22.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 34

Шаби гузашта Тоҷикистонро заминларза такон дод

0

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаби 21-уми октябр, соати 23:14 бо вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 283 километр ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 101 километр дуртар аз шарқи шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон рух додааст. Қувваи заминларза дар маркази он 5 балл, дар ноҳияи Ишкошим 3–4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2–3 баллро ташкил дод.

Ба иттилои Хадамоти геофизикӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомот мегӯянд, ки вазъ таҳти назорат аст ва сокинон метавонанд ором бошанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дар он заминларзаҳо зиёд ба қайд гирифта мешаванд. Ҳамасола ин офати табиӣ дар баъзе минтақаҳо боиси хисорат ва зарарҳои ҷиддӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод як кӯдак ба ҳалокат расида ва зарари ҷиддӣ ба иншооти истиқоматӣ ва иҷтимоӣ расида буд.

Бар асоси маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ин заминларза 205 хона осеб дида буд. Аз ин шумора, 94 хона пурра вайрон шуда, 50 хона қисман ва 61 хонаи дигар зарари сабук диданд.

Ғайр аз ин, се мактаб, ҳамчунин чойхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ низ зарар дидаанд.

5 нафар 3000 муҳоҷирро ғайриқонунӣ сабти ном кардаанд

0

Дар Русия як гурӯҳи созмонёфта бо иттиҳоми қаллобӣ ва ғайриқонунӣ сабтином кардани муҳоҷирон дастгир шуданд.

Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, нерӯҳои махсуси Росгвардия бо кормандони Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) ва пулиси Русия фаъолияти гурӯҳи муташаккилеро ошкор кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба тартиб додани иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия машғул буданд.

Бо ин иттиҳом ҳоло панҷ кормандони як агентии кадрӣ ва як ширкати сохтмонии Маскав боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои тафтишот, боздоштшудаҳо ба се ҳазор муҳоҷир ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кардаанд, то дар қаламрави Русия иқомат кунанд. Онҳо ин муҳоҷиронро ба таври сохта дар ширкатҳои “якрӯза” ба кор қабул мекардаанд.

Ҳангоми кофтуков шартномаҳои меҳнатии қалбакӣ, муҳрҳои ташкилотҳои сохта ва дигар далелҳо мусодира гардиданд.

Пештар аз ин намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк аз боздошти ду корманди як ширкати сохтмонӣ дар Маскав, ки ба сабти муҳоҷирон тавассути ширкати “якрӯза” машғул будаанд, хабар дод. Ин афрод на танҳо муҳлати иқомати муҳоҷиронро тамдид мекарданд, балки аз пардохти андоз ва ҳаққи суғуртавӣ низ саркашӣ менамуданд.

Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, яъне “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” боз шудааст ва ба гумонбарон 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

То ҳол маълум нест, ки мақомоти Русия бо ин 3 ҳазор муҳоҷир, ки ҳамакнун ҳуҷҷатҳояшон ғайриқонунӣ мебошад, чӣ хоҳад кард ва маълум нест, ки дар миёни ин афрод чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳоле мақомоти Русия даст ба ошкор кардани чунин гурӯҳҳо задаанд, ки ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, идома дорад ва онҳо бо рафтори бисёр тунд асноди муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд. Танҳо дар Маскав 7632 “рейд” дар 9 моҳ гузаронида шудааст ва шумори зиёди муҳоҷирон аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Сармураббии мунтахаби занонаи Узбекистон раҳбари дастаи “Истаравшан” шуд

0

Сармураббии собиқи дастаи мунтахаби занонаи футболи Узбекистон Шералӣ Бобоқулов ба вазифаи сармураббии дастаи мардонаи “Истаравшан” таъйин шуд. Ин даста дар Лигаи Олии мардонаи Тоҷикистон рақобат мекунад.

Бобокулов ба ҷойи сармураббии тоҷик Шухрат Шамсиев омад, ки дастаи “Истаравшан”-ро аз аввали мавсим роҳбарӣ мекард. Барои Шералӣ Бобоқулов ин аввалин таҷриба дар футболи касбии мардона мебошад. Муҳлати шартномаи ӯ то охири соли ҷорӣ аст.

Вазифаи асосии Бобокулов наҷот додани даста аз шикаст ва нигоҳ доштани ҷойгоҳаш дар Лигаи Олӣ мебошад.

Дар аввалин бозӣ таҳти роҳбарии сармураббӣ, 19-уми октябр “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 бар яке аз дастаҳои пешсафи Лига, ЦСКА Душанбешаҳр ғолиб омад. Ин ғалаба барои дастаи “Истаравшан” сюрпризи ҳақиқӣ буд.

Гуфта мешавад, дар ҳайати даста чор бозигари узбек низ ҳузур доранд, ки ба мутобиқшавии сармураббӣ кумак мекунад.

Шералӣ Бобоқулов чандин сол сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Узбекистон ва клуби “Согдиана-W”-и Ҷиззах буд. Соли 2021 ӯ беҳтарин сармураббии футболи занонаи Узбекистон эътироф шуд.

Таҳти раҳбарии ӯ “Согдиана-W” қаҳрамонии Узбекистон ва Ҷоми Узбекистонро соҳиб шуда, инчунин дар мусобиқаи клубии AFC барои дастаҳои занонаи Осиё пирӯзӣ ба даст овардааст.

Бо таъйини Бобоқулов, мухлисони “Истаравшан” умедворанд, ки даста на танҳо аз поинравӣ наҷот меёбад, балки рақобатро дар Лигаи Олӣ қавитар мекунад.

Тамбашавии роҳҳо дар Душанбе ва нигаронии вазири нақлиёт

0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз вазъи ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кишвар, бахусус шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ кард.

Азим Иброҳим, вазири ин ниҳод дар ҷаласаи ҷамъбастии худ, ки 17-уми октябр баргузор гаштааст, мегӯяд, зиёд шудани тамбашавиҳои роҳ боиси дер мондани шаҳрвандон ба ҷойи кор, асабонияти ронандагону мусофирон ва афзоиши садамаҳо мегардад. Вай афзуд, ки танбашавӣ кори хадамоти фаврӣ, аз ҷумла “Ёрии таъҷилӣ”-ро душвор кардааст.

Вазири нақлиёт сабабҳои асосии ин мушкилро ба афзоиши аҳолӣ ва шумори воситаҳои нақлиёт рабт дода, ба зерсохторҳои марбут супориш додааст, ки “барои рафъи мушкил ва коҳиши тамбашавӣ тадбирҳои фаврӣ таҳия ва пешниҳод намоянд”.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Раҳмиддин Салимзода, теъдоди мошинҳои шахсӣ дар пойтахт солҳои охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ӯ дар мақолае дар “Паёми Душанбе” навиштааст, ки аз соли 2021 то 2024 шумораи чунин воситаҳои нақлиёт тақрибан 66 дарсад бештар шуда, ҳоло ба 145 ҳазор мерасад.

Салимзода мегӯяд, ки ҳамарӯза аз шаҳру ноҳияҳои атроф беш аз 44 ҳазор мошин ба Душанбе ворид мешавад, ки ин худ яке аз сабабҳои асосии роҳбандӣ ба ҳисоб меравад. Вай ҳамчунин гуфтааст, шумори таксиҳо дар шаҳр низ рӯ ба афзоиш дошта, ҳоло ба 12 ҳазор расидааст.

Муовини шаҳрдори Душанбе пешниҳод кардааст, ки барои осон шудани ҳаракати нақлиёт, дар роҳҳои пойтахт пулҳои болои роҳ сохта шаванд ва хатти махсус барои нақлиёти мусофирбар ҷудо гардад.

Сокинони пойтахт мегӯянд, солҳои охир тамбашавии роҳҳо ба яке аз мушкилоти ҷиддии зиндагии шаҳрӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи коршиносони мустақил, сабаби асосии ин вазъ дар набудани барномаи дурусти ҳамоҳангсозии нақлиёти мусофирбар, сохтмони зиёди хонаҳои истиқоматӣ бидуни дар назар гирифтани ҷойҳои таваққуф, ҳамчунин кам будани автобусу троллейбусҳо ва нақлиёти ҷамъиятии муосир аст.

Ба бовари онҳо, барои кам кардани теъдоди мошинҳои хурд ва мусофирбарҳо, ки аз минтақаҳо вориди Душанбе мешванд, бояд байни шаҳрҳо автобусҳои байнишаҳрӣ роҳандозӣ шавад ва мардумро ташвиқ кунанд, ки барои сафар ба минтақаҳое, ки роҳи оҳан доранд, аз қатор истифода кунанд.

Гумонбар дар ҳамлаи Қазонро дар Тоҷикистон боздошт карданд

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни русаш гумонбар дар ҳамла ба як зан дар шаҳри Қазонро дар Тоҷикистон боздошт кард.

Бино ба иттилои намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк, 14-уми октябри соли ҷорӣ дар назди яке аз хонаҳо дар кӯчаи Восстанияи Қазон марди номаълум ба зани 34-сола ҳамла карда, бо корд ба тани ӯ чандин зарба задааст.

Дар натиҷа ин зан бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуд. Мақомоти тафтишотӣ дар Ҷумҳурии Тотористон гумонбарони асосии ташкили ҳамла, аз ҷумла ду хешованди ҷабрдида, ки якеаш шавҳари ин зан гуфта мешавад ва роҳбари хадамоти амнияти як ширкати хусусиро боздошт кардааст.

Илова бар ин, ду нафаре, ки ба омодасозии ҷиноят кумак кардаанд, низ дастгир гардиданд.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, иҷрокунандаи асосии ҳамла марди 30-сола, зодаи яке аз кишварҳои хориҷии наздик буда, пас аз содир кардани ҷиноят ӯ ба Тоҷикистон фирор кардааст, аммо дар натиҷаи амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон боздошт шуд.

Айни замон масъалаи истирдоди ӯ ба Русия мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ва ному насаби ҳамлавар то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Коллегияи муштараки ВКД Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбарони ниҳодҳо Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода масоили ҳамкории воҳидҳои тафтишотӣ ва мубодилаи иттилоотро баррасӣ намуданд. Вазири рус таъкид кардааст, ки механизмҳои таъсисёфтаи ҳамкорӣ имкон медиҳанд, ки ҷиноятҳо тезтар ошкор ва таҳқиқ шаванд. Ӯ ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон барои саҳмаш дар ғанӣ гардондани пойгоҳи маълумот, аз ҷумла бо ирсоли аксҳои афроди дар ҷустуҷӯбуда, изҳори миннатдорӣ кард.

Тибқи маълумоти ВКД-и Русия, танҳо дар нуҳ моҳи соли 2025 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тақрибан 400 нафареро боздошт карданд, ки аз ҷониби ВКД-и Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд. Ин шумора қариб ду баробар бештар аз нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.

Ғайр аз ин, дар доираи таҳкими ҳамкории дуҷониба намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав ифтитоҳ ёфтааст.

Чаро Исроил пас аз оташбас Ғаззаро бомборон кард?

0

Рӯзи якшанбе, 19-муи октябр артиши Исроил пас аз 9 рӯзи эълони оташбас манотиқи гуногуни Ғаззаро ба шиддат бомборон кард.

Ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакии дирӯза ба Ғазза шадидтарин ҳамла пас аз иттифоқи оташбас гуфта мешавад, ки Исроил тамоми гузаргоҳҳоро баст ва воридоти кумакҳои башардӯстонаро манъ кард.

Ба иттилои расонаҳо исроилӣ, артиши ин кишвар ба 120 нуқта дар саросари Ғазза ҳамла кард. Аммо манобеи маҳаллӣ ба расонаҳо гуфтаанд, дар ин ҳамла хаймаҳои оворагон, хайма ва маконҳое, ки рӯзноманигорон кор мекарданд, ба шиддат мавриди ҳадаф қарор гирифтанд, ки дар натиҷа 40 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Пас аз дахолати кишварҳои миёнҷигар ва фишори идораи Трамп болои Натанёҳу, артиши Исроил соати 18:20 ба мақти маҳаллӣ эълон кард, ки ба тавофуқи оташбас баргашт ва аз ҳуҷуми ҳавоӣ бозистод. Инчунин расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки гузаргоҳҳо боз шуда, раванди вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аз сар гирифта шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукуматии Ғазза, Исроил пас аз эълони оташбас, ки аз рӯзи 10-уми октябр расман барқарор шудааст, то имрӯз 80 маротиба иттифоқро шикаста ва ҳамлаҳои густардае анҷом дода, ки ин ҳамлаҳо сабаби кушта шудани 97 нафар ва захмӣ шудани 230 кас гардидааст.

Исроил иддао дорад, ки ин ҳамларо ба хотири он аз сар гирифт, ки гурӯҳҳои силоҳбадасти ҲАМОС дар минтақаи ҷануби Рафаҳ ба “Хатти сурх” наздик шуданд ва ду сарбози исроилиро куштанд. Аммо ҲАМОС расман эълон кард, ки минтақаи мазкур пурра зери тасарруфи нерӯҳои исроилӣ қарор дорад ва аз моҳи марти соли ҷорӣ дар ин минтақа ҳеч нерӯе надорад.

ҲАМОС дар баёнияи худ эълон карда, ки нуқтаи даргирӣ ҳамон ҷоест, ки нерӯҳои Ёсир Абушабоб, гурӯҳе, ки аз аҳолии Ғазза аст ва Исирол худаш онҳоро барои ҷангидан бар зидди ҲАМОС мусаллаҳ карда буд, мустақар буданд.

Сабқати ду блогер дар Душанбе ва осеб дидани чанд тамошобин

0

Дар шаҳри Душанбе рӯзи якшанбе, 19-уми октябр мусобиқаи мошинронӣ миёни ду блогер, Асҳаб Тамаев аз Русия ва Исмол Ганиев аз Тоҷикистон баргузор шуд.

Наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дар ҷараёни “дрифт” як қисми нишастгоҳи муваққатӣ чаппа шуда, чанд нафар тамошобин осеб дидаанд. Ҳоло маълумоти расмӣ дар бораи шумораи дақиқи осебдидагон дастрас нест.

Бар асоси наворҳо, дар маҳалли баргузории чорабинӣ кормандони хадамоти оташнишонӣ ва нозирони БДА ҳузур доштанд. Гуфта мешавад, ки барои баргузории мусобиқа инчунин беш аз 5 километр роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди “Кӯли Душанбе” барои чанд соат баста шуда буд.

Дар натиҷаи мусобиқа, блогери тоҷик Исмол Ганиев баранда гардид.

Асҳаб Тамаев ду рӯз пеш бо даъвати блогери тоҷик Исмоил Ганиев ба Тоҷикистон омад. Асҳаб Тамаев, ки бо баргузории мусобиқаҳои мошинронӣ дар фазои маҷозӣ машҳур аст ва зиёда аз 3 миллион дунболкунанда дар Инстаграм дорад, борҳо ба дӯстдорони ин намуди варзиш аз тоҷикҳо, узбекҳо ва қирғизҳо пешниҳод карда буд, ки бо ӯ мусобиқа кунанд. Ин пешниҳоди ӯ аз ҷониби Исмоил Ганиев, блогери ҷавони тоҷик қабул шуд.

Ин мусобиқа, ки ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо дастгирии мақомоти шаҳри Душанбе ташкил шуда буд, вокунишҳои гуногунро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Бархе онро як иқдоми ҷолиб барои ҷалби ҷавонон меҳисобанд, дар ҳоле, ки дигарон тартиб ва ташкили ин чорабинӣ аз сӯи мақомоти пойтахтро интиқод карданд. Ва суоле низ пайдо шудааст, ки оё пойга дар роҳҳои кишвар иҷоза ҳаст, чун мақомоти Тоҷикистон қаблан чандин нафарро барои ташкили пойга ё мусобиқаи мошинронӣ боздошту ҷарима карда буданд.

То ин дам мақомоти расмӣ дар бораи ин ҳодиса ва ҷузъиёти он изҳорот пахш накардаанд.

Чанд сол пеш низ ҳузури блогери озарбойҷонии муқими Русия Гусейн Гасанов дар Тоҷикистон сару садои зиёдеро ба бор оварда буд. Он замон ӯ бо даъвати Исмол Маҳмадзоир, набераи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омада буд. Дертар нисбати ин блогери озаритабор дар Русия бо иттиҳоми шустушӯи пул ва напардохтани андоз парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Пардохти алимент дар Тоҷикистон ба 150 миллион сомонӣ расид

0

Дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2025 ба нафъи модарон ва кӯдакон тақрибан 150 миллион сомонӣ алимент ситонида шудааст.

Тибқи иттилои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин нишондиҳанда 126,5 миллион сомонӣ бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Гуфта мешавад, айни замон дар Хадамоти иҷро наздик ба 98,9 ҳазор қарор оид ба ситонидани алимент қарор дорад. Ин ниҳод зикр карда, ки ситонидани мунтазами алимент яке аз чораҳои муҳим барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва дастгирии оилаҳо ба шумор меравад.

Сардори Хадамоти иҷро Ахтам Абдуллозода, мегӯяд шахсоне, ки дар давоми ду моҳ маблағҳои муқарраршударо намепардозанд, ба руйхати қарздорони алиментӣ дохил карда мешаванд. Барои онҳо маҳдудиятҳо дар убури сарҳад ва дигар чораҳои таъсиррасон пешбинӣ шудаанд.

Хадамоти иҷро таъкид намуда, ки ҷорӣ намудани чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки ҳаҷми пардохтҳои алимент зиёд шуда, ҳуқуқи кӯдакон ба дастгирии молиявӣ таъмин гардад. 

Ин дар ҳолест, ки рӯз то рӯз омори талоқ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст ва ин масъала ба яке аз нигарониҳои ҷиддии ҷомеа табдил ёфтааст. Ба гуфтаи коршиносон, пас аз ҷудоии зану шавҳар, махсусан дар он оилаҳое, ки кӯдак доранд, бисёр вақт баҳсҳои додгоҳӣ барои ситонидани алимент ба миён меояд. Бо вуҷуди ин, дар ҳолатҳое, ки никоҳ расман сабт нашудааст, гирифтани алимент душвор ва тӯлонӣ мегардад, ки ин ҳуқуқи кӯдаконро ба дастгирии молиявӣ зери хатар мегузорад.

Мулоқоти Трамп ва Путин дар Будапешт

0

Владимир Путин ва Доналд Трамп қасд доранд, дар давоми ду ҳафтаи оянда дар Будапешти Венгрия мулоқот кунанд. Мавзуи асосии музокирот ёфтани роҳҳои қатъи ҷанги Украина хоҳад буд.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти Венгрия розӣ шудааст, ки мулоқоти раҳбарони Амрико ва Русияро дар Будапешт баргузор кунад ва вориду хориҷ шудани Путин ба кишварро таъмин кунад, гарчанде, ки ӯ таҳти фармони боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ қарор дорад ва ҳукумати Венгрия таъкид ҳам кардааст, ки ин фармон ба баргузории мулоқот монеъ намешавад.

Қарори Венгрия барои баргузории ин мулоқот аз ҷониби чанд кишвари аврупоӣ интиқод шудааст.

Гуфта мешавад, дар музокирот, Трамп ва Путин роҳҳои эҳтимолии хотимаи ҷанг дар Украина ва инчунин масъалаҳои марбут ба таҳвили мушакҳои дурбари Tomahawk-и Амрико ба Украинаро муҳокима хоҳанд кард.

Президенти Украина Владимир Зеленский, ки худ имрӯз ба Амрико сафар кард, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мулоқоти Трамп ва Путин метавонад ба дастгирии ИМА ба Украина таъсир расонад.

Дар ҳамин ҳол Кремл хабар додааст, ки машваратҳои пешакии байни вазирони умури хориҷии Русия ва ИМА Сергей Лавров ва Марко Рубио аллакай ҳафтаи оянда баргузор хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, торихи дақиқи мулоқоти Путин ва Трамп ҳанӯз тасдиқ нашудааст, аммо интизор меравад, ки он дар давоми ду ҳафтаи оянда баргузор шавад.

Пештар Путин ва Трамп дар Аляска мулоқот карда буданд, вале он мулоқот ва музокироти ҷонибҳо натиҷаи намоён надода буд.

Муҳоҷирон дар Русия аз ташхиси иловагӣ гузаронида мешаванд

0
мигрант

Вазорати тандурустии Русия ба тартиби ташхиси ҳатмии тиббии шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бе шаҳрвандӣ ва довталабони мақоми паноҳандагӣ тағйирот ворид кардааст.

Аз 1-уми марти соли 2026 муҳоҷирон аз ташхис барои муайян кардани гепатитҳои вирусии В ва С гузаронида мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои мавҷудияти маводи мухаддир ва бемориҳое, ки барои атрофиён хатар доранд, аз ҷумла ВИЧ, сил, сифилис ва лепра санҷида мешаванд.

Ғайр аз васеъ кардани рӯйхати ташхисҳои ҳатмӣ, вазорат пешниҳод кардааст, ки барои духтурон ва муассисаҳои тиббӣ, ки тартиби ташхиси тиббии муҳоҷиронро нақз мекунанд, ҷаримаҳои маъмурӣ ҷорӣ шаванд.

Вазорати тандурусӣ иддао дорад, ки ин тағйирот бо мақсади пешгирии бемориҳо ва амнияти ҷамъиятӣ дар Русия гирифта шудаанд.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки чанде пеш зимни сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон миёни Тоҷикистон ва Русия созишномае ба имзо расид, ки тибқи он муҳоҷирони кории тоҷик қабл аз муҳоҷират дар ватанашон метавонанд аз “муоинаи тиббӣ” гузаранд.

Пештар ташхис дар ҳудуди Русия анҷом мешуд ва даҳҳо муҳоҷирро бо баҳонаи гирифтор будан ба бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар ихроҷ мекарданд ва ҳоло маълум нест, ки ин созиши нав то куҷо ба муҳоҷирон дар ин самт сабукӣ ё сангинӣ меорад.