Хона блог саҳифа 35

Шарифхон Сафарзода муваққатан раҳбари Бадахшон шуд

0

Баъди марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иҷрои вазифаҳои роҳбарии вилоят ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.

Номи Сафарзода зери қароре дар бораи даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ омадааст. Ин қарорро “Рӯзномаи Бадахшон” рӯзи 19-уми июн нашр кардааст.

Як масъули ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 22-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Шарифхон Сафарзода тибқи қонун то замони таъйини раиси нави вилоят вазифаҳои ӯро иҷро хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Шарифхон Сафарзода соли 2023 вазифаи муовини аввали раиси ВМКБ-ро бар уҳда дошт. Ӯ пештар дар мақоми раиси ноҳияи Варзоб фаъолият карда, инчунин дар сохторҳои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Тағйироти ахир дар роҳбарияти вилоят пас аз он сурат мегирад, ки Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба ҳалокат расид. Ба иттилои расмӣ, мошини ӯ бо ҳамсар, як кӯдак, ёвар ва ронандааш ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. То кунун пайкари ғарқшудагон ва худи мошин пайдо нашудааст, аммо ҳукумати Тоҷикистон чанд соат пас аз оғози ҳодиса дар як нома марги Мирзонаботро эълон кард.

Алишер Мирзонабот аз соли 2021 раҳбарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бар уҳда дошт. Дар давраи раҳбарии ӯ вилоят шоҳиди рӯйдодҳои пуртаниш, аз ҷумла амалиётҳои мақомот алайҳи эътирозгарон ва фаъолони маҳаллӣ шуд. Тарафдорони ҳукумат аз корномаи ӯ дар таъмини субот ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ситоиш мекунанд, аммо мунтақидон ва мухолифон ӯро ба нақш доштан дар боздошт, фишор ва таъқиби муътаризон дар Бадахшон муттаҳам мекарданд.

Амрико ва Эрон даври нави музокиротро дар Швейтсария анҷом доданд

0

Ҳайатҳои Амрико ва Эрон рӯзи 21-уми июн нахустин даври музокироти нави худро дар шаҳри Бургенштоки Швейтсария анҷом доданд. Гуфтугӯҳо бо миёнҷигарии Қатар ва Покистон баргузор шуд ва ду ҷониб аз пешрафт дар музокирот хабар доданд, ҳарчанд ҷузъиёти созиши эҳтимолӣ комилан дастраси расонаҳо нест.

Дар ин нишаст ҳайати Амрикоро муовини раисҷумҳури ин кишвар Ҷей Ди Венс ва ҳайати Эронро раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ Муҳаммадбоқир Қолибоф намояндагӣ карданд. Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ низ дар музокирот ҳузур дошт. Нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва нахуствазири Қатар Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ ба ҳайси миёнҷигарон ширкат карданд.

Қатар ва Покистон пас аз анҷоми музокирот дар баёнияи муштарак гуфтанд, ки ҷонибҳо барои таъсиси як Кумитаи олии музокирот ба тавофуқ расидаанд. Ба гуфтаи миёнҷигарон, ин кумита назорати сиёсӣ бар раванди гуфтугӯҳоро ба уҳда дошта, музокиракунандагони аршад ба таври мунтазам ба он ҳисобот хоҳанд дод.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки ҷонибҳо бар сари як нақшаи роҳ барои дастёбӣ ба созиши ниҳоӣ дар давоми 60 рӯз мувофиқат кардаанд. Бар асоси ин нақша, гуфтугӯҳои фаннӣ аз ҳамин ҳафта дар Бургеншток идома хоҳад ёфт ва масъалаҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон, таҳримҳо ва роҳҳои ҳаллу фасли ихтилофотро дар бар хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи миёнҷигарон, барои ҷилавгирӣ аз сӯитафоҳум ва таъмини убури амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз низ миёни ҷонибҳо хати иртиботӣ таъсис шудааст. Ҳамчунин, қарор шудааст барои назорат бар риояи оташбас ва коҳиши танишҳо дар Лубнон як механизми ҷудогонаи ҳамоҳангсозӣ фаъол шавад.

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, пас аз анҷоми музокирот дар саҳифаи худ дар шабакаи “Х” навишт, ки миёнҷигарии Покистон ва Қатар “боиси пешрафтҳои бузург” шудааст. Ӯ гуфт, ки дар натиҷаи гуфтугӯҳо таҳримҳои марбут ба содироти нафт ва маҳсулоти нафтии Эрон бекор шуда, муҳосираи дарёӣ бардошта шудааст, бахше аз дороиҳои масдудшудаи Эрон озод мешавад ва тарҳи бозсозӣ ва тавсеаи иқтисодии ин кишвар низ ба иҷро медарояд.

Аз ҷониби Амрико, Ҷей Ди Венс гуфт, ки ҷонибҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон “гуфтугӯи созанда” анҷом додаанд. Ӯ ҳамчунин аз тавофуқ барои таъсиси як созукор ҷиҳати боз нигоҳ доштани тангаи Ҳурмуз ва баррасии роҳҳои коҳиши танишҳо дар ҷануби Лубнон хабар дод.

Ба гуфтаи бархе расонаҳо, дар оғози нишаст ихтилофе бар сари тартиби ҳузури расонаҳо ба миён омад, зеро ҳайати Эрон намехост дар ҳузури хабарнигорон бо намояндагони Амрико дар як саҳна ё дар як акс дида шаванд. Гузоришҳо ҳамчунин мегӯянд, ки баъдтар, изҳороти таҳдидомези Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ ба таниши фазо афзуд. Бо вуҷуди ин, гуфтугӯҳо қатъ нашуданд ва бо миёнҷигарии Қатару Покистон идома ёфтанд.

Нахустин даври музокироти Бургеншток дар ҳоле анҷом ёфт, ки муносибатҳои Амрикову Эрон дар моҳҳои охир ҳамоно пуртаниш боқӣ мондааст. Бо ин вуҷуд, изҳороти ҷонибҳо ва миёнҷигарон нишон медиҳад, ки барои идомаи роҳи дипломатӣ ва расидан ба як созиши фарогир талошҳо идома доранд.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум шуданд

0

Додгоҳе дар шаҳри Новотроитски вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ, маҳкумшудагон як зани 65-сола ва як марди 42-сола мебошанд. Ба гуфтаи намояндаи додситонии шаҳр, ҳар ду аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум буданд, аммо бо вуҷуди маҳдудиятҳо ғайриқонунӣ аз марзи Русия ва Қазоқистон гузаштаанд.

Додгоҳ онҳоро дар нақзи қонунҳои муҳоҷиратӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлати як солу се моҳ ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Анастасия Соботович, ёвари додситони шаҳри Новотроитск, ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки айбдоршавандагон дар ҷараёни мурофиа ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин парванда изҳори назар накардаанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки Русия дар ду соли охир назорат бар муҳоҷиратро шадидтар карда, барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, қоидаҳои нави вуруд ва иқомат ҷорӣ кардааст.

Русия ҳамчунон макони асосии муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ба гуфтаи коршиносон, сахттар шудани шароити муҳоҷиратӣ ва афзоиши назорати марзӣ боис шудааст, ки шумори парвандаҳои марбут ба нақзи қоидаҳои вуруд ва иқомат бештар расонаӣ шаванд.

Қарор: Дарси тарбияи ҷисмонӣ барои коргарон ҷорӣ мешавад

0

Аз ин пас тамоми корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор хоҳанд буд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои баданӣ ташкил намоянд. Ин талабот дар пайи ворид шудани тағйирот ба Кодекси тандурустии кишвар ҷорӣ шудааст.

Тағйироти мазкур рӯзи 10-уми июн аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва 17-уми июн аз ҷониби президенти Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, ҳадаф аз ин иқдом пешгирии фарбеҳӣ ва бемории диабети қанд мебошад, ки солҳои охир ба яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустии кишвар табдил ёфтааст.

Тибқи талаботи нав, ҳамаи муассисаҳо, корхонаҳо ва ширкатҳо, новобаста аз шакли моликият, бояд барои кормандони худ шароити машқу варзишро муҳайё созанд. Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳо низ вазифадоранд дар чунин машқҳо иштирок кунанд. Барои риоя накардани ин талабот чораҳои интизомӣ пешбинӣ шудааст.

Ин таҷриба барои Тоҷикистон комилан нав нест. Солҳо боз дар бисёре аз мактабҳои кишвар хонандагон пеш аз оғози дарсҳо ба машқҳои кӯтоҳи пагоҳирӯзӣ ҷалб мешаванд. Акнун ба назар мерасад, ки чунин таҷриба аз муҳити таълимӣ ба идораҳо ва коргоҳҳо низ роҳ меёбад.

Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, камҳаракатӣ, вазни зиёдатӣ ва ғизои серравған аз омилҳои асосии афзоиши бемории диабети қанд дар кишвар ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти расмӣ, то соли 2025 дар Тоҷикистон ҳудуди 82 ҳазор нафар гирифтори диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд.

Тоҷикистон дар солҳои охир чандин барнома ва санади давлатӣ барои мубориза бо диабет ва тарғиби тарзи ҳаёти солим қабул кардааст. Мақомот умедворанд, ки ҷалби кормандон ба машқҳои ҳаррӯза метавонад ба коҳиши хатари бемориҳои вобаста ба камҳаракатӣ мусоидат кунад.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар диданд

0

Дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилояти Маскав чанд корхонаи коркарди нафт оташ гирифта, бозори бузурги “Садовод”, ки макони кори ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст, осеб дидааст.

Мақомоти Русия хабар доданд, ки шаби 18-уми июн беш аз 200 паҳпод ба самти вилояти Маскав партоб шудааст. Ба гуфтаи Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, нерӯҳои зиддиҳавоӣ аксари онҳоро сарнагун кардаанд, аммо дар пайи ҳамлаҳо чанд иншооти саноатӣ ва нафтӣ оташ гирифта, ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои минтақа муваққатан қатъ шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти Русия, пораҳои яке аз паҳподҳои сарнагуншуда ба ҳудуди бозори “Садовод” афтида, боиси сар задани сӯхтор шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса чанд нуқтаи савдо осеб дидаанд.

Бозори “Садовод” яке аз бузургтарин марказҳои тиҷоратӣ дар Маскав буда, макони кори садҳо муҳоҷири тоҷик низ ба шумор меравад. Ба гуфтаи расонаҳо, дар пайи сӯхтор ва осеб дидани қисмате аз бозор бар асари ҳамлаи паҳподӣ, чандин соҳибкор ва тоҷири тоҷик, ки дар он ҷо ба фаъолияти тиҷоратӣ машғуланд, зарари молӣ дидаанд. Бештари зарар ба нуқтаҳои савдое расидааст, ки дар бахшҳои берунии бозор ҷойгир буданд. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо дар маҷмуъ 17 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳамлаҳои ахирро посух ба ҳамлаҳои Русия алайҳи Украина номида, онҳоро “комилан одилона” арзёбӣ кардааст. Ӯ дар изҳороте гуфт, ки Русия ҳар рӯз ба шаҳрҳо ва зерсохторҳои Украина зарба мезанад ва Киев ҳақ дорад ба ин ҳамлаҳо посух диҳад.

Зеленский инчунин аз шаҳрвандони Русия хост барои хотима бахшидан ба ҷанг ба раҳбарияти кишварашон фишори бештар оваранд. Ба гуфтаи ӯ, идомаи ҷанг ба манфиати як гурӯҳи маҳдуд аст, аммо паёмадҳои он ба тамоми ҷомеаи Русия таъсир мерасонад.

Украина дар моҳҳои охир ҳамлаҳои паҳподии худро ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои нафтии Русия афзоиш додааст. Киев мегӯяд, ҳадафи чунин ҳамлаҳо коҳиш додани имкониятҳои иқтисодӣ ва низомии Русия дар ҷанги зидди Украина мебошад.

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

0

Холматова Гулчеҳра, модари маъюби 58-солаи тоҷик иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.

Гулчеҳра дар тамос ба Azda tv гуфт, ки мушкили онҳо аз замоне оғоз шуд, ки ӯ моҳи июни соли 2013 ҳамроҳи модараш Абдулфаттоева Муҳаббатхон тасмим гирифтанд хонаи истиқоматии худро, ки дар кӯчаи Сино 41, хонаи 113 ошёнаи 16-ум будааст, ба хотири машаққати баромадан ва набудани об бифурӯшанд ва аз ошёнаҳои поёнтар хона бихаранд. Зеро ӯ маъюб аст ва чун лифт ҳам кор намекунад, об ҳам то боло намеравад, ҳар дам баромадан ва то 16-ум ошёна об баровардан барояш хеле сахт аст.

“Вақте хостем хонаро фурӯшем, ба ширкати сохтмонии ҶДММ “Самад-2012” (ҳоло ин ширкат бо номи “Кафолат-КА” фаъолият мекунад) муроҷиат кардем, раҳбари он Холов Анвар Бегиҷонович бо мо шартнома баст, ки хонаи моро мегирад ва дар иваз бо нархи 38 шазор доллар аз маҳаллаи Зафаршон-2, кӯчаи Нусратулло Махсум 10, хонаи 26, ҳуҷраи 19 хона медиҳад. Ва тибқи шартнома мебоист хона дар давоми ду сол бунёд шуда, калид ба мо супурда мешуд. Вале аз ин ҳодиса беш аз 13 сол мегузарад ва то ҳол мо на хонаро ба даст овардам ва на ҳамаи пулро.“, мегӯяд Гулчеҳра.

Ин зани маъюб ҳамчунин афзуд, ки пас аз оғози кашмакашҳои додгоҳӣ байни онҳо ва Холов Анвар, дар ин миён Анвар ду рафиқи худ, Абдулҳаким Шафиев ва Оятулло Истматуллоев, ки кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино 1 ҳастанд, дар миён дароварда, хостанд худи занро гунаҳкор бароранд ва Холов Анварро аз ин мушкилот наҷот диҳанд.

Хонум Гулчеҳра мегӯяд: “Пас аз муроҷиати ману модарам ба пулис, Холов дастгир шуд, вале мақомоти пракуратураи шаҳри Душанбе, аз ҷумла Исматов Ҷӯрабек, Раҳматов Фарҳод ӯро аз боздоштгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гурезонданд.“

Бар асоси нақли ин хонум, ба ҷойи кумак ба ҷабрдидагон, мақомот аз Гулчеҳра ва модараш талаб карданд, ки аз даъвои худ даст кашанд. Ҳатто онҳоро бо силоҳ ва куштан таҳдид кардаанд, ки ҳам даъвояшонро бозпас бигиранд ва ҳам кишварро тарк кунанд. Кор то ҷое расида, ки ба иддаои ин зан, мақомоти додситонӣ зидди ӯ бо моддаҳои 307 ва 189 парвандаи ҷиноӣ боз карда, дар ҳамкорӣ бо ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” муттаҳам карда ва худи Холматова Гулчеҳарора дар пайгарди расмӣ қарор доданд. Ӯ пеш аз дар ҷустуҷӯ қарор гирифтан ба Русия рафтааст.

Ин зани маъюб дар парванда боз шудан бар зиддаш кормандони пулиси ноҳияи Сино 1, Абдулҳаким Шафиев ва Оятулло Исматуллоевро гунаҳкор медонад. Ӯ иддао мекунад, ки ин ду кормандони пулис барои тарсониданаш, ки аз даъвояш даст кашад ва ба кишвар баргардад, ҳатто духтараш Фотимаро таҷовуз кардаанд.

“Ин ду корманди милиса аввал духтарамро дуздиданд ва таҳдид карданд, ки ё духтаратро ба Сурия мефиристем ва ё зиндонаш мекунем. Шафиев Абдулҳаким ва Исматуллоев Оятуллоҳ духтарамро таҷовуз карданд ва баъд бурда зиндонаш карданд.“, мегӯяд ин зани маъюб.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “Моҳи майи соли 2024 духтарам Фотимаро бо иттиҳоми навиштани шарҳ ва гузоштани лайк зер навиштаҳои “Гурӯҳи 24” барои 5 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар ҳоле ки на ман ва на ӯ умуман Инстаграм ва дигар шабкаҳоро истифода намебурдем. Пас аз зиндон шудан вақте модарам барои дидани ӯ рафт, Фотима ҳамро нақл кард, ки дар боздоштгоҳ бо ӯ ин ду пулис чӣ корҳо кардаанд.“

Гулчеҳра мегӯяд, ҳатто моҳи марти соли 2022 бо даъват ва тавсияҳои Шафиев ба Додситони кулли кишвар номаи изҳори пушаймонӣ навиштам ва аз кори накардаам бахшиш пурсидам, вале боз ҳам онҳо даст аз сари ману фарзандонам набардоштанд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунад, танҳо ду духтари дугоник ва як модар дорад, ки солҳо дар бемористон кор кардааст. Ба иддаояш, ҳатто ӯро пулиси Русия низ ба хотири дар ҷустуҷӯ будан боздошт карда, вале боз раҳо кардааст. Иддаои ягонаи ӯ ин аст, ки қиссаи ӯ ба гӯши мақомоти баландпояи кишвар бирасад ва ба доди ӯ ва фарзандоша бирасанд.

Azda tv назари ҷониби дигарро надорад ва наметавонад мустақилона даъвоҳои зикршударо тасдиқ ва ё рад кунад. Вале омодааст дар сурати вокуниши ҷониби дигари қазия онро низ нашр кунад.

Аврупо бар зидди муҳоҷирон сахтгиртар мешавад

0

Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 17-уми июн қонуни наверо тасвиб кард, ки тағйироти сахтгиронатаре дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳод дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои расонаҳои аврупоӣ, ҳадафи асосии қонуни нав ихроҷи муҳоҷироне, ки ҳаққи қонунии иқомат дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро надоранд. Ва инчунин суръат бахшидан ба раванди таҳқиқи парвандаҳо ва назорат бар муҳоҷиратро шадидтар мекунад.

Хабаргузории Euronews гузориш дод, ки қонуни нав ба давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо иҷозат медиҳад, барои нигаҳдорӣ ва бозгардондани муҳоҷирон аз марказҳои махсус дар кишварҳои берун аз Иттиҳод истифода баранд. Ин иқдом, ки аз ҷониби ҷонибдоронаш роҳи муассири мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ арзёбӣ мешавад, аз ҳамакнун бо вокунишҳои густардаи созмонҳои ҳуқуқи башар рӯбарӯ шудааст.

Тибқи муқаррароти нав, муҳлати боздошти муҳоҷироне, ки бояд ихроҷ шаванд, метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад. Ҳамчунин мақомот дар баъзе ҳолатҳо салоҳияти бештар барои ҷустуҷӯи манзил ва амволи афродеро пайдо мекунанд, ки дар бораи иқомати онҳо шубҳа вуҷуд дорад.

Ҳамзамон хабаргузории Reuters гузориш медиҳад, ки ин тағйирот дар пасманзари афзоиши нигарониҳо аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва боло рафтани нуфузи ҳизбҳои ростгаро ва зиддимуҳоҷиратӣ дар чанд кишвари аврупоӣ қабул шудааст. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, қонунҳои ҷории муҳоҷиратӣ чандон самаранок нестанд, чун бахше аз афроде, ки бояд аз қаламрави Иттиҳод хориҷ шаванд, вале дар чорчӯби ин қонунҳои ҷорӣ бозгардонда мешаванд.

Дар муқобил, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва бархе намояндагони ҷиноҳи чапи Парлумони Аврупо аз қонун интиқод карда, ҳушдор додаанд, ки он метавонад боиси маҳдуд шудани ҳуқуқҳои паноҳҷӯён ва муҳоҷирон гардад. Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид низ пештар аз эҳтимоли “ғайриинсонӣ шудани муносибат бо муҳоҷирон” изҳори нигаронӣ кардааст.

Тасвиби ин қонун ҳамагӣ чанд рӯз пас аз мавриди иҷро қарор гирифтани Паймони нави муҳоҷират ва паноҳандагии Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Коршиносони ҳуқуқӣ бар ин назаранд, ки маҷмуи ин тадбирҳо аз тағйири рӯйкарди Аврупо ба сӯи сиёсати муҳоҷирати сахтгиронатар дарак медиҳад.

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит аз шиканҷа шудани ӯ дар зиндон хабар медиҳанд

0

Ҳамсар ва ду хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ – собиқ ҲНИТ) аз вазъи саломатӣ ва шароити нигаҳдории ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Маҳмадлӣ Ҳайит зимни мулоқоти ахираш аз шиканҷа ва бадрафторӣ дар маҳбас шикоят кардааст.

Ба гуфтаи Гулбибӣ Ҳайитова, хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит, ӯ рӯзи 2-уми июн ҳамроҳ бо хоҳари дигар ва ҳамсари Ҳайит дар зиндон бо ӯ мулоқот кардааст. Ба гуфтаи вай, бародараш гуфтааст, ки маъмурони зиндон ӯро шиканҷа мекунанд ва ҳатто дар фасли сармо ӯро бараҳна дар рӯйи барф нигоҳ дошта, латукӯб мекардаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, баъдан Ҳайитро дар об нигоҳ дошта, барои ду ҳафта ба ҳуҷраи ҷазоӣ (карсер) мефиристанд.

Хоҳари Ҳайит ҳамчунин гуфтааст, ки бародараш қаблан низ мавриди латукӯб қарор гирифта, сараш захмӣ ва пардаи гӯшаш осеб дидааст. Ба гуфтаи наздиконаш, маъмурони зиндон ҳангоми санҷишҳои ҳаррӯза ӯро таҳқир намуда, дар бораи Муҳиддин Кабирӣ, раиси НИТ савол медиҳанд.

Хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳайит танҳо дар шаш моҳ як бор ҳаққи мулоқот бо ӯро доранд ва он ҳам аз пушти шиша ҳадди аксар ба муддати ду соат.

Назари мақомоти масъул дар робита ба шиканҷа ва озори ин зиндонии сиёсӣ маълум нест. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, нисбати Маҳмадалӣ Ҳайит ягон амали ғайриқонунӣ анҷом дода намешавад ва муносибат бо ӯ дар доираи қонун сурат мегирад.

Амом Фирӯзи Ҳайит, фарзанди ин маҳбуси сиёсӣ рӯзи панҷшанбе дар суҳбат бо Azda tv шиканҷа шудани падарашро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки он маълумоте, ки дар робита ба шиканҷа шудани падарш дар расонаҳо нашр шуда, камтарини шиканҷаҳое аст, ки падараш мебинад. Дар асл фишору таҳқир ва шиканҷа нисбати ин зиндонии сиёсӣ хеле зиёд аст.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмадалӣ Ҳайит соли 2015 ҳамроҳ бо дигар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуд. Соли 2016 ӯ дар мурофиаи пушти дарҳои баста бо 14 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардид. Мақомот ӯро ба терроризм ва талоши ғасби қудрат айбдор донистаанд, аммо наздиконаш ин иттиҳомҳоро сиёсӣ ва беасос меҳисобанд.

Созмони Милали Муттаҳид ва чандин созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар дар солҳои гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Маҳмадалӣ Ҳайит ва дигар аъзои зиндонии НИТ озод карда шаванд. Аз ҷумла, Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Ҳайитро ғайриқонунӣ арзёбӣ намуда, озодии фаврӣ ва бечунучарои ӯро талаб карда буд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин дархостҳоро нодида мегиранд.

Трамп ва Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ИМА ва Эронро имзо карданд

0

Президенти Амрико Доналд Трамп ва президенти Эрон Масъуд Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ду кишварро имзо кардаанд. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ ва эронӣ хабар медиҳанд.

Кохи Сафед навореро нашр кард, ки дар он лаҳзаи имзои санад аз ҷониби Доналд Трамп дида мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, маросими имзогузорӣ дар ҳошияи зиёфате дар Қасри Версали Фаронса баргузор шудааст. Дар навор инчунин президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва вазири корҳои хориҷии ИМА Марко Рубио ҳузур доранд.

Чанд дақиқа пас аз нашри ин навор, хабаргузории давлатии Эрон — ИРНА — аксеро аз Масъуд Пизишкиён мунташир кард, ки ӯ низ нусхаи имзошудаи тафоҳумномаро дар даст дорад. Дар акс имзои Доналд Трамп низ дида мешавад.

Ҳамзамон, ҳар ду тараф ҷузъиёти тафоҳумномаро низ расман нашр карданд. Тибқи матни санад, Эрон ва Амрико мувофиқат кардаанд, ки масъалаи захираҳои маводи ғанишудаи ҳастаии Эрон таҳти назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳаллу фасл шавад. Ду кишвар ҳамчунин уҳдадор шудаанд, ки музокиротро барои расидан ба як созишномаи ниҳоӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон идома диҳанд.

Бар асоси тафоҳумнома, то замони дастёбӣ ба созишномаи ниҳоӣ Эрон вазъи кунунии барномаи ҳастаии худро нигоҳ медорад ва Иёлоти Муттаҳида аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нави зидди Теҳрон худдорӣ мекунад. Ҳамчунин Вашингтон ваъда додааст, ки барои содироти нафти Эрон ва анҷоми муомилоти марбут ба он иҷозатномаҳои зарурӣ содир мекунад.

Дар санад инчунин пешбинӣ шудааст, ки дороиҳо ва маблағҳои масдудшудаи Эрон тадриҷан озод гардида, барои истифодаи Теҳрон дастрас карда шаванд. Барои назорат бар иҷрои тафоҳумнома ва омодасозии созишномаи ниҳоӣ низ механизми муштараки назоратӣ таъсис дода мешавад.

Тибқи яке аз бандҳои санад, созишномаи ниҳоии эҳтимолӣ бояд баъдан бо қатъномаи ҳатмии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шавад.

Нозирон ин санадро як қадами муҳим дар роҳи коҳиши танишҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон арзёбӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҷузъиёти бештар ва тартиби амалисозии бандҳои тафоҳумнома ҳанӯз мавзуи баҳс ва музокироти минбаъда боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол субҳи рӯзи панҷшанбе расонаҳои давлатии Тоҷикистон ва Эрон аз ирсоли паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Пизишкиён дар робита ба имзои санади тафоҳум байни Вашингтон ва Теҳрон хабар доданд. Эмомалӣ дар номааш Пизишкиёнро барои ба даст омадани тафоҳум табрик намудааст. Ҳамзамон Эмомалӣ бо ирсоли нмоа ба раҳбарони кишварҳои Амрико, Покистон ва Қатар онҳоро низ табрик гуфтааст.

Амрико ва Эрон дар остонаи имзои созишнома 14-бандӣ

0

Интизор меравад, ки Амрико ва Эрон рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ дар Швейтсария як ёддошти тафоҳуми 14-бандиро имзо кунанд, ки метавонад ба ҷанг миёни ду кишвар поён бахшида, роҳи музокироти 60-рӯзаро барои дастёбӣ ба як созишномаи фарогир ҳамвор кунад.

Ба гузориши Bloomberg News, ки ба пешнависи ин санад даст ёфтааст, ҳарду ҷониб бо имзои ин ёддошт поёни фаврӣ ва доимии ҷангро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнон, эълом хоҳанд кард. Дар ин санад ҳамчунин таъкид шудааст, ки Теҳрон ва Вашингтон аз ин пас аз ҳар гуна иқдоми душманона, таҳдид ё истифодаи нерӯ алайҳи якдигар худдорӣ хоҳанд кард.

Тибқи пешнавис, ду кишвар уҳдадор мешаванд, ки ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии якдигар эҳтиром гузошта, ба корҳои дохилии ҳамдигар дахолат накунанд. Ҳамзамон, барои расидан ба як созишномаи ниҳоӣ давраи музокироти ҳадди аксар 60-рӯза пешбинӣ шудааст, ки бо ризоияти тарафайн метавонад тамдид шавад.

Дар бахши амниятӣ ва низомии санад омадааст, ки Иёлоти Муттаҳида фавран пас аз имзои ёддошт муҳосираи баҳриро бекор намуда, ҳаракати киштиҳоро дар муддати 30 рӯз ба сатҳи пеш аз ҷанг барқарор мекунад. Ҳамчунин Вашингтон уҳдадор мешавад, ки дар давоми 30 рӯз пас аз имзои созишномаи ниҳоӣ нерӯҳои худро аз минтақаҳои атроф хориҷ кунад.

Аз ҷониби дигар, Эрон низ вазифадор мешавад, ки ҳаракати киштиҳои тиҷоратиро байни Халиҷи Форс ва баҳри Уммон ба сатҳи пеш аз ҷанг баргардонад ва барои бартараф кардани монеаҳои техникӣ ва поксозии минаҳо иқдом кунад.

Яке аз муҳимтарин бахшҳои ин ёддошт ба иқтисоди Эрон марбут аст. Тибқи санад, Амрико ва шарикони минтақавии он нақшаи фарогири бозсозӣ ва рушди иқтисодии Эронро таҳия хоҳанд кард, ки ҳадди ақал 300 миллиард доллар маблағгузорӣ барои он пешбинӣ шудааст.

Дар масъалаи таҳримҳо, Вашингтон уҳдадор мешавад, ки тамоми таҳримҳои алайҳи Эрон, аз ҷумла таҳримҳои якҷонибаи ИМА ва маҳдудиятҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии байналмилалии энержии атомиро тибқи ҷадвали муайян бекор кунад. То замони лағви пурраи таҳримҳо, Вазорати хазинадории ИМА барои содироти нафти хоми Эрон, маҳсулоти нафту кимиё ва тамоми хизматрасониҳои вобаста иҷозатномаҳои махсус содир хоҳад кард.

Дар бахши ҳастаӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон бори дигар таъкид кардааст, ки ҳеҷ гоҳ силоҳи ҳастаӣ истеҳсол нахоҳад кард. Ҳамзамон масъалаи сарнавишти захираҳои урании ғанишуда ва дигар масъалаҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон дар созишномаи ниҳоӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Тибқи пешнавис, дар ҷараёни музокироти 60-рӯза Эрон аз густариши фаъолияти ҳастаии худ, аз ҷумла афзоиши сатҳи ғанисозии уран, худдорӣ мекунад ва Амрико низ таҳримҳои нав ҷорӣ намекунад ва ҳузури низомии худро дар минтақа тақвият намебахшад.

Дар сурати пешрафти музокирот ва иҷрои уҳдадориҳои тарафайн, тақрибан 24 то 25 миллиард доллар аз дороиҳои масдудшудаи Эрон тадриҷан озод шуда, дар ихтиёри Теҳрон қарор хоҳад гирифт.

Бо вуҷуди нашри ин пешнавис, то кунун мақомоти расмии Амрико ва Эрон дар бораи муҳтавои он изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки оё ин санад дар шакли кунунӣ рӯзи 19-уми июн ба имзо хоҳад расид ё дар ҷараёни музокирот тағйир хоҳад ёфт.