Хона блог саҳифа 346

Додгоҳи олӣ беш аз 100 помириро бо ду парванда зиндонӣ кард

0

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз анҷоми парвандаҳои вобаста ба ҳодисаҳои Бадахшон дар соли 2022 хабар дод.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯз 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ниҳоди зери раҳбарияш ду парванда нисбати иштирокдорони ҳодисаҳои охир дар Бадахшонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар парвандаи якум барои 77 нафар ва дар парвандаи дуюм барои 32 нафар ҷазо таъйин шудааст.

Шоҳиён муътаризони Бадахшонро “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятии Хоруғу Рӯшон” номида, гуфт ҳар кас тибқи ҷинояти содиркардааш мувофиқи талаботи қонуни кишвар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз 1-2 сол то умрбод равонаи зиндон гардиданд.

Раиси Додгоҳи олӣ илова кард, ки дар ин бора маълумоти муфассал пешниҳод карда наметавонад, чун ба парвандаҳо муҳри махфӣ зада шуда, мурофиаҳои додгоҳӣ пушти дарҳои баста баргузор гардидааст. Шоҳиён сабаби махфӣ будани парвандаҳоро, чунин шарҳ дод, ки гӯё ҳодисаҳои дар Бадахшон суратгирифта характери таҳдид ба амнияти давлату мардум ва сохти конститутсионии кишварро доштаанд.

Шоҳиён дар ин нишаст аз филмҳои сохтаи мақомот ва “эътироф”-и чанд фаъоли помирӣ, ки зери азобу шиканҷа гирифта шудаанду дар телевизионҳои давлатӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ёдовар шуд.

Раиси Додгоҳи олӣ раҳбарони мардумии Бадахшонро ба он муттаҳам кард, ки гӯё солҳои дароз бо мақсади ноором кардани Тоҷикистон аз ҷониби “хоҷагони хориҷӣ” ва аз мухолифин, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, маблағгузорӣ шудаанд. Аммо Шоҳиён дар нишаст номи щеч зодаи Бадахшонро нагирифт ва нагуфт, ки хоҷаи хориҷӣ ва хоин гуфта, киро дар назар дорад.

Инчунин Шоҳиён иддао кард, ки дар ҳодисаҳои ахири Бадахшон, ба қавли худаш, гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба куштори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бастани роҳи байналмилалии Тоҷикистон-Чин, манъ кардани фаъолияти босуботи мақомотҳои давлатӣ ва зери фиребу фитна ба майдон баровардани сокинон, даст задаанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар охир гуфт, ки дар ин бора дигар зарурати шарҳу тавзеҳи иловагие нест ва ба иддаои ӯ, ҳоло мардуми Бадахшон “бисёр озодона” ба кору зиндагии худ идома дода истоданду гуруҳҳои ҷиноятӣ ба ҳадафҳояшон, ки ноором кардани Тоҷикистон буд, нарасиданд.

Ин бори аввал нест, ки Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолони помириро саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятиву ҷинояткор меномад. Ба иттилои бархе аз огоҳони умур дар ҳодисаи Бадахшон, худи мақомот даст ба ҷиноят зада, помириҳоро қатлу зиндонӣ кард ва бо ин роҳ боқимонда озодандешонро саркӯб кард. Ҳатто созмонҳои ҷаҳонӣ нафаронеро, ки Шоҳиён ҷинояткор меномад, бегуноҳ дониста, озодии онҳоро талаб доранд.

Зиёда аз 42 ҳазор нафар қурбонӣ дар Сурияву Туркия

0

Омроҳои расмии Туркия ва Сурия нишон медиҳанд, ки шумори қурбониёни ҳодисаҳои заминларза дар ин кишварҳо аз марзи 42 ҳазор гузашт.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 16-уми феврали соли 2023 шумори ҷонбохтагон дар Сурия ба беш аз 5 ҳазору 840 нафар ва дар Туркия бошад, ин теъдод ба 36 ҳазору 187 нафар расидааст.

Бар асоси ҳамин оморҳои расмӣ, теъдоди маҷруҳон дар Туркия ба беш аз 90 ҳазор ва дар Сурия аз марзи 10 ҳазору 58 нафар убур кардааст. Аммо дар бораи теъдоди онҳое, ки беному нишон зери вайронаҳо боқӣ мондаанд, то ҳол омори дақиқе вуҷуд надорад.

Тибқи ин гузоришҳо, дар ҳоле теъдоди маҷруҳон аз марзи 100 ҳазор нафар убур карда, ки ҳамоно пасларзаҳо дар ин минтақа идома дорад ва садҳо ҳазор нафар хонаву кошонаҳои худро тарк карда, ба кӯчаву хиёбонҳо ва дигар манотиқи амн кӯч бастаанд.

ٍМақомоти Туркия эълон кардаанд, ки дар манотиқи осебдида аз ин заминларзаҳои шадид зиёда аз 50 ҳазор бино, аз ҷумла хонаҳои баландошёна дар маърази хатар қарор доранд ва бояд фавран вайрон карда шаванд, то болои сари сокинон чапа нашаванд.

Бо вуҷуди ирсоли кумакҳо ба зарардидаҳо дар шимоли Сурия аҳволи мардуми осебдида то рафт бадтар мешавад, зеро ин заминҷларзаҳои вайронгар шароити зиндагии сокинони ин минтақаи ҷангзадаро, ки солҳост дар муҳосираи артиши Русияву Сурия қарор доранд, бадтар кардааст.

Аксари зарардидаҳои Сурия бар хилофи оворагони Туркия аз онбу ғизо танқисӣ мекашанд. Гуфта мешавад, аҳволашон то рафт дар ин рӯзҳо бадтар шудааст. Зиёда аз 90 дарсади кумакҳои хориҷӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ низ ба қавли Аларабӣ, ба дасти низоми Башшор Асад мерасанд, на ин ки мардуми зарардида дар шимоли Сурия.

Гуфта мешавад, дар ҳоле ки ин хабар таҳия мешуд, аз Қаҳрамонмараш, маркази зилзилаҳои ахир дар Туркия хабар расид, ки баъди 11 рӯз гурӯҳҳои наҷот як духтари 17-соларо пас аз гузашти 248 соат аз вуқуи ҳодиса зинда аз зери вайронаҳо наҷот доданд ва ӯро барои табобат ба бемористон фиристоданд. Гурӯҳҳои наҷот зинда мондани ин навраси 17-соларо яке аз муъҷизаҳо дар ин ҳодиса мегӯянд.

Додгоҳи олӣ: шикояти Пирмуҳаммадзода тасдиқи худро наёфт

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар бораи шиканҷа шуданаш “тасдиқи худро наёфт”.

Додраси Додгоҳи олии кишвар Абдуқаҳҳор Тағозода 16-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки пас аз шикояти Пирмуҳаммадзода дар бораи шиканҷа шуданаш ҳангоми бозпурсӣ, барои таҳқиқи он Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор қабул кард, ки додситонӣ шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро санҷад. Аммо, ба гуфтаи Тағозода, “дар ҷараёни санҷиши додситонӣ шикояти Пирмуҳаммадзода дар бораи шиканҷа “тасдиқи худро наёфт.””

Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ирсоли номае аз зиндон шикоят карда буд, ки зери азобу шиканҷа ва фишори равонии мақомот иттиҳомоти онҳоро “эътироф” кардааст.

Пирмуҳаммадзода дар номаи худ, ки онро Радиои Озодӣ нашр кард, мегӯяд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.

Ба гуфтаи як коршиноси масоили ҳуқуқӣ, ки аз низоми додгоҳии кишвар огоҳ аст, “ҳеч вақт парвандае, ки супоришӣ бошаду бар илова иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мухолифон зада бошанд, мунсифона тафтишу баррасӣ намешавад ва дар ин парвандаҳо шиканҷа хеле зиёд ҷой дорад, бе шикоят ҳам инро мақомоти болоӣ худашон хуб медонанд.”

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола сокини шаҳри Ваҳдат буда, мақомоти Тоҷикистон ӯро 8-уми июли соли 2022 дар ин шаҳр боздошт карданд. Мақомот ӯро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мухолифин айбдор карда, 26-уми декабри соли гузашта ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти кишвар пеш аз ӯ чанд рӯзноманигори дигарро, ки дар наворҳои худ аз мушкилоти ҷомеа мегуфтанд, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ Улфатхоним Мамадшоева ва дигаронро боздошт ва баъдтар ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Барандаи $1 млн ёфт шуд

0

Барандаи 1 миллион доллари лотереяи “Dubai Duty Free Millennium Millionaire”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ меҷустанд, ёфт шуд.

1-уми феврали соли ҷорӣ дар терминали 2-юми Фурӯдгоҳи байналмилалии Дубай, бузургтарин фурӯдгоҳи ҳавоии Имороти Муттаҳидаи Араб, қуръакашии 413-уми “Duty Free Millennium Millionare” баргузор шуда, ки дар он соҳиби ҷоизаи асосӣ – $1 млн зодаи Тоҷикистон Абдувалӣ Аҳмадалӣ гашт.

Хабаргузории “Gulf News” он замон хабар дода буд, ки Аҳмадалӣ ҳанӯз аз худ хабар надода, чиптаи лотереяи бурдноки рақами 4226-ро рӯзи 16-уми январ тавассути интернет харидорӣ кардааст.

Баъд аз нашри ин хабар шабакаҳои иҷтимоии тоҷик онро бознашри густарда карданд, корбарон барандаи 1 миллион долларро меҷустан ва нимшухиву нимҷиддӣ менавиштанд, ки “Дар Тоҷикистон сокинон Абдувалӣ ва пиёзро кофта истодаанд”.

Аммо дере нагузашта акси ин зоддаи Тоҷикистон бо ҷоиза дар даст нашр шуд.

Бино ба иттилои your.tj. Абдувалӣ Аҳмадалии 31-сола зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд буда, аз соли 2007 дар Дубай зиндагӣ мекардааст. Абдувалӣ донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва узбекӣ буда, аз рӯи ихтисос барномасоз-иқтисодчӣ мебошад ва дар caromoto.com – “сервиси” харидани мошинҳо аз ИМА, кор мекунад.

Худи Абдувалӣ Аҳмадалӣ дар суҳбат бо your.tj гуфтааст, ки ин аввалин миллиони ӯ нест ва аллакай тасмим гирифтааст, ки онро чӣ гуна сарф мекунад, аммо намехоҳад дар ин бора чизе бигӯяд.

Лотореяи “Dubai Duty Free Millennium Millionaire” аз соли 1999 инҷониб идома дорад ва ҳамасола бо фосилаи 2-3 ҳафта дар маҷмааи савдои “Dubai Duty Free” гузаронида мешавад.

Нархи як чипта 1000 дирҳами арабӣ (278 доллар) буда, дар шумораи чиптаҳое, ки ҳар як мусофир харида метавонад, маҳдудият вуҷуд надорад.

Дар баробари 1 $млн ширкаткунандагон метавонанд соҳиби дигар ҷоизаҳо низ гарданд.

Инчунин, дар қуръакашии рӯзи 1 феврал дар лотереяи “Dubai Duty Free Millennium Millionaire”  Ясас Налин Патирана аз Шри-Ланка барандаи мотосикли тамғаи “BMW R nineT Pure” ва тоҷири ҳиндустонӣ Амит Сараф соҳиби мошини гаронбаҳои “Mercedes Benz S500” шуданд. Амит Сараф 20-уми январи соли 2021 барандаи $1 млн шуда буд.

Дар Тоҷикистон техникаҳои низомии артиш навсозӣ мешаванд

0

Дар шаҳри Душанбе ҷасалаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, аз ҷумла раҳбарони сохторҳои қудратӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 16-уми феврали соли 2023, дар шаҳри Душанбе “ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти кишвар доир ба масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат ва суботу оромии ҷомеа баргузор гардид.”

Ба қавли манбаъ, дар ин ҷаласа бар иловаи Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дар бораи “вазъи воқеии таъмини амният ва суботу оромӣ дар кишвар ҳисобот додааст.”

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои низомӣ супориш дода, ки “навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳро тезонида, 70 иншооти инфрасохтори сарҳадӣ, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадиро, ки бунёд шуда истодаанд, бо тамоми таҷҳизоту шароити зарурӣ соли ҷорӣ ба истифода супоранд.”

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа, ки “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” мавриди баррасӣ қарор гирифт, дар бораи маблағгузории терроризм ва пешгириву ошкор намудани омилҳои он низ баҳс шудааст.

Ҳамзамон, “ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки назорати риояи қонунгузориро дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, хусусӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳангоми пешбурди амалиётҳои бонкӣ пурзӯр намояд.”

Чаро шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар давоми як сол хароб шуд?

0

Шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, ки охири моҳи октябри соли 2021 бо ҳузури Президент, Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд, аллакай хароб шуда, бо сифати паст сохта шуданаш маълум шудааст.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Умеда Шодмонӣ

Як корбар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи

Ҳамзамон дар зери ин пост Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик навишта, “масъалаи асосӣ ин аст, ки чаро ин лоиҳаи гаронарзиш бо сифати паст анҷом шудааст?

Ин дар ҳолест, ки 29-уми октябри соли 2021 роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар бо иштироки худи Эмомалӣ Раҳмон ифтитҳо шуд ва расонаҳои давлатӣ аз сифати ин роҳ тавсифи хеле зиёд карда буданд.

Он шабу рӯз дафтари матбуоти раёсатҷумҳур навишт, ки “марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузаронида шуд. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.”

Тибқи иттилои расмии дафтари матбуоти раисҷумҳур, шоҳроҳи мазкур бо харҷи наздики 97 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, дар тармим ва сохтани ин роҳ “наздики 400 нафар кормандону мутахассисони тоҷик ва 50 мутахассиси хориҷӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ” ширкат кардаанд.

Вале сокинони кишвар мепурсанд, ки чаро бо вуҷуди масрафи маблағҳои ҳангуфт ва ширкати мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ, роҳ ин қадар бесифат сохта шудааст?

Нахустин таъзияи Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли раҳбариаш

0

Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 сол боз Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, бори аввал ба мардуми кишвар расман таъзия баён кард. Вале хеле аз бадахшониҳо ба содиқ будани ӯ дар ин изҳори ҳамдардӣ шубҳа доранд.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми дирӯз, 15-уми феврали соли 2023 Президенти Тоҷикистон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон телефонӣ суҳбат карда, аз аҳволи мардум ва вазъияти буҳронӣ, ки боиси кушта ва захмӣ шудани наздик ба 30 нафар гардид, дар минтақа огоҳ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз суҳбат кардан бо Алишер Мирзонабот дар умри 30 соли раҳбариаш бори аввал дар чанд ибора ба сурати расмӣ ба ворисони қурбониёни ҳодисаи тармафароӣ изҳори ҳамдарӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, “Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият карданд.”

Ин ҳадмардии Президенти Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони кишварамон он қадр хушку холӣ ва ба дур аз самимият содир шудааст, ки ҳатто ҳеч ному нишоне дар бораи маҷруҳшудагон ва аҳволи онҳо вуҷуд надорад.

Гуфта мешавад, ин изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми шарифи Бадахшон, ки тобистони соли гузашта бо амри худаш ҳудуди 70 нафари онҳоро дар чанд маврид бархе кормандони мақомот қатли ом карда, садҳо каси дигарро боздошту зиндонӣ ва аз ин теъдод бештарро ҳам аз ватан фирорӣ дод, ашки тимсоҳро мемонад.

Агар ба фарзи мисоли ин изҳори тасалии Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ҳаққи бадахшониҳо гуфтааст, бо дигар изҳороти ҳамдардии ӯ муқоиса кунем, замин то осмон фарқ мекунад. Барои мисол, дар охирин изҳороташ ба ҳамтоёни покистонӣ ва суряигиаш ва пеш аз он низ ба ҳамтоёни чинӣ, индонезиягӣ, эронӣ, кореягӣ ва ғайра аз ин ибораҳо кор гирифта “боиси андӯҳи беандозаи мо гардид” ва “хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем.”

Тибқи охирин оморҳо дар ҳодисаҳои тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дасти кам 16 нафар ҷон бохтаасту беш аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст ва корҳои наҷотдиҳии онҳое, ки беному нишон шудаанд, идома дорад.

Амруллоҳи НИЗОМ махсус барои Azda tv

Қурбониёни тарма дар Бадахшон ба 16 нафар расид

0

Бино бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал иттилоъ дод, ки бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ 4 хона пурра зери барф монда, 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман хароб шудаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар байни кушташудаҳои шаҳри Хоруғ 2 кӯдаки то 2-сола низ будааст.

Гуфта мешавад, инчунин 15-уми феврал дар ҷамоати деҳоти Техаври ноҳияи Ванҷи ВМКБ тарма фаромада, як сокини 30-солаи деҳаи Садвади ҷамоати мазкур зери тарма монда ҷон бохтааст.

Ба иттилои КҲФ, худи бегоҳи рӯзи 15-уми феврал ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ки мехостанд ба ҷанозаи қурбонии тарма дар деҳаи Садвад иштирок кунанд, онҳо низ дар роҳ зери тарма монда, якеаро наҷот доданду дуюмиро то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

Худи ҳамон рӯз низ “дар киломатри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб тарма як ронандаи 47-соларо ба ҳалокат расонд.” Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз дохили мошини зеритармамонда берун оварданд.”

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки “бино ба пешгӯии ҳавошиносон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар то 19-уми феврал боқӣ мемонад.” Ва аз сокинони кишвар хоста шуда, ки дар ин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ бидуни зарурат сафар накунанд.

Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Инглистон

0

Баҳори соли ҷорӣ нахустин “Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир” дар пойтахти ин кишвар баргузор мегардад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки нахустин “Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир” рӯзҳои 28 ва 29-уми марти соли 2023 дар шаҳри Лондон, пойтахти Британия баргузор мегардад.

Ба қавли манбаъ, ин масъала имрӯз, 15-уми феврали соли 2023 дар мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот “ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир роҷеъ ба соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок табодули назар намуданд.”

Тоҷикистон дар соли гузашта наздики $500 млн сармоя ҷалб кардааст

0

Соли 2022 Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағи 430 миллон доллар сармояи хориҷӣ бо ҳадафи рушди иқтисоди кишвар ҷалб кардааст.

Дар ин бора рӯзи 14-уми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

Қодирзода мегӯяд: “Соли 2022 аз Чин, Туркия, Русия ва дигар кишварҳо ба маблағи тақрибан 430 миллион доллар сармояи мустақим ҷалб шудааст.”

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, аз ин миқдори сармояҳои ҷалбшуда, 85% ба истихроҷи маъдан, 13% ба истеҳсолот ва коркарди ашёи гуногун ва 1,7% ба сохтмон ва дигар соҳаҳо нигаронида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 72 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи қариб 4 миллиард доллар амалӣ шуда, дар соли 2022 бо шарикони рушд 21 созишномаи нав дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 717 миллион доллар ба имзо расид.

Қодирзода инчунин мегӯяд, бо баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия созишномаҳои бузурги сармоягузорӣ ҷараён дорад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз созишномаҳои бузурги сармоягузорие, ки байни Тоҷикистону Русия дар моҳи сентябри соли 2022 баста шуда буд, созишномаи миёни Тоҷикистон ва ҶСК “БТК Групп” мебошад, ки тибқи он бунёди корхонаи муштараки дӯзандагии Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон дар назар аст.

“Маблағи ин созишнома беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад”, – мегӯяд Қодирзода. Ба гуфтаи ӯ, инчунин корҳо барои ба имзо расидани созишномаҳо бо Русия дар соҳаи истихроҷи маъдан, бонкдорӣ ва дигар соҳаҳо идома доранд.

Тоҷикистон кишвари Русияро шарики асосии тиҷоратии худ медонад. Тибқи оморҳои расмӣ, гардиши савдои хориҷии ду кишвар дар соли 2022 бештар 1 миллиарду 670 миллион долларро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2021 қариб 24% бештар аст.