22.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 35

Фаҳмондадиҳӣ ба муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар

0

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳар рӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шаҳрвандоне, ки барои кор ба хориҷ мераванд, фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Мақсад аз ин иқдом боло бурдани сатҳи огоҳии муҳоҷирони корӣ дар робита ба қоидаҳои будубош дар хориҷ, ҳимоя аз хатарҳои ифротгароӣ ва таъмини амнияти онҳо гуфта мешавад.

Масъулон мегӯянд, ки шаҳрвандон пеш аз сафар бояд ҳуҷҷатҳои худро тафтиш кунанд, бо қонунҳои нави муҳоҷирати Русия шинос шаванд ва забони русиро ҳадди ақал дар сатҳи оддӣ донанд. Ҳамзамон аз онҳо хоҳиш мешавад, ки ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд ва ба доми таблиғоти гурӯҳҳои тундгаро наафтанд.

Дар ҷараёни ин мулоқотҳо ба иштирокчиён брошюраҳо ва маслиҳатҳои амалӣ дода мешавад, на танҳо барои сафар, балки барои пайдо кардани ҷойи кор дар дохили кишвар низ. Аз ҷумла, шаҳрвандон метавонанд дар ширкатҳои бузург, мисли нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” фаъолият кунанд.

Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, ки чунин вохӯриҳо ҷузъи барномаи васеи таъмини амнияти муҳоҷирон ва боло бурдани сатҳи саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар мебошад.

Ба назари коршиносон, баргузории чунин чорабиниҳо қадами муҳим аст, аммо барои коҳиши вобастагии иқтисодӣ аз муҳоҷират кофӣ нест. Онҳо бар онанд, ки ҳукумат бояд дар дохили кишвар маоши муносиб ва шароити ҳаддиақали кору зиндагиро фароҳам созад, то шаҳрвандон ночор ба муҳоҷирати корӣ рӯ наоранд.

Парлумон Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул кард

0

Рӯзи 15 октябр 2025, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Қонуни “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро тасвиб кард. Қонуни нав мақоми касбӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои омӯзгоронро муқаррар намуда, фаъолияти онҳоро аз назари ҳуқуқӣ таҳким мебахшад.

Тавре Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, қонуни мазкур ба омӯзгорон шаъну шараф ва ҷойгоҳи муайяни касбӣ медиҳад ва ҳуқуқи онҳоро дар доираи фаъолияти омӯзгорӣ ҳифз мекунад. Қонуни қабулшуда ба баланд бардоштани сифати таълим ва беҳтар намудани шароити кории омӯзгорон равона шудааст.

Баъд аз қабули қонун, омӯзгорон умедворанд, ки онҳо аз обунаи маҷбурӣ ва ҷалби омӯзгорон ба корҳои берун аз вазифаи худашон, аз ҷумла дар рустоҳо ба ҷамъоварии пахта, иштирок дар шанбегиҳо ва дигар корҳои ғайр аз вазифаи асосии худ, муҳофизат мешаванд ва дигар маҷбур ба иҷрои корҳое нахоҳанд буд, ки ҷузъи вазифаи касбии онҳо нест.

Коршиносон мегӯянд, маоши паст ва ҷалби зиёди омӯзгорон ба корҳои берун аз вазифаи худашон онҳоро онҳоро аз интихоби ин касб пушаёмон карааст.

Ба бовари онҳо, бо сабаби шароити пасти корӣ ва имтиёзҳои маҳдуд омӯзгорон касби худро тарк карда, ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Ҳангоми набудани шумори кофии омӯзгорон, мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо камбуди кадрҳо рӯбарӯ ҳастанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон борҳо аз камбуди омӯзгорон хабар дода, таъкид кардааст, ки ин вазъият ба сифати таълим ва тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад.

Путин сиёсати нави муҳоҷиратии Русияро тасдиқ кард

0

Мақомоти Русия бо қабули қарорҳои нав талош доранд дар баробари муҳоҷирон сиёсатҳои наверо ҷорӣ кунанд.

15-уми октябри соли ҷорӣ, раисҷумҳури Русия Владимир Путин “Консепсияи сиёсати муҳоҷиратии Русия барои солҳои 2026–2030”-ро, ки дар панҷ соли оянда қоидаҳои нав ва рафтор бо муҳоҷиронро муайян мекунад, имзо кард.

Мақомоти Русия иддао доранд, ки мақсади асосии ин консепсия кам кардани шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва паст кардани сатҳи ҷиноят миёни онҳо аст. Тибқи ин санад, агар аъзои оилаи муҳоҷирон дар Русия кор накунанд ё таҳсил накунанд, вақти будубоши онҳо маҳдуд мешавад.

Инчунин мақомоти рус мехоҳанд шумораи кӯдакони шаҳрвандони хориҷиро, ки ба мактаб намераванд кам кунанд ва барои назорат аз болои муҳоҷирон бештар аз технологияҳои рақамӣ ва биометрия истифода баранд.

Тибқи сиёсати нав дар Русия намегузоранд, ки дар шаҳрҳо маҳаллаҳои ҷудо барои муҳоҷирон пайдо шаванд ва корфармоён дар ин кишвар барои қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ҷавобгар мебошанд.

Вале дар Русия ба он шаҳрвандони хориҷие, ки “арзишҳои анъанавӣ ва фарҳанги русиро эҳтиром мекунанд”, имкониятҳои беҳтаре дода мешавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бо қабули сиёсати нави муҳоҷиратии Русия назорат болои муҳоҷирон ва ҳатто корфармоён бештар гашта, талабот саххтар мешавад ва барои хешу табори муҳоҷирон ба даст овардан ё дароз кардани ҳуқуқи иқоматашон душвортар мегардад. Онҳое, ки натавонанд мақоми таҳсил ё шуғлро исбот кунанд, бо ихроҷ ва ё маҳдудияти вуруд рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар вокуниш ба ин консепсия дар фейсбук навишта, ки Конститутсияи Русия ҳуқуқи озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зистро медиҳад ва аз маҳдудиятҳои ҷорӣ барои муҳоҷирон ҳайрон аст. Ӯ таъкид намуд, ки наметавон оилаҳоро ҷудо кард ва онҳоро манъ намуд, ки дар ҷойе зиндагӣ кунанд, ки харидаанд, ҳатто агар ҳамсояҳо мехоҳанд онҳоро кӯчонанд.

Ёров инчунин ба мушкилоти дастрасӣ ба мактабҳо ва боғчаҳо, инчунин мушкил будани имтиҳонҳо ишора карда гуфтааст, ки ҳатто русҳо аз кишварҳои ИДМ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, зеро имтиҳонҳо мураккабанд ва ҷой дар боғчаҳо ва мактабҳо дар шаҳрҳои калон кам аст. Ин ба волидон имкон намедиҳад, ки кор кунанд ва ба кӯдакон ҳам таълим гирифтан душвор мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, бояд барои кӯдакони муҳоҷирон имкони омӯзиши забон ва таҳсил фароҳам оварда шавад, то онҳо дар оянда осонтар мутобиқ шаванд ва мушкилот пеш наояд.

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда, ки муҳоҷирон бо заҳмат пул кор мекунанд, андоз месупоранд ва қисми зиёди даромадашонро дар Русия сарф мекунанд, ки ба буҷет ва рушди иқтисоди Русия манфиат меорад.

Қаримҷон Ёров таъкид намуда, ки маҳдудиятҳои ҷорӣ на танҳо ҳуқуқҳои инсонро маҳдуд мекунанд, балки ба ҳамроҳшавӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирон ба фарҳанг ва анъанаҳои кишвари қабули онҳо халал мерасонанд, зеро монеаҳои сунъӣ барои онҳо эҷод карда мешаванд.

Тоҷикистон мизбони машқҳои муштараки низомии СААД шуд

0

Размоишҳои байналмилалии “Бародарии шикастнопазир — 2025” дар Тоҷикистон оғоз меёбанд.

Аз 14-ум то 24-уми октябри соли 2025 дар машқгоҳи низомии “Фахробод” дар вилояти Хатлон машқҳои бузурги муштараки низомӣ бо иштироки кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешаванд.

Бинобар иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар доираи ин тамринҳо се намуди размоиши асосӣ сурат мегирад: машқҳои сулҳҷӯёнаи “Бародарии шикастнопазир”, машқҳои махсус зери унвони “Монеа” барои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва таъминоти тиббӣ ва инчунин машқҳои зиддитеррористӣ бо номи “Иттиҳоди зиддитеррористӣ” бо иштироки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ.

Тибқи барномаи ин размоиш, то 19-уми октябр низомиён аз кишварҳои узви СААД ба кишвар меоянд ва марҳилаи фаъоли машқҳо оғоз меёбад. Низомиёни Беларус ва Қирғизистон аз аввалинҳо шуда, барои иштирок дар ин размоиш вориди кишвар шудаанд.

Ба гуфтаи Вазорати мудофеи кишвар, дар ин размоишҳо қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ширкат меварзанд. Низомиён дар ҷараёни машқҳо ҳамоҳангсозии амалиётҳои муштарак, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои муосири амниятиро таҷрибаомӯзӣ хоҳанд кард.

Ҳадафи баргузории ин машқҳо таҳкими ҳамкории низомии кишварҳои узви СААД ва боло бурдани омодагии ҷангии онҳо гуфта шудааст.

Эълони оташбас миёни Афғонистон ва Покистон

0

Ду кишвари ҳамсоя – Афғонистон ва Покистон пас аз панҷ рӯзи даргирии мусаллаҳонаи бесобиқа оташбаси муваққат эълон карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи панҷшанбе, 16-уми октябр эълон кард, ки пас аз даргириҳои хунин бо Афғонистон, ки боиси кушта ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар аз ду тараф гардид, бар сари оташбаси муваққат тавофуқ карданд.

Покистон мегӯяд, оташбас бо дархости Кобул анҷом шудааст, аммо сухангӯи Толибон Забиҳуллоҳ Муҷоҳид дар суҳбате бо хабарнигорон таъкид кард, ки ин оташбас “бо исрори тарафи Покистон” анҷом шуд. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои Толибон дар ҳоле оташбасро риоят мекунанд, ки “нерӯҳои покистонӣ даст ба таҷовуз назананд.”

Гуфта мешавад, байни ин ду кишвар дар даргириҳои қаблӣ сулҳе ба даст омада буд, аммо боз сулҳ нақз шуд ва ин ҳамлаҳо аз ду тараф оғоз гардид. Покистон бо нашри наворҳое аз ҳамлаи ҳавоӣ бар пойгоҳҳо ва таҷҳизоти низомии Толибон дар вилояти Қандаҳори Афғонистон, ки бо Покистон ҳаммарз аст, хабар дод. Ин даргирии муҷаддад аз субҳи рӯзи чоршанбе оғоз ёфта буд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин хунинтарин даргирӣ миёни ду кишвари ҳамсоя пас аз ба сари қудрат омадани Толибон аз соли 2021 дар Кобул аст.

Гуфта мешавад, ин даргирии ахир пас аз он оғоз шуд, ки Исломобод аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон талаб кард, ки аъзои Таҳрики Толибони Покистонро, ки дар хоки Афғонистон ҳузури фаъол доранд ва аз паноҳгоҳҳои ин кишвар алайҳи Покистон ҳамлаҳо анҷом медиҳанд, боздошт кунад.

Аммо ҳукумати Толибон дар Кобул ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки Покистон бо иттилооти нодуруст ва бо баҳонаи носанҷидаи ҳузури нерӯҳои ДИИШ-ӣ ва толибонӣ дар хоки Афғонистон, дар пайи тазъифи амният ва ҳокимияти ин кишвар аст.

Кишварҳои минтақа ва созмонҳои ҷаҳонӣ аз шиддат гирифтани танишҳо байни ин ду кишвар ҳушдор медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, идомаи даргириҳо миёни Афғонистон ва Покистон метавонад минтақаро бесубот гардонад ва барои ҷои по пайдо кардани гурӯҳҳои ДИИШ ва “Алқоида”, ки дар ҷустуҷӯи маконанд, кумак кунад.

Бекор кардани иқомаи муҳоҷирон барои издивоҷи сохта

0

Вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2025 зиёда аз 2,3 ҳазор иқомаи муваққатӣ (РВП) ва иқомаи доимӣ (ВНЖ)-и шаҳрвандони хориҷиро бекор кардааст.

Намояндаи ВКД-и Русия Ирина Волк хабар дод, ки ин ниҳод аз аввали сол 765 РВП ва 1545 ВНЖ-ро бекор карданд, ки бар асоси издивоҷ бо шаҳрвандони Русия ба муҳоҷирон дода шуда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар аксари ҳолатҳо чунин издивоҷҳо баъд аз гирифтани мақоми муҳоҷиратӣ бекор карда мешуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2024 ҳамагӣ 200 иқомаи муҳоҷирон бекор гардидааст.

Иқомаи муваққатӣ (РВП) дар Русия ба муҳоҷирон тариқи квота, ки ҳар сол аз ҷониби ҳукумат муқаррар мегардад, дода мешавад. Инчунин роҳҳои дигаре барои дарёфти РВП низ вуҷуд дорад, мисли довталаб агар дар ҳудуди РСФСР таваллуд шуда бошад, падару модараш шаҳрванди Русияро дошта бошанд, инчунин зиёда аз се сол дар издивоҷ бо шаҳрванди Русия бошад, ё фарзанди умумӣ дошта бошад.

Иқомаи доимӣ (ВНЖ) одатан пас аз як соли иқомат бо РВП дода мешавад, вале баъзе гурӯҳи хориҷиён, мисли мутахассисони баландихтисос, соҳибони забони русӣ ва шахсоне, ки паноҳандагӣ дар Русия гирифтаанд, метавонанд бевосита онро дархост кунанд.

Ва муҳоҷирон ба хотири маҳдуд будани шумораи квотаҳо бо шаҳрвандони Русия бар ивази маблағ ё шарту шароити муайяне издивоҷҳои сохта мебастанд, то иқомаи муваққатиро дарёфт кунанд ва пас аз дарёфти он издивоҷашонро бекор мекарданд.

Вале тағйирот ба қонунгузорӣ аз 25 январи соли 2025 ин кори муҳоҷиронро мушкилтар кард.

Мувофиқи қоидаҳои нав, барои гирифтани РВП бе ҳисоб кардани квота танҳо далели издивоҷ бо шаҳрванди Русия кофӣ набуда, ҳоло лозим аст, ки издивоҷ на камтар аз се сол идома кунад ва ё фарзанди умумӣ, ки дар ин издивоҷ таваллуд ё қабул шудааст, вуҷуд дошта бошад.

Боздошти як ҷавон дар Суғд бо иттиҳоми куштани падараш

0

Дар вилояти Суғд як ҷавони 34-сола бо иттиҳоми куштани падараш боздошт шуд. Ҳодиса дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯй додааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд зимни тасдиқи ин хабар гуфта, ки падару писар дар ҳолати мастӣ бо ҳам баҳс кардаанд ва дар натиҷа писар падари 67-солаашро зада ба ҳалокат мерасонад ва баъдан ҷасадро ба ҳавз мепартояд.

Дар як наворе, ки Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд нарш кард, худи ҷавон ин амалро эътироф мекунад ва мегӯяд, ки ҷасади падарашро барои пинҳон кардани ҷиноят ба об андохтааст.

Ҳоло писар боздошт ва алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштани шахс парванда боз шудааст. Парвандае, ки бар зидди ин ҷавон боз шудааст, то 15 соли зиндон таҳдидаш мекунад.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон чунин ҳодисаи мудҳиш рух медиҳад. Солҳои охир чанд маврид сабт шудааст, ки падарон аз дасти писарон ё писарон аз дасти падарон ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти пулис таъкид мекунанд, ки таҳқиқоти парвандаи мазкур идома дорад ва ҷараёни он ба таври шаффоф анҷом хоҳад ёфт.

“Freedom For Eurasia” сабаби марги Саидазам Раҳмоновро гуфт

0

Созмони байналмилалии “Freedom For Eurasia” (Озодӣ барои Авруосиё) марги шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Саидазам Раҳмоновро, ки дар Душанбе аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздоҳт ва ба таври мармуз ҷон бохт, маҳкум кард.

Ба иттилои Созмони Freedom For Eurasia, Раҳмонов соли 2018 ба Олмон рафта, соли 2022 барои дарёфти паноҳандагӣ муроҷиат кардааст. Ӯ ҳамчунин бо як шаҳрванди Олмон издивоҷ карда буд. Бо вуҷуди ҳушдорҳои ӯ, ки бозгашт ба Тоҷикистон метавонад барои ҳаёташ хатарнок бошад, мақомоти Олмон ӯро маҷбур кардаанд, ки барои гирифтани визаи оилавӣ ба Тоҷикистон баргардад.

Рӯзи 6-уми октябр, ҳангоми кӯшиши сафар ба Русия, Раҳмонов дар фурудгоҳи Душанбе боздошт ва ба ҷойи номаълум бурда шудааст. Мақомоти тоҷик рӯзи 13-уми октябр хабар доданд, ки ӯ “худкушӣ” кардааст. Аммо наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд, ҷасади ӯ нишонаҳои шиканҷа, аз ҷумла осори барқ, латтукӯб ва пои шикаста дида шудааст ва ба онҳо иҷоза надодаанд, ки ҷасадро аксбардорӣ кунанд. Дар ин бора azda.tv рӯзи 14-уми октябр хабар дода буд.

Ин созмон аз ҳукумати Олмон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват мекунад, ки тафтишоти мустақил ва шаффоф анҷом дода, сабаби марги Раҳмоновро рӯшан созанд ва аз такрори чунин фоҷиаҳо дар оянда ҷилавгирӣ шавад.

Ду тоҷик беҳтарин олимони ҷаҳон дар соли 2025 шинохта шуданд

0

Ду намояндаи илмии Тоҷикистон — профессор Маҳсуд Саидминов ва профессор Фаррух Шаропов ба рӯйхати «World’s Top 2% Scientists» (2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳон) барои соли 2025 шомил шудаанд.

Ин рӯйхатро ҳар сол Донишгоҳи Стэнфорди Иёлоти Муттаҳида таҳия мекунад. Ба он олимоне шомил мешаванд, ки корҳои илмии онҳо дар ҷаҳон бештар иқтибос меёбанд ва таъсири бузург ба рушди соҳаи худ доранд.

Ба гуфтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, таҳлили фаъолияти олимонро профессор Ҷон Иоаннидис анҷом медиҳад. Имсол дар феҳрист бештар аз 100 ҳазор муҳаққиқ аз кишварҳои гуногун ҷой гирифтаанд ва аз Тоҷикистон танҳо ду нафар Саидминов ва Шаропов тавонистанд ба он роҳ ёбанд.

Профессор Фаррух Шаропов муҳаққиқи Маркази “Чину Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буда, дар соҳаи кимиёи органикӣ ва фитохимия фаъолият мекунад. Ӯ муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ аст, ки то имрӯз зиёда аз 6 800 маротиба иқтибос шудаанд.

Профессор Маҳсуд Саидминов бошад, дар Донишгоҳи Викторияи Канада дар самти “Маводҳои функсионалии пешрафта” тадқиқот мебарад. Ӯ дорои 170 мақолаи илмӣ аст ва корҳои ӯ беш аз 24 000 маротиба иқтибос ёфтаанд.

Феҳристи Донишгоҳи Стэнфорд бар асоси маълумотҳои пойгоҳи илмии Scopus омода мегардад. Дар он шумораи мақолаҳо, иқтибосҳо, саҳми муаллиф дар таҳқиқот ва нишондиҳандаҳои таъсири илмӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Танҳо 2 дарсади олимони дорои натиҷаҳои баланд дар бахшҳои худ ба ин рӯйхат дохил мешаванд.

Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, шомил шудани олимони тоҷик ба рӯйхати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки илми миллӣ дар роҳи пешрафт қарор дорад. Ин дастоварди Саидминов ва Шаропов метавонад барои боло бурдани эътибори илмии Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ нақши муҳим бозад.

Акнун туркнажодҳо метавонанд дар мақомҳои давлатии Туркия кор кунанд

0

Ҳукумати Туркия бо имзои президент Раҷаб Тайиб Эрдўғон қонуни наверо қабул кардааст, ки барои шаҳрвандони хориҷии туркнажод имкони васеъ барои кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии Туркияро фароҳам мекунад.

Тибқи ин қонун, ки дар “Рӯзномаи расмии Туркия” 5-уми октябри соли 2025 ба нашр расид, шаҳрвандони хориҷие, ки асли туркӣ доранд, метавонанд дар асоси муқаррароти нави Қонуни №2527 “Дар бораи иҷозати кор барои хориҷиёни туркнажод дар Туркия” фаъолият кунанд.

Пештар чунин шаҳрвандон танҳо ба корҳои маҳдуд иҷозат доштанд, вале ҳоло бо тасвиби ин қонуни нав онҳо ҳақ доранд дар соҳаҳои гуногун фаъолият кунанд, ба истиснои бахшҳои марбут ба амният, артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Барои дарёфти ин иҷозат, довталабон бояд асли туркӣ доштани худро бо санадҳои муайян исбот намоянд. Қабули аризаҳо тавассути мақомоти марбутаи Вазорати меҳнат ва амнияти иҷтимоии Туркия амалӣ мегардад.

Коршиносони сиёсӣ мегӯянд, ин иқдоми Туркия як ҷузъи сиёсати васеътар барои таҳкими нуфузи геополитикии Анқара дар кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ мебошад.