Хона блог саҳифа 354

Ҷони Абдуллоҳи Шамсиддин дар хатар аст!

0

Пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари фаъоли сиёсии тоҷик Шамсиддини Сайид мегӯянд, ки бо гузашти наздик ба ду ҳафта ҳанӯз мақомоти кишвар расман дар бораи саломат будани ӯ иттилоъ надоданд.

Имрӯз, 2-уми феврали соли 2023, Шамсиддини Сайид, падари паноҳҷӯи ихроҷшудаи тоҷик аз Олмон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, бо гузашти ду ҳафта то ҳанӯз ҳеч як аз мақомоти кишвар ба гардан нагирифтаанд, ки писараш Абдуллоҳи Шамсиддин дар дасти онҳост.

Шамсиддини Сайид, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, вақте як нафарро ба ин осонӣ аз ҷамъи ҳамсару фарзандон ва дигар аъзои хонавода кашида мебаранд ва бо гузашти ду ҳафта ҳеч яке аз мақомоти таҳвилгиранда дар Тоҷикистон эътироф намекунад, ки Абдуллоҳи Шамсиддин зери назорати онҳост, мо дар бораи саломатии ӯ эҳсоси хатар мекунем.

Аз сӯи дигар, бархе манобеи Azda tv низ дар суҳбатҳои ғайрирасмӣ гуфтанд, ки пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе мақомоти корҳои дохилӣ ва амният Абдуллоҳи Шамсиддинро аз дохили ҳавопаймо гирифта бо худ бурданд.

Ба гуфтаи онҳо, кормандони мақомот шиканҷаи равонӣ ва физикии Абдуллоҳро аз лаҳзаҳои аввали таҳвил гирифтан оғоз карданд ва акнун эҳтимол меравад, ҷони ӯ дар хатар бошад ва ба ҳамин хотир мақомот аз ироаи ҳамагуна иттилоот дар бораи ӯ феълан худдорӣ мекунанд.

Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсии Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ дар суҳбат ба мо гуфт: “Мо ин режимро хуб мешиносем ва таҷрибаи муносибат кардани он бо мухолифинашро ҳам медонем. Барои мисоли, боздошт ва пас аз чанд соате ҳангоми бозпурсӣ ба қатл расонидани бархе ҷавонони тоҷикистонӣ дар шаҳрҳои Исфара, Ваҳдат, Хоруғ ва ахиран дар шаҳри Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки тавассути мақомот анҷом шуд, чеҳраи воқеии ин режимро хуб ба намоиш гузоштааст ва бо таваҷҷуҳ ба ин ҳодисаҳо мо ҳам ҳар лаҳза дар бораи саломатии Абдуллоҳ эҳсоси хатар мекунем.”

Гуфта мешавад, пас аз 9 шабонарӯз аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин мақомоти Олмон расман иттилоъ дода буданд, ки ӯро рӯзи 18-уми январи соли 2023 ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Аммо то ҳол ҷониби Тоҷикистон дар ин бора ҳеч иттилое надодааст. Пас аз ин Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳам бо роҳандозии як иқдом озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб кард.

“Адвокати ҳукумат” ба дидани рӯзноманигорони зиндонӣ меравад

0

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қасд дорад бо рӯзноманигорони зиндонӣ дар маҳбас мулоқот кунад.

Ҳусниддин Нидоев корманди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 2- юми феврал зимни нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки бо вуҷуди сару садоҳо Омбудсмен то ин дам бо хабарнигорону блогерони зиндонӣ дар боздоштгоҳу маҳбас мулоқот надоштааст.

Аммо ба гуфтаи Нидоев аллакай бо масъулони идораи зиндонҳо машварат шудааст ва қарор аст дар моҳи феврали соли ҷорӣ бояд рӯзноманигорони зиндониро аз наздик бубинанд.

Дар ҳамин ҳол, Муқим Ашӯров, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигор ба онҳо муроҷиат накардаанд.

Рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи октябри соли гузашта бо ирсоли як нома аз зиндон навишт, ки аз рӯзи аввали боздошт зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми бофтаву сохтаи мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тақрибан дар кишвар ҳеҷ таъсире надошта, дар аксар ҳолат аз манофеъи ҳукумат ҳимоят мекунад. Ва бо рафтан ба дидори рӯзноманигорони зиндонӣ вазъи онҳо беҳтар нахоҳад шуд. Дар гузашта бо вуҷуди хабари шиканҷа ва шароити бади зиндониёни сиёсӣ дар маҳбас, Омбудсмен баъд аз вохӯрӣ бо баъзе аз зиндониён гуфта буд, ки зиндониёни сиёсӣ ҳеҷ мушкилие надоранд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла ба расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.  

Вокуниши Муттақӣ ба таркиши Покистон

0

Вазири корҳои хориҷии Толибон мегӯяд, Покистон набояд Афғонистонро ба даст доштан дар таркиши Пешовар муттаҳам кунад, зеро омилони ин таркиши дар дохили худи ҳамон кишвар мебошанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Амирхон Муттақӣ, ки дар ҷамъи хабарнигорон дар Кобул суҳбат мекард, гуфт, Исломобод Афғонистонро муттаҳам мекунад, ки ин кишвар паноҳгоҳи террористҳост, ин иддао дуруст нест. Афғонистон ором аст, дигар ҳамсояҳояш, аз он ҷумла Тоҷикистону Узбекистон, Чину Туркманистон ва Эрон низ ҳама ором мебошанд.

Вазири хориҷии Толибон, ки дар гузашта яке аз усулҳои муборизаҳои онҳо таркондану кафондан буд, таъкид кард, мо аз ин корҳо хуб огаҳем. Ҳеч имкон надорад, ки як воскат ё камарбанди интиҳорӣ ба ин андоза талафотеро дар масҷид ба ҷо гузорад, ки ҳам сақф ва ҳам деворҳои он ҳама болои намозгузорон фурӯ резанд.

Вай афзуд, ҳамсояи Афғонистон шуруъ аз Тоҷикистону Узбекистон, Чину Туркманистон ва Эрон ҳама кишварҳои мусалмоннишин мебошанд. Ба ин хотир ба мақомоти Покистон маслиҳат дода мешавад, ки “мушкилоти даруни хонаи худро худашон ҳаллу фасл кунанд ва барфи болои боми худро ба боми дигарон наандозанд.”

Пеш аз ин бархе мақомоти покистонӣ ва коршиносони он кишвар иддао карда буданд, ки дар таркиши масҷиде дар яке аз марказҳои полиси Пешовар ҳудуди 10-12 кг маводи тарканда истифода шудааст. Тибқи охирин оморҳо дар натиҷаи ин таркиш дасти кам 100 нафар куша ва ҳудуди 200 каси дигар захмӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин нармиши Вазири корҳои хориҷии Толибон дар баробари Тоҷикистон, ки аз як сӯ Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи минбарҳои дохилӣ ва хориҷӣ пайваста алайҳи онҳо мавзеъгирӣ мекунад ва аз сӯи дигар қарордодҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии азимеро бо онҳо мебандад, чандин суолеро халқ мекунад.

Тибқи Қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳаракати Толибони Афғонистон як созмони террористӣ эълон шудааст ва ҳар навъ ҳамкорӣ ва ҳамсӯӣ бо онҳо ҷурм шинохта шуда, пайгарди қонунӣ дорад.

Акнун ба назар мерасад, ки иҷроиши ин қарор хосси мардуми оддӣ будааст ва ҳар навъ ҳамкорӣ ва ҳамсӯе, ки мақомот бихоҳанд, расман бо ин созмони террористӣ анҷом медиҳанд.

Барои мисол, Ҳукумат метавонад бар хилофи тамоми қарордоҳои сокинон бо ширкати “Барқи тоҷик” нерӯи барқи истеҳсолшудаи Тоҷикистонро ба мардум надиҳад, вале бе ягон мушкил дар ин рӯзҳои сарду торик барқро ба Толибон бифурӯшад.

Ашраф Ғанӣ барои наҷангидан бо Толибон аз Қатар ришва гирифтааст

0

Тибқи як гузориши тоза, Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон барои муқовимат накардан дар баробари Толибон аз ҷониби Қатар беш аз 110 миллион доллар ришва гирифтааст.

Шабакаи “TG 1“-и Италия дар як гузоришаш санадеро нашр карда, ки гуфта мешавад, аз як муомилоти пулӣ байни намояндаи Қатар Мутлақ Моҷид Ал-Қаҳтонӣ ва намояндаи вежаи Ашраф Ғанӣ ва ҳамчунин раиси онвақтаи Бонки марказии Афғонистон Аҷмал Аҳмадӣ парда бардоштааст.

Тибқи ин санади фошшуда, намояндаи давлати Қатар дар Афғонистон дар торихи 7-уми июли соли 2021 ба намояндаи Ашраф Ғанӣ 110 миллону 478 ҳазор доллари амрикоӣ таҳвил додааст. Гуфта мешавад, Ал-Қаҳтонӣ он замон дар Афғонистон ҳузур дошт ва дар Арки раёсатҷумҳур бо худи Ашраф Ғанӣ мулоқот кардааст.

Рӯзномаи “Repabblica”-и Итолиё дар матлабе овардааст, ки Қатар малбағи ҳангуфтеро ба давлати собиқи Афғонистон ба далели муқовимат накардан дар баробари Толибон, ки 15-уми августи соли 2021 дар Кобул қудратро ба даст гирифтанд, пардохт кардааст.

Ин рӯзнома менависад, ки санади мазкур тавассути рӯзноманигори итолиёӣ Филиппо Росси ба даст омад ва ба таври инҳисорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр шуд. Ин ва дигар асноде, ки ба даст омадааст, нишон медиҳанд, ки Қатар ба Ашраф Ғанӣ 110 миллион доллар ва маблағҳои дигаре низ ба шахсиятҳои муҳими давлатӣ ва низомӣ, аз ҷумла генерал Абдурашид Дӯстум дода шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон ин муомилоти пулӣ ҳамагӣ 1 моҳ пеш аз суқути Афғонистон сурат гирифтааст. Ашраф Ғанӣ пас аз як моҳи дарёфти ин маблағ ва пешниҳоди Қатар, ки бидуни ҷанг қудратро ба Толибон бисупорад, 15-уми август аз Афғонистон фирор кард ва Толибон ба ҷуз Панҷшер амалан тамоми Афғонистонро тасхир кард.

Мойк Пампео, собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико ахиран дар ёдоштҳояш Ашраф Ғаниро “мутақаллибтарин раҳбар” хондааст. Ғанӣ пеш аз ин ҳам ба он муттаҳам шуда буд, ки ҳангоми фирораш аз Кобул наздики 300 миллион доллари захираҳои Бонки марказии ин кишварро дуздида ва бо худ ба берун бурдааст.

Аммо то ҳол, на худи Ашраф Ғанӣ ва на ҷониби давлати Қатар ба ҳақиқат доштани ин санад вокунише накардаанд.

Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 01.02.2023 | AZDА TV

0

Сӯзишворӣ арзон шуд, роҳкиро чаро арзон намешавад?

Фиреби “Барқи тоҷик” ва фурӯши барқ ба Толибон

Афзоиши фасод дар Тоҷикистону коҳиши он дар Афғонистон

Афзоиши фасод дар Тоҷикистону коҳиши он дар Афғонистон

0

Бо сабаби рушд кардани фасоди иқтисодӣ ва идорӣ дар кишвар Тоҷикистон пас аз Туркманистон фасодзадатарин кишвар дар Осиёи Марказӣ ва минтақа шинохта шудааст.

Созмони Шаффофияти байналмилал бо нашри гузориши солонаи худ барои соли 2022 гуфтааст, ки вуҷуди фасоди идорӣ, пулӣ ва дигар шаклҳои он дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон дар соли гузашта дар раддабандии Шаффофияти байнланмилал бо аз даст додани 24 имтиёз дар байни 180 кишвар дунё нисбат ба соли 2021 1 зина пойин рафта, дар баробари Афғонистону Африқои Марказӣ, Ниҷерия ва чанд кишвари дигар мақоми 150-умро ишғол кардааст.

Аммо тибқи ҳамин радабандӣ Афғонистони толибонӣ соле пеш бо касби 24 имтиёз ва ба даст овардани 24 имтиёз, 8 зина боло рафта, дар байни 180 кишвари дунё мисли Тоҷикистону Лубнон дар мақоми 150-уми қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, бар асоси ҳамин гузориш, кишварҳои Қирғизистону Туркманистон мисли соли 2021 яке дар мақоми 140 ва дуввумӣ дар мақоми 167 ҷой гирифтаанд. Аммо Узбекистон бо касби 31 имтиёз 3 зина боло рафта, мақоми 126-умиро ишғол кардааст. Қазоқистон бошад, бо аз даст додани 36 имтиёз 1 зина пойин рафта, ҳамроҳ бо Албания ва Эквадор дар мақоми 101-уми қарор гирифтаанд.

Ҳалокати 25 нафар ҳангоми кор дар конҳои Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои сардори Хадамоти назорати давлатии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории кишвар Санъат Раҳим, соли гузашта ҳангоми кор дар корхонаву конҳои кишвар 25 нафар ба ҳалокат расидааст.

Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон

Санъат Раҳим, сардори ин ниҳод 1-уми феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2022 аз тарафи нозироти Хадамот 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ корхонаҳое, ки бештар меъёри бехатариро дар маҳалли кор вайрон кардаанд, аксари онҳо ширкату корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин ҳастанд ва ҳодисаҳои нохуш низ дар онҳо бештар рӯй додааст.

Сардори Хадамоти назорати давлатии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикист ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва инчунин мансабдорон аз ҷониби кормандони ин Хадамот ҷарима баста шуданд.

Ӯ дар ин нишаст гуфт: “барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1 млн 212 ҳазору 632 сомонӣ ҷарима баста шуданд.”

Ба гуфтаи ин масъули давлатӣ, ҳадди ниҳоии ҷазои риоя накардани қонун 134 ҳазор сомонӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин афзуда, ки “ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ дар корхонаҳои саноатӣ мутахассисони Хадамот 1252 банди риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд. Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 130 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.”

Фиреби “Барқи тоҷик” ва фурӯши барқ ба Толибон

0

Ширкати “Барқи тоҷик” фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистонро нисбат ба гузашта зиёдтар кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 1-уми феврали соли 2023 фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бекор кардани лимити барқ, ки ҳамагӣ 20 рӯз пеш содир шуда буд, аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” бекор карда шуд.

Пеш аз ин, ҳанӯз аз моҳи сентябри соли 2022 интиқоли нерӯи барқ дар аксари манотиқи Тоҷикистон маҳдуд гардида, ба ҳисоби миёна шабона аз соати 22:00 то 05:00 ва рӯзона аз соати 08:00 то 18:00 сокинон аз нерӯи барқ маҳрум буданд, вале ин ширкат ба ҳеч ваҷҳ расман эътироф намекард, барои таъмини мардум бо нерӯи барқ “лимит”-ро ҷорӣ кардааст.

Аммо дар даҳаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон худаш расман маҳдудкунии интиқоли нерӯи барқ ба мардумро эътироф карда, ба қавли АМИТ “Ховар” бо дастури ӯ “аз 11-уми январи соли равон дар мамлакат маҳдудият дар таъмини неруи барқ аз байн бардошта шуд.”

Аммо бо вуҷуди он ки мардум то имрӯз дар аксар манотиқи кишвар бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ ҳастанд, дирӯз ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома ба мардум гуфтааст, “аз рӯзи 1-уми феврали соли 2023 сар карда маҳдудкунии интиқоли неруи барқ ба роҳ монда мешавад.

Ин ширкат иллати расман ҷорӣ кардани реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро ба таври худаш шарҳ дода гуфтааст:

“Аз рўйи мушоҳидаҳо, бо дарназардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба неруи барқ дар дохили кишвар, ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт*соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз, Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар гуфт, ки дар соли 2022 “Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти  низоми энергетикии мамлакат мебошад.

Зеро дар ин давра “агрегати 3-юми  Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»  ва моҳи октябри соли 2022 агрегати якуми  НБО «Норак» баъди таҷдид расман ба истифода дода шуданд. Инчунин зеристгоҳҳои барқии «Рӯдакӣ» бо иқтидори  100/10 кВ  дар ноҳияи Восеъ, «Вознавд 110/35/10кВ»    ва «Даштаки Ванҷ 110/35/10» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мавриди истифода қарор дода шуданд.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз тармим ва таҷдиди зеристгоҳҳои барқӣ дар соли 2022 истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар “нисбат ба соли 2021  775,7 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 103,8 фоизро ташкил медиҳад.” Ва ба ҳамин хотир, фурӯши нерӯи барқ ба ҳамосояҳоро афзоиш додааст.

Узбекистон яке аз муштариёни асосии нерӯи барқи содиротии Тоҷикитсон аст. Бо вуҷуди он ки Тошканд аз Душанбе нерӯи барқ мехарад, расман тибқи қарордоде Узбекистон низ дар ҳаҷми 256 мГв нерӯи барқ ба Афғонистон мефурӯшад.

Аммо имсол бо сабаби сармои шадид ва кам шудани истехроҷи гази табиӣ дар чоҳҳои ин кишвар бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ шуд. Ба ин хотир, натвонист уҳдадориҳои худ дар қиболи Афғонистонро сари вақт иҷро кунад. Ҳудуди ду ҳафта интиқоли барқи Узбекистон ба Афғонистон қатъ шуд, сару садои мардум дар Кобул баланд шуд.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба ҳамтои Узбекистониаш ҳушдор дод, ки Тошканд вазифадор аст, бандҳои қарордоди интиқоли нерӯи барқ ба Кобулро иҷро кунад. Ба қавли ББС, 25-уми январи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Узбекистонду рӯз пас аз ин ҳушдори вазири корҳои хориҷии Толибон ваъда дод, ки ҷониби Тошканд дар муддати 24 соати оянда уҳдадориҳояшро пурра иҷро намуда, барқи содиротии худ ба Афғонистонро дар ҳаҷми 256 мГв таъмин мекунад.” Ба гуфтаи баъзеҳо, Узбекистон ин 256 мГв-ро аз ҳисоби барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон мефурӯшад.

Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди он ки ин муроҷиатномаи ахири ширкати “Барқи тоҷик” сару садоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ доштааст, ин ширкат бо дастури Эмомалӣ Раҳмон мисли гузашта мардумро фиреб мекунад. Барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба ҳама сокинони кишвар басанда аст, вале ҳукумат онро на ба мардуми худ намедиҳад, балки ба ҳамсояҳо мефурӯшад.

Сӯзишворӣ арзон шуд, роҳкиро чаро арзон намешавад?

0

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, сабаби бетағйир мондани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро бо вуҷуди коҳиш ёфтани нархи сӯзишворӣ дар кишвар, шарҳ дод.

Дар нишасти хабарии рӯзи 1-уми феврал дар Душанбе Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар гуфт, ки ҳоло нархи сӯзишворӣ тақрибан дар ҳамон сатҳи баҳори соли 2021 аст, замоне ки нархи роҳкиро бори охир пас аз мувофиқа бо Агентии зиддиинҳисорӣ баланд бардошта шуда буд.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, агар нархи сӯзишворӣ ва роҳкиро “каме тафовут” дошта бошад ҳам, дар ин давра (аз баҳори соли 2021 то имрӯз) нигоҳдории мошинҳо, аз ҷумла қимати қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра афзоиш ёфтааст.

Вазир мегӯяд, ки фоида аз мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳоли ҳозир танҳо 10-15%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, дар соли 2022 нархи бензин 27,9 дарсад, гази моеъ 27,3 дарсад арзон шуда, арзиши сӯзишвории дизелӣ бошад, баръакс 11,9 дарсад афзудааст.

Ба гуфтаи сокинони кишвар, нархи гази моеъ дар нимаи моҳи январ каме арзон шуда, арзиши дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ тақрибан бетағйир мондааст.

Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар ҳоло нархи Газ – 3,40 сомонӣ, бензини навъи 92 – 7,70 сомонӣ ва навъи 95 – 8 сомонӣ ва нархи дизел 11,40 сомонӣ мебошад.

Нархи роҳкиро ва сифати хизматрасонии он дар кишвар, асосан дар шаҳри Душанбе ҳамеша миёни сокинон баҳсбарангез буд. Дар гузашта мақомот ва ронандаҳо боло будани нархи роҳкироро ба нархи сӯзишворӣ дар кишвар рабт медоданд. Сокинонон мегӯянд, ки нархи роҳкиро ба сифати хидмарасонии нақлиётҳо мувофиқ нест.

Афзоиши шумори қурбониҳои таркиши Пешовари Покистон

0

Мақомоти покистон мегӯянд, ки теъдоди қурбониёни ҳодисаи хунини дирӯз дар масҷиде дар шаҳри Пешовар афзоиш ёфта, корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад.

Бино ба иттилои расонаҳои покистон, теъдоди қурбониёни ҳодисаи террористии масҷиде дар шаҳри Пешовари Покистон зиёда аз 300 нафар арзёбӣ мешавад ва ин теъдод дар ҳоли афзоиш аст.

Ба қавли ин расонаҳо, ҳодисаи хунини мазкур то кунун 100 кушта ва ҳудуди 200 нафар захмӣ ба ҷо гузоштааст ва ҳамзамон амалиёти наҷотдиҳӣ аз зери оворҳои фурӯрехта дар масҷид идома дорад.

Гуфта мешавда, зуҳри дирӯз, соати 13:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ маргталабе худро дар сафи аввали намоз дар дохили масҷиди яке аз марказҳои полиси шаҳри Пешовар, маркази иёлати Хайбарпахтунхоҳи Покистон тарконд ва шиддати ин таркиш он қадр бузург буд, ки сақф ва деворҳои масҷид бар рӯи намозгузорон фурӯ рехтанд.

Дар ибтидо теъдоди куштаҳо 36 ва захмиҳо ҳудуди 150 кас эълон шуда буд ва бо гузашти вақт амлиёти наҷотдиҳӣ идома ёфта, инак мақомоти покистонӣ расман мегӯянд, ки теъдоди кушта шудаҳо ба 100 нафар расида ва ҳудуди 200 каси дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Аксари ин афрод полис ва кормандони ин марказ мебошанд.

Ин таркиш ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Аксари кишварҳои минтақа ва ҳатто Президенти Тоҷикистон ҳам онро маҳкум кард. Масъулияти ин ҳамлаи хунинро шохаи ҷудо шудае аз Таҳрики Толибони Покистон бо номи “Гурӯҳи озодагон” (Ҷамоат-ул-аҳрор) ба уҳда гирифт ва эълон кард, ки ин корро ҳамчун интиқом ба хотири хуни яке аз раҳбарони ин созмон анҷом додааст.