18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 403

Сафари Раҳмон ба Роғун

0

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Қоҳир Расулзода ва писараш Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун рафтааст.

Имрӯз, 12-уми июли соли 2022, Президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сарвазир ва раиси шаҳри Душанбе барои шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ба шаҳри Роғун сафар кардааст.

Зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳонаш нахуст “аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуд.”

Соли 2018 дар ин нақб корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, дарозии иншоот бо назардошти баромадгоҳ 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегирад.

Иқтидори нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукааб об мебошад. Нақби сохтмонии қабати чорум дар сурати зарурат барои гузаронидани ҳаҷми оби зиёдатии обанбор дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳоле анҷом мешавад, ки чанд рӯзе пеш Иттиҳоди Аврупо аз омодагии худ барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ хабар дода буд.

Ду тоҷик дар Русия 13 солӣ равонаи зиндон шуданд

0

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Набережние Челнии Ҷумҳурии Татаристони Русия бо гуноҳи қочоқи 20 кило маводи мухаддир 13 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 ҳангоми кӯшиш интиқоли 19,7 кг маводди мухаддир дар ду ҷомадон дастгир шуда буданд.

“Ин афрод моҳи марти соли 2021 дар постгоҳи Тула-1 дастгир шуданд. Кормандони полис як микроавтобуси Nissan Caravan Elgrand-ро боздоштанд, ки дар дохили он ду марди 44 ва 43-сола буд ва онҳо аз пойтахт (Маскав) ба Красноярск ҳаракат мекарданд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили кабина ду ҷомадон бо маводи нашъадор – героин, 6-моноатсетилморфин ва атсетилкодеин бо вазни умумии 19,7 ҳазор грамм дарёфт карда шуд.”-омадааст дар хабар.

Ба гузориши расонаҳо, таҳқиқот муайян карда, ки ин афрод “бор”-ро аз як нафари ношинос аз Егоревское дар вилояти Маскав барои фурӯш гирифтаанд.

Додгоҳи шаҳри Набережние Челни нисбати ин ду шаҳрванди Тоҷикистон бо моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ҳукм бароварда, ҳардуро 13 солӣ аз озодӣ аҳрум кард. Онҳо ҷазоро дар калонияи низомаш сахт паси сар хоҳанд кард.

Назари худи боздоштшудаҳо, вакили дифоъ ва ё наздиконашон дастарси расонаҳо нст. Инчунин аз ному насаб ва макони будубоши онҳо дар Тоҷикистон низ чизе гуфта намешавад.

Тоҷикистон ҷузви кишварҳои кумаккунанда ба Русия ва Беларус дониста шуд

0

Вазорати молияи Амрико Тоҷикистонро ба рӯйхати 18 кишваре ворид кард, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол тавассути онҳо ба бозорҳои Русия ва Беларус ворид мешаванд.

Дар ин рӯйхат ба ҷуз аз Тоҷикистон номи кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Бразилия, Ҳиндустон, Исроил, Хитой, Мексика, Никарагуа, Сингапур, Сербия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайван, Туркия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ низ ҳастанд. Ин феҳристро Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (FinCEN) ва Дафтари саноат ва амният (BIS), ду ниҳоди марбут ба Вазорати молияи Амрико тартиб додаанд.

Дар хабари Вазорати молияи Амрико гуфта мешавад, ки колоҳои таҳти назорат метавонанд, ба таври қонунӣ ҳамчун маводи хом ба ин 18 кишвар барои тавлиди маҳсулоти дигар содирот шаванд. Аммо содироти бештари онҳо ба Беларус ва Русия манъ аст. Маводи мавриди таваҷҷуҳи хос шомили таҷҳизоте аст, ки барои идомаи ҷанг дар Украина ба Русия лозим аст. Аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо, шабакаҳои гидроакустикӣ, мавҷгирҳо (антеннаҳо), шабакаҳои GPS, таҳҷизоти лозим барои истихроҷи нафту газ ва маҳсулоти дигар.

Баъд аз шуруи ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуда буд, кишварҳои ғарбӣ ва Амрико онро маҳкум карда, таҳримҳои зиёдеро болои Русия ҷорӣ карданд. Ҳоло Русия мехоҳад тариқи кишварҳои ҳампаймонаш роҳҳои даврзадани таҳримҳои ҷаҳониро пайдо кунад ва колоҳои лозимаро аз тариқи онҳо ба даст орад.

Пешниҳоди ҷазо барои касоне, ки аз рафти “Облава” навор мегиранд

0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои пешгирӣ аз нашри маълумотҳо аз рафти “Облава” дар кӯчаву бозорҳои ҷумҳурӣ тарҳи қонуни наверо ба парлумони кишвар таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бино ба гузориши расонаи ҳукуматии АМИТ “Ховар”, Вазорати мудофиаи кишвар дар чорчӯби Тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хотири пешгирӣ аз нашру паҳн кардани “маълумоти бардурӯғ” дар бораи шароити хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ё дар бораи “раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ” ва дигар муълумоте, ки боиси “коста шудани шаъну шарафи Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад” омода ва пешниҳод кардааст.

Вазорати мудофиаи кишвар аз он изҳори нигаронӣ карда, ки “маълумоти бардурӯғ”-е, ки дар баъзе васоити ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон (аз ҷумла наворҳои облава) нашр мегардад, “эътимоду боварӣ ва тарафдории мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Бо дарназардошти чунин вазъият, вазорат бо тарҳи ин қонун барои нашркунандагони чунин маълумот ҷазои ҳабси маъмурӣ ва ҷаримаро пешбинӣ кардааст.

Тарҳи қонуни мазкур дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки дар ҳар мавсими даъвати аскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қонуншиканиҳои зиёди маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ ва маъмурони интизомии кишвар дар наворҳо сабт ва ба шабкаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд.

Коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки пешгирӣ ва таъйини ҷазо барои нашри “маълумоти бардурӯғ дар бораи хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаи Тоҷикистон” маҳз ба хотири пешгирӣ аз нашри наворҳоеи “облава” аст, ки кормандони комиссарятҳо дар кӯчаҳо ва ҳатто донишгоҳҳо бо мошинҳои бе рақам ҷавоноро боздошт мекунанд, ки ин амали онҳо қонуншиканӣ дониста шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди интиқоди шадид қарор мегирад. Вале бо вуҷуди будани тамоми далоил, мақомоти кишвар ҳамеша вуҷуди “облава” ва ё “сарбозшикор”-ро қатъиян инкор мекунанд.

Боздошти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ

0

Мақомоти Тоҷикистон рӯзҳои 8 ва 9-уми июл рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боздошт кардаанд.

Сабаби боздошти ин ду рӯзноманигор то ҳол маълум нест. Шоми 8-уми июли соли ҷорӣ кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Завқибек Саидаминиро ҳамроҳи як ҳамсинфаш, ҳангони шустани мошинашон аз назди як маркази шустушӯи нақлиёт дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат бурдаанд.

Яке аз наздикони ин рӯзноманигор бо шарти набурдан номаш ба

Инчунин ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.

Бунёди “Бузургмеҳр, ки аз ҷониби пайвандону наздикони маҳбусони сиёсии тоҷик дар Аврупо таъсис ёфтааст, бо нашри баёнияе боздошту бозпурсии рӯзноманигоронро “худсарона ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон” хонда аст.

Иди Қурбон муборак ҳамвтанони азиз!

0

Фардо шанбе, 9-уми июл дар Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои дунё мусалмонон иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд.

Иди саиди Қурбон аз ҷумлаи ду иди бузурги мусалмонист, ки рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа баргузор мешавад. Дар ин рӯз шодию фараҳи кӯдакон ҳадду канор надорад.

Мусалмонон пас аз хондани намози ид ба зиёрати якдигар рафта, аз ҳоли беморону ниёзмандон огоҳ мешаванд. Ва инчунин шахсони сарватманд ва доро гову гусфанд ва ё буз қурбонӣ намуда, гушти онро ба ниёзмандон тақсим мекунанд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳайати эҷодии Azda tv фарорасии Иди саиди Қурбонро барои тамоми мусалмонои дунё, бахусус ҳамдиёрони азиз, ки дар ҳар гӯшаву канори дунё ҳастанд, табрику таҳният гуфта, барои якояки азизон аз Худованди Мутаол тани сиҳату рӯзгори хӯшро таманно дорад.

Ҳамаше дасти пуру хонаи обод дошта бошед ва дар ҳалқаи хонадону ёру дӯстон зиндагии босаодатро бароятон хоҳонем.

Идатон муборак ҳамдиёрони азиз!

Сарвазири собиқи Ҷопон дар бемористон даргузашт

0

Сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ имрӯз дар пайи як сӯиқасд, дар бемористон даргузашт. Дар ин бора расонаҳои ҷаҳонӣ хабар доданд.

Бино ба гузоришҳо, Синдзо Абэ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Нара, ки пас аз сӯиқасд ба ҷонаш бо чархбол бурда шуд, даргузашт. Масъулони бемористон гуфтаанд, Абэ хуни зиёдеро аз даст дод ва бо вуҷуди талошҳои зиёди табибон натавонистанд, ӯро наҷот бидиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 8-уми июли соли 2022 собиқ нахуствазири Ҷопон ҳангоми суханрониаш дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Нара бар асари тирандозӣ захмӣ шуда буд.

Дар ҷои ҳодиса полис Тэтсуя Ямагамии 41-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба собиқ нахуствазири ин кишвар боздошт кардааст ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Гумонбар низ дар суҳбат бо пулис гуфтааст, ки аз амалкарди ҷаноби Абе дар замони раҳбариаш норозӣ будааст ва ба ин хотир тарафи ӯ ду тир холӣ кардааст.

Синдзо Абэ аз соли 2006 то 2007 ва аз соли 2012 то 2020 сарвазири Ҷопон буд. Бори дувум ӯ ба хотири вазъи саломатиаш аз ин мақом истеъфо дода буд.

Таҳдиди Путин ба Ғарб

0

Раиси ҷумҳури Русия дар суҳбат бо вакилони Думаи давлатии ин кишвар гуфтааст, ки Ғарб агар ҷуръат дорад, дар майдони набард моро биозмоянд.

7-уми июли соли 2022, Раиси ҷумҳури Русия дар суҳбат бо бархе вакилони Думаи давлатии ин кишвар дар Маскав гуфтааст, “имрӯз мо мешунавем, ки мехоҳанд маро дар майдони набард шикаст диҳанд, дар ин ҷо чӣ мегӯӣ, бигзор биозмоняд.”

Владимир Путин дар идома илова карда, ки ” мо бисёр шунидаем, ки Ғарб мехоҳад, то охирин украинӣ бо мо биҷангад, ин барои Украина як фоҷеа аст, вала ба назар мерасад, ин кор шуданист.”

Президенти Русия дар ин суҳбати худ хитоб ба Украина ва Ғарб таъкид карда, ки бояд бидонанд мо то ҳол ягон амалиёти ҷиддиерро оғоз накардаем, бо ин ҳол мо аз гуфтушунидҳо дар бораи сулҳ даст намекашем, вале касе, ки гуфтушунидҳоро рад мекунад, бояд бидонад, ки ҳар чӣ дуртар шавад, ҳамон қадр суҳбат кардан бо Русия душвортар хоҳад шуд.

Гуфтанист, Русия ҳамлаҳои худ ба Украинаро ба рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз кард ва то кунун ҷанг дар ин кишвар идома дорад. Дар натиҷаи ин ҷангҳо то кунун даҳҳо ҳазор нафар куштаву захмӣ ва инчунин ҳазор аскару сарозони дигар ҳам аз ду тараф ба асорат гирифта шудаанд. Миллионҳо нафар аз сокинони Украина хонаву дари худро тарк карда, барои наҷоти ҷонҳои худ тарки ин кишвар кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сарфакорӣ даъват кардааст

0

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон дар паёми табрикоти идонааш аз мардум хостааст, ки “сарфаю сариштакор” бошанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 8-уми июли соли 2022, Эмомали Раҳмон дар паёми табрикотии идонааш ба мардум гуфтааст, “таъкид менамоям, ки ҳар як оила бояд дар фикри омодагии ҳарчи беҳтар ба мавсими тирамоҳу зимистон бошад ва талаботи қонуни танзимро ба таври қатъӣ риоя намояд.”

Президенти Тоҷикистон бар хилофи солҳои пешин, ки ба навъе қурбонӣ карданро дар ин рӯзҳои ид тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” маҳдуд мекард, имсол гуфтааст, ки “дар рӯзи ид шахсони дорои имконияти моддӣ дар роҳи Худо қурбонӣ мекунанд.”

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Президенти Тоҷикистон дар ин паёми худ меафзояд: “Бовар дорам, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон – ин ойини дастгирии ҳамдигарӣ, сабру таҳаммул ва хайру эҳсон – ҳамватанони мо ба ҷойи сарфу хароҷоти беҳуда ва зоҳирпарастиву худнамоӣ ба хотири расонидани кумак ба ҳамдиёрони ниёзманд, ятимону маъюбон, дастгирии оилаҳои камбизоат ва ободонии Ватан иқдомоти хайру савобро анҷом медиҳанд.”

Аммо ин таъкидҳо ва даъватҳои Эмомалӣ Раҳмон дар замоне садо додааст, ки ҳанӯз 10 рӯз пеш худи ӯ дар вақти сафари раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон садҳо килло мававу сабзавотҳои мухталифро барои худнамоӣ дар саҳну долонҳои бустонсарои ҳукуматӣ пеши пойи Владимир Путин ба намоиш гузошта буд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Исрофкории аз ҳад зиёд ва худнамоии беҳамтои Эмомалӣ Раҳмон дар назди Владимир Путин аз як сӯ то ҳол мавҷи қаҳру ғазаб ва нафрини корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоиро фурӯкаш накардааст ва аз сӯи дигар ин рафторҳои нобихрадона боиси шармандангӣ барои як миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.

Аз ҷониби дигар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сафари беш аз 5 ҳазор зоири тоҷикистонӣ барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ ҳеч ишорае накардааст, вале бо овардани ду байт аз шоире, ки гуфтааст:                                   “Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Каъба бунёди Халили озар аст,
Дил назаргоҳи Ҷалили акбар аст.”,
талош кардааст, ки аз ҳурмат ва азамати ин фаризаи Илоҳӣ бикоҳад.

Акс аз саҳфаи фейсбукии сухангӯи Кумитаи дин

Гуфтанист, даъватҳо ва таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва тарс додани мардум аз  ин ки мегӯяд, “27 кишвари дунё ба хатари гуруснагӣ рӯбарӯ” ҳастанд” замоне таъсиргузор хоҳанд буд, ки худи ӯ ва ҳукуматаш дар робита ба дороиҳои давлатӣ “сарфаю сариштакор” ва намунаи ибрат барои дигарон бошанд ва на он ки бо беҳуда сарфу харҷ кардани миллионҳо сомонӣ дар ҷашну маросим нафрати мардумро ба вуҷуд биоранд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишасти сулҳ бо Толибонро рад кард

0

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри эъломияе шоиот дар бораи нишасти ин ҷабҳа бо Гурӯҳи Толибон дар Душанберо рад кард.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд дар сомонаи расмии худ навишта, ки гузоришҳо дар бораи гуфтугӯ миёни Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ ва гурӯҳи Толибон дар Тоҷикистон воқеият надорад.

“Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамвора сулҳи пойдор, воқеӣ ва иззатмандро роҳҳалли асосӣ барои муъзали кишвар медонад. Аммо Гурӯҳи Толибон монанди гузашта эътиқода ба музокира ва сулҳ надошта ва ба давоми қудрати номашруъи хеш аз тариқи зӯр таъкид мекунанд, ки бо гузашти ҳаррӯз чеҳраи зишти ин гурӯҳ ба минтақа ва ҷаҳониён ошкортар мегардад”, омадааст дар эъломияи ҶММ.

Ёдовар мешавем, ки чандест дар расонаҳо хабарҳо аз баргузории як нишасти бузурги ҶММ ва чеҳраҳои саршиноси Афғонистон бо ҳузури намояндагони Толибон дар Тоҷикистон нашр мешавад. Аммо замони баргузории ин нишастро касе дақиқ намегуфт, ки инак ин шоиот аз ҷониби ҶММ расман рад шуд.