10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 38

Интиқод аз Амрикову Тоҷикистон ва кори САҲА дар Варшава

0

Дар рӯзи сеюми нишасти САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Амрико танқид шуду мухолифони тоҷик аз таъқибу боздошти рӯзноманигорон, зиндониёни сиёсӣ ва фишор болои расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гуфтанд.

Нишасти навбатии САҲА, ки “Озодиҳои асосӣ” ном дошт ва мавзуъҳои озодии андеша ва баён, озодии ВАО ва бехатарии журналистонро дар бар мегирифт, Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар CPJ зимни суханронияш гуфт, ки дар як соли охир вазъи озодии матбуот ва амнияти рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи САҲА ва ҳатто дар бузургтарин кишварҳои демократии ҷаҳон ба таври назаррас бадтар шудааст.

Хонум Гулноза Саид аз ихроҷи рӯзноманигори маъруф Марио Гевара аз Амрико ба хотири гузоришҳои интиқодяш дар бораи фаъолияти пулис ва Хадамоти муҳоҷирати Амрико мисол оварда, таъкид кард, ки ин ҳолат нишонаи афзоиши фишор ба воситаҳои ахбори омма дар муҳити рӯзноманигории Амрико арзёбӣ мешавад.

Илова бар ин, ҳукумати ИМА имсол маблағгузории барномаҳои дастгирии байналмилалиро ба таври назаррас коҳиш дод, ки ин иқдом ба фаъолияти расонаҳои мустақил ва суботи онҳо таъсири манфӣ расонд.

Намоянда CPJ мегӯяд, ки коҳиши маблағгузорӣ ва ё бастани созмонҳои амрикоӣ аллакай ба рӯзноманигорон дар Украина, Молдова ва Гурҷистон таъсир расонда, ба расонаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби Конгресси ИМА, монанди “Радиои Озодӣ”, “Овози Амрико” ва “Радиои Осиёи Озод” хатари басташавӣ таҳдид мекунад.

Хонум Гулноза Саид аз ҳукумати ИМА даъват намуд, ки қарорҳои марбут ба коҳиши маблағгузориро бозбинӣ карда, пуштибонии худро аз рӯзноманигороне, ки ба миллионҳо нафар иттилои мустақил мерасонанд, дубора оғоз намояд.

Ӯ зимни суханронияш аз вазъи рӯзноманигон дар Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, таъкид кард, Тоҷикистон дар ин минтақа аз ҳама зиёд рӯзноманигорони зиндонӣ дорад, ки яке аз онҳо рӯзноманигори маъруф ва ҳомии ҳуқуқ Уфлатхонум Мамадшоева мебошад, ки ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст.

Хонум Гулноза Саид аз кишварҳои узви САҲА даъват кард, ки амнияти рӯзноманигоронро назорат кунанд ва бо нақзи озодии матбуот мубориза баранд ва барои нақз ҳамдигарро ба ҷавобгарӣ кашанд. 

Гуфта намешавад, дар нишасти имсола намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ҳузур надоранд, то дар ин маврид чизе бигӯянд. Аммо фаъолон, рӯзномангорон ва мухолифони тоҷик мисли солҳои қабл фаъоланд.

Аз ҷумла, Дилшод Шарипов, раҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ҳукумати Тоҷикистонро ба монополияи иттилоотӣ ва канор задани овозҳои мустақил муттаҳам намуда, таъкид кард, ки ҷомеа дар кишвар аз дастрасӣ ба иттилои объективӣ маҳрум аст.

Инчунин Шарипов гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон қудратро ғайриқонунӣ ба даст гирифтааст ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз шиканҷа, қатл ва ҷиноятҳои ин режим огоҳанд.

Ӯ таъкид кард, ки мухолифон ва фаъолони тоҷик аз соли 2016 дар хориҷ бо далел аз ҷиноятҳои режими Раҳмон мегӯянд, аммо Тоҷикистон чор сол пай дар пай нишастҳои САҲА-ро нодида мегирад, тавсияҳо ва уҳдадориҳои ин созмонро иҷро намекунад ва пайваста оини онро поймол мекунад ва ҳатто дар интихоботи порлумонии моҳи март нозирони САҲА-ро роҳ надод.

Ба гуфтаи раҳбари “Гурӯҳи 24”, САҲА таъсири худро аз даст додааст ва ба як сохтори бюрократӣ табдил ёфтааст, ки наметавонад ба буҳронҳои байналмилалӣ самаранок посух гӯяд ва ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Ӯ таъкид кард, ки Русия аллакай чор сол аст, ки ба Украина ҷанг эълон кардааст, аммо то ҳол узви САҲА боқӣ мондааст.

“Агар хориҷ кардани Русия душвор бошад, ҳадди ақал марионеткаи Русия — Раҳмон, ки Тоҷикистонро дар САҲА намояндагӣ мекунад, хориҷ кунед. Шумо мегӯед, ки дар оиннома тартиби хориҷ кардани кишвар аз созмон пешбинӣ нашудааст. Кӣ ба шумо монеъ мешавад, ки оинномаро тағйир диҳед? САҲА аз созмони байналмилалии таъсиргузор ба як ниҳоди бюрократӣ табдил ёфтааст, ки наметавонад ба чизе таъсир расонад. Ба ин толори нисбатан холӣ нигаред, ки дар он 50-умин солгардаш конфронс баргузор мешавад. Дар ин рӯзҳо шумо намояндагони расонаҳои ҷаҳонӣ, аврупоӣ ё маҳаллиро дидаед? Шумо ҷараёни кори ҳатто як рӯзноманигоре, ки ин чорабинӣ таҳлил мекунад, дидаед?” – мегӯяд Дилшод Шарипов

Дар охир ӯ аз масъулини ин нишаст пурсид, ки ба онҳо сифати кор муҳим аст ва ё миқдори кишварҳои узв?

“Агар сифат лозим бошад, бояд сохтор ва оинномаро тағйир диҳед. Агар миқдор муҳим бошад, Венесуэла, Эритрея ва Куриёи Шимолиро ба созмон қабул кунед ва шумораи аъзоҳо ба 60 мерасад. Ва охирин чиз, ҳозирини гиромӣ, лутфан назарсанҷӣ байни ҳамаи иштирокдорони конфронс дар бораи фаъолиятҳоятон гузаронед. Ман ба шумо кафолат медиҳам, ки посух қонеъкунанда нахоҳад буд.” – гуфт раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.

Инчунин дар нишасти имрӯзӣ Мухаммадҷон Кабиров, рӯзноманигор ва мудири расонаи мустақили Azda TV аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон интиқод карда, гуфт, ки аз соли 2015 мақомот ба таври систематикӣ озодии баёнро маҳдуд карда, матбуоти мустақилро пӯшонида ва рӯзноманигоронро таъқиб мекунанд.

Ба гуфтаи Кабиров, нашрияҳои мустақил ба монанди “Najot”, “Nigoh” ва “Ozodagon” дар дохили Тоҷиктсон маҷбур шуданд, ки фаъолияташонро қатъ кунанд ва имрӯз ба Радиои Озодӣ низ басташавӣ таҳдид мекунад.

Кабиров таъкид кард, ки бо нест кардани расонаҳои дохилӣ, расонаҳои гуреза пайдо шуданд, то иттилооти мустақилро таъмин кунанд. Аммо бе дастгирии байналмилалӣ бисёре аз онҳо, мисли “Bombod“, “Akhbor” ва дигарон аллакай фаъолияти худро қатъ карданд. Ҳоло ягона овози мустақил дар табъид Azda TV аст. Вале расонаи ӯ бо буҳрони молиявӣ рӯбарӯ аст ва хешовандони рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар зери фишор ва таҳдиди доимии мақомот қарор доранд.

Ӯ таъкид кард, ки дар солҳои охир фишору таъкиби рӯзноманигорн ба сатҳи нав расида, чандин рӯзноманигори маъруф, аз ҷумла Ахмад Иброҳим, Рухшона Хакимова, Уфлатхон Мамадшоева, Далери Эмомалӣ ва дигарон ба хотири иҷрои вазифаи журналистӣ ва таҳқиқотӣ бо ҷурмҳои сохта ва муддатҳои дароз маҳкум ба зиндон шуданд.

“Ин одамон ҷинояткор нестанд — онҳо рӯзноманигоранд. Ягона “гуноҳи” онҳо ин гуфтани ҳақиқат аст. Ва ҳақиқат ҳеҷ гоҳ ҷиноят набояд бошад” – мегӯяд Муҳаммадҷон Кабиров.

Мухамадҷон Кабиров ба ҷаҳониён хотиррасон кард, ки фишор ва дастгирии байналмилалӣ таъсир дорад, вақте ки рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов соли 2017 боздошт шуда буд, фишорҳои байналмилалӣ сабаб шуд, ки соли 2018 озод шавад.

Ӯ зимни суханронияш даъват кард, ки аз Механизми Маскави САҲА барои таҳқиқи таъқиби рӯзноманигорон истифода шавад, ба мақомоти Тоҷикистон тавассути каналҳои дипломатӣ фишор оварда шавад, расонаҳои мустақил, бахусус Azda TV, дастгирӣ шаванд ва рӯзноманигорони зиндонӣ бо ҷоизаҳои байналмилалӣ сарфароз гарданд.

Инчунин Муҳаммадҷон Кабиров дар охир гуфт, ки “Даҳ сол пеш мо умед доштем, ки саркӯбҳо дар Тоҷикистон аз байн мераванд. Аммо онҳо амиқтар, ториктар ва систематикитар шуданд. Бо вуҷуди ин, ман ҳамоно ба қудрати ҳамбастагӣ ва принсипҳои САҲА бовар дорам. Агар мо имрӯз якҷоя амал кунем, метавонем ба озод кардани ин рӯзноманигорон кумак расонем ва ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро барои дасрасӣ ба ҳақиқат ҳимоят намоем”.

Ва хотиррасон кард, ки “Озодии баён ё расона як имтиёз нест, балки хаққи аввалияи шаҳрвандон мебошад”.

Дар нишасти имрӯза мухолифи тоҷик Убайдулло Саидӣ низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки озодии баён ва амнияти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба сатҳи нигаронкунанда расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, озодии баён ва матбуот танҳо калимаҳо дар коғаз нестанд, балки ниёзҳои асосии ҳар як ҷомеаи озод мебошанд. Саидӣ таъкид кард, ки рӯзноманигорон ҳақиқатро мегӯянд, аз ҳокимон ҳисоб талаб мекунанд ва ба ҷомеа имконият медиҳанд, ки маълумоти дуруст дошта бошад. Аммо дар Тоҷикистон, зери ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, озодии матбуот қариб аз байн рафтааст.

Ин мухолифи тоҷик илова кард, ки дар соли 2022 танҳо 92 ҳолати фишор ба расонаҳо ва рӯзноманигорон сабт шудааст — аз фишорҳои молиявӣ то муҳокимаҳои сохта. Зери чунин фишор, бисёр расонаҳо баста шуданд ё ба хориҷ кӯчиданд ва рӯзноманигорон маҷбур шуданд кори худро қатъ кунанд, то аз таъқиб эмин монанд.

“Вақте ки рӯзноманигорон наметавонанд озодона кор кунанд, мардум ҳақиқатро намешунаванд. Озодии матбуот туҳфа нест — ин ҳуқуқи инсон аст, ки бояд тавассути қонунҳо ҳифз шавад ва аз ҷониби ҷомеа эҳтиром ёбад”, мегӯяд ӯ.

Дар поён Убайдулло Саидӣ даъват кард, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба вазъи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аҳамияти бештар диҳад ва барои ҳифзи онҳо аз фишор ва таъқиби сиёсӣ иқдомҳои воқеӣ андешад.

Намояндаи Паймони Миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Яқубов бошад дар ин нишаст ба ҳолати ҳуқуқи инсон ва фишор ба журналистон дар Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки бо вуҷуди интиқоди шадиди созмонҳои байналмилалӣ, Ҳукумат на танҳо фишорҳоро кам накардааст, балки онҳоро бештар кардааст.

Ба гуфтаи Яқубов, дар Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ба як «меъёри маъмулӣ» табдил ёфтаааст ва ҳатто ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот “хатҳои сурх”, мисли манъи танқиди президент, аъзои оилаи ӯ ва дигар мансабдоронро муайн кардааст ва барои вайрон кардани он рӯзноманигорон аккредитатсияро аз даст медиҳанд, ба рӯйхати сиёҳ дохил мешаванд ё равонаи зиндон мегарданд.

Илҳомҷон Яқубов гуфт, ки ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон рӯзноманигорон Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхонум Мамадшоева, Маҳмадалӣ Ҳайит, Аҳмадшоҳ Комилзода, Раҳматулло Раҷаб, Абдуқаҳҳор Давлат, Абдуқодири Рустам ва Рухшона Ҳакимова қарор доранд ва баъзе аз онҳо ҳатто ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.

“Имрӯз на танҳо рӯзноманигорон, балки ҳар як шаҳрванд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари интиқодӣ менависад ё ҳатто танҳо “лайк” мегузорад, метавонад ба зиндон афтад”, — гуфт Яқубов.

Ӯ афзуд, ки тибқи иттилои расмии муовини Додситони кулли Тоҷикистон, дар ҳафт соли охир беш аз 1500 шаҳрванди кишвар танҳо барои “лайк” гузоштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. “Дар ҷаҳон ҳеҷ кишвари дигаре нест, ки барои як “лайк” зиёда аз 1500 нафарро ба зиндон андозад”, — таъкид кард ӯ.

Дар поён Илҳомҷон Яқубов аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то ҳамаи рӯзноманигорони зиндонишударо озод намояд ва ба таъқиби шаҳрвандон барои ақида ва изҳори назар хотима бахшад.

Бояд гуфт, дар нишасти дирӯза низ, ки бахшида ба масъалаҳои башардӯстона ва институтҳои демократӣ буд, мухолифони тоҷик ширкати фаъол ва суханрониҳо доштанд.

HRW: Тоҷикистон бояд Путинро боздошт кунад

0

Созмони дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо нашри баёнияе аз Тоҷикистон хост, ки Валадимир Путин, раисҷумҳури Русияро ҳангоми сафараш ба Душанбе боздошт кунад.

Ин созмони байналмилалӣ 8-уми октябр дар баёнияаш таъкид карда, ки Тоҷикистон бояд ба фармони боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ амал кунад ва ба Путин иҷозати вуруд надиҳад ва агар вориди Душанбе шуд, ӯро боздошт кунад.

Баёнияи Human Rights Watch (HRW) дар ҳоле нашр мешавад, ки қарор аст шоми имрӯз, 8-уми октябр Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои иштирок дар ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бишавад.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ 17-уми марти соли 2023 ҳукми боздошти Владимир Путинро содир кард. ДБҶ зимни эълони ҳукмаш Путинро тибқи моддаҳои 8(2)(а)(vii) ва 8(2)(b)(viii) Статути Рим) ба ҷинояти ҷангӣ, бадарғаи ғайриқонунии кӯдакони украинӣ ва интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз манотиқи ишғолии Украин ба Русия муттаҳам карда буд.

Лиз Эвенсон, мудири Барномаи адолати байналмилалии HRW таъкид мекунад, ки “Агар Тоҷикистон Путинро бипазирад, ин баёнгари он аст, ки ин кишвар ранҷи қурбониёни ҷиноятҳои нерӯҳои Русия дар Украина ва уҳдадориҳои худро ҳамчун узви ДБҶ нодида мегирад.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз соли 2002 узви ДБҶ аст. Бар асоси созишномаи асосии ДБҶ, Тоҷикистон вазифадор аст бо Додгоҳ ҳамкорӣ кунад, аз ҷумла тавассути боздошт ва супоридани ҳар гуна муттаҳамоне, ки ба қаламраваш ворид мешаванд. Ва агар Тоҷикистон иҷозат диҳад Путин вориди кишвараш шавад ва ӯро боздошт накунад, ӯ ба уҳдадориҳои худ дар назди ДБҶ амал накардааст.

Дар баёнияи HRW омада, ки пас аз судудри ҳукми боздошти Путин, ӯ танҳо ба як кишвари узви ДБҶ – Муғулистон сафар кардааст, ки барои боздошт нашуданаш хеле аз кишварҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо вокуниш нишон доданд.

Бархе коршиносон суолеро матраҳ мекунанд, ки оё ДБҶ миконизми ҷазое дорад, ки дар ҳолати ҳамкорӣ накардани кишварҳои узв ва боздошт накардани шахсони дар ҷустуҷӯбуда, тавонад онҳоро низ муҷозот кунад?

Ҳоло маълум нест ДБҶ нисбати Тоҷикистон, ки ҳамчун узви ин Додгоҳ маҳсуб мешавад, чӣ тасмим мегирад. Вале Human Rights Watch аз давлатҳои узви ДБҶ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва инчунин Иттиҳоди Аврупо хоста, ки Тоҷикистонро барои иҷрои уҳдадориҳояш маҷбур кунанд.

HRW мегӯяд, солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон саркӯби мухолифонро шадидтар кардааст, аз ҷумла шахсиятҳои маъруфи ҷомеаи шаҳрвнадӣ, рӯзноманигорон ва блогеронро ба зиндон андохта ва барои боздошт ё истирдоди мухолифонаш аз кишварҳои дигар талош дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо тартиб додани як парванда ва ҷамъи далелҳо дар бораи ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш ба ДБҶ шикоят карда буд. ҲНИТ дар шикояташ гуфта, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои 2002 то 2024 ба таври систематикӣ ба ҷиноят алайҳи инсоният, аз ҷумла боздоштҳои худсарона, шиканҷа, зӯроварии ҷинсӣ, ихроҷҳои маҷбурӣ, қатлҳои ғайриқонунӣ ва таъқиби мухолифони сиёсӣ ва ақаллиятҳои миллӣ даст задааст.

То соли 2030 электросамокатҳо аз кӯчаҳои Душанбе бароварда мешаванд

0

Мақомоти шаҳри Душанбе қарор қабул карданд, ки то соли 2030 ҳаракати электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар василаҳои инфиродии нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва минтақаҳои пиёдагард манъ мешавад.

Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дод, ки ин иқдом бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе амалӣ гардида ва ҳадафи он таъмини амнияти роҳҳо ва танзими истифодаи чунин навъи нақлиёт мебошад.

Ба гуфтаи мақомот, маҳдудият ба хотири пешгирии садамаҳо бо иштироки электросамокатҳо, коҳиши халал расондан ба ҳаракати мошинҳо ва пиёдагардон ва ҳифзи манфиатҳои ҳамаи мардум дар роҳҳо ҷорӣ шудааст.

Истифодаи ин навъи нақлиёт танҳо дар ҷойҳои махсус иҷозат дода мешавад. Мақомот гуфтанд, ки ин манъкунӣ то замоне идома хоҳад ёфт, ки зерсохтори муносиб барои истифодаи бехатари онҳо дар шаҳр таъсис дода шавад.

Ҳамзамон аз шаҳрвандон, бахусус волидайни кӯдакони ноболиғ, хоҳиш шудааст, ки фарзандонашонро аз истифодаи чунин воситаҳои нақлиётӣ боздоранд ва онҳоро беназорат нагузоранд.

Бо вуҷуди ин, электроскутерҳо ва электросамокатҳо дар солҳои охир дар Душанбе ба яке аз василаҳои қулай ва арзон барои иҷрои корҳои рӯзмарраи шаҳрвандон, аз ҷумла расондани ғизо ва фармоишҳои хурд, табдил ёфтаанд. Манъи истифодаи онҳо метавонад барои бисёре аз сокинон хароҷоти иловагӣ ба миён оварад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин маҳдудият ба фаъолияти хидматрасониҳои таҳвили ғизо, ки асосан бо истифода аз скутерҳо анҷом мешаванд, дахл дорад ё на.

Дар Душанбе бозорҳо ва чанд масҷид барои муддате баста мешаванд

0

Аз 8-ум то 12-уми октябри соли ҷорӣ ҳаракати нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон муваққатан маҳдуд хоҳад шуд.

Тавре Раёсати корҳои дохилии Душанбе хабар медиҳад, ин чора бо сабаби баргузории як қатор вохӯриҳои сатҳи баланд ва ташрифи меҳмонони хориҷӣ ҷорӣ мегардад.

Мақомот таъкид кардаанд, ки маҳдудият асосан ба хатсайрҳои ҳаракати меҳмонон дахл дорад ва ронандагон ба истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ташвиқ шудаанд. Ҳамзамон, таваққуфи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ низ манъ мешавад. Вақти дақиқ ва рӯйхати кӯчаҳои маҳдудшуда ҳанӯз эълон нашудааст.

Ҳамчунин чанд масҷиди бузурги пойтахт барои шаш рӯз фаъолият нахоҳанд кард. Аз 7-ум то 12-уми октябр намозҳои ҷамоат дар масҷидҳои “Мавлоно Яъқуби Чархӣ”, “Сари Осиё”, “Абӯ Ҳанифа” ва “Ҳоҷӣ Исматулло” баргузор намешаванд. Масҷиди ба номи “Эмом-ал-Бухорӣ” низ аз 8-ум то 12-уми октябр баста хоҳад буд.

Гeфта мешвад? 11 бозору маркази калони савдо дар шаҳри Душанбе низ дар давоми се рӯз 8, 9 ва 10-уми октябр баста хоҳанд буд.

Ин иқдом ҳамзамон бо нишасти сарони кишварҳои ИДМ ва вохӯрии “Осиёи Марказӣ – Русия” дар Душанбе ҳамоҳанг шудааст. Дар рӯзи 9-уми октябр президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ вориди Душанбе мегардад.

Мақомот таъкид мекунанд, ки маҳдудиятҳо барои таъмини амнияти чорабиниҳо ва фароҳам овардани шароити бехатар барои меҳмонони баландпоя андешида шудаанд.

Аз ҷанги Исроил дар Ғазза ду сол гузашт, ҳамоно ҷанг идома дорад

0

Бо гузашти ду соли ҷанг дар Ғазза дар натиҷаи бомборонҳои беисти Исроил ин борика ба як харобазор мубаддал шудааст.

Вазорати беҳдошти Ғазза дар остонаи дусолагии ҷанг оморҳоеро нашр кардааст, ки аз вазъияти ҳавлноки ин борика нақл мекунад. Таъкид мешавад, ки мушкилоти мардуми Ғазза, аз ҷумла тақрибан пурра фалаҷ шудани зерсохторҳои иҷтимоӣ, аз байн рафтани хидматрасониҳои тандурустӣ ва таълимӣ, бар иловаи муҳосираи шадид, фарқру гуруснагӣ баёнгари бузургтарин фоҷеаи инсонӣ дар торихи муосир аст.

Мувофиқи омори расмии Вазорати беҳдошт ва дигар ниҳодҳои омории Ғазза, 2,3 миллион аҳолии ин борикаро хатари наслкушӣ таҳдид мекунад. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз Исроил бар болои Ғазза 125 ҳазор тонна маводҳои инфиҷрӣ партоб кардааст, ки 90% хонаҳои маскунӣ ва иншооти ҷамъиятӣ, аз ҷумла беморхонаҳо, мактабҳо ва масҷиду идораҳо пурра ва қисман зарар дидаанд.

Бар асари ин ҳамлаҳои шадид то кунун 67 ҳазор нафар кушта шуда, ки беш аз 70% онҳоро занону кӯдакон ва пиронсолон дар бар мегиранд. Гуфта мешавад, то кунун ҳудуди 10 ҳазор нафари дигар зери овораҳо монда нопадид шудаанд. Аммо омори захмиён ба 180 ҳазор наздик шудааст.

Мувофиқи ин омор, 2700 оила ба таври комил кушта шуданд, ки теъдодашон ба 8563 нафар мерасад ва ин хонаводаҳо комилан аз рӯйхати сабти асноди шаҳрвнадии Ғазза пок шуданд. Аммо 6020 оилаи дигар танҳо як нафарӣ зинда бондаанд.

Ин омор мегӯяд, 2356 нафар ҳангоми навбат истодан барои дарёфти ғизо аз ҷониби нерӯҳои исроилӣ кушта шуда ва 460 нафар аз гуруснагӣ ҷон бохтанд, ки 154 нафарашон кӯдакон ҳастанд.

Дар умум гузоришҳои аввалӣ хасорати инсонӣ ва ғайриинсонии Ғаззаро ба 60 миллиард доллари амрикоӣ баровард мекунанд. Дар омор зикр гардида, ки то кунун 80% Ғазза зери тасарруфи нерӯҳои исроилӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, бо гузашти ду соли ҷанги шадиди Исроил дар Ғазза ва гуруснагиву фақр, набудани шароити табобатӣ ва дармонӣ дар бемористонҳо боз ҳам мардуми ин борика барои ҳифзи замини худ устуворӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳайати музокиракунандагон аз Амрико, Миср, Қатар ва Исроил дар Шарму Шайхи Миср ҷамъ омадаанд, то тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар мавриди оташбас дар Ғаззаро баррасӣ кунанд.

Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар Моҷид Ал-Ансорӣ, музокирот байни ҳайатҳо дар бораи баррасии 20 банди ин тарҳ аз дирӯз, 6-уми октябр оғоз ёфт ва ҳанӯз идома дорад. Ӯ таъкид кард, ки дар равнди музокирот пешравӣ мушоҳида мешавад.

Давоми 8 моҳ 44 ҳазор тоҷикистонӣ дар Узбекистон табобат гирифтанд

0

Мувофиқи оморҳои расмӣ, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ даҳҳо ҳазор шаҳрвнадони Тоҷикистон барои табобат Узбекистонро интихоб кардаанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба омор, аз моҳи январ то августи соли 2025 беш аз 44 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои табобат гирифтан ба Узбекистон сафар кардаанд. Ин рақам тақрибан аз се ду ҳиссаи тамоми беморони хориҷиро, ки дар ин давра ба муассисаҳои тиббӣи Узбекистон муроҷиат кардаанд, дар бар мегирад.

Оморе, ки ин ниҳод нашр кардааст, дида мешавад, ки дар байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон дар ҷои 1-ум Қиғизистон дар ҷои 2-юм меистад.

Ба гуфтаи коршиносон, сабаби асосии зиёд будани муроҷиат кунандагон барои табобат ба Узбекистон пеш аз ҳама вуҷуди мушкилоти ҷиддӣ дар низоми тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла ришва ва фасод аст. Дар кишвар норасоии мутахассисони баландихтисос, набудани шароити муосир дар беморхонаҳо ва таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошад.

Гузашта аз ин, соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон аз дастгирии кофии давлатӣ бархӯрдор нест. Сармоягузории маҳдуд, маоши пасти кормандони тиб ва фасоди густарда дар сатҳҳои гуногун боис шудааст, ки сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба муассисаҳои тиббӣ коҳиш ёбад.

Дар натиҷа, шумораи зиёди беморон барои гирифтани ташхис ва муолиҷаи босифат ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон, Русия ва дигар кишварҳо рӯ меоранд. Тавре мутахассисон мегӯянд, агар дар Тоҷикистон ислоҳоти воқеӣ дар соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ нашавад, ин раванд дар солҳои наздик боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Дар 9 моҳ 7632 “рейд” танҳо дар Маскав

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Маскав натиҷаи рейдҳои густардааш нисбати муҳоҷиронро дар нуҳ моҳи соли 2025 эълон кард.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Маскав 7632 амалиёти махсуси тафтишу бозҷӯии муҳоҷирон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо ва озуқаворӣ, хобгоҳҳо ва дигар нуқтаҳое, ки муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, гузаронида шудааст.

Дар натиҷаи ин санҷишҳо беш аз 58 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шуда, беш аз 15 ҳазор ҳолат ба вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия марбут аст.

Ҳамчунин беш аз 5 ҳазор нафар барои қонуншиканиҳо ҳангоми ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти корӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Раёсати ВКД-и Русия инчунин нисбат ба 1400 муҳоҷир қарор дар бораи ихроҷро содир карда, аз ин шумор беш аз 450 нафарашон аллакай аз кишвар ихроҷ шудаанд.

Илова бар ин, кормандони пулис 242 нафарро, ки дар ҷустуҷӯ барои ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин қарор доштанд, боздошт карда, 430 нафарро бо бемориҳои хатарнок ва 100 нафари дигарро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ошкор кардаанд.

Маълум нест ВКД-и Русия, ки ҳаққи бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, дар тамоми кишвар чанд “рейд” гузаронда ва дар умум чанд нафарро дар ин муддат аз Русия ихҷор кардааст ва шумораи тоҷикони ихроҷшуда маълум нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия беш 35 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. 

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ин чанд моҳи ахири сол мақомоти рус метавонанд шумораи бештари шаҳрвандони хориҷиро аз хоки ин кишвар берун кунанд. Зеро замони қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар Русия рӯзи 10-уми сентябр ба охир расид ва ВКД гуфта буд, ки аз 11-уми сентябр нафаронеро, ки будубошашонро дар Русия қонунӣ нагардондаанд, ихроҷ ва ҳамчунин ворид шудан ба ин кишварро барои солҳои тӯлонӣ манъ мекунанд.

Ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли қаҳвахонаву бозор ва хобгоҳ идома дорад ва онҳо бо лаҳни тунд ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд.

Як муҳоҷири тоҷик дар Русия мактабхони русро бо мошин зер кард

0

Ба иттилои расонаҳои русӣ, 4-уми октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Сестрорецк, атрофи Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон як кӯдаки 15-соларо аз “беиҳтиётӣ” зер кардаст.

Гуфта мешавад, ҳодиса шоми рӯзи 4-уми октябр замоне рух дод, ки писарбача мехост аз роҳе, ки чароғак надошт, убур кунад. Ҳангоми расидан назди пиёдагард, як автобус меистад то ӯ гузарад, аммо ин шаҳрванди тоҷик бо суръати баланд меояд ва кӯдакро дар васати роҳ пахш мекунад.

Расонаҳои Русия аз қавли пулис менависанд, ба сабаби он ки кӯдак ҳангоми зарбаи мошин чанд метр дуртар парида ба замин сахт задааст, ки осебҳои ҷиддӣ ҷисмӣ, аз ҷумла зарбаи сахт ба сару мағз, шикастани дандонҳо, шикастани сутунмуҳра ва ғайра бардошта, ҳоло дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Пулиси Санкт-Петербург мегӯяд, нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқот оғоз шудааст. Аммо ба гуфтаи ин ниҳод, таҳқиқоти пешакӣ муайян кард, ки ронанда ҷавони 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Гуфта мешавад, ҳоло ин шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ дар асоси банди 1 моддаи 264 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо сабаби беэҳтиётӣ осеби вазнин расонидааст) боз шудааст. 

Пулис мегӯяд, дар гузашта бар зидди ронанда ягон ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои роҳ ва ё ҷиноятҳои дигаре сабт нашудааст.

Ҳувияти ин шаҳрвнади Тоҷикистон ва инчунин назари ӯ дар бораи ҳодиса маълум нест.

Имсол намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ба Варшава меоянд?

0

Нишастҳои навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз имрӯз, 6-уми октябри соли 2025 шуруъ мешавад.

Дар нишастҳои САҲА масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баҳсу баррасӣ мешавад ва ин нишастҳо то 17-уми октябр идома хоҳад кард.

Нишасти имсола таҳти раҳбарии Финляндия баргузор шуда, дар он намояндагони 57 давлати узв, шарикон ва ниҳодҳои САҲА ва дигар сохторҳо, инчунин намояндагони созмонҳои байниҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд.

Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуда буд.

Чанд нишасти ахир бе ширкати намояндагони кишварҳои Русия, Белорус ва Тоҷикистон баргузор гардида буд. 

Аммо ба намояндагӣ аз Тоҷикистон, ба ҷуз намояндагони ҳукумат, аз мухолифин “Гурӯҳи 24”, ПМТ ва дигар шахсони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин нишаст ҳузури фаъол доштанд.

Дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкоири Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон солҳои 2016 то 2019 миёни мухолифони тоҷик ва намояндагони ҳукумат баҳсҳои зиёде сурат мегирифт. 

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман шарҳ надодаанд, ки чаро намояндагонаш дар чанд нишасти соли ахир иштирок надоштанд. Инчунин маълум нест, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистонро дар нишасти имсола хоҳем дид ё на. 

Ифтитоҳи марказҳои забономӯзӣ. Қадами нав ба сӯи омӯзиш ё муҳоҷират?

0

Дар шаҳри Душанбе Маркази забономӯзии кореягӣ дар назди Донишгоҳи миллии Чонбуки Ҷумҳурии Корея ба фаъолият оғоз кард.

Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, Марказ дар заминаи ҳамкории илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Чонбук таъсис ёфтааст.

Тибқи иттилои маркази матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ, маросими ифтитоҳ дар фазои дӯстона баргузор шуда, дар он ректори ДДОТ Ахлиддин Ибодуллозода ва президенти Донишгоҳи миллии Чонбук ҷаноби О-Бон Янг ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни ду донишгоҳ ба имзо расид, ки самтҳои калидии ҳамкорӣ — аз ҷумла, баргузории конфронсҳои муштараки байналмилалӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро дарбар мегирад.

Мудирияти донишгоҳи мазкур ба он таъкид карданд, ки ифтитоҳи маркази омғзиши забони кореягӣ қадами муҳиме дар роҳи рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни тоҷик имкон хоҳанд дошт, ки на танҳо забони кореягиро омӯзанд, балки бо фарҳанг ва ҳаёти Ҷумҳурии Корея низ аз наздик шинос шаванд.

Гуфта мешавад, маркази байналмилалии ҳамкорӣ миёни ду донишгоҳ низ ба кори худ оғоз намуд, ки ҳадафи он таҳкими робитаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ арзёбӣ мешавад.

Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки ифтитоҳи Маркази забони кореягӣ метавонад ба як пойгоҳи омӯзишӣ барои муҳоҷирони эҳтимолӣ табдил ёбад, ки мехоҳанд забони кореягиро барои кор ва зиндагӣ дар Кореяи Ҷанубӣ омӯзанд. Дар солҳои охир, бо вазнин шудани шароити кор ва зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия, бисёре аз шаҳрвандони кишвар дар ҷустуҷӯи имкониятҳои кор дар кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, кишварҳои Аврупо, Қазоқистон ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки таҳкими чунин ҳамкориҳои таълимӣ метавонад дар оянда заминаи мусоид барои омодасозии кадрҳо ва боз кардани роҳҳо ба бозори шуғли байналмилалӣ гардад.