Хона блог саҳифа 353

Масҷиди бузургтарин имсол кушода мешавад?

0

Кумитаи дини Тоҷикистон торихи нави эҳтимоли кушодашавии бузургтарин масҷиди Тоҷикистонро, ки бо сармояи давлати Қатар сохта шудааст, эълон кард.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт, ки дар семоҳаи дувуми имсол сафари ҳайати Қатар ба Тоҷикистон дар назар аст ва эҳтимол дар ҷараёни сафари ин гурӯҳ масҷид кушода шавад.

Ба гуфтаи Давлатзода, масҷид аз рӯи лоиҳаи дуҷониба бунёд шудааст ва ба ин хотир бояд бо ҳузури намояндагони ду кишвар боз шавад.

Дар нишасти матбуотии соли гузашта Сулаймон Давлатзод гуфта буд, ки бузургтарин масҷиди Тоҷикистон аз комиссияи давлатӣ гузашта ва омода аст дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз кунад.

Он замон раиси Кумитаи дин гуфта буд, ки ифтитоҳи масҷид моҳи марти соли 2020 пешбинӣ шуда буд, аммо ба далели пандемияи коронавирус намояндагони Қатар ба Точикистон омада натавонистанд ва ба ин далел кушодашавии масҷид ба таъхир афтод.

Сохтмони ин масҷиди бузурги кишвар расман соли 2009 бо сармоягузории давлати Қатар оғоз шуда буд, вале бо далелҳои зиёд то ҳол дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз накардааст. Гуфта мешавад, ин масҷиди бузург дар шаҳри Душанбе дар масоҳати 12 гектар сохта шуда, аз чаҳор манораи бузург бо баландии 65-метрӣ ва як гунбади асосии баландияш 47 метр ва боз 20 гумбади хурди дигар, инчунин толорҳои хурду калон барои нишасту вохӯриҳо ва қабули меҳмонон, китобхона, як осорхона ва ғайра иборат аст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар як вақт ҳудуди 120 000 нафар метавонанд дар ин масҷид намоз гузоранд.

Тибқи маълумотҳои расмӣ, ин масҷид ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст.

Мусодираи беш аз 4 тонна маводи мухаддир дар Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, имсол дар кишвар сатҳи нашъамандӣ 7,7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар назди Президент

Имрӯз, 3-уми феврал директори Агентии назорати маводи нашъаовар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “соли 2022 дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ, 4381  нафар нашъаманд ба қайд гирифта шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (4749 нафар) 368 нафар ё 7,7 фоиз коҳиш ёфтааст.”

Воҳидзода дар гузоришаш гуфт, ки сатҳи нашъамандӣ дар байни занҳо низ коҳиш ёфтааст. “Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 101 (2021-107) нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2021 6 нафар кам шудааст.”

Директори Агентӣ таъкид кард, ки соли 2022 мусодира ва фурӯши маводи мухаддир низ дар кишвар коҳиш ёфтааст. Ӯ гуфт: “агар соли 2021  251 кг героин мусодира шуда бошад, соли 2022 ин рақам ба зиёда 139 кг баробар шудааст. Дар ҳамин ҳол, мусодираи афюн соли 2022  30 фоиз афзоиш ёфтааст.”

Ба иттилои Ҳабибулло Воҳидзода, мақомоти ин ниҳод соли 2022 дар ҳудуди кишвар аз гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир 4 тоннаю 169 грамм маводи мухаддир ёфт ва мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 83 килограмму 105 грамм кам аст.

Аммо ба гуфтаи директори Агентӣ, соли 2022 “аз муомилоти ғайриқонунӣ 520 кг 530 гр маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ҳаҷми маводи мусодирашуда дар маҷмуъ нисбат ба соли 2021  162 кг 892 гр ё 45,5 фоиз зиёд мебошад.”

Мавлавӣ Абдулҳамид: Иҳонат кардан ба зиндонӣ ҳаром аст!

0

Раҳбари аҳли суннати Эрон мегӯяд, ки иҳонат кардан ба зиндонӣ ҳаром аст ва касоне, ки иҷозат додаанд, ки бо зӯру шиканҷа эътирофоти иҷборӣ бигиранд, намедонам аз дин чӣ хабар доранд?

Имрӯз, 03-уми феврали соли 2023, мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ дар хутбаи намози ҷумъа дар бораи зиндониҳо суҳбат карда гуфт, “задани зиндонӣ ҷоиз нест, фишор овардан болои зиндонӣ ҷоиз нест, иҳонат кардани зиндонӣ ҳаром аст!”

Раҳбари аҳли суннати Эрон мегӯяд, зиндонӣ эҳсос накунад, ки ин бозҷӯи ман мехоҳад ба ман ҳамла бикунад ва ба дасти душманонам уфтодаам, балки эҳсос кунанд, ки ман ба дасти инсонҳо уфтодаам ва бар илова агар тараф мусалмон бошад, инро бояд эҳсос кунад, ки ман ба дасти як мусалмон уфтодаам ва ҳаққи ман зоеъ (поймол) намешавад.

Имоми масҷиди Маккӣ дар шаҳри Зоҳидони устони Сиистону Балучистони Эрон таъкид мекунад, ки “эътироф ба иҷбор зоеъ кардани ҳаққи зиндонист. Ин таълим таълим ислом нест, ин таълим таълими дин нест ва маълум нест, баъзеҳо, ки ин масоилро иҷозат додаанд, инҳо чӣ тафаккуре доранд, чӣ бардоште аз дин доранд? Ҳамаи инсонҳо ҳурмат доранд!

Гуфта мешавад, ин хутбаи шадидул лаҳни раҳбари аҳли суннати Эрон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар давоми камтар аз чор моҳ мақомоти эронӣ наздик ба 400 нафар ҷавонону наврасони балучро боздошт ва зиндонӣ кардаанд ва хабару гузоришҳои зиёде дар бораи тавҳин, шиканҷа ва гирифтани эътирофоти маҷбурии зиндониҳои сиёсии Эрон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шудаанд.

Инчунин 30-уми январи соли ҷорӣ мушовири худи ӯ мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳ ва чанд тани дигар аз рӯҳониёни аҳли суннати курдзабонро низ дар дигар минтақаҳои Эрон боздошт карда, пайравони онҳо бо баргузории намоишҳои эътирозӣ хостори озодии онҳо мебошанд, вале аз сӯи дигар ҷонибдорони ҳукумат низ бо роҳандозии иқдомҳое хоҳони аз тариқи эъдом қатл кардани ин рӯҳониён шудаанд ва ҳоло сарнавишти онҳо норӯшан боқӣ мондааст.

Афзоиши парвозвҳо байни Тоҷикистону Эрон

0

Ширкатиҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Эрон ба тавофуқ расидаанд, ки хатҳои мустақими парвозҳо байни ду кишварро афзоиш диҳанд.

Ширкати “Сомон-Эйр” эълон кардааст, шуруъ аз 10-уми феврали соли 2023, дар рӯзҳои ҷумъаи ҳар ҳафта ва дар соати 14:30 ба вақти Тоҷикистон аз Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба Фурӯдгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ дар Теҳрон ва баргашти он ба Тоҷикистон дар соати 17:20 ба вақти Теҳрон анҷом мешавад.

Ба қавли сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, ин савумин хати парвози мустақим байни ду кишвар мебошад ва то пеш аз ин ду парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии Вориши Эрон анҷом мешуд.

Ин парвозҳои мустақим яке дар рӯзҳои якшанбеи ҳар ҳафта дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон ва дувумӣ дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад дар рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта сурат мегирифт.

Гуфта мешавад, баъд аз нарм шудани муносибатҳои сарди 7-сола байни Дашунбеву Теҳрон, ҷонибҳо бо имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон ба тавофуқ расиданд, ки хати парвозҳои мустақим байни ду кишварро зиёдтар кунанд.

Дар Дарвоз издивоҷ байни шиаву суннӣ манъ карда шуд

0

Мақомоти динии ноҳияи Дарвози Афғонистон издивоҷ байни пайравони шиау суннӣ ва дигар ақвом ва мазоҳибро манъ карданд.

Имрӯз, 03-уми феврали соли 2023, дар бархе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ як муроҷиатномае мансуб ба мақомоти динии ноҳияи Дарвози Афғонистон роҳ ёфтааст, ки дар он гуфта мешавад, издивоҷ байни аҳли суннат ва шиаён манъ карда шавад.

Дар ин муроҷиатнома зикр шудааст, ба хотири нигарониҳои динӣ ва ақидатӣ ба ҳама ақвоми таҳти қаламрави ин ноҳия муроҷиат карда мешавад, ки “аз ин ба баъд ҳеч кас аз аҳли суннат вал ҷамоат ҳаққи додани духтар ба аҳли шиа ва аз аҳли шиа ба аҳли суннатро надорад.”

Инчунин таъкид шудааст, ки “агар аҳёнан, байни писари зангир ва духтари шаваркунанда барои таҳмили ақида шарте гузошта шавад, (ки ҷонибҳо ба тавофуқ нарасанд,) ба назди мақомот ва додгоҳ бояд муроҷиат кунанд.”

Гуфта мешавад, то замони таҳияи ин матлаб Толибон расман дар бораи ҷорӣ шудани ин ҳукм шарҳе надодаанд. Аммо аз замоне, ки ин гурӯҳ дар 15-уми августи соли 2021 дубора дар Афғонистон сари қудрат омадаанд, бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шуданд ва дар хеле мавридҳо ба ҷои он ки роҳи ҳалҳое барои рафъи онҳо пайдо кунанд, аҳкоми аҷибу ғариберо содир кардаанд, ки мушкилоти мардумро печидатар кардааст. Ин қарори мулло Ҷумъахони Фотиҳ, амири вулусволии Насии Дарвози Афғонистон низ яке аз он амру фармонҳое чолишбарангези онҳост.

Интиқоли зиндониҳои сиёсии зодаи Бадахшон ба Хуҷанд

0

Даҳҳо нафар аз зиндониҳои сиёсии зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонро аз боздоштгоҳ ба зиндони низомаш пурзӯр интиқол додаанд.

Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 30-уми январи соли 2023 даҳҳо нафар аз зиндониёни сиёсии зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз Боздоштгоҳи муваққатти шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони низомаш пурзӯри шаҳри Хуҷанд дар вилояти Суғд интиқол додаанд.

Ба қавли рӯзноманигори шинохтаи кишвар хонум Анора Саркорова, мақомот ин зиндониҳои сиёсиро, ки аксари онҳо зодагони Бадахшон мебошанд, аз Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) дар шаҳри Душанбе ба муассисаи ислоҳии рақами 3/5-и шаҳри Хуҷанд, ки низомаш пурзӯр аст, интиқол додаанд.

Хонум Анора Саркорова бо нашри як феҳрист дар бораи интиқоли ин зиндониҳои сиёсӣ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир фазои соли 1933-38 дар Тоҷикистон ҳукмфармост ва ҳамаи ин зиндониёнро низ ба ҷурм “душмани халқ” барои солҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Дар рӯи ин ду феҳрист, ки иборат аз се саҳифа мебошанд, навишта шудааст: Ба маҳкумшудагоне, ки аз тавқифгоҳи тафтишотии 9/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СИҶҶ ВВ ҶТ) ба муассисаи ислоҳии 3/5 шаҳри Хуҷанд интиқол дода мешаванд. 30-01-2023 сол. Асос барои интиқол: Ҳукми суде, ки эътибори қонунӣ пайдо намудааст.

Гуфта мешавад, пас аз ҳодисаҳои тобистони соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мақомоти Тоҷикистон дар чанд маврид эътирозгарони осоиштаро қатли ом карданд, алайҳи фаъолони сиёсии ин минтақа низ дар дохил ва хориҷ аз кишвар “ҷанг” эълон карданд. Дар натиҷа садҳо бадахшониро дар дохил ва хориҷи кишвар таҳти пайгард қарор дода, садҳо нафари онҳоро боздошт ва бо иттиҳомоти сохта ва дурӯғин пушти дарҳои баста барои муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум карданд.

Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 02.02.2023 | AZDА TV

0

“Адвокати ҳукумат” ба дидани рӯзноманигорони зиндонӣ меравад

Ашраф Ғанӣ барои наҷангидан бо Толибон аз Қатар ришва гирифтааст

Имсол барои озмунҳо дар Тоҷикистон 11 миллион сомонӣ ҷудо мешавад

ТОШКЕНТ. БАРОИ РУШДИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ШАРОИТ ФАРОҲАМ АСТ

0

Дар назди Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Шурои адабиёти тоҷик таъсис ёфт.

– Аз номи раиси Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид бо таъсиси Шурои адабиёти тоҷик, ки метавон онро ҳодисаи муҳими фарҳангӣ арзёбӣ намуд, аҳли адабу фарҳанги тоҷики кишварамро табрику шодбош мегӯям. Ибрози умедворӣ мекунам, ки аъзои ин Шурои навтаъсис дар баробари таъмини рушди адабиёти тоҷик дар мамлакат, ҳамзамон, ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои адабиву фарҳангии миёни ду кишвари дӯсту бародар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми бузурги худро мегузоранд, – гуфт мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии адабӣ ва тарҷумаи бадеии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Рустам Мусурмон.

Вай афзуд, ки ба шарофати беҳбуди робитаҳои миёни ду кишвар, ки натиҷаи иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар соҳаи адабу фарҳанг низ ҳамкориҳо беш аз пеш тавсеа меёбанд. Ба гуфтаи ӯ чанд нафар адибони тоҷики муқими Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи нависандагони ду кишвар пазируфта шудаанд ва чанде аз онҳо ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ низ мушарраф шудаанд.

– Узви Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва тарҷумон Одил Икром сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ин ҷоизаро ба вай Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон супурд, ки дар таърихи се даҳсолаи охир беназир мебошад. Одил Икром «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин, антологияи «Шеъри муосири тоҷик» ва осори як идда намояндагони бузурги адабиёти форсу тоҷик, мисли Муҳаммад Иқбол ва Фурӯғи Фаррухзодро хеле равон ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст, – зикр намуд Рустам Мусурмон.

– Дар солҳои охир чопу интишори як қатор маҷмуаҳои дастаҷамъиву китобҳои алоҳидаи насриву назмӣ, ки ба қалами адибони тоҷики муқими Ӯзбекистон тааллуқ доранд, боиси ифтихор мебошад. Гузашта аз ин, дар шаҳри Самарқанд шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон таъсис ёфт ва як сол қабл маҷаллаи адабии “Дурдонаҳои Шарқ” арзи вуҷуд намуд, ки дар саҳифаҳои он ғайр аз осори адибони худамон, интишори осори як зумра адибони Тоҷикистон ва ҷаҳон низ ба роҳ монда шудааст, – гуфт раиси Шурои адабиёти тоҷики Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Хусрави Саъдулло.

Вай афзуд, ки соли сипаришуда дар ҳаёти адабиву фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон соли бобарору хотирмон буд. Шоир Паймон се китоб ва Юнуси Имомназар ду китоби худро мунташир ва ба ҳаводорони назму насри форсии тоҷикӣ тақдим намуданд.

Ба гуфтаи узви Шурои адабиёти тоҷик Муҳаммадҷони Шодӣ минбаъд ба он бояд ноил шуд, ки китобҳои бадеӣ бидуни тавсияи ин Шуро интишор наёбанд. Зеро дар ду даҳсолаи охир китобҳои зиёд дар нашриётҳои гуногун ба табъ расидаанд, ки аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа хеле заиф мебошанд. Барои ҳамин таъсиси Шурои адабиёти тоҷикро фоли нек арзёбӣ мекунам ва он ҳатман барои ба тартиб даровардани ин ҷанбаи кор низ хеле мусоидат хоҳад кард, – илова намуд Муҳаммадҷони Шодӣ.

Дар ин ҷаласа боз гуфта шуд, ки бояд марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон ва шаҳру вилоятҳои он бо Шурои адабиёти тоҷики Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон ҷиҳати ба роҳ мондани мулоқотҳои адибон дар минтақаҳои гуногун, роҳандозии мушоираҳо ва кашфи адибони ҷавон аз наздик ҳамкорӣ намоянд.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ МУАЛЛИФ

Роҳи Душанбе-Чаноқ ба сабаби барфи зиёд боз баста шуд

0

Ширкати нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ “Innovative Road Solutions” (IRS) иттилоъ дод, ки ба сабаби боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма ин роҳ бастааст ва ҳоло корҳои бартарафсозӣ идома дорад.

Акс аз саҳифаи фейсбукии (IRS)

Ин ширкат дар саҳифаи фейсбукияш соате пеш навишт, ки дар роҳи Душанбе – Чаноқ бартарафсозии пайомади бориши пуршиддати барф ва тармафароӣ идома дорад.

Ширкати (IRS) мегӯяд, ҳоло ҳам хавфи тармафароӣ дар ин роҳ зиёд буда, боздоштани муваққатии ҳаракати автомобилҳоро муҳим медонад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш шуда, ки то кушода шудани роҳ аз сафар худдорӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар роҳи мазкур бо сабаби боридани барфу борони зиёд тарме мефарояд ва бисёре аз нуқтаҳои ин роҳи пулакӣ хароб шуда, бетармим мемонанд. Ва ин сабаб мешавад, ки садамаҳои ҳалокатбори зиёде низ рух медиҳад.

Шоҳроҳи мазкур аз соли 2010 ширкати (IRS), мутааллиқ ба домоди Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев идора мешавад.

Имсол барои озмунҳо дар Тоҷикистон 11 миллион сомонӣ ҷудо мешавад

0

Дар соли 2023 барои гузарондани 3 озмун дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар миллионҳо сомонӣ ҷудо мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, имрӯз, 2-уми феврали соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон ба чанд сохтори давлатӣ амр додааст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “ Илм-фурӯғи маърифат” дар соли 2023 чораҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин ба Вазорати молияи кишвар супориш дода шуда аст, ки барои баргузории озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” 3 миллиону 750 ҳазор сомонӣ, барои озмуни  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 3 миллиону 895 ҳазор сомонӣ ва озмуни  “ Илм-фурӯғи маърифат” 4 миллиону 85 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.

Барои баргузории ин озмунҳо дар соли ҷорӣ аз фонди захиравии Президент дар маҷмуъ беш аз 11,3 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, тибқи қонун “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фонди захиравии Президент ба андозаи 2 дарсади даромади буҷаи давлат муқаррар карда шудааст ва тартиби истифодабарии маблағҳои Фондро худи Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад.

Ҳаҷми Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар буҷаи давлатии ҷумҳурӣ танҳо дар соли 2021 404 миллион сомонӣ муқаррар карда шуда буд.