Хона блог саҳифа 368

Сӯзишворӣ арзон шуд, роҳкиро чаро арзон намешавад?

0

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, сабаби бетағйир мондани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро бо вуҷуди коҳиш ёфтани нархи сӯзишворӣ дар кишвар, шарҳ дод.

Дар нишасти хабарии рӯзи 1-уми феврал дар Душанбе Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар гуфт, ки ҳоло нархи сӯзишворӣ тақрибан дар ҳамон сатҳи баҳори соли 2021 аст, замоне ки нархи роҳкиро бори охир пас аз мувофиқа бо Агентии зиддиинҳисорӣ баланд бардошта шуда буд.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, агар нархи сӯзишворӣ ва роҳкиро “каме тафовут” дошта бошад ҳам, дар ин давра (аз баҳори соли 2021 то имрӯз) нигоҳдории мошинҳо, аз ҷумла қимати қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра афзоиш ёфтааст.

Вазир мегӯяд, ки фоида аз мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳоли ҳозир танҳо 10-15%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, дар соли 2022 нархи бензин 27,9 дарсад, гази моеъ 27,3 дарсад арзон шуда, арзиши сӯзишвории дизелӣ бошад, баръакс 11,9 дарсад афзудааст.

Ба гуфтаи сокинони кишвар, нархи гази моеъ дар нимаи моҳи январ каме арзон шуда, арзиши дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ тақрибан бетағйир мондааст.

Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар ҳоло нархи Газ – 3,40 сомонӣ, бензини навъи 92 – 7,70 сомонӣ ва навъи 95 – 8 сомонӣ ва нархи дизел 11,40 сомонӣ мебошад.

Нархи роҳкиро ва сифати хизматрасонии он дар кишвар, асосан дар шаҳри Душанбе ҳамеша миёни сокинон баҳсбарангез буд. Дар гузашта мақомот ва ронандаҳо боло будани нархи роҳкироро ба нархи сӯзишворӣ дар кишвар рабт медоданд. Сокинонон мегӯянд, ки нархи роҳкиро ба сифати хидмарасонии нақлиётҳо мувофиқ нест.

Афзоиши шумори қурбониҳои таркиши Пешовари Покистон

0

Мақомоти покистон мегӯянд, ки теъдоди қурбониёни ҳодисаи хунини дирӯз дар масҷиде дар шаҳри Пешовар афзоиш ёфта, корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад.

Бино ба иттилои расонаҳои покистон, теъдоди қурбониёни ҳодисаи террористии масҷиде дар шаҳри Пешовари Покистон зиёда аз 300 нафар арзёбӣ мешавад ва ин теъдод дар ҳоли афзоиш аст.

Ба қавли ин расонаҳо, ҳодисаи хунини мазкур то кунун 100 кушта ва ҳудуди 200 нафар захмӣ ба ҷо гузоштааст ва ҳамзамон амалиёти наҷотдиҳӣ аз зери оворҳои фурӯрехта дар масҷид идома дорад.

Гуфта мешавда, зуҳри дирӯз, соати 13:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ маргталабе худро дар сафи аввали намоз дар дохили масҷиди яке аз марказҳои полиси шаҳри Пешовар, маркази иёлати Хайбарпахтунхоҳи Покистон тарконд ва шиддати ин таркиш он қадр бузург буд, ки сақф ва деворҳои масҷид бар рӯи намозгузорон фурӯ рехтанд.

Дар ибтидо теъдоди куштаҳо 36 ва захмиҳо ҳудуди 150 кас эълон шуда буд ва бо гузашти вақт амлиёти наҷотдиҳӣ идома ёфта, инак мақомоти покистонӣ расман мегӯянд, ки теъдоди кушта шудаҳо ба 100 нафар расида ва ҳудуди 200 каси дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Аксари ин афрод полис ва кормандони ин марказ мебошанд.

Ин таркиш ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Аксари кишварҳои минтақа ва ҳатто Президенти Тоҷикистон ҳам онро маҳкум кард. Масъулияти ин ҳамлаи хунинро шохаи ҷудо шудае аз Таҳрики Толибони Покистон бо номи “Гурӯҳи озодагон” (Ҷамоат-ул-аҳрор) ба уҳда гирифт ва эълон кард, ки ин корро ҳамчун интиқом ба хотири хуни яке аз раҳбарони ин созмон анҷом додааст.

Абдуқодири Рустам: “ГОҲО ДУРУСТ НЕСТ. АСЛО ВА ДОИМО ҲАМ”

0

Бояд гуфт, «гоҳ» вожаи форсӣ аст, ки бар он афзудани танвини арабӣ ва эҷоди «гоҳан» низ ҷоиз нест, вале гузаштагонамон гоҳе аз ин гуна каҷравиҳо кардаанд…

 Дар забони тоҷикони муосир, чи дар навиштор ва чи дар гуфтор калимаи  қайд (зарф)-и «гоҳо» хеле фаровон истифода мешавад. «Гоҳо», ки ҳаммаъно ва гунаи дигаре  аз «гоҳ» (гаҳ), ва «гоҳе» (гаҳе) аст, солҳои охир ҳатто истеъмоли гунаҳои дигарро маҳдуд кардааст. Аммо «гоҳо» дуруст нест, ғалат аст. Алифи охири он (о) марбут ба хеч як аз мавориде, ки дар забони форсӣ (тоҷикӣ) дар авохири исм, феъл, сифат меояд ва ё калимаи нав месозад ё маъниро таъкид мекунад нест: на алифи итлоъ аст, на алифи тафхиму таъзим, на алифи муболиға ва таъкид  (Ниг. ба Фарҳанги форсии  Муин, моддаи «алиф»)  

Чунонки ишора рафт, истеъмоли «гоҳо» падидаи нав дар забони мост, аз ин рӯ чун истифодаи онро дар матни «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад Махдуми Дониш (Душанбе, «Дониш», 1988–1989) нависанда ва донишманди қарни 19 дидам, боварам наёмад. Фотонусхаи дастнавиштаи китобро бо ёрии дӯсте аз Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ба даст овардам ва дидам воқеан ҳам дар нусхаи асл «гоҳо» омада…. Аммо пас аз каме андеша, сабаби ин амр ҳам бароям кашф шуд. Аҳмади Дониш ин  калимаро бо танвини арабӣ (-ан) оварда ва азбаски дар мавориди зиёд калимоти танвиндорро дар хатти форсӣ бидуни аломати танвин менавиштанд (чунонки зеру забарро ҳам бештар авқот наменавиштанд), котиби нусхаи «Наводир-ул-вақоеъ» низ аз ин қоидаи нонавишта пайравӣ кардааст, ба ин фарз, ки шахси китобхон худ медонад онро чӣ гуна бихонад. Аммо донишмандони муосири тоҷик, мутаассифона, ин маъниро зоҳиран аз ёд бурдаанд ва азбаски дар он солҳои даҳаи 80-уми қарни гузашта низ дар навиштори тоҷикон «гоҳо» корбурди фаровон дошт, ин калимаи қайдро ончунонки дар сурат ҳаст, бидуни хониши дурусти он  ба сирилик нақл кардаанд. Дар зимн бояд гуфт, «гоҳ» вожаи форсӣ аст, ки бар он афзудани танвини арабӣ ва эҷоди «гоҳан» низ ҷоиз нест, вале гузаштагонамон гоҳе аз ин гуна каҷравиҳо кардаанд, мутаассифона, ва чанд калимаи дигари форсиро низ бо танвин овардаанд. Ҳамин тавр, «гоҳо» ғалатест, ки аз ғалати дигар рӯйидааст.

Хулосаи калом ин аст, ки агарчи «гоҳо» хеле интишори зиёд дорад ва ҳатто бузургони адаби муосир ҳам аз он истифода кардаанд ва ғалати ом шудааст, бояд аз истеъмоли он даст бикашем ва дар ҳама маврид аз гунаҳои дурусти калима: гоҳ (гаҳ), гоҳе (гаҳе) истифода кунем. Ғалати ҳосил ба ин равиш дар калимаҳо дигар низ рух дода, чунончи асло ва доимо, ки дар асл аслан ва доиман ҳастанд  ва азбаски дар алифбои форсӣ (арабӣ) гоҳе бидуни танвин навишта мешуданд ва мешаванд,  онҳоро ғалат хондаанд ва онро ба забон ва алифбои муосири тоҷикон овардаанд ва ин ғалат  аз навиштаҳои аҳли қалам ба забони мардум рафта густариш ёфтааст. Гунаи ғалати ин калимаҳо ҳамарӯза дар навиштору гуфтори тоҷикон  истеъмол мешавад ва ба ин сабаб овардани намунаҳоро лозим надонистам.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии донишманд ва адиби тоҷик Абдуқодири Рустам.

Дороиҳои Бобаки Занҷонӣ ба Эрон баргардонда мешаванд

0

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки миллиардери зиндонии ин кишвар, ки дар Тоҷикистон беш аз се миллиард доллар дошт, зинда аст.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, мақомот дар робита ба пулҳо ва дороиҳои миллиардери зиндонии ин кишвар эълон карданд, ки “сарнахҳои бисёр хубе ба даст омадааст ва акнун Бобаки Занҷонӣ дар зиндон аст.”

Ба қавли

Ба қавли ББС, исми Бобаки Занҷонӣ дар листи таҳримҳои Ғарб қарор дошт ва соли 2013 пас аз боздошт “масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ироаи санаде дар мавриди интиқоли ду милёрд дуллор ба Вазорати нафти Эрон барои Бобаки Занҷониро такзиб кардаанд.”

Бобаки Занҷонӣ дорандаи чанд паспорт ва аз ҷумла як шиносномаи тоҷикӣ ҳам аз шаҳри Ҳисор дошт. Аммо вақте дар Теҳрон боздошт шуд, натанҳо Эмомалӣ Раҳмон, балки дигар мақомоти Тоҷикистон ба вай пушт карданд. Инчунин яке аз заминаҳои сард шудани муносибатҳои Душанбеву Теҳрон ҳам амволи ба ҷо мондаи ӯ дар Тоҷикистон буд, ки маблағи онҳо ҳудуди 3,5 миллирд доллар арзёбӣ мешуд.

Бобаки Занҷонӣ дар гузашта яке аз тоҷирони муваффақи эроние буд, ки барои дур задани таҳримҳои Ғарб ба нафъи ҷумҳурии исломӣ кор ва тиҷорат мекард. Вай декабари соли 2013 дар Теҳрон боздошт шуд ва сипас ба иттиҳоми напардохтани пули қарз-нафтҳои гирифтааш аз Вазорати нафт ба иттиҳоми фасод ба эъдом маҳкум шуд, аммо бо гузашти 10 сол то ҳол мақомоти эронӣ натавонистаанд, ки тамоми дороиҳои ӯро ба нафъи Вазорати нафти ин кишвар, ки аз муддаъиёни асосии парвандаи ӯст, баргардонанд.

Боздошти мушовири мавлоно Абдулҳамид дар Зоҳидон

0

Мақомоти эронӣ мушовири мавлоно Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми масҷиди Маккӣ дар шаҳри Зоҳидони Эронро боздошт карданд.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, дирӯз, 30-уми январи соли 2023 нерӯҳои амниятии Эрон дар шаҳри Зоҳидон мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ, як тан аз мушовирони маволоно Абдулҳамид Исмоилзиҳиро боздошт кардаанд.

Ба қавли расонаҳои ҳукуматӣ ва наздик ба ҳукумати Эрон боздошти мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ бо ҳукми Додгоҳи рӯҳоният ва тавассути нерӯҳои амниятӣ сурат гирифтааст. Мақомоти Эронӣ ӯро ба ҳамкорӣ “бо афрод ва расонаҳои бегона, таҳриф ва ташвиши афкори умумӣ” муттаҳам мекунанд.

Аммо расонаҳои мустақил ва марбут ба эрониёни хориҷнишин мегӯянд, ки боздошти вай ҳадафҳои сиёсиеро дар пай дорад ва нерӯҳои амниятӣ савори чор мошин дар Зоҳидон пеши роҳи ӯро гирифта, пас аз боздошт Муродзиҳиро ба макони номаълум интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, тайи чанд моҳи ахир, шаҳри Зоҳидон, маркази устони Сиистону Балучистони Эрон, ки аксари сокинони он аз аҳли суннат ҳастанд, ноором аст. Сокинони ин шаҳр аз як сӯ ба далели норозӣ будан аз сиёсатҳои ҷумҳурии исломӣ ва аз сӯи дигар маҳрумиятҳои зиёде, ки доранд, ҳар ҳафта ба сурати гурӯҳӣ намоишҳои эътирозҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Аз замони оғози эътирозҳои ахири Эрон, ки ҳудуди чор моҳ пеш бо марги хонум Маҳсо Аминӣ шуруъ шуд, садои аҳли суннати Эрон дар Зоҳидон низ баландтар шудааст. Сокинони ин шаҳр ва бахусус рӯҳониҳои он дар канори мардум истода, аз ҳукумати Эрон борҳо талаб карданд, ки ба хостаҳои эътирозгарон тан диҳад, сухани онҳоро гӯш кунад ва ба мушкилоти онҳо расидагӣ намояд. Ин иқдоми онҳо хашми Теҳронро ба вуҷуд овард.

Нерӯҳои эронӣ ҳам чанд ҳафта пеш бо баргузории як амлиёти вежа наздик ба 400 нафар аз намозгузоронро, ки баъд аз намози ҷумъа роҳии хонаву бозор буданд, дар ин шаҳр кушта ва захмӣ карданд. Пас аз ин куштори оммавӣ мавҷи эътирозҳо дар ин устон зиёдтар шуд.

Дар ин муддат мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ, яке аз пешгомони фаъолон буд, ки аз ҳукумати кишвараш талаб мекард, омилони ин ҷиноят шиносоӣ, боздошт ва муҷозот шаванд. Аммо сухани онҳоро касе дар Теҳрон гӯш накард ва зуҳри дирӯз худи ӯ низ боздошт ва сарнавишташ номаълум боқӣ мондааст.

Пас аз боздошти ӯ, ҷамъе аз эътирозгарон дар шаҳри Зоҳидон ба кӯчаву хиёбонҳо хориҷ шуда, озодии ӯро талаб карданд, вале аз сӯи дигар хеле аз ҷонибдорони ҳукумати Эрон ҳам бо роҳандозии як иқдоме дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки мисли дигар эътирозгарони кушта шуда, Абдулмаҷид Муродзиҳӣ низ бояд эъдом шавад…

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Сокинони Кӯлоб барои адолатхоҳӣ назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд

0

Даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Кӯлоб барои адолатхоҳӣ дар қазияи Абдуқаҳҳор Розиқов ба назди бинои ҳукумати шаҳр рафтаанд.

30-уми январи соли ҷорӣ беш аз сад сокини Кӯлоб барои изҳори норизоятӣ аз раҳоии ду милисае, ки дар куштори Абдуқаҳҳор Розиқов гунаҳкор дониста мешуданд, ба назди бинои ҳукумати ин шаҳр рафта, хостаанд то он ду милиса низ боздошт шаванд.

Давлат Розиқов, бародари Абдуқаҳҳор Розиқов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бо онҳо Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, суҳбат кард.

“Мо ба он хотир рафтем, ки корро қонунӣ бинанд. Ду нафарро ҷавоб доданд, фақат як касро парванда карданд. Як нафар имкон надошт, ки Абдуқаҳҳорро бикушад. Мақсади мо ҳамин буд. Гуфтем, аз рӯйи қонун тафтиш кунанд. Бо раиси шаҳр гап задем. Гуфт, тафтишот аст ва ҷавоби ташхис ҳанӯз наомадааст,” – афзуд ӯ.

Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб омадани гурӯҳе аз сокинонро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёти онро нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, бо сокинони Кӯлоб намояндаи Идораи амният ва Шуъбаи корҳои дохилии ин шаҳр суҳбат карда гуфтаанд, ки “ҳар чизе доред, ба мо гӯед, худамон ҳал мекунем”. Инчунин таъкид кардаанд, ки аксу навор нагиранд ва дар Интернет онро паҳн накунанд ва дигар одами бисёр ҷамъ нашавад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо аз хонаи истиқоматиаш боздошт карда, дертар ҷасадашро ба сардхонаи шаҳр супорида буданд.

Наздикону пайвандонаш дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Розиқов дар натиҷаи шиканҷаи мақомот ба ҳалокат расидааст, ҷун дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфтааст, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Баъд аз ин ҳодиса, даҳҳо сокини Кӯлоб рӯзи 3-юми январ дар назди сардхона ё “Морг”-и шаҳри Кӯлоб ҷамъ шуда, талаб карда буданд, ки то милисаҳои гумонбар боздошт нашаванд, аз назди сардхона дур намешаванд. Он шом мақомот се милисаи дастбастаро ба наздикони ҷавон нишон доданд ва онҳо ҷасадро гирифта бурданд.

Аммо дертар мақомот як нафар аз пулисҳои Кӯлоб, Шамшод Шарифовро баъди ин ҳодиса ба ҳабс гирифта, ду нафари дигар, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро, раҳо карданд, ки ин боиси дубора ҷамъ омадани сокинони Кӯлоб барои адолатхоҳӣ шуд.

Дар аксар ҳолатҳои ба ин қазия монанд кормандони мақомоти кишвар ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Дар Тоҷикистон содироти пиёзу картошка манъ шуд

0

Дар пасманзари гароншавии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон Ҳукумати кишвар содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷ боздоштааст.

Акс аз Интернет

Ба гузориши расонаҳо, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 30-уми январи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ ба расонаҳо иттилоъ дода, ки қарори мазкур як ҳафта пеш дар ҷаласаи охири Ҳукумати кишвар барои ба эътидол даровардани нарху навоҳо гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон ин маҳсулоти кишоварзӣ хеле гарон шуда, сокинонро ба ташвиш овардааст. Нархи як кило картошка 4-5 сомонӣ, пиёз 8-9 сомонӣ ва сабзӣ аз 4 то 6 сомонӣ мебошад.

Қурбонов мегӯяд, ин қарори Ҳукумат то ворид шудани аввалин ҳосили зироатӣ дар бозорҳо бекор карда мешавад. Ва кишоварзон метавонанд маҳсулоти худро ба хориҷ ҳам фурӯшанд.

Ба иттилои вазири кишоварзии Тоҷикистон, танҳо соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷ 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 54,3 миллион доллар содирот шудааст.

Тибқи маълумоти расмии Ҳукумати Тоҷикистон, соли 2022 дар замини 2,5 ҳазор гектар пиёз кишт шуда, 672 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шудааст, вале бо вуҷуди ин миқдори ҳосил имсол нархи пиёз назар ба солҳои гузашта гаронтар шудааст.

Таркише дар Покистон 36 кушта ва беш аз 150 захмӣ ба ҷо гузошт

0

Бар асари як таркиш дар масҷиде дар шаҳри Пишовари Покистон дасти кам 36 нафар кушта ва ҳудуди 150 каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои покистонӣ, ин таркиш рӯзи 30-уми январ соати 13:30 дақиқи ба вақти маҳаллӣ замоне рух дода, ки намозгузорон дар дохили масҷид намози зуҳрро адо мекарданд.

Ба қавли расонаҳо, ин таркишро як фарди маргталаб анҷом додааст. Вай худро дар сафи аввали намоз ҷо карда ва ҳангоми хондани фарзи пешин худашро таркондааст.

Дар ин байни ин афрод, аксари онҳое, ки ҷони худро аз даст доданд, кормандони полис ҳастанд ва касоне ҳам захмӣ шудаанд, бештари онҳоро кормандони мақомоти полис ташкил медиҳанд.

Барои интиқоли афроди захмишуда ва осебдидагон ҳудуди 50 адад мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ сафарбар шудааст ва масъулини бемористонҳо низ эълон кардаанд, ки ба сабаби теъдоди зиёди захмиҳо бо камбуди хун муҷоҷеҳ шудаанд.

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ҳам ба маҳалли ҳодиса расида, аз шаҳрвандони кишвараш, бахусус аз ҳамҳизибиҳо ва донишҷӯён хостааст, ки худро дар ин мусибат ғамшарик дониста, барои супоридани хун ба бемористон бираванд.

Гуфта мешавад, ин таркиш дар яке аз марказҳои полис, дар маркази иёлати Хайбарпахтунхоҳи Покистон аз нигоҳи амниятӣ яке аз минтақаҳои ҳассос дониста мешавад, рух додааст.

Ҳушдори Толибон ба Саидҷаъфар Усмонзода

0

Як намояндаи Толибон аз тариқи телевизион Афғонистон Интернешнл раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро насиҳат карда гуфт, ки “дар умури мо мудохила накунед.”

Отиф Мухтор, раиси Маркази стротегии байналмилалии Ағфонистон гуфтааст, мавзӯи тоҷикҳо, узбекҳо ва туркманҳо дар Афғонистон мавзуи дохилии Афғонистон аст, ва худи Ҳукумати Тоҷикистон як ҳукумати диктотур ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам хилофи тамоми қавонин ва мавозини башарӣ ба сари тоҷикҳо ҳукумат мекунад.

Вай таъкид мекунад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон “на ба асли демократик интихоб шуда ва на ба арзишҳои тоҷикҳо ба миён омада. Забони нармиш бо афғонҳо беҳтарин роҳи равиш аст. Мо бо касе ҷанг надорем ва на ба касе иҷоза медиҳем, ки як сонтиметр ба тарафи сарзамини мо ҳаракат бикунад.”

Ин коршиноси Афғонистон хитоб ба Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ман мусоҳибаҳои инҳоро дидаам, гуфта буд, мо чанд ҳазор нафар дорем, ки Афғонистонро дар чанд лаҳза мегирем.

Ин коршиноси афғон хитоб ба раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳушдор дода мегӯяд: Фикр накунам, ки агар афғонҳо ба сари сарзаминашон касе таҷовуз бикунад, ва ишғол бикунад, Кӯлобу Душанберо зуд фаромӯш хоҳед кард. Вале забони диплумосӣ ва забони ду кишвар ин аст, ки дар умури мо мудохилат накунед, ҳамон тавре, ки дар умуратон мудохилат намекунем.

Гуфта мешавад, ин ҳушдори Отиф Мухтор ба Саидҷаъфар Усмонзода тариқи барномаи “Дидгоҳи” Афғонистон Интернешнл, дар суҳбати онлайнӣ, ки ҳарду дар он ширкат мекарданд, садо додааст. Усмонзода, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш аз тариқи ҳамин телевизион ба Толибон таҳдид карда гуфта буд, ки агар хоҳем зарфи чанд ҳафта Афғонистонро озод хоҳем кард.