба Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ман мусоҳибаҳои инҳоро дидаам, гуфта буд, мо чанд ҳазор нафар дорем, ки Афғонистонро дар чанд лаҳза мегирем.

Ин коршиноси афғон хитоб ба раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳушдор дода мегӯяд: Фикр накунам, ки агар афғонҳо ба сари сарзаминашон касе таҷовуз бикунад, ва ишғол бикунад, Кӯлобу Душанберо зуд фаромӯш хоҳед кард. Вале забони диплумосӣ ва забони ду кишвар ин аст, ки дар умури мо мудохилат накунед, ҳамон тавре, ки дар умуратон мудохилат намекунем.

Гуфта мешавад, ин ҳушдори Отиф Мухтор ба Саидҷаъфар Усмонзода тариқи барномаи “Дидгоҳи” Афғонистон Интернешнл, дар суҳбати онлайнӣ, ки ҳарду дар он ширкат мекарданд, садо додааст. Усмонзода, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш аз тариқи ҳамин телевизион ба Толибон таҳдид карда гуфта буд, ки агар хоҳем зарфи чанд ҳафта Афғонистонро озод хоҳем кард.

Суръати Интернет дар Тоҷикистон боло мешавад?

0

Дар Тоҷикистон суръати Интернет боло ва нархи он поин мешавад, аммо кай маълум нест.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯз, 30-уми январ дар Душанбе ғайричашмдошт эътироф кард, ки сатҳу сифати Интернет дар кишвар паст аст.

Эътирофи Илҳомҷон Атоев дар ҳолест, ки чанде пеш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз суръати пасти интернет ва нархи баланди он интиқод карда, аз Хадамоти алоқа талаб карда буд, ки минтақаҳо ва махсусан ноҳияҳои дурдастро бо Интернети суръаташ баланд таъмин кунанд ва нархи онро поин баранд.  

Муовини раиси Хадамоти алоқа мегӯяд, ки барои бартараф намудани камбудиҳо аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимии оперативӣ таъсис дода шуда,”Мутахассисон ва ширкатҳои мобилӣ вазифадор шудаанд, пойгоҳҳоеро, ки муштариро бо низоми интернети мобилӣ пайваст мекунад, зиёд кунанд. Пеши роҳи худсарона хомӯш кардан ё канда гирифтани пойгоҳҳо низ гирифта шавад.”

Инчунин Илҳомҷон Атоев ба хабарнигорон гуфт, ки раисаш Бег Сабур барои ҳалли мушкили интернет ба ноҳияи Мурғоби Бадахшон рафтааст. Чун дар аксари ҷойҳо танҳо 2G мавҷуд аст.

Муовини Бег Сабур гуфт, тибқи нақша дар ояндаи наздик бояд 450 истгоҳи базавӣ барои 4G вориди Тоҷикистон шавад.

Илҳомҷон Атоев мисли гузашта, боз сокинони кишварро гунаҳкор карда гуфт, ки “Танҳо дар марҳилаи аввали рушди инфрасохтор дар ҷумҳурӣ 500 стансияи базавӣ лозим аст. Мушкилот дар он аст, ки аксари одамон дар назди хонаҳои худ ҷойгир кардани истгоҳҳои асосиро манъ мекунанд. Аз ин лиҳоз сифати интернет паст мешавад”.

Ба гуфтаи Атоев қимати интернет дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт, аммо маълум нест, ки кай.

“Дар бораи нархи Интернет корҳои ҳам иқтисодӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам технологӣ ба роҳ монда шудааст. Рӯзҳои наздик амалӣ хоҳад шуд. Дархости заруриро ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ фиристодем. Дар ин самт ҳамкорӣ дорем, иқтисоддонҳо кор карда истодаанд,” – афзуд Илҳомҷон Атоев.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, шумораи корбарони Интернет дар кишвар 4,5 миллион нафарро ташкил дода, дар ҳоли афзоиш аст.

Сокинон ва меҳмонони кишвар ҳамеша аз суръати пасти Интернет ва нархи баланди он шикоят мекунанд. Аммо Хадамоти алоқа, ки бозори Интернетро пурра аз соли 2018 дар даст дорад, то танқиди Эмомалӣ Раҳмон сифати пасту нархи баланди интернетро эътироф намекарданд.

Абдуллоҳи Раҳнамо аз аҳли зиё хост дар шабакаҳои маҷозӣ ӯро дастгирӣ кунанд

0

Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманд ва пажӯҳишгари тоҷик дар як суҳбате аз аҳли зиёи кишвар хост, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд ва ба коридаҳои ӯ “лайк” гузоранд.

Раҳнамо мегӯяд, мо дар кишвар бо шумули донишҷӯён наздики 500 ҳазор зиёӣ вуҷуд дорад. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷонибдорӣ аз андешаҳо вакоридаҳои ӯ 1 дарсад ҳам фаъол нестанд.

“Мо 130 ҳазор нафар муаллими мактаби миёна дорем… Ҳудуди 60 ҳазор кормандони соҳаи маориф ғайри ғайри мактаби миёна дорем… Ҳудуди 25 ҳазор нафар хидматчии давлатӣ дорем… Ман хидматчиёни давлатӣ, маъмурони мулкии ғайри ҳарбиро дар назар дорам. Як факти аҷим, медонед мо 12 ҳазор домулло дорем… Ходимони театру фарҳанг ва ғайра 50 ҳазор. Ҷамъан 300 ҳазор. Агар донишҷӯёнро илова кунем, 500 ҳазор мешавад. Пас 500 ҳазор нафар зиёӣ ё касоне дорем, ки бо фикру андеша кор доранд…”, мегӯяд Абдуллоҳи Раҳнамо.

Раҳнамо мегӯяд, ман ҳамин суханҳоямро дар интернет мекорам, “450 касе ҳаст, ки онҳо ҷавоб менависанд, аммо ин 500 ҳазор ҳатто 1 фоизаш дастгирӣ намекунад. Як “лайк” намемонанд.

Ӯ мегӯяд, агар аз 300 ҳазор нафар зиёӣ 1 ё 10 дарсадаш ба саҳнаи иттилоотӣ ворид шавад, 30 ҳазор нафар мешавад. “Агар 30 ҳазор нафар дар зери навиштаҳои ман комент нависанд, он 500 нафаре, ки дашном медиҳанд дар байни онҳо нест мешаванд. Вале мебанима, ки як ду шиносам лайк мондаасту 500 дашном. Инро дида, хонанда хулоса мебарорад, ки халқ зид будаст. Ҷомеа инро дастгирӣ накард.”

Ӯ мегӯяд, ба сабаби хомӯшии ҳамин 300 ҳазор зиёӣ дигарон вазъиятро дар даст гирифтаанд.

Ҳалокати 41 нафар дар пайи сарозер шудани автобус

0

Рӯзи якшанбе, 29-уми январи соли ҷорӣ дар вилояти Балучистони Покистон як автобус аз баландӣ ба ҷарӣ сарозер шуда, сипас оташ гирифт, ки дар натиҷа 41 нафар мусофирони дохили он ба ҳалокат расиданд.

Акс аз сомонаи хабаргузории “Ал-Ҷазира”

Хабаргузории “Ройтерз” аз қавли Исрор Умронӣ, афсари пулиси ноҳиявӣ хабар дод, ки автобус ҳомили 48 мусофир буд, вале наҷотдиҳандагон то кунун ҷасади 41 нафарро аз зери сухтаҳо ва оҳанпораҳои он пайдо кардаанд, ки баъзеи онҳо хеле зиёд сӯхтаанд, ки чеҳраҳояшон шинохта намешавад.

Ба гуфтаи мақомот, автобуси ҳомили 48 нафар дар роҳ аз пойтахти Балуҷистон Кветта ба шаҳри ҷанубии Карочӣ сафар мекард, ки дар роҳ ба ҷарӣ сарозер шуд.

Мақомти интизомии Балучистони Покистон ба рӯзномаи “Dawn” гуфтанд, ки автобус аввал ба як пояи пуле, ки аз болои ӯ мегузашт, бархӯрда ва сипас ба ҷарӣ сарозер шуда, оташ гирифт.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, автобус бар иловаи одамон инчунин чанд бочкаҳои бензин низ дар дохил ҳамроҳ дошт ва дар зарбаи аввал ин бензинҳо оташ гирифтанд, ки дигар наҷоти мусофирон имконнопазир шуд.

Бино ба иттилои рӯзномаи “Фаронса” роҳҳои мошингарди Покистон аз хатарноктарин роҳҳои дунё ба шумор рафта, солона садҳо нафар дар ин кишвар ба сабаби роҳҳои тахмиру тармимношуда ва инчунин риоя нашудани қоидаҳои бехатарии роҳ дар тасодуфҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Аз ҷумла, моҳи июни соли гузашта бар асари сарозер шудани як микроавтобуси мусофирбар ба дараи амиқ дар Балуҷистон дастикам 22 нафар кушта шуданд, ки 9 нафари онҳо узви як хонавода буданд.

Ба гузориши Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, дар Покистон танҳо соли 2018 бар асари садамаҳои роҳ бештар аз 27 ҳазор нафар кушта шуданд.

Дипломатҳои Озарбойҷон Эронро тарк карданд

0

Тамоми кормандони сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон ба Боку рафтанд, вале консулгарии ин кишвар дар Табрез ба кори худ идома медиҳад.

Мақомоти ҷумҳурии исломӣ ин ҳамларо дорои “ангезаи шахсӣ”, вале раиси ҷумҳури Озарбойҷон онро “ҳамлаи террористӣ” хонд ва аз дипломатҳои кишвараш дар Теҳрон хост, ки ба ватан баргарданд.

Ҳамла ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон бо мавҷе аз вокунишҳои дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ба ҳамроҳ буд. Аз Теҳрон то Боку ва аз Анкара то Маскаву Лондон ва Вошенгтон ҳама ин ҳамларо бо шеваҳои мухталиф маҳкум карданд.

Гуфта мешавад, субҳи 27-уми январи соли ҷорӣ, соати 08:00 ба вақти Теҳрон ва 08:30 ба вақти Боку марде бо мошин омада дами дарвозаи сафорати Озарбойҷон дар шаҳри Теҳрон истод мешавад ва ин марди мусаллаҳ бо калашников вориди бино шуда ба кормандони сафорат ҳамла мекунад. Бар асари ин ҳамлаи мусаллаҳона сардори горди нирӯҳои муҳофизи сафорат Урҳон Аскаров кушта ва ду тани дигар аз ҳамкоронаш захмӣ шудаанд.