16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 392

Эълони оташбас байни Ҷиҳоди исломӣ ва Исроил дар Навори Ғазза

0

Аз соати 23:30-и рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ байни нерӯҳои исроилӣ ва шиби низомиёни Ҳаракати ҷиҳоди исломии Фаластин оташбас эълон шуд. Ва ҳоло аз оромии нисбӣ гузориш мешавад.

Акс аз “Анадолу”

Тибқи оморҳои расмӣ, дар натиҷаи ҳамлаи серӯзаи Исроил ба Навори Ғазза 44 фаластинӣ – бо шумули 15 кӯдак, 4 зан ва шахсони пиронсол кушта ва 360 нафари дигар захмӣ шудааст. Ҳамчунин даҳҳо хона ва муассисаву идораҳои ҷамъиятӣ ба хок яксон гардид.

Гуфта мешавад, раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз эълони оташбас ва талошҳои Мисру Қатар барои миёнҷигарӣ ва ором сохтани авзоъ дар Навори Ғазза изҳори сипос кард.

Асри рӯзи ҷумъа, 5-уми августи соли ҷорӣ Исроил бо дастгир кардани яке аз раҳбарони Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ Бассом Саъдӣ ба “ҳамлаҳои пешгирона” ба мавзеъҳои ин ҳаракат ҳамла кард. Нерӯҳои исроилӣ инчунин ду раҳбари ин ҳаракатро куштанд. Ҳаркати ҷиҳоди исломӣ низ дар вокуниш ба ҳамлаҳои Исроил садҳо мушак ба хоки Исроил партоб кард.

Вокуниши Консулгарии Тоҷикистон ба изҳороти вакили рус

0

Консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирски Русия ба изҳороти тундлаҳни вакили Шӯрои вакилони шаҳри Новосибирск, Ростислав Антонов вокуниш кард.

Вакили Шӯрои вакилони шаҳри Новосибирск Ростислав Антонов диаспораи тоҷикони шаҳри Новосибирскро ба он муттаҳам карда, ки аз хонаводаи духтари 17-солаи кушташудаи рус аз ҷониби як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон узр напурсидааст.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин вакили рус бо нашри паёме гуфтааст, ки интихобкунандагони норизо ба ин шӯро муроҷиат кардаанд, то ба қазияи куштори духтари рус аз тарафи муҳоҷири тоҷик дахолат кунад.

“Мехоҳам бо ин муроҷиатномаи саркушода ба раиси диаспораи тоҷикон дар Новосибирск Минҳоҷиддин Каримов муроҷиат кунам, ки ин рӯзҳо вонамуд мекунад, ки ин ҳодиса ба ӯ дахле надорад. Шумо намехоҳед ба хонаводаи кушташуда аз ҷониби ҳамватани худ ҳадди ақал ба таври расонаӣ узр хоҳед (дар мавриди кумак ман ҳатто чизе намегӯям) ва байни ҳамватанони худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед ва ба онҳое, ки ҳоло қоидаҳои ҳамзистӣ дар ҷомеаи мутамаддинро намедонанд, фаҳмонед”, – изҳор дошт Ростислав Антонов.

Ҳамчунин Ростислав Антонов пешниҳод кард, ки диаспораи тоҷикон аз маблағгузорӣ маҳрум карда шавад.

“Ман фикр мекунам пас аз ин ҳодиса маблағгузории фаъолияти диаспораи мазкур дар шакли грант ва ёрии моддӣ аз буҷаа давлатӣ комилан қатъ карда шавад”, – навиштааст Ростислав Антонов дар саҳифаи расмии худ дар ВКонтакте.

Вале гуфта мешавад тасмими ниҳоиро бояд Шӯрои машваратӣ оид ба рушди этнофарҳангӣ ва муносибатҳои байни миллатҳои назди ҳукумати шаҳр қабул кунад.

Консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск дар вокуниш ба ин изҳороти вакил гуфтааст, ки ҳамаи маълумоти мавҷударо ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон интиқол додааст.

“Бале, куштор аз ҷониби шаҳрванди мо содир шудааст. Консули генералии мо бо волидони ин ҷавон сӯҳбат кард. Мо бояд муайян кунем, ки ӯ дар қайди мақомоти дахлдор ҳаст ё не”, – гуфтааст корманди консулгарӣ Фирӯз Муродзода.

Тавре қаблан расонҳо хабар доданд, 26 июл дар Новосибирск муҳоҷири 27-солаи тоҷик Хушнуд Хамроев як духтари мактабхони 17-соларо куштааст. Хушнудро дар дигар шаҳр боздошт кардаанд ва ба қавли мақомоти Русия, ӯро ҳангоми фирор ба Тоҷикистон боздошт карданд. Дар пайи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 105 қисми 1 (куштор) оғоз карда шудааст.

Эълони ҳукми зиндони чанд тан аз зодагони Бадахшон

0

Мақомоти Тоҷикистон ҳукми зиндони чанд тан аз зодагони Бадахшонро, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири ин вилоят аз ҷониби кормандони интизомии кишвар боздошт шуда буданд, эълон кард.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари 33-солаи яке аз раҳбаронии мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Толиб Аёмбеков, рӯзи 5-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби додгоҳи вилоятӣ ба ҳукми абад маҳкум шудааст.

Додгоҳ ҳукми Ғуломалиро пушти дарҳои баста эълон карда, ӯро бо 5 моддаи Кодекси ҷиноиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “куштор” (қатли генерали КДАМ Абдулло Назаров дар соли 2012), “авбошӣ”, “нигоҳ доштани силоҳ” ва “муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо” гунаҳкор донистааст.

Кормандони КДАМ-и вилоят Ғуломалиро рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҳасаналӣ боздошт кардаанд.

Додгоҳи вилоятӣ баъди як ҳафтаи боздошт, Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-солара ба айбҳои “авбошӣ” ва “нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ғуломалӣ ва Ҳасаналӣ Абдураҳмоновҳо дар рафти мурофиаҳо иттиҳомоти нисбаташон эълоншударо рад карда, гуфтаанд, ки ин ҷиноятҳоро содир накардаанд.

Наздиконашон боздошт ва ҳукми додгоҳро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд ва онро ба идомаи саркӯбҳои мақомоти тоҷик алайҳи мардуми Бадахшон рабт додаанд.

Дар ҳоли ҳозир худи Толиб Аёмбеков, ду бародар ва се писараш дар боздошт қарор доранд.

Гуфта мешавад, Хайримамад Дӯстмамадов, сокини маҳаллаи “Хлебзавод”-и Хоруғ низ дар баробари писари Толиб Аёмбеков, Ғуломалӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ӯ ба кадом моддаҳои КҶТ айбдор шудааст, то ҳол маълум нест.

Додгоҳ сокини маҳаллаи “Бизмич”, Аслан Гулобовро низ иштирокдори қатли генерал Абдулло Назаров дар соли 2012 эътироф карда, барои якумра равонаи зиндон намудааст.  

Pamir Daily News ҳамчунин хабар дод, ки як сокини дигари маҳаллаи “Хлебзавод”, Собир Акбаршоев бар асоси қисми дуюми моддаи 307 барои “ташкили созмони ифротӣ” ба 10 соли зиндон маҳум шуда ва сокини дигари маҳаллаи “Бизмич” Азим Гулобов ба 18 соли зиндон маҳкум гардидааст. Додгоҳ Азим Гулобовро ба узвият дар созмони ҷиноӣ ва қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир гунаҳкор донистааст. Худи Азим Гулобов дар додгоҳ ин иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад кардааст.

Азим Гулобов бародари хурдии Ниёзшо Гулобов, ки рӯзи 12 июн дар чорчӯби амалиёти зидди лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуда буд, мебошад.

Толиб Аёмбеков, Холбаш Холбашев ва Ниёзшо Гулобов

Инчунин рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ, дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаи пурсарусадои генерал Холбаш Холбашев ва ҳудуди 70 нафари дигаре, ки дар “парвандаи Рӯшон” мегузаранд, оғоз ёфт. Мақомот Холбаш Холбашевро ба 11 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ гумонбар медонад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳукмҳои тӯлонии эълоншудаи додгоҳҳоро алайҳи зодагони Бадахшон расман шарҳ надодааст.

Пештар аз ин, мақомоти Тоҷикистон Муслим Шерзамонов, халифа Музаффар Давлатмиров, Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва чанд тани дигар аз зодагони ВМКБ-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда буданд.

Қатли 11 нафар бо шумули кӯдакон дар ҳамалаи Исроил ба Навори Ғазза

0

Ба гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира”, Исроил асри рӯзи ҷумъа, 5-уми август ҳамлаи низомии худро ба Навори Ғазза оғоз кард, ки дар натиҷа 11 нафар бо шумлули кӯдакон кушта ва беш аз 80 нафар захмӣ шуд.

Мақомоти Исроил хабар дод, ки дар ҳамла ба Ғазза яке аз раҳбарони Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос), Тайсир Ал-Ҷаъбариро куштанд. Ҳамос ҳам кушта шудани ӯро тасдиқ кард.

Артиши Исроил хабар дод, ки бар зидди Навори Ғазза амалиёти низомиашро бо номи “Субҳи содиқ” оғоз карда, чандин нуқтаҳои будубоши раҳбарони ҳаракати “Ҳамос”-ро ҳадаф қарор дод.

Аммо хабарнигорони шабакаи “Ал-Ҷазира” аз макони ҳодиса иттилоъ доданд, ки артиши Исроил чандин хона ва нуқтаҳои аҳолинишинро ҳадаф қарор додааст ва кушташудаҳо ҳам аз мардуми оддиянд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Абусалима, мудири беморхонаи марказии Навори Ғазза ба расонаҳо гуфт, ки сафи захмиҳо лаҳза ба лаҳза бештар мешавад, “вале мо ҷиддан аз нарасидани лавозимоти тиббӣ ранҷ мекашем. Тарси онро дорем, ки барқ низ қатъ хоҳад шуд, он вақт мушкилотамон дучанд мешавад”.

Хабар такмил меёбад

Боздошти як муҳоҷири 30-солаи тоҷик дар Лаҳистон

0

Мақомоти марзбонии Лаҳистон аз боздошти як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба қочоқи инсон муттаҳам мешавад.

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон дар минтақаи марзии “Санок” дар ноҳияи Яслои вилояти Подкарпатияи Лаҳистон як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро ба ҷурми даст доштан дар қочоқи инсон боздошт карданд.

Гуфта мешавад, мақомоти Лаҳистон дар ҷараёни бозпурсӣ мушаххас кардаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон пештар дар Фаронса дархости паноҳандагӣ додааст ва бинобар ин, ӯро ба Фаронса ихроҷ (депорт) хоҳанд кард.

Ба маълумоти марзбонӣ, паноҳанда будани ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Фаронса вақте ошкор шуда, ки ӯ баъд аз боздошт барои пешгирӣ аз ихроҷ шудан аз кишвари Лаҳистон дархости паноҳандагӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти Фаронса низ пазируфта, ки ӯ дубора ба онҷо интиқол ёбад.

“Ин шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон хилофи муқаррароти паноҳандагӣ ва бидуни доштани гузарнома аз Фаронса ба Урупои Шарқӣ омада, ба корҳои ғайриқонунӣ машғул буд. Баъд аз боздошт бо ҳукми додгоҳ ӯро ба урдугоҳи баста барои хориҷиён интиқол доданд ва қарор аст ба Фаронса ихроҷ шавад”, омадааст дар хабар.

Дар Маскав беш аз 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба мусофиркашонӣ машғуланд

0

Ба иттилои Раёсати нақлиёти шаҳри Маскав, дар ин шаҳр дар маҷмуъ 220 000 ронандаи мусофиркаш сабти ном шудаанд, ки 59,4 ҳазор ё 27%-и онҳоро муҳоҷирони кории хориҷӣ ташкил мекунанд.

Гуфта мешавад, аз ин шумора (59,4 ҳазор) 44,6 ҳазорашро шаҳрвандони Қирғизистон, 5,2 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва 3,4 ҳазор нафари дигаршро шаҳрвандони Узбакистон ташкил медиҳанд.

Ба иттилои шаҳрдории Маскав, дар пойтахт барои худравҳои мусофиркашонӣ аз моҳи августи соли 2021 системаи ягонаи идоракунӣ ҷорӣ шуда, ки дар он ба ҳар як ронанда ID-и ягонаи рақамӣ таъин шудааст ва дар он маълумот дар бораи мавҷудияти шаҳодатномаи ронандагии эътибордошта, иҷозат барои интиқоли мусофирон, миқдори соатҳои корӣ ва ҷаримаҳо мавҷуд аст.

Шаҳрдории Маскав умедворӣ мекунанд, ки бо низоми ҷоришуда, тартиботи кори ронандаҳоро назорат карда, аз садамаҳои нақлиёт ҷилавгирӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, зиёда аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар РУсия кору зиндагӣ мекунанд. Одатан муҳоҷирони кории тоҷик бештар дар сохтмонҳо ва корҳои душвор машғул ҳастанд, аммо дар корҳои ба монанди мусофиркашонӣ хеле кам фаъолият мекунанд.

Мусодираи 3 тонна маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

0

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Презденти Тоҷикистон аз мусодираи 3 тонна маводи мухаддир дар нуқтаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дод.

Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон 5-уми августи соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ аз се баробар зиёд шудани ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар як соли ба сари қудрат омадани Толибон хабар дод.

Ба гуфтаи директори Агентӣ “аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Ҳол он ки дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод”.

То ҳол назари Толибон дар ин бора дастари расонаҳо нест. Аммо дафтари СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар гузорише, ки моҳи ноябри соли 2021 нашр шуд, аз афзоиши 8-дарсадии истеҳсоли афюн дар Афғонистон хабар дода буд.

Дар идомаи ин нишаст сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ, генерал-майор Ҳотамшо Маҷидзода аз боздошти чанд қочоқбар хабар дод.

Инчунин Ҳотамшзода гуфт, ки Агентии назорати маводи нашъаовар номи 77 нафарро, ки дар қочоқу фурӯши маводи мухаддир даст доранд, дар кофтуков қарор додааст. Аз ин шумора дар соли ҷорӣ шаш нафар дар дохили кишвар ва чор нафар бо мактуби расмии директори Агентӣ дар Федератсияи Русия дастгир карда шуданд ва се нафари дигар то охири моҳи август ба Тоҷикистон истирдод мешаванд.

Ҷонибдории Тоҷикистон аз сиёсати “Чини ягона”

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 4-уми августи соли 2022 бо нашри изҳороте дар робита ба “масъалаи Тайван” аз сиёсати Ҷумҳурии Чин ҷонибдорӣ намуд.

Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати “Чини ягона” буда, таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад. Низ таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

“Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад, мо ҷонибдори сиёсати “Чини ягона” ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем”- омадааст дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон дар “масъалаи Тайван” дар ҳолест, ки Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ бо нашри як изҳорот ҷонибдории худро аз сиёсати Чин дар мавриди Тайван иброз дошта буданд.

Пештар аз ин Ҳизби комунистии Тоҷикистон, ки одатан вокунишҳояш дар масоили минтақа хеле кам аст, низ бо нашри изҳороте сафари Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайванро маҳкум карда, аз Вашингтон даъват намуд, “аз амалҳое, ки суботи минтақа ва амнияти байналмилалиро халалдор мекунанд, худдорӣ кунанд”.

Ёдовар мешавем, ки 3-юми августи соли ҷорӣ Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико бо вуҷуди таҳдидҳои Чин ба Тайван сафар карда, зимни зиёраташ аз ин кишвар аз низоми демократӣ ситоиш намуд ва таъкид кард, ки Амрико ба ҳамбастагии худ бо Тайван пойбанд мемонад ва хашми Чин наметавонад раҳбарони ҷаҳонро аз сафар ба ин ҷазира боз дорад.

Чин дар эътироз ба ин сафар, сафири Амрико дар Пекинро эҳзор кард ва инчунин воридоти маҳсулоти кишоварзии Тайванро низ мутаваққиф кардааст. Бар илова, размоиши низомии қавиеро эълом кард.

Ба иттилои расонаҳо, Чин ин размоишро дар 6 минтақаи ҷазираи Тайван оғоз карда ва он то рӯзи якшанбе идома хоҳад кард.

Чин Тайванро як минтақаи ҷудоиталаби худ медонад, аммо Тайван ба истиқлол ва худмухторияш исрор дорад.

Эълони ҳукми абад барои қотилони як хонавода дар Ҷайҳун

0

Додгоҳи вилояти Хатлон 4-уми августи соли ҷорӣ 3 нафарро ба гумони даст доштан дар қатли хонаводаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳун боздошт карда, 2 нафари онҳоро бо ҳукми абад равонаи зиндон кард.

Акс аз “Азия-Плюс”

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс”, Додгоҳи вилояти Хатлон гумонбарони ин ҷинояти мудҳиш Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоевро ба ҳабси абад ва Адолат Шерматова, нафари сеюм, ки дар ин ҷиноят гумонбар дониста мешавад, барои 28 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Тавре манбаъ хабар дод, ҳарсе гумонбарон ҳангоми ироаи сухани охирин худро бегуноҳ дониста, аз додрас хостаанд, ки онҳоро сефед кунад.

Гуфта мешавад, ҳам худи маҳкумшудаҳо ва ҳам наздиконашон ба бегуноҳ буданашон исрор доранд ва мегӯянд, ки дар аввал гуноҳро бо фишори мақомот ба дӯш гирифта буданд.

Пайвандони маҳкумшудаҳо ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва давоми 10 рӯзи оянда аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикояти ксатсионӣ мебаранд.

Ёдовра мешавем, ки 12-уми июни соли гузашта хабари пурсарусадои қатли ваҳшиёнаи 4 нафар аз оилаи Маҳмадовҳо дар расонаҳо нашр шуд. Гуфта мешуд, ки қотилон шабона ба хонаи Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ворид шуда ӯ ва се фарзанди 8,13 ва 14-солаашро ба таври ваҳшиёна куштанд.

Аз ин куштори ваҳшиёна ҳамсари Аҳлиддин, Латофат Азизова ҳамроҳи як писараш наҷот ёфта буданд ва шоҳидони асосии ин ҳодисаи худи ҳамонҳо дониста мешавад.

18-уми августи соли 2021 ВКД хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун пас аз ду моҳи ҳодиса тавонистанд қотилони сокини ноҳияи Ҷайҳун, Аҳлиддин Маҳмадов ва се фарзанди ноболиғи ӯро пайдо ва дастгир кунанд.

Дар гирифтани шаҳрвандии Русия тоҷикон дар ҷои аввал меистанд

0

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, аз аввали соли 2022 то имрӯз беш 121 ҳазор нафар аз сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки тоҷикон дар ҷои аввал меистанд.

Тавре охири моҳи гузашта расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомоти расмии Русия хабар доданд, дар миёни (121089 нафар) гирандагони шиносномаи Русия тоҷикон дар ҷои аввал бо 74162 нафар қарор доранд ва дар ҷои дуюм Қазоқистон бо 21647 нафар, дар ҷои сеюм Узбекистон бо 13099 нафар будаанд. Ҳамчунин 10632 шаҳрванди Қирғизистон ва 1549 шаҳрванди Туркманистон шаҳрванди Русия шуданд. Аммо ба гуфтаи мақомот, ба таври умум дар шаш моҳ гузашта 287503 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки 104168 нафарашон шаҳрвандони Украина мебошанд.

Ба иттилои мақомоти Русия, ҳоло 109593 тоҷик, 78705 узбек, 44856 қазоқ, 14137 қирғиз ва 3775 туркман иҷозаи иқомат дар Русия доранд.

Соли 2021 беш аз 205000 шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта аз рӯи теъдоди шиносномаҳои гирифташуда низ Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дошт, ки 103700 нафар  шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд. Дар ҷои дуюм сокинони Қазоқистон – 49900 нафар, дар ҷои сеюм узбекҳо – 31900 нафар, дар ҷои чорум Қирғизистон – 19200 нафар қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 735400 нафар шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрванди Русия шуданд, ки ин аз соли 2000 ҳисоби рекордӣ ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти расмӣ, тоҷикистониён дар гирифтани шаҳрвандии Русия дар соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ 14,1% ва аз миёни шаҳрвандони Осиёи Марказӣ 50,5%-ро ташкил додаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 бошад, ин омор ба 26, 4% аз шумори умумӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва 61,2% дар байни шаҳрвандони Осиёи Марказӣ баробар аст.

Гуфта мешавад, агарчи тоҷикон дар нимсолаи аввали 2022 аз украиниҳо дар гирифтани шаҳрвандии Русия қафо монда бошанд ҳам, вале дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол менамоянд.