Хона блог саҳифа 36

Муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзҳои аввали Ҷоми ҷаҳонии 2026

0

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома доранд ва аллакай чанд натиҷаи ҷолибу ғайричашмдошт сабт шудааст.

Яке аз рӯйдодҳои асосии рӯзҳои аввал ба тими миллии Аргентина ва капитани он Лионел Месси марбут аст. Қаҳрамони ҷаҳон дар бозии худ бар зидди Алҷазоир бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ҳар се голи ин дидорро Месси ба ҳадаф расонд ва аввалин хет-трики худро дар таърихи Ҷоми ҷаҳон сабт кард. Ҳамзамон шумори голҳои ӯ дар мусобиқот ба 16 расид ва ӯ ба рекорди Мирослав Клозе баробар шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бозии ифтитоҳии худ Парагвайро бо натиҷаи 4:1 мағлуб кард. Фаронса низ мусобиқаро бо пирӯзӣ оғоз карда, Сенегалро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Норвегия бошад Ироқро 4:1 мағлуб намуд.

Аз миёни натиҷаҳои пургол метавон пирӯзии бузурги Олмон бар Кюрасаоро бо ҳисоби 7:1 ёдовар шуд. Шветсия низ Тунисро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард.

Дар дигар бозиҳо Бразилия ва Марокаш (1:1), Қатар ва Швейтсария (1:1), Белгия ва Миср (1:1), Испания ва Кабо-Верде (0:0), инчунин Нидерланд ва Ҷопон (2:2) мусовӣ карданд.

Ҷоми ҷаҳонии 2026, ки бори аввал бо иштироки 48 даста баргузор мешавад, рӯзи 11-уми июн дар Мексика оғоз ёфт ва то 19-уми июл идома мекунад. Ҳоло аксари тимҳо бозии аввали худро анҷом дода, барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ муборизаро идома медиҳанд.

ФАВРӢ! Алишер Мирзонаботов ба дарё сарозер шуду ҷон бохт

0

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов ҳамроҳ бо аъзои хонавода ва ронандааш дар ноҳияи Дарвоз ба дарё сарозер шуда, ҷон бохтаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки субҳи рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ Алишер Мирзонаботов ҳамроҳи ҳамсару кӯдаки хурдсолаш дар киллометрии 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор гардида, ба дарё сарозер шудаанд.

Мақомот таҳқиқро оғоз кардаанд, вале таҳқиқоти пешакӣ сабаби садама ва марги раиси ВМКБ ҳамроҳи зану фарзандашро бо “суръати баланд” рондани мошини хидматӣ ва “аз уҳдаи идораи мошин набаромадан”-и ронандааш Сино Муборакшоев мегӯяд.

Гуфта мешавад, ҳоло вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва дигар масъулон ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он аз садамаи мошини дорои рақами давлатии махсуси 287 TJ сухан меравад. Ба гуфтаи шахсе, ки дар навор суҳбат мекунад, мошин бо суръати баланд аз роҳ берун шуда, пас аз бархӯрдан ба чанд сутун ба дарё сарозер шудааст.

Дар навори паҳншуда инчунин пораҳое аз мошини осебдида дида мешаванд. Ва ВКД ҳам тасдиқ кард, ки бинобар суръати баланд мошини хидматии раиси вилоят навъи “Ланд Крузер-200” ба иншооти муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда ва ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Пеш аз эълони расмӣ, як манбаъ рӯзи чоршанбе ба Azda TV низ рух додани ҳодисаро тасдиқ карда, гуфта буд, ки бар асари садама аъзои хонаводаи Алишер Мирзонаботов ҷон бохтаанд. Вале баъдтар марги ӯ аз ҷониби мақомоти расмӣ тасдиқ шуд.

Ҷузъиёти бештар дар бораи ҳодиса, шумори эҳтимолии қурбониён ва сабаби аслии садама то ҳанӯз рӯшан нест. Интизор меравад мақомот тафсилоти бештареро баъдтар нашр хоҳанд кард.

Алишер Мирзонаботов, ҳамзамон бо раиси ВМКБ будан муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ буд. Ӯ рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии парлумон ширкат доштааст.

Гуфта мешавад, Мирзонаботов 46 сол дошта, аз соли 2021, пас аз эътирозҳои мусолиматомези мардуми Бадахшон раиси ВМКБ таъйин гашта буд. Ӯ солҳои 2017-2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва то соли 2020 муовини якуми раиси ВМКБ ва соли 2021 раиси шаҳри Хоруғ кор кардааст.

Олмон гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонро ба Афғонистон ихроҷ кард

0

Мақомоти Олмон гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистонро, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум шуда буданд, ба кишварашон ихроҷ карданд.

Ба иттилои расонаҳои олмонӣ, рӯзи 16-уми июн ҳудуди 30 шаҳрванди Афғонистон бо парвози махсус аз фурудгоҳи Лейпсиг ба Кобул фиристода шуданд. Дар байни ихроҷшудагон афроде буданд, ки барои таҷовузи ҷинсӣ, қатли нохоста, озори ҷинсӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Олмон, ихроҷшудагон аз чанд иёлати кишвар, аз ҷумла Бавария, Баден-Вюртемберг, Шлезвиг-Ҳолштейн, Саксонияи Поёнӣ ва Рейн-Вестфалияи Шимолӣ ҷамъоварӣ шуда, бо як парвози махсус ба Афғонистон фиристода шуданд.

Вазорати адлия ва муҳоҷирати Баден-Вюртемберг хабар додааст, ки танҳо аз ин иёлат 12 маҳкумшуда ба Афғонистон фиристода шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар байни онҳо ду муттаҳам ба ҷинояти ҷинсӣ ва чанд нафаре ҳастанд, ки барои куштор, латукӯб ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.

Ин чандумин парвози ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Олмон ба Афғонистон дар соли ҷорӣ мебошад. Давлати Олмон дар моҳҳои феврал ва апрели имсол низ гурӯҳҳои дигареро, ки барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда буданд, ба Кобул ихроҷ карда буд.

Ихроҷи муҳоҷирон ба Афғонистон ҳамчунон баҳсбарангез боқӣ мондааст, зеро Олмон ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад. Бо вуҷуди ин, мақомоти олмонӣ мегӯянд, ихроҷи афроде, ки барои ҷомеа хатарнок дониста мешаванд, идома хоҳад ёфт.

Парлумони кишвар қонуни авфро қабул ва Эмомалӣ имзо кард

0

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи навбатияш қонун “Дар бораи авф”-ро баррасӣ карданд.

Тавре сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони кишвар хабар додааст, имрӯз таҳти раёсати раиси ин ниҳоди қонунбарор Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. 

Ба тиилои манбаъ, дар ин ҷаласа вакилон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул карданд. Аммо дар бораи чӣ гуна қабули он ва ҷузъиёти ин қонун, ки киҳоро шомил мешавад, чизе оварда нашудааст.

Ҳамзамон зикр шуда, ки масъалаи рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Додситони кулли кишвар Воҳидзода Ҳабибулло, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҳмудзода Насрулло ва чанде дигар аз намояндагон шарҳ додаанд.

Гуфта мешавад, баррасӣ ва ё имзои Қонуни “Дар бораи авф” дар чорчӯби омодагӣ ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул мешавад.

Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаи муътамад хабар дод, ки бо қабули қонуни авф эҳтимол 18 ҳазор зиндонӣ ва касоне, ки парвандаҳояшон дар ҳоли баррасӣ аст, шомили он мешаванд. Манбаъ таъкид карда, ки “Қисми зиёдашон, албатта, занон ва ноболиғон хоҳанд буд”.

Баъдтар сомонаи Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз қабул шудани қонун дар парлумон худи рӯзи 16-уми июн зери он имзо гузоштааст.

Дар робита ба тафсилоти ин қонун Дстгоҳи Президент хабар дод, ки қонуни авф ба 18038 зиндонӣ татбиқ мегардад. “Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 (ёздаҳ ҳазору сесаду панҷ) нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 (шаш ҳазору ҳафсаду сию се) нафар кам карда мешавад.”

Низ гуфта мешавад, ки қонуни мазкур нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 зани зиндонӣ, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Инчунин аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.

Ҳамзамон қайд гардида, ки Қонун “Дар бораи авф” инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар ҳоли баррасӣ аст, татбиқ мегардад. Гуфта мешавад, мақомоти дахлдор муваззаф шудаанд, ки дар давоми ду моҳ ин қонунро иҷро кунанд.

Одатан пеш аз ҷашнвораҳои бузурги давлатӣ дар Тоҷикистон чунин қонуне қабул мешавад ва бархе зиндониён ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад ва ё озод мегарданд. Вале қонуни авф ҳечгоҳ шомили зиндониёни сиёсӣ, озодандешон ва рӯзноманигорон нашудааст.

Радиои Озодӣ дигар дар Тоҷикистон фаъолият намекунад?

0

Радиои Озодӣ дари идораи марказии худ дар шаҳри Душанберо мебандад ва дигар дар дохили Тоҷикистон фаъолияти журналистӣ карда наметавонад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти баландпояи ин расона бо мақомоти тоҷик имрӯз дидор доштанд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 16-июни соли ҷорӣ мудири минтақавии Радиои Озодӣ барои Осиёи Марказӣ Тулқун Умаралиев бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода мулоқот кардааст.

Дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷӣ танҳо ҳамин зикр шуда, ки “зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд”. Аммо аз сабаби баста шудани идораи марказии ин расона чиза гуфта намешавад.

Бархе манобеъ рӯзи 16-уми июн ба Azda tv гуфтанд, ки аллакай фармон дар бораи бастани идораи марказии Радиои Озодӣ дар Душанбе содир шудааст ва то 1-уми сентябри соли ҷорӣ пурра баста мешавад. Вале фаъолияти бахши тоҷикии ин расона пурра баста нашудааст, бо журналистон танҳо ба шакли фриланс ва бидуни имтиёзи бима ҳамкорӣ карда метавонад, аммо наметавонад бо рӯзноманигорон қарордоди корӣ дар дохили Тоҷикистон бандад.

Бархе манобеи дигар гуфтанд, ки сабаби баста шудани идораи Радиои Озодӣ дар Душанбе ба мушкилоти молӣ марбут аст, аммо худи ин расона расман дар ин бора гузориш надодааст.

Дар пайи эътирозҳо барои ҳуқуқи занон дар Ҳирот навраси 16-сола ҷон бохт

0

Муртазо, яке аз иштирокчиёни 16-солаи эътирозҳои ахир дар Ҳирот, ки зимни пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз ҷониби Толибон захмӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар бемористон даргузашт.

Шабакаи хабарии “Афғонистон Интернешнл” бо истинод ба манобеи маҳаллии худ хабар медиҳад, ки Муртазо дувумин эътирозгарест, ки пас аз тирпарронии нерӯҳои Толибон ба сӯи тазоҳуркунандагон дар минтақаи Ҷабраили Ҳирот ҷон бохтааст.

Пештар Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон тасдиқ карда буд, ки дар ҷараёни эътирозҳо дастикам як наврас бар асари тирпарронии Толибон кушта шуда, чанд нафари дигар дар натиҷаи латукӯб захмӣ шудаанд. Ин ниҳод гуфта буд, гузоришҳо дар бораи марги як нафари дигар низ вуҷуд дорад, ки ҳоло ҳақиқати ин иттилоъ мавриди санҷиш қарор дорад.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, Толибон ҳамчунин ду нафарро бо иттиҳоми наворбардорӣ аз лаҳзаҳои даргирӣ ва тирпарронии нерӯҳои ин гурӯҳ ба сӯи эътирозгарон боздошт кардаанд.

Эътирозҳо дар Ҳирот пас аз он оғоз шуданд, ки мақомоти Толибон 8-уми июн даҳҳо зан ва духтарро ба иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои либоспӯшӣ боздошт карданд. Эътирозгарон дар назди дафтари волии Толибон ҷамъ омада, шиорҳои “Марг бар диктатор” ва “Зан, зиндагӣ, озодӣ”-ро сар доданд ва аз ҳаққи кору таҳсили занон ҳимоят карданд.

Ҳамзамон шаҳрвандони Афғонистон ва фаъолони ҳуқуқи башар дар чанд кишвари ҷаҳон бо занони Ҳирот изҳори ҳамбастагӣ намуда, аз ҷомеаи байналмилалӣ хостаанд, ки дар баробари маҳдудиятҳои Толибон алайҳи занон иқдомҳои амалӣ анҷом диҳад.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, мақомоти расмии Толибон то ҳол вуқуи тирпарониро ба сӯи эътирозгарон ба таври комил рад накардаанд, аммо гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятӣ барои “пароканда кардани таҷаммуи ғайриқонунӣ” ва “барқарор кардани назм” иқдом кардаанд. То кунун Толибон омори расмӣ аз кушта ё захмиҳоро мунташир накарда ва иддаоҳои марбут ба кушта шудани муътаризонро таъйид накардааст.

Ҳамчунин, Вазорати Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон гузоришҳои марбут ба боздошти густурдаи занон ба далели риоят накардани ҳиҷобро рад карда ва гуфтааст, ки бархе гузоришҳо “бузургнамоии расонаӣ” аст.

Путин муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷиронро дар Русия то 30 рӯз коҳиш дод

0

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тартиби гузаштани ташхиси ҳатмии тиббии шаҳрвандони хориҷиро сахттар мекунад.

Тибқи санади нав, муҳоҷирон ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ акнун бояд дар давоми 30 рӯзи баъди вуруд ба Русия аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. Пештар барои анҷоми ин ташхис то 90 рӯз муҳлат дода мешуд.

Қонун нисбат ба муҳоҷирони корӣ ва инчунин шаҳрвандони хориҷие татбиқ мешавад, ки қасд доранд беш аз 90 рӯз дар қаламрави Русия иқомат кунанд.

Дар доираи ташхис муҳоҷирон бояд аз санҷиш барои ошкор кардани бемориҳои сироятии хатарнок, ВНМО (ВИЧ), инчунин истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ гузаранд.

Тибқи қонун, натиҷаҳои ташхис ба шакли электронӣ сабт шуда, ба мақомоти корҳои дохилӣ ва идораи назорати беҳдоштии Русия фиристода мешаванд. Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки муддати дароз дар Русия мемонанд, вазифадор мешаванд ҳар сол аз муоинаи такрории тиббӣ гузаранд.

Гуфта мешавад, хароҷоти ташхисро худи муҳоҷирон ё корфармоёни онҳо пардохт мекунанд. Қонун аз 1-уми сентябри соли 2026 мавриди амал қарор мегирад.

Мақомоти Русия мегӯянд, ҳадаф аз ин тағйирот пурзӯр кардани назорат бар муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини амнияти санитариву эпидемиологии кишвар мебошад.

Вале ба назари муҳоҷирони корӣ, ин тағйирот шароити буду бош ва корро дар ин кишвар то рафт сахттар мекунад. Муҳоҷирон мегӯянд, агар пештар ба пулисҳои роҳ ришва медоданд, ҳоло ба иловаи пардохти маблағи ташхиси тиббӣ бояд ба масъулони ниҳодҳои марбута низ ришва диҳанд, чун бе додани ришва касе кори онҳоро анҷом намедиҳад.

Рассом ва мухолифи Русия дар Лаҳистон кушта шуд

0

Рӯзи дӯшанбе, 15-уми июн, рассом ва паноҳандаи сиёсии рус Семён Скрепетский дар кишвари Лаҳистон кушта шуд. Гуфта мешавад, ӯ аз мунаққидони сарсахти режими Владимир Путин ба шумор мерафт.

Тавре расонаҳои лаҳистонии “podlaski.info” ва “wPolsce24” гузориш медиҳанд, ин шаҳрванди 44-солаи Русия дар як таваққуфгоҳи мошинҳо дар шаҳри Бяла-Подляска, ки дар 40-километрии марзи Беларус воқеъ аст, мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, кушта шудааст.

Бар асоси иттилои расонаҳо, мақомоти пулиси Лаҳистон фавран кӯчаҳои шаҳрро баста, амалиёти махсусро оғоз намуданд. Дар натиҷа, яке аз гумонбарони асосии қатли рассом дар наздикии консулгарии Беларус дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ӯ пас аз тирпарронӣ кӯшиш кардааст, ки ба самти бинои консулгарӣ фирор кунад. Мувофиқи маълумоти аввалия ва расман тасдиқнашуда, шахси дастгиршуда шаҳрванди Беларус мебошад.

Шабакаи телевизионии “wPolsce24” хабар медиҳад, ки дар ин сӯиқасд, ба эҳтимоли зиёд, ду нафар даст доштаанд. Канали телеграмии беларусии “DzikMedia” менависад, ки қотилони эҳтимолиро як ронандаи таксӣ аз Беларус ба ин шаҳр овардааст. Бино ба ин гузориш, вақте ҳамлагарон ба Скрепетский бо силоҳ таҳдид карданд, ӯ аз тарс хостааст ба ҳудуди консулгарии Беларус паноҳ барад, вале ба ин кор муваффақ нашудааст.

Куштори Семён Скрепетский дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯ дар назди сафорати Русия дар Берлин як ҳамоиши эътирозии пурсарусадо баргузор карда буд. Ӯ бо либосҳои суннатии русӣ (кулоҳи гӯшдор) ва лентаи Георгий ҳозир шуда, дар як ҳаракати рамзӣ парчами Русияро ба қуттии партов ҳаво дод. Инчунин ӯ бо як расме, ки дар он Иосиф Сталин бо кӯдаке дар оғӯшаш, ки он кӯдак Путин буд, тасвир ёфта, дар назди сафорат гаштугузор мекард.

Танҳо як соат қабл аз кушта шуданаш, Сакрепетский дар канали телеграмии худ навишта буд, ки ин ҳамоишаш дар Берлин “писанди ватандӯстони рус наомад” ва ӯро пайваста ба таҷовузу марг таҳдид мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта мақомоти Лаҳистон ифшо карда буданд, ки як мухолифи дигари рус бо номи Игор Р., ки дар Лаҳистон паноҳандагии сиёсӣ дошт, дар асл ҷосуси Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) буда, дар бораи дипломатҳои лаҳистонӣ ва мухолифони рус маълумот ҷамъ меовардааст. Мансабдорон ҳанӯз иртиботи ин ду ҳодисаро расман шарҳ надодаанд ва тафтишот дар ин замина идома дорад.

Дар Душанбе зане бо гумони қатли як мард боздошт шуд

0

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан бо гумони даст доштан дар қатли як марди 61-сола дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Фирдавсӣ ҷинояти одамкуширо ошкор намуда, як зани 34-сола бо номи Шарофати Ҷамолиддинро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд.

Тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, шаби 13-уми июн гумонбар ҳамроҳ бо Иноятов А., сокини 61-солаи пойтахт, дар манзили иҷоравӣ воқеъ дар кӯчаи Назрибеков нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекарданд. Ба гуфтаи мақомот, миёни онҳо дар ҳолати сархушӣ муноқиша сар задааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин муноқиша зан бо истифода аз корди ошхона ба узвҳои гуногуни бадани мард зарба зада, ӯро ба ҳалокат расондааст. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, гумонбар ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши ҳодиса аз ҷониби додситонии ноҳияи Фирдавсӣ идома дорад.

Назари гумонбар ё наздикони ӯ дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар бисёре аз ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла одамкушӣ ва расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатӣ, истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва ё маводи нашъовар яке аз омилҳои асосии сар задани муноқишаҳо номида мешавад. Коршиносон мегӯянд, афзоиши чунин ҳодисаҳо нигаронкунанда буда, зарурати тақвияти корҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеаро бештар мекунад.

Дар пасманзари гуфтугӯҳои Трамп бо Путин ва Зеленский, ҳамлаҳо ба Украина идома доранд

0

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина шаби 15-уми июн дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Дар пайи ин ҳамлаҳои сахт, калисои таърихии Киев, ки таҳти ҳимояи ЮНЕСКО қарор дорад, мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Игор Клименко, вазири корҳои дохилии Украина гуфт, ки панҷ корманди хадамоти наҷот ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор дар шаҳри Харков зери ҳамлаи нерӯҳои Русия қарор гирифта, ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи ӯ, панҷ нафари дигар низ ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти маҳаллӣ ҳамчунин хабар доданд, ки дар натиҷаи ҳамла ба осорхонаи рассомии вилояти Харков шаш нафар, аз ҷумла як кӯдак, захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфт, ки ҳамлаҳои шабонаи Русия дар чандин нуқтаи пойтахт боиси сӯхтор шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти шаҳр, дар Киев чор нафар кушта ва 23 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Украина низ ҳамла ба зерсохтҳои энергетикӣ ва корхонаҳои нафти Русияро идома медиҳад. Киев мегӯяд, ин иншоот яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории ҷанги Русия алайҳи Украина мебошанд.

Ҳамзамон, расонаҳо аз гуфтугӯҳои телефонии президенти Амрико Доналд Трамп бо раҳбарони Русия ва Украина дар рӯзи зодрӯзи ӯ 14-уми июн хабар доданд.

Владимир Зеленский, президенти Украина суҳбат бо Трампро “ҷолиб” арзёбӣ карда, гуфтааст, ки ҷонибҳо “масъалаҳои муҳими калидӣ”-ро баррасӣ карданд.

Аз сӯи дигар, Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия аз гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин суҳбат тақрибан як соат идома карда, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҷанг ва ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намудаанд.

Ба гуфтаи Ушаков, Путин таъкид кардааст, ки ҳамлаҳои Украина ба зерсохтҳои Русия ба раванди амалиётҳои низомӣ таъсири ҷиддӣ нахоҳанд расонд.

Худи Доналд Трамп то ҳол дар бораи муҳтавои суҳбатҳои худ бо раҳбарони Русия ва Украина изҳороти расмӣ нашр накардааст.