Хона блог саҳифа 345

Шоҳрух рутбаи нав гирифт

0

Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо нафар аз кормандони мақомоти қудратии кишварро бо рутбаҳои нав ва ордену дигар мукофотҳо сарфароз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 21-уми феврали соли 2023 ба муносибати 30-солагии таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо нафар аз сарбозону афсарони кишварро бо рутбаҳои нав, орденҳо ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ кард.

Дар байни онҳое, ки рутбаҳои баландтар гирифтанд, Шоҳрух Саидзода, писари Абдулфаттоҳ Ғоибов ҷавонтарин намояндаи мақомоти қудратӣ мебошад, рутбаи генерал-майори милитсияро соҳиб шуд.

Ин писари Абдулфаттоҳ Ғоибов аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, писарбузури Президенти Тоҷикистон аст. Падараш Абдулфаттоҳ Ғоибов, собиқ раиси Хадамоти гумрук ҳам дар гузашта дар командаи Эмомалӣ Раҳмон буд ва яке аз вафодортарин мансабдорон ба ин хонавода дониста мешуд.

Гуфта мешавад, Шоҳрух Саидзода, соли 2012 ба сафи мақомоти қудратӣ пайваст ва дар Вазорати корҳои дохилӣ хеле тез “рушд” кард. Вай аз соли 2017 ба ин сӯи сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

Дар давраи раҳбарии ӯ дар ин ниҳод садҳо нафар аз фаъолон ва мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муҳоҷират ба сар мебаранд, бо баҳонаҳои мухталиф дар Русия ва дигар кишварҳо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Мушкилоти шоҳроҳи Душанбе-Бохтар бартараф карда мешавад?

0

Баъд аз шикояти сокинон Вазири нақлиёти кишвар ба дидани шоҳроҳи Душанбе-Бохтар рафт ва ба зердастонаш дастур дода, ки мушкилоти ин роҳро муайян ва бартараф кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи

Аммо сокинони кишвар хароб шудани ин шоҳроҳро бо сифати паст сохта шуданаш ва ба дуздӣ шудани қисме аз пулҳои ҷудошуда рабт медиҳанд.

Пештар Azda.tv бо нашри чанд аксу гузорише аз хароб шудани ин шоҳроҳ хабар дода буд.

Ёдовар мешавем, ки бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар се марҳила сурат мегирад. Ду қисмати аввали роҳ пас аз бозсозӣ 29-уми октябри соли 2021 бо иштироки худи Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд ва расонаҳои давлатӣ аз сифати хуб доштани ин роҳ гузориш дода буданд.

Тибқи иттилои расмии дафтари матбуоти раисҷумҳур, шоҳроҳи мазкур бо харҷи наздики 97 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, дар тармим ва сохтани ин роҳ “наздики 400 нафар кормандону мутахассисони тоҷик ва 50 мутахассиси хориҷӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ” ширкат кардаанд.

Айни замон аз ҳисоби гранти ҳукумати Ҷопон ба маблағи 30,1 миллион доллари ИМА марҳилаи сеюми лоиҳаи бозсозии ин шоҳроҳ аз Қизилқалъа то Бохтар, 9,2 километр дарозӣ дорад, бозсозӣ шуда истодааст.

Як мухолифи тоҷикро дар Русия боздошт карданд

0

Мақомоти Русия як “блогер” ва “мухолиф”-и 36-солаи тоҷикистониро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст, боздошт карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии шаҳри Санкт-Петербурги Русия 20-уми феврали соли ҷорӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро тақрибан соатҳои 11:30 дар ҳудуди кӯчаи “Моисеенко”-и ин шаҳр боздошт карданд.

Ба иттилои расонаҳо, боздоштшударо мақомоти Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2020 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода будаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон нисбати ин мард “бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукумат” ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ” парванда боз кардаанд.

Ин зодаи Тоҷикистон дар Русия қонунӣ зиндагӣ доштааст. Ӯро ба идораи пулис бурда, мақомоти тоҷикро дар бораи дастгир шуданаш огоҳ кардаанд.

Мақомоти Русия ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистонро фош накардаанд, аммо расонаҳои ин кишвар  аз ӯ “блогер” ва “мухолиф” ном мебаранд.

Azda.tv ҳувияти ин зодаи Тоҷикистонро маълум карда натавонист. Бо пайдо шудани иттилои нав хабар такмил мешавад.

Дар чанд соли охир мақомоти рус дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷикашон даҳҳо фаъол ва мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмонро боздошт ва иҷборан аз хоки Русия ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд, ки аксари онҳо дар кишвар бо шиканҷа рӯ ба рӯ шуда, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардидаанд.

Тақдими кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Сурия

0

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон ба мардуми осебдида аз заминҷунибҳои ахир дар Сурия “кумакҳои башардӯстона” тақдим кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 18 феврали соли 2023 Президенти Сурия Башшор Асад сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Ва “барои ҳамдардӣ ва тақдими кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуд.”

Аммо хабаргузории Сурия “САНА” иттилоъ медиҳад, ки дар ин мулоқот бо Башшор Асад: “Забайдов (Зубайдзода) эълом кард, ки сафараш ба Сурия барои таъкид бар ҳимояти Тоҷикистон аз Сурия ва омодагии кишвараш барои ироаи кумак ба мардуми Сурия буд.”

Гуфта мешавад, пеш аз ин Тоҷикистон расман хабар дода буд, ки ба мардуми мусибатдидаи Туркия, ки пас аз заминҷунбиҳои 6-уми феврал хисороти зиёде дидаанд, 50 нафар аз мустахассисони ҳолатҳои фавқулъодаро ҳамроҳ бо кумакҳои башардӯстона барои наҷоти осебдидагон фиристодааст.

Аммо ба мардуми Сурия ба ҷуз як паёми ирсоли ҳамдардӣ ҳеч иттилои расмие дар бораи тақдим кумакҳои башардӯстона ва муҳтавои онҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба расонаҳо ироа нашадааст. Ва ҳоло ҳам, тибқи иттилои расонаҳои арабӣ, маълум нест, ки Тоҷикистон ба мардуми Сурия кумак кардааст ё мехоҳад дар оянда ба онҳо кумак кунад?

Дар як моҳи ахир Тоҷикистон ба хориҷ $4.3 млн барқ фурӯхт

0

Тоҷикистон давоми моҳи январи соли ҷорӣ ба хориҷ аз кишвар ба ҳаҷми 4.3 миллион доллари амрикоӣ барқ фурӯхтааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 50 дарсад бештар аст.

Бино ба иттилои “Avesta”, ягона ширкати барқрасони Тоҷикистон “Барқи тоҷик” дар бораи миқдори воқеӣ аз нигоҳи кВт/соат маълумоте ироа накадааст. Гуфта мешавад, ин ширкати барқрасон тасмим гирифта, ки содироти барқро ба хориҷи кишвар афзоиш диҳад.

Бо вуҷуди афзоиши содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, “Барқи тоҷик” мегӯяд, дар фасли зимистон ба ҳаҷми камтар барқ мефурӯшад. Дар ҳоле ки ин ширкат аз ҳаҷми содироти ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Узбекистон маълумоте ироа намекунад.

Масъулони “Барқи тоҷик” дар рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфта буданд, ки соли 2022 Тоҷикистон дар маҷмуъ 21,5 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​истеҳсол карда, аз ин миқдор ба Афғонистон 1,7 миллиард кВт/соат ва ба Узбакистон 1,6 миллиард кВт/соат нерӯи барқро ба ҳаҷми 1,6 миллион доллар ​​фурӯхтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар дохили кишвар сокинон аз сармо ранҷ мебаранд, вале барқ аз соатҳои муқарраршуда камтар дода мешавад. Дар навоҳии дурдасти кишвар аҳолӣ мегӯянд, ба онҳо дар як шабонарӯз танҳо 5 соат – 2 соат субҳ ва 3 соат бегоҳ барқ дода мешавад.

Тоҷикистон мизбони 350 ҳайати расмӣ дар як сол

0

Вазири корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташриф оварданд.

Имрӯз, 17-уми феврали соли 2023, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: “Дар ҳолати кунунӣ Тоҷикистон бо 183 давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.”

Сироҷиддин Муҳриддин бар ин бовар аст, ки ҳамгироии киварҳои минтақа ба сӯи муттаҳид шудан хеле зиёд эҳсос шуд ва мисол меорад, ки дар қолаби ҳамкории С5+1 “машваратҳо дар доираи чунин қолабҳо бо Россия, Чин, Иттиҳоди Аврупо, ШМА, Ҷопон, Ҳиндустон, Корея, Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс доир шуданд.”

Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон “дар соли 2022 Тоҷикистон ҳаммуаллифи номинатсияҳои “Латифаҳои Хоҷа Насриддин” ва “Санъати абрешимбофӣ” гардид, ки ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуданд.”

Гуфта мешавад, дар замони раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин нисбат ба дигар раҳбарони дастгоҳи дипломусии кишвар муносибатҳо ва робитаҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле пуррангтар шуд, вале дар ҳамин муддат муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Қирғизистону Афғонистон хеле сард гардид. Марзҳои муштараки Тоҷикистон бо ин ҳамсоя ноором ва нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон фосидтарин раис дар Тоҷикистон дониста шуд

0

Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон мегӯяд, ки додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон фосидтар раҳбар дар кишварамон шинохта шудааст.

Имрӯз, 17-уми феврали соли 2023, Султонзода Сулаймон, раиси Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон дар нишасти солонааш гуфт, ки соли гузашта корхонаи зери раҳбарии додарарӯси Президенти Тоҷикистон фасодзадатир ширкат шинохта шудааст.

Ба гуфта Сулаймон Давлатзода, дар вақти тафтиши ҳуҷҷату санадҳо дар ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО”, ки муддати беш аз 15 сол ин ҷониб зери раҳбарии Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон амал мекунад, зиёда аз 28 миллион сомонӣ зарар ба буҷаи давлатро ошкор кардааст. Дар бораи ҳаҷми дигар пулҳои ошкорнашудаи ин ширкат, ки ҳуҷҷату санадҳои онҳо дар ҳоли таҳқиқ қарор доранд, чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, ошкор шудани ин қадр пул танҳо дар яке аз корхонаҳои зери раҳбарии Ҳасан Асадуллозода дар ҳоле аз забони раиси Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон садо медиҳад, ки чанд рӯзе пеш раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, қарзи ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” дар назди ин ширкат наздик ба 500 миллион сомонӣ расидааст.

Дар акс, Тоҷиддин Пирзода, раҳбари “Тоҷиксодиротбонк”, Ҷамшед Зиёев, раҳбари “Тоҷпромбонк”, Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” ва Муродалӣ Алимардон, раҳбари “Агроинвестбонк”. Акс аз Азия Плюс

Аз сӯи дигар, аҳволи дигар корхонаву ширкатҳои зери раҳбарии Ҳасан Асадуллозода низ дар Тоҷикистон, аз он ҷумла “Ориёнбонк” чандон хуб нест ва бархе коршиносон мегӯянд, ки чун бонкҳои дигар афроди оила бузургтар шудаанд, миллиардҳо сомонӣ пасандозҳои мардум ва ширкатҳо дар “Ориёнбонк” дар маърази хатар қарор доранд.

Бадном кардани номи Ҳасан Асадуллозода, раҳбари ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” тавассути мақомоти расмӣ, аз ҷумла раиси ширкати “Барқи тоҷик”, раиси Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ амалан як занги хатар ба мардум ва сармоягузорону пасандоздорон дар “Ориёнбонк” аст.

Ва ба гуфтаи онҳо, ин бонки Ҳасан Асадуллозодаро ҳам сарнавишти “Агроинвестбонк”-и Муродалӣ Алимардонов, “Тоҷиксодиротбонк”-т Тоҷиддин Пиров, “Тоҷпромбонк”-и Ҷамшед Зиёев ва пеш аз онҳо сарнавишти “Фононбонк”-и Самихон Қурбонов интизор аст.

Кумакҳои Салиби Сурх ба Сурия ва шартҳои Башор Асад

0

Ҳукумати Башор Асад дар Сурия бо вуҷуди он ки бо созмонҳои байналмилалӣ барои расондани кумакҳо ба зарардигони зилзилаи шаҳри Ҳалаб ба мувофиқа расидааст, аммо тибқи тааҳҳудоташ амал намекунад.

Шаби гузашта расонаи суриягии “

Ин корманди Салиби Сурх дар идомаи суҳбаташ мегӯяд, ҳукумати Башор Асад шарт гузоштааст, ки “агар нисфи кумакҳоро ба онҳо бидиҳем бо як мошини ёрии таъҷилӣ, сипас барои мо иҷозат медиҳанд боқимондаро ба мардуми зарардидаи Ҳалаб расонем. Аммо корвони кумакҳои мо хеле кам аст ва агар мо нисфи онро инҷо холӣ кунем, барои мардуми зарардида чизе боқӣ намемонад.

Ба ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар шимолу ғарби Сурия, ки зери дасти мухолифони Башор Асад қарор дорад, кумакҳои созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва байналмилалӣ намерасад ва ин хатари афзоиши марги одамонро ба сабаби заминларзаи 6-уми феврал бештар мекунад.

Маҷаллаи амрикоии “foreign policy” рӯзи чоршанбе, 15-уми феврали соли ҷорӣ дар як гузоришаш навишт, ки ба ҳукумати Башор Асад набояд эътимод кард. Ҳар вақт имкон дорад аз эълони кушодани марзҳо барои расондани кумакҳои башардӯстона ба зарардидагони заминларза ба минтақаҳои зери нуфузи мухолифон, даст бикашад ва аҳдшиканӣ кунад. Зеро Русия бо Сурия намхоҳанд ба мухолифон дар чунин ҳолат ҳам кумакҳои инсонӣ расонида шавад.

Бо иттилои ин маҷаллаи амрикоӣ, ҳукумати Башор Асад бо вуҷуди он ки намегузорад кумакҳо ба зарардидагони қисмати шимолу ғарби ин кишвар бирасад ва ин корро ба хотири ҷазо додану дар муҳосира гирифтани онҳо анҷом медиҳад, инчунин тамоми кумакҳоеро, ки ба номи зарардигаони мухолифин ҷудо шудааст, медуздад.

Тибқи иттилои маҷаллаи “foreign policy“, айни замон дар минтақае, ки зери дасти мухолифон қарор дорад, 4.5 миллион суриягӣ зиндагӣ мекунад, ки онҳо 25% аҳолии Сурияро ташкил медиҳанд ва ин шумори одамони зиёд ҳамагӣ дар 4% замини Сурия ҷамъ шудаанд.

Дар замони ҳамлаҳои Башор Асад 65% зерсохторҳои муҳими ин минтақа аз байн рафта буд, ки дар натиҷа аксари мардум аз оби ошомиданӣ ва барқу дигар лавозими зарурӣ маҳрум гаштаанд.

Гуфта мешавад, қабл аз заминларза ҳам дар ин минтақа 4.1 миллион нафар ба шакли комил ба кумакҳои башардӯстона такя мекарданд. Аммо пас аз заминларза 1.8 миллион нафар дар шароити ноустувор дар зери хаймаҳо зиндагӣ мекунанд. Ин вазъият кумаки ҳарчи бештар ва сареъи созмонҳои байналмилалиро талаб мекунад. Аммо ҳукумати Башор Асад бо маслиҳати Русия барои кумаки онҳо иҷозат намедиҳад.

Юсуф Раҳмон низ намедонад Абдуллоҳи Шамсиддин дар куҷост

0

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон ҳатто аз расонаҳо ҳам огоҳ нашудааст ва намедонад ӯ дар куҷост.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саид хабаре надорад.

Додситони кул мегӯяд, ки вобаста ба Абдуллоҳи Шамсиддин ягон маълумот надорад ва дар бораи овардани ӯ ба Тоҷикистон агар ягон маълумоти дақиқ пайдо кунад, ҳатман хабар медодааст.

Пештар аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш гуфт, ки дар бораи истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин аз расонаҳо огоҳ шудааст.

Ба гуфтаи Раҳимзода Вазорати корҳои дохила Абдуллоҳи Шамсиддинро боздошт накардааст ва аз чизе огоҳ нест.

Суоле миёни корбарон пайдо шудааст, ки агар ин ду ниҳоди муҳими давлатӣ дар бораи куҷо будани Абдуллоҳи Шамсиддин чизе надонанд, пас ӯ дар куҷост?

Гуфта мешавад, мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро ба хотири замони вуруд ба қаламрави Олмон маълумоти хато пешниҳод кардан боздошт карданд. Пас аз боздошти ӯ, 17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз олмониҳо ва ҳамкоронаш аз ҳукумати ин кишвар хоста буданд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро дар онҷо шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Аммо Абдуллоҳи Шамсиддин 18-уми январи соли ҷорӣ аз Олмон тариқи Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Мақомоти Тоҷикистон билофосила аз дохили ҳавопаймо ӯро боздошт карда, ба ҷои номаълум интиқол доданд ва то ҳол дар бораи макони буду бошаш хабар надодаанд. Номаълум будани макони буду боши Абдуллоҳ хонаводаи ӯро нигарон кардааст.

Баъд аз ихроҷи Абдуллоҳои Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон то кунун чанд маротибаи дигар дӯстону ҳамкорон ва дигар фаъолони сиёсӣ барои озодии ӯ ҳамоишҳои эътирозиро дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор карданд.

Дирӯз, 16-уми феврал низ гурӯҳе аз дӯстони Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунди Олмон барои озодӣ ва пасгардондани ӯ гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Дар ин гирдиҳамоӣ беш аз 30 нафар тоҷикону олмониҳо, аз ҷумла раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ширкат кард.

Ҳамдардии сарони Русияву Узбекистон ва Қирғизистон

0

Сарони Русияв, Узбекистон ва Қириғизистон ба пайвандони ҷонбохтагони Тоҷикистон дар асари фаромадани тарма изҳори ҳамдардӣ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 17-уми феварали соли 2023 Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов ба хотири қурбон шудани 16 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллият карданд.

Ба қавли манбаъ, субҳи имрӯз Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ тамос гирифта, дар робита ба ҳодисаи фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон таъзият ва таслияти самимии ҷониби Узбекистонро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва мардуми Тоҷикистон баён кард.

Ҳамзамон Президенти Русия Владимир Путин низ бо ирсоли барқияи изҳори тасаллӣ ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони нафарони бар асари офати табиӣ халокшуда, ҳамчунин таманниёти шифои оҷилро ба ҳамаи осебдидагон расонед.”

Инчунин Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам таъкид мекунад: “Аз номи худ ва тамоми мардуми Қирғизистон ба аҳли оила ва наздикони ҳалокшудагон таъзия ва ҳамдардиямонро мерасонам. Барои ҳамаи осебдидагон аз даргоҳи Худованд шифои оҷил хоҳонам”.

Александ Лукашенко Президенти Беларус низ мегӯяд, ки хабари қурбон шудани ин афродро “бо эҳсосоти изтироб ва ҳамдардӣ дарёфтем. Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқ арз менамоям.” Ва маҷруҳон шифои комил хостааст.

Гуфта мешавад, субҳи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар чанд минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон тарма фаромад ва дар натиҷа 16 нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 18 каси дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон расман пас аз 30 соли раҳбарӣ бори аввал ба пайвандони қурбониёни ин ҳодисаҳо таъзия баён кард.

Бархе аз фаъолони ҷомеаи маданӣ таъзияи Эмомалӣ Раҳмонро “таъзияи хушку холӣ” хонда, онро як навъ хокпошӣ болои мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон баъд аз фармони қатли тазоҳуратгарон боздошту зиндонӣ кардани фаъолони ҷомеаи мадании ин вилоят арзёбӣ карданд.