17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 404

Ҳамла ба нахуствазири собиқи Ҷопон ӯро роҳии бемористон кард

0

Нахуствазири собиқи Ҷопон дар ҳангоми як суханронӣ дар ин кишвар мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, захмӣ шудааст.

Ба гузориши

Расонаҳо ба нақл аз Юичӣ Масузу, собиқ шаҳрдори Токио низ навиштаанд, ки оқои Абе дар асари ин ҳодиса дучори “исти қалбӣ” шудааст.

“Исти қалбӣ” марҳилаи ниҳои ҳар буҳрони ҷисмонӣ аст ва ин истилоҳи “исти қалбӣ” дар Ҷопон маъмулан пеш аз расман эълон кардани хабари вафоти шахс истифода мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҷои ҳодиса полис як марди 41-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба собиқ нахуствазири ин кишвар боздошт кардааст ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ҳамзамон бархе расонаҳо мегӯянд, ки шахси ҳамлавар ба полис гуфтааст, ки аз амалкарди ҷоноби Абе дар замони раҳбариаш норозӣ будааст ва ба ин хотир ӯро террор кардааст.

Марги як сокини Роштқалъа ҳангоми бозпурсӣ дар Хоруғ

0

Рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ сокини деҳаи Бидизи ноҳияи Роштқалъа Абдураҳим Гулобови 66-сола даргузашт.

Бино ба иттилои манобеи “Pamir Daily News” Гулобов ҳангоми бозпурсӣ дар ин шуъба ҷон додааст.

Ин сокини ноҳияи Роштқалъа ҳамроҳи писараш Муталиб аз ҷониби кормандони ВКД боздошт шуда буд. Мақомоти интизомӣ онҳоро ба он муттаҳам карданд, ки гӯё онҳо дар хонаашон милтиқи шикорӣ доштаанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди таъйид нашудани ин иттиҳом, мақомот фишорро болои Абдураҳим Гулобов идома додаанд, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат расидааст. Ба эҳтимоли зиёд ин сокини Роштқалъа ҳангоми бозпурсӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар Хоруғ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Ба иттилои “Pamir Daily News” мақомот пайвандон ва наздикони Гулобовро таҳдид доранд, ки бо рӯзноманигорон суҳбат накунанд ва маълумоте дар ин бора надиҳанд.

Писараш Мутолибро барои иштирок дар маросими дафн муваққаатан озод карданд ва гуфтаанд, ки пас аз ду рӯз боз ба ШВКД дар Хоруғ баргардад.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад.

ДАЪВОИ БЕПОЯИ “ҶАНОБ ХАБАР НАДОРАД…”

0

Ибораи “Ҷаноб хабар надорад” бо супориши худи Раҳмонуф ба гӯши сокинон бор мекунонанд, то ин ки ҳама камбудиҳои зиндагӣ ва ҷиноятҳои содиршуда ба гардани дигарҳо бор шаваду “ҷаноби бехабар“ доим бегуноҳ, тасвиру ташвиқ карда шавад.

Қариб сӣ сол мешавад мову Шумо ҳамватани гиромӣ, аз забони баъзе нафарон ибораи “Ҷаноб хабар надорад”-ро он қадар зиёд шунидаем, ки баъзеамон зери таъсири “сеҳри сухан” қарор гирифта, ба он бовар мекардагӣ шудаем. Дар аввалҳо ман ҳам гумон мекардам, ки паҳнкунандаи ин сухан баъзе зудбоварон ва содалавҳонанд, локин бо пайдо шудани “фабрикаи ҷавоб” маълум шуд, ки ин тарҳест ва аз тарафи гурӯҳи чоплусони бефарҳанг таблиғ мешавад.

Чуноне медонед, “фермаи ҷавоб” аз андози шаҳрвандон маош мегираду доим ба таҳқири ҷавонмардон ва “реклама”-и бешарафон ва сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ нишон додан машғул мебошанд. Чунин ибораҳоро бо супориши худи Раҳмонуф ба гӯши сокинон бор мекунонанд, то ин ки ҳама камбудиҳои зиндагӣ ва ҷиноятҳои содиршуда ба гардани дигарҳо бор шаваду “ҷаноби бехабар“ доим бегуноҳ, тасвиру ташвиқ карда шавад.

Тибқи масали мардумӣ “Як бор ҷасти малахак…..”оқибат рӯйи  сиёҳи “пешвои чоплусон” ошкор шуд. Тибқи хабари Радиои Озодӣ (ин хабар дар шабакаҳои телевизионӣ ҳам нашр шуда буд), Э. Раҳмон дар суханрониаш рузи 18-уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳе дар Данғара бо ширкати мақомоти маҳалӣ ва ҷумҳуриавӣ гуфт, амри “безарар кардани нафарони яроқдор”-ро (шахсан ӯ) дода, ба гуфтааш “илоҷи дигаре” набуд. Яъне, худаш бо забони ба дурӯғгӯӣ одаткардааш мегӯяд, аз замоне ки ман “музаҳои колхозӣ”-ро ба “либосҳои боевикӣ” ва “боевикӣ”-ро ба шиму кастуми “ҷанобӣ” иваз намудаам, ба ҳама ҷиноятҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар ибтидо иҷрочӣ (чунки дар аввалҳо чойрезаки Сангак буд) ва дар солҳои баъдӣ фармондиҳандаи асосӣ будам.

Дар сурате, ки ҳоло ҳам бе машварат ва гӯшакиҳои хоҷагонаш даст ба иқдоме намезанад, вале аз он солҳо дида хело бозингару ниммустақил шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳамин вобастагиаш аз хоҷагони хориҷӣ сабаб мешавад, то дар ҳар суханрониаш ба нафарони солимфикр ва ҳақталаб тамғаи “хочагони хориҷӣ” зада, аз ҷиноятҳои содиркардааш, ки аз фурӯхтани хоки Ватан, куштори ҳамватан, қатли сарбози Ватан, зиндонии ҳар шарафманд, бекорӣ, бесаводӣ ва беқадрии ҳар соҳибмиҳан иборат аст, хушку бегуноҳ баромадан мехоҳад.

Бояд гуфт, ки иқрор шудани “ҷаноби бехабар” на ба хоҳиши худи ӯ сурат гирифтааст, балки ин самараи муборизаи бошарафони Ватан, хосатан ҷавонмардони Бадахшон мебошад, ки бо истодагарӣ ва ҳақталабиашон ӯро маҷбур карданд, то ба ҷиноятҳояш қоил гардад. Ин ҳам яке аз дастовардҳои роҳпаймоиҳои мардуми Бадахшон ба ҳисоб меравад ва бовар дорем, ки баъд аз ин иқроршавии Раҳмонуф сокинони зудбовар ва чоплусони ҳукумати оилавӣ ибораи “бехабар”-ро аз “ҷаноб” ҷудо намуда, дар оқибати кор аз “ҷаноб” ҳам рӯй мегадонанд.

Дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ, шаҳрвандон ва таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ назарҳояшонро баён намудаанд. “Журналистон” ва “коршиносон”-и ҳукумати оилавӣ чун ҳамеша мардуми осоишта ва ҳақталабро гунаҳкор ва “ҷанобашон“ ва гурӯҳи силоҳбадасташро барпокунандаи волояти қонун тасвир менамоянд. Илова бар ин, рӯзноманогорони ҳукуматӣ, мусибатзадагонеро, ки наздиконашонро аз даст додаанд ва бо зӯри “калашников” ба назди камераҳои телевизионӣ оварда мешаванд, аз онҳо ҳамчун иштирокчии бенизомиҳо ва фиребхӯрдагон ном мебаранд.

Ин амалкарди Раҳмонуф ва “командааш”-ро золимоне мисли Чингизу Гитлер нисбати мардуми худашон ва ҳатто нисбати душманонашон анҷом надода буданд. Фарзанди бегуноҳатро мекушанд ва он ҷое ки, ту бояд аз котилон шикояту қасос ситонӣ, маҷбурат мекунанд, то кушташудагони мазлумро ҷинояткор ва қотилону фармонравоёнӣ онҳоро “ҷорикунандаи  амну субот” маънидод намуда, нисбати золимон мадҳу сано бихонӣ.

Назари таҳлилгарони мустақил нисбати раҳпоймоиҳои мардуми Бадахшон дар он аст, ки сокинон аз ҳуқуқи конистусионии худ истифода карда, мехостанд ба гӯши ношунавои ҳукуматдорон талабҳояшонро бирасонанд ва инчунин пайгирии одилонаи қазияи Гулбидинро талаб менамуданд. Чуноне медонед, ин ҷавони бономус, яке аз “пагондорон”-и бешарафи ҳукумати Раҳмонуфро, ки нисбати духтари маҳалӣ бадрафторӣ намуда буд, ҳушдор медиҳад ва амали ин ҷавонмард ба ноҷавонмардони Раҳмонуф писанд наомаду окибат аз дасти кормандони полис, бераҳмона ба қатл расонида шуд.

Дар сурате, ки муроҷиати сокинони Бадахшон қонунвайронкунӣ набуда, балки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон (Моддаи.1) ҳаққи конистутсионии онҳо ба ҳисоб меравад. Бар замми он ки талабҳои сокинони Хоруғ қонунӣ ва иҷрошаванда буд, дар назари Раҳмонуф “беилоҷ” номида шуда, ба гурӯҳи силоҳбадасташ амри “безарар” гардонидани иштирокчиён ва дигар нафарони осоиштаро содир намуд. Тибқи хабарҳои раҳмонуфӣ, 16 нафар безарар ва 200 нафар дастгиру бозпурсӣ шуд, локин манбаҳои мустақил аз кушта шудани беш аз 30 ва дастгиру шиканҷа шудани тақрибан 300 нафар хабар медиҳанд (21.06.2022.Радиои Озодӣ). Мутаасифона, хабарҳои боздошту шиканҷаҳо то ба ҳоло ҳам давом дорад.

Суоле ин ҷост, ки чаро “пешвои чоплусон” бо мардуми худаш чунин бархурд менамояд ва силоҳбадастонашро (барои он силоҳбадаст менависам, ки афсар ва сарбози Ватан бар зиди ҳамватани худ тир намекушояд) ба сӯи сокинони осоишта равона месозад. Баъзеҳо гуфтанд, ин ҷиноятҳои “падар – пешво” барои омода кардани роҳи қудрати ”писар-пасво”, дигаре бехатар мондани роҳи Чин, сеюм душмании “пешво” бо мардуми озодандеш, чаҳорум тарсонидани сокинон баҳри дарозумрии ҳукумати оилавӣ ва дигар манфиатҳои шахсию оилавӣ.

Дар умум, дар ҳамаи ин назарҳо ҳақиқате вуҷуд дорад, локин як ҳақиқати дигареро ҳам зикр кардан ба маврид мешуморем. Чуноне ки нависандаи фаронсавӣ Монтескё (Montesquieu) мегӯяд: “Ҳар милат тавре идора карда мешавад, ки сазовори он аст”. Умедворем, ки ҳамватани гиромӣ ин суханро ҳамчун таҳқир не, балки ҳамчун луқмае барои тафаккур қабул мекунад. Ман ҳам намехоҳам зери ин суханҳо худамро таҳқиршуда биҳисобам, локин мутаасифона, ҳақиқат талх ҳам бошад, набояд онро сарфи назар кард. Яъне, хомушӣ ва сархамии мо яке аз сабабҳои ассоии давомнокии ҳукумати золимонаи Раҳмонуф ва беқадрӣ ва шиканҷаву зиндониву саргардонии милати бечора гардидааст ва инро ҳар яки мо бояд дарк ва баҳри зиндагии бошарафонаи худ ва наслҳои баъдӣ кӯшиш намоем.

Хулосаи калом, то ҷое ману шумо “вай”-ро (иқтибос аз ибораи “вая вай кунед”) ба хубӣ шинохтаем. “Вай” ҳамон нафарест, ки дар иҷлосияи тақдирсузи миллат намояндаҳои мардумӣ ва призиденти ҳамонвақтаро ба гаравгон гирифта, дар аввалин амалиётҳои “безараргардониҳояш” Қ. Аслонов, имзокунандаи санади истиқлолияти Тоҷикистонро ба қатл расонидааст ва аз рӯзи аввале, ки бо қувваҳои хоҷагони хориҷиаш ба курсӣ нишонда шуд,  аз худ хабар дод, ки ман зидди истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистон ҳастам ва дар охирон суҳбаташ ҳам ошкоро таъкид кард, ки ғайр аз ҷиноят нисбати мардуми шарифи Тоҷикистон “дигар илоҷе”-ро намедонам ва дигар навъи муомиларо нисбати шумо раво намебинам, агар метавонед худатонро тағйир диҳед, он вақт аз ҷиноятҳои ман наҷот меёбед.

Ба гуфтаи баъзе равоншиносон, ақли инсон воқеиятро аз асл фарқ намекунад. Дар зеҳнат худатро тарсӯ ва ноуҳдабаро гумон кардӣ ҳамон хел рафтор менамоӣ ва ҳар гоҳ худро ҷасуру бошараф баҳо диҳӣ, амалҳоят ҳам ҷасурона  мегардад. Бояд гуфт, ки қисми зиёди ватани моро куҳсорҳо ташкил медиҳад  ва сазовор аст, ки мо ҳам мисли кӯҳҳо боазамату сарбаланд ва монанди уқобҳои он ҳушёру ҷасуру баландпарвоз бошем.

Ҳамватани гиромӣ, вақте расидааст, ки мо худамонро шиносем ва исбот намоем, ки мо ворисони салтанатҳои Тоҳириён, Сомониён, Сафориён, Ғуриён ва муборизону родмардоне мисли Абӯмуслими Хуросонӣ, Темурмалик, Яқубхони Бадавлат, Восеъ ва донишмандоне, мисли Бухориву Тирмизӣ Рӯдакиву Сино, Ҳофизу Берунӣ, Носиру Камол, Донишу Айнӣ ҳастем ва дар муқобили зулм сукут намеварзем, бо  ғосибону золимон дастаҷамъона мубориза мебарем, то ин ки ҳар ҳамватани мо дар дохилу хориҷи Ватан сарбаланду азиз бошад ва таҳқиру озоре набинад.

Бо умеди ободии Ватан ва шарафмандии ҳамватани азиз!

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Кремлин: истеъфои Ҷонсон нишони пуштибонии мардумӣ надоштани ӯст

0

Дар пасманзари истеъфои қарибулвуқуи сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон, Кремлин мегӯяд, талаби истеъфои Борис Ҷонсон аз ҷониби аъзои кобина Бритониё нишони пуштибонии мардумӣ надоштани ӯст.

Бино ба гузориши расонаҳои русӣ, сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков дар нишасти матбуотие имрӯз, 7-уми июл аз ҷониби хабарнигорон пурсида шуд, ки оё метавон гуфт, ки талаби истеъфои Борис Ҷонсон аз нокомии ӯ дар баробари мавқеъҳои хусуматнокаш нисбати Русия аст? Ӯ дар ҷавоб гуфт: “На, чунин намепиндорам ва тарҳи суол ба ин шакл нодуруст аст. Ин нокомӣ нест. Ва вазифаи мо ҳам ин нест, ки амалкардҳои ҳукумат ва кобинаи Бритониёро арзёбӣ кунем”.

Песков дар идома афзуд, “онҷо як сиёсати бисёр печидае вуҷуд дорад, ки агар шахсе пуштибонии мардумӣ ҳам надошта бошад, метавонад ҳукуматро идора кунад ва гумон мекунам оқои Ҷонсон аз ин қабили мардум аст.”

Сухангӯи Кремлин таъкид таъкид кард, ки “Ба ҳар ҳол вазифаи мо баҳогузорӣ нест ва мардуми худи Бритониё ҳастанд, ки амалкардҳои ҳукуматҳояшонро баҳо медиҳанд.”

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки баҳогузории буҳрони сиёсии Бритониё аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо нест, “чун мо ӯ (Борис Ҷонсон)-ро дӯст намедорам ва ӯ моро”.

Бино ба гузориши расонаҳои Бритониё имрӯз, 7-уми июл Борис Ҷонсон, сарвазири ин кишвар пас аз баҳсу баррасиҳои зиёд ва истеъфои беш аз 50 аъзои ҳукуматаш розӣ шуд, ки аз мақоми раҳбари Ҳизби муҳофизакор истеъфо диҳад, аммо то фасли тирамоҳ ҳамчун сарвазири Бритониё боқӣ мемонад.

Парлумони Аврупо қатънома дар бораи саркӯби мардуми Бадахшонро қабул кард

0

Парлумони Аврупо бо иттифоқи аксари оро қатънома дар мавриди саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ҳукуматро қабул кард.

7-уми июли соли 2022, Парлумон Аврупо бо қабули қатънома аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ карда, хостори ҳимоят аз ақаллиятҳои қавмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.

Дар ин қатънома таъкид шудааст, ки дар моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон мақомоти Тоҷикистон тазоҳургарон, рӯзноманигорон, блогерҳо, ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро саркӯб ва рафторҳои хушунатомезро алайҳи онҳо раво дидаанд.

Ҳамчунин дар ин қатънома дар хитоб ба мақомоти Тоҷикистон таъкид мешавад, ки муборизаи қонунӣ бо терроризм ва ифротгароӣ набояд ҳамчун баҳона барои саркӯб кардани фаъолияти мухолифон истифода шавад ва инчунин аз мақомот хоста шуда, ки озодиҳои бунёдии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва волоияти қонун бояд кафолат дода шавад.

Вакилони Парлумони Аврупо ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостори он шуданд, ки ба созмонҳои байналмилалии башардӯстона ва ҳуқуқи башар барои назорати вазъ ва таҳқиқи одилона даргириҳои хушунатомез иҷозат дода шавад. Ва инчунин хоста шуда, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фаврӣ ва бидуни шарт дастрасии комил ба фаврӣ ба интернет ва иттилоот барқарор карда шавад.

Ҳамзамон яке аз талаботи дигари Парлумони ИА аз мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки афроди худсарона боздоштшуда фавран озод ва ҳама иттиҳомоти зидди онҳо эъломшуда лағв карда шаванд.

Гуфта мешавад, ҳангоми ба раъйгузории ин қатънома 520 нафар аз вакилони Парлумони Аврупо раъйи мусбат додаву 24 вакил зид ва  31 каси дигар дар ин раъйигирӣ ҳузур надоштаанд.

Ёдовар мешавем, ки Парлумони ИА 9-уми июни соли 2016 қатъномае дар бораи вазъияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонида буд ва дар он хостори озодии фаврии Зайд Саид, раиси Ҳизби Тоҷикистони Нав, раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакилони зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов шуда буд, вале Ҳукумати Тоҷикистон талаботи ин қатъномаро нодида гирифта, иҷро накард.

Борис Ҷонсон аз мақомаш истеъфо медиҳад

0

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон имрӯз 7-уми июли соли 2022 ба истеъфо меравад. Дар ин бора расонаҳои бритониёӣ хабар доданд.

Гуфта мешавад, Борис Ҷонсон розӣ шудааст, ки аз мақоми раҳбари Ҳизби муҳофизакор истеъфо диҳад, аммо то фасли тирамоҳ ҳамчун сарвазири Бритониё боқӣ мемонад.

Ба истеъфо рафтани Ҷонсон дар пасманзари истеъфои беш аз 50 узви ҳукумати Бритониё сурат мегирад. Ин ҳама вазирону аъзои ҳукумат бо ибрози нобоварӣ ба Борис Ҷонсон аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Надҳим Заҳавӣ, вазири молияи Бритониё, ки рӯзи 5-уми июл аз сӯи Борис Ҷонсон ба ин мақом таъйин шуда буд, субҳи 7-уми июл аз нахуствазир хостааст, ки истеъфо диҳад. Инчунин имрӯз, 7-уми июл вазири маорифи ин кишвар Мишел Дунлан, ки ду рӯз пеш ба ин вазифа таъйин шуда буд, аз мақомаш истеъфо дод. Пештар аз ин вазирони молия ва тандурустии ин кишвар низ истеъфо дода буданд.

Вазири дифоъ Бен Уоллес низ Ҷонсонро ба истеъфо даъват кард, аммо гуфт, ки худи ӯ барои ҳифзи амнияти миллӣ дар вазифааш боқӣ хоҳад монд.

Яке аз сабабҳои талаби ба истеъфо рафтани Ҷонсон ба интихоби Крис Пинчер, вакили Ҳизби муҳофизакор дар порлумон маҳсуб мешавад, ки ӯ ҳоло ба дастдарозӣ ба як мард муттаҳам аст.

Пештар аз ин Борис Ҷонсонро барои зиёфатҳои бешумор дар даври пандемияи коронавирус танқид карда, истеъфояшро талаб намуда буданд.

Тибқи назарсанҷиҳои YouGov, 60% бритониёҳо аз кори ҳукумат ва 71% шахсан аз кори Ҷонсон розӣ нестанд. Дар ин назарсанҷӣ гуфта мешавад, ки аксари аъзои Ҳизби муҳофизакор, ки Ҷонсон раҳбари он мебошад, истеъфои ӯро талаб доранд.

Бино ба иттилои BBC ва The Sun, Ҷонсон пас аз истеъфо то интихоботи раиси Ҳизби ҳокими муҳофизакор дар мақоми нахуствазир корро идома медиҳад. Интихоби раиси нави ин ҳизб пеш аз тирамоҳ ё дар аввалҳои ин фасл сурат мегирад.

Борис Ҷонсон моҳи ноябри соли 2019 аз Ҳизби муҳофизакори ин кишвар ба мақоми нахуствазири Бритониё интихоб шуда буд.

Барканории ду судя дар Тоҷикистон

0

Президенти Тоҷикистон бо судури ду фармони алоҳида ду судяро барои анҷоми кирдорҳое, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз кор озод кард.

6-уми июли соли 2022, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо  судури ду фармони алоҳидае ду тан аз судяҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз кор озод кард.

Бар асоси ин ду фармон Президенти Тоҷикистон Сайдаҳмадзода Рустам Сайдаҳмадро аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Носирӣ Ҷамшедро ҳам аз вазифаи судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз кор озод кардааст.

Гуфта мешавад, дар оғози моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бархе судяҳоро бидуни эълони айб тибқи моддаи 69-и Сарқонуни Тоҷикистон ва “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, гуфта аз кор озод карда буд.

Иттиҳоди Аврупо мехоҳад дар баландтарин сади обии ҷаҳон сармоягузорӣ кунад

0

Иттиҳоди Аврупо барои коҳиши вобастагии Осиёи Марказӣ ба энержии Русия тасмим гирифтааст дар баландтарин нерӯгоҳи барқии обии ҷаҳон дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузориии “Reuters” Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст дар баландтарин нерӯгоҳи обии ҷаҳон (Нерӯгоҳи обии Роғун) ба калонтарин сармоягузори ин нерӯгоҳ табдил шавад.
Қарор аст Бонки сармоягузории Аврупо, бозуи иқтисодӣ ва моллии Иттиҳоди Аврупо барои коҳиши вобастагии Осиёи Марказӣ ба энержии Русия ва дар вокуниш ба тарҳи роҳи Абрешими Чин дар НБО-и Роғун сармоягузорӣ кунад.

Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабаргузории “Ройтерз” гуфтааст, тарҳи НБО-и Роғун ҳудудан 8 милярд доллар ҳазина дорад ва Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2016 то имрӯз ҳудудан 3 милярд доллар дар ин пуружаи бузурги энержӣ сармоягузорӣ кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои такмили нерӯгоҳи Роғун аз Иттиҳоди Аврупо дархости кумаки молӣ ва фаннӣ кардааст ва ин иттиҳодия низ омодааст дар Роғун сармоягузорӣ кунад.

Сухангӯи Бонки сармоягузории Аврупо гуфтааст, ки ин бонк дар ҳамкорӣ бо Комиссия Аврупо, ки милярдҳо дуллори Иттиҳоди Аврупоро мудирият мекунад, алоқаманд ба сармоягузорӣ дар пуружаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳастанд ва дар ин пуружа саҳми калон хоҳанд гузошт, аммо ҷузиёт ва миқдори сармоягузориро фош накардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзуъ худдорӣ кардааст ва эҳтимол меравад, ки Иттиҳоди Аврупо дар семоҳаи поёнии сол тасмими ниҳоияшро дар ин бора эълон кунад.

56 соли пеш сохтмони НБО-и Роғун дар соли 1976 дар замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ оғоз ёфта буд ва бо фурӯпошии шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ сарбанди ин нерӯгоҳро сел шуста бурд ва соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон шуруъ ба сармоягузорӣ дар ин тарҳ кард ва то имрӯз ду нерӯгоҳи Роғун роҳандозӣ шуда барқ тавлид доранд. Баландии  ин нерӯгоҳ қарор аст ба 335 метр бирасад ва ба хотири ҳамин ҳам унвони баландтарин нерӯгоҳи барқи обии ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

НБО-и Роғун аз ҷониби ширкати итолёвӣ Webuild (WBD.MI) сохта мешавад ва ширкатҳои вобаста ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони асосии ин ширкати итолёвӣ дар сохти ин пуружа маҳсуб мешаванд.

Оғози сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун 56 соли пеш бо сармояи Иттиҳоди Шӯравӣ шуруъ шуд ва дар замони истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон бо фурӯши авроқи қиматок ва саҳмияҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва инчунин бо ҷудо кардани маблағҳо калон аз будҷаи давлатӣ дар ин тарҳ беш аз 3 милярд долар сармоягузорӣ кард ва ҳоло бошад навбат ба сармояи Аврупоиҳо расидааст.

Аз хоки Афғонистон ба Узбекистон ҳафт мушак партоб шудааст

0

Вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон аз партоб шудани панҷ мушак аз хоки Афғонистон ба як минтақаи марзӣ дар ин кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон 5-уми июли соли 2022, тахминан соати 16:20 ба вақти маҳаллӣ аз хоки Афғонистон ба як минтақаи сарҳадии Узбекистон 5 мушак партоб шудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми афтидани мушакҳо таркиш ба амал наомада, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар натиҷаи афтодани ин мушакҳо ба чаҳор хонаи шахсӣ дар маҳаллаи “Маҷнунтол”-и Тирмиз хисороти ночиз расида, мушаки панҷум аз майдони футбол пайдо шуда, ҳамаи мушакҳо безарар гардонида шудаанд.

Мақомоти Узбекистон дар якҷоягӣ бо ҷониби Афғонистон сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Ин бори аввал нест, ки хабари партоб шудани мушакҳо аз хоки Афғонистон ба Узбекистон расонаӣ мешавад. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар расонаҳо хабарҳое нашр шуданд, ки гуфта мешуд, шохаи “Хуросон”-и ДОИШ аз Афғонистон ба иншооти низомӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон даҳ мушак партоб кардааст. Аммо сухангӯи Президенти Узбекистон ин хабарҳоро рад карда буд.

Инчунин рӯзи 7-уми майи соли ҷорӣ, расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки ҷангҷӯён аз он кишвар ба Тоҷикистон ҳафт мушак партоб кардаанд. Аммо мақомоти тоҷик дар вокуниш ба ин хабар гуфта буданд, ки чанд тир “тасодуфан” ба хоки кишвар афтодааст.

ФАКЛЕС

0

Бояд ҳамаи факултаву бахшҳои донишгоҳу донишкадаҳо – ва умуман ҳама бахшҳои марокизи дониширо дар Тоҷикистон баст!

Чиро?
Зеро аксари хатмкунандагонашон ҷои кор намеёбанду ночоранд Русия раванд.

Қаблан ҳам боақлтарини боақлҳо дар хутбае аз хутбаҳояшон фармуда буданд, ки: “Мо коргоҳҳои қолибофиро дигар аз паяш намегардем. Эрон қолин дорад бас…”

Ҳамин тавр, чун ҳамаи истеҳсолотро Чин дораду моро таъмин мекунад, пас дигар ҳеч донишгоҳу донишкадае ҳам лозим нест.

Танҳо як Донишгоҳи бузург лозим дорем, ки метавонад як факулта дошта бошад ва албатта зери номи ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он бояд ҷумлаи “дар назди пирезиденти Тоҷикистон”-бошад!

Ин Донишгоҳ “Лес” ва факултаи ягонаи он “ФАКЛЕС” ном дошта метавонад!

Албатта дар забони умумии форсӣ калимаи “Факлес” наву номафҳмост, аммо дар “забони тоҷикӣ” ҳама онро мефаҳманд.
Бахши русии ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он низ ҳатмист ва онро “ЛЕСФАК” метавон ном гузошт.

Ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он дар шароити кунунӣ ва дар миёни донишгоҳҳои ҷаҳон бемонанд хоҳад буд ва Кишвари моро зуд “ба пеш” мебарад!

Чунин Донишгоҳу факултаи онро ҳеч кишваре надорад!
Хубии ин Донишгоҳ он аст, ки барои донишҷӯи он шудан шарт нест аз деҳот, аз шаҳристонҳо, шаҳрҳо, устонҳо, ҳаволии Пойтахт, пулу вақт сарф карда ба Пойтахт оянд.

Метавон дар худи деҳа, шаҳристон, устон, Пойтахт ва ҳатто дар Русия истода ба он қабул шуд ва бо Дипломи сурх ё сабз ё ҳар ранги дигар онро тамом кард.

Дорандаи Дипломи ин Донишгоҳ барои гирифтани мансаб, унвони илмӣ, ёфтани шароити хуб ҳеч мушкиле нахоҳад дошт!
Ба ин васила хоҳишмандон соҳиби Дипломи факултаи Факлеси Донишгоҳи Давлатии Миллии Лес-и назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд!

Шумо дар нигораи зер метавонед ҳолати супоридани имтиҳонро ба ин Донишгоҳу факулта ба хубӣ тасаввур намоед!

ИЛОВА:

УНВОНҲОИ ИЛМӢ ВА БАРОБАРҲОИ ПОРСИИ ОН ДАР ИН ДОНИШГОҲУ ФАКУЛТАИ ОН

Навлескор / Навниятлескор – баробари русии “абитурент”;

Лесишҷӯ – баробари вожаи аз коруфтодаи “донишҷӯ” ва калимаи русии он “студент”;

Лесисто – баробари вожаи русии “асистент”;

Лесёр – баробари унвони “дотсент”;

Лесишпижӯҳ – баробари таъбири аз коррафтаи “донишпижӯҳ”;

Лесишсаркор – баробари унвони бадшудаи “доктори илм”;

Пурралесишорсаркор – баробари унвони бадшудаи “пруфесур”;

Лесик – баробари унвони бадшудаи “академик”;

КОРҲОИ ИЛМӢ ДАР ИН ЗАМИНА БОЯД ЗЕРИ УНВОНҲОЕ ҲАМОНАНДИ НАМУНАҲОИ ЗЕР СУРАТ БИГИРАНД:

“Пешинаи торихи пасолесӣ”;

“Пасолесӣ дар даврони Шӯравӣ”;

“Пасолесии пасошӯравӣ”;

“Хокзанӣ ва пасолесӣ дар назм”;

“Саромадони назми хокзанӣ, регрезапошӣ ва пасолесӣ”;

“Бузургтарин нозимон ва нависандагони пасолеси рӯзгори мо”;

“Бунёнгузори илми Лесулужӣ”;

“Пешлесони муосир”;

“Нақши роҳбарони бузург дар заминаи пешо-пасолесолужӣ”;

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии рӯзноманигор ва шоири тоҷик Исфандиёри Назар

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.