12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 401

Боло рафтани қурби доллар нисбат ба евро

0

Дар 20 соли ахир барои аввалин бор қурби доллари амрикоӣ дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ дар баробари евро пешӣ гирифтааст.

Коллаж аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 14-уми июли соли 2022, Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 доллари амрикоиро баробар ба 10,4887 сомонӣ ва қурби 1 евроро баробар ба 10,4981 сомонӣ эълон кардааст, аммо дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ ин рақам фарқ мекунад.

Аз нимаи дуюми 13-уми июли соли ҷорӣ дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ қимати доллари амрикоӣ дар баробари евро пешӣ гирифт ва акнун 1000 доллар бо арзиши 997,77 сент муомила карда мешавад.

Уфти қурби евро дар баробари доллари амрикоӣ аз оғози соли ҷорӣ шуруъ шуд ва пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва боло рафтани қимати эенержӣ, бахусус нафту газ дар ҷаҳон шиддати он бештар гардид.

Аммо аз сӯи дигар бо таъсирпазирӣ аз ҷанги Украина, коҳиш ёфтани воридоти гази Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва эҳтимоли пурра қатъ гардидани воридоти гази Русия ба ин кишварҳо пойдории евроро дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ зери суол қарор додааст.

Инчунин хеле аз сармоягузорон низ барои ҳифзи сармояҳои худ бозорҳои амнтареро ҷустуҷӯ карда, суботи доллари амрикоиро дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ нисбат ба евро авлотар медонанд ва ба ин хотир равнақи муомилоти худ бо доллари амрикоиро афзоиш додаанд.

Гуфта мешавад, евро соли 1999 вориди муомилаи бозорҳои ҷаҳонӣ шуд ва арзиши он боре дар декбари соли 2002 низ дар баробари доллари амрикоӣ суқут карда буд, аммо бо гузашти камтар аз як сол дубора дар сабқати арзҳо аз доллар пешӣ гирифт ва суботи худро мустаҳкам карда буд.

Ҷасади кӯдаки 10-солаи ғарқшударо пайдо карданд

0

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҷасади кӯдаки 10-соларо, ки 2-юми июл дар дарёчаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ғарқ шуда буд, рӯзи 13-уми июл пайдо карданд.

Акс аз сомонаи КҲФ

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-уми июли соли ҷорӣ ду хоҳар, яке 10 ва дигарӣ 12-сола ҳангоми убур аз болои канали дериватсионие, ки аз қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегузарад ба об афтода ғарк шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ин ду хоҳар ҳангоми убур аз болои канал “аз ҷойи номувофиқ” гузаштан хостанд, ки дар натиҷа ба об сарозер шуданд.

Гуфта мешавад, ҷасади якеро имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда худи ҳамон рӯз пайдо ва ба волидонаш супурданд. “Аммо барои пайдо кардани хоҳараки 10-солаи ӯ лозим омад тӯли чанд рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шаванд.” ва “билохира, рӯзи 13-уми июли соли равон ҷасади духтари дуюм низ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.”

Ҳамасола бо фарорасии фасли гармо дар Тоҷикистон кӯдакони зиёде бо сабабҳои гуногун ғарқ мешаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинон хоста, ки ҳангоми гузар аз болои пул ва убур аз каналу ҷӯйборҳо ва ҳангоми шиноварӣ эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу наздикони худро дар хатар наёяндозанд.

Раҳмон аз афзоиши нерӯи барқ гуфт, вале аз қатъи “лимит” чизе нагуфт

0

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 13-уми июл зимни сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” гуфта, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати нерӯгоҳ то ба имрӯз беш аз 4,6 миллиард киловатт–соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Раҳмон зимни суханронишя ишора кард, ки барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” давоми солҳои 2008 – 2021 “аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуда ва барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.”

Ҳангоми суҳбат, раисҷумҳур таъкид кард, ки 30 соли истиқлоли кишвар “287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуда, ҳамчунин, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд шудааст.”

Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд ва онро дастоварди назарраси соҳа номид.

Раисҷумҳури кишвар дар ҳоле аз афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ва бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ мегӯяд, ки ҳамасола бо расидани фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон барқ аз аҳолӣ қатъ мегардад ва дар сармои сахти зимистон аҳолӣ аз бебарқӣ ранҷи зиёд мекашанд.

Ҳамчунин ӯ нагуфт, ки бо афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ имсол ҳам дар кишвар “лимит” ҷорӣ мешавад ё на.

Дар ин суханронӣ низ дар мавриди фурӯши нерӯи барқ ва даромади он ишорае нашуд, ҳатто маълум нест, маблағҳое, ки аз фурӯши барқ ба даст меоянд, ба буҷаи кишвар ворид мешаванд ва ё ҷайби нафари муайяне.

Дар суҳбати имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон аз сармоягузорони иҳтемолӣ ба НБО-и “Роғун” ишорае нашудааст. Дар ҳоле ки бино ба гузоризи “Reuters”, ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо барои сармоягузорӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” изҳори омодагӣ карда буд.

Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабаргузории “Reuters” гуфта буд, ки тарҳи НБО-и “Роғун” ҳудудан 8 милярд доллар ҳазина дорад ва Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2016 то имрӯз ҳудуди 3 милярд доллар дар ин пуружаи бузурги энержӣ сармоягузорӣ кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои такмили нерӯгоҳи “Роғун” аз Иттиҳоди Аврупо дархости кумаки молӣ ва фаннӣ кардааст ва ин иттиҳодия низ омодааст дар “Роғун” сармоягузорӣ кунад.

Шикояти Твиттер аз Илон Маск

0

Ширкати Твиттер аз додгоҳе дар Амрико хостааст, ки Илон Маскро водор кунад, то тибқи қарордоди қаблӣ ин ширкатро бихарад.

Бинои ба иттилои Садои Олмон, 12-уми июли соли 2022, ширкати Твиттер аз додгоҳи иёлати Делавэри Иёлоти Муттаҳида дархост кард, ки Илон Маскро муваззаф кунад, то тибқи маълумоти созишномаи қаблӣ барои ҳар як саҳмия 54 доллару 20 сент қарордоди хариду фурӯши ин ширкатро ба поён бирасонад.

Дар шикоятномаи ширкати Твиттер омадааст, ки “Зоҳиран Маск бовар дорад, ки вай бар хилофи ҳама ҷонибҳои қонуни шартномаи Делавэр озод аст, ки ақидаи худро тағйир диҳад, ба ширкат зарар расонад ва фаъолияти онро халалдор кунад”.

Твиттер дар шикояти 60-саҳифагии худ далели хуруҷи Маск аз ин созишро “дурӯягӣ” номида, гуфтааст:

“Рафтори Маск ба содагӣ ва амиқан тасдиқ мекунад, ки ӯ мехоҳад қарордоди ҳатмие, ки ихтиёран имзо кардааст, вайрон кунад ва дар ин раванд қасд дорад ба Твиттер зарар расонад.”

Гуфтанист, 25-уми апрели соли 2022 Илон Маск бо пешниҳоди 44 миллиард доллари ИМА ризоияти моликони ширкати Твиттерро ба даст оварда буд, то тамоми саҳмияҳои ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд, аммо баъдтар даъво карда буд, ки дар бораи теъдоди саҳифаҳои ғайрифаъоли Твиттер ба вай иттилои комил пешниҳод нашудааст ва агар ин мушкил бартараф нашавад, қарордоди харидро бекор мекунад.

Муроҷиати Шабнам Худойдодова ва Бунёди “Бузургмеҳр” ба созмонҳои ҳуқуқи башар

0

Шабнам Худойдодова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Бунёди “Бузургмеҳр” аз созмонҳои ҳуқуқӣ хостаанд, ки ба қазияи боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон садо баланд кунанд.

Хонум Худойдодова рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ бо нашри муроҷиате дар саҳифаи

Дар пайи муроҷиати Шабнам Худойдодова, Бунёди “Бузургмеҳр” бо нашри хабаре дар сомонааш аз ҳамроҳ шудан ба ин иқдом хабар дод ва аз тамоми созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ҳуқуқи башар даъват кардааст, ки ба ин вазъ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои аз байн бурдани чунин амалҳо аз ҷониби ҳар як кишвари узви СММ дар оянда тадбирҳои муассир андешида шавад.

Даъват аз созмонҳои ҳукуқи башар барои таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба вазъи рӯзноманигорон дар ҳоле аст, ки дар чанд моҳи охир фишор болои рӯзноманигорону блогерон дар Тоҷикистон бештар шуда, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям ва Улфатхоним Мамадшоева боздошт гардиданд. Бино ба иттилои сомонаи “Бомдод”, ду хабарнигори дигар Эмомалӣ Сайидзод ва Рамзия Мирзобекова таҳти бозпурсӣ қарор гирифта, телефонҳо ва василаҳои дигари онҳоро мақомот барои тафтиш мусодира кардаанд.

Инчунин моҳи майи соли ҷорӣ “шахсони номаълум” ба чор хабарнигори Радиои Озодӣ ва “Настояшее Время” баъди мусоҳибаҳои онҳо бо Улфатхоним Мамадшоева дар Душанбе ҳамла карда, телефонҳо ва дастгоҳҳои сабти онҳоро зӯран гирифтанд ва то ҳол мақомот ҳамлагаронро пайдо накардааст.

Рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ:

Маҳмадалӣ Ҳаит – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои бастаи ба ҳукми абад маҳкум шудааст;

Раҳматуллоҳи Раҷаб – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои баста ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст;

Абдуқаҳҳори Давлат – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои баста ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст;

Зубайдуллоҳи Розиқ – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои баста ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст;

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода – 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва пушти дарҳои баста ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст;

Улфатхоним Мамадшоева – моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомот боздошт шуда, то ҳол мурофиаи додгоҳиаш баргузор нашудааст;

Хушом Гулям – моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомот боздошт шуда, то ҳол мурофиаи додгоҳиаш баргузор нашудааст;

Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) – 16-уми июни соли 2022 аз ҷониби мақомот боздошт шуда, то ҳол мурофиаи додгоҳиаш баргузор нашудааст;

Далери Имомалӣ – 15-уми июн соли ҷорӣ боздошт ва ба ду моҳи ҳабси пешакӣ гирифта шудааст;

Абдуллоҳ Ғурбатӣ – 15-уми июн соли ҷорӣ боздошт ва ба ду моҳи ҳабси пешакӣ гирифта шудааст;

Завқибек Саидаминӣ – 8-уми июли соли ҷорӣ боздошт шуда, то ҳол дар чӣ шароит қарор доштанаш маълум нест;

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода – 9-уми июли соли ҷорӣ боздошт шуда, то ҳол дар чӣ шароит қарор доштанаш маълумоте нест.

Фирори президенти Шри-Ланка аз кишвараш

0

Раисҷумҳури Шри-Ланка Готабая Раҷапакса дар пай инқилоби мардумӣ ва ишғоли кохи раёсатҷумҳур субҳи рӯзи чоршанбе бо як ҳавопаймои низомӣ аз кишвараш фирор карда ба кишвари Малдив паноҳ бурд.

Як ҳавопаймои низомӣ субҳи 13-уми июл раисҷумҳури 73-солаи Шри-Ланка Готабая Раҷапаксаро ҳамроҳи ҳамсар ва ду муҳофизи шахсияш ба шаҳри Малеи Малдив расонд. Интишори хабари хуруҷи раисҷумҳур аз ин кишвар мавҷи шодиро дар байни тазоҳуркунандагон дар шаҳри Коломбо – пойтахти ин кишвар ба ҳамроҳ дошт.

Бино ба гузоришҳо, Готабая Раҷапакса аз ҷониби мардуми Шри-Ланка ба суии идораи давлат ва иқтисод муттаҳам мешуд. Эътирозҳо рӯзи 9-уми июл якбора дар ин кишвар авҷ гирифт ва мардум ба қасри раёсатҷумҳурӣ ҳамла карданд. Дар пайи ишғоли қасри раёсатҷумҳурӣ аз ҷониби мардум Готабая Раҷапакса ваъда дода буд, ки рӯзи чоршанбе ба мақоми худ истеъфо медиҳад. Вай ба хотири пешгирӣ аз боздошти эҳтимолияш рӯзи сешанбе талош карда, ки аз кишвараш хориҷ шавад, вале натавонист. Ва субҳи имрӯз қабл аз эълони истеъфо ва боздошташ тавонист аз кишвараш фирор кунад.

Ба гузориши “Ройтерз” мақомоти интизомии Шри-Ланка рӯзи сешанбе аз хуруҷи бародари раисҷумҳур, ки шаҳрвандии Амрикоро дошт ва то моҳе пеш дар мақомҳои баланди давлатӣ кор мекард, пешгирӣ карда, нагузоштаанд ӯ аз кишвар хориҷ шавад.

Дар пайи фирори рвисҷумҳур нахуствазири ин кишвр ҳам имрӯз чоршанбе аз мақомаш истеъфо дод.

Ёдовар мешавем, ки тазоҳурот дар Шри-Ланка аз чанд моҳи пеш шуруъ шуда буд, ки баъзе онҳо бо хушунат ҳамроҳ буд. Коҳиши шадиди пули миллӣ ва гарон шудани молҳои ниёзи аввал мардуми ин кишварро ба кӯчаҳо кашонд. Ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар буҳрони сахти иқтисодӣ ба сар мебарад, ки дар чанд даҳаи ахир бесобиқа будааст.

Нерӯҳои Британия 54 ғайринизомиро дар Афғонистон куштанд

0

Нерӯҳои Британия дар як маъмурияти шашмоҳаи худ дар Афғонистон 54 сокини ғайринизомиро дар вилоятҳои ҷанубии ин кишвар куштанд.

ББС пас аз таҳқиқоти чорсолаи худ ба иттилооте даст ёфтааст, ки нерӯҳои вежаи Британия зери унвони “SAS” амал мекарданд, дар замони як маъмурияти шашмоҳаи худ дасти кам 54 нафар шаҳрвандони ғайринизомии Афғонистонро ба қатл расонидаанд.

Қатлҳои гурӯҳӣ ва ё занҷиравии ин афроди ғайринизомӣ маъмулан шабона анҷом шуда ва барои рӯпӯш кардани ин ҷиноятҳои худ аз тарфанди мавсум ба “туфангҳоро замин биандоз” кор мегирифтаанд.

Дар ин тарфанд, нерӯҳои вежаи Британия дар Афғонистон барои далелнок ҷилва додани ҷиноятҳои худ силлоҳои сабтиномнашударо бо худ бурда, пас аз қатли ғайринизомиён дар ҷои ҳодиса мепартофатаанд ва ин ахборро ба раҳбарони худ гузориш намедодаанд.

Ба гуфтаи ин расонаи бритониёӣ кор дар ин гурдон то ҷое расида буд, ки нерӯҳои мавсум ба “SAS” онҳо “байни худашон барои чӣ касе бештар одам кушта, рақобат мекардаанд ва ҳамчунин талош мекардаанд, ки рекорди гурӯҳҳои қаблии “SAS”-ро, ки пеш аз онҳо хидмат кардаанд, бишкананд.

ББС бо нашри ин гузориш мегӯяд, эҳтимол нерӯҳои Британия дар Афғонистон муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудаанд, аммо Вазорати дифои ин кишвар аз шарҳи ин “иттиҳомот” худдорӣ карда, гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар “бо шуҷоат ва ҳирфаӣ” дар Афғонистон хидмат кардаанд.

Гуфта мешавад, нерӯҳои Британия дар муддати 20 соли ишғоли Афғонистон тавассути Амрико ва ҳампаймонҳояш дар нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳузур доштанд ва пеш аз ин низ нерӯҳои дигар кишварҳо, аз он ҷумла Амрико ҳам ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон муттаҳам шуда буданд.

Сафари Раҳмон ба Роғун

0

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Қоҳир Расулзода ва писараш Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун рафтааст.

Имрӯз, 12-уми июли соли 2022, Президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сарвазир ва раиси шаҳри Душанбе барои шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ба шаҳри Роғун сафар кардааст.

Зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳонаш нахуст “аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуд.”

Соли 2018 дар ин нақб корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, дарозии иншоот бо назардошти баромадгоҳ 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегирад.

Иқтидори нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукааб об мебошад. Нақби сохтмонии қабати чорум дар сурати зарурат барои гузаронидани ҳаҷми оби зиёдатии обанбор дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳоле анҷом мешавад, ки чанд рӯзе пеш Иттиҳоди Аврупо аз омодагии худ барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ хабар дода буд.

Ду тоҷик дар Русия 13 солӣ равонаи зиндон шуданд

0

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Набережние Челнии Ҷумҳурии Татаристони Русия бо гуноҳи қочоқи 20 кило маводи мухаддир 13 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 ҳангоми кӯшиш интиқоли 19,7 кг маводди мухаддир дар ду ҷомадон дастгир шуда буданд.

“Ин афрод моҳи марти соли 2021 дар постгоҳи Тула-1 дастгир шуданд. Кормандони полис як микроавтобуси Nissan Caravan Elgrand-ро боздоштанд, ки дар дохили он ду марди 44 ва 43-сола буд ва онҳо аз пойтахт (Маскав) ба Красноярск ҳаракат мекарданд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили кабина ду ҷомадон бо маводи нашъадор – героин, 6-моноатсетилморфин ва атсетилкодеин бо вазни умумии 19,7 ҳазор грамм дарёфт карда шуд.”-омадааст дар хабар.

Ба гузориши расонаҳо, таҳқиқот муайян карда, ки ин афрод “бор”-ро аз як нафари ношинос аз Егоревское дар вилояти Маскав барои фурӯш гирифтаанд.

Додгоҳи шаҳри Набережние Челни нисбати ин ду шаҳрванди Тоҷикистон бо моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ҳукм бароварда, ҳардуро 13 солӣ аз озодӣ аҳрум кард. Онҳо ҷазоро дар калонияи низомаш сахт паси сар хоҳанд кард.

Назари худи боздоштшудаҳо, вакили дифоъ ва ё наздиконашон дастарси расонаҳо нст. Инчунин аз ному насаб ва макони будубоши онҳо дар Тоҷикистон низ чизе гуфта намешавад.

Тоҷикистон ҷузви кишварҳои кумаккунанда ба Русия ва Беларус дониста шуд

0

Вазорати молияи Амрико Тоҷикистонро ба рӯйхати 18 кишваре ворид кард, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол тавассути онҳо ба бозорҳои Русия ва Беларус ворид мешаванд.

Дар ин рӯйхат ба ҷуз аз Тоҷикистон номи кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Бразилия, Ҳиндустон, Исроил, Хитой, Мексика, Никарагуа, Сингапур, Сербия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайван, Туркия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ низ ҳастанд. Ин феҳристро Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (FinCEN) ва Дафтари саноат ва амният (BIS), ду ниҳоди марбут ба Вазорати молияи Амрико тартиб додаанд.

Дар хабари Вазорати молияи Амрико гуфта мешавад, ки колоҳои таҳти назорат метавонанд, ба таври қонунӣ ҳамчун маводи хом ба ин 18 кишвар барои тавлиди маҳсулоти дигар содирот шаванд. Аммо содироти бештари онҳо ба Беларус ва Русия манъ аст. Маводи мавриди таваҷҷуҳи хос шомили таҷҳизоте аст, ки барои идомаи ҷанг дар Украина ба Русия лозим аст. Аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо, шабакаҳои гидроакустикӣ, мавҷгирҳо (антеннаҳо), шабакаҳои GPS, таҳҷизоти лозим барои истихроҷи нафту газ ва маҳсулоти дигар.

Баъд аз шуруи ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуда буд, кишварҳои ғарбӣ ва Амрико онро маҳкум карда, таҳримҳои зиёдеро болои Русия ҷорӣ карданд. Ҳоло Русия мехоҳад тариқи кишварҳои ҳампаймонаш роҳҳои даврзадани таҳримҳои ҷаҳониро пайдо кунад ва колоҳои лозимаро аз тариқи онҳо ба даст орад.